×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 № 413 "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш"

Санаи амалкуни: 12.05.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 243 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 10)

Қонуни мазкур барои баамалбарории ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш равона карда шуда, асосҳои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисодии инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзишро муайян мекунад.

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафҳуми тарбияи ҷисмони ва варзиш

Тарбияи ҷисмони як қисми фарҳанги умуми, яке аз соҳаҳои фаъолияти иҷтимои мебошад, ки ба таҳкими саломати, инкишофи ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон ва истифодаи он дар ҳаёти ҷамъияти ва рӯзмарра равона гардидааст.

Варзиш мафҳуми умумии яке аз руқнҳои тарбияи ҷисмонии ҷамъият мебошад, ки таърихан дар шакли фаъолияти мусобиқави ва таҷрибаи махсуси тайёрии инсон барои мусобиқот ба миён омадааст. Варзиш воситаи ташкили фароғати аҳоли буда, ба таҳкими ҳамдигарфаҳми, бовари, ҳамкори ва сулҳу дустии байни халқҳо мусоидат менамояд.

Моддаи 2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз ҷинс, синну сол, миллат, нажод, забон, дину мазҳаб, эътиқоди сиёси, мавқеи иҷтимои ва амволиашон барои машғул шудан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш (аз ҷумла варзиш ҳамчун касб), муттаҳид шудан ба ташкилотҳои ҷамъияти ва дигар иттиҳодияҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиш, иштирок дар идораи ҳаракати тарбияи ҷисмони ва варзиш ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ҳифзу таҳкими саломати, такомули ҷисмонии худ ғамхори зоҳир намуда, дар маҳалли зист, ҷои кор ва таҳсил ҷиҳати ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш ҷалб намудани аҳоли мусоидат намоянд.

Волидайн ва парасторону васиён ё ашхоси ивазкунандаи онҳо вазифадоранд ки ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмони ва саломатии кӯдакон дар оила ғамхори намуда, барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш ба онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд ва худ намунаи тарзи солими зист бошанд.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши машғул шудан бо варзиш доранд, вазифадоранд бо мақсади муайян намудани вазъи саломатиашон аз муоинаи мунтазами тибби гузашта, тавсияҳои духтурони диспансерҳои тарбияи ҷисмони ва духтурони маҳаллиро ба инобат гиранд.

Моддаи 3. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалли дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш

Мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалли дар доираи салоҳияташон ба инкишофи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони дар қаламрави худ роҳбари намуда, аз ҷумла:

дар соҳаи мазкур сиёсати давлатиро татбиқ менамоянд;

барномаҳои минтақавии инкишофи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардониро таҳия ва тасдиқ менамоянд;

инкишофи соҳаи мазкурро маблағгузори менамоянд;

базаи модди-техникии заруриро муҳайё месозанд;

ташкилоту корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои истеҳсоли молҳои таъиноти тарбияи ҷисмони ва варзиши ҷалб менамоянд;

барои таъсиси ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои давлати, кооперативи ва ҷамъиятии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши мусоидат менамоянд;

маблағҳои ташкилоту муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлати ва шахсони воқеиро дар асоси ихтиёри барои вусъат бахшидани базаи моддию техникии тарбияи ҷисмони ва варзиш ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши муттаҳид месозанд;

мактабҳои варзиши, инчунин клубҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши наврасон, дигар муассисаҳои беруназмактабии тарбияи ҷисмони ва варзишро таъсис дода, маблағгузори менамоянд ва онҳоро бо базаи зарурии таълими таъмин мекунанд;

ташкили машғулиятҳои иловагии тарбияи ҷисмони ва варзишро дар мактабҳои маълумоти умуми ва муассисаҳои томактаби маблағгузори менамоянд.

Моддаи 4. Роҳбари ба тарбияи ҷисмони ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбари ба соҳаи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти идори ва шакли моликияташон, аз ҷониби мақоми идораи давлати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш (минбаъд мақоми ваколатдор) ба амал бароварда мешавад.

Мақоми ваколатдор дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор дода, фаъолияташро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Мақоми ваколатдор дар фаъолияти худ бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои ихтиёрии тарбияи ҷисмони ва варзиш, федератсияҳои намудҳои варзиш, ассотсиатсияҳо, дигар ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши, ҳарби-техники ва ҳарби-амали ҳамкори менамояд.

