×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 № 611 "Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 362 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ

Ин Қонун вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолияти мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазифаҳои мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мақомоти амнияти давлатӣ) ҳамчун қисми таркибии неруҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти таъиноти махсус тааллуқ доранд.

Вазифаи мақомоти амнияти давлатӣ таъмини амнияти шахсият ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки тавассути меъёрҳои умумӣ эътирофшудаи ҳуқуқӣ байналхалқӣ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҷамъият - арзишҳои моддӣ ва маънавии он ва давлат - сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти ҳудудии он мебошад.

Моддаи 2. Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ

Фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ дар асоси принсипҳои зайл сурат мегирад:

қонуният;

эҳтиром ва риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

инсондӯстӣ;

ягонагии системаи мақомоти амнияти давлатӣ ва мутамарказонии идоракунии онҳо;

пинҳонкорӣ, ба ҳам алоқамандкунии усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;

яккасардорӣ;

баробарии ҳама дар назди қонун;

ғайриҳизбият.

Моддаи 3. Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ

Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти амнияти давлатиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои дахлдори байналмилалй, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо аст, ташкил медиҳанд.

Моддаи 4. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ амалӣ намудани фаъолияташон

Мақомоти амнияти давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти худ ӯҳдадоранд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро риоя кунанд.

Давлат риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ амалӣ намудани фаъолияти худ кафолат медиҳад. Маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба истиснои мавридҳое, ки Қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Истифодаи усул ва воситаҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон зиён доранд ё ба муҳити атроф зарар мерасонанд, манъ аст.

Агар шахс тасаввур кунад, ки аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ, ва озодиҳои ӯ вайрон карда шудаааст, метавонад нисбати амалӣ ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақоми болоии амнияти давлатӣ, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Маълумот дар бораи ҳаёти хусусӣ, ки дар рафти фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ ба даст оварда шуда ва ба шаъну эътибори шаҳрванд мерасад ё ба манфиатҳои қонунии вай зиён расонида метавонад, аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ бе розигии ихтиёрии шаҳрванд ба ҳеҷ кас хабар дода шуда наметавонад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.

Дар сурати аз тарафи кормандони мақомоти амнияти давлатӣ вайрон кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, роҳбари мақоми дахлдори амнияти давлатӣ вазифадор аст ба тартибе, ки қонун пешбинӣ намудааст, барои барқарор намудани ин ҳуқуқ ва озодиҳо, ҷуброни зарари расонидашуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гуннаҳкор чораҳо андешад.

Шахсони мансабдори мақомоти амнияти давлатӣ, ки ба суиистеъмоли ҳокимият ё баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ роҳ додаанд, ба ҷавобгарие, ки қонун пешбинӣ намудааст, кашида мешаванд.

Моддаи 5. Ғайриҳизби будани мақомоти амнияти давлатӣ

Дар мақомоти амнияти давлати таъсис додани сохторҳои ташкилӣ ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятй, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин бурдани таблиғоти идеологияи онҳо, манъ аст.

Моддаи 6. Ҳамкории мақомоти амнияти давлати бо мақомоти давлати, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон

Мақомоти амнияти давлати вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлати, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шахсони мансабдор, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иҷро менамоянд.

Мақомоти давлати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба мақомоти амнияти давлати дар таъмини амнияти давлат мусоидат намоянд.

Мақомоти амнияти давлати метавонанд аз имкониятҳои дигар неруҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун истифода баранд.

Мақомоти амнияти давлати дар ҳалли вазифаҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ба тартиб ва шарту шароите, ки дар қонун ва шартномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳамкорӣ кунанд.

Моддаи 7. Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақомоти амнияти давлатӣ ба хизмати ҳарбӣ (кор) дохил мегарданд, инчунин ба маълумот дар бораи мақомоти амнияти давлати иҷозат пайдо мекунанд, аз расму қоидаи додани иҷозат ба маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, мегузаранд, агар қонун тартиби дигаре муқаррар накарда бошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маълумот дар бораи мақомоти амнияти давлати, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, иҷозат пайдо кардаанд, барои фош кардани онҳо мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо ва материалҳое, ки онҳо дар бораи ҳайати кадрҳои мақомоти амнияти давлати, дар бораи шахсони дар асоси маҳрамона ба ин мақомот ёридиҳанда ё ёридода, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усулҳо ва воситаҳои фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолияти аз тарафи мақомоти амнияти давлати бурдашаванда маълумот доранд, бояд фақат дар бойгонии мақомоти амнияти давлати маҳфуз дошта шаванд.

