ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии собиқадоронро муайян намуда, тартиби амалисозии сиёсати давлатиро нисбати собиқадорон муқаррар менамояд .
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон таъмини зиндагии шоиста барои собиқадорон ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон аз инҳо иборатанд :
танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо собиқадорон мебошанд ;
ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои собиқадорон ;
дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати собиқадорон ;
тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад
Моддаи 3. Таносуби байни ин Қонун ва шартномаҳои байналхалқӣ
Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз меъёрҳои Қонуни мазкур тафовут доранд, он гоҳ меъёрҳои шартномаи байналмилалӣ истифода бурда мешаванд
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадор эътироф шудаанд .
Моддаи 5. Татбиқи амали Қонуни мазкур нисбати собиқадорон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
Собиқадороне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд буда, муваққатан ё доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар доираи муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур аз ҳуқуқу кафолатҳо ва имтиёзҳо истифода мебаранд.
Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд
"кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммуналӣ" - обтаъминкунӣ, обпартоӣ, кашонда бурдани партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гармӣ ва қувваи барқ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммуналӣ;
"кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа" - пардохти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективӣ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;
"кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ" - кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ - дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимоӣ.
ФАСЛИ II. СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИСБАТИ СОБИҚАДОРОН
Моддаи 7. Сиёсати давлат нисбати собиқадорон
Сиёсати давлат нисбати собиқадорон аз статуси конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ бармеояд, ки он барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро дарбар мегирад, ки онҳо чораҳои зайлро пешбинӣ мекунанд (:
Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии собиқадоронро таъмин менамоянд (;
аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ба назар гирифтани манфиатҳои собиқадорон ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар (;
ҷалб намудами собиқадорон барои иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва ҷамъият (;
мусоидат намудан ба ташкилотҳои собиқадорон дар амали гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон (;
таблиғ намудани аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, нуфузу эътибори мукофотҳои давлатӣ барои корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ.
Моддаи 8. Кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии собиқадорон
Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба собиқадорон кафолат дода, ҳуқуқҳо, озоди ва манфиатҳои онҳоро ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроиявӣ ва судӣ ҳимоя мекунад (.
Ҳуқуқҳо ва дигар тадбирҳои ҳимояи иҷтимоӣ, ки пештар барои собиқадорон ва оилаҳои онҳо тавассути қонунгузории Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, бе додани подоши баробарарзиш ба тартибе, ки Қонун муайян кардааст, бекор карда шуда наметавонанд (.
Ба ҳеҷ гуна маҳдуд кардани ҳуқуқ ва имтиёзоте, ки Қонуни мазкур барои собиқадорон ва аҳли оилаҳои онҳо пешбинӣ мекунад, роҳ дода намешавад .
Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноте, ки қонунгузорӣ дар бораи собиқадорон муқаррар намудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад (.
Моддаи 9. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати собиқадорон
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидорӣ ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи собиқадорон ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхорӣ зоҳир намоянд (
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худӣ дидани чораҳои иловагӣ нисбати ҳимояи иҷтимоии собиқадорон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, қарор қабул намоянд .
Моддаи 10. Ташкилоти собиқадорон
Собиқадорон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Ташкилотҳои собиқадорон фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ташкилот амалӣ менамоянд ва ҳуқуқ доранд ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳое, ки мақомоти давлатӣ нисбати онҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд
Моддаи 11. Кафолатҳои фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ, дар доираи салоҳиятҳои худ метавонанд ба ташкилотҳои собиқадорон ёрии молиявӣ расонанд, аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор қарз диҳанд, ройгон ё дар асоси имтиёзнок дар ихтиёри онҳо ҷою биноҳо, таҷҳизот ва амволи дигарро, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавиашон заруранд, вогузор намоянд
Моддаи 12. Кафолатҳои фаъолияти корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои собиқадорон мебошанд
Корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои собиқадорон мебошанд, аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ дар мавридҳо ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пурра ё қисман озод буда метавонанд (.
ФАСЛИ III. КАТЕГОРИЯИ СОБИҚАДОР
Моддаи 13. Категорияи собиқадорон
Собиқадорон ба сурати комил дорои ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахси мебошанд ва ба ӯҳдаи худ вазифа ва масъулиятҳое доранд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд
Собиқадорон ба чунин категорияҳо тақсим мешаванд (:
собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (;
собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар (;
собиқадорони хизмати ҳарбӣ (;
собиқадорони меҳнат (.
Моддаи 14. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандоне мебошанд, ки дар амалиёти ҷангӣ барои ҳифзи Ватан ё таъминоти қисмҳои армияи амалкунанда дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ бевосита иштирок кардаанд, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ намудаанд, дар ақибгоҳ шаш моҳ, ба истиснои давраи кор дар ҳудуди муваққатан аз тарафи душман истилогардидаи ИҶШС, кор кардаанд, ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудаанд (
Чунин шахсон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт ҷавобшудагон (ба истеъфо баромадагон), ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои дар давраи Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда адо намудаанд, дар амалиёти дигари ҷангӣ барои ҳифзи Иттиҳоди ҶШС иштирок кардаанд, партизанҳо ва пинҳонкорони Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
б) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромада, инчунин шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатии Иттиҳоди ҶШС, ки хизматро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳрҳое адо намудаанд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад;
в) шахсони ҳайати кирояи Армияи шӯравӣ, Флоти ҳарбии Баҳрӣ, қӯшунҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатии ИҶШС, ки дар қисмҳо, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи штат соҳибмансаб буданд ё дар он давраҳо дар шаҳрҳое буданд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.
г) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳайати қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда ва флот дохилшаванда ба сифати писархондҳои (тарбиягирандагони) полкҳо ва юнгаҳо шомил буданд;
д) шахсоне, ки дар амалиёти ҷангӣ бар зидди Германияи фашистӣ ва иттифоқчиёни он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ дар ҳайати отрядҳои партизанӣ, гурӯҳҳои пинҳонкор ва дигар воҳидҳои зиддифашистӣ иштирок кардаанд
е) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла онҳое, ки ба эҳтиёт (истеъфо) баромадаанд, шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, шахсоне аз ҷумлаи ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизати халқ, ки супоришҳои Ҷангии ҳукуматии Иттиҳоди ҶШС-ро дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 9 майи соли 1945 дар ҳудуди ИҶШС, ҶШС Белоруссия, ҶШС Литва, ҶШС Латвия ва ҶШС Эстония иҷро кардаанд
Моддаи 15. Дигар категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар карда шудаанд
Ба ҷумлаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар моддаи 14-уми Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, чунин шахсон низ дохил мешаванд :
а) коркунони воҳидҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандаи киштиҳои шикорӣ ва нақлиётӣ ва ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ Иттиҳоди ҶШС, Флоти баҳрию дарёӣ, ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи роҳҳои асосии баҳрии шимолӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот вазифаҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, инчунин аъзоёни экипажи киштиҳои флоти нақлиётӣ, ки дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба бандарҳои давлатҳои дигар боздошта шуда буданд;
б) шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоии маҳаллӣ, дар сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои баҳрӣ, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар қитъаҳои роҳи оҳан ва автомобилии ба фронт наздик, дар госпиталҳои эвакуатсионӣ ва поездҳои санитарӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд;
в) кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо (аз ҷумла муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг ва санъат), намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайати армияи амалкунанда ба командировка фиристода шудаанд;
г) шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба ҷамъоварии муҳимот ва техникаи ҳарбӣ, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб карда шудаанд;
д) шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" мукофотонида шудаанд ва шахсоне, ки бо нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд;
е) шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотонида шудаанд;
ж) шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 дар хизмати ҳарбӣ, дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ на камтар аз шаш моҳ буданд (ғайр аз шахсоне, ки дар хизмати армияи амалкунанда қарор доштаанд);
з) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ камаш шаш моҳ, ба истиснои вақти кор дар марзҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, кор кардаанд;
и) собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки аз тарафи фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шуда буданд;
к) ҳамсари (шавҳари) маъюбони вафоткардаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, инчунин ҳамсари (шавҳари) иштирокчиёни вафоткардаи ҷанг, партизанҳо, пинҳонкорон, шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград дар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ва нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шуда, дар натиҷаи касалиҳои умумӣ, иллати (маъюбии) меҳнатӣ ва дигар сабабҳо ҳамчун маъюб эътироф шудаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ маъюб шудаанд), ва никоҳи дигар накардаанд.
Моддаи 16. Иштирокчиёни амалиёти ҷанги дар ҳудуди давлатҳои дигар
Чунин шахсон иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар шуморида мешаванд:2039
а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҷалб шудаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, кормандони мақомоти мазкур ва Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС, ки дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти давлатии ИҶШС ба дигар давлатҳо фиристода шуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбиашон (хизматиашон) дар ин давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд;
б) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки ҳангоми иҷрои супоришоти Ҷангии ҳукуматӣ дар ҳудуди ИҶШС дар давраи аз 10 маи соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардаанд ;
в) хизматчиёни баталонҳои автомобилӣ, ки ба Афғонистон барои кашондани борҳо дар давраи амалиёти ҷангӣ ба ин кишвар фиристода шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарбии ҳайати парвозкунанда, ки аз ҳудуди Иттиҳоди ҶШС барои иҷрои супоришҳои Ҷангӣ ба Афғонистон парвоз кардаанд ;
д) кормандоне, ки (ба шумули аъзоёни экипажҳои парвозкунандаи самолётҳои авиатсияи гражданӣ, ки дар давраи амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон парвоз кардаанд) ба қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳи ИҶШС ҳудуди давлатҳои дигар хизмат расонида, маъюб шудаанд, садаме дидаанд, ё иллатнок гардидаанд, ё бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд;
е) кормандоне, ки аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афғонистон ба кор фиристода шуда, мӯҳлати хизмати муқарраршударо адо намудаанд ё бо сабабҳои узрнок пеш аз мӯҳлат пас фиристода шудаанд.
Моддаи 17. Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар
Чунин шахсон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар шуморида мешаванд :
а) хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, (ба шумули тарбиягирандагони қисмҳои ҳарбӣ ва юнгаҳо), ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ё дар қисмҳои ҳарбӣ, штабҳо ва муассисаҳои шомили ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда муваққатан қарор доштанд, партизанҳо, пинҳонкорон, коргарон ва хизматчиёне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории дар давраи Ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар минтақаҳои роҳи оҳани наздикии фронт, дар сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои ҳарбии баҳрӣ, аэродромҳо гирифтор шудаашон маъюб гардидаанд ва онҳое, ки аз ҷиҳати таъмини нафақа ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда баробар карда шудаанд;
б) хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми ҳифзи Ватан ё ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ дар фронт, дар минтақаҳои амалиёти ҷангӣ маъюб шудаанд;
в) шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар минтқаҳои амалиёти ҷангӣ ба амаломада маъюб шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталионҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои супоришҳои Ҷангии ҳукуматӣ дар ҳудуди ИҶШС дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар ба амаломада маъюб шудаанд ;
д) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҷамъоварии лавозимот ва техникаи ҳарби, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб шуда, дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар ин давра шудаашон маъюб шудаанд;
е) кормандони ба қисмҳои армияи амалкунанда дар ҳудуди давлатҳои дигар хизматрасонанда, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, садама, иллат ё бемории дар давраи амалиёти ҷангӣ дар ин давлатҳо мубталогаштаашон маъюб шудаанд .
