ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БОНКҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 62, аз 28.12.2005 № 133, аз 30.07.2007 № 316)
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафҳуми бонк
Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти тиҷоратиест, ки барои ҷалби амонатҳою дигар воситаҳои пули ба мақсади истифодаи онҳо барои қарздиҳи бо шартҳои бозгардони, муздноки, мӯҳлатноки, инчунин барои ҳисоббаробаркуни, бо супориши мизоҷон ташкил карда мешавад .
Бонк шахси ҳуқуқи буда, фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва оинномаи худ амали мегардонад.
Истилоҳи "Бонк" ё ибораи дигари бо истифодаи ин истилоҳ сохташуда дар номи фирмави ва ба мақсадҳои реклама фақат аз тарафи ташкилотҳое, ки мувофиқи ин Қонун барои иҷрои амалиёти бонки ҳуқуқ доранд, метавонад истифода шавад.
Бонкҳо дар шакли ҳар гуна моликият (аз ҷумла, бо ҷалби сармояи хориҷи) бо тартибе, ки қонун муқаррар кардааст, ташкил карда мешаванд.
Моддаи 2. Фаъолияти бонки
1. Фаъолияти бонки аз иҷрои амалиёти бонки, инчунин гузаронидани амалиёти дигаре, ки дар ин модда муқаррар шудааст, иборат мебошад.
2. Ба амалиёти бонки инҳо тааллуқ доранд:
а) қабули амонатҳои шахсони ҳуқуқи;
б) бонкҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷрои амалиёти зикршуда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома гирифта метавонанд ;
в) кушодан ва бурдани ҳисобҳои ҷории мизоҷон, ҳисобҳои корреспондентии бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонки, инчунин ҳисобҳои металлии бонкҳо;
г) амалиёти кассави: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғази ва тангаҳо;
д) амалиёти интиқоли: иҷрои супоришҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеи оид ба интиқоли воситаҳои пули;
е) амалиёти ҳисобкуни: ҳисобкунии (дисконти) векселҳо ва дигар ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқи ва воқеи;
ж) амалиёти қарздиҳи: додани қарзҳо дар шакли пул;
з) маблағдиҳи бо супориши соҳибон ё ихтиёрдорони маблағҳои инвеститсияшаванда;
и) амалиёти ба бовари асос ёфта (трасти): идоракунии воситаҳои пули, коғазҳои қиматнок ба манфиат ва супориши боварикунанда;
к) амалиёти клиринги: ҷамъкуни, тафтиш, ҷудокуни ба навъҳо ва тасдиқи пардохтҳо, инчунин гузаронидани ҳисобу китоби мутақобилаи онҳо ва муайянкунии мавқеъҳои холиси иштирокчиёни клиринг;
л) амалиёти сейфи: хизматрасони барои нигоҳдории коғазҳо, ҳуҷҷатҳо ва ашёи қиматноки мизоҷон, инчунин ба иҷора додани сандуқу хонаҳои сейфи ва дигар хел ҷой;
м) амалиёти ломбарди (багаравмони) : додани қарзҳои кӯтоҳмуддат бо гарави коғазҳои қиматнок ва амволи ба осони савдошаванда;
н) баровардани чекҳо;
о) қабул намудан ба инкассо, акцепт, пардохт ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои пардохти, кушодан ва тасдиқ намудани аккредитивҳои тиҷорати;
п) нашри варақаҳои пардохт;
р) қабул намудан ва фиристодани пулҳои коғази, тангаҳо ва ашёи қиматнок;
с) ташкили амалиёти ивазкуни бо асъори хориҷи.
Фақат Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба бонкҳо ва дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеи барои иҷрои амалиёти зикршуда иҷозатнома (литсензия) диҳад.
Иҷозатнома барои иҷрои амалиёти зикршудаи бонки бо асъори милли ба бонк баъди мувофиқи тартиби муқарраршуда аз қайд гузаштани он дода мешавад.
Иҷозатнома барои иҷрои амалиёти зикршудаи бонки бо асъори хориҷи баъди як соли оғози кори бонк ва дар сурати доштани воситаҳои ҳозиразамони алоқаи байналхалқи ва мутахассисони лозими дода мешавад.
Ба бонки муштарак бо иштироки сармояи бонки хориҷи ва ба шӯъбаи бонки хориҷи иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки бо асъори хориҷи метавонад, баъди се моҳи кушодани он дар ҳолати иҷрои талаботҳои дар қисми панҷуми ин модда зикршуда дода шавад.
3. Бонкҳо, ғайр аз иҷрои амалиёти дар банди 2 ин модда зикршуда, дар сурати доштани иҷозатнома амалиёти зеринро низ иҷро карда метавонанд :
а) харидан, ба гарав қабул намудан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан ва фӯрӯхтани металҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра, платина, металҳои гурӯҳи платини) дар шакли гудохта, ғурӯша, хока, намакин, тангаҳо аз металҳои қиматбаҳо, инчунин маснуоти заргари, ки дорои метали қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд;
б) амалиёти маблағгузори берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) амалиёти кафолати: додани ваколатнома, кафолатнома ва ӯҳдадориҳои дигар аз ҷониби шахсони сеюм, ки дар шакли пули иҷро намуданро дар назар дорад, шакли аккредитиви кафолати (аккредитив стендбай);
г) ба иҷора додани амвол бо нигоҳ доштани ҳуқуқи иҷорадиҳанда нисбат ба ин амвол дар тамоми мӯҳлати амали шартнома (лизинг);
д) баровардани коғазҳои қиматноки шахси (саҳмияҳо, вомбаргҳо, векселҳо ва сертификатҳои амонати);
е) амалиёти факторинги: молик шудан ба ҳуқуқи талаб намудан аз харидор пардохти амвол (кор, хизматрасони) бо қабули риски (хатари) пардохт накардан;
ж) амалиёти форфейтинги (форфейтикунони): пардохти ӯҳдадории қарзии харидори амвол (кор, хизматрасони) бо роҳи харидани вексел бидуни ӯҳдадории фурӯшанда.
4. Амалиёти миёнарави дар бозори коғазҳои қиматнок аз тарафи бонкҳо дар сурати доштани иҷозатнома иҷро карда мешавад .
5. Намудҳои фаъолияти дар бандҳои 3 ва 4 ин модда зикршударо шаклҳои гуногуни ташкилотҳои ғайрибонкие, ки аз тарафи бонкҳо мувофиқи Низомномаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, иҷро карда метавонанд. Ин меъёрҳо нисбати ташкилотҳои молиявии ғайрибонкие, ки муассисаҳои ғайрибонки таъсис додаанд низ татбиқ мегарданд.
Моддаи 3. Амонат (депозит)
Амонат - воситаҳои пулии аз тарафи шахсони воқеи ва хуқуқи дар бонкҳо гузошташуда мебошад, ки аз ҳисоб ба аввалин талаби амонатгузор ё гузаштани мӯҳлат, бе фоиз ё бо фоиз гирифта шуда ва ё ба воситаи чек ё супоришнома ба ҷониби сеюм пардохт шуда метавонад.
Моддаи 4. Системаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими ҳуқуқии фаъолити бонки
Cистемаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки марказии мамлакат, ки вазифаҳо , усулҳои фаъолият, статуси ҳуқуқи ва ваколатҳои он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муайян карда шудааст.
Қоидаҳои ин Қонун нисбати Бонки миллии Тоҷикистон фақат дар мавридҳое, ки бевосита ин Қонун пешбини намудааст, татбиқ мегардад.
2. Бонкҳои дигар, ки дар шаклҳои зерин ташкил шуда метавонанд:
а) бонки давлати - бонке, ки дар он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона соҳиби сармояи оинномави мебошад;
б) бонки ғайридавлати - бонке, ки фонди оинномавии он ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи тааллуқ дорад. Як қисми саҳмияҳои ин бонк ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта метавонад;
в) бонк бо иштироки сармояи хориҷи - бонке, ки як қисми саҳмияҳои он дар ихтиёрдори, моликият ва идораи шахсони зерин қарор дорад:
- ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсони ҳуқуқи - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои (маблағи гузоштаи муассисон) онҳо дар ихтиёрдори, моликият ва идораи ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ба инҳо монанди ҳуқуқи - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки ихтиёрдори воситаҳои (шахсони ваколатдори) ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқии дар зербанди "б" ин банд зикршуда мебошанд.
г) бонки байнидавлати - бонке, ки ба тартиби дар ин Қонун муқаррар шуда ташкил карда шудааст ва дар асоси қарордоди байналхалқи амал мекунад, ки соҳибони сармояи оинномавии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумате (ҳукуматҳое), давлате (давлатҳое) мебошанд, ки ин қарордодро имзо кардаанд.
Моддаи 5. Манъи фаъолияти беваколат
Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки дорои иҷозатномаи дахлдор намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки дар қисми сеюми ин модда пешбини гардидаанд, ҳуқуқ надоранд :
а) амонатҳо қабул намоянд ва дигар амалиёти бонкиро ҳамчун фаъолияти асоси ё иловаги иҷро кунанд;
б) ҳамчун фаъолияти асоси ё иловаги тафтиши аудитории фаъолияти бонкиро баранд;
в) дар номи худ, ҳуҷҷатҳо эълонҳо ва реклама истифода бурдани калимаи "бонк" ё калимаи (ибораи) аз ин сохташаванда, ки дар бораи қабул намудани амонат, иҷрои дигар амалиёти бонки ё иҷрои тафтиши аудитории фаъолияти бонки тасаввурот ба вуҷуд меоварад.