Мақоми ваколатдор:

иҷрои барномаҳои инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзишро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

таснифи ягонаи варзиши, қоидаҳои мусобиқаҳоро якҷоя бо иттиҳодияҳои ҷамъияти аз рӯи намудҳои варзиш тартиб медиҳад;

унвонҳои "Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Устоди варзиши дараҷаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Гроссмейстер", "Тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро муқаррар менамояд ва сарфароз мегардонад.

Моддаи 5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши

Ҷамъиятҳои ихтиёрии тарбияи ҷисмони ва варзиш, федератсияҳои намудҳои варзиш, ассотсиатсияҳо, фондҳо, клубҳо ва иттиҳодияҳои дигари шаҳрвандон, ки мақсадашон инкишофи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории ҷори ба амал мебароранд, иттиҳодияҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши дониста мешаванд.

ФАСЛИ II. ҲАРАКАТИ ОЛИМПИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РОБИТАҲОИ ВАРЗИШИИ БАЙНАЛХАЛҚИ

Моддаи 6. Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳаракати олимпии байналхалқи аз варзиш намояндаги кардан ҳуқуқи истисноии Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ташкилоти мустақили ҷамъияти буда, дар фаъолияти хеш дар асоси Хартияи олимпи, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунад.

Моддаи 7. Робитаҳои варзиши байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкилотҳои варзиши ва варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд дар чорабиниҳои варзиши байналхалқи, ки бо риояи қоидаҳои мусобиқаҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои байналхалқии дахлдор чи дар сарзамини ҷумҳури ва чи дар дигар мамлакатҳо гузаронида мешаванд, иштирок намоянд.

Намояндаги кардани дастаҳои яккачини ҷумҳури ва варзишгарони алоҳида дар мусобиқаҳои расмии байналхалқи, инчунин намояндагии ҷумҳури дар мусобиқаҳои расмии байналхалқи ҳуқуқи истисноии мақоми ваколатдор, Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии дахлдор аз рӯи навъҳои варзиш эътироф шудаанд, дар доираи салоҳияти онҳо мебошад.

Моддаи 8. Таблиғу тарғиби тарбияи ҷисмони ва варзиш

Мақоми ваколатдор, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, ташкилоту муассисаҳои тандурусти якҷоя бо мақомоти манфиатдор таблиғи васеи тарбияи ҷисмони ва варзишро дар байни аҳоли, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ташкил менамоянд.

Дар варзиш таблиғоти бераҳмию зӯровари, паст задани шаъни инсон, истифодаи таҳриккунандаҳои мамнуъ, ки ба саломатии инсон зарароваранд, манъ аст.

ФАСЛИ III. СИСТЕМАМ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИ ВА ВАРЗИШ

Моддаи 9. Тарбияи ҷисмонии атфол ва кӯдакони синну соли томактаби

Мақсади тарбияи ҷисмонии атфол ва кӯдакони синну соли томактаби инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмони ва рӯҳии кӯдакон мебошад. Оила дар тарбияи ҷисмонии кӯдакони синну соли мазкур нақши асоси мебозад.

Дар муассисаҳои томактабии кӯдакон тарбияи ҷисмони ҳатми буда, мутобиқи барномаҳои илман асоснокшуда ва талаботи санитарию гигиени ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 10. Тарбияи ҷисмонии талабагони мактабҳои маълумоти умуми, омузишгоҳои касбию техники ва мактабҳои миёнаи махсус

Тарбияи ҷисмони дар муассисаҳои таълими ҳатми буда, мутобиқи нақшаҳои таълим, барномаҳои комплексии давлатии тарбияи ҷисмони ва меъёрҳои санитарию гигиени дар низоми рӯзи таълими, вақти берун аз дарс мустақилона ба амал бароварда мешавад.

Барои машғул шудан бо тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони берун аз вақти таълим сексияҳои варзиши, клубҳо, муассисаҳои варзишии беруназмактаби созмон дода мешаванд.

Бо талабагони дорои саломатии заиф дар гурӯҳҳои махсуси тибби ва гурӯҳҳои муолиҷавии тарбияи ҷисмони машғулият гузаронида мешавад.