Моддаи 18. Мақомоте, ки феҳристи қисмҳои ба ҳайати армияи амалкунанд дохилшаванда, феҳристи давлатҳоеро, ки дар онҳо амалиёти ҳарбӣ бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, муайян мекунанд ва шаҳрвандонро ба категорияи собиқадорон дохил менамоянд
Феҳристи қисмҳои ҳарбӣ, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил буданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Феҳристи давлатҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва давраҳои амалиёти ҷангӣ, ки бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, инчунин ба ҷумлаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар дохил намудани дигар категорияҳои шаҳрвандон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (
Моддаи 19. Собиқадорони хизмати ҳарбӣ
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи ҶШС, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбии мувофиқи Қонун ташкилшуда, инчунин хизматчиёни ҳарбии вазоратҳо ва идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, дар сурати мавҷудияти яке аз асосҳои зайл собиқадорони хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда шудаанд (
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ бинобар вазъи саломати (аз рӯи маъюбӣ);
ҷавоб шудан аз хизмати ҳарбӣ бинобар ихтисор шудани штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо орденҳою медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;
тартиб ва шарту шароити додани унвони "Собиқадори хизмати ҳарбӣ" аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он шахсоне мебошанд, ки дар вазифаи қаторӣ ё дар ҳайати роҳбарӣ (аз рӯи аттестатсия) дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти назорати маводи нашъаовар ва мақомоти прокуратура хизмат мекунанд, судяҳои собиқ Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дорои яке аз асосҳои зайл ҳастанд (
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар вазъи саломатӣ (аз рӯи маъюбӣ);
ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар ихтисори штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;
тартиб ва шарту шароити додани унвони "Собиқадори хизмати ҳарбӣ" аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (.
Моддаи 21. Собиқадори меҳнат
Собиқадорони меҳнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидорӣ дар давоми на камтар аз 25 соли тақвимӣ (барои мардҳо) ва 20 соли тақвимӣ (барои занҳо) кор карда, яке аз асосҳои зеринро доранд (:
дода шудани унвони фахрӣ ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ;
барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.
Тартиб ва шарту шароити додани унвони "Собиқадори меҳнат" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (.
Моддаи 22. Статути унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон", орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Статути унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон", орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Собиқадороне, ки ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, аз дигар ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷубронот, ки тавассути Статути мукофотҳои мазкур мувофиқи қонун муқаррар карда шудаанд, истифода бурда метавонанд (.
Моддаи 23. Нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи собиқадор
Нишонҳои сарисинагии собиқадороне, ки дар моддаи 13-уми Қонуни мазкур зикр шудаанд, мукофоти давлатӣ буда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти (шахсони) ба он вазифадор кардашуда супурда мешаванд
Статути нишони сарисинагӣ тафассути Қонун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад
Ҳуқуқ, кафолатҳо ва ҷуброноти давлатии собиқадорон ҳангоми аз тарафи онҳо нишон додани шаҳодатномаҳои намунаашон якхелае, ки Шӯрои Вазирони ИҶШС то 31 декабри соли 1991 ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як категорияи собиқадорон муқаррар кардааст, татбиқ мешавад (.
Моддаи 24. Тадбирҳои умумии ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии собиқадорон
Ба шахсоне, ки дар асоси ҳамин Қонун собиқадор дониста шудаанд, афзалиятҳои зайл дода мешавад (:
1) ҳуқуқи афзалиятнок барои муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии статсионарӣ ва амбулатории давлатӣ ;
2) муоинаи ҳарсолаи диспансерӣ дар муассисаҳои тиббии давлатӣ;
3) ҳангоми ба нафақа баромадан ройгон истифода бурдан аз поликлиникаҳое, ки дар онҳо ба қайд гирифта шуда буданд (аз ҷумла поликлиникаҳои тобеи идорӣ) ;
4) дар навбати аввал аз ҷои кор таъмин карда шудан, барои бекорон бошад, - аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа дар маҳалли истиқомат ё аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа таъмин намудани роҳхатҳо барои истироҳат дар шифохонаҳо, профилакторияҳо ва истироҳатгоҳҳо;
5) афзалият барои табобати санаторию курортӣ дар вақти муносиб (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
6) бемузд омӯхтани касбҳои нав дар маҳалли кор дар курсҳои такмили ихтисос дар системаи давлатии тайёр кардани кадрҳо ва такмил додани ихтисоси онҳо бо пардохти музди меҳнат аз ҷои кор дар тамоми давраи таҳсил;
7) дар мавриди мувофиқ истифода бурдани рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пулакӣ ва гирифтани рухсатии иловагии ройгон
8) афзалият ҳангоми таъини нафақа, пардохти ёрдампулӣ ва андоз, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
9) афзалият ҳангоми қабул шудан ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимоӣ дар хона (бенавбат фақат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, ба категорияи боқимондаи собиқадорон - дар навбати аввал) (
10) афзалият дар истифодаи тамоми навъҳои хидмати алоқа, муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ ва варзишию тандурустӣ, харидани билет ба тамоми навъҳои нақлиёт (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
11) афзалият ҳангоми қабул шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ;
12) афзалият ҳангоми дохил шудан ба кооперативҳои манзилӣ, сохтмони манзил, гараж, кооперативҳои бустонсаройсозӣ, ширкатҳои боғпарварию обчакорӣ, ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин (дар ҳудуди меъёре, ки қонунгузори муқаррар кардааст) барои сохтмони хонаҳои хусусӣ, хоҷагиҳои боғдорию обчакорӣ (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
13) афзалият дар гирифтани қарз аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хона, манзили истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи боғӣ ва таъмири асосии манзилҳои ба онҳо тааллуқдошта (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
14) ройгон шахси кунонидани манзили ишғолкардаи истиқоматӣ дар хонаҳои фонди давлатӣ, мунисипалӣ ва идораҳо (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда)
15) ба ҳисоби собиқаи меҳнат (собиқаи хизмат) дохил кунонидани факти иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар ҳаҷми секарата (як сол ба ҳисоби се сол).
ФАСЛИ IV. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Собиқадорони ҷанг (моддаи 14-ум) ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода менамоянд (:
а) умрбод аз пардохтҳои зерин озод карда мешаванд;
1) аз андоз аз даромад, андози замин, андоз аз соҳибони иморатҳо ва андоз аз моликияти шахсони воқеъӣ, андоз аз соҳибони васоити нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгард, инчунин андоз аз курортпулӣ, андоз аз пули рақамҳои автомобилӣ ё мотоколяскаҳо, пардохти патент барои машғул шудан ба фаъолияти фардии меҳнатӣ ё ба қайди давлат даровардани шуғли соҳибкорӣ бидуни ташкили шахси ҳуқуқӣ, инчунин дар мавридҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, аз пардохти дигар намуди андозҳо ва боҷу хироҷ;
2) аз пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқоматӣ. Зимнан то 15 метри мураббаъ аз масоҳати иловагии истиқоматӣ ба андозан яккарата пардохта мешавад;
3) аз пардохти ҳаққи хидматӣ посбонии ғайриидоравӣ, хадамоти коммуналӣ (новобаста аз фонди манзилӣ, ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табиӣ) ва барои онҳое, ки дар хонаҳои оби гарме надошта зиндагӣ мекунанд, аз пардохти пули сӯзишворӣ дар ҳудуди меъёри фурӯши барои аҳолӣ муқарраршуда ва хизматгузории нақлиётӣ барои расонидани ин сӯзишворӣ ;
4) аз пардохти хизмати алоқа;
5) барои гирифтани қитъаҳои замин дар он ҳаҷме, ки қонунгузорӣ барои сохтани хонаи шахсӣ, боғчаҳо, гараж, хоҷагии боғдорию полезӣ, чорво муқаррар кардааст;
6) аз фоизи қарзи яккаратаи муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хона, бинои шахсӣ, боғсаро, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ;
7) аз дорупулӣ аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
8) аз ҳаққи сохтану тармим кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд) инчунин барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию-ортопедӣ (ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд);
9) аз пули роҳхатҳо барои табобати санаторию курортӣ (ба шарте, ки онҳо барои корнамоиҳои ҷангӣ бо ду ва зиёда аз он орденҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда бошанд) ;
10) аз роҳкирои ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ, бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ
11) аз роҳкиро як бор дар ду сол ҳангоми рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё автомобили ё ин ки мувофиқи хоҳиши ӯ дар як сол як бор сафар (рафтуомад) кардан бо нархи 50 фоиз арзоншуда бо навъҳои нақлиёти дар боло номбурда;
б) ғайр аз ин ҳуқуқи зерин дода мешавад:
1) дар навбати аввал (барои маъюбон бенавбат) аз ҷои кор, бо нархи арзон ва барои касоне, ки кор намекунанд, аз ҳисоби мақоми дахлдори таъминоти нафақа гирифтани роҳхат барои табобати санаторию курортӣ ;
2) дар навбати аввал шахсони барои беҳбуди шароити манзили муҳтоҷ, (маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 бенавбат) аз ҳисоби фондҳои манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ё идоравӣ ройгон бо манзили истиқомати таъмин мешаванд (кӯчондани онҳо аз манзили истиқоматии хизматӣ бе додани манзили истиқоматии дигар манъ аст) (
3) бенавбат гузаронидани телефони хона, зимнан барои инвалидони ҷанг ройгон ;
4) берун аз конкурс қабул кардан ба муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дар давраи таҳсил дар ин муассисаҳо гирифтани стипендияи зиёдтаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ;
5) аз ҷои кор гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати се ҳафта (маъюбони ҷанг то чор ҳафта)
6) дар навбати аввал (барои маъюбони ҷанг бенавбат) таъмир намудани манзили истиқоматӣ;
7) гирифтани ёрдампули барои корношоямии муваққатӣ дар натиҷаи бемории умумӣ то се моҳ паи ҳам ё то чор моҳ, паи ҳам дар як соли тақвимӣ (маъюбони ҷанг мувофиқан чор ва панҷ моҳ);
8) гирифтани ёрдампулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳаҷми 100 фоиз, новобаста аз собиқаи меҳнатӣ;
9) дар навбати аввал таъмин шудан бо сӯзишворӣ.
Ба иштирокчиёни ҷанг, ки дар натиҷаи бемориҳои умумӣ, иллати меҳнатӣ ва дигар сабабҳо (ба истиснои шахсоне, ки маъюбиашон дар натиҷаи аъмоли ғайриқонунӣ ба амал омадааст) маъюб шудаанд, ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти маъюбони ҷанг, мувофиқи гурӯҳи муқаррашудаи маъюбӣ, бидуни ташхиси иловагии экспертии тиббӣ дода мешавад.
Моддаи 26. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии маъюбони ҷанг
Ба маъюбони ҷанг (моддаи 17) илова бар тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии дар моддаи 24-25-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳуқуқҳои зерин дода мешаванд:
1) бенавбат дар муассисаҳои давлатии табобатии статсионарӣ хобидан (барҳам додани шифохонаи маъюбони ҷанг мумкин нест);
2) ба онҳо мутобиқи хоҳишашон ба ҷои роҳхат, барои табобати санаторияву курортӣ дар ду сол як бор додани ҷубронпули аз рӯи тартибу андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ;
3) гирифтани варақаи беморӣ (ба маъюбони гурӯҳи 1-2) дар сурати нокифоя будани рухсатии навбатӣ ва иловагӣ барои табобат ва рафтуомади курорт барои чанд рӯзе, ки лозим бошад. Зимнан ёрдампулӣ, сарфи назар аз он ки роҳхат аз ҳисоби ки дода шудааст, пардохта мешавад ;
4) бенавбат гирифтани масолеҳи сохтмони барои сохтмони манзили шахсӣ ва таъмири асосии хонае, ки дар он истиқомат мекунанд;
5) таъмири асосии хонаҳои хусуси аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
6) ройгон сафар кардан, аз ҷумла барои шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро ҳамроҳӣ мекунад, дар тамоми навъҳои нақлиёти шаҳрии мусофиркаш бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин ҳаракати наздишаҳрӣ (
7) дар як сол як бор ройгон сафар кардан (рафтану омадан) тавассути нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ё автомобилии байнишаҳрӣ. Ба шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро дар сафар ҳамроҳӣ мекунад (на зиёдтар аз як ҳамроҳикунанда) нархи раҳкирои навъҳои номбаршудаи нақлиёт 50 фоиз арзон карда мешавад. Зимнан, маъюбони гурӯҳи 3-юм-дар як сол як бор аз роҳкирои 50 фоиз арзоншудаи (рафтану омадан) бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ истифода мебаранд
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯи тартибу мӯҳлате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бо пешниҳоди муоинаи тиббӣ ройгон (бидуни ҳуқуқи фурӯхтан) автомобили сабукрави дасти идорашаванда ба муддати ҳафт сол ё ин ки мотоколяска ба муддати истифодаи панҷсола дода шуда, ҳароҷоти хариди бензин, қисмҳои эҳтиёти, инчунин хароҷоти тармиму хизматрасонии техникиашон пардохта мешавад. Зимнан ба маъюбоне, ки аз рӯи муоинаи тиббӣ барои ройгон мошин ё мотоколяска гирифтан ҳуқуқ доранду онро нагирифтаанд, ҳар сол ҷубронпулии хароҷот барои истифодаи нақлиёт пардохта мешавад .
