×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.08.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 722 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 14, аз 2.12.2002 № 63, 9.12.2004 № 63, аз 30.07.2007 № 318, аз 5.08.2009 № 548)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Статуси ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссиони ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили юридики буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) - шахсони ҳуқуқие (бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкй), ки мақсади асосиашон гирифтани фоида буда, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;

- бонк - ташкилоти қарзие (кредитие), ки ақаллан ҳуқуқи иҷрои се амалиёти зерин: ҷалби амонату пасандозҳо, додани қарз (кредит), кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро дорад;

- ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ - ташкилотҳои қарзие (кредитие), ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

- мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ - Бонки миллии Тоҷикистон, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои гирифтани қарз дар ҳолати мавҷуд набудани имкониятҳои дигари қонеъ гардонидани талаботашон метавонанд ба он муроҷиат кунанд;

- қурби расмии асъор - қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлат муқаррар кардааст;

- тавозуни пардохт - таносуби байни маблағҳои пулии аз хориҷи кишвар воридшуда ва ба хориҷи кишвар пардохтшуда;

- меъёри бозтамвил - меъёри ҳадди ақалли фоизие, ки аз рӯи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ қарз медиҳад;

- қарз (кредит) - маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба муштарӣ бо шартҳои мӯҳлатнокӣ, пардохти фоиз ва баргардонидан дода мешавад;

- амонат -маблағҳои пулӣ ва ашёи қимматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷойгир карда шудаанд;

- пасандоз маблағҳои пулие, ки бо шарти пардохти фоизи муайян ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дода шудааст;

- пули миллӣ - сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;

- асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;

- фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон - фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағҳои пулӣ ба даст омадааст;

- низоми пардохтӣ - низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохтӣ ва низоми интиқоли маблағҳои пулй, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;

- хизматрасониҳои пулӣ - низомҳои интиқоли пулӣ, қабули пардохтҳо бо истифодабарии нуқтаҳои автоматикунонидашудаи қабули пардохтҳо, хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунӣ - хазинавӣ, инкассатсияи маблағҳои пулй, векселҳо ва чекҳо, эмиссия ва хизматрасонии кортҳои пардохтии пластикӣ;

- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба ҳисоби талаботи пардохти мутақобилаи пулй ва ӯҳдадориҳо асос ёфтааст;

- низоми (системаи) бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии (кредитии) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

- низоми пулӣ - тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пулӣ;

- меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) - меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзй (кредитӣ) ҳатмй мебошад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 2. Тобеияти Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Тобеият чунин маъни дорад:

- аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай;

- аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиторӣ (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

- аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани ширкати дигари аудиторӣ барои гузаронидани аудити Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 79 Қонуни мазкур дар сурати норозй будан аз натиҷаи аудите, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

- аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобот оид ба иҷрои он (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 3. Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- нигоҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо дар доираи салоҳияти худ;

- таъмини рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;

- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.

Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Барои ба даст овардани мақсадҳои дар моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;

- ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;

- таҳлили иқтисодӣ ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;

- барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро танзиму назорат менамояд;

- барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ мебошад;

- низомҳои пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва хизматрасониҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд;

- ба таври монополӣ эмиссияи пулро амалӣ намуда, гардиш ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;

- захираҳои байналмилалии дарихтиёрдоштаро нигоҳдорӣ ва идора менамояд;

- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо гирифта, амалиётеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ бармеояд, иҷро мекунад;

- тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;

- амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонун метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм чораҳои заруриро андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро танзим ва назорат намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 5. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти он қарор додаанд, санадҳои меъёри мебарорад, ки иҷрои онҳо барои мақомоти ҳокимияти давлати ва иҷроия, ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатми мебошанд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон хилофи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда наметавонанд.

Санадҳои меъёрию ҳуқуқии умумиҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷори эътибор пайдо мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданашон эътибор пайдо мекунанд, бо истиснои ҳолатҳое, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд Раёсат) мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон қувваи бозгашт надоранд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳои зарури пурра ба ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба воситаи почта ё алоқаи дигар фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Нисбати санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ба тартиби муқарраркардаи Қонун шикоят кардан мумкин аст.

Лоиҳаи қонунҳои ҷумҳури, инчунин санадҳои меъёрии мақомоти ҷумҳури, ки ба вазифаҳои худро иҷро кардани Бонки миллии Тоҷикистон дахл доранд, барои хулоса ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Моддаи 6. Ташкили фаъолият ва амволи Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад. Дахолати мақомоти давлати дар ташкили фаъолияти он мумкин нест.

Бонки миллии Тоҷикистон соҳиби воситаҳои пули, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, дигар маводи қиматнок мебошад, аз онҳо истифода мебарад ва метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозун хориҷ намуда, ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурӯшад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси юридики мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро харида гирад, агар чунин амвол барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд ё сармояи оинномавии онро кам кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигоҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш тадбирҳо меандешад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амният ва муҳофизат таъсис дода, ҳамчунин яроқ ва воситаҳои махсуси ҳимоявиро тибқи қонун ба даст орад ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 7. Ҳамкории байналхалқии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукумати, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои сиёсати пули, додани иҷозатнома барои амалиётҳои бонки, доир ба масъалаҳои назорати бонки ва масъалаҳои дигар, ки ба салоҳияти он тааллуқ доранд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷи, ҳукумати, молияви ва бонки, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонки расонад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналхалқи, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналхалқи ба даст овардани суботи молияви ва иқтисоди мебошад иштирок намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ба зиммаи худ ӯҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқи вобастаанд, иҷро намояд.

БОБИ II. САРМОЯ, ФОИДА, ФОНДҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 8. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон

Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Он дар асоси Қарори Раёсат бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад зиёд карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба касе гарав мондан мумкин нест.

Моддаи 9. Буҷети солона

Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар сметаи даромад ва хароҷоте, ки Раёсат тасдиқ кардааст, пешбини мегардад.

Сметаи даромад ва хароҷот дар давоми сол бояд таҳти назорати бухгалтери бошад, ки он аз тарафи аудити дохили мувофиқи моддаи 80 ин Қонун сурат мегирад.

Моддаи 10. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад.

Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:

- ба сармояи оинномавӣ -10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;

- ба фонди захиравӣ - 60 фоиз то ба 10 фоизи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани он;

- ба буҷети давлатӣ - қисми боқимондаи фоида баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.

Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ пӯшонида мешавад.

Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба пӯшонидани касри бавуҷудомада аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост равона мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бо тартиби муқарраргардида баррасӣ намудани асоснокии дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пӯшонидани касри сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 11. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон

Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2001 № 14).

