ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ
(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 313)
Қонуни мазкур асосҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти меъмории шаҳрсозиро, ки ба бунёди муҳити комили зисти инсон, ҳифзи ҳуқуқ ва масъулияти субъектҳои муносибатҳои меъморию шаҳрсози дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафҳуму истилоҳоти асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд
Фаъолияти меъморию шаҳрсози - мувофиқи мақсад ташаккул додани муҳити муносибати зисти инсон бо роҳи ташкили системаҳои ҷойгиркуни, ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи шаҳру шаҳрак, деҳот ва маҳалли минтақаҳои дигари аҳолинишин инфраструктураи истеҳсоли, иҷтимои муҳандиси ва нақлиёти, лоиҳакаши, сохтмон, азнавсози, навкуни, таъмир, таъмири асосии биною иншоот ва комплексҳои онҳо, объектҳои ободони ва кабудизоркуни дар маҳал.
Қаламраве, ки дар ҳудуди он ягон фаъолияти меъморию шаҳрсози ба амал бароварда мешавад, ба қаламрави танзими шаҳрсози дохил машавад.
Қаламрави селитеби (маскуни) - қисми қаламрави маҳалли аҳолинишине, ки барои ҷойгир кардани фрнди манзилгоҳ, биною иншооти ҷамъияти, инчунин объектҳои алоҳидаи коммуналие пешбини шудааст, ки бунёди минтақаҳои ҳифозати санитариро талаб намекунанд.
Меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози низоми ҳуҷҷатҳои меъёрии категорияҳои зерин мебошад:
- меъёрҳои байнидавлатии шаҳрсози;
- меъёрҳои давлатии шаҳрсози;
- меъёрҳои қоидаҳои байнидавлатии сохтмон;
- меъёру қоидаҳои давлатии сохтмон;
- стандартҳои байнидавлати дар сохтмон;
- стандартҳои давлати дар сохтмон;
- шартҳои техники дар сохтмон.
Ҳуҷҷатҳои меъёрию шаҳрсози - низоми ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла асосноккунии илми, пешгӯию барномаҳо, лоиҳаи шаҳрсози, лоиҳаи меъмори, лоиҳаи сохтмон, дигар шаклу марҳилаҳои лоиҳакаши ва таҳқиқоти муҳандисии ба онҳо мутобиқ.
Кадастри давлатии шаҳрсози - низоми ягонаи нишондиҳандаҳои миқдору сифат, ки маълумоти картографи, омори ва матниро дар бар мегиранд, ки сохти танзими шаҳрсозиро, аз рӯи нишонаҳои низоми истифодаи иҷтимоию ҳуқуқи, дараҷаи ҷиҳозонии муҳандисию техники-таъмини захирави ва ҳолати муҳити атроф, тавсиф медиҳад.
Интизоми шаҳрсози - мутобиқи фаъолияти ашхоси юридики ва воқеи ҳангоми тарҳрези намудан ва дар қаламрав бино сохтанашон ба тартиби бо қонун муқарраргардидаи иҷрои кор, меъёрҳои давлати дар соҳаи меъмори ва шаҳрсози ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъморию шаҳрсози.
Моддаи 2. Самтҳои асосии фаъолияти меъморию шаҳрсози
Самтҳои асосии фаъолияти меъморию шаҳрсози иборатанд аз:
- ташкили ҷобаҷокуни ва тавзеи қувваҳои истеҳсолкунанда, таҳия ва татбиқи нақшаю лоиҳаҳои тарҳрезии ноҳияви;
- банақшагирии сохтмон ва азнавсозии шаҳрҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои дигари аҳолинишин ва системаҳои онҳо, минтақаю ҳудудҳои амалкунанда;
- нигоҳ доштан, барқарор кардан ва муҳофизат намудани мероси таърихию фарҳанги, ёдгориҳои шаҳрсози, меъмори ва пайкарсози, манзараҳо ва дигар ҳудудҳои аз ҷиҳати меъморию шаҳрсози баарзиш мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва фарҳанг";
- ташкили банақшагирии ҳудудҳои санаторию курорти ва ҳудудҳои дигари рекреатсиони;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои шаҳрсози, банақшагири, сохтмон, азнавсози, таъмир, навкуни, таъмири асоси ва ободонии объекту комплексҳо, ташкил ва инкишофи инфраструктураҳои иҷтимои, муҳандиси ва нақлиёти, ҳифзи қаламрав аз ҷараёнҳои хатарноки табии ва техногени;
- экспертиза ва сертификатсияи сифати корҳои лоиҳавию тадқиқоти;
- иҷрои вазифаи назорат ба азхудкунии шаҳрсозии қаламрав, сифати корҳои сохтмони, истеҳсоли маҳсулот, маснуот ва конструксияҳои бинокори;
- хорич карда шуд ;
- гузаронидани тадқиқоти илми, таҳия, тасдиқ ва ҷори намудани меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози;
- тарбияи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи меъмори ва шаҳрсози;
- дигар намуди фаъолияти марбут ба бунёд ё дигар кардани муҳити зист бо воситаҳои меъморию шаҳрсози.