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар
Собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ба ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз кафолату ҷуброноти зерин истифода мебаранд (:
а) кафолату ҷуброноти дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 3, 7-уми банди "б" - шахсоне, ки дар сарсатрҳои "а", "б", "в"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, истифода мебаранд. 3имнан категорияи шахсони мазкур хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ), пули хизмати алоқаро 50 фоиз кам месупоранд, барояшон бенавбат телефони хона гузаронида мешавад. Бар замми он, категорияи шахсони номбаршуда, ки садама дидаанд ва ярадору иллатнок шудаанд, ҳақ доранд дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ройгон сафар кунанд, ё бо хоҳиши худ дар як сол як бор дар нақлиёти зикршуда бо пардохтани 50 фоизи ҳаққи роҳкиро сафар кунанд ;
б) дар моддаи 25-уми Қонуни мазкур зикршуда ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 3, 7, 9-уми банди "б" онҳое, ки дар сарсатрҳои "г" ва "д"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд ;
в) дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4), 6), 7), 8) ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 2, 3, 6, 7, 8-уми банди "б" - онҳое ки дар сарсатри "е"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд .
Моддаи 28. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариатҳои халқӣ ва идораҳои собиқ ИҶШС
Коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандагони киштиҳои шикорӣ ва боркашон ва ҳайати парвозу боркашонии Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ ИҶШС, флотҳои баҳрию дарёӣ, ҳайати парвозкунандагону боркашонии авиатсияи Саридораи роҳҳои Баҳри Шимолӣ (Главсевморпуть), ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот супоришҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, аъзоёни экипажҳои киштиҳои флоти боркашон, ки дар аввалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бандарҳои дигар давлатҳо боздошта шудаанд, ҳамчунин шахсони дар сарсатрҳои "в" ва "г"-и моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда илова бар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқоматӣ, боғсаро ва ободонии қитъаи замини боғӣ;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, хоҷагии боғдорию полизӣ ва деҳқонӣ муайян кардаанд
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4) аз рӯи нусхаҳои духтурон ройгон гирифтани доруҳо дар ҳудуди меъёре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва ройгон ва дар навбати аввал сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта мешаванд) дар дармонгоҳҳои маҳалли истиқомат
5) гирифтани рухсатии иловагии ройгон соле ба муддати то сеҳафта
6) ройгон сафар кардан бо тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунии дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳрӣ
7) озод будан аз пардохти хонапулӣ, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) ва хизмати алоқа .
Моддаи 29. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд
Шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлаӣи барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқоматӣ, хоҷагии боғдорӣ ё деҳқонӣ;
2) дар навбати аввал ройгон ва бенавбат гирифтани манзили истиқоматӣ дар хонаҳои мансуби фонди манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ва идоравӣ барои шахсоне, ки муҳтоҷи беҳтар кардани шароити манзили мебошанд, дар навбати аввал таъмир намудани манзилҳои истиқоматии онҳо
3) бенавбат гузаронидани телефони хона;
4) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ барои сохтмони манзили истиқоматии шахсӣ, хоҷагии боғдорию полизӣ муайян кардааст
5) ройгон гирифтани доруҳо аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёре ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст
6) ройгон сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд), ва таъмин намудан бо дигар навъҳои дандонҳои сунъӣ ва маснуоти ортопедӣ
7) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
8) аз ҷои кор таъмин шудан бо роҳхат ба шифохонаҳо, дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат бо нархи арзон ва касони корнакунанда аз тарафи мақомоти нафақа бо роҳхатҳои ройгон таъмин карда мешаванд
9) ройгон таъмин шудан бо роҳхатҳо аз рӯи муоинаи тиббӣ барои табобати санаторию курортӣ дар давраи аз октябр то апрел
10) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркашӣ шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани байнишаҳрӣ ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳрӣ
11) ройгон сафар кардан дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ё ин ки дар як сол як бор сафар кардан ба навъҳои нақлиёти номбаршуда бо 50 фоиз кам кардани роҳкиро
12) озод будан аз пардохти хонапулӣ. Зимнан пули масоҳати иловагии манзили истиқоматӣ (то 15 метри мураббаъ) дар ҳаҷми яккарата пардохта мешавад;
13) озод будан аз пардохти музди хизмати посбонии ғайриидоравӣ, хизмати коммуналӣ ва хизмати алоқа. Зимнан шахсоне, ки хонаҳояшон маркази гармидиҳанда надорад, - аз пардохти пули сӯзишворӣ, ки дар ҳудуди меъёрҳои барои фурӯш ба аҳолӣ муқаррар карда шудаанд ва хизмати нақлиётӣ барои овардани ин сӯзишворӣ.
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда кор мекарданд
Шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, мудофиаи зиддиҳавоии маҳаллӣ, сохтмони иншоотҳои мудофиавӣ, базаҳои баҳрӣ, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар минтақаҳои наздифронтии роҳи оҳан ва автомобилгард, дар шифохонаҳои сайёр (эвакуасионӣ), ва поездҳои санитарӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки моддаи 21-уми ҳамим Қонун пешбинӣ намудааст аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи яккаратаи бефоизи муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) хонаи истиқоматии хусусӣ, боғсарой ва ободонии қитъаи замини боғ аз рӯи тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузорӣ барои сохтмони манзили хусусӣ ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ муайян кардааст
3) 50 фоиз кам кардани нархи доруҳои аз рӯи нусхаи духтурон гирифташаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
4) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
5) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ (ба ғайр аз таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ дар деҳот бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқоматӣ, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ
6) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ), пардохти пули хизмати алоқа ;
7) касонеро, ки дар натиҷаи бемории умумӣ маъюби гурӯҳи I ва II шудаанд, аз манзили хизматии ишғолкардаашон бидуни барояшон беподош додани иқоматгоҳи дигар хориҷ намудан мумкин нест.
Моддаи 31. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ, хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ будаанд (ба ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё барои хизмати бенуқсони ҳарбии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотнидашуда)
Шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 камаш 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ, хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ будаанд (ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё, барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд), ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоӣ, ки моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд:
1) гирифтани кредитҳои якдафъагии бефоизи муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ва деҳқонӣ ба тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
2) маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз хонаҳои хизматӣ, ки дар он зиндагӣ мекунанд, бе додани дигар манзили ройгон кӯчонда шуда наметавонанд
3) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
4) рафтуои ройгон дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ), инчунин 50 фоиз кам кардани музди рафту омад бо нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат
Моддаи 32. Ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд
Шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии дар моддаҳои 25, 26 ва банди 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд .
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти собиқ асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ
Асирони собиқ ноболиғи лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил карда буданд, бар замми ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоиз аз муассисаҳои бонки давлатӣ барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахсӣ, боғсарой, ободонии қитъаи боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ ба тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
2) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) ва хизмати алоқа, касоне, ки дар хонаҳои маркази гармидиҳанда надошта сукунат доранд, аз пули сӯзишворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки барои фурӯш ба аҳолӣ муқаррар шудааст ;
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4) 50 фоиз кам кардани пардохти пули доруҳои аз рӯи нусхаи (ресепти) духтур харидашаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин пардохти пули сохтан ва таъмир кардани протезҳои дандон (ба истиснои протезҳо аз маъданҳои қиматбаҳо) ва дигар ёрии протезию ортопедӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ;
5) гирифтани рухсатии ройгон ба муддати то се ҳафта дар як сол
6) соле як маротиба 50 фоиз кам кардани нархи рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ё нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ё бо хоҳиши худ дар ду сол як маротиба дар нақлиёти фавкуззикр ройгон рафтуомад кардан
7) ройгон рафтуомад кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ба ғайр аз таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳрӣ ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳрӣ
ФАСЛИ V. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ХИЗМАТҲОИ ШОЁН БО ОРДЕНУ МЕДАЛҲО МУКОФОТОНИДА ШУДААНД
Моддаи 34. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда илова ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7), 9)-уми банди "а" ва зербандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9-уми банди "б"-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд ;
1) таъини нафақа барои хизматҳои шоён;
2) соле як маротиба рафтуомади ройгон бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор), нақлиёти ҳавоӣ ё автомобилии байнишаҳрӣ
3) озод будан аз пардохти ҳамаи андозу боҷу хироҷ;
4) соле як маротиба аз ҷои кор ва барои шахсоне, ки кор намекунанд, аз ҷониби мақомоти нафақа таъмин шудан бо роҳхати ройгон барои муолиҷаи санаторию курорти мутобиқи хулосаи муассисаи тиббӣ
5) додани масоҳати иловагии истиқомат дар биноҳои фонди манзили давлатӣ, мунисипалӣ ё идоравӣ то 20 метри мураббаъ.
Бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои таваллуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда хотираи онҳо бо гузоштани номашон ба кӯчаю майдонҳо, гулгаштҳо, мактабу маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои физикию географӣ ё бо тадбирҳои дигари дар қонунгузорӣ пешбинигардида абади гардонида мешавад.
Моддаи 35. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шарафи Меҳнатӣ" мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шарафи Меҳнати" мукофотонидашуда илова ба ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 6), 9)-уми банди "а", зербандҳои 2, 3, 4, 5, 8-уми банди "б"-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26 ва бандҳои 1, 2, 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, ба ройгон гирифтани масоҳати иловагии манзили истиқоматӣ то 15 метри мураббаъ ҳақ доранд .
Моддаи 36. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени "Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС" мукофотонда шудаанд
Шахсони бо се дараҷаи ордени "Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС" мукофотонидашуда бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 5), 9)-уми банди "а", зербандҳои 2, 4, 5, 7-уми банди "б"-и моддаи 25, банди 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳақ доранд, ки соле як маротиба бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор) ройгон рафту омад кунанд ва хароҷоти хизмати комуналиро дар ҳаҷми 50 фоиз кам мепардозанд .