Парвандаҳои ҷиноӣ, ки тафтишашон ба мақомоти амнияти давлати тааллуқ дорад, баъди баррасии онҳо дар суд ва қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукм, бояд дар бойгонии дахлдор ба тартибе, ки санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байниидоравии вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор муайян мекунанд, маҳфуз дошта шаванд.

БОБИ II. СИСТЕМАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 8. Системаи мақомоти амнияти давлатӣ

Мақомоти амнияти давлати системаи ягонаи марказонидашударо ташкил медиҳанд, ки ба он инҳо дохил мешаванд:

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (мақомоти минтақавии амнияти давлати);

Шӯъбаҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қушунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин дар мақомоти идоракунии онҳо (мақомоти амнияти давлати дар қӯшунҳо).

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти худ корхонаҳо, муасисаҳои таълимӣ, муассисаҳои ҳарбии тиббӣ, инчунин чузъу томҳои таъиноти махсус дорад.

Таъсис додани мақомоти амнияти давлати, ки дар ин Қонун пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

Моддаи 9. Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳоро дар соҳаи таъмини амнияти давлатӣ ба тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод менамояд;

сиёсати давлатиро дар соҳаи амнияти давлатӣ ба амал мебарорад;

самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлатиро ташкил ва бевосита амалӣ менамояд;

мақомоти минтақавии амнияти давлатӣ ва мақомоти амнияти давлатиро дар қӯшунҳо таъсис медиҳад, ба онҳо роҳбарӣ мекунад ва фаъолияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаашон гузоштааст, ташкил менамояд;

ба тартиби муқарраршуда дар бораи сохтори умумӣ ва шумораи ҳайати шахсии мақомоти амнияти давлатӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои таъминоти онҳо, таклифҳо пешниҳод менамояд;

дар таҳияи доктринаи ҳарбии давлат, консепсияҳои амнияти ҳарбӣ ва сиёсати хориҷӣ иштирок менамояд;

марказҳои тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро таъсис медиҳад, баровардани нашрияҳои махсусро таъмин менамояд;

иҷрои қонунҳоро дар соҳаи амнияти давлатӣ таъмин мекунад ва дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр менамояд;

бо хадамоти дахлдори махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ваколатҳои дигари Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Низомномаи дахлдор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

Моддаи 10. Мақомоти минтақавии амнияти давлатӣ ва мақомоти амнияти давлатӣ дар қӯшунҳо

Дар фаъолияти оперативию хизматии худ мақомоти минтақавии амнияти давлатӣ, мақомоти амнияти давлатӣ дар қӯшунҳо аз маъмурияти объектҳо ва территорияҳо, фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки дар онҳо ҷузъу томи мақомоти амнияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, инчунин аз мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мустақил буда, дар тобеияти бевоситаи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Роҳбарони мақомоти территориавии амнияти давлатӣ ва мақомоти амнияти давлатӣ дар қӯшунҳо бо тартиби муқарраршуда аз тарафи Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.

Моддаи 11. Ҷузъу томҳои таъиноти махсус

Ҷузъу томҳои таъиноти махсус ба мақсади пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар қасдҳои ҷинояткоронаи барои шахсият, ҷамъият ва давлат махсусан хавфнок, ташкил карда мешаванд.

БОБИ III. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 12. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ аз инҳо иборатанд:

фаъолияти разведкавӣ;

фаъолияти зиддиразведкавӣ;

фаъолият оид ба таъмини мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлати бо намудҳои махсуси алоқа ва ахборот (минбаъд алоқа ва ахбороти давлатӣ);

муҳофизати давлатии баъзе шахсони мансабдори давлатӣ, инчунин баъзе шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ мебошанд (минбаъд - муҳофизати давлатӣ);

мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ.

Самтҳои дигари фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ фақат тавассути қонун муайян карда мешаванд.

Маълумот дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои иҷрои фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолиятҳо, ки тавассути мақомоти амнияти давлатӣ сурат мегиранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" сирри давлатиро ташкил медиҳанд.

Моддаи 13. Фаъолияти разведкавӣ

Фаъолияти разведкави тавассути мақомоти амнияти давлатӣ дар ҳудуди салоҳияташон ба мақсади ба даст овардани ахбороте, ки ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, сурат мегирад.