Ин маънкуни ба Бонки миллии Тоҷикистон, шӯъбаҳо ва намояндагиҳои бонкҳо, ташкилотҳои молиявии байналхалқи татбиқ намегардад.
Истисноҳои эҳтимоли барои манъи қабули амонатҳо аз тарафи шахсоне, ки иҷозатнома надоранд, тавассути санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд ва чунин мавридҳои қабули амонатҳоро дарбар мегирад :
а) қабули амонатҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо, инчунин ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ки барои додани қарз дорои иҷозатнома мебошанд ;
б) қабули амонатҳо ҳамчун маблағи пардохтшаванда аз рӯи шартномаи ҳақиқии хариду фурӯши амвол, иҷрои кор ё хизматрасони (дар шакли гарав ё маблағе, ки дар сурати амали нашудани шартнома, қобили пардохт аст);
в) ҳамчун қарз бо шарти баргардонидани маблағ, ки аз маблағи ибтидои зиёд нест.
Амалиёти бонкие, ки бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, эътибор надорад.
Моддаи 6. Ассосиатсия (иттифоқ) - и бонкҳо
Бонкҳо метавонанд ассосиатсия (иттифоқ) таъсис диҳанд, ки мақсадашон ба даст овардани фоида набуда, балки ҳимоя ва намояндагии манфиатҳои аъзоёни худ, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо, инкишофи алоқаҳои байналхалқи, қонеъгардонии манфиатҳои илми, ахбори ва касби, таҳияи тавсияҳо оид ба иҷрои фаъолияти бонки ва ҳалли дигар вазифаҳои муштараки бонкҳо мебошад. Ассосиатсия (иттифоқ)-ҳо амалиёти бонки гузаронида наметавонанд .
Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳо ба тартибе, ки қонун муқаррар кардааст, таъсис ва ба қайд гирифта мешаванд .
Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳо дар бораи таъсиси худ дар мӯҳлати як моҳ баъди бақайдгири ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд .
Ассосиатсия (иттифоқ)-и бонкҳоро бо мақсади маҳдуд намудани рақобат дар низоми бонки, сӯиистеъмол кардани маблағи мукофот, шартҳои додани қарз ва хизматҳои дигари бонкҳо истифода кардан мумкин нест .
Моддаи 7. Манъи рекламае, ки ба ҳақиқат мувофиқ нест
Барои бонкҳо реклама намудани фаъолияташон, ки ба ҳақиқат мувофиқ нест ва аҳли ҷамъиятро дар рӯзи нашру эълон шуданаш ба иштибоҳ меандозад, манъ аст.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз бонк талаб намояд, ки дар рекламае, ки ба ҳақиқат мувофиқ нест, тағйирот ворид созад ё пахши онро қатъ намояд ва мувофиқан ба воситаи телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори омма рад кунад.
Агар ин талабот дар мӯҳлати муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон иҷро нагардад,он гоҳ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба воситаҳои ахбори умум баромад кунад ё дар бораи ба ҳақиқат мувофиқ набудани маълумоте, ки дар реклма ҷой дорад, ахбор чоп кунад. Хароҷоти ин кор аз ҳисоби бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки, ки рекламаи ба ҳақиқат номувофиқро нашр кардааст, пӯшонида мешавад.
Ба шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки барои иҷрои амалиёти бонки иҷозатнома надоранд, рекламаи хизматрасонии ба категорияи амалиёти бонки дохилшаванда, манъ аст .
БОБИ II. ТАЪСИСИ БОНКҲО
Моддаи 8. Шакли ташкилию ҳуқуқии бонкҳо
Бонкҳо (ба истиснои бонкҳои давлати) дар шакли ҷамъиятҳои саҳомии пӯшида бе ҳуқуқи баровардани саҳмияҳои беном таъсис дода мешаванд.
Ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани бонк ба шарте мумкин аст, ки агар он аз лаҳзаи барои иҷрои амалиёти бонки гирифтани иҷозатнома дар тӯли як соли тақвими пай дар пай безиён фаъолият намояд ва меъёрҳою дигар қоидаю андозаҳои ҳатмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистонро риоя кунад , .
Саҳомони бонк, ки муассисони он мебошанд, баъди ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил шудани он ба ягон хел имтиёзи иловаги соҳиб шуда ё нисбати саҳомони дигар ӯҳдадориҳои иловаги дошта наметавонанд .
Мақомоти идоракунии бонки саҳоми инҳо мебошанд:
- Маҷлиси умумии саҳомон;
- Шӯрои бонк, ки аз тарафи Маҷлиси умумии саҳомон интихоб мегардад;
- Раёсати бонк, ки ба тартиби муқарраркардаи Маҷлиси умумии саҳомон ташкил ва тасдиқ карда мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамаи бонкҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, инчунин мақомоти онҳоро назораткунанда стандартҳои ягонаи ҳисоботи молияви ва принсипҳои баҳисобгирии бухгалтери, ки ба меъёрҳои дахлдори байналхалқи мувофиқат менамоянд, муқаррар мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон риояи иҷрои стандартҳои муқарраршударо таъмин менамояд.
Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои таъсиси бонк
Бонк дар асоси қарордоди муассисон таъсис карда шуда, мувофиқи оинномаи худ амал мекунад.
Қарордоди муассисон дар бораи таъсиси бонк ба ғайр аз маълумоти пешбиникардаи қонунгузории амалкунанда бояд ҳатман ин маълумотҳоро дошта бошад:
а) маълумот дар бораи муассисон, ба шумули номи пурраи фирмави ва маҳали воқеъ гардидани ҳар кадоми онҳо, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии онҳо (барои шахсони ҳуқуқи), ному насаб, шаҳрванди, ҷои истиқомат ва номи ҳуҷҷате, ки шахсиятро муаррифи мекунад (барои шахсони воқеи);
б) маълумот дар бораи миқдор, категория ва арзиши номиналии саҳмияҳо.
Моддаи 10. Номи бонк
Бонк дорои номи фирмави (номи пурраи расми ва кӯтоҳкардашуда) ба забони давлати ва номи расми ба забони хориҷи мебошад. Бонк дорои мӯҳр аст, ки дар он номи фирмавиаш сабт гардидааст.
Дар номи фирмавии бонк бояд ба ғайр аз хусусияти фаъолияти ин шахси ҳуқуқи бо истифодаи калимаи "бонк" ё "ташкилоти молиявии ғайрибонки", инчунин шакли ташкилию ҳуқуқии он низ нишон дода шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии ариза дар бораи бақайдгирии бонк истифодаи номи бонкро манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Китоби бақайдгирии давлатии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки сабт шуда бошад.
Моддаи 11. Муносибати байни бонкҳо ва давлат
Бонк аз рӯи ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар нест. Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои бонк ҷавобгар намебошад, ба истиснои мавридҳое, ки агар худи давлат ба худ чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошад.
Бонк аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар нест. Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои бонк ҷавобгар намебошад, ба истиснои мавридҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба худ чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроия ва маҳаллии ҷумҳури ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти бонкҳо мудохила кунанд.
Бонк аз рӯи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллиро иҷро кунад, бо воситаҳои буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли амалиёт ва ҳисоббаробаркуни гузаронад, истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетиро, ки барои амали намудани барномаҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ҷудо карда мешаванд, таъмин намояд. Шартномаи дахлдор бояд ӯҳдадориҳои мутақобилаи тарафайнро дар бар гирад ва масъулияти онҳо, шарту шароит ва шакли назоратро ба истифодаи воситаҳои буҷети пешбини намояд.
Бонк барои иҷрои фаъолияте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он пешбини нашудааст, вазифадор буда наметавонад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд.
Моддаи 12. Оинномаи бонк
Бонк дорои оиннома мебошад, ки ба тартиби пешбиникардаи қонун тасдиқ карда мешавад.
Дар оинномаи бонк бояд инҳо зикр гарданд:
1) номи фирмави (номи пурраи расми), инчунин ҳамаи дигар номҳое, ки тавассути ин Қонун муқаррар карда шудаанд;
2) ишора ба шакли ташкилию ҳуқуқи;
3) маълумот дар бораи маҳалли воқеъ гардидани (суроғаи почтавии) мақомоти идора ва воҳидҳои ҷудогонаи он;
4) номгӯи амалиёт ва муомилоти бонки, ки мувофиқи моддаи 2 ин Қонун сурат мегиранд;
5) маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномави;
6) маълумот дар бораи системаи мақомоти идора, аз ҷумла мақомоти иҷроия ва мақомоти назорати дохили, дар бораи тартиби таъсис ва ваколатҳои онҳо;
7) маълумоти дигаре, ки қонунҳои ҷумҳури барои оинномаҳои шахсони ҳуқуқии ин шакли ташкилию ҳуқуқи пешбини кардаанд.