ФАСЛИ VI. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ СОБИҚАДОРОНИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ, МЕҲНАТ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ СОБИҚАДОРОН - ШАҲРВАНДОНИ ДАВЛАТҲОИ ДИГАР
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти собиқадорони хизмати ҳарбӣ
Собиқадорони хизмати ҳарбӣ (моддаи 19) бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси хизматчиёни ҳарбе пешбинӣ шудааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд (:
1) озод будан аз пардохти андозҳо (кам кардани маблағи андозҳо) дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян месозад;
2) дар навбати аввал таъмин шудан бо манзили ройгон дар иморатҳои фонди манзилии давлатӣ, мунисипалӣ ва идоравӣ. Зимнан аз манзил хориҷ кардани хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ ҷавобшуда бидуни барояшон додани манзили дигар манъ аст
3) гирифтани масоҳати иловагии истиқоматӣ то 9 метри мураббаъ (барои ҳайати афсарони олирутба);
4) 50 фоиз кам кардани пули пардохти манзил ва хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) ;
5) таъмини муолиҷаи санитарию курортӣ аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин сурат шахсоне, ки аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегиранд, як ҳиссаи арзиши роҳхатро мувофиқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонун мепардозанд;
6) озод намудан аз пардохти пули рафтуомад дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умумӣ (ғайр аз таксӣ) дар деҳот
Ба собиқадорони дорои унвони генерал ҳангоми фиристода шуданашон барои хизматрасонии тиббӣ ва муолиҷаи санаторию курортӣ ба муассисаҳои тиббии ҳарбӣ, санаторияву истироҳатгоҳҳо мутобиқи роҳхатҳое, ки муассисаҳои тиббии ҳарбӣ медиҳанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси хулосаи муассисаҳои марбутаи тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи идораи дахлдор барои муолиҷаи статсионари рафта оянд (.
Моддаи 38. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқии иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузорӣ оид ба статуси шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, мақомоти назорати маводи нашъаовар, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд (
1) таъин кардани нафақа, пардохтани замимапулӣ ва иловапулӣ ба нафақа мутобиқи Қонун "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ";
2) ҳисоб кардани вақти хизмат (собиқаи хизмат) ба собиқаи меҳнат (як бар як);
3) озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот ();
4) дар навбати аввал гирифтани хона, аз ҷумла масоҳати иловагии манзил то 9 метри мураббаъ (масоҳати иловагӣ ба шарте дода мешавад, ки унвон, дараҷа (рутба) ба унвони генерал-майор ва унвони аз он болотар, мутобиқ бошад);
5) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) .
Моддаи 39. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорони меҳнат
Собиқадорони меҳнат ҳангоми ба нафақа баромадан бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, банди 3-юми моддаи 38-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд (:
1) гирифтани кӯмаки моддӣ ё молиявӣ аз ҳисоби маблағи корхонаҳо;
2) гирифтани иловапулӣ ба нафақа;
3) барои онҳое, ки ба нафақаи пиронсолӣ баромадаанд, нигоҳ доштани собиқаи муттасили меҳнатӣ;
4) дар навбати аввал гирифтани манзил (дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонун).
Собиқадорони меҳнат вақти ба нафақа баромадан аз ҳуқуқи аъзои коллективи меҳатии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки онҳо пеш аз нафақахӯр шудан дар он ҷо кор мекарданд, истифода мебаранд. Ҳуқуқи беҳбуди шароити манзилии онҳо ва иштироки онҳо дар хусусигардони ва саҳҳомикунонии корхона, муассиса ва ташкилот боқи мемонад (.
Моддаи 40. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорон - шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Собиқадорон - шаҳрвандони давлатҳои собиқ ИҶШС, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлатӣ истифода мебаранд (:
а) собиқадорони ҷанг (;
аз рӯи варақаҳои дорухати духтурон ройгон гирифтани дорувор (дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад)
муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии давлатӣ
б) собиқадорони ҳамаи категорияҳо (:
рафтуомади ройгон дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истнои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум дар деҳот
бенавбат истифода бурдан аз хизмати алоқа ва муассисаҳои варзишӣ солимгардонӣ ва маданию маърифатӣ ;
бенавбат харидани билет ба ҳамаи навъҳои нақлиёт.
ФАСЛИ VII. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ АЪЗОИ ОИЛАИ СОБИҚАДОРОН
Моддаи 41. Шахсоне, ки аъзои оилаи собиқадорон дониста мешаванд
Шахсони зайле, ки якҷоя бо оилаи собиқадор зиндагӣ мекунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд (:
а) волидайн (модар, падар);
б) ҳамсарон (шавҳар, зан);
в) фарзандони ба синни 18 нарасида ё калонтар аз ин син, агар онҳо дар муассисаҳои таълимии олӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд;
г) бародарон, хоҳарон ва набераҳои ғайриқобили меҳнат, агар онҳо дар таъминоти собиқадор бошанд (;
д) бобо, биби ё дигар ашхоси ғайриқобили меҳнат, ки дар таъминоти собиқадор мебошанд (.
Моддаи 42. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии аъзои оилаи собиқадор
Аъзои оилаи собиқадор аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд (:
а) 50 фоиз кам кардани пардохти пули хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) барои аъзои оилаи собиқадор, ки дар сарсатри "а" моддаи 27, дар модаҳои 25, 26, 28, 29, 30, 33, 35 ва 36-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд ;
б) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил барои аъзои оилаи собиқадор, ки дар модаҳои 26, 31, 35-уми Қонуни мазкур зикр шудаанд ;
в) аз пардохтани пули хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) озод намудани аъзои оилаи собиқадор, ки дар моддаи 34-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд .
Моддаи 43. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти иловагии давлатии аъзои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, ки ҳалок шудаанд (фавтидаанд)
Аъзои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиёти Ҷангии дар ҳудуди давлатҳои дигар ҳалокшуда (фавтида), ки дар модаҳои 14, 16 ва 17-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, ба замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии дар моддаи 42-юми Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлатӣ истифода мебаранд :
1) таъини нафақа ба сабаби гум кардани саробон ва андозбандии имтиёзнок;
2) гирифтани ёрдампулӣ барои гӯрондан дар ҳадди меъёре, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;
3) ба моликияти оила додани автомобили сабукрав ё мотоколяскае, ки маъюб ройгон гирифта буд ;
4) дар навбати аввал бо манзил ройгон таъмин намудани ашхоси муҳтоҷи беҳбудии шароити манзил
5) кам кардани пули пардохти сӯзишворӣ (дар ҳаҷми 50 фоиз) дар ҳудуди меъёре, ки сокинони хонаҳои марказ гармӣ надошта мехаранд;
6) гирифтани кредити яккаратаи имтиёзноки муассисаҳои бонки барои харидани (сохтани) квартира, хонаи истиқоматӣ, боғсарой, ободонии қитъаҳои боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқонӣ;
7) ҳуқуқи имтиёзноки дохилшавӣ ба кооперативҳои манзилӣ, сохтмони манзил, гаражҳо ва кооперативҳои дигар, ширкатҳои боғу полизӣ;
8) ройгон гирифтани қитъаи замин ба андозаи дар Қонун муайяншуда барои сохтмони манзил, ба роҳ мондани хоҷагии боғу полизӣ ё деҳқонӣ
9) норавоии аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ баровардани оилаҳои собиқадорони ҳалокшуда (фавтида) бе ин ки ба онҳо хонаи дигари истиқоматӣ ройгон дода шавад
10) ройгон истифода кардан аз поликлиникаҳо ҳангоми ба нафақа баромадан, ки аъзои оила дар замони зинда будани собиқадори ҳалокшуда (фавтида) вобаста карда шуда буданд
11) дар асоси варақаҳои дорухати духтурон ба ҳадди меъёр ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дору ройгон таъмин намудани волидайн, зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида)
12) ҳуқуқи имтиёзнок барои таъмин карда шудан бо роҳхати санаторияҳо, профилакторияҳо, истироҳатгоҳҳо (дар сурати ҷоиз будани муолиҷаю истироҳат аз нигоҳи тиббӣ) аз охирин ҷои кори собиқадори ҳалокшуда (фавтида) ;
13) ройгон сафар кардани волидайн, зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида) дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ, наздишаҳрӣ (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми деҳот бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани хатти наздишаҳрӣ ва дар автобусҳои маршрутҳои наздишаҳрӣ
14) дар навбати якум қабул кардани зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида) ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон, ба марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, ҳамчунин бенавбат қабул намудани онҳо барои хизматрасонӣ аз тарафи шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ;
Ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти давлатӣ ба волидайни зани (шавҳари) дубора ақди никоҳ накарда, сарфи назар аз ин ки онҳо нонхӯри собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори амалиёти ҷангӣ мебошанд ё не ва сарфи назар аз гирифтани ҳар навъи нафақа ва музди кор, ҳамчунин ба шахсони дар банди "и" моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда дода мешаванд .
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ, ки барои аъзои оилаи собиқадорони ҳалокшудаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиёти Ҷангии ҳудуди давлатҳои дигар муқаррар карда шудаанд, ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, мақомоти назорати маводи нашъаовар, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ ё вазифаҳои хизматӣ, ё дар асири ва ё мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонун дар минтақаҳои амалиёти ҷанги беному нишон гумгашта дониста шудаанд, татбиқ мегарданд .
ФАСЛИ VIII. ҚОИДАҲОИ НИҲОӢ
Моддаи 44. Боздоштани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадор ва аъзои оилаи вай
Дар сурати ба маҳрумият аз озоди маҳкум шудани собиқадор ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбининамудаи ҳамин Қонун дар давраи адо кардани ҷазои таъиннамудаи суд боздошта мешаванд .
Мақоме, ки ба собиқадор замимаварақаи шаҳодатномаро дар бораи истифодаи ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи Қонуни мазкур додааст, варақаи мазкурро бекор мекунад .
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти марбутаи давлатӣ баъд аз адои ҷазо дар асоси дархости он муассисаи ислоҳоти меҳнатӣ, ки собиқадор дар он ҷо мӯҳлати ҷазоро сипарӣ мекунад, аз нав барқарор карда мешавад .
Масъалаи боздоштан ё барқарор намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ нисбати аъзои оилаи собиқадори ба маҳрумият аз озодӣ маҳкумшуда низ ба ҳамин тартиб ҳал мегардад .
Моддаи 45. Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии собиқадорон ва аъзои оилаи онҳо
Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатие, ки Қонуни мазкур барои собиқадорон ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал бароварда мешавад .
Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли собиқадорон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад .
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (
Моддаи 47. Баҳсҳо аз рӯи масъалаҳои вобаста ба амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи Қонуни мазкур
Баҳсҳо аз рӯи амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбининамудаи Қонуни мазкур аз тариқи суд ҳал карда мешаванд .
Амалҳои ғайриқонунии мақомот ва шахсони мансабдор оид ба амали намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатӣ низ ба ҳамин тартиб ҳал карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
7 апрели соли 1995 № 59
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО
Ин Қонун статуси ветеранҳоро муайян намуда, назму тартиби татбиқи сиёсати давлатро нисбати ветеранҳо муқаррар мекунад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз он иборат аст, ки барои таъмини зиндагии шоистаи ветеранҳо ва иштироки фаъоли онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъият ва давлат шароити зарури муҳайё гардад.
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо аз инҳо иборатанд:
танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо ветеранҳо мебошанд;
ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ветеранҳо;
дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати ветеранҳо;
тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ветеранҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ин Қонун дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, иборат аст
Моддаи 3. Таносуби байни ин Қонун ва шартномаҳои байналхалқи
Агар дар шартномаи байкалхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз меъёрҳои ин Қонун тафовут доранд, он гоҳ меъёрҳои шартномаи байналхалқи истифода бурда мешаванд.
Моддаи 4. Шахсоне, ки амали ин Қонун нисбати онҳо татбиқ мегардад
Амали ин Қонун нисбати шаҳрвандоне татбиқ мегардад, ки онҳо дар қаламрави ҷумҳури сукунати доими дошта, мувофиқи Қонун ветеран дониста мешаванд.
Статуси ветеранҳо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлатҳои дигар сукунат доранд, тавассути шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 5. Татбиқи амали ин Қонун нисбати ветеранҳо - шаҳрвандони давлатҳои дигар
Ветеранҳо - шаҳрвандони хориҷи, ветеранҳо - шахсони бетабаа, ки муваққатан ё доими дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доранд, аз ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷубронот ба андозае истифода менамоянд, ки тавассути шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Қонун муайян карда шудаанд.