БОБИ III. СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Моддаи 12. Сиёсати пулию қарзӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон Кумитаи сиёсати пулию қарзиро, ки мақоми машваратии байниидоравӣ мебошад, таъсис медиҳад, ки вазифаҳо ва тартиби фаъолияти он бо низомномаи аз ҷониби Раёсат тасдиқшуда муайян карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол, на дертар аз 1 ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 13. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаҳо ва усулҳои зеринро истифода мебарад:

- меъёрҳои фоизӣ аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;

- меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;

- амалиётҳо дар бозори озод;

- қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ);

- танзими асъорӣ;

- муқарраркунии ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;

- маҳдудкуниҳои миқдории бевосита (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 14. Танзими ҳаҷми қарзҳои додашаванда

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба нишондиҳандаҳои дурнамои сиёсати пулию қарзии қабулшуда ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби он додашавандаро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 15. Муқаррар намудани меъёрҳои фоизи

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад як ё якчанд меъёрҳои фоизиро аз рӯи амалиётҳои гуногуни худ муқаррар намояд ва сиёсати фоизиро бидуни муайнкунии меъёрҳои фоизи амали созад.

Меъёрҳои фоизии Бонки миллии Тоҷикистон аз меъёрҳои камтарин иборат мебошанд, ки аз рӯи онҳо Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти худро иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасони ба меъёрҳои фоизи бозори бо мақсади нигаҳдории сатҳи мӯътадили нархҳо истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 16. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи амонатҳо ва ӯхдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар менамояд. Меъёрҳои захираҳои ҳатмиро Раёсат муқаррар менамояд.

Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) тафриқа дошта, наметавонанд аз 20 фоизи ӯҳдадориҳои онҳо зиёд бошанд.

Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ дар давоми ҳар давраи ҳисоботӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мегардад, наметавонад зиёда аз 5 банди фоизӣ тағйир дода шавад.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ, Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисобҳои он меситонад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро аз рӯи маблағи камомад ба андозаи на зиёда аз меъёри дукаратаи бозтамвил ҷарима бандад.

Дар сурати бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағҳои захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 17. Амалиётҳо дар бозори озод

Амалиёт дар бозори озод чунин маъни дорад, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар бозорҳои молияви бо коғазҳои қиматноки қарзи ба воситаи хариду фурӯши коғазҳои қиматноки қарзи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, коғазҳои қиматноки қарзии худаш, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзи муомилот анҷом диҳад.

Меъёри амалиёт дар бозори озод аз тарафи Раёсат тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 18. Бозтамвил

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бозтамвил ин додани қарз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), баҳисобгирӣ ва аз нав баҳисобгирии векселҳо мебошад.

Тарз ва шартҳои додани қарз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қоидаҳои моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 19. Маҳдудкуниҳои миқдории бевосита

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ бо мақсади гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.

Маҳдудкуниҳои миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъи иҷрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ифода мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон ҳудуди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои ҳаҷми пулро мувофиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 21. Додани қарз ба ташкилотҳои қарзи (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо шартҳое, ки мунтазам аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бо таъминоти зерин қарз диҳад:

- коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст ва онҳо як қисми эмиссияи давлатӣ мебошанду мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон аз як сол зиёд нест;

- коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;

- векселҳои оддӣ ё интиқолӣ, ки ду ва зиёда паснавишт (индоссамент) дошта, яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) тааллуқ дорад ва мӯҳлати пардохташон на зиёда аз даҳ моҳ аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон мебошад;

- амонат, пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металлҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигар дар Бонки миллии Тоҷикистон ё ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир эътироф мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа меъёри бозтамвил ва шартҳое, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) барои гирифтани қарзҳо ба озмунҳо роҳ дода мешаванд мерасонад.

Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад ва ҷудо (пешниҳод) намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешбинӣ кардааст.

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон расонидани ҳама гуна кӯмаки молиявӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти асосии он бевосита алоқаманд нестанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 22. Ба сифати мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ додани қарз ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки милии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қарздиҳандаи ниҳоӣ метавонад ба ташкилотҳои қарзии (кредитии) вазъи молиявиашон қаноатбахш дар ҳолатҳои зерин қарз (кредит) диҳад:

- барои таъмини пардохтпазирӣ бо шартҳои қобили қабули таъминнокӣ;

- бо мақсади нигохдории устувории низоми молиявӣ таҳти кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои фоизие, ки Раёсат муқаррар кардааст.

Қарзҳои (кредитҳои) мазкур ба мӯҳлати то се моҳ дода мешавад. Мӯҳлати пардохти онҳо метавонад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон боз то се моҳи дигар бо дархост ва пешниҳоди нақшаи асосноки чорабиниҳо оид ба пардохти чунин қарз, ки аз ҷониби мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тасдиқ шудааст, тамдид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 23. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

БОБИ IV. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 24. Принсипҳои асосии ҳамкори

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, дар фаъолияти худ мустақил мебошад. Мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амали намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд.

Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди барраси қарор медиҳанд.

Барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда Бонки миллии Тоҷикистон дар кор карда баромадани сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якдигар аз амалҳои тахминшаванда, ки дорои аҳамияти умумидавлати мебошанд, ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 25. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кредит

Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбини шудааст, кредит бевосита намедиҳад.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки давлати дар давраи аввали барориши онҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63, аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 26. Хизматрасонии қарзи давлати

Дар асоси қоидаҳои қисми панҷуми моддаи 1 ин Қонун Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузаронидани амалиёт оид ба ҷойгиркунии заёмҳои давлати, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.

Моддаи 27. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.

Дар ҳолати зарурати татбиқи сиёсати муайяни пулию қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад қисми маблағҳои буҷети давлатиро мутобиқи шартнома ба мӯҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 28. Вазифаҳои агенти молияви

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси мӯҳлат ва шароите, ки бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дар ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлати дар шакли бақайдгири дар ҳисобҳо аз рӯи чунин самтҳо ҳамчун агенти молиявии давлат амал мекунад:

а) маркетинги коғазҳои қиматноки аз тарафи давлат ва мақомоти он баровардашуда;

б) пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссиони;

в) аз рӯи дигар самтҳое, ки мувофиқи мақcадҳо ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун агенти молиявӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва фондҳои нафақа барои нигоҳдории маблағҳои онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизматрасонӣ намояд. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 29. Ташкили хизматрасонии кассавии буҷетҳо

Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби иҷрои буҷетҳои ҷумҳури ва маҳаллиро муқаррар мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои кассавии буҷетҳои ҷумҳури ва маҳаллиро ба воситаи бонкҳо амали менамояд ва метавонад амалиёти барои иҷрои буҷетҳо заруриро ба воситаи муассисаҳои худ ба ҷо оварад.