Тартиби гузаронидани чорабиниҳои разведкави инчунин тартиби иҷрои усулҳо ва воситаҳои махфӣ дар амалӣ намудани фаъолияти разведкави мувофиқи ин Қонун бо санадҳои меъёрии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 14. Фаъолияти зиддиразведкавӣ

Фаъолияти зивдиразведкавӣ - фаъолияти мақомоти амнияги давлатӣ барои ошкор намудан, огоҳонидан ва пешгирӣ кардани фаъолияти разведкави ва дигар фаъолияти хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони алоҳида, ки мақсади зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, равона карда мешавад.

Барои иҷрои фаъолияти зиддиразведкавӣ аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ инҳо асос мешаванд:

а) мавҷуд будани маълумотҳо дар бораи фактҳо ва аломатҳои фаъолияти разведкави ё дигар фаъолияти хадамоти махсус ё ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони алоҳида, ки мақсади зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;

б) зарурати таъмини ҳифзи маълумотҳое, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд;

в) зарурати омӯхтани (тафтиши) шахсоне, ки ба мақомоти амнияти давлатӣ дар асоси пинҳонӣ ёрй мерасонанд ё ёрӣ додаанд;

г) зарурати таъмини амнияти худӣ.

Феҳристи асосҳо барои иҷрои фаъолияти зиддиразведкавӣ қатъӣ буда, мумкин аст тавассути қонун тағйир дода ё илова карда шаванд.

Дар рафти фаъолияти зиддиразведкавӣ мақомоти амнияти давлатӣ аз усулҳо ва воситаҳои аёнӣ ва махфӣ истифода бурда метавонанд, ки хусусияти хоси онҳоро шароити ин фаъолият муайян мекунад.

Тартиби истифодаи усул ва воситаҳои махфии иҷрои фаъолияти зиддиразведкавӣ мувофиқи ин Қонун бо санадҳои меъёрии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Иҷрои фаъолияти зиддиразведкавӣ, ки ба маҳрамияти мукотиба, гуфтугӯи телефонӣ, алоқахои почтавӣ, телеграфӣ ва дигар алоқаҳои шаҳрвандон, инчунин ба ҳуқуқи дахлнопазирии манзил дахл мекунад, ба тартибе, ки қонун пешбинӣ намудааст, мумкин аст.

Моддаи 15. Фаъолият дар соҳаи алоқа ва ахбороти ҳукуматӣ

Фаъолият дар соҳаи алоқа ва ахбороти ҳукуматӣ, ки тавассути мақомоти амнияти давлатӣ сурат мегирад, инҳоро дар назар дорад:

ташкил ва таъмини истифодабарӣ, амният, инкишоф ва такмил додани алоқаи ҳукуматӣ, дигар намудҳои алоқаҳои махсус ва системаи ахбороти махсус барои мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла дар давраи махсус;

таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи салоҳияти худ;

ташкил ва таъмини амнияти криптографӣ ва муҳандисию техникии алоқаи рамзӣ дар ҷумҳурӣ ва муассисаҳои он дар хориҷа;

таъмини мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ бо ахбороти махсус.

Моддаи 16. Фаъолият дар соҳаи муҳофизати давлатӣ

Фаъолият дар соҳаи муҳофизати давлатӣ, ки тавассути мақомоти амнияти давлатӣ сурат мегирад, таъмини амният ва муҳофизати объектҳои муҳофизатшавандаи давлатиро дар назар дорад.

Феҳристи объектҳои муҳофизати давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо

Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ки тавассути мақомоти амнияти давлатӣ сурат мегирад, огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳоеро, ки тафтиши онро қонун ба зиммаи онҳо вогузор кардааст, дар назар дорад.

БОБИ IV. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 18. ӯҳдадориҳои мақомоти амнияти давлатӣ

Мақомоти амнияти давлатӣ мувофиқи вазифаҳое, ки ин Қонун ба зиммаи онҳо гузоштааст, ӯҳдадоранд:

1) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супоришҳои онҳо ба дигар мақомоти давлатӣ дар бораи масъалаҳои таъминоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот диҳанд;

2) барои таъмини амнияти манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва манфиатҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти разведкавӣ баранд;

3) барои ошкор намудан, огоҳонидан ва пешгирӣ кардани фаъолияти разведкавию харобкории хадамоти махсуси ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, мубориза ба муқобили терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" қочоқ, ришваситонӣ, инчунин ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба манфиатҳои амнияти давлат дахолат мекунанд фаъолияти зиддиразведкавӣ баранд;

4) аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор намудааст, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ гузаронанд;