Моддаи 6. Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун мавриди истифода қарор гирифтаанд
Мафҳумҳое, ки дар ин Қонун мавриди истифода қарор гирифтаанд, мазмуни зайл доранд:
"кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммунали"обтаъминкуни, обпартои, кашонда бурдани партовҳои маиши ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гарми ва қувваи барқ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммунали;
"кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа" - пардохти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективи - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;
"кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқомати" - кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқомати - дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимои.
ФАСЛИ II. СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИСБАТИ ВЕТЕРАНҲО
Моддаи 7. Сиёсати давлат нисбати ветеранҳо
Сиёсати давлат нисбати ветеранҳо аз статуси конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимои бармеояд, ки он барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, фарҳангию маърифати, ташкили ва тадбирҳои дигарро дарбар мегирад, ки онҳо чораҳои зайлро пешбини мекунанд:
Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии ветеранҳоро таъмин менамоянд;
аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идораи давлати ба назар гирифтани манфиатҳои ветеранҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;
ҷалб намудами ветеранҳо барои иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва ҷамъият;
мусоидат намудан ба ташкилотҳои ветеранҳо дар амали гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон;
таблиғ намудани аҳамияти хизмати ҳарби ва фаъолияти меҳнати, нуфузу эътибори мукофотҳои давлати барои корнамоиҳои ҷанги ва меҳнати.
Моддаи 8. Кафолатҳои ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии ветеранҳо
Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба ветеранҳо кафолат дода, ҳуқуқҳо, озоди ва манфиатҳои онҳоро ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузори, иҷроияви ва суди ҳимоя мекунад.
Ҳуқуқҳо ва дигар тадбирҳои ҳимояи иҷтимои, ки пештар барои ветеранҳо ва оилаҳои онҳо тавассути қонунгузории Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, бе додани подоши баробарарзиш ба тартибе, ки Қонун муайян кардааст, бекор карда шуда наметавонанд.
Ба ҳеҷ гуна маҳдуд кардани ҳуқуқ ва имтиёзоте, ки ин Қонун барои ветеранҳо ва аҳли оилаҳои онҳо пешбини мекунад, роҳ дода намешавад.
Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноте, ки қонунгузори дар бораи ветеранҳо муқаррар намудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Моддаи 9. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати ветеранҳо
Мақомоти давлати, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидори ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи ветеранҳо ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхори зоҳир намоянд.
Мақомоти давлати, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худи дидани чораҳои иловаги нисбати ҳимояи иҷтимоии ветеранҳо, ки дар ин Қонун пешбини нашудаанд, қарор қабул намоянд.
Моддаи 10. Ташкилоти ветеранҳо
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимоя кардашавандаи ветеранҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ветеранҳо барпошуда метавонанд.
Ташкилотҳои ветеранҳо фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти ва оинномаи ташкилот амали менамоянд ва ба тартиби муқарраркардаи Қонун ҳақ доранд дар таҳия ва қабул кардани қарорҳое, ки мақомоти давлати нисбати ветеранҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд.
Моддаи 11. Кафолатҳои фаъолияти ташкилотҳои ветеранҳо
Мақомоти давлати, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори, дар доираи салоҳиятҳои худ метавонанд ба ташкилотҳои ветеранҳо ёрии молияви расонанд, аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор қарз диҳанд, ройгон ё дар асоси имтиёзнок дар ихтиёри онҳо ҷою биноҳо, таҷҳизот ва амволи дигарро, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавиашон заруранд, вогузор намоянд
Моддаи 12. Кафолатҳои фаъолияти корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои ветеранҳо мебошанд
Корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои ветеранҳо мебошанд, аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ дар мавридҳо ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пурра ё қисман озод буда метавонанд.
ФАСЛИ III. КАТЕГОРИЯИ ВЕТЕРАН
Моддаи 13. Категорияи ветеранҳо
Ветеранҳо ба сурати комил дорои ҳуқуқу озодиҳои сиёси, иҷтимоию иқтисоди ва шахси мебошанд ва ба ӯҳдаи худ вазифа ва масъулиятҳое доранд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд
Ветеранҳо ба чунин категорияҳо тақсим мешаванд:
ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани;
ветеранҳои амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар;
ветеранҳои хизмати ҳарби;
ветеранҳои меҳнат.
Моддаи 14. Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани
Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани шаҳрвандоне мебошанд, ки дар амалиёти ҷанги барои ҳифзи Ватан ё таъминоти қисмҳои армияи амалкунанда дар минтақаҳои амалиёти ҷанги бевосита иштирок кардаанд, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро солҳои Ҷанги Бузурги Ватани сипари намудаанд, дар ақибгоҳ шаш моҳ, ба истиснои давраи кор дар қаламрави муваққатан аз тарафи душман истилогардидаи ИҶШС, кор кардаанд, ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд.
Чунин шахсон ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт ҷавобшудагон (ба истеъфо баромадагон), ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои дар давраи Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда адо намудаанд, дар амалиёти дигари ҷанги барои ҳифзи Иттиҳоди ҶШС иштирок кардаанд, партизанҳо ва пинҳонкорони Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани;
б) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромада, инчунин шахсони ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлатии Иттиҳоди ҶШС, ки хизматро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар шаҳрҳое адо намудаанд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад;
в) шахсони ҳайати кирояи Армияи шӯрави, Флоти ҳарбии Баҳри, қӯшунҳо ва мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлатии ИҶШС, ки дар қисмҳо, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани аз рӯи штат соҳибмансаб буданд ё дар он давраҳо дар шаҳрҳое буданд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.
г) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар ҳайати қисмхои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда ва флот дохилшаванда ба сифати писархондҳои (тарбиягирандагони) полкҳо ва юнгаҳо шомил буданд;
д) шахсоне, ки дар амалиёти ҷанги бар зидди Германияи фашисти ва иттифоқчиёни он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар қаламрави кишварҳои хориҷи дар ҳайати отрядҳои партизани, гурӯҳҳои пинҳонкор ва дигар воҳидҳои зиддифашисти иштирок кардаанд;
е) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла онҳое, ки ба эҳтиёт (истеъфо) баромадаанд, шахсони ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, шахсоне аз ҷумлаи ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизати халқ, ки супоришҳои Ҷангии ҳукуматии Иттиҳоди ҶШС-ро дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 9 майи соли 1945 дар қаламрави ИҶШС, ҶШС Белоруссия, ҶШС Литва, ҶШС Латвия ва ҶШС Эстония иҷро кардаанд.
Моддаи 15. Дигар категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани баробар карда шудаанд
Ба ҷумлаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани, ки дар моддаи 14-уми ин Қонун пешбини гардидаанд, чунин шахсон низ дохил мешаванд:
а) коркунони воҳидҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандаи киштиҳои шикори ва нақлиёти ва ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ Иттиҳоди ҶШС, Флоти баҳрию дарёи, ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи роҳҳои асосии баҳрии шимоли, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот вазифаҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, инчунин аъзоёни экипажи киштиҳои флоти нақлиёти, ки дар оғози Ҷанги Бузурги Ватани ба бандарҳои давлатҳои дигар боздошта шуда буданд;
б) шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавои, мудофиаи зиддиҳавоии маҳалли, дар сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои баҳри, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар қитъаҳои роҳи оҳан ва автомобилии ба фронт наздик, дар госпиталҳои эвакуатсиони ва поёздҳои санитари дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани кор кардаанд;
в) кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо (аз ҷумла муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг ва санъат), намояндагони воситаҳои ахбори оммави, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳайати армияи амалкунанда ба командировка фиристода шудаанд;
г) шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҷамъоварии муҳимот ва техникаи ҳарби, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб карда шудаанд;
д) шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" мукофотонида шудаанд ва шахсоне, ки бо нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд;
е) шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуқсони ҳарби дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд;
ж) шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 дар хизмати ҳарби, дар хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати на камтар аз шаш моҳ буданд (ғайр аз шахсоне, ки дар хизмати армияи амалкунанда қарор доштаанд);
з) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ камаш шаш моҳ, ба истиснои вақти кор дар марзҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, кор кардаанд;
и) собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки аз тарафи фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шуда буданд;
к) ҳамсари (шавҳари) маъюбони вафоткардаи Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, инчунин ҳамсари (шавҳари) иштирокчиёни вафоткардаи ҷанг, партизанҳо, пинҳонкорон, шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград дар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ва нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шуда, дар натиҷаи касалиҳои умуми, иллати (маъюбии) меҳати ва дигар сабабҳо ҳамчун маъюб эътироф шудаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонуни маъюб шудаанд), ва никоҳи дигар накардаанд.
Моддаи 16. Иштирокчиёни амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
Чунин шахсон иштирокчиёни амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои ҳарби ҷалб шудаанд, шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, кормандони мақомоти мазкур ва Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС, ки дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти давлатии ИҶШС ба дигар давлатҳо фиристода шуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбиашон (хизматиашон) дар ин давлатҳо дар амалиётҳои ҷанги иштирок кардаанд;
б) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки ҳангоми иҷрои супоришоти Ҷангии ҳукумати дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 10 маи соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар дар амалиёти ҷанги иштирок кардаанд;
в) хизматчиёни баталонҳои автомобили, ки ба Афғонистон барои кашондани борҳо дар давраи амалиёти ҷанги ба ин кишвар фиристода шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарбии ҳайати парвозкунанда, ки аз қаламрвви Иттиҳоди ҶШС барои иҷрои супоришҳои Ҷанги ба Афғонистон парвоз кардаанд;
д) кормандоне, ки (ба шумули аъзоёни экипажҳои парвозкунандаи самолётҳои авиатсияи граждани, ки дар давраи амалиёти ҷанги дар Афғонистон парвоз кардаанд) ба қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳи ИҶШС ҳудуди давлатҳои дигар хизмат расонида, маъюб шудаанд, садаме дидаанд, ё иллатнок гардидаанд, ё бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд;
е) кормандоне, ки аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афғонистон ба кор фиристода шуда, мӯҳлати хизмати муқарраршударо адо намудаанд ё бо сабабҳои узрнок пеш аз мӯҳлат пас фиристода шудаанд.
Моддаи 17. Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
Чунин шахсон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар1 шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, (ба шумули тарбиягирандагони қисмҳои ҳарби ва юнгаҳо), ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ё дар қисмҳои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои шомили ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда муваққатан қарор доштанд, партизанҳо, пинҳонкорон, коргарон ва хизматчиёне, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар давраи Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани, дар минтақаҳои роҳи оҳани наздикии фронт, дар сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои ҳарбии баҳри, аэродромҳо гирифтор шудаашон маъюб гардидаанд ва онҳое, ки аз ҷиҳати таъмини нафақа ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда баробар карда шудаанд;
б) хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми ҳифзи Ватан ё ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарби дар фронт, дар минтақаҳои амалиёти ҷанги маъюб шудаанд;
в) шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар минтқаҳои амалиёти ҷанги ба амаломада маъюб шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталионҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои супоришҳои Ҷангии ҳукумати дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар ба амаломада маъюб шудаанд;
д) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҷамъоварии лавозимот ва техникаи ҳарби, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб шуда, дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар ин давра шудаашон маъюб шудаанд;
е) кормандони ба қисмҳои армияи амалкунанда дар қаламрави давлатҳои дигар хизматрасонанда, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар давраи амалиёти ҷанги дар ин давлатҳо мубталогаштаашон маъюб шудаанд.
