ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ
(Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 126, аз 22.05.1998 № 638, аз 8.12.2003 № 68, аз 3.03.2006 № 167, аз 25.03.2011 № 697)
Ҳамин Қонун принсипҳои ягонаи барориш ва гардиши коғазҳои қиматнок, инчунин танзими фаъолият ва муносибати иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок - эмитентҳои коғазҳои қиматнок, инвесторҳо ва иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро муайян менамояд.
Мақсади ин Қонун дар ҷумҳури тараққи додани бозори коғазҳои қиматнок барои таъмин намудани пешрафти иқтисоди аз ҳисоби ба кор андохтани захираҳои молияви, азнавтақсимкуни ва истифодаи дурусти онҳо, гузаронидани сиёсати давлати оид ба ҳавасмандгардонии корхонаҳо ба бароришу фурӯши коғазҳои қиматнок, муқаррар намудани замонатҳои ҳуқуқи барои бо маълумоти зарури дар бораи корхонаҳое, ки коғазҳои қиматноки онҳо ба фурӯш пешниҳод мешаванд, таъмин намудани шахсоне, ки коғазҳои қиматнок мехаранд, мебошад.
Қонун нисбати кордони ва қобили пардохт будани шахсоне, ки оиди барориш ва гардиши коғазҳои қиматнок фаъолият мекунанд, талаботи зарури муқаррар намуда, ба мақсади дар ҷумҳури ташкил намудани сохторҳои зарури барои анҷом додани муомилот бо коғазҳои қимматнок, ки самараноки ва аниқии гузаронидани муомилотро ба манфиати тараққии бозори ҷумҳуриявии коғазҳои қиматнок замонат медиҳанд, шароит фароҳам меорад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Қонун дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фонди
Муносибатҳои вобаста бо бароришу гардиши коғазҳои қиматнок ва фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд .
Хусусиятҳои фаъолияти касбии шахсони юридики ва корхонаҳои дорои сармояҳои хориҷиро дар бозори коғазҳои қиматнок санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузориҳои хориҷи танзим мекунанд .
Моддаи 2. Истилоҳот ва мафҳумҳои асоси
Истилоҳот ва мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
эмитенти коғазҳои қиматнок шахси ҳуқуқие мебошад, ки барориши коғазҳои қиматнокро мутобиқи қонунгузории ҷори ба амал бароварда, аз номи худ вазифадор мешавад ӯҳдадориҳоро дар назди соҳибони коғазҳои қиматнок, ки аз шартҳои барориши коғазҳои қиматнок бармеояд, иҷро мекунад (минбаъд - эмитент);
сармоягузор шахси воқеи ё ҳуқуқи мебошад, ки маблағи худро ба коғазҳои қиматнок мегузорад;
коғазҳои қиматнок ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ҳуқуқи амволии молик дар онҳо ифода ёфтаанд ва ба воситаи пешниҳод намудан ва ё супурдан нисбат ба шахсе, ки онҳоро баровардааст, тасдиқ менамоянд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур барои татбиқ ва додани ҳуқуқҳое, ки бо коғазҳои қиматноки номи тасдиқ гардидаанд, исботи ба руйхати махсус (муқаррари ё компютери) дохил намудани онҳо кифоя аст.
хулосаи маълумот маҷмӯи асноде, ки дорои маълумот дар бораи эмитент, ҳолати молиявии ӯ ва коғазҳои қиматноки аз ҷониби ӯ баровардашаванда мебошад;
сертификати коғази қиматнок ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби эмитент ба соҳиби коғазҳои қиматнок барои тасдиқи ҳуқуқи ӯ ба коғазҳои қиматнок дода мешавад, аммо коғази қиматнок намебошад;
барориши коғазҳои қиматнок - паҳн намудани коғазҳои қиматнок бо мақсади ташаккули фонди оинномави ва ҷалб кардани маблағи қарз;
бозори муташаккили коғазҳои қиматнок - доираи муомилоти коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок мувофиқи расмиёт ва шартҳои аз ҷониби ташкилотчии савдо барои иштирокчиёни ин аҳдҳо муқарраргардида мутобиқи қонунгузории ҷори танзим карда мешаванд;
бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок - доираи муомилоти коғазҳои қиматнок, ки дар он аҳдҳо бо коғазхои қиматнок бидуни риояи талаботи бозори муташаккил ба амал бароварда мешаванд;
муомилоти коғазҳои қиматнок бастани аҳдҳои шаҳрвандию ҳуқуқи бо коғазҳои қиматнок;
иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок - ашхоси ҳуқуқие, ки барои амали намудани як ё якчанд навъи фаъолияти касби дар бозори коғазҳои қиматнок литсензия доранд;
коғазҳои қиматнок дар сурате ҳуҷҷати тақдимкунанда ҳисоб меёбанд, ки агар барои амали гардонидани ҳуқуқи амволии вобаста ба доштаи онҳо пешниҳоди коғази қиматнок кофи бошад;
коғазҳои қиматнок дар он сурат номи ҳисоб мешаванд, ки агар барои амали гардонидани ҳуқуқи амволии вобаста ба доштани онҳо сабт кардани номи соҳибон дар реестри дорандагони коғазҳои қиматнок зарур мебошад .
Моддаи 3. Шакли барориши коғазҳои қиматнок
Коғазҳои қиматнокро дар шаклҳои зерин метавон баровард:
а) ҳуҷҷати;
б) ғайриҳуҷҷати.
Шакли ҳуҷҷатии барориши коғазҳои қиматнок шакли бароришест, ки тибқи он ҳуқуқи амволи ба коғазҳои қиматнок ба томили моддии (қоғаз ё маводи дигар) онҳо қайд карда мешавад.
Коғазҳои қиматноки тақдимкунанда танҳо дар шакли ҳуҷҷати бароварда мешавад.
Шакли ғайриҳуҷҷатии барориши коғазҳои қиматнок шакли бароришест, ки тибқи он ҳуқуқи амволи ба коғазҳои қиматноки номи дар реестри махсус (муқаррари ё компютери) қайд карда мешаванд.
Шакли барориши коғазҳои қиматнокро эмитент метавонад бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба ҳуҷҷатҳои ба қайди давлатии эмиссия пешниҳодшуда тағйир диҳад.
Эмитент, ташкилоти махсусгардонидашуда ё мақоми (ташкилот) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколаткардашуда, ки пешбурд ва нигоҳ доштани реестри дорандагони коғазҳои қиматнокро ба амал бароварда, ӯҳдадор аст, ки бо талаби соҳиби коғазҳои қиматнок ба ӯ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи амволии ӯро диҳад .
Моддаи 4. Коғазҳои қиматноке, ки амали ҳамин Қонун ба онҳо дахл дорад
Амали ҳамин Қонун ба навҳои зерини коғазҳои қиматнок дахл дорад:
а) саҳмҳо мувофиқи таъиноти моддаи 6-уми ҳамин Қонун;
б) вомбарг мувофиқи таъиноти моддаи 12-уми ҳамин Қонун ;
в) ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи соҳиби онҳоро барои харидан ё фурӯхтани коғазҳои қиматноки дар зербандҳои а) ва б) моддаи 4-уми ҳамин Қонун зикршуда тасдиқ менамоянд.
Моддаи 5. Анвои коғазҳои қиматноке, ки барориш ва гардиши онҳо бо қонунҳои дигар танзим мешаванд
Бо ин Қонун барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки зерин танзим намешаванд:
а) вомбарги заёмҳои дохилии давлати ва маҳалли, дигар коғазҳое, ки аз тарафи ҳукумати ҷумҳури, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати бароварда ё замонат дода мешаванд;
б) тасдиқномаи (сертификати) бонки ;
в) вексел ;
г) ҳама гуна ӯҳдадориҳои пардохтии дар асоси ҳуҷҷат тартибшудае, ки дар рафти фаъолияти муқаррарии тиҷорати ба миён меоянд ва мӯҳлати иҷрояшон як сол аст;
д) коғазҳои қиматноке, ки шарти барориши онҳо гардиши онҳоро танҳо дар байни аъзоёни коллективи меҳнатии корхона дар назар дорад;
е) чек ;
ж) борнома (коносамент) .
Барориш ва гардиши ҳамаи коғазҳои қиматноки давлатии дар банди а) қисми якуми ҳамин модда зикршударо Вазорати молияи ҷумхури, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд. Тартиби баровардани вомбарг заёмҳои маҳаллиро Маҷлисҳои маҳаллии депутатҳои халқ, дар асоси санадҳои нормативии дахлдор муайян менамоянд. Коғазҳои қиматноки давлати ва вомбарг заёмҳои маҳалли дар асосҳои баробар бо дигар коғазҳои қиматнок дар бозор гардиш мекунанд .
Сертификатҳои депозити ва амонати мувофиқи тартибе, ки Бонки миллии ҷумҳури муқаррар менамояд, танзим карда мешавад.