Моддаи 3. Объектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози
Объектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози иборатанд аз:
- қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун системаи томи шаҳрсози;
- комплексҳои ҳудудии истеҳсоли шаҳрсозию манзарави, минтақаҳои рекреатсиони, ҳифзи табиат ва ғайра;
- шаҳрҳо, шаҳракҳо, маҳалҳои дигари аҳолинишин ва системаи онҳо;
- қисми қаламрави маҳалҳои аҳолинишин;
- биною иншоот, ансамблҳои меъмори, боғҳо, ёдгориҳои ғайриманқули таърихи ва фарҳанги, таҷҳизоти муҳандиси, коммуникатсияҳо, унсурҳои ободони ва кабудизоркуни, дигар компонентҳои макони муҳити зист.
Моддаи 4. Субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози
Субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроия, мақомоти идораи давлати, ашхоси юридики ва воқеие мебошанд, ки манфиати онҳо дар натиҷаи ин фаъолият халалдор мегардад.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии фаъолияти меъморию шаҳрсози
Фаъолияти меъморию шаҳрсози дар асоси принсипҳои зерин амали мегардад:
- гуманизатсияи муҳити зисти инсон бо дарназардошти хусусиятҳои минтақави, милли, табиию иқлими, хусусиятҳои дигар ва талаботи экологи, техники, санитарию гигиени ва эстетики;
- ба ҳисоб гирифтани манфиат ва эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти меъеморию шаҳрсози;
- истифодаи оқилонаи захираҳои меъморию шаҳрсозии ҳудуди, ҳифзи аҳоли ва паст намудани зарар аз имконияти зухуроти ҷараёнҳои технологени, геологи ва офатҳои дигари табии;
- муҳофизат намудани ёдгориҳои пурарзиши меъморию шаҳрсози, инкишофи анъанаҳои милли ва фарҳанги дар меъморию шаҳрсози.
Моддаи 6. Танзими қонунии муносибатҳои меъморию шаҳрсози
Муносибатҳои меъморию шаҳрсози бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим карда мешаванд.
Моддаи 7. Ҳамкории байналхалқи дар соҳаи меъмори ва шаҳрсози
Ашхоси юридики ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки дар хориҷа дар асоси шартномаҳои байналхалқи ва ба ҳисоб гирифтани қонуни давлатҳои дахлдор фаъолияти меъморию шаҳрсозиро амали созанд.
Ашхоси юридики ва шаҳрвандони хориҷи, инчунин ашхоси бешаҳрванди ҳангоми амали намудани фаъолияти меъморию шаҳрсози дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дар санадҳои қонунгузори тартиби дигар пешбини нашуда бошад, баробари ашхоси юридики ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳою масъулият доранд.
Агар дар шартномаҳои байналхалқи нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни меъморию шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдошта қоидаҳои дигаре пешбини шуда бошанд, пас қоидаҳои шартномаи байналхалқи истифода бурда мешаванд.
БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар субъектҳо дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Шаҳрвандон ва дигар субъектҳои соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози дорои чунин ҳуқуқ мебошанд:
- дар натиҷаи фаъолияти меъморию шаҳрсози нигоҳ доштан ва инкишоф додани муҳити муносиб ва бехатари зисти ҷавобгӯи меъёрҳои иҷтимоию экологи ва талаботи муҳандисию техники, сифати эстетики, анъанаҳои милли ва фарҳанги, шароити табиию иқлими ва шароити дигар;
- аз мақомоти маҳаллии намояндаги ва иҷроия гирифтани маълумоти дақиқ дар хусуси таҳия ва қабули қарорҳои марбут ба тарҳрези, сохтмон ва азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин, системаю ҳудудҳои онҳо, ҳолати экологи ва санитарию гигиении муҳити зист;
- мувофиқи мақсади таъиншуда ва дар доирае, ки хилофи қонунҳои ҷори, меъёрҳои дигари давлати дар соҳаи фаъолияти меъёрию шаҳрсози, шартҳои тарҳрези ва сохтмон дар ҳудуди мазкур намебошад, истифода намудани қитъаҳои замини ба соҳибият ё истифода ҷудогардида;
- иштирок дар таҳия, муҳокима ва гузаронидани экспертизаи мустақили ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози;
- интихоби озодонаи таҳиякунандагони ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози, пудратчиёни сохтмон;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози;
- ба суд пешниҳод намудани даъво нисбати мансабдорон ва ашхоси юридикию воқеие, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро дар соҳаи меъморию шаҳрсози халалдор месозанд.
Моддаи 9. Вазифаи шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози
Шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози вазифадоранд, ки:
- ҳангоми амали сохтани фаъолияти меъморию шаҳрсози мутобиқи талаботи ҳамин Қонун ва санадҳои дигари қонунгузори амал намуда, меъёрҳои давлатиро дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози ва ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозиро риоя намоянд;
- дастурҳои мақомоти идора ва назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози, ки дар доираи салоҳияташон дода шудаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 10. Ҳуқуқи муаллиф ба асари меъмори
Ҳуқуқҳои муаллиф ба асари меъмори бо Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорию меъёри оид ба ҳуқуқи муаллиф танзим мегардад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 11. Мақомоти танзимм давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози ва сохтори онҳо
Танзими давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии намояндаги ва иҷроия, Мақоми ваколатдори давлатии идора оид ба корҳои меъмори-шаҳрсози ва воҳидҳои сохтории он, мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсози ба амал бароварда мешавад.
Мақомоти давлатии идора оид ба корҳои меъморию шаҳрсози ва воҳидҳои сохтории он якҷоя бо мақомоти меъморию шаҳрсозии тобеи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли низоми ягонаи идораи фаъолияти меъморию шаҳрсозиро ташкил медиҳад.
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози инҳо дохил мешаванд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии иҷроия, Мақомоти давлатии идораи корҳои меъморию сохтмон ва мақомоти дигари давлатии идора дар мавриди татбиқи сиёсати давлатии меъморию шаҳрсози, аз ҷумла дар минтақаҳои танзими махсуси шаҳрсози;
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатии милли оид ба самтҳои аввалиндараҷаи инкишофи соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози нақшаҳои генералии шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳурияви ва вилоятҳои дигар ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозии дорои таъиноти умумидавлати, байнидавлати ва байниминтақави, даровардани тағйирот ба онҳо;
- муайян намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози, назорати давлатии меъмори ва сохтмон, пешбурди Кадастри давлатии шаҳрсози ;
- таъмини чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти меъморию шаҳрсози.
Моддаи 13. Салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Ба салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқ намудани барномаҳои минтақавии шаҳрсози, лоиҳаҳои тарҳрезии ноҳиявии ноҳияҳои маъмури, нақшаҳои генералии марказҳои ноҳияву шаҳракҳо, ба онҳо даровардани тағйирот;
- тасдиқ намудани қоидаҳои сохтмони шаҳракҳо;
- назорати татбиқи нақшаҳои генерали ва сифати сохтмон.
Моддаи 14. Салоҳияти Мақомоти вилоятии намояндаги дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Салоҳияти мақомоти вилоятии намояндаги дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози дар қаламрави дахлдор иборат аст аз:

- тасдиқ намудани барномаҳои минтақавии шаҳрсози, лоиҳаҳои ноҳиявии тарҳрезии ноҳияҳои маъмури, нақшаҳои генералии шаҳрҳо (ба истиснои шаҳрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур ишора шудаанд) ва шаҳракҳо, даровардани тағйирот ба онҳо;
- назорати татбиқи нақшаҳои генералии шаҳракҳо (ба истиснои шаҳрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур ишора шудаанд), шаҳракҳо ва сифати сохтмон.