Моддаи 11. Тарбияи ҷисмонии донишчуёни мактабхои оли

Тарбияи ҷисмонии донишҷуён дар мактаби оли ҳатми буда, мутобиқи нақшаю барномаҳои таълим гузаронида мешавад.

Бо донишҷӯёни тандурустиашон заиф дар гурӯҳҳои махсуси тибби ва гурӯҳҳои муолиҷавии тарбияи ҷисмони машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Моддаи 12. Муассисаҳои беруназмактабии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши

Ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмони ва варзиш ҷалб намудани кӯдакону ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои такомули ҷисмонии онҳо аз ҷониби муассисаҳои зерини маориф: мактабу сексия ва клубҳои варзиши, дигар ташкилотҳои беруназмактаби ва ғайри таълимии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзише, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи маориф, таъсис дода мешаванд ва фаъолият мекунанд, ба амал бароварда мешавад.

Мақоми давлатии идораи соҳаи маориф, мақоми ваколатдор кори ташкилотҳои давлатии беруназмактаби ва ғайритаълимии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзишро ҳамоҳанг месозанд.

Моддаи 13. Тарбияи ҷисмони дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаю иттиҳодияҳои давлати ва ғайридавлати

Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идориашон вазифадоранд, ки ба кормандон ва аъзои оилаҳояшон барои машғул шудан бо тарбияи ҷисмони ва варзиш шароити мусоид фароҳам оваранд, то машғулиятҳои офият ва касбию амалиро дар низоми рӯзи кори, барқароршави пас аз меҳнат, туризми варзишию солимгардони, тарбияи ҷисмонии ҷавонони синну соли то даъват ва даъватшавандаро дар бар гирад.

Тартиби ташкили базаи моддию техники, истифодаи он, таъмини мутахассисон барои ташкили машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш бо шартномаҳои коллективи ва барномаҳои инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиши ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия гардидаанд, муайян карда мешаванд.

Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи ҳифзи саломатиро таъсис медиҳанд, ки хадамоти тандурусти, ҳифзи меҳнат, тарбияи ҷисмони ва варзиш, объектҳои солимгардониро муттаҳид месозад.

Моддаи 14. Тарбияи ҷисмони дар махалли зист ва фароғати оммави

Фароҳам овардани шароит барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар маҳалли зист, босҳои маданияту истироҳат, дигар ҷойҳои фароғати оммави ба зиммаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, гузошта мешавад, ки дар навбати худ ба инкишофи ҳаракати мустақили тарбияи ҷисмони дар маҳалли зист ва фароғати аҳоли мусоидат намуда, барои машғулиятҳои оилави бо тарбияи ҷисмони ва варзиш шароит фароҳам меоранд.

Моддаи 15. Кори тарбияи ҷисмонию солимгардони дар муассисаҳои санаторию курорти, фароғатгоҳҳо, базаҳои туристию кӯҳнаварди

Муассисаҳои санитарию курорти, фароғатгоҳҳо ва базаҳои туристию кӯҳнаварди бояд бо мақсади таҳкими саломатии истироҳаткунандагон барои истифодаи воситаҳои мухталифи тарбияи ҷисмони ва пешгирию табобати бемориҳо шароит фароҳам оваранд.

Дар тамоми муассисаҳои санаторию курорти, фароғатгоҳҳо ва базаҳои туристию кӯҳнаварди барои гузаронидани машғулиятҳои инфироди ва гурӯҳии тарбияи ҷисмонии солимгардони базаҳои моддию техникии тарбияи ҷисмони ва дигар шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Моддаи 16. Тарбияи ҷисмони ва варзиш барои маъюбон

Мақсад аз инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш барои маъюбон интегратсияи иҷтимои ва офияти ҷисмонии онҳо мебошад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳалли барои дар иншооти тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши бо тарбияи ҷисмони ва варзиш машғул шудани маъюбон шароит фароҳам меоранд.

Ташкили машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш дар низоми офияти мунтазами маъюбон (аз ҷумла кӯдакони дорои нуқсон дар инкишоф), тарбияи кадрҳо, таъминоти методию тибби ва назорати тиббиро муассисаҳои маориф, тандурусти, таъминоти иҷтимои ва ташкилотҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Қисмҳои чорум ва панҷуми модда хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 10).