Моддаи 30. Бонки миллии Тоҷикистон - бонкдор, мушовири молияви ва агент

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молияви ва агенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлати оид ба масъалаҳои системаи захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонки вобастаанд.

БОБИ V. НИЗОМИ ПАРДОХТӢ  

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Моддаи 31. Низоми пардохтӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохтӣ буда, роҳбарии ташкил ва таъмини рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:

- ба ҳамкории мутақобилаи низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;

- таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;

- барои ҳамкорӣ байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пулӣ шароит фароҳам меоварад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 32. Ташкили ҳисоббаробаркуни дар байни бонкҳо

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оиди амали намудани пардохтҳои байнибонки хизмат расонад, барои ташкили системаи клиринги байнибонки ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркуни мувофиқи санадҳои меъёрии қабулкардааш мусоидат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои мӯҳлатҳои коркарди пардохтҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Дар сурати бо айби он зиёда аз мӯҳлати пешбинишуда таъхир ёфтани пардохт Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст барои ҳар рӯзи таъхирёфта назар ба меъёри фоизи ҷори ду баробар зиёд фоиз диҳад.

Моддаи 32(1). Танзим ва назорати низоми пардохт

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохт (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548):

- хизматрасониҳоеро, ки ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ё таъминкунандагони хизматрасониҳои пулӣ оид ба ирсол, коркард ва қабули супоришномаҳои пардохтӣ, чекҳо, интиқоли маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок ба суратҳисобҳои онҳо ё мизоҷонашон иҷро мекунанд, танзим ва назорат намояд;

- низомҳои зеринро ташкил намуда, фаъолияташонро таъмин намояд, барои ташкилу танзими фаъолияти онҳо иҷозатнома диҳад, бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад:

а) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ;

б) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар бо коғазҳои қиматнок;

в) клиринг, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти дигар аз рӯи пардохтҳо (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо ҳар гуна асъор дар муқоиса бо пардохтҳои дигар (ё мубодилаи коғазҳои қиматнок) бо асъори дигар;

- шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;

- талаботи ҳадди ақалро оид ба боэътимодӣ ва таъмини амнияти ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ, интиқоли маблағҳо, низоми клиринг, интернет-бонкинг, инчунин таъмини амнияти иттилооти бонкӣ муқаррар намояд.

Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 32(2). Стандартҳои байналмилалӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохтӣ стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 33. Низоми иттилоотии қарздиҳӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад низоми иттилооти қарздиҳиро барои ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот оид ба қарздиҳӣ байни ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба роҳ монад, инчунин барои амалӣ намудани иҷрои он меъёрҳо таҳия намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибатҳо бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми - танзими асъор ва назорати асъор

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва дигар қонунҳо амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор инҳо дохил мешаванд:

- баровардани санадҳои меъёри оид ба танзими амалиёти асъор, ки аз тарафи шахсони воқеи ва юридики, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва мақомоти давлати сурат мегирад;

- додани иҷозатномаҳо, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои асъори машғуланд, аз ҷумла бонкҳо (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63, аз 30.07.2007 № 318);

- муайян кардани тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиётҳои асъори барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63);

- муайянкунии тарзи муқаррар намудани қурби асъори милли нисбати асъори дигар (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи назорати асъор ҳамчун яке аз агентҳои давлат амал мекунад. Ҳисобот ва маълумотдиҳи оид ба ҳисобҳо ва маълумоти дигар, ки тавассути қонунгузори пешбини шудаанд, аз Бонки миллии Тоҷикистон мегузаронад.

Моддаи 37. Пешниҳоди ҳисобот оид ба амалиётҳои асъори

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиёти асъори иҷозат доранд, вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои асъории худ, инчунин оид ба риояи ҳудудҳои мавқеи озоди асъориашон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

Бонки миллии Тоҷикистон дар баланси худ захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии давлатро ба дараҷае, ки аз нуқтаи назари амали намудани сиёсати пулию кредити ва асъори зарур аст, нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилали ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати асъори ё сари вақт иҷро намудани амалиёти байналмиллали зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти захираҳои байналмилали ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, оиди ислоҳи ҳолати баамаломада гузориш пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон то вақте, ки ин ҳолатро ислоҳшуда нашуморад, пешниҳод намудани ҳисобот ва тавсияҳоро давом медиҳад.

Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон

Ба мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои худ ба асъори хориҷи ва таъмини сармояи оинномави аз тағйирёбии қурби асъор Бонки миллии Тоҷикистон як қисми маблағҳои худро бо асъори хориҷи ва дигар активҳои байналхалқи, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналхалқи устувор аст нигоҳ медорад. Зимнан Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарту шароите, ки Раёсат муайян мекунад, захираи байналхалқи таъсис медиҳад, ки аз инҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63):

1) тилло;

2) асъори хориҷи дар шакли пули коғази (банкнот) ва тангаҳо, ба шумули оне, ки дар хориҷа ҷой дода мешавад;

3) ҳар гуна активи захиравии дар ҷаҳон эътирофшуда, ба шумули ҳуқуқи харидани саҳми захира аз Фонди байналхалқии асъор ва ҳуқуқи қарз гирифтани маблағ аз он;

4) векселҳои интиқолшаванда ва ӯҳдадориҳои қарзи, инчунин векселҳои хазинави ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳо, ташкилотҳои молиявии байналхалқи ба асъори хориҷи бароварда ва кафолатдодашуда ва бо асъори давлати хориҷи пардохташаванда, ки онҳоро Раёсат муайян мекунад;

5) дигар активҳои хориҷи, ки онҳо аз тарафи Раёсат муайян карда мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон идоракунии захираҳои асъории байналмилалии худро бо мақcади ҳимояи онҳо аз беқурбшави ва таъмини пардохтпазириашон ба роҳ мемонад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷи

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

1) ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, ки онҳо мувофиқи қонунҳои дар ҷумҳури амалкунанда ва дар таҷрибаи бонкии байналхалқи қабулшуда мебошанд, иҷро намояд;

2) векселҳои хазинави ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷи ё ташкилотҳои молиявии байналхалқи баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин дигар шартномаҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналхалқи қабул карда шудаанд, имзо намояд;

3) дар бонкҳои маркази ва муассисаҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;

4) барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

5) Бонки миллии Тоҷикистон метавонад созишномаҳои пардохти ва клиринги ё ҳар гуна қарордодҳои ба ин монандро бо муассисаҳои клирингии маркази, оммави ё хусусии мамлакатҳои дигар ҳам аз номи худ ва ҳам аз ном ва бо супориши мақомоти давлати имзо кунад.