Моддаи 15. Салоҳияти мақомоти ноҳиявии намояндаги дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Салоҳияти мақомоти ноҳиявии намояндаги дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози дар ҳудудҳои дахлдор иборат аст аз:
- тасдиқ намудани барномаҳои шаҳрсозии тараққии ноҳия;
- тасдиқ намудани нақшаҳои генералии (лоиҳаҳои тарҳрезии) маҳалҳои аҳолинишини деҳот, даровардани тағйирот ба онҳо;
- назорати татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишини деҳот ва сифати сохтмон.
Моддаи 16. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти намояндагии шаҳри ва соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Салоҳияти мақомоти ҳокимияти намояндагии шаҳри дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози иборат аст аз:
- барраси ва мувофиқа кардани нақшаи генералии шаҳр;
- тасдиқ намудани барномаҳои шаҳрсозии тараққии шаҳр;
- назорати татбиқи нақшаи генерали ва сифати сохтмон.
Моддаи 17. Салоҳияти мақомоти намояндагии ҳокимияти шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Ба салоҳияти мақоми намояндагии ҳокимияти шаҳри Душанбе дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози инҳо дохил мешаванд:

- назорати татбиқи нақшаҳои генерали ва сифати сохтмон;
- дигар муносибатҳои соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзим карда мешавад.
Моддаи 18. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози дар ҳудудҳои дахлдор инҳо дохил мешаванд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти инкишофи комплексии маҳалҳои аҳолинишин, системаю ҳудудҳои онҳо;
- ташкили таҳия, экспертиза ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаю лоиҳаҳои шаҳрсозии минтақави, лоиҳаҳои нақшаҳои генералии (лоиҳаҳои тарҳрезии) маҳалҳои аҳолинишин, қоидаҳои сохтмони маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳо мутобиқи тартиби муайяннамудаи Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон;
- мувофиқи тартиби муайяннамудаи Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон тасдиқ намудани лоиҳаҳои шаҳрсозие, ки ба инкишофи нақшаи генералии (лоиҳаи тарҳрезии) маҳалли аҳолинишин таҳия гардидаанд;
- андешидани тадбирҳои татбиқи барномаю лоиҳаҳои тасдиқшудаи шаҳрсози, ҳавасмандгардонии фаъолияти меъморию шаҳрсози;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида, ташкил намудани корҳои қабул ва бақайдгирии объекту комплексҳое, ки баъди ба охир расидани сохтмон, азнавсози, таъмир, навкуни, таъмири асоси ва ободони ба истифода супорида мешаванд;
- ташкили муҳофизат ва назорати истифодаи ёдгориҳои меъмори ва шаҳрсози, манзараи табиат мувофиқи қонунҳои амалкунанда;
- ба аҳоли расонидани маълумот дар бораи нақшаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози;
- барраси ва мувофиқа кардани нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳал намудани дигар масъалаҳо дар соҳаи меъморию шаҳрсози.
Моддаи 19. Салоҳияти Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон
Салоҳияти Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон иборат аст аз:
- ташкил ва татбиқи сиёсати давлатии меъмори ва шаҳрсози;
- таҳия, тасдиқ кардан ва ҷори намудани меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози (ба истиснои стандартҳои байдавлати ва давлати дар сохтмон), назорати истифодаи дурусти онҳо;
- таҳия ва ҷори намудани стандартҳои байнидавлати ва давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, назорати истифодаи дурусти онҳо;
- ташкили таҳия ва татбиқи барномаҳои давлати, тадқиқотҳои илми ва пешгӯиҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози;
- хорич карда шуд ;
- муайян намудани салоҳияти мақомоти вилояти, шаҳри ва ноҳиявии меъмори ва шаҳрсози;
- хорич карда шуд ;
- назорат ба фаъолияти меъморию шаҳрсози ба вазифаҳои ҳудуди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- салоҳияти Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон бо Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 20. Салоҳияти мақомоти меъморию шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Салоҳияти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оид ба корҳои меъмори ва шаҳрсози иборат аст аз:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсози;
- ташкил ва роҳбари ба фаъолияти мақомоти маҳаллии Бозрасии давлатии меъморию сохтмони;
- назорати истифодаи дурусти меъёрҳои амалкунандаи давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози дар маҳалҳо, татбиқи барномаю лоиҳаҳои тасдиқшудаи давлатие, ки инкишофи шаҳрсозии ҳудудҳоро муайян мекунанд;
- пешбурди Кадастри давлатии шаҳрсози дар ҳудуди вилоят;
- татбиқи чораҳои таъсиррасонии маъмури нисбати ашхоси вайронкунандаи тартиби шаҳрсози;
- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки дар низомномаи ин мақомот муайян гардидаанд.