Коғазҳои қиматноки дар бандҳои в, г, д номбаршуда мувофиқи қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 6. Хусусиятҳои асосии саҳмҳо
Саҳм коғази қиматноки мӯҳлати гардишаш муқаррарнашуда мебошад, ки ба соҳиби он барои дар шакли ҳаққусаҳм (дивиденд) гирифтани як қисми фоидаи корхона ва иштирок намудан дар идораи корхона ва ба як қисми амвол, ки баъди барҳамдиҳии он боқи мемонад ҳуқуқ медиҳад .
Ҳадди ақали арзиши исмии (номиналии) саҳмҳо 1 сомони аст. Арзиши исмии саҳмҳои зиёда аз 1 сомони бояд ба ҳадди ақали арзиши исми қобили тақсими бебақия бошад .
Саҳмия бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
номи ширкатии эмитент ва маҳали ҷойгиршавии он; номгӯи коғази қиматнок - ,саҳмия,, серия ва тартиби рақами он, санаи барориш ва рақами сабти давлати, намуди саҳмия (муқаррари ё имтиёзнок) ва арзиши номиналии он, ном ё номгӯи соҳиби саҳмия (барои саҳмияи номи) ё ишора ба он ки саҳмия ба тақдимкунанда дода шудааст; мӯҳлати пардохти дивидендҳо; имзои (факсимиле) ду шахси масъули эмитент, шарти муомилот, ном ва суроғаи ташкилоти махсусгардонидашуда ё худ мақоми (ташкилот) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоркардашуда, ки пешбурд ва нигоҳдории реестри дорандагони коғазҳои қиматнокро (дар пушти саҳмия) ҷори менамояд ;
Сертификати саҳм бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: номи коғази қиматнок - ,Сертификати саҳмия, миқдори саҳмҳои шаҳодатдодаи он, категорияи саҳм; номи ширкатии эмитент ва маҳали ҷойгиршавии эмитент; номи ширкати (барои ашхоси ҳуқуқи) ё номи (барои ашхоси воқеи) соҳиби саҳмия (барои сертификатҳои саҳмияҳои номи) ё ишора ба он, ки саҳмия ба тақдимкунанда дода шудааст; арзиши номиналии як саҳмия, мӯҳлати пардохти дивидендҳо; маҳал ва санаи барориш; рақами сабти давлати, серия ва рақами тартибии саҳмия; имзои (факсимиле) ду шахси ваколатдори эмитент ва номгӯи ҳуқуқҳо аз рӯи саҳмияҳо, инчунин ном ва суроғаи ташкилоти махсусгардонидашуда ё худ мақоми ташкилоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоркардашуда, ки пешбурд ва нигоҳ доштани реестри дорандагони коғазҳои қиматнокро (дар пушти сертификат) ҷори менамоянд ;
Сертификати саҳм метавонад дар бораи эмитент дигар маълумотҳоро низ дошта бошад.
Ба сертификати саҳм метавонад варақаи купони барои пардохти ҳаққуссаҳмҳо замима гардад.
Варақаи купони аз ду қисм - худи купон ва талони он иборат мебошад.
Купон барои пардохти ҳаққуссаҳмҳо ҳуқуқи соҳиби саҳмро барои гирифтани даромад дар шакли ҳаққусаҳм дар соли дар он муқаррар гардида тасдиқ менамояд ва бояд унсурҳои асосии зеринро дар бар гирад рақами тартибии купон барои пардохти ҳаққусаҳмҳо; рақами сабти давлатии саҳм, серия ва рақами тартибии саҳме, ки мувофиқи он ҳаққуссаҳмҳо пардохта мешаванд; номи эмитент; маҳал ва санаи барориши саҳм; соли пардохти ҳаққуссаҳмҳо ва имзои (факсимилеи) шахсони ваколатдори эмитенти саҳм.
Талони варақаи купони ҳуқуқи соҳиби саҳмро ба гирифтани варақаи нави купони баъд аз пардохти тамоми купонҳо тасдиқ менамояд ва бояд унсурҳои асосии зеринро дар бар гирад: рақами тартибии сабти саҳм, серия ва рақами тартибии саҳме, ки мувофиқи он ҳаққуссаҳмҳо дода мешаванд; номи эмитент: маҳал ва санаи барориши саҳм; имзоҳо (факсимилеи) шахсони ваколатдори эмитенти саҳм.
Саҳмия тақсимшаванда аст. Дар сурате, ки як саҳмия ба якчанд шахс тааллуқ дошта бошад, он моликияти якҷояи ҳамаи онҳо дониста мешавад. Соҳибони саҳмия метавонанд ҳуқуқи худро ба воситаи яке аз онҳо ё тавассути намояндагони умуми ҷори намоянд .
Қисми нӯҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шуд .
Моддаи 7. Супоридани ҳуқуқ ба саҳмияҳо
Супоридани саҳмияи тақдимкунанда аз даст ба даст маънои бастани аҳд ва гузаштани ҳуқуқи моликиятро дорад.
Супоридани саҳмияи номии барориши шакли ҳуҷҷати, сертификати саҳмияи тасдиқкунандаи ҳуқуқи шахсе, ки дар он номбар шудааст, маънои бастани аҳд ва гузаштани ҳуқуқи моликият танҳо баъди қайди аҳд мувофиқи тартиби муқарраргардида ва ворид намудани тағйироти дахлдор ба реестри дорандагони саҳмияро дорад.
Супоридани ҳуқуқ ба саҳмияҳои номии барориши ғайриҳуҷҷатиро танҳо бо роҳи мувофиқи тартиби муқарраргардида ба реестри дорандагони саҳмияҳо ворид намудани тағйироти дахлдор метавон ба амал баровард .
Моддаи 8. Қарор дар бораи баровардани саҳмҳо
Қарор дар бораи баровардани саҳмҳо аз тарафи муассисони ширкати саҳоми ё маҷлиси умумии саҳмдорони ширкати саҳоми бо тартиби дар оинномаи он ва мувофиқи қонунҳои ҷори пешбинишуда қабул карда мешавад.
Қарор дар бораи баровардани саҳмҳо ҳатман бояд нуқтаи зайлро дар бар гирад: номи ширкатии эмитенти саҳмҳо ва суроғаи он; андозаи сармояи оинномавии эмитент, мақсад ва мавзӯи фаъолияти он, инчунин дастури соҳибмансабони роҳбарикунандаи эмитент; номи мақоми назораткунанда (ширкати ҳисобдори); маълумот дар бораи ҷойгиронии коғазҳои қиматноки пештар баровардашуда; мақсади барориши саҳмҳо; теъдоди саҳмҳои бо зикри ном ва саҳмҳои бидуни зикри ном, теъдоди саҳмҳои имтиёзнок; маблағи умумии пули коғазии интишоршуда ва миқдори саҳмҳо, арзиши қисмии саҳмҳо, теъдоди иштирокчиёни овоздиҳи; тартиби пардохти ҳаққуссаҳмҳо; мӯҳлати обунашави ба саҳмҳо; тартиби обунашави; вақт ва маҳалли пардохтани маблағҳо барои хариди саҳмҳо; мӯҳлати баргардонидани маблағҳо дар сурати даст кашидан аз барориши саҳмҳо; навбати баровардани саҳмҳо ҳангоми бо серияҳои гуногун чоп кардани онҳо; тартиби эълон кардану баровардани саҳмҳо; тартиби ҷойгиронии саҳмҳо; тартиби пардохти саҳмҳо; тартиби ихтиёрдори кардан ба саҳмҳо: тартиби иваз кардани саҳмҳо; ҳуқуқи соҳибони саҳмҳои имтиёзнок, ҳаққи дар навбати аввал харидани саҳмҳо дар сурати интишори нави саҳмҳо ва дигар масъалаҳои вобаста бо баровардани саҳмҳо .
Моддаи 9. Барориши саҳмҳо
Саҳмҳо ба андозаи сармояи оинномави ширкати саҳоми мувофиқи қонуни ҷори бароварда мешаванд .
Барориши иловагии саҳмҳо дар сурате имкон дорад, ки тамоми саҳмҳои пештар интишорёфта бо нархи на пасттар аз арзиши пурра харидори шуда бошанд. Ҳангоми баровардани саҳмҳо фурӯхтани онҳо бо нархе, ки аз нархи асли пасттар бошад, ҷоиз нест.
Баровардани саҳмҳо ба мақсади ҷуброн кардани зарари вобаста ба фаъолияти хоҷагии корхона манъ аст.
Сармоягузоранда то арзиши саҳмҳоро пурра напардозад, наметавонад ҳуқуқи амволии вобаста ба саҳмдориро ба шахси дигар ҳавола кунад. Ширкати саҳоми метавонад аз бозори коғазҳои қиматнок саҳмҳои интишоркардаи худашро барои фурӯши баъдина, паҳн кардан дар байни кормандони худ ё бекор кардани онҳо бихарад. Саҳмҳои мазкур бояд дар мӯҳлати на бештар аз як сол аз рӯзи харидани онҳо аз тарафи ширкати саҳоми фурӯхта шаванд, баъди гузаштани ин мӯҳлат саҳмҳои ба фурӯш нарафта бекор карда, дар айни замон фонди ибтидои кам карда мешавад. Тақсими фоида, инчунин овоздиҳи ва муайян кардани ҳадди ҳисоб (кворум) дар маҷлиси умумии саҳомон бе ин ки саҳмҳои худии аз тарафи ширкати саҳоми харидашуда ба назар гирифта шавад, сурат мегирад. Маблағи умумии саҳмҳои барориши худие, ки онҳоро худи ширкати саҳоми харидааст, аз рӯи арзиши исми аз 10 фоизи маблағи сармояи оинномавии ширкати саҳомии муайян зиёд буда наметавонад .
