×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 451 "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот"

Санаи амалкуни: 02.01.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, №4, қ.1, мод. 179, мод. 188; с. 2007, №6, мод. 434, мод. 437; с. 2012, №7, мод. 722)

(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 578, аз 3.05.2002 № 8, аз 3.05.2002 № 11, аз 13.06.2007 № 278, аз 13.06.2007 № 281, аз 03.07.2012 № 872, аз 2.01.2018 № 1499)

Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот танзим мекунад.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот

Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машруботи бо қонунгузори муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.

Спирти этили ошоми, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этили, ки аз ашёи хоми хӯроквори истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.

Таҳти муомилоти спирти этили ва машрубот содироту воридот, молрасони, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этили) фаҳмида мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Моддаи 2(1). Амали Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499)

Амали Қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот

Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз инҳо иборатанд:

ташкили назорати давлати ба истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот;

муқаррар намудани маблағи аксизи спирти этили ва машрубот(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлати ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

муқаррар намудани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этили ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаҷми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин лиҷозатномадиҳии намудҳои фаъолияти зикршуда (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этили ва машрубот ҳифз мекунанд.

Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ

Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили инҳоро пешбини менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

манъ кардани фурӯши чаканаи спирти этили;

муқаррар намудани стандартҳои давлати, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

амали гардонидани назорати давлатии сифати спирти этили.

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.

Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 278)

Фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872,  аз 2.01.2018 № 1499).

Иҷозатнома дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 278аз 03.07.2012 № 872).

БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ

Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбини менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;

муқаррар намудани аксизи ҳамаи хелҳои машрубот (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;

муқаррар намудани стандартҳои давлати, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.

Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот

Истеҳсол ва муомилоти машруботро шахсони ҳуқуқие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиени мувофиқат мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.

Қисми сеюми моддаи 7 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 11).

Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурӯхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷи бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгӯи стандартҳои давлати, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди модаҳои барои саломати зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Моддаи 8. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 278)

Моддаи 9. Аксизи машрубот

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499)

Аксизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Маблағи аксиз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.

Аксизи машруботи воридоти ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Бо мақсади пурра ситонидани маблағи аксиз ва пешгирии пинҳони овардану фурӯхтани молҳои мавриди аксиз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи аксизи муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Намунаи тамғаҳои маблағи аксиз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 10. Сифати машруботи воридоти

Сифати машруботи воридоти аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлати ва регламентҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватани набояд паст бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Моддаи 11. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872)

Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурӯши маҳсулот

Фурӯши машруботи ватани ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфироди ба таври чакана дар сурати доштани иҷозатнома амали мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Фурӯши машрубот танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Дар айни замон фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот:

дар муассисаҳои бачагона, таълими, дини ва табобатию профилактики ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарби) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дӯкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурӯши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илми ва истеҳсоли ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

ба шахсоги то синни 18 - сола (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи аксизӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурӯши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳоли, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН

Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун

Ба истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлати назорати давлати мекунанд.

Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этили ва машрубот, додани иҷозатнома сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872, аз 2.01.2018 № 1499).

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор"  анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 281, аз 2.01.2018 № 1499).

Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот

Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот ин корҳо манъ аст:

барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқави истеҳсол шудааст;

фурӯши чаканаи спирти этили;

истеҳсол ва муомилоти машрубот бе иҷозатномаҳои дахлдор (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

фурӯши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи аксизӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499);

фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;

фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуҷҷати меъёрию техники мувофиқат намекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872);

реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда.

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 872).

Мансабдорони ташкилотҳое, ки спирти этили ва машруботро бе риояи талабҳои ин Қонун истеҳсол мекунанд ва ба муомилот мебароранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1499).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

 15 майи соли 1997 № 451