Моддаи 18. Мақомоте, ки феҳристи қисмҳои ба ҳайати армияи амалкунанд дохилшаванда, феҳристи давлатҳоеро, ки дар онҳо амалиёти ҳарби бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, муайян мекунанд ва шаҳрвандонро ба категорияи ветеранҳо дохил менамоянд
Феҳристи қисмҳои ҳарби, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил буданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Феҳристи давлатҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва давраҳои амалиёти ҷанги, ки бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, инчунин ба ҷумлаи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани ва ветеранҳои амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар дохил намудани дигар категорияҳои шаҳрвандон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 19. Ветеранҳои хизмати ҳарби
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи ҶШС, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳади, қӯшунҳои дохили ва дигар воҳидҳои ҳарбии мувофиқи Қонун ташкилшуда, инчунин хизматчиёни ҳарбии вазоратҳо ва идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарби пешбини шудааст, дар сурати мавҷудияти яке аз асосҳои зайл ветеранҳои хизмати ҳарби ҳисоб карда шудаанд:
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
ҷавоб шудан аз хизмати ҳарби бинобар вазъи саломати (аз рӯи маъюби);
ҷавоб шудан аз хизмати ҳарби бинобар ихтисор шудани штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо орденҳою медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идорави;
тартиб ва шарту шароити додани унвони "Ветерани хизмати ҳарби" аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он шахсоне мебошанд, ки дар вазифаи қатори ё дар ҳайати роҳбари (аз рӯи аттестатсия) дар мақомоти корҳои дохили, мақомоти гумрук ва мақомоти прокуратура хизмат мекунанд, судяҳои собиқ Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дорои яке аз асосҳои зайл ҳастанд:
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар вазъи саломати (аз рӯи маъюби);
ҷавоб шудан аз вазифа (хизмат) бинобар ихтисори штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идорави;
тартиб ва шарту шароити додани унвони "Ветерани хизмати ҳарби" аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 21. Ветерани меҳнат
Ветеранҳои меҳнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори дар давоми на камтар аз 25 соли тақвими (барои мардҳо) ва 20 соли тақвими (барои занҳо) кор карда, яке аз асосҳои зеринро доранд:
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идорави;
барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.
Тартиб ва шарту шароити додани унвони "Ветерани меҳнат" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Статути унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон", орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Статути унвони "Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон", орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муайян карда мешавад.
Ветеранҳое, ки ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, аз дигар ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷубронот, ки тавассути Статути мукофотҳои мазкур мувофиқи қонун муқаррар карда шудаанд, истифода бурда метавонанд.
Моддаи 23. Нишони сарисинаги ва шаҳодатномаи ветеран
Нишонҳои сарисинагии ветеранҳое, ки дар моддаи 12-уми ин Қонун зикр шудаанд, мукофоти давлати буда, аз номи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон тавассути мақомоти (шахсони) ба он вазифадор кардашуда супурда мешаванд.
Статути нишони сарисинаги тафассути Қонун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонун аз 13.11.98с. № 675).
Ҳуқуқ, кафолатҳо ва ҷуброноти давлатии ветеранҳо ҳангоми аз тарафи онҳо нишон додани шаҳодатномаҳои намунаашон якхелае, ки Шӯрои Вазирони ИҶШС то 31 декабри соли 1991 ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як категорияи ветеранҳо муқаррар кардааст, татбиқ мешавад.
Моддаи 24. Тадбирҳои умумии ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимоии ветеранҳо
Ба шахсоне, ки дар асоси ҳамин Қонун ветеран дониста шудаанд, афзалиятҳои зайл дода мешавад:
1) ҳуқуқи афзалиятнок барои муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии статсионари ва амбулатории давлати ;
2) муоинаи ҳарсолаи диспансери дар муассисаҳои тиббии давлати;
3) ҳангоми ба нафақа баромадан ройгон истифода бурдан аз поликлиникаҳое, ки дар онҳо ба қайд гирифта шуда буданд (аз ҷумла поликлиникаҳои тобеи идори) ;
4) дар навбати аввал аз ҷои кор таъмин карда шудан, барои бекорон бошад, - аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа дар маҳалли истиқомат ё аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа таъмин намудани роҳхатҳо барои истироҳат дар шифохонаҳо, профилакторияҳо ва истироҳатгоҳҳо;
5) афзалият барои табобати санаторию курорти дар вақти муносиб (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
6) бемузд омӯхтани касбҳои нав дар маҳалли кор дар курсҳои такмили ихтисос дар системаи давлатии тайёр кардани кадрҳо ва такмил додани ихтисоси онҳо бо пардохти музди меҳнат аз ҷои кор дар тамоми давраи таҳсил;
7) дар мавриди мувофиқ истифода бурдани рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пулаки ва гирифтани рухсатии иловагии ройгон
8) афзалият ҳангоми таъини нафақа, пардохти ёрдампули ва андоз, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
9) афзалият ҳангоми қабул шудан ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимои дар хона (бенавбат фақат ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани ва амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар, ба категорияи боқимондаи ветеранҳо - дар навбати аввал);
10) афзалият дар истифодаи тамоми навъҳои хидмати алоқа, муассисаҳои мадани-равшаннамои ва варзишию тандурусти, харидани билет ба тамоми, навъҳои нақлиёт (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
11) афзалият ҳангоми қабул шудан ба муассисаҳои давлатии маълумоти оли ва миёнаи касби;
12) афзалият ҳангоми дохил шудан ба кооперативҳои манзили, сохтмони манзил, гараж, кооперативҳои бустонсаройсози, ширкатҳои боғпарварию обчакори, ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин (дар ҳудуди меъёре, ки қонунгузори муқаррар кардааст) барои сохтмони хонаҳои хусуси, хоҷагиҳои боғдорию обчакори (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
13) афзалият дар гирифтани қарз аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хона, манзили истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи боғи ва таъмири асосии манзилҳои ба онҳо тааллуқдошта (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
14) ройгон шахси кунонидани манзили ишғолкардаи истиқомати дар хонаҳои фонди давлати, мунисипали ва идораҳо (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда)
15) ба ҳисоби собиқаи меҳнат (собиқаи хизмат) дохил кунонидани факти иштирок дар амалиётҳои ҷанги дар ҳаҷми секарата (як сол ба ҳисоби се сол).
ФАСЛИ IV. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани
Ветеранҳои ҷанг (моддаи 14-ум) ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода менамоянд:
а) умрбод аз пардохтҳои зерин озод карда мешаванд;
1) аз андоз аз даромад, андози замин, андоз аз соҳибони иморатҳо ва андоз аз моликияти шахсони воқеъи, андоз аз соҳибони васоити нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгард, инчунин андоз аз курортпули, андоз аз пули рақамҳои автомобили ё мотоколяскаҳо, пардохти патент барои машғул шудан ба фаъолияти фардии меҳнати ё ба қайди давлат даровардани шуғли соҳибкори бидуни ташкили шахси ҳуқуқи, инчунин дар мавридҳое, ки қонунгузори муқаррар кардааст, аз пардохти дигар намуди андозҳо ва боҷу хироҷ;
2) аз пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқомати. Зимнан то 15 метри мураббаъ аз масоҳати иловагии истиқомати ба андозан яккарата пардохта мешавад;
3) аз пардохти ҳаққи хидмати посбонии ғайриидорави, хадамоти коммунали (новобаста аз фонди манзили, ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва барои онҳое, ки дар хонаҳои оби гарме надошта зиндаги мекунанд, аз пардохти пули сӯзишвори дар ҳудуди меъёри фурӯши барои аҳоли муқарраршуда ва хизматгузории нақлиёти барои расонидани ин сӯзишвори ;
4) аз пардохти хизмати алоқа;
5) барои гирифтани қитъаҳои замин дар он ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтани хонаи шахси, боғчаҳо, гараж, хоҷагии боғдорию полези, чорво муқаррар кардааст;
6) аз фоизи қарзи яккаратаи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хона, бинои шахси, боғсаро, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони;
7) аз дорупули аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
8) аз ҳаққи сохтану тармим кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд) инчунин барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию-ортопеди (ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд);
9) аз пули путёвкаҳо барои табобати санаторию курорти (ба шарте, ки онҳо барои корнамоиҳои ҷанги бо ду ва зиёда аз он орденҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда бошанд);
10) аз роҳкирои ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри ва наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми, бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри
11) аз роҳкиро як бор дар ду сол ҳангоми рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё автомобили ё ин ки мувофиқи хоҳиши ӯ дар як сол як бор сафар (рафтуомад) кардан бо нархи 50 фоиз арзоншуда бо навъҳои нақлиёти дар боло номбурда;
б) ғайр аз ин ҳуқуқи зерин дода мешавад:
1) дар навбати аввал (барои маъюбон бенавбат) аз ҷои кор, бо нархи арзон ва барои касоне, ки кор намекунанд, аз ҳисоби мақоми дахлдори таъминоти нафақа гирифтани путёвка барои табобати санаторию курорти;
2) дар навбати аввал шахсони барои беҳбуди шароити манзили муҳтоҷ, (маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 бенавбат) аз ҳисоби фондҳои манзилии давлати, мунисипали ё идорави ройгон бо манзили истиқомати таъмин мешаванд (кӯчондани онҳо аз манзили истиқоматии хизмати бе додани манзили истиқоматии дигар манъ аст) (
3) бенавбат гузаронидани телефони хона, зимнан барои инвалидони ҷанг ройгон ;
4) берун аз конкурс қабул кардан ба муассисаҳои таълими давлатии маълумоти оли ва миёнаи касби ва дар давраи таҳсил дар ин муассисаҳо гирифтани стипендияи зиёдтаре, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст;
5) аз ҷои кор гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати се ҳафта (маъюбони ҷанг то чор ҳафта)
6) дар навбати аввал (барои маъюбони ҷанг бенавбат) таъмир намудани манзили истиқомати;
7) гирифтани ёрдампули барои корношоямии муваққати дар натиҷаи бемории умуми то се моҳ паи ҳам ё то чор моҳ, паи ҳам дар як соли тақвими (маъюбони ҷанг мувофиқан чор ва панҷ моҳ);
8) гирифтани ёрдампули барои корношоямии муваққати дар ҳаҷми 100 фоиз, новобаста аз собиқаи меҳнати;
9) дар навбати аввал таъмин шудан бо сӯзишвори.
Ба иштирокчиёни ҷанг, ки дар натиҷаи бемориҳои умуми, иллати меҳнати ва дигар сабабҳо (ба истиснои шахсоне, ки маъюбиашон дар натиҷаи аъмоли ғайриқонуни ба амал омадааст) маъюб шудаанд, ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти маъюбони ҷанг, мувофиқи гурӯҳи муқаррашудаи маъюби, бидуни ташхиси иловагии экспертии тибби дода мешавад.