Моддаи 10. Пардохти даромад аз рӯи саҳмҳо
Ҳаққуссаҳмҳо аз рӯи саҳмҳо мувофиқи ҷамбасти сол, нимсола, семоҳа ба тартиби шартҳои пешбиникардаи барориши саҳм аз ҳисоби як ҳиссаи фоидае, ки баъд аз пардохти андоз ва адои дигар пардохтҳои муқаррарнамудаи қонун ба буҷет боқи мемонанд, пардохта мешаванд.
Моддаи 11. Имтиёзҳо аз рӯи саҳмҳои имтиёзнок
Ҳаққуссаҳмҳо аз рӯи саҳмҳои имтиёзнок ба андозаи на камтар аз фоизи устуворе, ки нисбат ба арзиши исмии онҳо пешаки муқаррар гардидааст, новобаста аз маблағи фоидаи дар соли дахлдор ба даст овардаи ширкати саҳоми пардохта мешаванд. Дар сурати кам будани фоида ҳаққуссаҳмҳо аз рӯи саҳмҳои имтиёзнок аз ҳисоби фонди эҳтиёти пардохта мешаванд ва дар ҳолати кам будани фонди эҳтиёти пардохти онҳо метавонад ба соли оянда гузаронида, аз ҳисоби фоидаи соли оянда пардохта шавад.
Соҳиби саҳми имтиёзнок дар ҳолати барҳам хӯрдани ширкати саҳоми ҳақ дорад, ки талаботашро роҷеъ ба саҳмҳо дар навбати аввал (нисбат ба дигар саҳмдорон) қонеъ гардонад.
Соҳиби саҳми имтиёзнок метавонад дигар ҳуқуқҳое низ дошта бошад, ки бо шартҳои барориши саҳмҳо ва оинномаи ширкати саҳомие, ки ин саҳмҳоро интишор кардааст, муайян шудаанд.
Соҳиби саҳми имтиёзнок ҳуқуқи дар идораи ширкати саҳоми иштирок кардан надорад, агар дар оинномаи он чизи дигаре пешбини нашуда бошад.
Андозаи умумии интишори саҳмҳои имтиёзнок аз рӯи арзиши исми наметавонад аз 25 фоизи маблағи умумии сармояи оинномавии ширкати саҳоми зиёд бошад .
Моддаи 12. Хусусиятҳои асосии вомбарг
Вомбарг коғази қиматноке мебошад, ки ӯҳдадории эмитентро дар бобати ба соҳиби коғази қиматнок дар мӯҳлати муқарраргардида талофи намудани арзиши исмии он бо пардохти фоизи муайяншуда тасдиқ мекунад (агар дар шартҳои барориш чизи дигаре пешбини нашуда бошад).
Вомбарг бо серияи бароварда мешаванд, ки аз коғазҳои қиматноки ҳамнавъ бо арзиши исмии баробар ва шартҳои якхелаи барориш ва пардохт иборат мебошанд .
Арзиши камтарини исмии вомбарг маҳдуд карда намешавад. Арзиши исмии вомбарг бояд ба 10 сомони бе бақия тақсим шавад .
Вомбаргро корхонаю ташкилотҳое, ки шахси юридики мебошанд, мебароранд .
Шартҳои барориш ва паҳншавии вомбаргҳоро қонуну оинномаҳои корхонаҳо (эмитент) муайян мекунанд.
Вомбаргро бо зикри ном ва бидуни зикри ном баровардан мумкин аст .
Вомбарг бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: номи коғази қиматнок - "Вомбарг", номи ширкати ва маҳали ҷойгиршавии эмитенти вомбарг, номи ширкати ё номи соҳиби вомбарг ё навиштаҷот дар хусуси он, ки вомбарг тақдимкунанда аст, арзиши номинали; андозаи фоиз, агар он пешбини шуда бошад; тартиб, мӯҳлати адо кардан ва пардохти фоизҳо; макон ва санаи барориш, инчунин рақами сабти давлати, серия ва рақами тартибии вомбарг; имзои (факсимиле) ду шахси ваколатдори эмитент ва ҳуқуқҳое, ки аз вомбарг бармеоянд, инчунин ном ва суроғаи ташкилоти махсусгардонидашуда ё мақоми (ташкилот) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоркардашуда, ки пешбурд ва нигоҳ доштани рӯйхати соҳибони вомбарги номиро ба амал мебарорад .
Сертификати вомбарг маълумоти зеринро дар бар мегирад; номи коғази қиматнок - "сертификати вомбарг"; миқдори вомбарге, ки он тасдиқ мекунад; номи ширкати ва маҳали ҷойгиршавии барорандаи вомбарг; номи ширкат ё номи харидор ё қайд дар бораи он, ки вомбарг бидуни зикри ном навишта шудааст; арзиши исми; андозаи фоизҳо, агар ин пешбини шуда бошад; тартиб, мӯҳлати баргардонидан ва пардохтани фоизҳо; маҳал ва санаи барориш, инчунин рақами бақайдгирии давлати, серия ва рақами тартибии вомбарг; имзоҳои (факсимилеи) ду шахсони ваколатдори эмитент ва ҳуқуқҳое, ки аз вомбарг бармеоянд инчунин ном ва суроғаи ташкилоти махсусгардонидашуда ё ин ки мақомоти ваколатдор, ки пешбурд ва нигоҳ доштани рӯйхати дорандагони вомбарги номиро амали мегардонанд (Қонун аз 22.05.98с. № 638).

Сертификати вомбарг метавонад дар бораи эмитент дигар маълумотҳоро низ дошта бошад.
Ба ғайр аз қисми асоси ба вомбарг варақаи купони барои пардохти фоизҳо замима шуда метавонад.
Қисми ёздаҳум хориҷ карда шуд .
Купон барои пардохти фоизҳо бояд унсурҳои асосии зеринро дар бар гирад: рақами тартибии купон барои пардохти фоизҳо; рақами вомбарг, ки аз рӯи он фоизҳо пардохт мешаванд; номи эмитент; соли пардохти фоизҳо ва имзоҳои (факсимилеи) шахсони ваколатдори эмитенти вомбарг .
Моддаи 13. Қарор дар бораи барориши вомбарг
Барориши вомбаргҳо бо қарори соҳибмулки (соҳибмулкони шахси ҳуқуқи ва ё шахси ваколатдори он (онҳо) амали мегардад .
Ширкати саҳоми танҳо баъди аз тарафи саҳмдорон пурра пардохтани арзиши ҳамаи саҳмҳо метавонад дар бораи баровардани вомбаргҳо қарор қабул кунад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эмитентҳо нишондиҳандаи нормативимуносибати қарзи эмитентиро оиди облитатсияҳои баровардашуда ба маблағи фонди ибтидоии он муқаррар мекунад .
Қарор дар бораи барориши вомбарг бояд ҳатман инҳоро дар бар гирад: номи ширкатии интишоркунандаи вомбарг ва суроғаи он; фонди ибтидоии эмитент; низомномаҳои фаъолияти хоҷаги, хамчунин дастури соҳибмансабони роҳбарикунандаи эмитент; номи мақоми назораткунанда (ширкати ҳисобдори); маълумот дар бораи ҷойгиронии коғазҳои қиматноки пештар баровардашуда; мақсади барориши вомбарг; сабти навъи вомбарг бо зикри ном ё бидуни зикри ном; маблағи умумии интишор ва миқдори вомбарг, арзиши исмии вомбаргҳо, тартиби пардохти даромадҳо; вақту замон ва маҳалли пардохти маблағ барои хариди вомбаргҳо; дар сурати даст кашидан аз барориши вомбарг маблағҳо дар чанд муддат баргардонда мешаванд; тартиби эълон ва барориши вомбарг; тартиби ҷойгиронии вомбарг; тартиби пардохти вомбарг; масъалаҳои дигари вобаста ба барориши вомбарг .
Моддаи 14. Пардохти даромадҳо аз рӯи вомбарг
Даромад аз рӯи вомбарг бо роҳи пардохти мутановиби купонҳо ба таври пардохти яквақта ҳангоми пардохти вомбарг ё ба тариқи дигаре, ки дар шартҳои барориши вомбарг пешбини гардидаанд, дода мешавад .
