ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
Қонуни мазкур вазифаҳо, асосхои ҳуқуқии ташкил ва пешбурди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти идораи давлати ва худидораи маҳалли, ҳуқуқ ва вазифаҳои корҳонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиаи граждани муайян месозад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи граждани
Дар Қонуни мазкур таҳти мафҳуми мудофиаи граждани маҷмӯи чорабиниҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи ва дигар чорабиниҳое, ки ба мавради ҳимояи аҳоли ва сарватҳои миллии кишвар аз фалокат, ки дар натиҷаи амалиёти низоми ва ҳолатҳои фавқулодда ба миён омадааст, фаҳмида мешавад.
Мудофии граждани қисми таркибии сохтмони мудофиави, як ҷузъи бехтарии милли мебошад.
Дар шароити осоишта қувва ва воситаҳои мудофиаи граждани барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир дар шароити ҳолатҳои фавқулодда, ки бо офатҳои табии, садама ва фалокатҳо вобаста мебошанд, истифода бурда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи граждани
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи граждани ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои конститутсиони, Қонун "Дар бораи мудофиа", қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқи дар соҳаи мудофиаи граждани, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, иборат аст.
Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои мудофиаи гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
ҳимояи аҳоли ва сарватҳои миллии кишвар аз воситаҳои зарбаи ҳозиразамон ва ҳолатҳои фавқулодда ҳам дар замони ҷанг ва ҳам дар замони осоишта;
огоҳонидани аҳоли дар мавриди таҳдид ба зиндагию саломатии онҳо ва тартиби амали онҳо дар шароити бамиёномада;
ташкил ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир;
омода сохтани ҳайати роҳбари, мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждани, таълими аҳоли ҷиҳати амали онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;
иштирок дар таҳия ва амали намудани тадбирҳое, ки барои баланд бурдани фаъолияти устувори соҳаҳо, корҳонаю муассисаҳо ва ташкилот равона гардидааст;
ҳимояи чорво, растани, хӯроквори, маводи ғизои, сарчашмаҳои об, системам таъмини об дар ҳолатҳои фавқулодда;
таъсис ва дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани нуқтаҳои идора ва қувваҳои мудофиаи граждани, система ва воситаҳои огоҳони ва алоқа, мушоҳида ва назорат, ҳамчунин захираҳои амволи иҷтимоии мудофиаи граждани;
ташкил ва таъмини зиндагии аҳолии осебдида;
амали гардонидани ояндабини ва огоҳсози дар мавриди таҳдид ва имконоти руҳ додани ҳолатҳои фавқулодда;
таъсиси фондҳои захиравии фавқулоддаи минтақави ва соҳави, аз ҷумла захираи давлати ҷиҳати анҷом додани корҳои навбати аввал, ҳамчунин фондҳои ғайрибуҷети барои аз байн бурдани оқибатҳои ҳолати фавқулодда;
назорат кардан ба рафти чорабиниҳое, ки барои пешгири ё паст кардани эҳтимоли ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда ва кам кардани андозаи зарари он равона карда шудааст;
таҳия ва амали сохтани барномаҳои комплексии мақсаднок ва илмию техники, ки барои пешгири ва аз байн бурдани оқибатҳои ҳолати фавқулодда, ҳимояи аҳоли ва қаламрави кишвар равона шудаанд.
Ташкили нуқтаҳои дидбони, мушоҳида ва назорати лаборатори оиди вазъи муҳити зист ва объектҳои эҳтимолан ҳатарноки қаламрави кишвар.
Моддаи 4. Асосҳои ташкили мудофиаи граждани
Мудофиаи граждани дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи усули минтақави-истеҳсоли бо дарназардошти хусусияти шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин корҳонаю муассисаҳо ва ташкилот (минбаъд ташкилот) сарфи назар аз шакли моликияташон ва шароити хоҷагидори таъсис ёфта, инҳоро дарбар мегирад:
аз ҷиҳати ҳуқуқи ба низом овардани масъалаҳои мудофиаи граждани;
банақшагири ва идораи мудофиаи граждани дар ҳолатҳои фавқулодда ва замони ҷанг;
таҳияи усулҳои ташкилию сохтории сохтмони ва сиёсати илмию техники дар соҳаи мудофиаи граждани;
омодагии сафарбаркуни;
кӯмак ба аҳоли ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
таъсиси мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждани;
таълими умумии ҳатмии аҳоли оиди мудофиаи граждани;
иштироки ҳар як шаҳрванд дар чорабиниҳои мудофиаи граждани;
таъмини ҳифзи сирри давлати дар соҳаи мудофиаи граждани;
дигар чорвбиниҳо дар соҳаи мудофиаи граждани.
Моддаи 5. Омодаги ва банақшагирии чорабиниҳои мудофиаи граждани
Мамлакат ба мудофиаи граждани ва банақшагирии чорабиниҳои мудофиаи граждани дар шароити ҷанг дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти воситаҳои муборизаи мусаллаҳ, техника ва хусусияти хатари имконпазири офатҳои табии, садама ва фалокат пешаки дар замони осоишта омода карда мешавад.
Моддаи 6. Мафҳуми ҳолатҳои фавқулодда
Ҳолати фавқулодда шароитест, ки дар натиҷаи офати табии, садама, фалокат, пешбурди амалиёти низоми, эпидемия, эпизоотия, эпифитотия ба миён омада, боиси ҳалокати одамон гардидааст ё зарари зиёди модди оварда, шароити зиндагии аҳолиро халалдор намудааст.