Моддаи 26. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии маъюбони ҷанг
Ба маъюбони ҷанг (моддаи 17) илова бар тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии дар моддаи 24-25-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳуқуқҳои зерин дода мешаванд:
1) бенавбат дар муассисаҳои давлатии табобатии статсионари хобидан (барҳам додани шифохонаи маъюбони ҷанг мумкин нест);
2) ба онҳо мутобиқи хоҳишашон ба ҷои путёвка, барои табобати санаторияву курорти дар ду сол як бор додани ҷубронпули аз рӯи тартибу андозае, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян мекунад;
3) гирифтани варақаи бемори (ба маъюбони гурӯҳи 1-2) дар сурати нокифоя будани рухсатии навбати ва иловаги барои табобат ва рафтуомади курорт барои чанд рӯзе, ки лозим бошад. Зимнан ёрдампули, сарфи назар аз он ки путёвка аз ҳисоби ки дода шудааст, пардохта мешавад;
4) бенавбат гирифтани масолеҳи сохтмони барои сохтмони манзили шахси ва таъмири асосии хонае, ки дар он истиқомат мекунанд;
5) таъмири асосии хонаҳои хусуси аз ҳисоби буҷети маҳалли ба тартибе, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст;
6) ройгон сафар кардан, аз ҷумла барои шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро ҳамроҳи мекунад, дар тамоми навъҳои нақлиёти шаҳрии мусофиркаш бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ба ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин ҳаракати наздишаҳри (
7) дар як сол як бор ройгон сафар кардан (рафтану омадан) тавассути нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавои ё автомобилии байнишаҳри. Ба шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро дар сафар ҳамроҳи мекунад (на зиёдтар аз як ҳамроҳикунанда) нархи раҳкирои навъҳои номбаршудаи нақлиёт 50 фоиз арзон карда мешавад. Зимнан, маъюбони гурӯҳи 3-юм-дар як сол як бор аз роҳкирои 50 фоиз арзоншудаи (рафтану омадан) бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва нақлиёти автомобилии байнишаҳри истифода мебаранд
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани аз рӯи тартибу мӯҳлате, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст, бо пешниҳоди муоинаи тибби ройгон (бидуни ҳуқуқи фурӯхтан) автомобили сабукрави дасти идорашаванда ба муддати ҳафт сол ё ин ки мотоколяска ба муддати истифодаи панҷсола дода шуда, ҳароҷоти хариди бензин, қисмҳои эҳтиёти, инчунин хароҷоти тармиму хизматрасонии техникиашон пардохта мешавад. Зимнан ба маъюбоне, ки аз рӯи муоинаи тибби барои ройгон мошин ё мотоколяска гирифтан ҳуқуқ доранду онро нагирифтаанд, ҳар сол ҷубронпулии хароҷот барои истифодаи нақлиёт пардохта мешавад .
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои амалиётҳои ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
Ветеранҳои амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар ба ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз кафолату ҷуброноти зерин истифода мебаранд:
а) кафолату ҷуброноти дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 3, 7-уми банди "б" - шахсоне, ки дар сарсатрҳои "а", "б", "в"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, истифода мебаранд. 3имнан категорияи шахсони мазкур хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии), пули хизмати алоқаро 50 фоиз кам месупоранд, барояшон бенавбат телефони хона гузаронида мешавад. Бар замми он, категорияи шахсони номбаршуда, ки садама дидаанд ва ярадору иллатнок шудаанд, ҳақ доранд дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ройгон сафар кунанд, ё бо хоҳиши худ дар як сол як бор дар нақлиёти зикршуда бо пардохтани 50 фоизи ҳақи роҳкиро сафар кунанд ;
б) дар моддаи 25-уми ин Қонун зикршуда ба истиснои зербандҳои 1),
2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 3, 7, 9-уми банди "б" онҳое, ки дар сарсатрҳои "г" ва "д"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд ;
в) дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои
1), 2), 3), 4), 6), 7), 8) ва 10)-уми банди "а" ва зербандҳои 2, 3, 6, 7, 8-уми банди "б" - онҳое ки дар сарсатри "е"-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд .
Моддаи 28. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариатҳои халқи ва идораҳои собиқ ИҶШС
Коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандагони киштиҳои шикори ва боркашон ва ҳайати парвозу боркашонии Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ ИҶШС, флотҳои баҳрию дарёи, ҳайати парвозкунандагону боркашонии авиатсияи Саридораи роҳҳои Баҳри Шимоли (Главсевморпуть), ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот супоришҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, аъзоёни экипажҳои киштиҳои флоти боркашон, ки дар аввалҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар бандарҳои дигар давлатҳо боздошта шудаанд, ҳамчунин шахсони дар сарсатрҳои "в" ва "г"-и моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда илова бар тадбирҳои ҳифзи иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқомати, боғсаро ва ободонии қитъаи замини боғи;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили истиқомати, хоҷагии боғдорию полизи ва деҳқони муайян кардаанд
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4) аз рӯи нусхаҳои духтурон ройгон гирифтани доруҳо дар ҳудуди меъёре, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст ва ройгон ва дар навбати аввал сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта мешаванд) дар дармонгоҳҳои маҳалли истиқомат
5) гирифтани рухсатии иловагии ройгон соле ба муддати то сеҳафта
6) ройгон сафар кардан бо тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунии дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳри
7) озод будан аз пардохти хонапули, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва хизмати алоқа .
Моддаи 29. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд
Шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонида шудаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқомати, хоҷагии боғдори ё деҳқони;
2) дар навбати аввал ройгон ва бенавбат гирифтани манзили истиқомати дар хонаҳои мансуби фонди манзилии давлати, мунисипали ва идорави барои шахсоне, ки муҳтоҷи беҳтар кардани шароити манзили мебошанд, дар навбати аввал таъмир намудани манзилҳои истиқоматии онҳо
3) бенавбат гузаронидани телефони хона;
4) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили истиқоматии шахси, хоҷагии боғдорию полизи муайян кардааст
5) ройгон гирифтани доруҳо аз рӯи нусхаи духтурон дар ҳудуди меъёре ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст
6) ройгон сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд), ва таъмин намудан бо дигар навъҳои дандонҳои сунъи ва маснуоти ортопеди
7) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
8) аз ҷои кор таъмин шудан бо роҳхат ба шифохонаҳо, дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат бо нархи арзон ва касони корнакунанда аз тарафи мақомоти нафақа бо роҳхатҳои ройгон таъмин карда мешаванд
9) ройгон таъмин шудан бо роҳхатҳо аз рӯи муоинаи тибби барои табобати санаторию курорти дар давраи аз октябр то апрел
10) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳрибо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани байнишаҳри ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳри
11) ройгон сафар кардан дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ё ин ки дар як сол як бор сафар кардан ба навъҳои нақлиёти номбаршуда бо 50 фоиз кам кардани роҳкиро
12) озод будан аз пардохти хонапули. Зимнан пули масоҳати иловагии манзили истиқомати (то 15 метри мураббаъ) дар ҳаҷми яккарата пардохта мешавад;
13) озод будан аз паддохти музди хизмати посбонии ғайриидорави, хизмати коммунали ва хизмати алоқа. Зимнан шахсоне, ки хонаҳояшон маркази гармидиҳанда надорад, - аз пардохти пули сӯзишвори, ки дар ҳудуди меъёрҳои барои фурӯш ба аҳоли муқаррар карда шудаанд ва хизмати нақлиёти барои овардани ин сӯзишвори.
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда кор мекарданд
Шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавои, мудофиаи зиддиҳавоии маҳалли, сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои баҳри, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар минтақаҳои наздифронтии роҳи оҳан ва автомобилгард, дар шифохонаҳои сайёр (эвакуасиони), ва поездҳои санитари дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани кор кардаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки моддаи 21-уми ҳамим Қонун пешбини намудааст аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зерин истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи яккаратаи бефоизи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи истиқоматии хусуси, боғсарой ва ободонии қитъаи замини боғ аз рӯи тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили хусуси ва ташкили хоҷагии деҳқони муайян кардааст
3) 50 фоиз кам кардани нархи доруҳои аз рӯи нусхаи духтурон гирифташаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст;
4) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
5) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми дар деҳот бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомати, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри
6) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табии), пардохти пули хизмати алоқа ;
7) касонеро, ки дар натиҷаи бемории умуми маъюби гурӯҳи I ва II шудаанд, аз манзили хизматии ишғолкардаашон бидуни барояшон беподош додани иқоматгоҳи дигар хориҷ намудан мумкин нест.
Моддаи 31. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарби, хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати будаанд (ба ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё барои хизмати бенуқсони ҳарбии солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотнидашуда)
Шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 камаш 6 моҳ дар хизмати ҳарби, хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати будаанд (ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё, барои хизмати бенуқсони ҳарби дар ақибгоҳ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватани бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд), ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимои, ки моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини кардааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани кредитҳои якдафъагии бефоизи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ва деҳқони ба тартибе, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз хонаҳои хизмати, ки дар он зиндаги мекунанд, бе додани дигар манзили ройгон кӯчонда шуда наметавонанд
3) гирифтани рухсатии иловагии ройгон ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол
4) рафтуои ройгон дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) , инчунин 50 фоиз кам кардани музди рафту омад бо нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат
Моддаи 32. Ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброноти шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд
Шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии дар моддаҳои 25, 26 ва банди 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд .
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти собиқ асирони ноболиғи конслагерҳои фашисти
Асирони собиқ ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ташкил карда буданд, бар замми ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоиз аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони ба тартибе, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва хизмати алоқа, касоне, ки дар хонаҳои маркази гармидиҳанда надошта сукунат доранд, аз пули сӯзишвори дар ҳудуди меъёрҳое, ки барои фурӯш ба аҳоли муқаррар шудааст ;
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4) 50 фоиз кам кардани пардохти пули доруҳои аз рӯи нусхаи (ресепти) духтур харидашаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин пардохти пули сохтан ва таъмир кардани протезҳои дандон (ба истиснои протезҳо аз маъданҳои қиматбаҳо) ва дигар ёрии протезию ортопеди аз рӯи нишондоди тибби;
5) гирифтани рухсатии ройгон ба муддати то се ҳафта дар як сол
6) соле як маротиба 50 фоиз кам кардани нархи рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ва ё бо хоҳиши худ дар ду сол як маротиба дар нақлиёти фавкуззикр ройгон рафтуомад кардан
7) ройгон рафтуомад кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ба ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри
ФАСЛИ V. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ХИЗМАТҲОИ ШОЁН БО ОРДЕНУ МЕДАЛҲО МУКОФОТОНИДА ШУДААНД
Моддаи 34. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯрави ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯрави ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда илова ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7), 9)-уми банди "а" ва зербандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9-уми банди "б"-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд ;
1) таъини нафақа барои хизматҳои шоён;
2) соле як маротиба рафтуомади ройгон бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор), нақлиёти ҳавои ё автомобилии байнишаҳри
3) озод будан аз пардохти ҳамаи андозу боҷу хироҷ;
4) соле як маротиба аз ҷои кор ва барои шахсоне, ки кор намекунанд, аз ҷониби мақомоти нафақа таъмин шудан бо путёвкаи ройгон барои муолиҷаи санаторию курорти мутобиқи хулосаи муассисаи тибби
5) додани масоҳати иловагии истиқомат дар биноҳои фонди манзили давлати, мунисипали ё идорави то 20 метри мураббаъ.
Бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи ҷои таваллуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави ва шахси бо се дараҷаи ордени "Шараф" мукофотонидашуда хотираи онҳо бо гузоштани номашон ба кӯчаю майдонҳо, гулгаштҳо, мактабу маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои физикию географи ё бо тадбирҳои дигари дар қонунгузори пешбинигардида абади гардонида мешавад.
Моддаи 35. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шарафи Меҳнати" мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дараҷаи ордени "Шарафи Меҳнати" мукофотонидашуда илова ба ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 6), 9)-уми банди "а", зербандҳои 2, 3, 4, 5, 8-уми банди "б"-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26 ва бандҳои 1, 2, 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбини шудааст, ба ройгон гирифтани масоҳати иловагии манзили истиқомати то 15 метри мураббаъ ҳақ доранд .
Моддаи 36. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени "Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС" мукофотонда шудаанд
Шахсони бо се дараҷаи ордени "Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС" мукофотонидашуда бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 5), 9)-уми банди "а", зербандҳои 2, 4, 5, 7-уми банди "б"-и моддаи 25, банди 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳақ доранд, ки соле як маротиба бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор) ройгон рафту омад кунанд ва хароҷоти хизмати комуналиро дар ҳаҷми 50 фоиз кам мепардозанд .