5) ба мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткориҳо, ки тафтиши онҳо тавассути қонун ба салоҳияти мақомоти амнияти давлатӣ вогузор шудааст, чорабиниҳои огоҳонӣ ва пешгирикунӣ тартиб дода, онҳоро амалӣ намоянд, нисбати шахсоне, ки чунин ҷиноят содир кардаанд ё дар содир намудани он гумонбар мебошанд, чораҳои оперативию ҷустуҷӯиро амалӣ намоянд, _баҳисобгирии ин шахсонро ташкил кунанд;

6) оид ба таъмини амнияти давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мақомот ва қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати полисӣ андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумхурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки дар тобеъияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ кунанд;

7) шахсонеро, ки дар изоляторҳои тафтишотии тобеъияти идоравӣ нигоҳ допгга шудаанд, посбонӣ кунанд;

8) дар таҳия ва ба амал баровардани чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти объектҳои саноати мудофиа, нақлиёт, алоқа ва дигар объектҳои муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки феҳристи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, иштирок намоянд;

9) оид ба ҳифзи сирри давлатӣ кори зиддиразведкавиро ташкил кунанд: дар таъмини ҳифзи сирру асрор ба вазорату, идораҳо, инчунин корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ёрии методӣ расонанд, инчунин дар ҳудуди салоҳияти худ ба фаъолияти онҳо дар ин соҳа назорат кунанд;

10) дар доираи ваколатҳои худ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешанд;

11) мувофиқи салоҳияти худ ба фаъолият тайёр будани нуқтаҳои идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вақти ҷанг таъмин намоянд, тайёрии сафарбарии худро таъмин намоянд;

12) дар чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дар объектҳои муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ, инчунин мувофиқи қонун дар таъмини низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда ё ҳолати ҳарбӣ, дар сурати ҷорӣ намудани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он, иштирок кунанд;

13) якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ оид ба таъмини амният ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, тадбирҳо андешанд;

14) дар чорабиниҳо оид ба огоҳонӣ, пешгирикунӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии бетартибиҳои оммавӣ иштирок кунанд;

15) оид ба таъмини амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳо, инчунин дигар муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он дар хориҷа тадбирҳо андешанд;

16) дар тартиб додани чорабиниҳо ва ҳалли масъалаҳое, ки ба рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа, инчунин омаду рафти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷое ба ҷое дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаракат кардани онҳо дахл доранд, ипггирок кунанд;

17) бо талаби мақомоти босалоҳияти давлати доир ба шахсони алоҳида, бинобар ҳалли масъалаи иҷозат додани онҳо ба ахбороти махфӣ, дархост дар бораи қабул намудан, барқарор кардан ё маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа маълумоти даркорӣ пешниҳод намоянд;

18) дар таъмини амнияти боркашониҳои махсус дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дигар намудҳои нақлиёт иштирок кунанд;

19) якҷоя бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳое, ки ба манфиатҳои амнияти давлати дахл доранд, тадқиқот ва пешгӯикунӣ гузаронанд;

20) ба мақсади қонеъгардонии талаботи ҷузъу томҳоӣ оперативии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ахборотию таҳлилӣ баранд. Коркардабароӣ, истеҳсол ва истифодаи системаҳои автоматии ахборотию таҳлилиро амалӣ намоянд, якҷоя бо хадамоти махсуси давлатҳои дигар барои таъминоти иттиолоотии ҷузъу томҳои манфиатдори Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои маълумоти таъсис диҳанд;

21) аз намудҳои махсуси алоқа (ҳукуматӣ, рамзӣ, махфӣ, ба код даровардашуда) истифода баранд ва амнияти онҳоро таъмин намоянд; дар бобати коркардабароӣ ва сохтани техникаи махсус тадбирҳо андешанд;

22) бақайдгирӣ ва баҳисобгирии марказонидашудаи радиомаълумот ва радиошуоҳои воситаҳои муҳобироти радиоэлектрониро, ки кори онҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунанд, инчунин радиошуоҳои воситаҳои мухобироти фиристонандаи радиоэлектрониро, ки ба мақсадҳои зиддиқонунӣ истифода мешаванд, иҷро намоянд.