Моддаи 17. Тарбияи ҷисмони ва варзиш дар сохторҳои соҳибқудрати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мундариҷа ва шаклҳои кори тарбияи ҷисмони, варзиши, намудҳои варзиши ҳарбию амали, яккаҳарбаҳои варзиши, тайёрии кӯҳнавардии хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳи мақомоти корҳои дохили, кормандони мақомоти дигари ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро сохторҳои идораи давлатии дахлдори фармондеҳию варзиши ва ташкилоту идораҳои дар боло зикргардида муайян менамоянд.

Омодагии ҷисмони, варзиш, ҳарбию амали ва кӯҳнаварди бояд иҷрои қарзи ҳарби ва вазифаҳои асосии хизматиро таъмин намояд.

Командирҳо (сардорон) вазифадоранд, ки барои бо намудҳои ҳарбию амалии варзиш, яккаҳарбаҳои варзиши, омодагии кӯҳнавардии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарби, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарури фароҳам оваранд.

Роҳбарияти идораҳои мазкур бояд ҳайати шахсиеро, ки мунтазам бо тарбияи ҷисмони ва варзиш машғул шуда, тарзи солими зистро пеш мебаранд, ташвиқ намояд.

Ашхосе, ки бо тарбияи ҷисмони ва варзиш, намудҳои ҳарбию амалии варзиш, омодагии кӯҳнаварди ва яккаҳарбаҳои варзиши дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарби, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқи машғуланд, дар сексияҳои назди клубҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид мегарданд.

Дар мақомот ва сохторҳои давлатии мазкур бояд санҷиши ҳарсолаи омодагии ҷисмони гузаронида шавад.

Ҳарбиёни варзишгари олидараҷа ва баландихтисос дар ротаҳои варзиши таҳти роҳбарии умумии клуби варзиши Артиш бо филиалҳояш дар тамоми вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат мекунанд.

Моддаи 18. Иштироки мақомоти давлатии идораи тандурусти дар инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш

Мақомоти давлатии идораи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии ташкилию методи ва назорати мунтазами фаъолияти муассисаҳои тандурустиро дар соҳаи назорати тибби ба тарбияи ҷисмонии аҳоли, таъминоти тиббии омода сохтани дастаҳои яккачини милли ба чорабиниҳои байналхалқии варзиши ва инкишофи тарбияи ҷисмонии табобати таъмин менамоянд.

Моддаи 19. Риояи меъёру қоидаҳои бехатари, ҳифзи саломати ва шаъну шарафи шаҳрвандон зимни гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш, мусобиқоти варзиши ва чорабиниҳои варзишию намоиши

Кормандони тарбияи ҷисмони ва варзиш зимни гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш, мусобиқоти варзиши ва чорабиниҳои намоишии тарбияи ҷисмонию варзиши бояд меъёру қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ба расонидани зарар ба саломати, инчунин шаъну шарафи иштирокчиёну тамошобинон ва зуҳуроти бераҳмию зӯровари роҳ надиҳанд.

Ба доварии мусобиқоти варзиши ва гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию солимгардони ашхосе роҳ дода мешаванд, ки омодагии дахлдори доварии бо шаҳодатнома тасдиқшуда дошта, дар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонию варзиши аз тайёрии махсус гузаштаанд, инчунин ҳамчун довари намуди варзиш аз ҷониби федератсияҳои варзиши аттестатсия шудаанд.

Моддаи 20. Варзиши дастовардҳои оли, тарбияи варзишгарони дараҷаи оли

Варзиши дастовардҳои оли соҳаи варзише мебошанд, ки кашфи қобилиятҳои ҷисмонии инсон, ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзиши, имкониятҳои ҷисмони ва маънавии шахсият, нишон додани рекорд, ташкили чорабиниҳои варзишию намоиширо таъмин менамоянд.

Барои тарбияи варзишгарони дарачаи оли ташкилоту муассисаҳои махсус таъсис дода мешаванд, ки тартиби фаъолияти онҳоро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.

Моддаи 21. Варзиши касби

Варзиши касби фаъолияти соҳибкории варзиши мебошад, ки самараи иктисоди ва арзиши баланди иттилоотию намоишии чорабиниҳои варзишию намоиширо дар назар дорад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан бо варзиши касби ба сифати варзишгар, довар аз рӯи намуди варзиш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигар ҳуқуқ доранд.