Моддаи 41. Фоида ва зарари асъори (истифоданашаванда)

Фоида ва зарари асъор (истифоданашаванда) - и дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои активҳо ва пассивҳои дар шакли тилло, ҳуқуқи махсуси қарзгири ва асъори хориҷи алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нархҳо ё қурби мубодилавии ин активҳо ва пассивҳо нисбат ба асъори милли ба вуҷуд омадаанд, ба тариқи зайл ба ҳисоб гирифта ва ҷуброн карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63):

1) фоидаи холиси асъори ва зарар (истифоданашаванда) бо маблағи дахлдор ба ҳисоби махсус (аз нав нархгузории воситаҳои асъори) дар баланси Бонки миллии Тоҷикистон баробар карда мешаванд;

2) маблағи дар ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори қайд кардашуда, ки бо зарари холиси асъори мутобиқ аст, бо ӯҳдадориҳои қарзи фоизноки ба савияи бозор баробар, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Бонки миллии Тоҷикистон бароварда ва он дар ҳисоби ҷудогона (қоғазҳои қиматноки ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори) маҳфуз аст, кафолат дода мешавад; баъди чор моҳи хатми соли молияви маблағи умумии базавии ин ӯҳдадориҳои қарзи, ки дорандаи он Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, вобаста ба зарурати барқароркунии мувозинати байни ин маблағ ва маблағи дар ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори ба ҳисоб гирифташуда, ҳамчун зарари холиси асъор дар охири соли дахлдори молияви зиёд ё кам мешавад;

3) фоидаи холис ва зарари дар ин модда зикргардида ҳангоми ҳисоббаробаркунии даромади солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба тарзи муқарраркардашуда ба назар гирифта мешаванд.

БОБИ VII. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ (КРЕДИТӢ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мебошад.

Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:

- ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар китоби баҳисобгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;

- санҷиши ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла санҷиши амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро гузаронида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;

- аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешниҳоди иттилооти зарурӣ барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин дидани чораҳо оид ба ислоҳи вазъияти дар онҳо баамаломадаро талаб мекунад.

Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзи (кредитӣ) нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун пешбинӣ кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ҳатмии гузаронидани амалиёти бонкӣ, ҳисобдорӣ, тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти оморӣ ва шаклу тартиби пешниҳод кардани ин маълумотро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:

- иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;

- маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омори анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:

- оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);

- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ӯҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда;

- нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нуфузи калон дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, пурра ё қисман мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, нашр намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.

Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратии дохилию хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказӣ, хориҷӣ ё мақомоти назоратии дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) меъёрҳои мақбул (пруденсиалӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" муқаррар карда мешавад ((Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад:

- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;

- аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва ҳар гуна бонкҳои фаръй ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;

- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулй, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ) соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;

- санҷиши ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.

Санҷиши баррасии фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро дар бар мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро санҷиш мекунад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд.

Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ё бонки фаръӣ ва ширкатҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.

Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) саривақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) вазифадоранд дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.

Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Узви Раёсат, корманд ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳар шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур барои гузаронидани санҷиш, инчунин ба сифати мудири муваққатӣ таъин ё ҷалб гардидааст, барои зиёни ҳангоми дар доираи Қонуни мазкур софдилона иҷро кардани ӯҳдадории вазифавӣ расонидашуда, ҷавобгар намебошанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони мазкур ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳо аз даъвои судии вобаста ба софдилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои вазифавиашон пешниҳодшударо кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шудани онҳо (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳнамой ё таъсиррасонии дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба вай маълум гардад, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:

- талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя накардаанд;

- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо саривақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;

- амалиёти бонкии дорои хавфи аз меъёр зиёд ё нодурустро гузаронидаанд.

Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) як ё якчанд чораҳои ислоҳнамоӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:

- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амрнома фиристад;

- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дастур диҳад;

- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;

- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб кунад;

- тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;

- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз (кредит) муқаррар созад;

- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мӯҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзй (кредитӣ) талаб намояд;

- аз раиси Шӯрои нозирон даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон чиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;

- аз раис ё раёсати ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) талаб намояд, ки солимгардонии молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро, аз чумла бо усули тағйирдиҳии таркиби дороиҳои он амалй намояд;

- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) муваққатан ё пурра аз кор барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунандаро талаб намояд;

- аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз вазифа сабукдӯш кардани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро талаб намояд;

- азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавй, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро талаб намояд;

- барои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) меъёрҳои мақбулро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад;

- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷрои баъзе аз амалиёти дар иҷозатномаи он муайяншударо ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ манъ намояд;

- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро манъ кунад;

- қабул ва интиқоли дороиҳоро аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), инчунин пардохти суди саҳмияҳоро маҳдуд намояд;

- мувофиқи Қонун нисбат ба кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) чазои ҷаримавӣ татбиқ кунад;

- ваколатҳои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро боздошта, барои солимгардонии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи қонун маъмурияти муваққатӣ таъин намояд;

- ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ чарима гузорад;

- иҷозатномаи ба ташкилоти қарзӣ додашударо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" бозхонд намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад инчунин ташкилотҳои қарзӣ (кредитй)-ро дар ҳолатҳои зерин ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад ва бартараф намудани камбудиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳоро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида талаб намояд:

- агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар гуна ҳисобот, маълумоти оморӣ, дигар иттилооти нопурра ва носаҳеҳро пешниҳод намояд;

- агар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маълумот оид ба муштарӣ, хавфҳои муайяни муштариёни хосааш ва ҳар гуна иттилооти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дархостшударо пешниҳод накунад ё пешниҳоди онро ба таъхир андозад;

- барои камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи санҷиши бевоситаи фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ошкор гардидаанд.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иҷро нагардидани талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ҷаримабандӣ мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.

Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бе супориши вай ситонида мешавад. Дар ҳолати дар Бонки миллии Тоҷикистон надоштани чунин суратҳисоб маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.

Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.

Чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро, ки дар моддаи мазкур пешбинй гардидаанд, Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як сол аз рӯзи аз ҷониби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.

Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳнамоӣ ё таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ҷавобгарии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)-ро аз рӯи дигар қонунҳо истисно намекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Маъмурияти муваққатӣ мақоми махсуси идоракунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии он ба мӯҳлати шаш моҳ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.

Мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то шаш моҳ тамдид карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон маъмурияти муваққатиро дар ҳолатҳои зерин таъин менамояд, агар:

- ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз ӯҳдаи иҷрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ӯҳдадориҳои худ баромада натавонад;

- ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз дороиҳои он зиёд бошад;

- ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳдид ё ногузирии ба амал омадани ҳолатҳои дар боло зикргардида мавҷуд бошад;

- сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз 50 фоизи ҳадди ақалли сармояи танзимшавандае, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) муқаррар кардааст, камтар бошад;

- барои оғози парванда оид ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба суд дархост ворид шуда бошад.

Роҳбарии маъмурияти муваққатиро мудири он амалӣ менамояд.

Мудири маъмурияти муваққатӣ аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бе ваколатнома амал менамояд.

Ҳайати маъмурияти муваққатӣ ва мудири он аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат таъин карда мешавад.

Хароҷоти вобаста ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) амалӣ мегардад. Харҷномаи маъмурияти муваққатӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Хароҷоти маъмурияти муваққатӣ дар доираи харҷномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқгардида бе навбат бояд пардохт шавад.

Қарори Раёсат дар бораи таъини маъмурияти муваққатӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он дар ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

Нисбат ба қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) метавонад ба суд шикоят намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 50. Натиҷаи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:

- ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) боз дошта мешаванд, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмиядор, амонатгузор ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) доранд, ба маъмурияти муваққатӣ дода мешаванд. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои монеъ шудан ба додани ҳамаи ҳуқуқҳо ба мудири маъмурияти муваққатӣ ё иҷрои ин ҳуқуқҳо аз тарафи вай ҳақ надоранд;

- мӯҳлати мувофиқи қонун, шартнома ё ба таври дигар муайяншуда, ки баъди тамомшавии он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рӯзи сипаришавии он ба мӯҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад;

- ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ нисбати ҳар дороӣ ё амволи ташкилоти қарзй (кредитӣ) бекор карда мешавад ва ба ҳабси нав ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ нисбати ягон хел дороӣ ё амволи ташкилоти қарзй (кредитӣ) роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

а) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдорӣ, ки шаш моҳ (ё дувоздаҳ моҳ) дар сурати ҳабс ё ҳуқуқи нигаҳдорӣ ба фоидаи ҳар саҳмиядор, корманди роҳбарикунанда ё корманди ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) пеш аз дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ эътибор пайдо кардааст;

б) ҳабс ё ҳуқуқи нигоадорӣ, ки аз тарафи мудири муваққатӣ барои иҷрои талаботи моддаи 54 ҳамин Қонун татбиқ шудааст;

в) варақаи иҷро оид ба ҳабс ё ҳуқуқи нигохдорӣ, ки то лаҳзаи таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ дода шудааст, агар маблағи он аз меъёре, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, зиёд набошад;

г) ҳар гуна пардохтҳо ё додани дороӣ ё амволи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар давоми се моҳи то лаҳзаи таъин гардидани маъмурияти муваққатй ё дар давоми дувоздаҳ моҳ, агар пардохт ё таҳвил ба фоидаи саҳмиядор, корманди роҳбарикунанда, корманд ё филиали ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) сурат гирифта бошад, беэътибор дониста мешаванд, агар онҳо дидаю дониста иҷро карда шуда бошанд, ё натиҷаи ба гирандагони он додани ҳуқуқи афзалиятнок нисбати дигар амонатгузорону кредиторон бошад. Қоидаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

- ҳангоми пардохти амонатҳо ва пасандозҳо аз рӯи ҳисоббарорӣ барои ҳар амонатгузор ба он маблағе, ки аз меъёри муқаррарнамудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон зиёд нест;

- ҳангоми додани дороӣ ё амвол бар ивази арзиши одилонаи бозории онҳо;

-ҳангоми пардохти музди меҳнат ва ёрдампулиҳо (ба истиснои мукофотпулӣ ва пардохтҳои махсус) ба корманди роҳбарикунанда ё кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 51. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) фавран чораҳои зеринро меандешад:

- ҳамаи кӯшишҳои худро софдилона барои таъмини нигаҳдории дороиҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ) ба харҷ медиҳад;

- ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро оғоз менамояд;

- ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) огоҳиномаро бо зикри таърих ва вақти ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки набояд аз вақту рӯзи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд;

- дар рӯзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байни аҳолӣ, дар он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҷойгир аст, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) эълон менамояд;

- ҳамаи амволи воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии вай бозпас мегирад;

- ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;

- иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компутерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзй (кредитӣ) амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасӣ ба объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро анҷом медиҳад;

- ташкилотҳои қарзии (кредитии) бақайдгирандагон ва агентҳое, ки бо коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд;

- ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмиядорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад;

- дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) намояндаҳои худро таъин менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 52. Ҳисоботи маъмурияти муваққатӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Мудири маъмурияти муваққатӣ дар давоми се моҳ баъд аз санаи таъин шуданаш дар бораи вазъи молиявӣ ва дурнамои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба Раёсат ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад.

Мудири маъмурияти муваққатӣ дар ҳисоботи худ андешидани яке аз чораҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- чораҳои беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) бо роҳи:

а) барқароркунии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);

б) азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ);

- бозхонди иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ).

Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи маъмурияти муваққатй дар муддати понздаҳ рӯз қарори дахлдор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 53. Мораторияи қонеъгардонии талаботи амонатгузорон ва кредиторони ташкилоти қарзй (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки дар он маъмурияти муваққатй таъин шудааст, метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ иҷрои талаботи амонатгузорон ва кредиторони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)-ро манъ намояд.

Амали мораторияи мазкур ба уҳдадориҳои пули ва ухдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки то таъини маъмурияти муваққатӣ пайдо шудааст, татбиқ мегардад.

Дар муддати амали моратория:

- чораҳои ҷавобгарӣ, ки бо қонун ва шартнома барои иҷро накардан ва ё ба таври дилхоҳ иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла ҷарима, фоизҳо, муҷозоти дигари молиявӣ татбиқ намегарданд;

- ба ситонидани маблағҳои пулии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) тибқи ҳуҷҷатҳои иҷроия ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки аз рӯи онҳо бояд ситониш бо тартиби бебаҳс сурат гирад, роҳ дода намешавад;

- иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, боздошта мешавад;

- қонеъ гардонидани талаби муассиси ташкилоти қарзй (кредитӣ) дар бораи баргардонидани ҳиссааш ба сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), бинобар сабаби аз ҳайати муассисони он баромадани ӯ манъ карда мешавад.

Ба маблагҳои асосии талаботи манъкардашудаи мазкур дар рӯзи ҷорӣ кардани манъкунӣ ба андозаи нисфи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон фоиз ҳисоб карда шуда, он баъди ба итмом расидани мӯҳлати моратория пардохта мешавад.