Бонкҳо метавонанд фаъолияти худро, ки бо ҳар кадом аз вазифаҳо ва таъиноти ваколатҳои дар моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда мувофиқат дорад, озодона ба роҳ монанд.
Бонк вазифадор аст ҳамаи тағйироту иловаҳоро, ки ба оинномаи худ дохил мекунад, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз қайд гузаронад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи дуруст тартиб дода супорида шудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо оиди бақайдгирии тағйироту иловаҳои оинномаи бонк қарор қабул мекунад.
Моддаи 13. Сармояи оинномавии бонк
Сармояи оинномавии бонк аз ҳисоби маблағи пардохтнамудаи муассисон ва фурӯши саҳмияҳои бонк бо асъори милли ва хориҷи ташкил карда мешавад .
Андозаи камтарини (минималии) сармояи оинномавии бонк ва ҳиссаи бо асъори хориҷи ташаккулёфтаи он аз тарафи Раёсати Бонки милли муқаррар карда мешавад .
Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оиди тағйир додани андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномави на пештар аз 90 рӯзи баъди қабули он эътибор пайдо мекунад.
Барои бонкҳои нав бақайдгирифташаванда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон меъёри андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномави, ки дар рӯзи барои бақайдгири додани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ карда мешавад.
Барои ташкил намудани сармояи оинномавии бонк воситаҳои пулии ҷалбкардашуда истифода шуда наметавонад.
Воситаҳои буҷети ҷумҳурияви ва фондҳои ғайрибуҷетии давлати, воситаҳои пулии озод ва дигар объектҳои моликият, ки дар ихтиёрдории мақомоти ҷумҳуриявии ҳокимияти давлати мебошанд, барои ташкили сармояи оинномавии бонк истифода шуда наметавонанд.
Дар сурати бевосита ё бавоситаи миёнарав аз тарафи як ё якчанд шахси ҳуқуқию воқеи ё ҳар гуна гурӯҳи мувофиқи шартномаи махсус ё қарордод амалкунанда, ё аз рӯи шартнома амалкунанда ё бо доштани мақоми назорати гирифтани пакети контролии саҳмияҳои бонк, агар натиҷаи ин амал боиси назорати саҳмияҳои овоздиҳанда гардад, ки он умуман аз 5 фоизи миқдори ҳамаи саҳмияҳои овоздиҳандаи баровардашудаи бонк зиёд аст, дар ин бора бояд Бонки миллии Тоҷикистон пешаки огоҳ карда шавад. Агар бо чунин роҳ гирифтан беш аз 20 фоизи ҳамаи саҳмияҳои овоздиҳандаро ташкил диҳад, шахси ин муомиларо амаликунанда бояд пешаки розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.
Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз 30 рӯзи аз лаҳзаи гирифтани дархост ба таври хатти ба дархосткунанда оид ба қарори худ - розиги ё радкуниаш хабар медиҳад. Радкуни бояд асоснок бошад. Дар сурате, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори қабулкардааш дар мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, муомилаи хариду фурӯши саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонк ҳалшуда ҳисоб меёбад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба муомилаи хариду фурӯши беш аз 20 фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонк розиги надиҳад, агар ба ақидаи вай захираҳои молиявии саҳмиягирандагон ғайрикофи аст ё онҳо манбаи доимии пуркуни надоранд; инчунин дар сурати вайронкунии қоидаҳои зиддиинҳисори ва дар мавридҳои дигаре, ки қонун пешбини кардааст.
Моддаи 14. Муассисон ва саҳомони бонк
Муассисон ва саҳомони бонк шахсони ҳуқуқи ва воқеи - резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд (бо назардошти маҳдудиятҳое, ки ин Қонун муқаррар кардааст).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат дар шахси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муассис ва саҳоми бонк шавад. Корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки беш аз 50 фоизи сармояи оинномавиашон ба давлат тааллуқ дорад (дар назорати давлат аст), муассис ва саҳоми бонк шуда наметавонанд .
Моддаи 15. Хусусияти таъсиси бонкҳои фаръи
Бонки фаръи - шахси мустақили ҳуқуқи буда, пакети миқдори назоратии саҳмияҳои он дар ихтиёри бонки таъсискунанда (бонки асоси) мебошад.
Бонки асоси нисбати бонки фаръи бонкҳои ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд, ки дорои эътибори муайяни яке аз намояндагиҳои боэътибори асоси мебошад. Феҳристи намояндагиҳои боэътибори асоси ва эътибори ҳадди ақали талабшаванда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Бонки ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат барои кушодани бонки фаръи баъди як соли фаъолияти намояндагии бонки мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза диҳад.
Бонки- резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бонки фаръи кушояд .
Бонкҳои фаръи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд .
Бонки фаръи ҳуқуқ надорад бонки дигари фаръиро таъсис диҳад .
БОБИ III. ТАРТИБИ КУШОДАНИ БОНКҲО, БАҚАЙДГИРИИ ОНҲО ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИ БАРОИ АМАЛИЁТИ БОНКИ
Моддаи 16. Кушодани бонкҳо, бақайдгирии давлатии онҳо ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки
Шахси ҳуқуқи ва воқеи ҳақ дорад ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозат барои кушодани бонк бо ариза муроҷиат кунад .
Ариза ба забони давлати дода шуда, дар он бояд нишонии аризадиҳанда зикр гардад.
Бонкҳо бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон аз қайди давлати гузаранд ва дар Китоби бақайдгирии давлатии бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дастнавишт шаванд.
Барои бақайдгирии бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ба андозаи 0,5 фоизи сармояи оинномавии эълоншуда боҷ гирифта мешавад.
Иҷозатнома ба бонк барои иҷрои амалиёти бонки баъди мувофиқи тартиби дар ин Қонун муқаррарнамуда аз қайди давлати гузаштани он дода мешавад.
Бонкҳо аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Моддаи 17. Додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки
Иҷрои амалиёти бонки фақат дар асоси иҷозатнома ба тартиби дар ин Қонун муқарраркарда додашуда сурат мегирад .
Иҷозатномаҳои додашуда дар феҳристи (реестри) иҷозатномаҳое, ки барои иҷрои амалиёти бонки дода шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Феҳристи иҷозатномаҳое, ки ба бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дода шудаанд, дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон соле камаш як маротиба ва тағйироту иловаҳо ба феҳрист дар муҳлати як моҳ аз рӯзи дохил карда шудани онҳо нашр мегарданд.
Дар иҷозатнома амалиёти бонкие, ки барои иҷрои онҳо бонки мазкур ва ё ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ҳуқуқ пайдо мекунанд, инчунин асъоре, ки бо он ин амалиёт амали мегардад, зикр карда мешаванд.
Бе иҷозатнома гузаронидани амалиёти бонки аз тарафи шахси ҳуқуқи боиси аз ӯ ситонидани тамоми маблағи даромаде,ки ӯ аз ин амалиёт ба даст овардааст ва ба андозаи ду баробари ин маблағ ба ҳисоби даромади буҷети ҷумҳурияви ҷарима ситонида мешавад. Ҷарима ба таври ҳатми бо талаби мақоми дахлдор, ки вайро қонун ба ин кор ваколатдор намудааст ва Бонки миллии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба тартиби муқарраркардаи қонун барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкиро иҷро мекунад, талаб намояд.
Шаҳрвандоне, ки ғайриқонуни амалиёти бонкиро иҷро мекунанд, ба тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дар асоси иҷозатнома дар бозори коғазҳои қиматнок амалиёти касбиашонро иҷро менамоянд .
Моддаи 18. Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии бонк ва гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки заруранд
Барои аз қайди давлати гузаштани бонк ва гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
ариза бо дархост дар бораи бақайдгирии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки;
шартномаи таъсиси;
оиннома;
пайнавишти (протоколи) маҷлиси таъсискунандагон дар бораи қабули оиннома ва оиди тасдиқи номзадҳо барои таъин намудан ба вазифаи роҳбарони мақомоти иҷроия ва сармуҳосиб;
нусхаҳои шаҳодатномаҳо дар бораи бақайд гирифта шудани шахсони ҳуқуқи, хулосаи аудитори дар бораи дурустии ҳисоботи молиявии онҳо, инчунин тасдиқи номаи мақомоти андоз оиди аз тарафи таъсискунандагони шахсони ҳуқуқи дар назди буҷети ҷумҳурияви ва маҳалли иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон дар давоми се соли охир;
баённома (декларатсия) оиди даромади муассисон - шахсони воқеи, ки аз тарафи мақомоти хадамоти андози давлати имзо гардида, манбаъҳои ба даст омадани воситаҳоеро, ки ба сармояи оинномавии бонк пардохта мешаванд, тасдиқ мекунад;
анкетаҳои номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби бонк, ки аз тарафи онҳо ба тартиби муқарраркарда пур карда шудаанд, инчунин нусхаи шиносномаи (паспорти) онҳо ва диплом дар бораи маълумот;
нақшаи кори (бизнес-плани) бонки навтаъсисшаванда, ки дар он стратегияи фаъолият, самт ва миқёси фаъолият, дурнамои молияви (буҷет, баланси ҳисоббаробаркуни, ҳисоби фоида ва зиён дар се соли аввали молияви (амалиёти), нақшаи созмондиҳии мизоҷони бонк (плани маркетинг), нақшаи ҷалби захираҳои меҳнати ва назорати аудити дохили инъикос ёфтаанд;
ҳисобот дар бораи гузаронида шудани чорабиниҳои муқаддимоти аз тарафи муассисон мувофиқи нақшаи кории пешниҳодгардида;
ҳуҷҷати ба таври нотариали ё ба тартиби дигари қонуни тасдиқшуда, ки ваколати дархосткунандаро ба додани ариза аз номи муассисон тасдиқ мекунад.
