ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 ноябри соли 2024,
№ 547ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18; с. 2020, №12, мод. 915; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 717; с. 2022, №12, қ. 2, мод. 779; с. 2024, №1-2, мод. 24) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «ҷуброноте», «ҷубронот» ва «ҷуброноти» мувофиқан ба калимаҳои «ҷуброне», «ҷуброн» ва «ҷуброни» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 8:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба собиқадорон кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад.»;
- дар қисми сеюм калимаи «имтиёзоте» ба калимаи «имтиёзҳое» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 13:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Собиқадорон ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсӣ дошта, дорои уҳдадориҳое мебошанд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.»;
- ба қисми дуюм сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;».
4. Дар моддаи 19:
- дар матн калимаҳои «ҳисоб карда шудаанд» ба калимаи «мебошанд» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаи «ҷавоб» ба калимаи «рухсат» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
5. Дар моддаи 20:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаи «ҷавоб» ба калимаи «озод» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
6. Дар ном ва матни моддаи 22 калимаи «Статуси» ва калимаҳои «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Эътибори» ва «Қаҳрамони Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар банди 3) моддаи 24 калимаҳои «поликлиникаҳое» ва «поликлиникаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «марказҳои саломатие» ва «марказҳои саломатии» иваз карда шаванд.
8. Дар банди 5) моддаи 24, зербанди 8) банди а) ва зербанди 1) банди б) моддаи 25, банди 2) қисми якуми моддаи 26, банди 9) моддаи 29, банди 3) қисми якуми моддаи 34 калимаҳои «санаторию», «санатории» ва «санаторияву» мувофиқан ба калимаҳои «истироҳатгоҳию», «истироҳатгоҳии» ва «истироҳатгоҳу» иваз карда шаванд.
9. Дар банди 7) моддаи 24, зербанди 5) банди б) моддаи 25, банди 5) моддаи 28, банди 7) моддаи 29, банди 4) моддаи 30, банди 3) моддаи 31, банди 5) моддаи 33 калимаҳои «рухсатии иловагии ройгон» ва «рухсатии ройгон» ба калимаҳои «рухсатии бемузди меҳнат» иваз карда шаванд.
10. Аз банди 14) моддаи 24, зербанди 2) банди б) моддаи 25, банди 2) моддаи 29 ва банди 4) қисми якуми моддаи 34 аломат ва калимаи «, мунисипиалӣ» хориҷ карда шаванд.
11. Дар банди 8) моддаи 24, зербанди 7) ва 8) банди б) қисми якуми моддаи 25 ва банди 3) қисми якуми моддаи 26 калимаи «ёрдампулӣ» ба калимаи «кумакпулӣ» иваз карда шавад.
12. Дар зербанди 6) банди а) қисми якуми моддаи 25, банди 4) моддаи 28, банди 5) моддаи 29, банди 3) моддаи 30 ва банди 4) моддаи 33 калимаҳои «аз рӯи нусхаи духтурон», «аз рӯи нусхаҳои духтурон» ва «аз рӯи нусхаи (ресепти) духтур» ба калимаҳои «дар асоси дорухат» иваз карда шаванд.
13. Дар банди 7) моддаи 30 калимаҳои «беподош додани иқоматгоҳи» ба калимаҳои «ройгон додани манзили истиқоматии» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 37:
- аз банди 1) қисми якум аломат ва калимаи «, мунисипиалӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар банди 4) ва қисми дуюм калимаи «санитарию» ба калимаи «истироҳатгоҳию» иваз карда шавад;
- аз қисми дуюм калимаи «санаторияву» хориҷ карда шавад.
15. Дар матни қисми якуми моддаи 40 калимаи «бетабаа» ба калимаи «бешаҳрванд» иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 43:
- дар банди 2) қисми якум калимаи «ёрдампулӣ» ба калимаи «кумакпулӣ» иваз карда шавад;
- дар банди 10) калимаи «поликлиникаҳо» ба калимаи «марказҳои саломатӣ» иваз карда шавад;
- аз банди 12) калима ва аломати «санатарояҳо,» хориҷ карда шаванд.
17. Дар матни моддаи 44 калимаи «маҳрумият» ба калимаҳои «маҳрум сохтан» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2103
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ВЕТЕРАНАХ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 12 июня 2024 года,
№1365Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года,
№547 Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан « О ветеранах» от 7 апреля 1995 года (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан 1995 г., №7-8, ст. 67; 1996 г., №3, ст. 48; 1998 г., №22, ст. 295; 2004 г., №2, ст. 41; 2007 г., №7, ст. 657; 2010 г., №1, ст. 18; 2020 г., №12, ст. 915; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 717; 2022 г., №12, ч. 2, ст.779; 2024 г., №1-2 ст. 24) следующие изменения и дополнения:
1. Часть первую статьи 8 изложить в следующей редакции:
«1. Государство гарантируя обеспечение ветеранам достойного жизненного уровня, защищает их права, свободы и интересов»;
2. В статье 13:
- часть первую изложить в следующей редакции:
«2. Ветераны обладают политическим, социально-экономическим и личными правами и свободами и несут обязанности предусмотренные Конституцией и другими актами законодательства Республики Таджикистан.»;
- часть вторую дополнить абзацем четвёртым следующего содержания:
«- ветераны правоохранительных органов;».
3. В статье 19:
- в абзаце втором и третьем слово «уволенные» заменить словом «отпуск»;
- в абзаце четвёртом знак точки с запятой «;» заменить знаком точки;
- абзац пятый исключить.
- часть вторую изложить в следующей редакции:
- «2. Для лиц указанных в данной статье устанавливается звания «Ветеран военной службы». Порядок и присвоение звания «Ветеран военной службы» определяются Президентом Республики Таджикистан.».
4. В статье 20:
- в абзаце втором и третьем слово «уволненные» заменить словом «отпуск»;
- в абзаце четвёртом знак точки с запятой «;» заменить знаком точки;
- абзац пятый исключить.
- дополнить частью второй следующего содержания:
«Для лиц указанных в данной статье устанавливается звания «Ветеран правоохранительных органов». Порядок и присвоение звания «Ветеран правоохранительных органов» определяются Президентом Республики Таджикистан.».
5. В названии и тексте статьи 22 слова «Герой Республики Таджикистан» заменить словами «Кахрамони Точикистон».
6. В пункте 3) статьи 24 и пункте 10) статьи 43 слово «поликлиника» заменить словом «центрами здоровья».
7. В пункте 7) статьи 24, подпункте 5) пункта б) статьи 25, пункте 5) статьи 28, пункте 7) статьи 29, пункте 4) статьи 30, пункте 3) статьи 31, пункте 5) статьи 33 слова «дополнительный неоплачиваемый отпуск» и «неоплачиваемый отпуск» заменить словами «отпуск без сохранения заработной платы».
8. В пункте 14) статьи 24, подпункте 2) пункта б) статьи 25, пункте 2) части первой статьи 29, пункте 4) части первой статьи 34 и пункте 1) статьи 37 знак и слово «муниципального» исключить.
9. В пункте 7) статьи 30 слово «безвозмездно» заменить словом «бесплатный».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года года №2103