Роҳбари мақоми меъмори ва шаҳрсози аз рӯи вазифа Сармеъмори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бошад.
Моддаи 21. Салоҳияти мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсози
Салоҳияти мақомоти маҳаллии меъморию шаҳрсози иборат аст аз:
- назорати давлати ба риояи қонунгузориҳо, ҳуҷҷатҳо ва санадҳои меъёрии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсози ҳангоми азхудкунии шаҳрсозии ҳудудҳо;
- таҳияи пешниҳодот дар бораи ҷойгиркунии комплексу объектҳо, якҷоя бо мақомоти умури заминсози ташкил намудани корҳо доир ба масъалаҳои интихоб, гирифтан ва ҷудо кардани қитъаҳои замин барои мақсадҳои шаҳрсози;
- муайян намудани шартҳои техники, талаботи меъморию шаҳрсози ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳакашию таҳқиқот ва сохтмони обеъкту комплексҳо;
- пешбурди Кадастри давлатии шаҳрсози дар қаламрави ноҳияи маъмури ва маҳалҳои аҳолинишин;
- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки дар низомномаҳои мақомоти мазкур пешбини шудаанд.
Мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсози дар ҳолати аз тарафи субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози вайрон кардани қонунҳои меъморию шаҳрсози, талаботи меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози ва риоя накардани ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози ҳуқуқ доранд;
- барои бартараф намудани вайронкуни супориш диҳанд;
- сохтмони объекту комплексҳоро боздоранд;
- нисбати ашхоси ба вайронкуни роҳдода чораҳои таъсири маъмуриро раво бинанд.
Ба мақомоти маҳаллии меъмори ва шаҳрсози мутобиқан Сармеъмори шаҳр, ноҳия роҳбари мекунад.
БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 22. Меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози
Меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти муҳандиси, тарҳрези, сохтмон, азнавсози, таъмири навкуни, таъмири асоси ва ободонии объекту комплексҳо, ташкили инфраструктураи нақлиёту муҳандиси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошанд.
Мақомоте, ки меъёрҳои давлатиро дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози тасдиқ намудаанд, ба асоснокии техники, иқтисоди, экологи ва иҷтимоии онҳо ва мутобиқашон ба қонунҳои амалкунанда масъул мебошанд.
Моддаи 23. Кадастри давлатии шаҳрсози
Кадастри давлатии шаҳрсози асоси ҳатмии иттилооти барои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози, арзёбии комплексҳои иқтисоди ва иҷтимоию экологии ҳудуди танзими шаҳрсози ва амволи ғайриманқули дар он ҳудуд буда, муайян сохтани ставкаҳои мушаххаси андози замини маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи қонунҳои ҷори ва татбиқи мақсадҳои дигари шаҳрсози мебошад.
Вазифаи пешбурди Кадастри давлатии шаҳрсози ба зиммаи мақомоти вилояти ва маҳаллии меъморию сохтмон дар ҳудудҳои тобеъашон ва Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон гузошта мешавад.
Пешбурди Кадастри давлатии шаҳрсози мувофиқи тартиби қонунгузории муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал броварда мешавад.
Моддаи 24. Захираҳои шаҳрсози
Захираҳои шаҳрсози дар асоси ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
Ҳудудҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои меъморию банақшагири барои тараққии ояндаи маҳалҳои аҳолинишину системаҳои онҳо, минтақаҳои рекреатсиони ва минтақаҳои дигари амалкунанда муайян шудаанд, бояд ҳамчун захираҳои шаҳрсози нигоҳ дошта шаванд ва истифодаи онҳо мутобиқи таъиноташон ба қадри тараққиёти маҳалҳои аҳолинишин роҳ дода мешавад.
Истифодаи ҳудудҳои эҳтиёти бо мақсадҳои дигаре, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъморию шаҳрсози пешбини нагардидаанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки тарзи истифодаи онҳо ба тараққиёти минбаъдаи маҳалҳои аҳолинишин ва системаҳои онҳо монеъ нестанд, манъ аст.
