ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, №4, қ.1, мод. 179, мод. 188; с. 2007, №6, мод. 434, мод. 437; с. 2012, №7, мод. 722)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 578, аз 3.05.2002 № 8, аз 3.05.2002 № 11, аз 13.06.2007 № 278, аз 13.06.2007 № 281, аз 03.07.2012 № 872, аз 2.01.2018 № 1499)
Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот танзим мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машруботи бо қонунгузори муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.
Спирти этили ошоми, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этили, ки аз ашёи хоми хӯроквори истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.
Таҳти муомилоти спирти этили ва машрубот содироту воридот, молрасони, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этили) фаҳмида мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 2(1). Амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад .
Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз инҳо иборатанд:
ташкили назорати давлати ба истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот;
муқаррар намудани маблағи аксизи спирти этили ва машрубот;
муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлати ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот ();
муқаррар намудани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этили ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаҷми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин лиҷозатномадиҳии намудҳои фаъолияти зикршуда ;
татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этили ва машрубот ҳифз мекунанд.
Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.
БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ
Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили инҳоро пешбини менамояд:
иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
хориҷ карда шуд ();
манъ кардани фурӯши чаканаи спирти этили;
хориҷ карда шуд ();
муқаррар намудани стандартҳои давлати, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ();
амали гардонидани назорати давлатии сифати спирти этили.
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.
Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Фаъолият дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад (.
Иҷозатнома дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад .
БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ
Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбини менамояд:
иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машрубот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ();
сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;
муқаррар намудани аксизи ҳамаи хелҳои машрубот ;
назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;
муқаррар намудани стандартҳои давлати, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот ().
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.
Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот
Истеҳсол ва муомилоти машруботро шахсони ҳуқуқие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиени мувофиқат мекунад .
Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.
Қисми сеюми моддаи 7 хориҷ карда шуд
Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурӯхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷи бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгӯи стандартҳои давлати, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди модаҳои барои саломати зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад ().
Моддаи 8. Хорич карда шуд
Моддаи 9. Аксизи машрубот
Аксизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад .
Маблағи аксиз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.
Аксизи машруботи воридоти ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад .
Бо мақсади пурра ситонидани маблағи аксиз ва пешгирии пинҳони овардану фурӯхтани молҳои мавриди аксиз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи аксизи муқаррар карда мешавад ().
Намунаи тамғаҳои маблағи аксиз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Сифати машруботи воридоти
Сифати машруботи воридоти аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлати ва регламентҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватани набояд паст бошад ().
Моддаи 11. Хориҷ карда шуд
Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурӯши маҳсулот
Фурӯши машруботи ватани ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфироди ба таври чакана дар сурати доштани иҷозатнома амали мегардонанд .
Фурӯши машрубот танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад
Дар айни замон фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот:
дар муассисаҳои бачагона, таълими, дини ва табобатию профилактики ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарби) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дӯкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурӯши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илми ва истеҳсоли ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
ба шахсоги то синни 18 - сола ;
бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи аксизӣ манъ аст .
Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурӯши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳоли, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд .
БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН
Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун
Ба истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлати назорати давлати мекунанд.
Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати спирти этилӣ ва машруботро дар бар мегирад ().
Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этили ва машрубот, додани иҷозатнома сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд (.
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" анҷом дода мешавад .
Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот
Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот ин корҳо манъ аст:
барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқави истеҳсол шудааст;
фурӯши чаканаи спирти этили;
истеҳсол ва муомилоти машрубот бе иҷозатномаҳои дахлдор ;
фурӯши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи аксизӣ ;
фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;
фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуҷҷати меъёрию техники мувофиқат намекунанд ();
реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда.
хориҷ карда шуд ().
Мансабдорони ташкилотҳое, ки спирти этили ва машруботро бе риояи талабҳои ин Қонун истеҳсол мекунанд ва ба муомилот мебароранд, тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
15 майи соли 1997 № 451
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 578, аз 3.05.2002 № 8, аз 3.05.2002 № 11, аз 13.06.2007 № 278, аз 13.06.2007 № 281)
Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот танзим мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машруботи бо қонунгузори муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.
Спирти этили ошоми, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этили, ки аз ашёи хоми хӯроквори истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.
Таҳти муомилоти спирти этили ва машрубот содироту воридот, молрасони, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этили) фаҳмида мешавад.
Моддаи 2. Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Қонунҳо дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии тибқи он қабулшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.
Амали ин Қонун ба маҳсулоти зерин дахл намекунад:
машруботе, ки шаҳрванд (шахси воқеи) на барои фурӯш истеҳсол кардааст;
спирти этили, ки шахси юридики ё ашхоси юридики дар асоси шартнома аз ҳар хели ашёи хом истеҳсол кардаанд ва онро танҳо дар ҷараёни технологи вақти тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботи истифода мебаранд.
Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот
Ваколатҳои мақомоти давлати дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот аз инҳо иборатанд:
танзими нархи спирти этили ва машрубот;
ташкили назорати давлати ба истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот;
таҳияи тартиби муқаррар намудани саҳмияи (квотаи) содироту воридот ва хариди спирти этили ва машрубот;
муқаррар намудани маблағи аксизи спирти этили ва машрубот;
муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлати ва шартҳои техники дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот;
муқаррар намудани тартиби литсензиядиҳи барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этили ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаҷми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин литсензиякунии намудҳои фаъолияти зикршуда;
хорич карда шуд ;
муайян кардани саҳмияи (квотаи) ҳаҷми спирти этилие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст;
татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этили ва машрубот ҳифз мекунанд.
Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.
БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛИ
Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили инҳоро пешбини менамояд:
Литсензия кардани фаъолияти оид ба истеҳсол ва муомилоти спирти этили;
муқаррар кардани саҳмияи (квотаи) ҳаҷми содироту воридот ва хариди спирти этили;
манъ кардани фурӯши чаканаи спирти этили;
танзими нархи фурӯши спирти этилие, ки аз ашёи хоми озуқа ва ғайриозуқави истеҳсол карда шудааст;
муқаррар намудани стандартҳои давлати, шартҳои техники, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили;
амали гардонидани назорати давлатии сифати спирти этили.
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.
Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ
Фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.
Иҷозатнома дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад .
БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ
Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот
Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбини менамояд:
литсензия кардани фаъолияти оид ба истеҳсол ва муомилоти машрубот;
сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;
муқаррар намудани аксизи ҳамаи хелҳои машрубот;
назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;
муқаррар намудани стандартҳои давлати, шартҳои техники, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот.
Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.
Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот
Истеҳсол ва муомилоти машруботро ашхоси юридикие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани литсензияҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиени мувофиқат мекунад.
Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.
Қисми сеюми моддаи 7 хориҷ карда шуд
Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурӯхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷи бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгӯи стандартҳои давлати, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди модаҳои барои саломати зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии стандартҳо ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад.
Моддаи 8. Хорич карда шуд
Моддаи 9. Аксизи машрубот
Аксизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
Маблағи аксиз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.
Аксизи машруботи воридоти ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад.
Маблағи аксизи машруботи воридотии ба ҳисоби даромади буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнидашуда на камтар аз маблағи аксизи машруботи истеҳсоли ватани муқаррар карда мешавад. Бо мақсади пурра ситонидани маблағи аксиз ва пешгирии пинҳони овардану фурӯхтани молҳои мавриди аксиз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи аксизи муқаррар карда мешавад.
Намунаи тамғаҳои маблағи аксиз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 10. Сифати машруботи воридоти
Сифати машруботи воридоти аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлати ва шартҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватани набояд паст бошад.
Моддаи 11. Декларатсия кардани ҳаҷми машрубот
Ташкилотҳое, ки машрубот истеҳсол мекунанд ва онро ба муомилот мебароранд, вазифадоранд дар бораи ҳаҷми машруботи истеҳсолшуда, содиру воридшаванда ва фурӯхтаю истифоданашуда, аз ҷумла дар бораи машруботе, ки дар натиҷаи коркарди партовҳои истеҳсолии он ба даст омадааст, ба мақомоти дахлдори давлати то якуми январи соли оянда декларатсия пешниҳод кунанд.
Тартиби пешниҳоди декларатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурӯши маҳсулот
Фурӯши машруботи ватани ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфироди ба таври чакана дар сурати доштани литсензия амали мегардонанд.
Ташкилотҳо ва соҳибкорони инфироди машруботро танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) фурӯхта метавонанд.
Дар айни замон фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот:
дар муассисаҳои бачагона, таълими, дини ва табобатию профилактики ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарби) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дӯкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурӯши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илми ва истеҳсоли ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;
ба ашхоси то синни 18 - сола;
бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи аксизи манъ аст.
Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурӯши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳоли, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд.
БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН
Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун
Ба истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлати назорати давлати мекунанд.
Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этили ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Назорати давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот назорати додани литсензияро барои истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этили ва машрубот, назорати риояи стандартҳои муқарраршудаи машрубот ва ашёи хомро барои истеҳсоли он, назорати сифат ва ҳаҷми истеҳсоли этили ва машрубот ва инчунин назорат ба воридоту содирот ва хариди спирт ва машруботро дар бар мегирад.
Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этили ва машрубот, додани литсензия, муайян кардани саҳмия (квота), декларатсия кардан сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд.
Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом дода мешавад .
Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот
Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили ва машрубот ин корҳо манъ аст:
барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқави истеҳсол шудааст;
фурӯши чаканаи спирти этили;
фурӯхтани спирти этили ба ташкилотҳое, ки барои харидани он саҳмия (квота) надоранд, ё худ зиёда аз саҳмияи (квотаи) мазкур фурӯхтани он;
истеҳсол ва муомилоти машрубот бе литсензияҳои дахлдор;
фурӯши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи аксизи;
фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;
фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳуҷҷати меъёрию техники мувофиқат намекунанд;
реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда;
таҳриф ва (ё) дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани декларатсия дар бораи истеҳсол ва муомилоти машрубот.