Ба мақсади рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда ба чорабиниҳои мудофиаи граждани метавонанд ҳамаи аҳолии қобили кор ҷалб гардида, ҳамаи захираҳои мавҷудаи моддию техникии мақомот, ташкилот ва шаҳрвандон бо шарти мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун дар оянда баргардонидани онҳо истифода бурда шаванд.
Моддаи 7. Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва ташкилотҳо оиди мудофиаи граждани
Ба мақсади ба таври комплекси ва тафриқави анҷом додани тадбирҳои мудофиаи граждани дар шаҳру маҳалҳои аҳолинишин ва ташкилотҳо оиди мудофиаи граждани дараҷабандии онҳо сурат мегирад.
Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва ташкилотҳо бо дарназардошти аҳамияти сиёси, иқтисоди ва мудофиавии онҳо, мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амали мегардад.
ФАСЛИ II. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛИ ДАР СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 8. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ дар таъмини мудофиаи граждани масъул буда:
танзими қонунгузории масъалаҳои мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;
назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиаи граждани анҷом медиҳад;
ҳаҷми маблағгузории мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои мудофиаи гражданиро тасдиқ мекунад;
сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи граждани муайян мекунад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо кишварҳои дигар дар соҳаи мудофиаи граждани муайян ва қарорҳои байналхалқиро дар соҳаи мудофиаи граждани тасдиқ ва бекор мекунад;
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз шароити осоишта ба ҳолати ҷанг гузаронидани системаи мудофиаи граждани, дар бораи ҷори намудани вазъи фавқулодда дар ҳолати руҳ додани офати табии, садама ва фалокат, эпидемия, эпизоотия, эпифитотия, ё истифодаи воситаҳои зарбаи ҳозиразамон, ки ба саломати ва зиндагии аҳоли таҳдид мекунад, тасдиқ мекунад.
Моддаи 9. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятхои худ оиди вазъи мудофиаи граждани масъул мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаи мудофиаи граждани иттилоъ дода, инчунин:
консепсияи сохтмон ва рушди қувваҳои мудофиаи граждани, сохтор ва воҳидҳои штатии онро тасдиқ мекунад;
нақшаҳои асоси, ки ба фаъолияти системаи мудофиаи граждани марбутанд, инчунин барномаҳои мақсадноки ҳукуматро дар соҳаи мудофиаи граждани тасдиқ мекунад;
дар бораи аз шароити осоишта ба ҳолати ҷанг гузаронидани мудофиаи граждани, дар бораи ҷори намудани вазъи фавқулодда ҳангоми cap задани офати табии, садама, фалокат, эпидемия, эпизоотия, эпифитотия ё истифодаи воситаҳои зарбаи ҳозиразамон, ки ба саломати ва зиндагонии аҳоли таҳдид мекунад, фармон мебарорад ва ба баррасии Маҷлиси Оли пешниҳод мекунад;
нақшаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё як қисми маҳаллоти он, дар ҳаҷми пурра ё қисман дар амал татбиқ мекунад;
дар мавриди кӯчондани аҳоли ва воситаҳои моддию техники ба маҳалҳои беҳатар, ҷалби ҷузъу том ва қисмхои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар нерӯҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулодда қарор қабул мекунад;
фармондеҳи қувваҳои мудофиаи гражданиро ба вазифа таъин ва ва ҳисоби маоши миёнаи моҳонаи ҷои кори (хидмати) асоси муайян мекунад;
ба ҳайати олии офитсери рутба медиҳад, рутбаашонро паст, аз рутба маҳрум ва ё рутбаашонро барқарор менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дигар салоҳиятҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи граждани муайян кардааст, амали мегардонад.
Моддаи 10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ оиди таъмини омодагии умумии соҳаи мудофиаи граждани масъул буда:
роҳбарии фаъолияти мақомоти тобеашро оиди таъмини мудофиаи граждани ва вазифаҳои сафарбаркуни анҷом медиҳад;
тартиби баплангири, маблағгузории таъминоти моддию техникии мудофиаи гражданиро муайян ва иҷрои онро назорат мекунад;
дар доираи салоҳияти худ дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мудофиаи граждани санадҳои меъёри ва ҳуқуқи мебарорад;
дар доираи нақшаи рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳури фаслҳоеро таҳия менамояд, ки дар он чорабиниҳо оиди мудофиаи граждани кӯчонида шуда, барои ин мақсад маблағгузории дахлдорро таъмин менамояд;
тартиб ва меъёрҳои ба категорияҳои мудофиаи граждани дохил намудани шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва ташкилотҳоро муайян месозад;
чорабиниҳоро ҷиҳати баланд бурдани фаъолияти устувори хоҷагии халқ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда амали мегардонад;
захираҳои воситаҳои моддию техники, молияви, озуқавори, тибби ва дигар захираҳои заруриро ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табии, садама ва фалокат ташкил менамояд;
номгӯи техникаи махсус ва амволро, ки барои ҷиҳозонидани муассисаҳои ҳарби, қисмҳо ва ҷузъу томҳои мудофмаи граждани дар ихтиёр доранд, тасдиқ намуда, дар ҳаҷми зарури расонидани онро таъмин мекунад;
номгӯи ва базаи таъсиси хадамоти ҷумҳуриявии мудофиаи граждани ва комиссияи эвакуатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
меъёрҳои таъминоти пулию молии хизматчиёни ҳарби ва шаҳрвандонро, вобаста ба иҷрои вазифаҳои мудофиаи граждани муқаррар менамояд;
ба вазорату идораҳо, мақомоти идораи маҳаллии иҷроия ва ташкилотҳо оиди омода сохтан ва ба ихтиёри мақомот ва қувваҳои мудофиаи гаждани додани техника, воситаҳои алоқа ва дигар воситаҳои моддию техники ҳангоми эълони сафарбаркуни ва иҷрои дигар супоришҳои сафарбаркуни вазифаҳо муқаррар мекунад;
асосҳои муассисаҳои ҳарби, қисмҳо ва дигар ҷузъу томҳои мудофиаи граждании ба ҷумлаи дар гарнизон ва маҳалҳои алоҳида муттамарказ шумурдашавандаро муайян месозад;
тартиб ва мӯхлатҳои гузаронидани ҷамъомадҳои таълими ва махсуси ҳайати роҳбарии мудофиаи граждани ва лимити даъвати ҳайати хидматиро муайян месозад;
чорабиниҳоро оиди ҳифзи иҷтимои, таъминоти молию пули ва майшии хизматчиёни ҳарби, муассиса ва ҷузъу томҳои мудофиаи граждани аъзои оилаи онҳо, инчунин шахсони дар эҳтиёт буда (дар истеъфобуда) ва аъзои оилаи онҳо амали мегардонад;
дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиаи граждани, огоҳони ва барҳам задани оқибатҳои офати табии шартномаҳои байниҳукумати мебандад, онҳоро бекор мекунад, ҷиҳати аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани ӯҳдадориҳои байналхалқи тадбирҳо меандешад.