Моддаи 15. Оқибатҳои аз тарафи эмитент иҷро нашудани ӯҳдадориҳое, ки аз вомбарг бармеоянд
Дар сурати ӯҳдадориҳои оид ба пардохти фоизҳо ва пардохти қарзи асосиро аз рӯи вомбарг иҷро накардани эмитент маблағҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маҷбури ситонида мешаванд .
Моддаи 16. Истифодаи пуле, ки аз фурӯши вомбарг ба даст омадааст
Маблағҳои аз фурӯши вомбарг бадастомада ба мақсадҳое, ки ҳангоми барориши онҳо муайян шудаанд, равона карда мешаванд.
Барориши облигатсия барои ташкил ва такмили фонди ибтидои, ҷуброни зиён ва пардохти ҳаққуссаҳмҳо манъ аст .
Моддаи 16 (1). Аҳдҳо бо қоғазҳои қиматнок
Аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок дар бозори муташаккил ва номуташаккили коғазҳои қиматнок баста мешаванд. Аҳдҳо дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок аз ҷониби иштирокчиёни касби бо роҳи хариду фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи худ ё аз номи муштари, аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби муштари баста мешавад.
Аҳдҳо дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок метавонанд ҳам аз ҷониби худи сармоягузорон ва ҳам бо истифодаи хизмати иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок баста шаванд .
Ваколатҳои иштирокчии касби дар бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок бо бастани шартнома бо муштариёни ӯ, ки шартҳои барои бастан ва иҷрои аҳдҳо зарурро муайян мекунад, тасдиқ мегардад.
Расмиёти бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ва сабти онҳо бо қоидаҳои ташкилоти дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок амалкунанда муайян карда мешавад .
БОБИ II. ФАЪОЛИЯТИ КАСБИ ОИД БА КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
Моддаи 17. Намудҳои фаъолияти касби оид ба коғазҳои қиматнок
Дар бозорҳои коғазҳои қиматнок намудҳои зерини фаъолияти касби муқаррар карда мешавад :
а) фаъолияти миёнрави оид ба барориши коғазҳои қиматнок;
б) фаъолияти тиҷорати (дилери) дар бозори коғазҳои қиматнок ;
в) фаъолияти комиссиони (брокери) оид ба коғазҳои қиматнок;
г) оид ба идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок ;
д) оид ба муайян кардани талабот ва ӯҳдадориҳои (клиринги) тарафайн нисбати амалиёт бо коғазҳои қиматнок ;
е) оид ба пешбурд ва нигоҳдории реестри дорандагони коғазҳои қиматнок ;
ж) дигар намудҳои фаъолият .
Фаъолияти миёнарави оид ба барориши коғазҳои қиматнок иборат аст аз қабул ва иҷрои фармоишоти эмитентҳои коғазҳои қиматнок барои ташкили обуна ва гузаронидани он, ҳамчунин фурӯши коғазҳои қиматнок аз номи эмитент бо ӯҳдадории фурӯхтани (фурӯхтан ҳангоми обунаи) коғазҳои қиматнок мутобиқи нуқтаҳои ҳамин Қонун, инчунин аз ҳисоби худ харидани коғазҳои қиматноке, ки аз рӯи чунин обуна ва фурӯш нарафтаанд.
Фаъолияти тиҷорати (дилери) оид ба коғазҳои қиматнок аз тарафи шахси юридики, шаҳрвандию ҳуқуқи бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз номи худ ва аз ҳисоби худ бо ӯҳдадории бастани поймоиҳо оид ба нархҳои хариду фурӯше мебошад, ки шахси зикршудаи юридики эълон менамояд .
Фаъолияти комиссиони (брокери) оид ба коғазҳои қиматнок бастани аҳду паймонҳо бо коғазҳои қиматнок аз номи худ ба манфиати аз ҳисоби шахси дигар бо супориши ӯ мебошад, ки аз тарафи шахси юридики ба ивази ҳаққи амал шаҳрвандию ҳуқуқи анҷом дода мешавад .
Фаъолият оид ба идораи маҷмӯи коғазҳои қиматнок - фаъолияти шахси ҳуқуқи оид ба татбиқи ҳуқуқҳои алоҳидаи дар коғазҳои қиматнок сабтгардида мебошад, ки ба шахси ҳуқуқи аз ҷониби молики ин коғазҳои қиматнок мутобиқи шартномаи басташуда дода шудаанд .
Фаъолият оид ба муайян намудани талаботу ӯҳдадориҳои тарафайн (клиринг) нисбати амалиёт бо коғазҳои қиматнок - фаъолият аз рӯи ба ҳисоб гирифтани талаботу ӯҳдадориҳои тарафҳо мебошад, ки дар ҳисобу китоб иштирок карда, дар натиҷаи бастани аҳд бо коғазҳои қиматнок амали карда мешавад .
Фаъолият оид ба пешбурд ва нигоҳдории реестри дорандагони коғазҳои қиматнок фаъолиятест, ки ҷамъ, муайянкуни, таҳия, нигоҳдори ва пешниҳоди маълумотро амали гардонида, ба муқаррар намудани соҳиби коғази қиматнок дар санаи муайян имконият медиҳад .
Дигар намудҳои фаъолият-чунин намудҳои фаъолият, ки бо намудҳои фавқуззикри фаъолият алоқаманд буда, аз тарафи шахсони юридики, пеш аз ҳама барои адои хизматҳои машварати дар соҳаи муомилоти коғазҳои қиматнок, инчунин хизматҳо оид ба нигоҳдори, баҳисобгири ва анҷом доданд ҳисобу китоби муомилоти коғазҳои қиматнок (фаъолияти депозитари) амали карда мешаванд .
Моддаи 18. Иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок
Иҷозатномадиҳии фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад .
Моддаи 19. Маҳдудиятҳои тавъамсозии намудҳои фаъолияти касби оид ба коғазҳои қиматнок
Шахсоне, ки барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати оид ба коғазҳои қиматнок иҷозатнома гирифтаанд, фаъолияти комиссиониро танҳо ба воситаи биржаи фонди амали карда метавонанд.
Шахсоне, ки барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати (дилери) ва комиссиони (брокери) дар бозори коғазҳои қиматнок литсензия гирифтаанд, ҳуқуқ надоранд оид ба коғазҳои қиматнок аҳд банданд, агар бастан ва амали гардонидани чунин аҳдҳо хилофи манфиатҳои муштари бошад .
Моддаи 20. Иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок
Ашхоси ҳукуқие, ки дар бозори коғазҳои қиматнок дар моддаи 17 ҳамин Қонун муайянгардида фаъолият анҷом медиҳанд, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок номида мешаванд .
Ба ҷумлаи шахсони юридикие, ки метавонанд иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бошанд, инҳо шомиланд:
а) бонкҳо;
б) ҷамъиятҳои саҳомие, ки танҳо ба фаъолияти касби дар бозори коғазҳои қимматнок машғул мебошанд ;
в) ширкатҳои дорои фаъолияти маҳдуд, ки танҳо бо фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок машғул мебошанд ;
г) дигар ашхоси ҳуқуқие, ки танҳо дар бозори коғазҳои қиматнок ба фаъолияти касби машғуланд .
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки дар бозори коғазҳои қиматнок фаъолият анҷом медиҳад, ҳуқуқ надорад фаъолияти худро бо дигар навъҳои фаъолияти соҳибкори якҷоя кунад .
Моддаи 21. Хориҷ карда шуд
Моддаи 22. Шароите, ки дар он анҷом додани фаъолияти касби оид ба коғазҳои қиматнок ба сифати иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок манъ аст
Бонк, ширкати саҳоми ё ширкати фаъолияташ маҳдуде, ки дар фонди ибтидоии он ҳиссаи ин ё он иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок аз 5 фоиз зиёд аст, ё ҳиссаи шахси юридикие, ки ширкаткунандаи он иштирокчии бозори коғазҳои қиматнок мебошад, аз 10 фоиз зиёд аст, наметавонад иҷозати ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти касбиро аз рӯи коғазҳои қиматнок ба сифати иштирокии касбии бозори коғазҳои қиматнок гирад.
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок наметавонад аз дигар иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дороии мустақим ё ғайримустақимро ба андозаи беш аз 10 фоиз, аз ҷумла дороии мустақимро ба андозаи беш аз 5 фоизи фонди ибтидои бихарад.
Агар ҳиссаи шахси юридикие, ки барои анҷом додани фаъолияти касби оид ба коғазҳои қиматнок ҳуқуқ надорад ё ҳиссаи шахси воқеи дар фонди ибтидоии якчанд иштирокчии бозори коғазҳои қиматнок ба сари ҳар як иштирокчии касби аз 5 фоиз зиёд набошад, ин иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок байни худ аҳду паймон карда наметавонанд.
Иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок:
а) коғазҳои қиматноки бидуни зикри ном худаш бароварда;
б) саҳмҳои он эмитентеро, ки ӯ бевосита ё бавосита соҳиби беш аз 5 фоизи фонди ибтидоии он мебошад, хариду фурӯш карда наметавонад.