Мораторияи дар моддаи мазкур пешбинигардида дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

- ҳангоми пардохти маблағҳо вобаста ба ҷуброни зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида шудааст;

- ҳангоми пардохти ҷубронпулӣ барои аз кор рафтан, пардохти музди меҳнати шаҳрвандон, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд ва пардохти мукофот аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;

- ҳангоми пардохти хароҷоти ташкиливу- хоҷагӣ барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) зарурбуда;

- ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ки то эълони маҳдудиятҳо дар асоси қарорҳо дар бораи ситонидани қарзи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) аз рӯи шартномаҳои суратҳисоби бонкӣ ва амонати бонкӣ басташуда дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 54. Амалӣ намудани нақшаи беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул кардани қарор дар бораи чораҳои беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) маъмурияти муваққатӣ метавонад:

- анҷомдиҳии амалиёти бонкиро аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) давом диҳад ё қатъ намояд;

- бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон қарзҳо ҷалб кунад;

- пардохти ҳар гуна уҳдадории ташкилоти қарзи (кредитӣ)-ро амалӣ намояд ё маҳдуд кунад;

- меъёри фоизҳоро аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) то меъёрҳои дар бозори дахлдор амалкунанда тағйир диҳад;

- шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони заруриро ба кор гирад;

- шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё щартномаи иҷораро, ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) иштирокчии он мебошад, қатъ кунад;

- иттилоотро дар бораи ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфиро бо мақсади беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ифшо намояд;

- мол ё хизматрасонӣ ё амволи дигарро аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) харад ва фурӯшад;

- аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳар гуна воситаҳои пардохтиро барорад;

- аз номи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд;

- оид ба баргардонидани маблағҳои мӯҳлати пардохташон гузашта амалҳои зеринро анҷом диҳад:

а) амволи ба сифати гарав гирифташударо фурӯшад;

б) аз қарздороне, ки мӯҳлати пардохти қарзашон гузаштааст, додани таъминот ва кафолатҳои иловагӣ талаб намояд;

- бо қарздорон дар бораи пеш аз мӯҳлат пардохт намудани қарз қарордод бандад;

- ба шахсони дигар харидорӣ намудани қарзҳои пардохтанашударо пешниҳод намояд;

- барои баргардонидани қарзҳои дебитории дигари ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) чора андешад;

- чораҳои зарурии дигарро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 55. Анҷом ёфтани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ҳангоми бартараф карда шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардидаанд, ба анҷом мерасад.

Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ):

- тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегардад;

- ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунй ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ), ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.

Дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ Бонки миллии Тоҷикистон қарор мебарорад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 56. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳбудии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои гузаронидани амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд талаби барҳам додани ташкилоти қарзй (кредитӣ)-ро пешниҳод менамояд.

Ҳангоми аз ҷониби суд баррасӣ намудани парванда оид ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) истеҳсолоти озмунӣ татбиқ гардида, мушоҳида, беҳбудии вазъи молиявй, идоракунии берунӣ ва созишномаи мусолиҳа, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавй" муқаррар шудааст, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 57. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

Моддаи 58. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

Моддаи 59. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

БОБИ VIII. НИЗОМИ ПУЛИ ВА ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛИ

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

Моддаи 60. Низоми пули

Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Моддаи 61. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва аз гардиш гирифтанашуда, воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 62. Тавсифи асъори милли

Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номинали, андоза, вазн, ороиш ва дигар тавсифҳои пули коғази ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.

Моддаи 63. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигохдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда, тадбирҳо меандешад.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудаци пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.

Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳоеро, ки фарсуда шудаанд, аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва бар ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.

Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 64. Бо нишонаҳои пули таъмин намудан

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарури барои бо нишонаҳои пули таъмин намудани иқтисодиёти мамлакат асъори милли мебарорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Моддаи 65. Аз муомилот гирифтани нишонаҳои пули

Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғази ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, бар ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғази ва тангаҳо барорад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Баъди ба охир расидани давраи ивазкуни, ки ба гирифтани пулҳои коғази ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғази ва тангаҳо ивазнамудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғази ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот гирифташуда дигар ҳамчун воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳо буда наметавонанд.

Моддаи 66. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

БОБИ IХ. ҲИСОБОТДИҲИ ВА НАЗОРАТИ БУХГАЛТЕРИ

Моддаи 67. Соли молиявӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 68. Ҳисоботи солона

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:

- ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён, ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя ва ҳисоботи зарурии дигар;

- усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз он истифода намудааст;

- шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, баҳодиҳӣ ба вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 69. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 9.12.2004 № 63)

Моддаи 69(1). Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ташкил ва тартиб дода мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳ ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рӯзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳар семоҳа оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 69(2). ӯҳдадориҳои шартӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ӯҲдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро ӯҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудааанд,) ташкил медиҳанд.

Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар:

- маблағи ӯҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софаш зиёд бошад;

- маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷудбуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарй талаб карда нашуда бошад.

Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ аз зарурати баррасии мукаммали ӯҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниход менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 70. Пешниҳод ва чоп намудани ҳисобот

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 31 май ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи худро баъди баррасӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма нашр намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

БОБИ Х. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 71. Сохтор ва мақомоти идоракуни

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63)

Бонки миллии Тоҷикистон аз дастгоҳи маркази ва муассисаҳои минтақави иборат аст (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиали буда, самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, роҳбари ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро амали менамояд.

Раёсат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва се нафар аъзои он, ки бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи баъдии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63).

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ бояд дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ буда, доғи судӣ надошта бошанд ва ба ташкилоти муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

Маоши вазифавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Аъзои Раёсат ба мӯҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548):

- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати ҳафт сол;

- муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон - ба мӯҳлати панҷ сол;

- аъзои дигари Раёсат - ба мӯҳлати чор сол (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Аъзои дигари Раёсат аз ҳисоби собиқадорони соҳаи иқтисод, устодони донишгоҳу донишкадаҳои иқтисодӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра, ба истиснои хизматчиёни давлатӣ, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

Дар сурати аз вазифа барканоршавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони вай, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.

Моддаи 71(1). Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва аъзои дигари Раёсат танҳо дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

- бинобар гузаштани мӯҳлати ваколат;

- бинобар иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;

- додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;

- бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудан;

- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;

- сӯиистифода аз вазифа;

- иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тӯлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.

Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъйини узви нав дар давоми 60 рӯзи тақвимӣ пур карда шавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 72. Ваколати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:

1) аз номи Бонки миллии Тоҷикистон амал мекунад ва бе ваколатнома намояндаи манфиатҳои он дар муносибат бо мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлати, ташкилоти кредити, ташкилотҳои давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналхалқи мебошад, шартномаҳо мебандад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад;

2) дар ҷаласаҳои Раёсат раиси мекунад;

3) ба санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мекунад;

4) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

5) Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

6) фармонҳоро имзо мекунад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои ҳамаи хизматчиёни бонк ва муассисаҳои он ҳатми мебошад.

7) барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул мебошад, амали намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.

Дар вақти набудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои онро муовини аввал, дар набудани муовини аввал, яке аз муовинон иҷро менамояд.

Моддаи 73. Вазифаҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

Раёсат ҳангоми амали намудани вазифаҳои худ маърӯзаҳоро дар бораи вазъияти иқтисоди ва пулии давлат муҳокима мекунад. Бо ин мақсад муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - муовини Раиси Раёсат вақт - вақт аз тарафи департаментҳо, мудириятҳо ва шӯъбаҳо пешниҳод намудани гузоришҳоро дар бораи:

1) идоракунии амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон ва амали намудани онҳо;

2) амали ва танзим кардани сиёсати пули;

3) вазъияти системаи бонки;

4) вазъияти бозори молияви ва асъори;

5) гузоришҳои дигарро бо қарори Раёсат таъмин мекунад.

Моддаи 74. Ваколатҳои Раёсат

Раёсат ваколатҳои зерин дорад:

1) сиёсати пулии давлат, аз ҷумла, маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизи аз рӯи депозитҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шароити додани кредитҳо, намудҳо ва андозаи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, таҳия менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63);

2) сиёсати асъории давлат, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани

қурби асъорро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

3) санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро барои татбиқи умуми қабул ва тасдиқ менамояд;

4) гузориш ва тавсияҳоеро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барраси ва маъқул медонад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63);

5) дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқи қарорҳо қабул менамояд;

6) арзиши номинали, ороиши пулҳои коғази ва тангаҳо, тартиби ба муомилот даровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;

7) додани ҳар кредитро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки моддаи 25 ин Қонун муқаррар кардааст, тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63);

8) камаш бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзоёни Раёсат, ки дар маҷлис ҳозиранд, додани ҳар як кредит ё истифодаи дигар воситаҳои молиявиро ба манфиати бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки мувофиқи моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур ин Қонун тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

9) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

10) гузоришҳо ва ҳисоботи ҳарсолаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

11) дар бораи баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, андоза ва шарту шароити баровардани он қарор қабул мекунад;

12) ӯҳдадориҳои қарзиро ки барори инвестицияи Бонки миллии Тоҷикистон короям аст, муайян мекунад;

13) сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад ва маоши вазифавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

14) мувофиқи қонунҳои ҷори тартиб ва шароити ба кор қабул намудани кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;

15) шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;

16) сметаи даромад ва хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

17) ҳар гуна айбдоркуниро оиди сӯиистифодаи мансаби расми ва вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани аъзоёни Раёсат барраси намуда, дар сурати асоснок донистани ин гуна айбдоркуниҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристонад.

18) шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва агенти молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

19) оид ба кушодан ва пешбурди суратҳисоб барои бонкҳои марказию тиҷоратии хориҷӣ, ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

20) низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдик мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

21) тартиби суғуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548);

22) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқдоштаро баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 75. Маҷлиси Раёсат

Маҷлиси Раёсат аз тарафи Раиси Раёсат ё муовини вай камаш моҳе як маротиба даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.

Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахси, тиҷорати, молияви ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, ба шумули Раис ё муовинони вай, дахл дошта бошад, пас аъзои мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд изҳор намояд ва ӯ ҳақ надорад дар овоздиҳи аз рӯи ин масъала иштирок намояд.

Дар бораи даъвати маҷлис камаш се рӯзи кори пеш хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқуллодда, ки маҷлисҳои Раёсат фаври даъват шуда метавонанд. Ба аъзоёни Раёсат рӯз, ҷои гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.

Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, ки дар он аз нисф зиёди аъзоёни Раёсат, ба шумули Раиси Раёсат, ҳузур дошта бошанд.

Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад пӯшида гузаронида шаванд.

Ҳар як аъзои Раёсат, ки дар маҷлис ҳузурдошта, дорои ҳуқуқи овоздиҳи мебошад, ба шумули Раиси Раёсат ва муовини вай, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои ҳуқуқи овози ҳалкунанда мебошад.

Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба тариқи ҳозиршави, бидуни даъват намудани маҷлис қабул карда шуда метавонад.

Қарори Раёсат дар ҳар ҳолат бо аксарияти оддии овозҳои аъзоёни Раёсат, ки ҳуқуқи аз рӯи масъала овоздиҳи доранд, қабул карда мешавад.

Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.

Қарори Раёсат ба сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.

Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мекунанд.

БОБИ ХI. ХИЗМАТЧИЁНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 76. Кормандон ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони

ӯ) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Шартҳои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Раёсат муқаррар менамояд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъйин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рӯйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ӯҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.

Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) гирифтаашон ба Мудирияти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.

Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) мегиранд, муқаррар намояд.

Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгӯи тасдиқнамудаи Раёсат суғуртаи ҳатмӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 77. Бархӯрди манфиатҳо

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд аз ягон хел манфиатҳои корӣ, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.

Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки боиси саршавии бархӯрди манфиатҳо мегардад, канораҷӯӣ намоянд.

Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:

- кори дигари музднокро, ба истиснои кори муаллимӣ, илмӣ ва эҷодӣ иҷро намоянд;

- аъзои мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бошанд;

- молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бошанд.

Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тӯҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои бегаразона иҷро намудани вазифаҳои ӯ дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчии Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин хилофкорй аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.

Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онҳоро ифшо карда, дигар дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ӯ сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 78. Нигоҳдории сирру асрор

Ҳар касе, ки вазифаи аъзои Раёсатро иҷро мекунад ё пештар иҷро кардааст, ё ҳар корманди дигари Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:

1) маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифааш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба вай маълум шудааст, фош намояд (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 63);

2) ин маълумотро ба мақсадҳои шахси истифода барад ё ба истифодаи шахсии он роҳ диҳад.