Моддаи 11. Ҳокимияти суди
Ҳокимияти суди дар доираи салоҳияти худ дар таъмини мудофиаи граждани бо роҳи амали гардонидани адолати суди оиди парвандаҳои ҷинояти, инчунин ҳалли баҳсҳои иқтисоди, ки дар он мақомот ва қувваҳои мудофиаи граждани дохиланд, иштирок менамояд.
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти судиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.
Моддаи 12. Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди вазъи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш масъул мебошад.
Салоҳияти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии бевоситаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дода, барои рушди он, иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҷавобгар аст, ва:
дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои омода сохтан ва пешбурди мудофиаи граждани қарор қабул мекунад, ки иҷрои он барои ҳамаи мақомот, ташкилот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатми мебошад;
лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оиди масъалаҳои мудофиаи граждани таҳия намуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷиҳати барраси ба мақомоти болоии ҳокимияти давлати пешниҳод менамояд;
таҳия ва иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатии мудофиаи гражданиро ташкил менамояд, ки барои ҳифзи аҳоли, системаи таъмини зиндаги, омодаги ва муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои мудофиаи граждани нигаронида шудааст;
плани мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд;
пешниҳодҳоро оиди ташкил ва пешбурди мудофиаи граждани, сохтор, ҳайат ва муҷаҳҳазонии нерӯҳои мудофиаи граждани таҳия менамояд;
омодагии ҳайати роҳбари ва қумандонию сардори, мутахассисон, нерӯҳои мудофиаи граждани ва омӯзиши мудофиаи гражданин аҳолиро созмон медиҳад;
нақшаи омода сохтани мутахассисони мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таҳия мекунад;
дастуруламали таълимию методи ва барномаҳои омодасозии ҳaйати роҳбари ва фармондеҳию сардори, ҷузъу томҳои ғайринизоми ва аҳолиро доир ба мудофиаи граждани таҳия мекунад;
назорати давлатиро оиди иҷрои талаботи меъёрии мудофиаи граждани дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медихад;
идораи нерӯҳои мудофиаи гражданиро ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда анҷом медиҳад;
роҳбарии нерӯҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
омодагии сафарбарии мақомоти идора ва ҷузъу томҳои сохтории мудофиаи гражданиро таъмин мекунад;
оиди масъалаҳои мудофиаи граждани сиёсати ягонаи илмию техникиро пеш мебарад;
лоиҳаои фармоишҳои давлатиро дар мавриди таҳия, истеҳсол ва расонидани техника, амволи мудофиаи граждани тартиб дода, иҷрои онро таҳти назорат мегирад;
тақсимот, истифода ва баҳисобгирии захираҳои моддию техники ва маблағҳои молиявиро, ки барои рафъи оқибатҳои вазъи фавқулодда ҷудо карда шудаанд, назорат мекунад;
дар соҳаи мудофиаи граждани ҳамкориҳои байналхалқи ва байнидавлатиро созмон медиҳад.