Моддаи 19. Ҳуқуқҳои мақомоти амнияти давлатӣ

Мақомоти амнияти давлати барои иҷрои вазифаҳое, ки ин Қонун ба зиммаи онҳо гузоштааст, ҳуқуқ доранд:

1) ба тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии ошкоро ва махфиро, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техники, анҷом диҳанд;

2) дар асоси ошкоро ва махфӣ (аз ҷумла пулакӣ) аз кӯмаки шаҳрвандон бо розигии онҳо барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти амнияти давлати гузошташуда истифода баранд;

3) шаҳрвандонро дар асоси ихтиёрӣ ба сифати кормандони оперативии ғайриштатии мақомоти амнияти давлати ҷалб намоянд, аз рӯи шартнома мутахассисони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои гузаронидани тафтишот, машваратҳо ва экспертизаҳои зарурӣ истифода баранд;

4) дар асосҳои шартномавӣ аз биноҳои хизматии вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, қисмҳои ҳарбӣ, инчунин аз манзил ва дигар биноҳои шаҳрвандон истифода намоянд;

5) якҷоя бо Вазорати корҳои хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро дар бораи манъ кардани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумҳурӣ берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо амалҳои худ ба манфиатҳои амнияти давлати зарар мерасонанд, ҳал намоянд;

6) бо мувофиқаи мақомоти корҳои дохилӣ барои иштирок дар чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти давлати қувва ва воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ, қӯшуни дохилиро ҷалб намоянд;

7) дар сурати ба содир намудани ҷиноят асоснок гумонбар шудани шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои онҳоро, ки шахсияташонро таcдиқ менамоянд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои лозимие, ки барои тафтиши риояи он қоидаҳое, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти амнияти давлати гузошта шудаанд, тафтиш кунанд;

8) шаҳрвандонро аз рӯи парвандаҳо ва материалҳое, ки дар истеҳсолот аст, ба мақомоти амнияти давлати даъват намоянд, аз шаҳрвандон баёнот, маълумот, ҳуҷҷатҳо қабул кунанд ва аз онҳо нусха бардоранд. Дар сурати аз ҳозиршавӣ ба даъват саркашӣ кардани шаҳрвандон онҳоро ба тартиби муқарраркардаи қонун маҷбуран биёранд;

9) мувофиқи қонун шахсони ба cодир намудани ҷиноят гумонбарро, ки тафтиши онҳо мувофиқи қонун ба зиммаи мақомоти амнияти давлати вогузор шудааст, дастгир намоянд;

10) оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва фош намудани ҷосусӣ, фаъолияти террористӣ, ҷинояткории муташаккилона, ришваситонӣ, муомилаи ғайриқонунии силоҳ ва маводи нашъаовар, қочоқ ва ҷиноятҳои дигар, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ аз рӯи онҳо мувофиқи қонун ба зиммаи мақомоти амнияти давлати гузошта шудааст, инчунин оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирикунӣ ва фош сохтани фаъолияти воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои ҷинояткор, шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки зуран тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақсади худ қарор додаанд, чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ анҷом диҳанд;

11) ба гардиши силоҳ дар мақомот ва қушӯнҳои вазорату идораҳое, ки дар банди 6 моддаи 18 Қонуни мазкур зикр шудаанд, назорат кунанд;

12) ба мақcадҳои хизмати бемамониат аз воситаҳои алоқае, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, ба қисмҳои ҳарбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд, истифода намоянд;

13) дар мавридҳои таъхирнопазир аз воситаҳои нақлиётие, ки ба вазоратҳо, идораҳо, инчунин ба корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шаҳрвандон тааллуқ доранд, (ғайр аз воситаҳои нақлиётии намояндагии дипломатӣ, консулгариҳо ва дигар муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ бо розигии онҳо барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳо, таъқиб ва дастгиркунии шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ё дар содир намудани ҷиноят гумонбар мебошанд, барои бурдани дастгиршудагон ба ҷои нигоҳдории онҳо, инчунин барои рафтан ба ҷои ҳодиса ё фалокати стихияви, барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои табобатӣ бурдани эҳтиёҷмандон, истифода баранд. Бо талаби соҳибони воситаҳои нақлиёт мақомоти амнияти давлатӣ ба тартиби муқарраркардаи қонун товони зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашударо ҷуброн мекунанд;

14) дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қонун, бо мақсади пешгирии ҷиноятҳое, ки тафтиши онҳоро қонун ба зиммаи мақомоти амнияти давлатӣ вогузоштааст, таъқибкунии шахсони ба содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ё ҷиноят содиркарда дар ҳолатҳои фавқулодда, ки ба амнияти давлатӣ таҳдид мекунанд, дар хар вақти шабонарӯз, агар хавф бо роҳи дигар бартараф карда шуда натавонад, ба ҳудуд ва бинои корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои ба шаҳрвандон тааллуқдошта, бемамониат дохил шаванд ва онҳоро аз назар гузаронида, дар ин бора дар давоми 24 соат ба прокурор хабар диҳанд;