Маълумотҳо дар бораи созишҳое, ки дар бандҳои 1, 2, 3, 4 ҳамин модда нишон дода шудаанд, сирри тиҷоратии иштирокчиёни созиш эътироф шуда наметавонанд.
Моддаи 23. Тағйир додани мавзӯи фаъолият ё оинномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок
Барои тағйир додани оинномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок, ки ин иштирокчи бонк мебошад, иҷозати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба ҷои бақайдгирии бонки тиҷорати), барои дигар иштирокчиёни касби иҷозати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст .
Моддаи 24. Хориҷ карда шуд
БОБИ III. БАҚАЙДГИРИИ ЭМИССИЯҲОИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК ВА ТАРТИБИ ГАРДИШИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
Моддаи 25. Тартиби бақайдгирии коғазҳои қиматнок
Эмитент аз лаҳзаи ба қайд гирифта шудани барориши коғазҳои қиматнок ва аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рақами бақайдгирии давлати ҳуқуқи баровардани коғазҳои қиматнокро пайдо мекунад .
Барориши коғазҳои қиматноке, ки аз қайди давлати нагузаштаанд, ғайриқонуни мебошад. Пули аз фурӯши коғазҳои қиматнок ба дастомада бояд мусодира карда, ба инвесторон баргардонида шавад .
Коғазҳои қиматнок, сарфи назар аз ҳаҷми умумии барориши онҳо ва тарзи обуна (фурӯши озод ё маҳдуд) аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд .
Барои бақайдгири бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
а) ариза дар бораи бақайдгирии коғазҳои қиматнок;
б) нусхаи ба сурати нотариали тасдиқгардидаи қарор дар бораи барориши коғазҳои қиматнок, ки мувофиқи банди 2-юми моддаи 8-ум ва банди 4-уми моддаи 13 ҳамин Қонун мутобиқан барои бақайдгирии саҳмҳо ва вомбарг тартиб дода шудааст ;
в) нусхаҳои ба сурати нотариали тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳои муассиси эмитент (Қонун аз 22.05.98с. № 638);
г) намунаи бланки қоғазҳои қиматнок ва ё сертификати коғазҳои қиматнок дар сурати шакли ҳуҷҷатии барориш ;
д) ду нусхаи хулосаи маълумоти эмиссияи коғазҳои қиматнок ;
е) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи мӯҳри барои бақайдгирии барориши коғазҳои қиматнок .
Қоидаҳои ба сурати расми даровардани бақайдгирии барориш ва стандартҳои сертификатҳои коғазҳои қиматнок аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Бақайдгирии барориши давлати бояд на дертар аз 30 рӯзи баъд аз додани ариза ва замима кардани ҳуҷҷатҳои зарури сурат гирад. Ҳангоми бақайдгирии баророиши коғази қиматнок ба он рақами бақайдгирии барориши давлати тақдим карда мешавад.
Бақайдгири метавонад танҳо ба сабаби вайрон кардани тартиби муқарраршуда ё ба талаботи қонун мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида рад карда шавад.
Барои бақайдгирии хулосаи маълумоти эмиссия, ки танҳо дар хусуси коғазҳои қиматноки ба давлат тааллуқдошта маълумот дорад, боҷи мӯҳри ситонида намешавад ба қайд гирифтани эълони эмиссиони гербпули рӯёнида мешавад, ки андоза ва тартиби додани онро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Феҳрасти давлатии коғазҳои қиматнокро Вазорати молияи Ҷумҳурии, Тоҷикистон ихтиёрдори мекунад .
Бақайдгирии коғазҳои қиматнок, ки мувофиқи ҳамин модда аз тарафи мақомоти молияви анҷом дода мешавад, наметавонад чун замонати арзиши ин коғазҳои қиматнок барраси карда шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиш кардани коғазҳои қиматнокро, ки эмитентҳои онҳо таҳти доираи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, муқаррар менамояд .
То аз қайди давлати гузаштани коғазҳои қиматнок дар воситаҳои ахбори омма эълон кардани онҳо манъ аст.
Моддаи 26. Иҷозат барои баровардани коғазҳои қиматнок, ки ба фурӯши озод пешниҳод мегарданд
Дар сурати, гузаронидани фурӯши (обунаи) озоди коғазҳои қиматнок эмитент бояд иҷозати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирад.
Фурӯши (обунаи) коғазҳои қиматнок дар мавриде озод ҳисоб мешавад, ки он ақалан ба яке аз меъёрҳои зайл мувофиқ бошад:
а) коғазҳои қиматноки барои бақайдгири пешниҳодшуда ба мақсади ҷойгирони дар байни шахсони юридики ва воқеи, ки доираи онҳоро ба таври инфироди пешаки муайян кардан ғайриимкон аст, пешбини гардидаанд;
б) коғазҳои қиматнок барои фурӯш ба панҷох инвестор пешниҳод мегарданд .
в) ҳаҷми умумии барориши коғазҳои қиматнок аз ҳадди ниҳоии барориши ин қоғазҳо ҳангоми фурӯши коғазҳои қиматнок бо шартҳои обунаи маҳдуд, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, зиёдтар аст .
Барои гирифтани иҷозат ба гузаронидани обунаи озод эмитент ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаи 26-уми ҳамин Қонун номбаршуда ба мақоми молия дар бораи фурӯши озоди коғазҳои қиматнок маълумот медиҳад.
Моддаи 27. Хулосаи маъумоти эмиссия
Маълумоте, ки дар хулосаи маълумоти эмиссия оварда мешаванд, бояд бо ҳақиқати воқеи мувофиқат кунад ва барои арзёбии вазъи хоҷагию молиявии эмитент муфид бошад .
Мӯҳлати мурури маълумоти дар хулосаи маълумоти эмиссия овардашуда набояд аз шаш моҳ, зиёдтар бошад .
Ба хулосаи маълумоти эмиссия бояд маълумоти зерин дохил шавад :
а) характеристикаи эмитент, аз ҷумла:
номи ширкат, маҳалли ҷойгиршави, санаи таъсис, мавзӯи фаъолият, баланси ҳисобдори ва сурати ҳисобу даромаду зиён, ки муфаттиш (маъмури ҳисоб) тасдиқ кардааст, шумораи хизматчиён, инчунин маьлумоти асоси оид ба ихтисоси кормандони роҳбарикунанда;
б) тавсифи фаъолияти хизматии эмитент, ки маъмури ҳисобот тасдиқ кардааст. Феҳристи маълумоти заруриро дар бораи вазъи молиявии эмитент Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муассисаҳои бонки Бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад ;
в) маълумот дар бораи интишори коғазҳои қиматнок:
сана ва рақами протоколе, ки дар он дар бораи баровардани коғазҳои қиматнок қарор қабул карда шудааст, мақсади истифодаи захираҳои молиявие, ки аз эмиссия ба даст омадаанд, ҳаҷми банақшагирифташудаи эмиссия; навъ ва категорияи коғазҳои қиматнок ва ҳуқуқи бо онҳо алоқаманд; роҷеъ ба саҳмҳо - муассисон ва ҳуқуқҳои имконпазире, ки ба соҳибони саҳмҳои имтиёзнок дода мешаванд; теъдод, арзиши исми ва арзиши интишори коғазҳои қиматнок; адади серияҳо ва рақамҳои тартиби; маҳал, рӯзи оғоз ва қатъи фурӯш, маълумот дар бораи имтиёзҳои имконпазири соҳибони коғазҳои қиматнок; курбу нархе, ки ба нақша гирифта шудааст; номи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок (агар эмитент аз хизмати вай истифода мекарда бошад); амалҳое, ки ҳангоми зиёд ё кам шудани сатҳи обуна анҷом дода мешаванд; оид ба фоизҳои банақшагирифташавандаи коғазҳои қиматноки фоиздор, тарзи муҳосиба ва мӯҳлати пардохти фоизҳо; суроғаи маҳалҳои пардохти даромадҳо, анҷом додани муомилот ва амонатгузори;
г) феҳрист ва натиҷаҳои барориши собиқаи коғазҳои қиматнок, инчунин тақсими коғазҳои қиматнок аз рӯи навъҳо;
д) теъдоди саҳмҳои бо зикри ном, ки аз тарафи эмитент бароварда шудаанд, аз он ҷумла саҳмое, ки дороии кормандони роҳбарикунанда мебошанд.
Агар хизмати иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок истифода шавад, ба ахбор эмитент ва иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок имзо мегузоранд.
Дар сурати таъсиси ширкати саҳоми ахбор бояд маълумоти эҳтимолиеро, ки дар бандҳои а), б) ва в) қисми сеюми ҳамин модда муайян гардидааст, дар бар гирад .
Дар сурати барориши вомбарг, ғайр аз маълумоте, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр гардидааст, дар хулосаи маълумоти эмиссия бояд маълумоти зерин бошад :
а) мӯҳлати пардохт;
б) дигар шартҳое, ки ба коғазҳои қиматнок алоқаманданд:
в) замонати иҷрои ӯҳдадориҳо.