Дигар салоҳиятҳои Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 14. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи граждани
Вазорату идораҳои Чумххурии Точикистон дар доираи салоҳияти худ дар мавриди вазъи мудофиаи граждании соҳаҳои тобеашон ҷавобгар буда, инчунин:
роҳбарии мудофиаи граждании соҳаро ба ӯҳда доранд;
талаботи соҳави, санадҳои меъёри оиди банақшагири, ташкил ва пешбурди масъалаҳои мудофиаи гражданиро таҳия намуда, ба ташкилотҳои тобеашон мерасонанд;
банақшагирии чорабиниҳои перспективи ва ҷории мудофиаи гражданиро дар доираи чорабиниҳои рушди иқтисодию иҷтимои таъмин ва созмон дода, онро бо чорабиниҳои рушди сафарбаркунии соҳа мувофиқ мегардонанд;
банақшагирии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро барои замони осоишта ва шароити ҷанг дар Дастгоҳи маркази ва ташкилотҳои тобеъ созмон медиҳанд;
дар замони осоишта ва ҷанг чорабиниҳои инженерию техники ва ташкилии мудофиаи гражданиро, ки барои боло бурдани устувории фаъолияти соҳа ва ташкилотҳои тобеъ равона шудаанд, таҳия ва амали мегардонанд;
дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда чорабиниҳоро оиди кӯчонидани ташкилотҳои тобеъ, кормандон ва аҳоли ба минтақаҳои бехатар, ки плани мудофиаи граждани муайян кардааст, ба нақша гирифта, татбиқ мекунанд, дар кори сари вақт омода сохтани ин минтақаҳо иштирок менамоянд;
мақомоти идораи соҳа, системаи алоқа ва огоҳониро дар ҳолатҳои фавқулодда таъсис медиҳанд ва дар холати омодагии доими нигоҳ медоранд;
ҷиҳати ҷалби ҷузъу томҳои соҳа ба кори наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир дар ташкилотҳои соҳа, инчунин дар объектҳои соҳаҳои дигар қарор қабул мекунанд;
чорабиниҳоро, ки барои ташкили шароити пешбурди корҳои наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазири соҳа хангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда равона шудаанд, таҳия ва амали менамоянд;
мутобиқи тартиби муқарраргардида маблағтузори ва таъминотн моддию техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро, ки дар ташкилотҳо ва дар тамоми соҳа гузаронида мешавад, таъмин мекунанд;
риояи меъёрҳои инженерию техникии чорабиниҳои мудофиаи гражданиро ҳангоми лоиҳакаши, сохтмон ва истифодаи ташкилотҳои соҳа таъмин менамоянд;
иҷрои корҳои илмию тадқиқоти, таҷрибавию конструктори озмоиши ва лоиҳавиро оиди мудофиаи граждани ташкил ва таъмин менамоянд;
назорати иҷрои чорабиниҳои мудофиаи гражданиро дар ташкилотҳои тобеъ созмон медиҳанд.
Дигар салоҳиятҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мудофиаи граждани қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 15. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
огоҳонии мақомоти идораи мудофиаи гражданиро дар мавриди таҳдиди ҳамлаи ҳариф ва аз ҷониби ӯ истифода гардидани воситаҳон ҳозиразамони зарба анҷом дода, инчунин дар мавриди эълони сафарбаркуни корҳоро сомон медиҳад;
вусъати сафарбаркуни ва ба ҳолати омодаги гузаронидани штаб ва қувваҳои мудофиаи гражданиро таъмин менамояд;
ба мудофиаи маҳаллии объектҳои ҳарби роҳбари карда, хизматчиёни ҳарби, кормандон, аъзоёни оилаи онҳо, дигар шахсонеро, ки дар шароити вазъи фавқулодда дар мавзеи объектҳои ҳарби қарор доранд, ҳимоя менамояд;
бо нерӯҳои қисмҳои ҳарби ва ҷузъу томҳо дар гузаронидани корҳои наҷотбахш ва дигар корҳои таъхирнопазир дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок мекунад;
бо мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи граждани ҳангоми ҳалли вазифаҳои муштарак ҳамкори менамояд;
расонидани яроқ, техникаи ҳарби ва амволи махсуси қувваҳои мудофиаи гражданиро таъмин мекунад.
Дигар салоҳиятхои Вазорати мудофиаро дар соҳаи мудофиаи граждани қонунгузории Чyмҷурии Точикистон муайян мекунад.
Моддаи 16. Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалли ва мақомоти худидораи маҳалли
Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалли ва мақомоти худидораи маҳалли дар минтақаи худ роҳбарии бевоситаи мудофиаи гражданиро амали намуда, инчунин:
барои ташкил ва иҷрои маҷмӯи комплекси чорабиниҳои мудофиаи граждани ҷавобгар мебошанд;
дар доираи салоҳияти худ оиди омодаги ва пешбурди мудофиаи граждани, ки иҷрои он барои ҳамаи ташкилотҳо, шахсони соҳибмансаб ва шаҳрвандони дар минтақаашон воқеъбуда ҳатми мебошад, қарор қабул мекунанд;
оиди масъалаҳои мудофиаи граждани барномаҳои мақсадноки минтақави таҳия ва амали месозанд;
дар ҳолатҳои фавқулодда оиди ҳифз ва таъмини зиндагии aҳoли чораҳо меандешанд;
оиди дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани мақомоти идора, системаи огоҳони ва алоқа, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи граждани тадбирҳоро амали месозанд;
иҷрои корҳои наҷотбахш ва дигар корҳои таъхирнопазирро ҳангоми рафъи оқибатҳои вазъи фавқулодда ташкил медиҳанд;
омода сохтани ҳайати роҳбари ва фармондеҳию сардори, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждани, таълими аҳолиро бо усули ҳимоя ва амал дар ҳолатҳои фавқулодда, созмон медиҳанд;
огоҳонии сари вақти аҳоли ва ба онҳо расонидани маълумотро дар мавриди хатари ба миён омадан ё ба вукӯъ пайвастани ҳолати фавқулоддa таъмин менамоянд;
иҷрои тадбирҳои баланд бардоштани устувории фаъолияти ташкилотҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда созмон медиҳанд;
омода сохтани минтақаҳои бехатар ва муассисаҳои табобатиро ҷиҳати ҷо ба ҷо кардани аҳолии кӯчонидашуда таъмин мекунанд;
ҷалб ва истифодаи захираҳои модди ва дигар қувваю воситаҳоро ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои мудофиаи граждани дар шароити фавқулодда таъмин мекунанд;
захираи амволи мудофиаи гражданиро ба вуҷуд меоварад;
омодагии маънавию рӯҳии аҳоли ва таблиғи мудофиаи гражданиро созмон медиҳанд;
дар минтақаҳои тобеи худ вазъи мудофиаи гражданиро назорат мекунанд.