ФАСЛИ VI. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ ДАВЛАТИИ ВЕТЕРАНҲОИ ХИЗМАТИ ҲАРБИ, МЕҲНАТ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВЕТЕРАНҲО - ШАҲРВАНДОНИ ДАВЛАТҲОИ ДИГАР
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти ветеранҳои хизмати ҳарби
Ветеранҳои хизмати ҳарби (моддаи 19) бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун ва санадҳои қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи статуси хизматчиёни ҳарбе пешбини шудааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:
1) озод будан аз пардохти андозҳо (кам кардани маблағи андозҳо) дар ҳолатҳое, ки қонунгузори муайян месозад;
2) дар навбати аввал таъмин шудан бо манзили ройгон дар иморатҳои фонди манзилии давлати, мунисипали ва идорави. Зимнан аз манзил хориҷ кардани хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарби ҷавобшуда бидуни барояшон додани манзили дигар манъ аст
3) гирифтани масоҳати иловагии истиқомати то 9 метри мураббаъ (барои ҳайати афсарони олирутба);
4) 50 фоиз кам кардани пули пардохти манзил ва хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ;
5) таъмини муолиҷаи санитарию курорти аз ҳисоби Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон. Дар ин сурат шахсоне, ки аз Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон роҳхат мегиранд, як ҳиссаи арзиши роҳхатро мувофиқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонун мепардозанд;
6) озод намудан аз пардохти пули рафтуомад дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ғайр аз такси) дар деҳот
Ба ветеранҳои дорои унвони генерал ҳангоми фиристода шуданашон барои хизматрасонии тибби ва муолиҷаи санаторию курорти ба муассисаҳои тиббии ҳарби, санаторияву истироҳатгоҳҳо мутобиқи путёвкаҳое, ки муассисаҳои тиббии ҳарби медиҳанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси хулосаи муассисаҳои марбутаи тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон аз ҳисоби маблағи идораи дахлдор барои муолиҷаи статсионари рафта оянд.
Моддаи 38. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Ветеранҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқии иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузори оид ба статуси шахсони ҳайати қатори ва раҳбарии мақомоти корҳои дохили, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:
1) таъин кардани нафақа, пардохтани замимапули ва иловапули ба нафақа мутобиқи Қонун "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарби";
2) ҳисоб кардани вақти хизмат (собиқаи хизмат) ба собиқаи меҳнат (як бар як);
3) озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот
4) дар навбати аввал гирифтани хона, аз ҷумла масоҳати иловагии манзил то 9 метри мураббаъ (масоҳати иловаги ба шарте дода мешавад, ки унвон, дараҷа (рутба) ба унвони генерал-майор ва унвони аз он болотар, мутобиқ бошад);
5) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) .
Моддаи 39. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳои меҳнат
Ветеранҳои меҳнат ҳангоми ба нафақа баромадан бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, банди 3-юми моддаи 38-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии зайл истифода мебаранд:
1) гирифтани кӯмаки модди ё молияви аз ҳисоби маблағи корхонаҳо;
2) гирифтани иловапули ба нафақа;
3) барои онҳое, ки ба нафақаи пиронсоли баромадаанд, нигоҳ доштани собиқаи муттасили меҳнати;
4) дар навбати аввал гирифтани манзил (дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонун).
Ветеранҳои меҳнат вақти ба нафақа баромадан аз ҳуқуқи аъзои коллективи меҳатии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки онҳо пеш аз нафақахӯр шудан дар он ҷо кор мекарданд, истифода мебаранд. Ҳуқуқи беҳбуди шароити манзилии онҳо ва иштироки онҳо дар хусусигардони ва саҳҳомикунонии корхона, муассиса ва ташкилот боқи мемонад.
Моддаи 40. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳошаҳрвандони давлатҳои дигар, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Ветеранҳо - шаҳрвандони давлатҳои собиқ ИҶШС, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бетабаа, ки муваққатан муқими ҶумҳурииТоҷикистон гаштаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зерини давлати истифода мебаранд:
а) ветеранҳои ҷанг;
аз рӯи нусхаҳои (ресептҳои) духтурон ройгон гирифтани дорувор (дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян месозад)
муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии давлати
б) ветеранҳои ҳамаи категорияҳо:
рафтуомади ройгон дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истнои такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум дар деҳот
бенавбат истифода бурдан аз хизмати алоқа ва муассисаҳои спортию солимгардони ва маданию маърифати;
бенавбат харидани билет ба ҳамаи навъҳои нақлиёт.
ФАСЛИ VII. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНОТИ АЪЗОИ ОИЛАИ ВЕТЕРАНҲО
Моддаи 41. Шахсоне, ки аъзои оилаи ветеранҳо дониста мешаванд
Шахсони зайле, ки якҷоя бо оилаи ветеран зиндаги мекунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд:
а) волидайн (модар, падар);
б) ҳамсарон (шавҳар, зан);
в) фарзандони ба синни 18 нарасида ё калонтар аз ин син, агар онҳо дар муассисаҳои таълимии оли ё миёнаи касби таҳсил намоянд;
г) бародарон, хоҳарон ва набераҳои ғайриқобили меҳнат, агар онҳо дар таъминоти ветеран бошанд;
д) бобо, биби ё дигар ашхоси ғайриқобили меҳнат, ки дар таъминоти ветеран мебошанд.
Моддаи 42. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии аъзои оилаи ветеран
Аъзои оилаи ветеран аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлати истифода мебаранд:
а) 50 фоиз кам кардани пардохти пули хизмати коммунали(ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) барои аъзои оилаи ветеран, ки дар сарсатри "а" моддаи 27, дар модаҳои 25, 26, 28, 29, 30, 33, 35 ва 36-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд ;
б) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил барои аъзои оилаи ветеран, ки дар модаҳои 26, 31, 35-уми ин Қонун зикр шудаанд;
в) аз пардохтани пули хизмати коммунали(ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) озод намудани аъзои оилаи ветеран, ки дар моддаи 34-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд .
Моддаи 43. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти иловагии давлатии аъзои оилаҳои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани ва ветеранҳои амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар, ки ҳалок шудаанд (фавтидаанд)
Аъзои оилаҳои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватани ва ветеранҳои амалиёти Ҷангии дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалокшуда (фавтида), ки дар модаҳои 14, 16 ва17-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, ба замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 42-юми ин Қонун пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти зайли давлати истифода мебаранд:
1) таъини нафақа ба сабаби гум кардани саробон ва андозбандии имтиёзнок;
2) гирифтани ёрдампули барои гӯрондан дар ҳадди меъёре, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
3) ба моликияти оила додани автомобили сабукрав ё мотоколяскае, ки маъюб ройгон гирифта буд ;
4) дар навбати аввал бо манзил ройгон таъмин намудани ашхоси муҳтоҷи беҳбудии шароити манзил
5) кам кардани пули пардохти сӯзишвори (дар ҳаҷми 50 фоиз) дар ҳудуди меъёре, ки сокинони хонаҳои марказгарми надошта мехаранд;
6) гирифтани кредити яккаратаи имтиёзноки муассисаҳои бонки барои харидани (сохтани) квартира, хонаи истиқомати, боғсарой, ободонии қитъаҳои боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони;
7) ҳуқуқи имтиёзноки дохилшави ба кооперативҳои манзили, сохтмони манзил, гаражҳо ва кооперативҳои дигар, ширкатҳои боғу полизи;
8) ройгон гирифтани қитъаи замин ба андозаи дар Қонун муайяншуда барои сохтмони манзил, ба роҳ мондани хоҷагии боғу полизи ё деҳқони
9) норавоии аз хонаҳои истиқоматии хизмати баровардани оилаҳои ветеранҳои ҳалокшуда (фавтида) бе ин ки ба онҳо хонаи дигари истиқомати ройгон дода шавад
10) ройгон истифода кардан аз поликлиникаҳо ҳангоми ба нафақа баромадан, ки аъзои оила дар замони зинда будани ветерани ҳалокшуда (фавтида) вобаста карда шуда буданд
11) дар асоси нусхаҳои (ресептҳои) духтурон ба ҳадди меъёр ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз дору ройгон таъмин намудани волидайн, зани (шавҳари) ветерани ҳалокшуда (фавтида)
12) ҳуқуқи имтиёзнок барои таъмин карда шудан бо путёвкаи санаторияҳо, профилакторияҳо, истироҳатгоҳҳо (дар сурати ҷоиз будани муолиҷаю истироҳат аз нигоҳи тибби) аз охирин ҷои кори ветерани ҳалокшуда (фавтида);
13) ройгон сафар кардани волидайн, зани (шавҳари) ветерани ҳалокшуда (фавтида) дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри, наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми деҳотбо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани хатти наздишаҳри ва дар автобусҳои маршрутҳои наздишаҳри
14) дар навбати якум қабул кардани зани (шавҳари) ветерани ҳалокшуда (фавтида) ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон, ба марказҳои хизматрасонии иҷтимои, ҳамчунин бенавбат қабул намудани онҳо барои хизматрасони аз тарафи шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимои дар хона;
Ҳуқуқу кафолатхо ва ҷуброноти давлати ба волидайни зани (шавҳари) дубора ақди никоҳ накарда, сарфи назар аз ин ки онҳо нонхӯри ветерани Ҷанги Бузурги Ватани, ветерани амалиёти ҷанги мебошанд ё не ва сарфи назар аз гирифтани ҳар навъи нафақа ва музди кор, ҳамчунин ба шахсони дар банди "и" моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда дода мешаванд.
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлати, ки барои аъзои оилаи ветеранҳои ҳалокшудаи Ҷанги Бузурги Ватани ва ветеранҳои амалиёти Ҷангии қаламрави давлатҳои дигар муқаррар карда шудаанд, ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарби ё вазифаҳои хизмати, ё дар асири ва ё мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонун дар минтақаҳои амалиёти ҷанги беному нишон гумгашта дониста шудаанд, татбиқ мегарданд.
ФАСЛИ VIII. ҚОИДАҲОИ НИҲОИ
Моддаи 44. Боздоштани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеран ва аъзои оилаи вай
Дар сурати ба маҳрумият аз озоди маҳкум шудани ветеран ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбининамудаи ҳамин Қонун дар давраи адо кардани ҷазои таъимнамудаи суд боздошта мешаванд.
Мақоме, ки ба ветеран замимаварақаи шаҳодатномаро дар бораи истифодаи ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи ин Қонун додааст, варақаи мазкурро бекор мекунад.
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти марбутаи давлати баъд аз адои ҷазо дар асоси дархости он муассисаи ислоҳоти меҳнати, ки ветеран дар он ҷо мӯҳлати ҷазоро сипари мекунад, аз нав барқарор карда мешавад.
Масъалаи боздоштан ё барқарор намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлати нисбати аъзои оилаи ветерани ба маҳрумият аз озоди маҳкумшуда низ ба ҳамин тартиб ҳал мегардад.
Моддаи 45. Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии ветеранҳо ва аъзои оилаи онҳо
Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатие, ки Қонуни мазкур барои ветеранҳо ва аъзои оилаи онҳо пешбини намудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ба амал бароварда мешавад.
Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 46. Масъулият барои риоя накардани қонунгузори дар бораи ветеранҳо
Шахсоне, ки дар риоя накардани қонунгузори дар бораи ветеранҳо гуннаҳкоранд, масъулияте ба душ доранд, ки қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 47. Баҳсҳо аз рӯи масъалаҳои вобаста ба амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбиникардаи ин Қонун
Баҳсҳо аз рӯи амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлатии пешбининамудаи ин Қонун аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.
Амалҳои ғайриқонунии мақомот ва шахсони мансабдор оид ба амали намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброноти давлати низ ба ҳамин тартиб ҳал карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
7 апрели соли 1995 № 59