Моддаи 19. Талабот нисбати коркунони рохбарикунандаи бонк
Коркунони роҳбарикунандаи бонк Раиси бонк ва ҷонишинҳо , сардори идораи баҳисобгири (сармуҳосиб) ва ҷонишинҳои вай, роҳбар ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк ва ҷонишинҳои онҳо мебошанд.
Коркунони роҳбарикунанда, инчунин номзадҳое, ки барои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин ё интихоб шудан тавсия мегарданд, бояд ба талаботи ҳадди ақали дар қисмҳои сеюм, чорум ва панҷуми ин модда муқарраршуда мувофиқ бошанд. Мувофиқ будан ба талаботи мазкур аз тарафи комиссияи тахассусии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шахс дар ҳолатҳои зерин ба вазифаи ишғолкардааш номувофиқ дониста мешавад ё ба вазифаи Раиси бонк таъин шуда наметавонад, агар:
а) маълумоти олии иқтисоди надошта бошад;
б) дорои доғи судии адонашуда ё ба тартиби муқарраркардаи қонун бардошта нашуда бошад;
в) дар соҳаи қонунгузории бонкию хоҷагидори дониши кофи надошта бошад;
г) дар гузашта коркуни роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқии муфлисшуда, ё бонк, ё ташкилоти молиявии ғайрибонки бошад, ки барои иҷро накардани талаботи қонунгузори ва дигар амалҳои зиддиқонуни иҷозатномааш барои иҷрои амалиёти бонки бозхонда шуда бошад;
Зербанди "а" қисми сеюми ин модда нисбати шахсоне, ки дар вазифаи коркуни роҳбарикунандаи бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки зиёда аз 10 сол собиқаи кори доранд, татбиқ намегардад.
Дигар коркунони роҳбарикунандаи бонк, ки ба вазифаҳо таъин (интихоб) мешаванд, ғайр аз мувофиқ будан ба талаботи бандҳои "б", "в", "г" қисми сеюм ин модда, бояд мувофиқи соҳаи кор маълумоти оли ё миёнаи махсус дошта бошанд.
Раиси бонк ва ҷонишинони вай, сардори идораи баҳисобгири (сармуҳосиб) ва ҷонишинони вай, роҳбар ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин (интихоб) карда мешаванд ба шарте, ки дар системаи бонки собиқаи кории дахлдор дошта бошанд: Раис ва сардори идораи баҳисобгири - на камтар аз се сол, ҷонишини Раис ва ҷонишини сардори идораи баҳисобгири - на камтар аз ду сол, роҳбар ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк - на камтар аз се сол, ҷонишинҳои онҳо бошандна камтар аз ду сол.
Шахсони ҷудогона ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи коркуни роҳбарикунанда, ки дар қисми якум ин модда зикр шудааст, ба мӯҳлати на беш аз се моҳ таъин шуда метавонанд.
Коркунони роҳбарикунанда ва хизматчиёни бонк ё ташкилотҳои бо иштироки онҳо таъсисшуда наметавонанд вазифаи Раиси Шӯрои бонкро ишғол намоянд.
Хориҷ карда шуд .
Иҷрои талаботи дар ин модда пешбиникарда аз тарафи ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки дар тамоми муддати фаъолияташон ҳатми мебошад.
Моддаи 20. Тартиби бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки
Ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 18 ин Қонун номбар гардидаанд, Бонки миллии Тоҷикистон ба таъсискунандагони бонк дар хусуси аз онҳо гирифтани ҳуҷҷатҳо тасдиқи хатти медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на беш аз шаш моҳ баъди пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои дуруст тартибдодашуда бояд дар бораи бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки ё радкунии он қарор қабул кунад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи баъди қабул намудани қарор дар бораи бақайдгирии давлати ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки ба таъсискунандагони бонк дар ин бора хабар дода, ба онҳо шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии бонкро медиҳад ва пешниҳод мекунад, ки дар мӯҳлати се моҳ сармояи оинномавии эълоншударо сад фоиз пардозад.
Напардохтан ё қисман пардохтани сармояи оинномави дар мӯҳлати муқарраршуда метавонад барои бекор кардани қарор дар бораи бақайдгирии давлатии бонк асос шавад.
Ҷиҳати пардохтани сармояи оинномави, Бонки миллии Тоҷикистон барои бонки бақайдгирифташуда ва дар сурати зарурат барои ташкилоти молиявии ғайрибонки ҳисоби корпардози (корреспонденти) мекушояд, ки аломатҳои он дар огоҳномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ба қайди давлати гирифтани бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки нишон дода мешаванд.
Ҳангоми аз тарафи бонк пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки сад фоиз пардохт шудани сармояи оинномавии эълоншударо тасдиқ мекунанд, Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати се рӯз ба вай барои иҷрои амалиёти бонки иҷозатнома медиҳад.
Бонк вазифадор аст дар бораи ҳамаи тағйиротҳое, ки дар ҳайати коркунони роҳбаркунандаи бонк ба амал меояд дар мӯҳлати ду рӯз баъди қабули чунин қарор ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад. Таъини роҳбари нав ё сармуҳосиб бояд ба талаботи дар моддаи 19 ин Қонун муқарраршуда мувофиқ бошад. Бонки милли Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ба таъиноти мазкур розиги медиҳад ё мувофиқи моддаи 21 ин Қонун радкунии далелноки хатти мефиристонад.
Вазифаҳои холимондаи коркунони роҳбарикунанда бояд дар давоми се моҳ пурра карда шаванд.
Моддаи 21. Асосҳою тартиби радкунии бақайдгирии давлатии бонк ва додани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки
Радкунии бақайдгирии давлатии бонк ва надодани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки фақат дар асосҳои зерин раво мебошад:
а) ба талаботи касби мувофиқ набудани номзадҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи бонк пешниҳод шуда. Мувофиқ набудан ба талаботи касби чунин маъни дорад:
- надоштани маълумоти олии дахлдор ва таҷрибаи роҳбари ба шӯъба ё дигар воҳиди бонк, ки ба иҷрои амалиёти бонки алоқаманд мебошад, ё
- таҷрибаи роҳбари ба чунин воҳиди бонк мувофиқи талаби моддаи 19 ин Қонун;
- мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар банди "б" қисми сеюми моддаи 19 ин Қонун номбар шудаанд;
- дар давоми сол аз тарафи номзад ба вазифаи роҳбарикунандаи бонк содир намудани қонунвайронкунии маъмури дар соҳаи тиҷорат ва молия, ки бо қарори қувваи қонуни пайдокардаи мақоми барои баррасии парвандаҳои қонунвайронкунии маъмури ваколатдор муқаррар карда шудааст;
- мавҷуд будани далелҳои бекор кардани шартномаи меҳнати (қарордод) бо шахсони мазкур дар давоми ду соли охир бо ташаббуси маъмурият аз рӯи асосҳои дар моддаи 46 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба истиснои бандҳои 1,8, 9, 10.
б) вазъи ғайриқаноатбахши молиявии таъсискунандагони бонк ё дар назди буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ӯҳдадориҳои худро иҷро накардани онҳо дар давоми се соли охир;
в) мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои бақайдгирии давлатии бонк ва гирифтани иҷозатнома ба талаботи муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун.
Қарор дар бораи радкунии бақайдгирии давлати ва надодани иҷозатнома ба таъсискунандагони бонк дар шакли хатти дода мешавад ва он бояд далелнок бошад.
Агар Бонки миллии Тоҷикистон ба қайди давлати гирифтани бонку додани иҷозатномаро рад кунад ва ё дар мӯҳлати муқарраршуда дар ин хусус қарори дахлдор қабул накунад, таъсискунандагони бонк метавонанд ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.
Моддаи 22. Бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ва шӯъбаи бонки хориҷи, додани иҷозатнома ба онҳо барои иҷрои амалиёти бонки
Барои бақайдгирии давлатии бонк бо иштироки сармояи хориҷи ва шӯъбаи бонки хориҷи, аз тарафи онҳо гирифтани иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки дар моддаи 18 ин Қонун зикр ёфтаанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагии зерин бояд пешниҳод карда шаванд:
- қарори шахси ҳуқуқии хориҷи дар бораи иштироки вай дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кушодани шӯъбаи бонк;
- ҳуҷҷате, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқии хориҷиро тасдиқ мекунад ва тавозуни се соли пешина, ки бо хулосаи аудитори тасдиқ карда шудааст;
- розигии хаттии мақоми назоратии дахлдори мамлакати маҳалли истиқомати вай барои иштирок дар таъсиси бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои кушодани шӯъбаи бонк дар он ҳолатҳое, ки чунин рухсатдиҳи дар қонунгузории мамлакати маҳалли истиқомати вай пешбини шуда бошад.