Дигар салоҳиятҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидораи маҳаллиро дар соҳаи мудофиаи граждани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
ФАСЛИ III. ҲУҚУҚ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲО, ШАХСОНИ СОҲИБМАНСАБ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 17. Ташкилотҳо. Шахсони соҳибмансаб
Ташкилотҳо ҳуқуқ доранд ба мақомоти маҳаллии идораи мудофиаи граждани дар иҷрои вазифаҳои он ҳамкори намуда, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва кормандоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи граждани ҷалб шудаанд, тадбирҳои иловаги андешанд ва вазифа доранд:
оиди ҳифзи кормандон, аъзоёни оилаи онҳо, фондҳои асосии истеҳсоли, ашё ва маҳсулот ҳангоми ҳолати фавқулодда тадбирҳо таҳия намоянд ва дар амал татбиқ кунанд;
оиди баланд бурдани устувории фаъолияти ташкилотҳо дар ҳолати фавқулодда комплекси тадбирҳоро амали созанд;
ҷузъу томҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждани таъсис дода, омодагии онҳоро таъмин кунанд, таълими кормандонро бо усули ҳимоя ва амал дар ҳолатҳои фавқулодда ба роҳ монанд;
захира, ҳифозат ва дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани амволи мудофиаи гражданиро таъмин намоянд;
корҳои наҷотбахш ва дигар корҳои таъхирнопазирро дар минтақаҳои тобеашон ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда анҷом диҳанд;
барои кормандон ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон оиди мудофиаи граждани шароити зарури муҳайё сохта, хароҷоти вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданиро пардозанд;
омодагии маънавию психологии кормандон ва таблиғи мудофиаи гражданиро созмон диҳанд.
Шахсони соҳибмансаб вазифадоранд ҳуқуқ ва вазифаҳои худро дар соҳаи мудофиаи граждани донанд, риоя кунанд ва баҳри иҷрои он ҷавобгӯ бошанд.
Моддаи 18. Иттиҳодияҳои ҷамъияти. Ташкилоти мусоидати мудофиа
Ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии воситаҳои ахбори оммави мувофиқи шароит ва тартибе, ки қонунгузори муайян мекунад, ҳуқуқ дода мешавад, ки оиди мудофиаи граждани маълумот гиранд. Онҳо вазифадоранд чи дар замои осоишта ва чи дар замони ҷанг чорабиниҳои мудофиаи гражданиро иҷро кунанд.
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида омодагии мутахассисони мудофиаи гражданиро мутобиқи дархости Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунанд.
Моддаи 19. Шаҳрвандон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёрии самарабахш ва таъмини зиндаги, истифодаи бепули воситаҳои ҳимояи коллективи ва инфироди, гирифтани ҷуброни зарари моддие, ки ба ҳолати фавқулодда ва рафъи оқибатҳои он вобаста аст, инчунин ба таълими бепули асосҳои мудофиаи граждани ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:
дар иҷрои барномаҳои мудофиаи граждани иштирок намуда, талаботи қонун, санадҳои меъёрии оиди ин масъалаҳоро иҷро кунанд;
дар системаи мудофиаи граждани ҳатман курсҳои таълимиро гузаранд, усул ва воситаҳои ҳимоя, истифодаи он ва ба худу дигарон расонидани ёриро донанд, донишу малакаашонро дар соҳаи мудофиаи граждани такмил диҳанд;
мақомоти идораи мудофиаи гражданиро дар мавриди аломатҳои муайяннамудаи таҳдид ё ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодда огоҳ созанд;
тартиби омодагии категорияҳои гуногунии аҳолиро оиди мудофиаи граждани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
ФАСЛИ IV. РОҲБАРИ ВА ИДОРАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 20. Роҳбари ба мудофиаи граждани
Роҳбарии умумии системаи идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷонишини аввали сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбарии мудофиаи граждани дар вазорату ташкилот ва идораҳо аз тарафи вазирон, роҳбарони ташкилоту идораҳо, ки дар айни замон мутаносибан сардорони мудофиаи граждании ин вазорату ташкилот ва идора мебошанд, сурат мегирад.
Роҳбарии мудофиаи гражданиро дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин Сардорони мудофиаи граждани, ки дар айни ҳол раисони ташкилотҳои маъмурию минтақавии номбаршуда мебошанд, анҷом медиҳанд.
Моддаи 21. Мақомоти идораи мудофиаи граждани
Бо мақсади амали сохтани роҳбарии омодаги ва гузаронидани мудофиаи граждани чунин мақомоти идораи штати таъсис дода мешаванд;
дар вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳо - дастгоҳи дахлдори роҳбари ва кормандони штатии мудофиаи граждани;
дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳияҳоштабҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждани.
Штабҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждани ба шарте аз тарафи хизматчиёни ҳарби роҳбари карда мешаванд, ки сохторҳои дахлдори маъмурию минтақави ба гурӯҳи мудофиаи граждани дохил карда шуда бошанд.
Штабҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳоро, ки ба гурӯҳи мудофиаи граждани дохил карда нашудаанд, кормандони штати, ки аз тарафи Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷyмҳурии Тоҷикистон таъин гардида, пардохти музди меҳнати онҳо аз ҳисоби буҷети он сурат мегирад, роҳбари мекунанд.
Штабҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳоро, ки ба гурӯҳи мудофиаи граждани дохил карда нашудаанд, инчунин вазорату идораҳо, ташкилот ва хадамот аз ҳисоби кормандони роҳбарии ин сохторҳо, бидуни озод гардидан аз кори асоси, пурра карда мешаванд.
Салоҳияти мақомоти штатии идораи мудофиаи граждани тартиби пурра кардани онро, аз ҷумла бо хизматчиёни ҳарби пурра кардани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
ФАСЛИ V. НЕРӯҲО, ХАДАМОТ, ШАБАКАҲОИ ДИДБОНИ ВА НАЗОРАТИ ЛАБОРАТОРИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 22. Нерӯҳои мудофиаи граждани
Нерӯҳои мудофиаи граждани аз қувваҳои низоми ва ҷузъу томҳои Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои ғайринизомии вазорату идора ва иттиҳодияҳо ва дигар ҷузъу томҳои махсус, ки барои ҳалли вазифаҳои мудофиаи граждани ҷалб шудаанд, иборатанд.
Моддаи 23. Қӯшуни мудофиаи граждани
Қӯшуни мудофиаи граждани - ин сохтори давлатии ҳарби буда, барои гузаронидани корҳои махсуси наҷотдиҳи ва дигар корҳои таъхирнопазир дар ҳолати фавқулодда таъин гардидааст.
Қӯшуни мудофиаи граждани асоси нерӯҳои мудофиаи гражданиро ташкил медиҳад.
Вазифаҳои асосии Қӯшуни мудофиаи граждани аз инҳо иборатанд:
кофтуков ва наҷотдиҳии одамоне, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар зери вайронаҳо, дар биноҳо ва сохтмонҳои харобгардида, осебдида ва оташгирифта воқеъ гардидаанд;
расонидани ёрии тиббии авалия ба ҷабрдидагон, омодасози барои расонидани онҳо ба муассисаҳои муолиҷави;
пешбурди кашфи муҳандиси, кушодани таҳхонаҳои зери вайронаҳо монда ва харобгардида, тоза намудани вайронаҳо, сохтани роҳравҳо ва гузаргоҳҳо аз тариқи онҳо, рафъи садамаҳо ва оқибатҳои онҳо дар шабакаҳои коммуналию энфгетики ва технологи, омодасозии хатти ҳаракат, таҷҳизонидани нуқтаҳои идоракуни;
таъмини гузаронидани корҳои наҷотдиҳи ва таъхирнопазир бо пешбурди кашфи радиатсиони, химияви ва бактериологи (биологи), амали намудани назорати дозиметри ва химиявии ҷузъу томҳо;
гузаронидани коркарди махсуси ҳайати шахсии ҷузъу томҳо ва воҳидҳои ба онҳо додашуда;
гузаронидани дегазатсия ва дезинфектсияи сару либос ва дигар воситаҳои модди, қитъаҳои маҳал, роҳҳо, иншоот ва ҳангоми зарурат гузаронидани коркарди санитарии аҳоли;
гузаронидани кашфи зидди сӯхтори, маҳдуд ва хомуш сохтани сӯхторҳо дар хатти сайр дар маҳалли ҳолати фавқулодда ва мабдаи осебдида;
рафъи садама дар хатҳои муҳобирот ҷиҳати таъмини алоқаи боэътимод, ки идораи ҷузъу томҳо ва воҳидҳои ба онҳо додашуда, инчунин алоқаро бо мақомоти болоии идори ва нерӯҳои муштараки амалкунанда таъмин мекунанд;
кашф, ба даст овардан, соф кардани об ва бо он таъмин намудани ҳайати шахсии ҷузъу том ва воҳидҳои ба онҳо додашуда;
ошкор сохтан, безарар ва нобуд кардани муҳимоти ҷангии натаркида (аз ҷумла бомбаҳои ҳавои) ва дигар моддаҳои дорои хатари таркиш, инчунин тоза кардани вайронахо ва чузъҳои осебдидаи конструктсияҳои иншоот бо усули тарконидан;
пешбурди санҷишҳои химиявию радиометри, захролудкунанда ва дигар маводи захрнок, танзими дараҷа ва таъмири таҷҳизоти дозиметри, воситаҳои инфиродии муҳофизати, назорати вазъи воситаҳои шамолдиҳи ва тағйирдиҳии харорати иншооти муҳофизати ҳаво;
таъминоти техники ва ақибгоҳии ҷузъу томҳо.
Роҳбарии бевоситаи Қӯшуни мудофиаи гражданиро Раиси Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Фармондеҳи Қӯшуни мудофиаи граждани мебошад, анҷом медиҳад (Қонун аз 13.11.98с. № 694).
Моддаи 24. Хадамоти мудофиаи граждани
Барои таъмини иҷрои чорабиниҳои махсуси мудофиаи граждани хадамоти ҷумҳурияви, вилояти, шаҳри, ноҳияви, инчунин хадамоти мудофиаи граждани дар ташкилотҳои алоҳида таъсис дода мешаванд.
Тартиб, вазифа ва номгӯи хадамоти мудофиаи граждани, инчунин номгӯи ташкилотҳое, ки дар онҳо хадамот таъсис дода мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Масъулияти омодагии хадамоти мудофиаи граждани ба зиммаи роҳбарони вазорату ташкилот ва идораҳо, ки дар базаи онҳо таъсис ёфтаанд, гузошта мешавад.