Истифодаи ҳудудҳои эҳтиёти дар сарҳадоти минтақаҳои танзими махуси шаҳрсози мутобиқи низоми ҳуқуқие, ки мақоми муқаррарнамудаи чунин минтақа муайян намудааст, сурат мегирад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) баҳри захираи зарурии қитъаҳои замине, ки барои сохтмон ва дигар мақсадҳои шаҳрсози таъин шудаанд, тадбирҳо андешида, барои эмин нигоҳ доштани ҳудудҳои селитеби аз хавфи ба онҳо расидани зарари экологи аз фаъолияти объектҳои саноати нақлиёти, энергетики ва ғайра мусоидат менамоянд.
Истифодаи захираҳои шаҳрсози мутобиқи арзёбии иқтисодии ҳудуд бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, пулаки мебошад.
Моддаи 25. Лоиҳаи шаҳрсози
Лоиҳаи тасдиқшудаи шаҳрсози принсипи ташкили банақшагирии меъмории ҳудудро муайян намуда, асоси ҳатми барои ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираи замин, танзими ҷойгиркунии аҳоли, муҳофизати муҳити табиат, ҷойгузории ҳама гуна сохтмон, таҳияи лоиҳаҳои меъморию сохтмони объектҳо ва комплексҳои мушаххас мебошад.
Тартиби таҳия, мувофиқа кардан ва тасдиқ намудани лоиҳаи шаҳрсозиро Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон, бо дарназардошти қонунҳои амалкунанда, муайян месозад.
Моддаи 26. Лоиҳаи меъмори
Лоиҳаи тасдиқшудаи меъмори ҳалли меъмории банақшагири ва меъморию фазои, мундариҷаи эстетикии объекту комплексҳоро муайян намуда, асоси ҳатмии таҳияи лоиҳаи сохтмони ҳамин объекту комплекс, қисму унсурҳои алоҳидаи он мебошад.
Тартиби таҳия, мувофиқа кардан ва тасдиқ намудани лоиҳаи меъмориро Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон муайян месозад.
Моддаи 27. Лоиҳаи сохтмон
Лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмон асоси ҳатми барои маблағгузории бевосита ба сохтмони (азнавсози, таъмир, навкуни, таъмири асоси ва ободонии) объекту комплексҳо мебошад.
Тартиби таҳия, мувофиқа кардан ва тасдиқ намудани лоиҳаи сохтмонро Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон муайян месозад.
Моддаи 28. Ҷудо кардани қитъаҳои замин дар маҳалҳои аҳолинишин
Интихоб ва ҷудо кардани қитъаҳои замин ба мақсадҳои шаҳрсози дар маҳалҳои аҳолинишин дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъморию шаҳрсози, бо риояи меъёрҳои давлати дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози ва Кадастри давлатии шаҳрсози аз тарафи мақомоти маҳаллии меъмори ва сохтмон мувофиқи тартиби муайян намудаи қонунҳои замин, бо мувофиқаи ташкилотҳои лоиҳакашии минтақави, мақомоти заминсози, ҳифзи табиат ва ғайра ба амал бароварда мешавад.
Тартиби пешниҳод ва баррасии дархостҳоро дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли (ҳукуматҳо) бо дарназардошти манфиатҳои ҷамъияти ва арзиши шаҳрсозии минтақа афзалияти ҷудо кардани қитъаҳои заминро барои сохтмони объекту комплексҳо, аз он ҷумла дар асоси озмунҳо, муқаррар менамояд.
Муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдории амволи ғайриманқуле, ки дар қитъаи замини бо мақсадҳои шаҳрсози ҷудошаванда қарор дорад, бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
Моддаи 29 Бунёди (сохтмони) объектҳо ва комплексҳо
Бунёди (сохтмони) объекту комплексҳо (аз он ҷумла муваққати), инчунин азнавсози, таъмир, навкуни, таъмири асоси ва ободонии онҳо дар асоси қарорҳои дахлдори мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), ки аз рӯи аризаҳои шахси юридики ё воқеи бо мувофиқаи вазоифи минтақавии мақоми меъмори ва шаҳрсози, мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигар қабул мегардад, ба амал бароварда мешавад.