Агар эмитент ё салафи ҳуқуқии он дар сурати интишори вомбарг ё саҳмҳо - дар муддати се соли тақвимии пеш аз интишор - амали солимгардонии иқтисодиро анҷом ё дар бораи барҳамдиҳи дастур дода бошад, дар хулосаи маълумоти эмиссия бояд маълумоти дахлдор зикр шавад .
Агар барои иҷрои ӯҳдадориҳои дар коғазҳои қиматнок зикргардида ягон шахси юридики чун кафил амал кунад, дар ахбор бояд маълумоте низ, ки ба чунин кафолат дахл дорад, зикр шавад.
Дар хулосаи маълумоти эмиссия бояд омилҳои эҳтимолии бурду бохти фаъолияти эмитент қайд гардад.
Хулосаи маълумот эмиссия бояд ба теъдоде нашр гардад, ки барои шиносоии ҳамаи харидорони эҳтимолии коғазҳои қиматнок кофи буда, дар ҷойҳои фурӯши коғазҳои қиматнок низ мавҷуд бошад .
Қисмҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шуданд .
Дар давраи гузаронидани обуна ба коғаҳои қиматнок, агар дар вазъияти воқеии корҳо нисбат ба маълумоти қаблан пешниҳодшуда дар бораи фурӯши озоди коғазҳои ягона тағйирот ба амал ояд, эмитент вазифадор аст ин тағйиротро дар мақоми молияви ба қайд гирад инчунин дар бораи ин тағйирот ба обуначиён хабар диҳад.
Моддаи 28. Тартиби манъ кардан ё боздоштани баровардани коғазҳои қиматнок
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши коғазҳои қиматнокро дар ҳолатҳои зерин метавонад манъ кунад ё боздорад :
а) вайрон кардани қонунҳои ҷори;
б) дар маҷмӯа мавҷуд будани маълумоте, ки барои баровардани хулоса дар бораи ба қонунҳои ҷори мухолиф будани шартҳои барориши коғазҳои қиматнок имконият медиҳад;
в) нопурра будани маълумоти маҷмӯа нисбат ба талаботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) бо талаботи зерин мувофиқат накардани маълумоти дар маҷмӯа пешниҳодгардида, ки вазъияти молиявию иқтисодии эмитентро инъикос менамояд:
эмитент дар давоми се соли охири анҷомёфтаи молияви ё аз лаҳзаи таъсис ёфтанаш, агар ин мӯҳлат аз се сол кам бошад, бояд зараровар набошад;
мақомоти давлати дар давоми се сол ё аз лаҳзаи таъсис ёфтани эмитент, агар ин мӯҳлат аз се сол кам бошад, нисбати вай бо сабаби аз тарафи он вайрон кардани қонунҳои ҷори чораҳои ҷазои маъмурии иқтисоди наандешида бошад;
эмитент бояд аз қарздиҳандагон ва аз рӯи пардохт ба буҷет қарзи мӯҳлаташ гузашта надошта бошад;
то лаҳзаи қабул шудани қарор дар бораи баровардани вомбарг эмитент бояд фонди ибтидоии пурра пардохташуда дошта бошад .
Барориши коға зҳои қиматнок бо сабабҳои ба мақсад мувофиқ набудани онҳо манъ карда намешавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад сифати барориши коғазҳои қиматнокро дар мавриде боздорад ё натиҷаҳои барориши онро беэътибор эълон кунад, ки агар барориши онҳо бо вайронкунии қонунҳои ҷори сурат гирифта бошад ё сурат гирифта истода бошад, инчунин агар маълум гардад, ки хулосаи маълумот коғазҳои қиматноки барои бақайдгири пешниҳодшаванда ахбори носаҳеҳро дар бар мегирад ё он ба дигар талаботи ҳамин Қонун ҷавоб намедиҳад ё дар ҳолати дар аснои обунашави дохил гардидани маълумоти наве, ки шартҳои бароришро қатъиян тағйир дода, хабардор кардани сармоягузоронро талаб намояд .
Дар мавриди барориши коғазҳои қиматнокро боздоштан эмитент вазифадор аст вайронкориҳоеро, ки сабаби боздоштани барориш шудаанд, бартараф намояд ва баъди ин бо иҷозати махсуси хаттии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барориш метавонад давом дода шавад.
Агар эмитент ё муассисон (дар мавриди ташкили ибтидоии эмитентҳо ба шакли ширкати саҳоми) манъи барориши коғазҳои қиматнокро беасос шуморанд, онҳо метавонанд ин қарорро мувофиқи тобеияти идори дар суд ё суди иқтисоди мавриди баҳсу мунозира қарор диҳанд. Дар айни замон рафти барориши коғазҳои қиматнок то аз тарафи додгоҳ ё ҳакамият бароварда шудани қарор боздошта мешавад .
Моддаи 29. Тасдиқи ҳисобот дар бораи натиҷаҳои фурӯши озоди коғазҳои қиматнок
Эмитент на дертар аз 7 рӯзи баъди ба анҷом расидани мӯҳлати фурӯши озоди коғазҳои қиматнок ба мақоми молиявии бақайдгири Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои барориш бо нишон додани маблағи коғазҳои қиматноки фурӯхташуда ҳисобот пешниҳод менамояд .
Рӯйхати хуҷҷатҳое, ки барои тасдиқ намудани ҳисобот ва тартиби таҳия намудани онҳоро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Агар ин мақом дар мӯҳлати 10 рӯзи кории баъди рӯзи дигари ба мақоми молиявии бақайдгири пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи натиҷаҳои барориши коғазҳои қиматнок оид ба воқеънашуда эътироф кардани барориш хабар надиҳад, чунин барориш воқеъшуда ҳисоб меёбад.
Моддаи 30. Ахбори мунтазам дар бораи эмитенти коғазҳои қиматнок
Эмитент анҷомдиҳандаи фурӯши озоди коғазҳои қиматнок вазифадор аст дар як сол камаш як маротиба ба аҳли ҷомеа дар бораи маълумотҳои асосии вазъи фаъолияти хоҷагию молиявии худ хабар диҳад (минбаъд "ҳисоботи солона" номида мешавад) .
Ҳисоботи солона бо нишон додани вақт ва маҳал барои ошно шудан бо он аз ҷониби эмитенте, ки фурӯши озоди коғазҳои қитматнокро анҷом медиҳад, дар воситаҳои ахбори умуми барои ҳамаи соҳибони коғазҳои қиматноки эмитенти мазкур дастрасбуда нашр карда мешавад .
Ҳисоботи солона бояд на дертар аз 1 май пас аз соли ҳисоботии оянда нашр гардида, он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад
Моддаи 31. Ахбор дар бораи тағйирот дар фаъолияти хоҷагии эмитент
Эмитент вазифадор аст дар мӯҳлати ду рӯз оиди тағйироти дар фаъолияти хоҷагии он ба амалоянда ё баамаломадаи вобаста ба арзиши коғазҳои қиматнок ё даромад аз рӯи онҳо ба биржаи фондие, ки дар он арзиши коғазҳои қиматноки он муайян карда мешаванд ва ба мақоми молиявии бақайдгири ахборот диҳад, инчунин мувофиқи тартиби дар моддаи 30 пешбинишуда ин ахборотро нашр намояд, агар дар ахбороти охирини солона оид ба ин тағйирот маълумот ё ишорае набошад. Чунин ахборот пеш аз ҳама инҳоро дар бар мегирад:
а) тағйироти ба нақша гирифташавандаи ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок;
б) тағйирот дар ҳайати шахсии кормандони роҳбарикунанда, инчунин хизматчиён;
в) манъи истифодаи ҳисоби бонкии эмитент;
г) саршавии амалиёт оид ба солимгардонии молияви ё барҳамдиҳи;
д) боздоштан ё қатъ гардонидани фаъолият;
е) қарор дар бораи тағйироти куллии тадорукоти (ҷудо кардан, якҷоя шудан, аз нав ташкил додан ва ғ.);
ж) нобуд шудани на камтар аз даҳ фоизи амвол дар натиҷаи вазъиятҳои фавқулода;
з) маълумот дар бораи даъво ба эмитент ба маблағи зиёда аз 10 фоизи фонди ибтидои;
и) гирифтани қарз ё эмиссияи коғазҳои қиматнок ба андозаи зиёда аз 50 фоизи фонди ибтидои.
Биржаҳои фонди вазифадоранд дар нашрияҳои расмии худ маълумотҳои дар банди 1 муқарраргардидаро нашр намоянд.
Эмитент дар ҳолати дар борааш нашр гардидани маълумотҳои носаҳеҳе, ки метавонанд ба арзиши коғазҳои қиматнок ё даромад аз рӯи онҳо таъсир расонанд, бояд дар мӯҳлати ду рӯзи кори оид ба ислоҳи маълумотҳои ғалат чораҳо андешад.