15) дар мавридҳои пешбиникардаи қонун шаҳрвандонро дар бораи нораво будани рафтори зиддиҷамъиятиашон, ки ба амнияти давлат таҳдид мекунад, ба таври расмӣ огоҳонанд ва ин шахсонро ба қайд гиранд;

16) барои нигоҳ доштани шахсоне, ки нисбати онҳо ба сифати чораи пешгирӣ ҳабс интихоб карда шудааст ва шахсоне, ки аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд, изолятори тафтишотӣ дошта бошанд;

17) барои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ, амнияти намудҳои махсуси алоқа ва кори рамзкушоӣ, ҳалли дигар масъалаҳои таъмини амнияти давлатӣ дар вазорату идораҳо, инчунин дар корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва қисмҳои ҳарбӣ назорат баранд, оиди бартараф намудани камбудиҳои ба манфиатҳои амнияти давлатӣ дахлдошта пешниҳод кунанд, аз онҳо дидани чораҳои дахлдор ва аз иҷрояшон ба мақомоти амният хабар доданро талаб кунанд;

18) дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодабарии воситаҳои муҳобироти радиоэлектронӣ, ки бо вайронкунии қоидаҳои муқарраршуда амал менамоянд, инчунин ба кор кардан бо ахбороти дорои сирри давлатӣ, ки бо вайронкунии талаботи муқарраршуда сурат мегирад, пешгирӣ кунанд;

19) аз вазорату идораҳо, инчунин корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои воқеъ дар қаламрави ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ахбороти барои иҷрои вазифаи таъмини амнияти давлатӣ заруриро бо тартиби муқарраршуда дархост кунанд ва онҳоро бепул гиранд;

20) ба тартиби муқарраршуда нигаҳдории давлатии маводи оперативӣ, тафтишотӣ ва маводи дигарро, ки ба фаъолияти мақомоти амнияти давлатӣ тааллуқ доранд, таъмин намоянд системаҳои ахборотиро ба мақсади истифодаи онҳо дар фаъолияти оперативӣ-ҷуcтуҷӯӣ таъсис диҳанд;

21) фақат ба мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти ҷосусию таҳрибкории ҳадамоя махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, cуиқасд ба соҳи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муросилоти почтавӣ назорат намоянд ва гуфтугӯӣ баъзе шахсонро, ки ба воситаи телефонҳо ва дигар воситаҳои гуфтугӯӣ сурат мегирад, гӯш кунанд инчунин ахборотро аз каналҳои техникии алоқа, ки ба ин мақсад истифода бурда мешавад гиранд ва баъдан дар ин бора дар муддати 24 соат ба прокурор хабар диҳанд;

22) ба хадамот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ки фаъолияти ҷосуcӣ ва фаъолияп дигарро барои зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, инчунин бо гурӯҳҳои ҷинояткор роҳ ёбанд;

23) бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷа ҳамкорӣ кунанд, бо онҳо дар ҳудуди салоҳияти мақомоти амнияти давлатӣ ва ба тартибе, ки тавассути санадҳои меъёрии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, да асоси мутақобила табодули ахборот намоянд; ба тартиби муқарраркардаи қонун ва дар доири ваколатҳои худ шартномаҳои дахлдор банданд;

24) намояндагони расмии мақомоти амнияти давлатиро бо мувофиқаи хадамоти махсус ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷи ба мақсади баланд бардопггани самаранокии мубориза бо ҷиноятҳое, ки хусусияти байналмилалӣ, ба он давлатҳо фиристанд;

25) оид ба таъмини амнияти худ, аз ҷумла барои пешгирӣ намудани роҳёбии хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷи, гурӯҳҳои ҷинояткор ва шахсони алоҳида тадбирҳо андешанд;

26) ба корманди мақомоти амнияти давлатӣ барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани яроқи хизматӣ ва воситаҳои махсус иҷозат диҳанд;

27) ба мақсади рамзӣ нигоҳ доштани кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, тобеияти идоравии ҷузъу томҳои онҳо, биноҳо ва воситаҳои нақлиёт аз ҳуҷҷатҳои дигар вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо истифода баранд.

Аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои барояшон додашуда ба иҷрои ӯҳдадориҳое, ки бо қонунҳо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

БОБИ V. КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ҲОЛАТИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

Моддаи 20. Кормандони мақомоти амнияти давлатӣ

Мақомоти амнияти давлатӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомӣ (дар асоси озмун) пурра карда мешаванд. Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ, инчунин шахсон аз ҷумлаи кормандони ғайринизомӣ, ки ба вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ таъин карда шудаанд, кормандони мақомоти амнияти давлатӣ мебошанд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, маънавӣ ва кори, синну сол, маълумот ва вазъи саломатӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда кодир аст, корманди мақомоти амнияти давлатӣ шуда метавонад.