Ҳуқуқи шурӯъ намудан ба корҳои сохтмон, аз лаҳзаи бо тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидани ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози ва гирифтани иҷозат барои чунин фаъолият аз мақомоти маҳаллии меъморию шаҳрсози дар ҳолати дар дасти фармоишгар (сохтмончи) мавҷуд будани санади дахлдори давлати дар бораи ҳуқуқи истифодаи (соҳибияти) замин фаро мерасад.
Бунёди объекту комплексҳо (аз ҷумла муввққати), инчунин азнавсози, таъмир, навкуни, таъмири асоси ва ободонии онҳо бе ҳуҷҷатҳои дар модда зикргардида манъ буда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунанда таъқиб карда мешавад.
Бунёди объекту комплексҳое, ки дар натиҷаи он симои меъмори ва шароити амалкунии (истифодаи) объекту комплексҳои дар наздики мавҷудбуда халалдор мегардад, роҳ дода намешавад.
Моддаи 30. Ба истифода додани объекту комплексҳо
Объекту комплексҳо мувофиқи тартиби муайяннамудаи Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон ба истифода дода мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба истифода додани объекту комплексҳо ҳуҷҷат ё мебошад, ки ҳуқуқи моликияти шахси юридики ва воқеиро ба объекту комплекси ба истифода додашуда ё қисми он тасдиқ менамояд.
Моддаи 31. Мӯҳлати кафолати истифодаи объекту комплексҳо
Мӯҳлати кафолати истифодабарии объекту комплексҳо баъди ба итмом расидани сохтмон дар ҳолати бастани шартнома байни фармоишгар ва пудратчии сохтмони объекту комплексҳо муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати кафолати истифодабарии объекту комплексҳо рӯзи ба истифода қабул шудани объекту комплексҳо аз 5 сол зиёд буда наметавонад. Тартиби мазкур ба объекту комплексҳои муваққатан сохташуда дахл надоранд.
Барои баъзе намудҳои биною иншоот меъёрҳои давлатии соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсози метавонанд мӯҳлатҳои кафолати ҳадди ақали истифодабарии дарозмуддат муқаррар намоянд.
Масъулият барои камбудиҳои дар мӯҳлати кафолати истифодабарии объекту комплекс ошкоргардида ба истиснои ҳолатҳое, ки агар пудратчи дар натиҷаи истифодабарии нодурусти объекту комплексҳои сохтшуда ва шароити аз ӯ вобастанабуда ба миён омадани онҳоро исбот кунад, ба зиммаи пудратчие гузошта мешавад, ки объекту комплексро сохтааст.
Агар камбудиҳои дар давоми мӯҳлати кафолати истифодабарии объект ошкоргардида бо сабаби бадсифатии кори дигар ашхос ба вуҷуд омада бошад, пудратчии сохтмони объекту комплексҳо ҳуқуқ дорад ҷавобгариро пурра ё қисман ба дӯши ашхоси гунаҳгор гузорад.
Моддаи 32. Объектҳои соҳаи иҷтимои
Ҷойгиркуни ва самти фаъолияти объектҳои давлати ва коммуналии соҳаи иҷтимоие, ки ба хизматрасонии аҳоли алоқаманд, ҳамчунин ҷойивазкуни ва тағйир додани соҳаи фаъолияти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи меъморию шаҳрсози бо пешниҳоди мақомоти дахлдори меъморию шаҳрсози муайян карда мешавад.
Моддаи 33. Талабот нисбати нигаҳдории (истифодабарии) объекту комплексҳо, ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин ва системаи онҳо
Объекту комплексҳои меъморию шаҳрсози, ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин ва системаҳои онҳо дар ҷараёни истифодабари мутобиқи талаботи санитарию гигиени, экологи, меъморию эстетики ва дигар талаботи меъёри бояд дар ҳолате нигоҳ дошта шаванд, ки фаъолияти устувори онҳоро таъмин намоянд.
БОБИ 5. АСОСҲОИ ИҚТИСОДИИ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 34. Маблағгузории фаъолияти меъморию шаҳрсози
Маблағгузории фаъолияти меъморию шаҳрсози аз буҷети давлати, инчунин бо роҳи ҷалб кардани маблағҳои ашхоси юридики ва воқеи, ташкилотҳои ҷамъияти ва фармоишгарони дигаре, ки ба сохтмони асоси ҳавасманданд, ба амал бароварда мешавад. Истифодаи маблағҳои буҷети мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал оварда мешавад.