- Шахси воқеии хориҷи бояд тасдиқи бонки якумдараҷаи хориҷиро (мувофиқи таҷрибаи байналхалқи) дар бораи қобилияти пардохт доштанаш пешниҳод кунад.
Моддаи 23. Талаботи иловаги барои таъсис ва фаъолияти бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷи ва филиалҳои бонкҳои хориҷи
Бонк ӯҳдадор аст, ки барои зиёд намудани сармояи оинномавии худ аз ҳисоби воситаҳои ғайрирезидентҳо ва барои додани (аз ҷумла фурӯши) саҳмияҳои худ ба фоидаи ғайрирезидентҳо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Аҳдҳои мазкур дар хусуси ба фоидаи ғайрирезидентҳо додани саҳмияҳо, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, беэътибор мебошанд.
Ариза дар бораи аз ҳисоби воситаҳои ғайрирезидентҳо зиёд намудани сармояи оинномавии бонк ва дар бораи додани саҳмияҳо ба фоидаи ғайрирезидентҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи ворид гардидани он барраси гардида, дар бораи додани розиги барои бастани аҳдҳои дар ариза зикргардида ё радкунии далелнок қарор қабул карда мешавад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ дар бораи қарори қабулкардааш ба аризадиҳанда дар шакли хатти хабар надиҳад, ин ҳолат гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои бастани аҳдҳои мазкур ҳисобида мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷи ва филиалҳои бонкҳои хориҷи оид ба иҷрои амалиёти бонки маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷи нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон ва филиалҳои бонкҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар таъсис додан ва фаъолияти бонкҳо татбиқ карда шаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муқарраршуда нисбати бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷи ва филиалҳои бонкҳои хориҷи оид ба меъёрҳои ҳатми, тартиби пешниҳод кардани ҳисобот, тасдиқи ҳайати роҳбарият ва феҳристи (реестри) амалиёти иҷрокардашавандаи бонки, инчунин андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии бонкҳои аз нав бақайдгирифташаванда бо сармояи хориҷи ва андозаи ҳадди ақали сармояи филиалҳои аз нав бақайдгирифташавандаи бонкҳои хориҷи талаботи иловаги муқаррар намояд .
Моддаи 24. Таъсиси шӯъбаҳо ва намояндагиҳои бонк
Шӯъбаҳои бонк - воҳиди бонк аст, ки шахси ҳуқуқи намебошад ва берун аз маҳалли вақеъгардидаи бонк қарор дошта, аз номи бонк амалиёти бонкиро анҷом дода, дар доираи ваколатҳое, ки бонк ба вай додааст, амал мекунад.
Шӯъбаи бонк бо бонк сармояи оинномави ва баланси ягона дошта, номаш бо номи бонк мувофиқат мекунад.
Барои кушодан, якҷояшави ва бастани шӯъбаи худ Бонк вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Масъалаи додани розиги барои кушодан ва бастани шӯъбаи бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ барраси карда мешавад.
Ба ариза дар бораи додани розиги барои кушодани шӯъбаи бонк бояд ҳуҷҷатҳои зайл илова карда шаванд:
- низомномаи шӯъбаи бонк бо зикри феҳристи (реестри) амалиёти бонкие, ки шӯъба ба иҷрои онҳо ваколатдор карда мешавад;
- маълумот дар бораи номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк мувофиқи талаботи моддаи 19 ин Қонун.
Барои таъсиси бонк, шӯъба ё намояндагии бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии ҳокимияти маҳалли талаб карда намешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин барои кушодани шӯъбаи бонк розиги намедиҳад:
а) ба талаботи дар қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 19 ин Қонун муқарраршуда мувофиқ набудани номзадҳо ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби шӯъбаи бонк;
б) мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти шӯъбаи бонк ба талаботи меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;
в) риоя накардани меъёрҳои ҳатмие, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
г) вайрон намудани қонунҳо ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;
д) пешниҳод намудани нақшаи кории (бизнес-плани) на чандон равшан ва боварибахш дар бораи зарурати таъсиси шӯъбаи бонк.
Намояндагии бонк - воҳиди бонк буда, шахси ҳуқуқи нест ва дар маҳалли воқеъгардидаи бонк воқеъ надошта, аз ном ва бо супориши бонк амал намуда, ягон хел амалиёти бонкиро иҷро намекунад.
Ба ариза дар бораи додани розиги барои кушодани намояндагии бонки- ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова гарданд:
а) ҳуҷҷатҳои таъсисии бонки аризадиҳанда;
б) қарори мақоми дахлдори бонки аризадиҳанда дар бораи кушодани намояндаги дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки бонки аризадиҳанда барои иҷрои амалиёти бонки дорои иҷозатномаи амалкунанда мебошад;
г) ҳисоботи солонаи бонки аризадиҳанда (ба шумули баланси якҷоя ва ҳисобот дар бораи фоида ва зиён ) дар соли охири молияви;
д) огоҳиномаи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи зид набудан ба кушодани намояндагии бонки аризадиҳанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё аризаи мақоми назорати бонки ё хадамоти мӯътабари ҳуқуқии давлати дахлдор дар бораи эҳтиёҷ набудан ба чунин иҷозатнома аз рӯи қонунгузории давлати бонки аризадиҳанда;
е) маълумот дар бораи шумораи эҳтимолии коркунони намояндаги ва роҳбари он.
Моддаи 25. Чораҳое, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон нисбати бонкҳо барои вайронкунии қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллииТоҷикистон дида мешаванд
Барои вайронкунии қонунҳо , санадҳои меъёрию ҳуқуқи, амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, меъёрҳои муқаррарнамудаи он, пешниҳод накардани маълумот, пешниҳод кардани ахбороти нопурра ё носаҳеҳ, инчунин содир намудани амалҳое, ки ба манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон (қарздиҳандаҳо) хатари воқеи ба вуҷуд меоваранд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба тартиби назорати чораҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон, муқаррар кардааст, татбиқ намояд.
Моддаи 26. Асосҳо барои бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар мавридҳои зерин иҷозатномаро барои иҷрои амалиёти бонки бозхонда гирад:
- маълум гардидани маълумоти нодуруст, ки дар асоси он иҷозатнома дода шудааст;
- ба таъхир андохтани оғози амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбини гардида беш аз як соли баъди дода шуданаш;
- маълум гардидани нодурустии маълумоти ҳисоботи;
- иҷро намудани амалиёти бонки, аз ҷумла амалиёти якдафъагии бонки, ки дар иҷозатнома пешбини нашудааст ;
- иҷро накардани талаботи қонунҳо, инчунин санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ки фаъолияти бонкиро танзим менамоянд, агар дар давоми сол якчанд бор нисбати бонк чораҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" пешбинигардида татбиқ шуда бошанд;
- вазъи ғайриқаноатбахши молиявии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки, ӯҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва кредиторҳо иҷро накардани он, ки барои татбиқи ҷазоҳои пешбиникардаи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" асос шуда метавонад.
Бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки бо дигар асос, ғайр аз асоси пешбиникардаи ин Қонун, мумкин нест.
Хабари бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар нашрияи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як ҳафта пас аз рӯзи қабули қарори дахлдор чоп карда мешавад.
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк
Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшави, ҳамроҳшави, тақсимшави, ҷудошави, табдилёби) ихтиёрии бонк мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии саҳмдорони (ҳиссадорони) бонк ва бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба амал бароварда шавад.
Бонки азнавташкилшаванда ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати як моҳ, аз рӯзи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба азнавташкилдиҳи тамоми амонатгузорон, мизоҷон, кредиторон ва дигар шахсони манфиатдорро бевосита хабардор намояд ва ахбори дахлдорро дар рӯзномаҳо нашр намояд.
Бақайдгирии давлати, ё азнавбақайдгирии бонк, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳи ба вуҷуд омадааст, мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Тартиби азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк, аз он ҷумла тартиби пешниҳод намудани дархост дар бораи гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузаронидани азнавташкилдиҳии ихтиёри ва мӯҳлати баррасии он мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Моддаи 27 (1). Асосҳои розиги надодан барои азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк
Барои азнавташкилдиҳии ихтиёрии бонк ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин розиги дода намешавад:
1) мавҷуд набудани қарори дахлдори мақоми олии бонки азнавташкилшаванда;
2) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторҳо;
3) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани меъёрҳои иқтисоди ва дигар меъёрҳои ҳатми;
4) дар ҳолати гузаронидани азнавташкилдиҳи вайрон намудани қонунгузории зиддиинҳисори .
Моддаи 27 (2). Барҳамдиҳии ихтиёри ва маҷбурии бонк
Бонк дар асоси қарори мақоми олиаш ҳуқуқ дорад барои гирифтани розиги оиди барҳамдиҳии ихтиёри бо дархост ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Ба дархост бояд феҳристи чорабиниҳо оиди мӯҳлат ва давраҳои тайёрии бонк ба қатъкунии фаъолияти худ, ки мақоми олии бонк онро тасдиқ намудааст, ҳисоботи тавозуние, ки оиди кифоягии воситаҳои бонк барои пардохти пурраи ӯҳдадориҳои бонк шаҳодат медиҳад ва дигар маълумоти зарури, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳамроҳ карда шавад.