Тартиби таъсис ва шартҳои фаъолияти лигаҳои касби, ассотсиатсия, федератсияҳо, клубҳо ва ташкилотҳои дигари касби, тартиби машғул шудан бо варзиши касби, бастани аҳдномаю қарордодҳо ва шаклҳои дигари сабти муносибатҳои меҳнати бо варзишгарону доваронро мақоми давлатии идораи тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо ва санадҳои дигари ташкилотҳои байналхалқии варзиши муайян менамоянд.

Давраи кор дар варзиши касби мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи меҳнат дохил карда мешавад.

Моддаи 22. Усулҳо ва тарзу воситаҳои мамнӯи варзиш

Ҳангоми машғулиятҳои варзиш ва бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои варзиши истифодаи усулҳо ва тарзу воситаҳое, ки санадҳои танзимкунандаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор ва ташкилотҳои байналхалқии варзишро вайрон мекунанд, манъ аст.

Варзишгаре, ки барои ноил шудан ба натиҷаи баланди варзиши маводи тариқкунандаю допинги, воситаҳои анэболи ва дигар воситаҳои мамнуеро, ки ба рӯйхати тасдиқнамудаи ташкилотҳои байналхалқии варзиши дохиланд, истифода мебарад, тибқи қоидаҳои ташкилотҳои байналхалқии варзиши, федератсияҳо ва ассотсиатсияҳои намудҳои варзиш аз иштирок дар мусобиқот маҳрум гардонида ё ба ҷазои дигари интизоми кашида мешавад.

ФАСЛИ IV. МАБЛАUГУЗОРИИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИ ВА ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 23. Маблағгузории тарбияи ҷисмони ва варзиш

Манбаъҳои маблағгузории тарбияи ҷисмони ва варзиш буҷети ҷумҳури ва маҳалли, аъзоҳаққи, ҳиссаҷудокунии корхонаю идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти, маблағҳои фаъолияти соҳибкорию тиҷоратие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, кӯмаки спонсори ва хайрия, воридот аз гузаронидани чорабиниҳои варзишию намоиши, лотереяҳои варзиши, хизматрасонии марбутаи аҳоли ва воридоти дигар мебошанд.

Қисми хароҷот бо мақсади инкишофи варзиши дастовардҳои оли ба андозаи на зиёдтар аз си фоизи маблағҳои барои инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш равонашаванда муқаррар карда мешавад.

Воридоти маблағ аз манбаъҳои ғайрибуҷети барои ихтисори маблағҷудокунии буҷети барои инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиш асос шуда наметавонад.

Қисми чорум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 10).

Муассисаҳои тарбияи ҷисмони, корхонаҳо инчунин ашхоси алоҳидае, ки бо фаъолияти соҳибкори машғуланд, ба аҳоли хизматҳои тарбияи ҷисмони ва солимгардониро пулаки ва ҳам ройгон мерасонанд.

Моддаи 24. Иншооти тарбияи ҷисмонии солимгардони ва варзиши

Сохтмони стадионҳо, кохи варзиш, кортҳои теннис, ҳавзҳои шиновари, толору майдонҳои варзиши, инчунин дигар иншооти варзиши дар минтақаҳои истиқомати аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллии ба сохтмони манзил равонашаванда ба амал бароварда мешавад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар қаламрави худ ба тарҳрезию лоиҳакаши, сохтмон ва баистифодадиҳии объектҳои таъиноти тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида назорат мекунанд.

Ба ҳайати комиссияҳои қабулу баистифодадиҳии минтақаҳои истиқомати намояндагони мақомоти давлатии тарбияи ҷисмони ва варзиш дохил мешаванд.

Меъёрҳои таъминоти ҳадди ақали минтақаҳои истиқоматиро бо иншооти асосии тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши мақоми давлатии тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зичии аҳоли ва шароити иқлими маҳал муайян менамоянд.

Сохтмони ҳама гуна муассисаҳои давлатии маориф ва томактаби (ғайр аз муассисаҳои маорифи таълими иловаги) ва азнавсозии онҳо бе базаи тарбияи ҷисмони ва варзиш, аз ҷумла ҳавзҳои шиновари, инчунин барҳам додани иншооти тарбияи ҷисмонию солимгардони ва варзиши бидуни дар ҳамон қаламрав (минтақа) сохтани иншооти шабеҳ дода намешавад.