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ хизматӣ ҳарбиро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизматӣ ҳарбӣ бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ин Қонун, ки аз ҷиҳатҳои иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо бармеоянд, мегузаранд.

Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, инчунин дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, бо розигии онҳо ба тартиби муқарраршуда аз тарафи Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои штатиашон хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ бо нигоҳ доштани онҳо дар хизматӣ ҳақиқии ҳарбӣ, фиристода шуда метавонанд.

Ҳайати афсарон, прапоршикҳо, сержантҳо мақомоти амнияти давлатӣ дар ҳисоби кадрҳо, резерв ё эҳтиёти Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Моддаи 21. Кормандони ғайринизомии мақомоти амнияти давлатӣ

Шароити меҳнати кормандони ғайринизомии мақомоти амнияти давлатӣ тавассути Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Моддаи 22. Ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ барои кор фармудани яроқ воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ҳуқуқи бо худ гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани яроқ ва ҳамчунин истифодаи воситаҳои махсусро доранд.

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зайл ба сифати чораи ниҳоӣ қувваи ҷисмонӣ, инчунин яроқро кор фармоянд ва воситаҳои махсусро истифода баранд:

1) барои муҳофизати шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳает ё саломатии онҳо хатар дорад, инчунин озодкунии гаравгонон;

2) барои зада гардонидани ҳамла ба шахсоне, ки муҳофизати онҳо ба хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ супурда шудааст, вақте ки ҳает ё саломатии муҳофизатшавандагон ба хатар дучор мешавад;

3) барои зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳает ва саломатии хизматчии ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ва аъзои оилаи вай таҳдид мекунад:

4) барои зада гардонидани ҳамлаи гурӯҳӣ ё мусаллаҳона ба хона, бино, иншоот ва воситаҳои нақлиётие, ки аз тарафи мақомоти амнияти давлатӣ муҳофизат карда мешаванд:

5) барои дастгир намудани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона менамояд, ё ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ғофилгир шудаанд ё ҷинояткоре, ки аз ҳабс гурехтааст, инчунин шахси мусаллахе, ки аз иҷрои талаботи қонуни дар бораи супурдани силоҳ, саркашӣ мекунад;

6) дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳои;

7) барои додани бонги хатар ё ҷеғ задани ёрӣ;

8) барои нигоҳ дошгани воситаҳои нақлиёт бо роҳи зарар расондан ба онҳо, агар ронанда ҳает ва саломатии шаҳрвандонро дар зери хатари воқеи гузорад ва ба талабот дар бораи истодан итоат накунад;

9) барои безарар гардонидани ҳайвоне, ки ба саломатӣ ё ҳаёти одамон таҳдид мекунад.

Пеш аз кор фармудани яроқ ва воситаҳои махсуc бояд дар ин бора огоҳӣ дода шавад.

Бе огоҳӣ кор фармудани яроқ дар сурати ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона, ҳамла бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, аппаратҳои парвозкунанда, киштиҳои дарёгард, гурехтан аз ҳабс бо яроқ ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, фирори шахсони дар ҳабс буда аз воcитаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо, инчунин барои озодкунии гаравгонон сурат гирифта метавонад.

Кор фармудани яроқ ва воситаҳои махcус нисбати занон, шахсоне, ки ошкоро аломатҳои маъюбӣ доранд, ноболиғон вақте, ки cинну соли онҳо зохир ё маълум мебошад, мумкин нест ба ғайр аз мавридҳои тавассути онҳо содир намудани ҳамлаи мусаллаҳона ё ҳамлаи гурӯҳӣ.

Дар сурати зарурати кор фармудани яроқ корманди мақомоти амнияти давлатӣ бояд барои таъмини бехатарии шаҳрвандони гирду атроф ва ба зарардидагон расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ чора бинад.

Дар бораи ҳар ҳодисаи кор фармудани яроқ, ва истифодаи воситаҳои махcус, ки боиси зиёнрасонии ҷисмонӣ гардидааст, бетаъхир, аммо на дертар аз 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад.

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ҳуқуқ доранд, барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсон, ки ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ кардаанд, бартараф намудани мухолифат бо талабҳои қонунии хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ, ҳифзи худ аз қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла тарзҳои ҳарбии мубориза, воситаҳои мавҷуда истифода намоянд, агар воситаҳои дигари ғайримаҷбурӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ гузошташударо таъмин накунанд.