Бо гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон оиди барҳамдиҳии ихтиёри бонк комиссияи барҳамдиҳиро таъсис медиҳад, ки ба вай тамоми ваколат доир ба идоракунии амвол ва корҳои бонки мегузарад.
Баъди гирифтани розигии барҳамдиҳии ихтиёри бонк ӯҳдадор аст, ки дар ин бора аз тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намояд.
Дар ҳолати кофи набудани воситаҳои бонк барои таъмини талаботи тамоми кредиторон ё ғайриимкон будани анҷоми рафти барҳамдиҳии ихтиёри, бонк маҷбуран барҳам дода мешавад.
Тартиби барҳамдиҳи, хусусияти фаъолияти комиссияи барҳамдиҳии бонкҳои ихтиёран барҳам додашаванда мутобиқи Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барҳамдиҳии маҷбурии бонк дар асоси қарори суд сурат гирифта, мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад .
БОБИ IV. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО ВА ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ АМОНАТГУЗОРОН (ДЕПОЗИТОРҲО)
Моддаи 28. Усулҳои танзими фаъолияти бонкҳо ва ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон (депозиторҳо)
Бо мақсади таъмини устувории молиявии бонкҳо, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорони (депозторони) онҳо, инчунин нигоҳдории суботи системаи пулу қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш танзими фаъолияти бонкҳоро, аз ҷумла бо чунин роҳҳо амали менамояд:
а) муқаррар намудани меъёрҳои иқтисоди ва дигар андозаҳое, ки иҷрояшон барои бонкҳо ҳатми аст, ба шумули меъёрҳои талаботи захирави, фонди талафоти эҳтимоли аз рӯи активҳои шубҳанок ва чоранопазир;
б) баровардани дастуруламалҳо ва дигар санадҳои меъёрие, ки иҷрояшон барои бонкҳо ҳатми аст;
в) тафтишоти фаъолияти бонкҳо;
г) додани тавсияҳо оиди солимгардонии вазъи молиявии бонк;
д) татбиқи чораҳои таъсиррасони нисбати бонкҳо;
е) ҷазо додани бонкҳо.
Бонкҳо вазифадоранд барои ҳимояи манфиати шаҳрвандон, дар вақташ баргардонидани амонатҳо фонди суғуртави ташкил намоянд. Тартиби ташкил намудани фонди суғуртави ва андозаи он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Меъёрҳои иқтисоди ва дигар қоидаю ҳудудҳое, ки риояи онҳо ҳатми аст
Ба таркиби меъёрҳои иқтисодие, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, инҳо дохил мегарданд, ки риоя онҳо аз тарафи бонкҳо ҳатми мебошанд:
а) андозаи камтарини (минималии) сармояи оинномави;
б) андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномави набояд аз 20 фоизи сармояи оинномавии бонк зиёд бошад;
в) андозаи балантарини (максималии) таваккал (риск) ба як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста;
г) меъёри пардохтпазири;
д) меъёри кифояи сармоя;
е) андозаи таввакали асъори, фоизи ва ғайра;
ж) меъёри истифодаи воситаҳои худии бонкҳо барои харидани ҳиссаҳои (саҳмияҳои) дигари шахсони ҳуқуқи;
з) андозаи балантарини қарзҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонк ба иштирокчиёни (саҳомони) худ медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои иловагии иқтисодии ҳатмиро, ки онҳо дар амалияи бонкии байналхалқи истифода бурда мешаванд ва масъулияти бонкҳоро барои вайронкунии меъёрҳои иқтисодии ҳатми муқаррар намояд.
Аҳамияти меъёри ва усулҳои ҳисобкунии меъёрҳои иқтисодии ҳатми, тартиби ҳисобкуни ва андозаҳои мавқеи озоди асъори, дараҷабандии қарзҳо ва таъсиси захираҳо барои талафоти эҳтимоли, усули риояи онҳо ва методикаи ҳисоббаробаркуниҳо, шаклҳои ҳисоботдиҳии дахлдор ва мӯҳлатҳои пешниҳоди он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 30. Тартиби таъсиси фонди захирави ва фонди ҷуброн кардани талафоти эҳтимоли аз рӯи қарзҳо
Ба мақсади пӯшонидани зиёнҳои вобаста ба иҷрои фаъолияти бонки бонкҳо вазифадоранд аз ҳисоби фоидае, ки баъд аз пардохти андоз ба буҷет дар ихтиёри бонк мемонад, фонди захирави таъсис намоянд.
Андозаи камтарини фонди захиравии бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои таъмини дараҷаи зарури ва эътимоднокии фаъолияти худ бонкҳо вазифадоранд мувофиқи хусусият ва миқёси амалиёти гузаронидашаванда дараҷабандии қарзҳои додашуда ва активҳои дигарро амали намуда, қарзҳои шубҳанок ва чоранопазирро ҷудо кунанд ва дар баробари онҳо захираи ҷуброн кардани талафоти эҳтимолиро оиди қарзҳо бо тартиб ва шароите, ки Бонки милии Тоҷикистон муқаррар мекунад, таъсис диҳанд.
Тартиби дараҷабандии қарзҳо ва андозаи захира барои ҳар намуди қарзҳои дараҷабандишударо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 31. Тафтиши фаъолияти бонкҳо
Тафтиши фаъолияти бонкҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи муайяннамудаи Қонун мустақилона сурат мегирад.
Бонкҳо вазифадоранд ба мақоми тафтишкунанда оид ба масъалаҳое, ки дар супориши Бонки миллии Тоҷикистон доир ба тафтиши онҳо нишон дода шудаанд, мусоидат кунанд, инчунин имконияти пурсидани ҳар шахси мансабдор ва коркун, рухсат доданро ба ҳар манбаъҳои ахбори барои гузаронидани тафтиш зарури таъмин намоянд.
Коркунони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи ошкор намудан ва ё ба шахсони дигар додани маълумотҳои дар рафти санҷиши фаолияти бонкҳо ба дастовардаашонро надоранд.
Шахсоне, ки тафтиш мегузаронанд, барои фош кардани маълумоти дар рафти тафтиши бонкҳо ба даст овардашуда, ки сирри бонки ё сирри тиҷоратиро ташкил медиҳанд, ҷавобгар мебошанд .
Мақомоти андоз метавонад бонкро аз рӯи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонки назорат намояд .
Ҳамаи дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои (шӯъбаҳои) онҳо наметавонанд фаъолияти бонкҳоро тафтиш намоянд. Муносибати байни онҳо ва бонкҳо ба тартибе, ки моддаи 32 ин Қонун муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Моддаи 32. Сирри бонки
Сирри бонкиро инҳо ташкил медиҳанд:
- маълумотҳо дар бораи маблағи пули нақд ва соҳибони онҳо;
- рақами ҳисобҳои амонатгузорон, мизоҷон ва корреспондентҳои бонк;
- воситаҳои пулии боқимонда дар ҳисобҳо ва ҳаракати пул дар ин ҳисобҳо ва ҳисобҳои худи бонк;
- амалиёти бонк, ки бо супориши мизоҷон ва ё ба фоидаи онҳо иҷро шудаанд;
- маълумотҳое, ки мизоҷони бонк ошкор намудани онҳоро намехоҳанд;
- маълумотҳо дар бораи маблағи мавҷуда, соҳибони онҳо, хусусият ва арзиши амволи мизоҷон, ки барои нигоҳдори дар сандуқҳои сейфи, ҷевонҳо ва хонаҳои бонкҳо мавҷуданд.
Бонкҳо ба махфи нигоҳ доштани маълумотҳое, ки сирри бонкианд кафолат медиҳанд.
Шахсони мансабдор, коркунони бонкҳо ва шахсони дигар, ки бинобар иҷрои вазифаҳои хизматии худ маълумотҳои дорои сирри бонкиро дастрас намудаанд, барои фош намудани онҳо ба ҷавобгарии ҷинои кашида мешаванд, ба истиснои мавридҳое, ки дар қисмҳои чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми ин модда пешбини шудаанд.
Сирри бонки фақат ба соҳиби ҳисоб (амвол), ба ҳар шахси сеюм дар асоси розигии хаттии соҳиби ҳисоб (амвол), ки дар лаҳзаи ҳузурдошти он шахс дар бонк дода шудааст, инчунин ба шахсони дар қисмҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми ин модда зикршуда ошкор карда шуда метавонад.
Маълумотҳое, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, ба мақомоти зайл дода мешаванд:
а) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешаки: аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғоз кардашуда ва дар истеҳсолотбуда дар асоси қарори таҳқиқкунанда ё муфаттиш, ки мувофиқан аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори вилоят, шаҳр ё ноҳия тасдиқ шудааст.
б) ба судҳо: аз рӯи парвандаҳои ҷинояти,шаҳрванди ва парвандаҳои оид ба қонунвайронкунии маъмури дар асоси таъиноти суд дар ҳолате, ки мизоҷи бонк яке аз тарафҳои парванда бошад;
в) ба мақомоти андоз: аз рӯи масъалаҳои пардохти андоз аз тарафи шахсони тафтишшавандаи ҳуқуқи ва воқеи дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз ва дар сурати пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оиди тафтиши онҳо.