БОБИ IV. БИРЖАИ ФОНДИ
Моддаи 32. Мафҳум ва нуқтаҳои ҳуқуқии биржаи фонди
Таҳти мафҳуми биржаи фонди (минбаъд Биржа) ташкилоте фаҳмида мешавад, ки онро иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок бо мақсади таъмини шароитҳои зарурии гардиши коғазҳои қиматнок, муайян намудани қурби (арзиши) онҳо ва нашри он барои шиносоии тамоми шахсони манфиатдор ва нигоҳ доштани сатҳи баланди касбии иштирокчиён таъсис менамоянд. Мақсади Биржа ба даст овардани фоида намебошад, ба худтаъминкуни асос ёфта, аз фаъолияти худ ба аъзоён даромад намедиҳад.
Биржа дар шакли ширкати саҳоми ташкил меёбад. Ҳамаи соҳаҳои Биржа бояд номи бошанд. Танҳо саҳмдорони Биржа аъзоёни он буда метавонанд.
Моддаи 33. Таъсис, бақайдгири ва литсензия кардани фаъолияти Биржаи фонди
Шахсони юридикие, ки литсензияи (иҷозатномаи) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнокро доранд, биржа ташкил мекунанд.
Шартҳои таъсиси биржа аз инҳо иборатанд:
а) Биржа дорои Оинномаи худ буда, барои худ мустақилона қоидаҳои дохилии бастани созишҳо, тафтишу аз рӯи онҳо ҳисобу китоб кардан, дар Биржа ба савдо мондан ва аз савдо гирифтани коғазҳои қиматнокро (Қоидаҳои бурдани амалиёт бо коғазҳои қиматнок) кор карда мебарояд.
Оиннома ва қоидаҳои бурдани муомилот бо коғазҳои қиматноки Биржа риояи принсипҳои рақобати одилонаи байни иштирокчиёни бозори коғазҳои қиматнок, ҳимояи инвесторҳоро аз қаллобию бевиҷдонии имконпазири эмитентҳо, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок ва хизматчиёни Биржа таъмин менамояд.
б) муассисони биржа нисбати тахассуси аъзоёни Биржа, бастан ва ба расмият даровардани аҳдномаҳо, қоидаҳои баҳисобгири ва ҳисоботдиҳии аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида талаботи ягона қабул намоянд .
Бақайдгирии давлатии Биржа, қайди баҳисобгирии намояндаги ва филиалҳои Биржа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқи" амали карда мешавад .
Шӯъбаҳои фондии биржаҳои молие, ки муомилотро дар бозори коғазҳои қиматнок анҷом медиҳанд, дар фаъолияти худ ҳамин Қонунро дастури амал қарор медиҳанд. Шӯъбаҳои фонди дар биржаҳои моли ва дигар биржаҳо метавонанд ба сифати подразделенияҳои мустақили сохтори бо баланси алоҳида ташкил карда шаванд.
Иҷозатномадиҳии фаъолияти биржави мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" амали карда мешавад .
Моддаи 34. Узвият дар Биржа
Муассисаҳои бонки, ҷамъиятҳои саҳоми ва ҷамъиятҳои фаъолияташон маҳдуди зерин метавонанд узви Биржа шаванд, ки:
а) дорои иҷозатнома барои фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок мебошанд ;
б) барои бастани аҳдномаҳо кормандонеро таъин кунанд, ки барои анҷом додани касби дар бозори коғазҳои қиматноки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома доранд ;
в) ҳаққи дохилшавии биржавиро, ки барои дохил шудан ба аъзогии Биржа муқаррар гардидааст, пардохтаанд, ӯҳдадор мешаванд оиннома ва дигар қоидаҳои Биржаро риоя намуда, ҳаққи узвияти солонаро супоранд;
г) барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коғазҳои қиматнок ва фаъолияти соҳибкори ба ягон хел ҷавобгари кашида нашудаанд .
Аризаи қабул ба аъзогии Биржа дар маҷлиси умумии саҳмдоронаъзоёни Биржа барраси мешавад.
Шӯрои Биржа бояд дар мӯҳлати 30 рӯз ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабул кардааш хатти хабар диҳад.
Ба қонеъ гардонидани илтимоснома танҳо дар он сурат ҷавоби рад додан мумкин аст, ки агар илтимоскунанда ба шартҳои дар банди 1 ҳамин модда муайянгардида мувофиқат накунад. Қарори раддия бояд асоснок карда шавад.
Моддаи 35. Қатъ гардидани узвият дар Биржа
Узвият дар Биржа дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
а) баромадан аз аъзогии Биржа;
б) хориҷ кардан аз аъзогии Биржа;
в) бекор кардани литсензия барои фаъолият ба сифати иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок.
Моддаи 36. Маҷлиси умумии аъзоёни Биржа
Мақоми олии Биржа маҷлиси умумии аъзоёни Биржа мебошад.
Нуқтаҳои зайл танҳо ба салоҳияти маҷлиси умуми мансуб мебошанд:
а) даровардани тағйирот ба оиннома ва қоидаҳои Биржа;
б) интихоби мақомоти роҳбарикунандаи Биржа;
в) қабули ҳисоботи шӯрои Биржа ва котиботи Биржа;
г) тасдиқ намудани буҷети Биржа ва қабул кардани хароҷоти он;
д) тасдиқ намудани қарорҳои шӯрои Биржа;
е) қабул намудани қарорҳо аз рӯи ҳамаи масъалаҳое, ки мувофиқи оиннома танҳо ба салоҳияти маҷлиси умумии Биржа мансуб дониста шудаанд;
ж) ба аъзогии Биржа қабул кардан ва хориҷ кардан аз он.
Маҷлиси умумии Биржа дар вақтҳои муайяни пешбини кардаи оиннома, аммо на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
Дар маҷлиси умуми ҳар як узви Биржа як овоз дорад.
Маҷлиси умуми, чун қоида, бо аксарияти овозҳо қарор қабул мекунад. Барои даровардани тағйирот ба оиннома ва тасдиқ намудани қарорҳои шӯрои Биржа камаш аз чор се ҳиссаи овозҳои аъзоёни дар маҷлис иштироккунанда зарур аст.
Интихоб ва бозхонди кормандани роҳбарикунанда дар маҷлиси умуми бо овоздиҳии пинҳони амали мегардад.
Агар маҷлиси умуми ҳадди ҳисоб (кворум) надошта бошад, маҷлиси умумии такрорие, ки дар давоми понздаҳ рӯз даъват шудааст, барои баррасии масъалаҳо аз рӯи рӯзномаи аввали маҷлис сарфи назар аз шумораи аъзоёни ҳозирбуда дорои ҳадди ҳисоб мебошад.
Моддаи 37. Шӯрои Биржа
Шӯрои биржа мақоми роҳбарикунандаи дастаҷамъи мебошад ва вазифаҳои он аз идора кардани Биржа, таҳияи қоидаҳои Биржа, ташаккул ва идоракунии ҳайати шахсии Биржа иборатанд.
Аксарияти аъзоёни шӯрои Биржа аз ҷумлаи аъзоёни Биржа интихоб карда мешаванд. Ба аъзогии шӯрои Биржа метавонанд намояндагони эмитентҳо ва инвесторҳои коғазҳои қиматнок, ки ба ҳайати Биржа дохиланд, интихоб шаванд.
Аъзоёни шӯрои Биржа роҳбарони на зиёдтар аз як шахси юридики, ки аъзои Биржа ё барорандаи коғазҳои қиматноки дар Биржа арзишдошта мебошанд, буда метавонанд.
Моддаи 38. Талабот ба кормандони ташкилотҳо - аъзоёни Биржа ва хизматчиёни Биржа
Шахси воқеие, ки дар фонди ибтидоии узви Биржа бо саҳми худ иштирок мекунад, роҳбар ё корманди узви дигари Биржа буда наметавонад.
Хизматчиёни Биржа, роҳбарон ва кормандони аъзоёни Биржа наметавонанд дар назди барорандаи коғазҳои қиматноке, ки дар биржа арзиш доранд, вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол намоянд, бо онҳо муносибатҳои ҳуқуқии меҳнати ва дар фонди ибтидоии барорандаи коғазҳои қиматнок саҳми шарики дошта бошанд.
Моддаи 39. Нозирони давлатии Биржа
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нозирони давлатии Биржаро барои назорати риояи қонунҳои Биржа таъмин мекунад. Нозирони давлатии Биржа ҳақ доранд дар Маҷлисҳои машваратии мақомоти Биржа иштирок намоянд .
Моддаи 40. Намояндаи Биржа
Биржаро дар назди шахсони сеюм, додгоҳ ва мақомоти ҳокимият раиси шӯрои Биржа ва ҷонишинони ӯ намояндаги мекунанд.
Моддаи 41. Азнавташкилдиҳи ва қатъи фаъолияти Биржа
Азнавташкилдиҳи ва қатъи фаъолияти Биржа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешаванд .
Моддаи 42. Истифодаи аломати "биржаи фонди"
Аломати "биржаи фонди" ё чунин аломатеро, ки дар он ибораи "биржаи фонди" ё ибораи ба он монанд ифода ёфтааст, дар номи ширкати худ ё бо мақсади рекламаи кори ё рекламаи муқаррари танҳо чунин ташкилоте истифода бурда метавонад, ки мувофиқи тартиби дар моддаи 33 ҳамин Қонун муайянгардида таъсис дода шудааст.