Моддаи 23. Ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ аз ҳуқуқҳо, кафолатҳо ва ҷуброноти давлатӣ, инчунин аз статусе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статус, замонатҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо" муқаррар кардааcт, бо назардошти хусусиятҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ кардааcт, истифода мебаранд. Онҳо намояндагони ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлатанд. Иҷрои талаботи қонунии онҳо аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ аст. Ҳеҷ кас, ба ғайр аз шахсоне, ки қонун онҳоро махcус ваколатдор кардааcт, ҳуқуқи ба фаъолияти онҳо дахолат карданро надорад.

Коргарон ва хизматчиёни мақомоти амнияти давлатӣ ҳангоми ҷалб намудани онҳо ба чорабиниҳои ба таъмини амнияти давлатӣ дахл дошта, ки ба ӯҳдадориҳои хизматии онҳо.Алоқаманд нест, дороӣ ҳуқуқҳи дар бандҳи 7, 12-14 моддаи 19 Қонуни мазкур, ки барои хизматчиёни ҳарбии мақомоти мазкур пешниҳод намудааст, мебошад.

Ҳангоми ба хизмати ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ дохил шудани мутахассисони ихтисоси баланд- дошта, ки ба онҳо мақомоти амнияти давлатӣ мӯҳтоҷанд, собикаи мехнатии онхо ба мухлати хизмати харбие, ки барои таъин намудани нафака лозим аст, ба андозаи ду соли собикаи умумии меҳнатй ба як соли хизмати ҳарбӣ, ҳисоб карда мешавад.

Давлат ӯҳдадор аст, ки барои бе чуну чаро озод намудани коркунони мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни оилаи ӯ, ки вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматии ӯ дар хориҷа дастгир карда шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд ё маҳкум шудаанд, ҳаматарафа кӯмак расонад.

Таъминоти пулии кормандони макомоти амнияти давлатӣ аз маоши мохонаи вазифавх ва маоши мохона барои рутбаи харби, ки маоши мохонаи таъминоти пулии кормандони макомоти амнияти давлатиро ташкил медихад ва аз иловапули барои собикаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони макомоти амнияти давлатх аз тарафи Президенти Ғумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Барои хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ, ки дороӣ ҳуқуқи нафақа аз рӯи cобиқаи хизмати буда, лекин дар адои хизмати ҳарбианд, ба маошашон ҳар моҳ ба андозаи аз 25 то 50 фоизи нафақае, ки бояд ба онҳо таъин карда шавад, иловапулӣ пардохта мешавад. Тартиби шарти пардохти иловапулии мазкурро Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлати, ки бехатарии объектҳоӣ нақлиётро таъмин менамоянд, ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ барои бепул савор шудан ба поезд, кипггии обӣ ва ҳавоӣ ба шартҳо ва тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷкистон муайян менамояд, ҳуқуқ доранд,

БОБИ VI. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 24. Таъминоти пули ва моддию техникии мақомоти амнияти давлатӣ

Таъминоти пули ва моддию техникии мақомоти амнияти давлати аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Ҷузъу томҳои мақомоти амнияти давлати, ки дар таъмини бехатарии нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ, инчунин объектҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ки феҳристи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, иштирок мекунанд, аз хиcоби вазорату идораҳои дахлдор бо cару либоси расмӣ, воситаҳои алоқа, утоқҳои кори таъмин карда мешаванд.

Мақомоти зиддиразведкавии ҳарбии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз он, бо воситаҳои нақлиёт, маводи сӯзишворӣ, силоҳ ва дигар лавозимоти барои фаъолият зарурӣ, инчунин бо манзил аз ҳисоби киcмҳои ҳарбӣ таъмин карда мешаванд.

Моддаи 25. Назорати прокурорӣ

Назорат ба иҷрои қонунҳо дар фаъолияти мақомоти амнияти давлати аз тарафи Прокурорӣ Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он сурат мегирад.

Маълумотҳо дар бораи шахсоне, ки ба мақомоти амнияти давлати дар асоси пинҳонӣ ёрӣ расондаанд ё ёрӣ мерасонанд, инчунин дар бораи ташкил, тактика, усул ва воситаҳои иҷрои фаъолияти мақомоти амнияти давлати ба предмети назорати прокурорӣ дохил нестанд.

Моддаи 26. Оиди беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994, № 3-4, мод.70) беэътибор дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 22 майи соли 1998 № 611