Маълумотҳо дар бораи маблағи боқимонда ва ҳаракати воситаҳои пули дар ҳисоби шахси воқеи, дар бораи хусусият ва арзиши амволе, ки дар сандуқҳои сейфи ва хонаҳои бонк нигоҳдошта мешавад, инчунин маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳад, ба инҳо дода мешавад:
а) ба намояндаҳои шахси воқеи: дар асоси ваколатномаи ба таври нотариали тасдиқ кардашуда;
б) ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешаки: аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии оғоз кардашуда ва дар истеҳсолоти онҳо буда, вақте ки воситаҳои пули ва амволи шахси воқеи мумкин аст мавриди ҷарима ё мусодира қарор дода шавад;
в) ба судҳо: аз рӯи парвандаҳои дар истеҳсолоти онҳо буда дар асоси таъиноти суд дар ҳолатҳое, ки воситаҳои пули ва дигар амволи шахси воқеи, ки дар ҳисобҳо ҳастанд ё дар бонк нигоҳ дошта мешаванд, мавриди ҷарима ё мусодира қарор дода шаванд;
г) ба мақомоти андоз: аз рӯи масъалаҳое, ки дар банди ,в, қисми панҷуми ин модда зикр ёфтаанд.
Маълумотҳо дар бораи мавҷуд будани ҳисобҳои шахси воқеи ва дар бораи воситаҳои пулии дар онҳо боқимонда, инчунин маълумот дар бораи маблағи мавҷуда, хусусият ва арзиши амволи он, ки дар сандуқҳои сейфи,ҷевонҳо ва хонаҳои бонк нигоҳ дошта шудаанд, дар сурати вафоти соҳибаш ба инҳо дода мешавад:
а) ба шахсоне, ки аз тарафи соҳиби ҳисоб (амвол) дар васиятнома зикр шудаанд;
б) ба судҳо ва идораҳои нотариали: аз рӯи парвандаҳои оид ба мерос, ки дар истеҳсолоти онҳо мебошанд;
в) ба муассисаҳои консулгарии хориҷи: аз рӯи парвандаҳои оид ба мерос, ки дар истеҳсолоти онҳо мебошанд.
Бонкҳо бо мақсади таъмини амнияти амволи бонк ва сирри бонки ҳақ доранд, хадамоти посбонии худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори онҳоро бо воситаҳои зарурии техники, силоҳ ва лавозимоти дигар таъмин намоянд .
Хориҷ карда шуд .
Моддаи 33. Ҳабс намудан ва ситонидани воситаҳои пулию дигар амволи қиматноке, ки дар бонкҳо мавҷуданд
Воситаҳои пули ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки дар ҳисоб ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигоҳ дошта мешаванд, фақат бо қарори суд, инчунин бо қарори мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешаки, ки онро прокурор тасдиқ кардааст, ҳабс карда мешаванд.
Дар сурати ҳабс намудани воситаҳои пулии дар ҳисобҳо ва пасандозҳо буда, бонк баъди гирифтани қарор дар бораи ҳабс намудан фавран амалиёти додани маблағро аз ҳисоби (пасандози) мазкур дар ҳудуди маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад.
Ситонидани воситаҳои пули ва дигар амволи қиматноки шахсони ҳуқуқи ва воқеи, ки дар ҳисобҳо ва пасандозҳо мавҷуданд ё дар бонк нигаҳдори мешаванд, фақат дар асоси варақаҳои иҷрои ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Бонк, Бонки миллии Тоҷикистон барои зиёне, ки дар натиҷаи ғайриқонуни ҳабс намудан ё ситонидани маблағҳо аз воситаҳои пули ва дигар амволи қиматноки мизоҷон расонида мешавад ғайр аз ҳолатҳое, ки дар Қонун пешбини гардидааст ҷавобгар намебошанд. Ин зиён мувофиқи тартиби пешбининамудаи Қонун рӯёнида мешавад .
Воситаҳои пули ва дигар амволи қиматнок фақат дар асоси ҳукми қувваи қонуни пайдокардаи суд мусодира карда мешавад.
Моддаи 34. Меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо ва инъоми комиссиони аз рӯи амалиёти бонки
Меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо ва инъомҳои комиссиони аз рӯи амалиёт ва хизматҳо аз тарафи бонк бо мувофиқаи мизоҷон муқаррар карда мешаванд.
Бонк ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои додашуда, амонатҳо, инъомҳои комиссиони ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо мизоҷон басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои мавридҳое, ки дар шартномаи бо мизоҷон басташуда пешбини гардидааст.
Моддаи 35. Муносибати байни бонкҳо ва мизоҷони онҳо
Муносибати байни бонкҳо ва байни бонкҳою мизоҷони онҳо, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, дар асоси шартнома сурат мегирад .
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа амонатгузорони бонк буда метавонанд. Онҳо дар интихоби бонк барои амонат гузоштани воситаҳои пулии худашон озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд бонк амонат гузоранд, ба амонати худ ихтиёрдори кунанд, аз онҳо фоида гиранд, мувофиқи шартнома ҳисоббаробаркунии ғайринақди намоянд.
Дар шартнома бояд меъёрҳои фоизии қарзҳо ва амонатҳо, арзиши хизматрасонии бонки ва мӯҳлати иҷрои онҳо, аз ҷумла мӯҳлати таҳияи ҳуҷҷатҳои пардохт, ҷавобгарии амволии тарафҳо барои вайрон кардани шартнома, ба шумули вайронкунии ӯҳдадориҳои мӯҳлати пардохт, инчунин тартиби бекор кардани он ва дигар шартҳои муҳими шартнома зикр карда шавад.
Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, мизоҷони бонк ҳуқуқ доранд дар як ё якчанд бонк суратҳисоб кушоянд .
Тартиби дар бонкҳо кушодан, бурдан ва бастани ҳисобҳои мизоҷон бо асъори милли ва хориҷи аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Тартиби гузаронидани амалиётҳои бонки ошкоро буда, наметавонад сирри бонки шавад. Меъёри мазкур тартиби гузаронидани амалиёти мушаххасро бо супориши мизоҷ фаро намегирад .
Бонк ӯҳдадор аст бо талаби аввалини мизоҷ маълумотро дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти бонки, дар бораи таваккал (риск) ва хароҷоти имконпазир , ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки, тавозуни муҳосибави, ҳисобот дар бораи фоидаю зарар ва хулосаи аудитории соли гузашта, инчунин тавозунҳои ҳармоҳаи муҳосибавии соли ҷориро пешниҳод намояд .
Моддаи 36. Ҳисоббаробаркуни аз тарафи бонк
Бонк ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи қоидаҳо, шаклҳо ва стандартҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва дар сурати набудани қоидаҳои гузаронидани намудҳои алоҳидаи ҳисоббаробаркуни аз рӯи мувофиқаи тарафҳо, дар сурати амали намудани ҳисоббаробаркунии байналхалқи - ба тартибе, ки қоидаҳои дар амалияи байналхалқии маъмул муқаррар кардаанд, амали менамояд.
Бонк вазифадор аст интиқоли маблағи мизоҷ ва ба ҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амали намояд, агар дар Қонун, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт тарзи дигар муқаррар нашуда бошад .
Дар сурати дер ё нодуруст ба ҳисоби мизоҷи худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани воситаҳои пули бонк, Бонки миллии Тоҷикистон бояд барои ҳар рӯз ба маҷмӯи ин маблағ аз рӯи фоизи маблағдиҳии Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.
Моддаи 37. Қоидаҳои зиддимонополи
Бонкҳо наметавонанд барои монополи намудани хизматрасонии бонки шартномаҳо банданд, инчунин барои маҳдудсозии рақобат дар кори бонки бо маслиҳат амал кунанд.
Ҳеҷ бонк ҳукуқ надорад, ки ба мизоҷ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт монад, ки ҳатман аз дигар хизматҳои бонк ё муассисаи дигар низ истифода барад. Ягона истисно он аст, ки бонк метавонад аз мизоҷ нигоҳ доштани маблағи муайянро дар суратҳисоби дар ин бонк доштааш ҳамчун кафолати баргардонидани қарз ё пули хизматрасони талаб намояд.
Гирифтани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонкҳо, инчунин бастани шартномаҳое, ки назоратро ба фаъолияти бонкҳо ( гурӯҳи бонкҳо) пешбини мекунанд, набояд хилофи қоидаҳои зиддимонополи бошанд.
Риояи қоидаҳои зиддимонополи дар соҳаи хизматрасонии бонкҳо аз тарафи мақоми давлатии зиддиинҳисори якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон назорат карда мешавад .
Барои бонкҳо бевосита машғул шудан бо фаъолияти истеҳсоли, тиҷорати ё миёнарави манъ аст, ба истиснои мавридҳо ва дар андозае, ки банди 7 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муайян кардааст.
Моддаи 38. Таъмини бозгардонии қарзҳо
Қарзҳое, ки бонк медиҳад, бо гарави амвол, аз ҷумла коғазҳои қиматноки давлати, кафолатҳои бонки ва усулҳои дигар, ки Қонун ва шартнома пешбини намудаанд, таъмин карда шуда метавонанд .