БОБИ V. ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГИ ОИД БА ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ САРМОЯГУЗОРОН
Моддаи 43. Бекор кардани шартномаи обунашави ё харида гирифтани коғазҳои қиматнок дар рафти фурӯши озод
Агар дар давраи гузаронидани фурӯши озоди коғазҳои қиматнок эмитент ба ахбор дар бораи барориши коғазҳои қиматноки дар хулосаи маълумоти эмиссияи зикргардида ислоҳот дарорад, шахсоне, ки коғазҳои қиматнокро харида гирифтаанд ё ба онҳо обуна шудаанд, метавонанд дар давоми понздаҳ рӯзи баъди нашри ахбори нав шартномаро бекор намоянд, агар онҳо чунин шуморанд, ки ин ислоҳот метавонад ба қурби (арзиши) коғазҳои қиматнок таъсири номусоид расонад. Дар сурати шартномаро бекор кардани харидор эмитент барои талофи намудани хароҷоту зиёнҳои сармоягузорон, ки ба обунашави ва харидории коғазҳои қиматнок вобастаанд, масъул мебошад. Агар ахбори дар аввал нашргардида хулосаи маълумоти эмиссия оиди барориши коғазҳои қиматнок, ки минбаъд ба он ислоҳот дароварда шудааст, аз тарафи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок тасдиқ шуда бошад, ин иштирокчи якҷоя бо эмитент дар назди сармоягузорон масъул мебошад .
Агар маблағи воқеии обунашави ё харидории коғазҳои қиматнок аз маблағе, ки онро эмитент дар хулосаи маълумоти эмиссия эълон карда буд, кам бошад, шахсоне, ки ба коғазҳои қиматнок обуна шудаанд ё онҳоро харида гирифтаанд, дар мӯҳлати понздаҳ рӯзи баъди ба итмом расидани мӯҳлати обунашави метавонанд шартномаро бекор кунанд, эмитент бошад дар ин ҳолат вазифадор аст ба сармоягузорон пулҳои гирифтаашро бе ӯҳдадории пардохти фоизҳо ва талофии хароҷот ё зиёнҳои имконпазир баргардонад (.
Дар мавриди аз маблағи дар хулосаи маълумоти оид ба барориши (эмиссияи) коғазҳои қиматнок эълонгардида зиёд будани маблағи обуна эмитент вазифадор аст ба обуначиён пулҳоро ба миқдоре баргардонад, ки аз андозаи барориши эълонгардида зиёд мебошад. Тартиби баргардонидани маблағҳо дар ахбор оиди барориши коғазҳои қиматнок тавсиф мегардад .
Моддаи 44. Талофии зиёнҳои дар натиҷаи ахбори нодуруст расонидашуда оиди коғазҳои қиматнок
Дар давраи тамоми мӯҳлати гардиши коғазҳои қиматнок эмитент масъули ба сармоягузорон талофи намудани зиёнҳое мебошад, ки дар натиҷаи ахбори нодуруст оиди коғазҳои қиматнок ба онҳо расонида шудаанд.
Моддаи 45. Нигоҳдории маблағҳои пулие, ки дар рафти обунашави барои харидории коғазҳои қиматнок ба даст омадаанд
Эмитент ва дар ҳолати истифодаи хизмати иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ҳамчунин иштирокчии касбии бозор вазифадоранд пулҳои дар рафти обунашави пардохташударо дар ҳисобҳои алоҳидаи банк то он даме нигоҳ доранд, ки онҳо ӯҳдадориҳои дар моддаи 43 пешбинишударо оиди баргардонидани маблағҳо иҷро накунанд ё маълум нашавад, ки онҳо чунин ӯҳдадориҳо надоранд.
Моддаи 46. Талабот ба соҳибони пакетҳои калони саҳмҳо
Ҳар шахсе, ки зиёда аз 5 фоизи теъдоди умумии саҳмҳои ба фурӯш баровардашударо бо ҳуқуқи овоз харида мегирад, дар давоми 5 рӯзи кории баъди харидаш бояд дар ин бора ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, биржаҳои фондие, ки бо ин саҳмҳо муомилот доранд, инчунин ба эмитент хабар диҳад. Чунин талабот дар ҳолати аз тарафи ҳамон шахс харида гирифтани ҳар як 5 фоизи иловагии саҳмҳои ҳамон эмитент гузошта мешавад .
Моддаи 47. Саҳмҳои мутааллиқ ба кормандони роҳбарикунандаи эмитент
Роҳбарони корхона - эмитент (аз ҷумла ҳам аъзоёни шӯрои назорати ва ҳам аъзоёни маъмурият), ки барориши саҳмҳоро бо роҳи фурӯши озод ба анҷом мерасонанд, бояд ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, биржаҳои фондии бо ин саҳмҳо муомилот дошта, инчунин ба корхонаэмитент дар бораи саҳмҳои ҳамон корхона, ки дар ихтиёрашон мебошанд, ва дар бораи тамоми муомилоти худ бо ин саҳмҳо маълумот диҳанд .
Моддаи 48. Муомилоти эмитент бо саҳмҳои худи
Эмитентҳои саҳмҳо дар бораи муомилоташон бо саҳмҳои худи бояд ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва биржаҳои фондие, ки дар онҳо муомилот бо ин саҳмҳо анҷом дода мешаванд, хабар диҳанд .
Моддаи 49. Таклифҳое, ки барои харидани саҳмҳо ба тамоми саҳмдорон пешниҳод мешаванд
Таклифҳое, ки барои харидани саҳмҳо ба тамоми саҳмдорон пешниҳод мешаванд, аз ҷумла чунин таклифҳои корхона - эмитент, бояд бо қоидаҳои муқарраркардаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шаванд. Чунин таклиф бояд бо нархи барои ҳамаи саҳмдорон якхела пешниҳод карда шавад .
Моддаи 50. Харидории ҳатмии саҳмҳо
Ҳар шахсе, ки мақсади бо ҳуқуқи овоз харида гирифтани зиёда аз 50 фоизи саҳмҳои корхона - эмитентро дорад, бояд дар бораи харидории тамоми саҳмҳои ҳамон эмитент таклиф пешниҳод кунад, ки он ба тамоми саҳмдорон нигаронида шудааст.
Моддаи 51. Манъи сарсари истифода кардани ахбори хизмати
Ҳеҷ шахсе, ки бо тақозои мақоми хизматии худ ҳуқуқи истифодаи ахбори хизматии ба эмитент тааллуқдошта ё коғазҳои қиматнокро дорад ва ин ахбор метавонад ба арзиши бозории коғазҳои қиматнок таъсир расонад, наметавонад ин ахборро бо мақсади фоидаи шахси истифода барад ё онро ба шахсони сеюм диҳад, инчунин ӯ наметавонад (дар асоси ин ахбор оид ба муомилот бо коғазҳои қиматнок ба шахсони сеюм маслиҳат диҳад.
Ҳама гуна иттилоот оид ба эмитент ва коғазҳои қиматноки аз ҷониби ӯ баровардашуда, ки дастраси умум намебошанд ва шахсони бинобар вазъи хизматии худ, ӯҳдадориҳои меҳнати ё шартномаи бо эмитент басташударо нисбат ба дигар иштироккунандагони бозори коғазҳои қиматнок дар вазъи афзалиятнок қарор медиҳанд, иттилооти хизмати дониста мешаванд .
Моддаи 52. Маҳдудиятҳои гузаронидани муомилот бо коғазҳои қиматнок барои шахсоне, ки ҳуқуқи истифодаи ахбори хизматиро доранд
Шахсони воқеие, ки ҳуқуқи истифодаи ахбори хизматии ба корхонаҳо - эмитентҳо тааллуқдоштаро доранд, инчунин аъзоёни оилаи онҳо коғазҳои қиматноки ин эмитентҳоро метавонанд танҳо бо шарте харида гиранд, ки ин коғазҳои қиматнокро камаш 6 моҳ нигоҳ медоранд. Ба чунин шахсон инҳо мансуб мебошанд:
а) кормандони роҳбарикунандаи корхонаҳо-эмитентҳо (аз ҷумла аъзоёни шӯрои мушоҳидави ва намояндагони маъмурият);
б) хизматчиёни фирмаҳои аудиторие, ки ин корхона-эмитентро тафтиш мекунанд;
в) роҳбарон ва кормандони дастгоҳи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони аппаратҳои мақомоти давлатие, ки барои кор ба ин нозироти ҷалб карда мешаванд, инчунин кормандони ташкилотҳое, ки иҷозатнома барои фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматноки ба ҳамаи қоғазҳои қиматнок татбиқшаванда доранд .
БОБИ VI. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ
Моддаи 53. Танзими муомилот дар бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок
Анҷом додани муомилот дар бозори берун аз биржаи коғазҳои қиматнок дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе
10 марти соли 1992 № 552