Моддаи 35. Ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти меъморию шаҳрсози
Ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолияти меъморию шаҳрсозиро мақоми ҳокимияти давлати ва идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, мақомоти ҳудидораи маҳалли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
БОБИ 6. НАЗОРАТИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 36. Системаи назорати меъморию шаҳрсози
Назорати меъморию шаҳрсози ба ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагони объекту комплексҳои меъморию шаҳрсози, таъмини риояи талаботи санадҳои қонунгузори, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози, азхудкунии шаҳрсозии ҳудудҳо, сохтмони объекту комплексҳо, истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои бинокори равона мегардад.
Системаи назорати меъморию шаҳрсози, Назорати давлатии меъморию шаҳрсози, назорати фармоишгар (сохтмончи), назорати муаллифии тартибдиҳандаи ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозиро дар бар мегирад.
Моддаи 37. Мақомоти давлатии назорати меъморию шаҳрсози
Назорати давлатии меъморию шаҳрсози аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии идора оид ба корҳои меъмори ва сохтмон ва мақомоти иҷроия дар маҳалҳо ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 38. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози
Ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозии объекту комплексҳое, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағҳои давлати маблағгузори мешаванд, пеш аз тасдиқ шудан бояд аз тарафи Экспертизаи давлатии ғайримаъмури ва экологии лоиҳаҳо санҷида шаванд.
Мақомоти Экспертизаи давлатии ғайримаъмури ва экологии лоиҳаҳо ба риояи талаботи санадҳои қонунгузори, меъёрҳо ва қоидаю стандартҳо ҳангоми тартиб додани лоиҳаҳои меъморию шаҳрсози назорат мебаранд.
Мақомоти Экспертизаи давлатии ғайримаъмури ва экологии лоиҳаҳо мутобиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд.
Ҳуҷҷатҳои меъморӣ ва шаҳрсозии объекту комплексҳое, ки бе пардохти давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бояд ҳатман аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ экспертиза карда шаванд .
Мухолифати байни мақомоти давлатии экспертизаи лоиҳаҳо ва ашхоси манфиатдор дар мавриди моҳияти арзёбии эксперти, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Моддаи 39. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад .
Моддаи 40. Назорати фармоишгар (сохтмончи)
Фармоишгар (сохтмончи) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон ва шартномаи баимзорасида ба лоиҳакаши ва сохтмони объекту комплексҳо ба ҳудудҳои азхудкунии шаҳрсози назорат мекунад.
Моддаи 41. Назорати муаллифии тартибдиҳандаи ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози
Назорати муаллифии тартибдиҳандаи ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсози ва дигар намояндагони масъул ба таъмини иҷрои дақиқи лоиҳаҳои қабулшуда аз тарафи пудратчи ё дигар субъектҳои фаъолияти меъморию шаҳрсози дар ҷараёни сохтмони объекту комплексҳо ва азхудкунии шаҳрсози равона шудааст.
Назорати муаллифи бевосита аз тарафи тартибдиҳандагони лоиҳаҳои меъморию шаҳрсози ё бо супориши онҳо аз ҷониби намояндагони дигари масъул ба амал бароварда мешавад.
Салоҳият, ваколат ва тартиби назорати муаллифии тартибдиҳандаи барномаҳо, нақшаю лоиҳаҳои меъморию шаҳрсози бо Низомномаи тасдиқнамудаи Мақоми давлатии идораи корҳои меъмори ва сохтмон ва шартномаи (қарордоди) дахлдор танзим мегардад.
БОБИ 7. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲОИ МЕЪМОРИЮ ШАҲРСОЗИ
Моддаи 42. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунҳои меъморию шаҳрсози
Мансабдорони мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дигар ашхоси юридики ва воқеи барои вайрон кардани меъёрҳои қонунҳои меъморию шаҳрсози мувофиқи тартиби дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 43. Талофии зарари бо вайрон кардани қонунҳои меъморию шаҳрсози расонидашуда
Зарари амволии дар натиҷаи вайрон кардани қонунҳои меъморию шаҳрсози расонидашударо гунаҳгорон бояд дар ҳаҷм ва мувофиқи тартиботе, ки дар шартнома ва ё санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, талофи намояд.
Зарари маънавии дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории меъморию шаҳрсози расонидашударо ашхоси гунаҳгор бояд мувофиқи тартиби дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида талофи намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
15 майи соли 1997 № 440