Ба мақсади ташкили иҷрои корҳои хеле зарур ва чорабиниҳои мудофиаи граждани дар вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои алоҳида комиссияҳои тавсеаи устувории фаъолияти соҳаҳо, корҳонрҳо, инчунин комиссияҳои эвакуатсиони ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, таъсис дода мешавад.
Моддаи 25. Ҷузъу томҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждани
Ҷузъу томҳои ғайриҳарби гурӯҳи шахсоне мебошанд, ки мувофиқи штат таъсис ёфта, бо техникаи махсус ва амвол муҷаҳҳазанд. Ҷузъу томҳои ғайриҳарби дар ташкилотҳо бо теъдоди беш аз 50 нафар таъсис дода мешаванд.
Тартиби ташкили ҷузъу томҳои ғайриҳарби, такмили онҳо бо ҳайати шахси, таъминоти моддию техники ва молияви, омодаги ва истифодаи онҳо дар замони осоишта ва замони ҷанг аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 26. Шабакаҳои дидбони ва назорати лаборатори
Назорати олудагии муҳити атроф бо маводи радиоактиви, захролудкунанда ва пуртаъсир, воситаҳои бактериологи ва биологи аз тариқи шабакаҳои дидбони ва назорати лаборатори сурат мегирад.
Ташкил ва пешбурди дидбони ва назорати лаборатори мувофиқи Низомнома, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, сурат мегирад.
ФАСЛИ VI. ОМОДАГИ ВА ТАЪЛИМИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 27. Омодагии нерӯ ва хадамоти мудофиаи граждани
Омодаги оиди мудофиаи граждани:
дар ҷои кор - омодагии ҳайати шахси ва ҷузъу томҳои ғайриҳарби тибқи тартибе, ки Сардори Мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
дар курсҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждани ба шакли ҷудо гардидан аз истеҳсолот, бо нигоҳ доштани музди миёнаи маоши вазифави ва пардохтани сафари хидмати аз ҷои кор - тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани ҳайати роҳбари ва фармондеҳону сардорон ва ҷузъу томҳои мудофиаи граждани сурат мегирад;
тибқи барномаи махсус - тайёр кардани қувваҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муайяннамудаи Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 28. Омодагии аҳоли оиди мудофиаи граждани
Таълими аҳоли оиди мудофиаи граждани мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои кор ё маҳалли истиқомат бо роҳи гузаронидани таълим ва машқ, инчунин аз тариқи воситаҳои ахбори оммави анҷом дода мешавад.
Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, ба таълими ҳатмии мудофиаи граждани ҷалб карда мешаванд. Шаҳрвандони ноболиғи аз 8 то 16-сола бо шаклҳои ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои таъсири воситаҳои ҳозиразамони зарба шинос карда мешаванд.
Таълими кормандоне, ки ба ҳайати ҷузъу томҳои ғайринизоми ва хадамоти мудофиаи граждани шомил намебошанд, дар маҳалли корашон, аз истеҳсолот дур нагардида анҷом дода мешавад.
Таълими хонандагони мактабҳои маълумоти миёнаи рӯзона, омӯзишгоҳҳои касбию техники, донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус, оли ва дигар муассисаҳои таълими ҳангоми дарс, тибқи барномаҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Чумхуурии Точикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад. Таълими шаҳрвандони бекор дар маҳалли зисташон мутобиқи тартибе, ки Сардори мудофиаи граждани муайян намудааст, сурат мегирад.
ФАСЛИ VII. МАБЛАҒГУЗОРИ ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ МОЛИКИЯТИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 29. Таъмини маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи граждани
Таъмини маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи граждани дар инҳо сурат мегирад:
дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо - аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви;
дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои буҷетии тобеи онҳо - аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор;
дар ташкилотҳо - аз ҳисоби маблағҳои худии онҳо.
Маблағгузории таъмини чорабиниҳои мудофиаи граждани метавонад аз ҳисоби маблағҳои фондҳои ҷамъияти сурат гирад.
Классификатсияи хароҷоти чорабиниҳои мудофиаи граждани аз тарафи Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 30. Таъминоти қӯшунҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи граждани
Қисмҳои ҳарби, ҷузъу томҳо, инчунин хизматчиёни мақомоти идора, пунктҳои фармондеҳи, курсҳо, лаборатория ва дигар муассисаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви таъмин карда мешаванд.
Мақомоти идораи штати, курсҳо, лабораторияҳо, пунктҳои идора, дигар муассисаҳои мудофиаи граждани дар вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳо, инчунин кормандони ин мақомоти идора ва муассисаҳо, ба ғайр аз хизматчиёни ҳарби, мутобиқан аз ҳисоби сметаи хароҷоти нигаҳдошти вазорату идораҳо, ки аз буҷети ҷумҳурияви, буҷетҳои маҳалли ва маблағҳои худии ташкилотҳо ҷудо мегардад, таъмин карда мешаванд.
Моддаи 31. Маблағгузории чорабиниҳо оиди рафъи ҳолатҳои фавқулодда
Маблағгузории чорабиниҳо оиди рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷети сохторҳои маъмурию минтақави, фондҳои ҷамъияти, саҳмгузории ихтиёрии шахсони юридикию воқеи, инчунин маблағҳои ташкилоте, ки бо гуноҳи ӯ ҳолати фавқулодда cap задааст, сурат мегирад.
Дар ҳолате, ки хароҷоти рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз имконоти маблағҳои буҷетҳои зикргардида зиёд бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти иҷроия ва хулосаи Кумитаи ид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хоричии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат шудаанд, дар бораи аз фонди захиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷудо намудани маблағ қарор қабул мекунад.