Моддаи 25. Мақоми заминҳои таҳти иншооти тарбияи ҷисмонию солимгардони, варзиши ва фароғату беҳдошт ишғолгардида

Қитъаҳои замини таҳти иншооти тарбияи ҷисмонии солимгардони, варзиши ва иншооти дигари фароғату беҳдошт ишғолгардида, аз ҷумла мусаттаҳ ба заминҳои барои фароғат ҷудокардашуда дохил мешаванд.

Тартиби ҷудо кардан ва истифодаи заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Қитъаҳои замин барои сохтани иншооти фароғату беҳдошт бо назардошти тавсияҳои мақомоти давлатии идораи тарбияи ҷисмони ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

ФАСЛИ V. ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИ, ТАРБИЯИ КАДРҲО, КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОИ

Моддаи 26. Фаъолияти меҳнати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш

Ба фаъолияти меҳнати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш ва туризми варзишию солимгардони ашхосе роҳ дода мешаванд, ки дорои маълумоти махсуси тарбияи ҷисмони мебошанд ё курсҳои махсуси тайёриро хатм намуда, санади намунаи муқарраршуда оид ба маълумоти касби аз рӯи ихтисоси аз ҷониби муассисаи маориф додашуда ва иҷозатномае доранд, ки мувофиқи тартиби муқаррагардида аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони соҳаи варзиши дорои унвони "Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Устоди варзиши дараҷаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон" (ё унвони қаблан додашудаи "Устоди варзиши ИҶШС", "Устоди варзиши дараҷаи байналхалқии ИҶШС", "Устоди шоистаи варзиши ИҶШС") барои фаъолияти мехнати дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш ҳуқуқ доранд.

Ба фаъолияти касби дар соҳаи тарбияи ҷисмонии табобати шахсони дорои маълумоти касби аз рӯи ихтисоси "Тарбияи ҷисмони ва варзиш" ва ё маълумоти тибби роҳ дода мешаванд.

Моддаи 27. Тарбияи мутахассисон, такмили ихтисос, аттестатсияи кормандони соҳаи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони

Тарбияи мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмони, варзиш ва туризми варзишию солимгардони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои маориф аз рӯи барномаҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи касбии таълими ба амал бароварда мешавад.

Мундариҷаи таълим дар муассисаҳои давлатии маориф дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш бояд ҷавобгӯи талаботи афзалияти инкишофи варзиши оммави ва тарбияи ҷисмонии солимгардонию профилактики ва табобати бошад.

Мақоми идораи давлатии тарбияи ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратро нисбати мутахассисон муайян намуда, хусусиятҳои тахассусии онҳоро тасдиқ мекунанд ва таҳияи барномаҳои тарбияи мутахассисонро бо ҷалби федератсияҳои намудҳои варзиш, ассотсиатсияҳо ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи мазкур ташкил менамоянд.

Такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 28. Ташкил кардани тадқиқотҳои илми

Мақоми ваколатдор тарафҳои афзалиятнок ва роҳбарии умумиро ба тадқиқотҳои илми дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш муайян намуда, амали мегардонад.

Дар гузаронидани тадқиқотҳои илми вобаста ба масъалаҳои тарбияи ҷисмони ва варзиш ҳайати профессорону муаллимон, коркунони илмии макотиби маълумоти оли ва мутахассисони муассисаҳои дигар ҷалб карда мешаванд.

Моддаи 29. Ҳифзи иҷтимоии варзишгарон ва шаҳрвандони машғули тарбияи ҷисмони ва варзиш

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи ихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш кор мекунанд, ба гирифтани иловапули барои унвонҳои фахрии "Устоди варзиши дараҷаи байналхалқи", "Устоди шоистаи варзиш", "Тренери шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳуқуқ доранд. Тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Тартиби муқаррар намудани нафақа ва ёрдампули ба кормандони соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

ФАСЛИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 30. Ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабааи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар соҳаи тарбияи ҷисмони ва варзиш

Шаҳрвандони хориҷи ва ашхоси бетабаае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, тамоми ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардидаи машғул шудан бо тарбияи ҷисмони ва варзишро бо истиснои ҳуқуқи дар мусобиқоти байналмилали дар ҳайати дастаҳои яккачини миллии намудҳои варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кардан доранд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 15 майи соли 1997 № 413