Дар сурати аз тарафи қарзгир вайрон кардани ӯҳдадориҳои шартнома бонк метавонад қарзҳои додашуда ва фоизҳои барои онҳо ҳисобкардашударо пеш аз мӯҳлат ситонад, агар ин дар шартнома пешбини гардида бошад, инчунин аз амволи ба гарав монда бо тартиби дар Қонун муқарраргардида маблағи лозимиро ситонад .
Моддаи 39. Муфлис (ғайриқобили пардохт) донистани қарздорон ва пардохти қарзҳо
Бонки қарздиҳанда ҳуқуқ дорад нисбати қарзгир , ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи қарз иҷро намекунад, чунин тадбирҳо андешад:
- қарзи нав надиҳад;
- воситаҳои пулиеро, ки дар ҳар суратҳисоби қарзгир дар ин бонк мавҷуд аст ситонад (агар дар ин бора дар шартномаи қарз гуфта шуда бошад);
- мувофиқи қонун ба суд бо ариза дар бораи муфлис донистани қарздори ғайриқобили пардохт муроҷиат кунад.
Моддаи 40. ӯҳдадориҳои бонкҳо оид ба таъмини нигаҳдории амонати аҳоли
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ғайри қобили пардохт будани Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати пурраи воситаҳои пули ва дигар ашёи қиматноки шахсони воқеиро, ки ба муассисаҳои ин бонк супурда шудаанд дода, бо талаби аввалини амонатгузорон баргардонидани онҳоро таъмин менамояд. Давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои бонкҳои дигар масъулият надорад.
Бонкҳои дигар ба ин мақсад фонди суғуртави ташкил медиҳанд ё пасандозҳои аҳолиро ба тартиб ва шартҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, суғурта мекунанд.
БОБИ V. БАҲИСОБГИРИИ БУХГАЛТЕРИ ВА НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКҲО
Моддаи 41. Қоидаҳои баҳисобгирии бухгалтери дар бонкҳо
Тартиб ва қоидаҳои баҳисобгирии бухгалтери дар бонкҳо, феҳрист, шаклҳо ва мӯҳлатҳои пешниҳодкунии ҳисобҳои дигар, инчунин масъулият барои вайронкунии мӯҳлати пешниҳоди ҳисобҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Бонкҳо вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи талабаш ҳамагуна маълумотро оиди воситаҳои худ, аз ҷумла он чи дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, амонатҳои қабулкардашудаю нигоҳдошташаванда ва қарзҳои додашуда, амалиёти бонкии иҷрошуда ё иҷрошаванда ва маълумотҳои дигар, ҳамчунин маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, пешниҳод намоянд.
Барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани сирри бонки ё ба шахсони сеюм додани маълумоте, ки дар рафти амали намудани ҳуқуқҳои дар қисми дуюми ин модда муқарраргардида ба даст овардаанд, манъ аст.
Тамоми принсипҳои ҳисоббаробаркунии бухгалтери ва планҳои ҳисобҳои бонки барои бонкҳо ҳамчунин тартиби пешниҳоди ҳисоботи молиявии онҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии бухгалтери муқаррар карда мешавад.
Моддаи 42. Тафтиши аудитории бонк
Фаъолияти бонк бояд ҳар сол аз тарафи ташкилоти аудитори (аудитор), ки барои гузаронидани санҷиши аудитори иҷозатнома дорад, мувофиқи стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии бухгалтери мавриди тафтиши аудитори қарор гирад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоме мебошад, ки ҳуқуқ дорад барои гузаронидани тафтиши аудитории фаъолияти бонк иҷозатнома диҳад.
Тафтиши аудитории бонк мутобиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
Тафтиши аудитории фаъолияти бонк бо мақсади зерин гузаронида мешавад:
-муайян намудани дурустии сармояи хусуси ва вазъияти молиявии бонк;
-сари вақт, пурра ва аниқ инъикос намудани амалиёти бонкии гузаронидашуда дар ҳисобҳо ва ҳисобот;
-ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ будани амалиёти бонкии гузаронидашуда;
-мувофиқ будани амалиёти бонкии гузаронидашуда ба шароити умумии гузаронидани онҳо, инчунин мувофиқ будани тартиби гузаронидани амалиёти бонки ба қоидаҳои дохилии бонк.
Ташкилоти аудитори (аудитор) натиҷаи тафтиш ва фикри худро дар хулосае, ки ба Шӯрои (Раёсати) бонк пешниҳод мекунад, баён менамояд. Дар он бояд дурустии ҳисоботи молиявии пешниҳоднамудаи бонк, аз тарафи он иҷро намудани меъёрҳои ҳатмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, вазъи назорати дохили ва қоидаҳои дигар, ки қонунгузории ҷумҳури ва оиннома муайян кардаанд, зикр карда шаванд.
Ташкилоти аудитори (аудитор) бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи талаби он нусхаи хулоса ва маълумотро дар бораи тафтиши аудитории гузаронидашуда пешниҳод кунад.
Вазоратҳо, мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ревизия ( аудит) ё тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии бонк ҳуқуқ надоранд.
Аудити дохили аз тарафи хадамоти дохилии бонк ё комиссияи тафтишотии он сурат мегирад.
Моддаи 43. Пешниҳод ва нашр намудани ҳисобот
Бонкҳо баъди хатми соли молияви на дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро пешниҳод мекунанд:
ҳисоботи молиявии бо хулосаи аудитор тасдиқ карда шуда;
ахборот дар бораи фаъолияти худ ва амалиёти соли гузашта.
Бонкҳо ҳисоботи солона, аз ҷумла баланси солона ва ҳисоботи фоидаю зиёнро мувофиқи шакл ва мӯҳлати муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, баъди аз тарафи ташкилоти аудитори (аудитор) тасдиқ намудани маълумоти дар онҳо пешниҳодшуда ва тасдиқ намудани баланси солона ва ҳисоботи фоидаю зиён аз тарафи маҷлиси солонаи саҳомони бонк, чоп мекунанд.
БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 44. Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки
Ташкилотҳои молиявии ғайрибонки - шахсони ҳуқуқи буда, бонк намебошанд ва дар асоси иҷозатнома ҳуқуқ доранд баъзе амалиёти бонкиро иҷро карда, ба шахсони воқеи ва корхонаҳо аз ҷиҳати молияви хизмат расонанд. Аммо хизматрасонии онҳо ба таври бевосита ё бавосита, ба ҳеҷ андоза ба фаъолияти тиҷорати, суғуртави ё саноати ҷалб карданро бояд дарбар нагирад .
Мақом, тартиби таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, феҳристи амалиёти бонкие, ки онҳо иҷро мекунанд ва асосҳои иҷозатнома барои он, маҳдудиятҳои эҳтимолии фаъолияти онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" тавассути санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 45. Ҷавобгари барои вайронкунии ин Қонун
Дар сурати аз тарафи бонкҳо бе иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани амалиёти бонки даромад аз ин амалиётҳо дар асоси қонун бечуну чаро мусодира карда мешавад.
Тафтиши аудитории фаъолияти бонк, ки аз тарафи ширкати аудитори (аудитор) бе иҷозатнома гузаронида шудааст, эътибор надорад ва ҳамаи даромад аз ин фаъолият ба тартиби муқарраркардаи қонун ситонида мешавад .
Бонкҳо барои паҳн кардани рекламае, ки ба ҳақиқат мувофиқ намебошад, инчунин шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонки надоранд, барои паҳн кардани реклама дар бораи хизматрасоние, ки ба категорияи амалиёти бонки дохил мешавад, мувофиқи қонун мавриди ҷавобгари қарор мегиранд .
Бонк барои гумроҳ сохтани шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо роҳи надодани маълумот, додани маълумоти нодуруст ё нопурра мутобиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигар ҷавобгар аст.
Моддаи 46. Ҷавобгарии хизматчиёни бонк
Хизматчиёни бонк вазифадоранд нигаҳдории амвол ва ашёи киматноки ба бонк таалуқдошта, инчунин амвол ва ашёи қиматноки шахсони ҳуқуқи ва воқеиро, ки бонк барои нигоҳдори қабул кардааст, таъмин намоянд.
Дар сурати ба вайронкунии ҷидди роҳ додани шахси мансабдори бонк, ки боиси талафоти модди гардида ё ба вазъи молявии бонк таъсир расонидааст, роҳбари бонк ба тартибу андозае, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мавриди ҷавобгари қарор мегирад.
Моддаи 47. Баррасии баҳсҳо
Бонкҳо ва шахсони дигар ҳуқуқ доранд нисбати амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти бонки ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд.
Бонк ҳақ дорад оид ба амал ё беамалии Бонки милии Тоҷикистон бо дархосту ариза ба он муроҷиат намояд ва Бонки милли дар навбати худ вазифадор аст, ки аз рӯи моҳияти масъалаҳои баёнёфта дар давоми як моҳ ҷавоб диҳад .
Баҳси байни бонкҳо ва мизоҷони онҳо (шахсони воқеи ва ҳуқуқи ) бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
23 майи соли 1998 № 648