Моддаи 32. Таъминоти моддию техникии эҳтиёҷоти мудофиаи граждани
Таъминоти моддию техникии мудофиаи граждани аз ҳисоби маблағе, ки барои маблағгузории чорабиниҳои мудофиаи граждани, нигаҳдошти қисмҳои ҳарби, ҷузъу томҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи граждани ҷудо карда шудааст, сурат мегирад.
Барои таъмини мақомоти идора, ҷузъу томҳои ғайриҳарби, кормандон ва аҳоли бо амволи мудофиаи граждани дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо захираҳои эҳтиёти ва дар ташкилотҳо захираҳои ин воситаҳо таъсис дода мешаванд.
Номенклатура, ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати ҷамъоварии захира ва захираи эҳтиётии ин воситаҳо, инчунин тартиби истифодаи он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 33. Амволи мудофиаи граждани
Иншоотҳои муҳофизати, дастгоҳҳои огоҳонии мутамарказ, лабораторияҳо, анбору воситаҳои ҳимояи инфиродй, таҷҳизоти кашфи радиатсиони ва ҳимияви, дигар воситаҳои моддию техники, ки моликияти хусусии ҷумҳурияви ва коммунали мебошад, инчунин аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор, маблағҳои вазорату ташкилот ва идораҳо, ки сохта шудаанд харидори гардидаанд ва ба манфиати мудофиаи граждани истифод мешаванд, амволи мудофиаи граждани ба шумор мераванд.
Ба дигар мақсад истифода бурдани амволи мудофиаи граждани манъ аст.
Дар объектҳои аз ҷиҳати радиатсиони, химияви ва таркиш хатарнок ба моликияти хусусии вилоят, коммунали, инчунин иҷора додани амволи мудофиаи граждани манъ мебошад.
Қарор дар мавриди додан ва истифода кардани амволи мудофиаи граждани дар ин объектҳо бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Дар сурати тағйир ёфтани сохтори идора ва шаклҳои фаъолияти хоҷагидори ташкилотҳои ба дигар сохторҳо додашаванда ва ё ба дигар шаклҳои моликият гузаранда таъминоти мақсадноки амволи мудофиаи граждани, инчунин супоришҳоро дар мавриди таъсис ва захираи он нигоҳ медоранд.
ФАСЛИ VIII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 34. Кафолати давлатии ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии мудофиаи граждани
Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳо, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи граждани хизмати ҳақиқии ҳарбиро адо мекунанд. Оиди масъалаҳои адои хизмати ҳарби, таъминоти пули ва дигар навъи таъминот, нафақа ва ҳифзи иҷтимои ва аз тамоми ҳуқуқ, кафолатҳои давлатви, ҷубронпули, имтиёз, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, истифода мебаранд.
Ҷалби хизматчиёни ҳарби, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиа граждани барои иҷрои корҳои ба онҳо мансубнабуда манъ аст.
Ҳуқуқ, кафолати давлати ва ҷубронпули, ки мувофики қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳо Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарби, мақомоти идора ва муассисаҳои мудофиаи граждани низ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 35. Суғуртаи шахсоне, ки барои иҷрои чорабиниҳои мудофиаи граждани ҷалб шудаанд
Шахсоне, ки бо қарори мақомоти давлати барои кор ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои мудофиаи граждани ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд (ба сафари хидмати фиристода шудаанд) аз ҳолатҳои ба ҳалокат расидан (фавтидан) ё расидани осеб ба саломатиашон бояд суғурта давлати шаванд.
Суғуртаи ҳатмии давлатии шахсоне, ки барои иҷрои кор ҷиҳати рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мешудаги сурат мегирад.
Андозаи маблағи суғурта, ки бояд ба осебдида пардохта шавад, аз ҳисоби маоши миёнаи моҳонаи ҷои кори (хидмати) асоси муайян шуда, набояд аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки қонунгузори дар рӯзи амали гардидани ҳодисаи суғурта муайян кардааст, камтар бошад.
Маблағи суғурта дар ҳолати фавт ё осеб дидани шахсоне, ки барои кор ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои мудофиаи граждани ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷал6 шудаанд, мутобиқи андоза ва тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пардохта мешавад.
Моддаи 36. Риояи меъёрҳои байналхалқию ҳуқуқи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали гардонидани мудофиаи граждани ӯҳдадор мешавад ҳуқуқҳои байналхалқи ва созишномаҳоро, ки иштирокчии он мебошад, риоя кунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали гардонидани мудофиаи граждани афзалияти санадҳои байналхалқию ҳуқуқиро дар соҳаи мудофиаи граждани нисбат ба қонунгузории милли эътироф мекунад.
Дар сурати бо санадҳои байналхалқию ҳуқуқи мутобиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи граждани меъёрҳои санадҳои байналхалқию ҳуқуқи истифрда карда мешаванд.
Моддаи 37. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар соҳаи мудофиаи граждани
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқи бо дигар давлатҳо дар масъалаҳои ҳимоя ва наҷоти аҳоли ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ҳамкори мекунад.
Ба мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании дигар кишварҳо дар асоси шартномаҳои байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад, ҷалб карда шаванд.
ФАСЛИ IХ. МАСЪУЛИЯТИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИДИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ
Моддаи 38. Масъулияти вайрон намудани қонунгузори оиди мудофиаи граждани
Барои иҷро накардан ва ё иҷрои номатлуби қонунгузори оиди мудофиаи граждани шахсони соҳибмансаб ва шаҳрвандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 132