Шахсоне, ки дар қисми якум зикр шудаанд, метавонанд маълумотеро, ки сирри тиҷоратии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош кунанд:

1) дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;

2) ҳангоми иҷрои вазифа дар бобати маълумотдиҳи ба аҳли ҷамъият, аз ҷумла бо талаби судҳо, мақомоти таҳқиқ, андоз ва дигар мақомоти босалиҳият аз рӯи парвандаҳое, ки дар истеҳсолот мебошанд ва агар ин бо қонунҳои ҷумҳури пешбини шуда бошад;

3) ҳангоми тафтиши аудитории беруни;

4) бо талаби мақомоти хориҷии назорат ба фаъолияти муассисаҳои молияви;

5) агар манфиатҳои Бонки миллииТоҷикистон фош намудани ин маълумотро дар мурофиаи суди талаб кунад.

БОБИ ХII. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 79. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторй дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит зарурбударо пешниҳод мекунад.

Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторй додашаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.

Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайдарпай бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳй ба баъзе намудҳои фаъолият" ва "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Моддаи 80. Аудити дохилӣ

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548)

Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Мудирияти аудити дохилӣ амалӣ мегардад.

Вазифаҳои Мудирияти мазкур ва талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандони он аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 548).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

 14 декабри соли 1996 № 383

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонун аз 12.05.01с. № 14, аз 2.12.02с. № 63, аз 9.12.04с. № 63)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Статуси ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссиони ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили юридики буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ӯҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 2. Тобеияти Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

Тобеият чунин маъни дорад:

- аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай;

- аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи солона, инчунин хулосаи аудитори, чи тавре ки ин дар моддаҳои 68, 70 ва 79 ин Қонун пешбини шудааст (Қонун аз 9.12.04с. № 63).

- муайян кардани ширкати аудитори ё мақом барои санҷиши кори Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 79 ин Қонун, дар сурате, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи аудит, ки Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидааст, норози бошад;

- пешниҳод кардани ҳисоботи солонаю нимсола ва самтҳои асосии сиёсати пулию кредити ва асъори.

Моддаи 3. Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

ба даст овардан ва нигоҳ доштани суботи иқтидори харидории асъори милли. Барои иҷрои ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон шароити бозорҳои пули, кредити ва асъориро, ки ба тараққии пай дар пай ва устувори иқтисоди ва ба иқтисодиёти ҷаҳон пайвастани он мусоидат менамояд, муқаррар мекунад ва нигоҳ медорад;

тараққи додан ва мустаҳкам намудани системаи бонкии ҷумҳури;

мусоидат кардан ба кори самаранок ва мунтазами системаи ҳисоббаробаркуниҳо.

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон

Мувофиқи қоидаҳои ин Қонун Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки захиравии мамлакат вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

1) сиёсати пулию кредити ва асъории давлатро таҳия намуда, онро амали мегардонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;

3) таҳлили иқтисоди ва пулиро мегузаронад ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои худро пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти аҳли ҷамъият мерасонад;

4) барои иҷрои амалиётҳои бонки ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки иҷозатнома дода, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим менамояд;

5) барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мақомоти охирини қарздиҳанда мебошад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

6) ба системаи пардохтҳо дар ҷумҳури назорат мекунад ва ба кори самараноки системаи пардохтҳои байнибонки мусоидат менамояд;

7) ба таври монополи эмиссияи пулро амали менамояд ва гардиши онро ба роҳ мемонад;

8) захираҳои асъории давлатро нигоҳ медорад ва онҳоро идора мекунад;

9) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ӯҳдадориҳо мегирад, амалиётҳоеро, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқи дар соҳаҳои бонки, кредити ва пули мувофиқи шарту шароитҳои қарордодҳои байналхалқи бармеоянд, иҷро мекунад;

10) баланси пардохти давлатро тартиб медиҳад.

Моддаи 5. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти он қарор додаанд, санадҳои меъёри мебарорад, ки иҷрои онҳо барои мақомоти ҳокимияти давлати ва иҷроия, ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, шахсони юридики ва воқеи ҳатми мебошанд.

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон хилофи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда наметавонанд.

Санадҳои меъёрию ҳуқуқии умумиҳатмии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории ҷори эътибор пайдо мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданашон эътибор пайдо мекунанд, бо истиснои ҳолатҳое, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд Раёсат) мӯҳлати дигареро муқаррар накарда бошад. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон қувваи бозгашт надоранд (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳои зарури пурра ба ҳамаи бонкҳои ба қайд гирифташуда ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ба воситаи почта ё алоқаи дигар фиристода мешаванд.

Нисбати санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ба тартиби муқарраркардаи Қонун шикоят кардан мумкин аст.

Лоиҳаи қонунҳои ҷумҳури, инчунин санадҳои меъёрии мақомоти ҷумҳури, ки ба вазифаҳои худро иҷро кардани Бонки миллии Тоҷикистон дахл доранд, барои хулоса ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Моддаи 6. Ташкили фаъолият ва амволи Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад. Дахолати мақомоти давлати дар ташкили фаъолияти он мумкин нест.

Бонки миллии Тоҷикистон соҳиби воситаҳои пули, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, дигар маводи қиматнок мебошад, аз онҳо истифода мебарад ва ба онҳо ихтиёрдори мекунад ва метавонад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси юридики мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро харида гирад, агар чунин амвол барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд ё сармояи оинномавии онро кам кунад.

Моддаи 7. Ҳамкории байналхалқии Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукумати, дар шӯроҳо ва ташкилотҳо оид ба масъалаҳои сиёсати пули, додани иҷозатнома барои амалиётҳои бонки, доир ба масъалаҳои назорати бонки ва масъалаҳои дигар, ки ба салоҳияти он тааллуқ доранд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷи, ҳукумати, молияви ва бонки, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонки расонад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналхалқи, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналхалқи ба даст овардани суботи молияви ва иқтисоди мебошад иштирок намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, ба зиммаи худ ӯҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқи вобастаанд, иҷро намояд.

БОБИ II. САРМОЯ, ФОИДА, ФОНДҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 8. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон

Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. Он дар асоси Қарори Раёсат бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад зиёд карда шавад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба касе гарав мондан мумкин нест.

Моддаи 9. Буҷети солона

Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар сметаи даромад ва хароҷоте, ки Раёсат тасдиқ кардааст, пешбини мегардад.

Сметаи даромад ва хароҷот дар давоми сол бояд таҳти назорати бухгалтери бошад, ки он аз тарафи аудити дохили мувофиқи моддаи 80 ин Қонун сурат мегирад.

Моддаи 10. Фоида ва фонди Бонки миллии Тоҷикистон

Фоидаи тавозунии воқеан бадастдаровардаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сол мутобиқи дастури сохтори ҳисобдори барои Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардида, ба тартиби зерин тақсим карда мешавад:

Сармояи оинномави - 10 фоиз

Фонди захирави - 20 фоиз

Аз қисми боқимондаи фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон баъди иҷрои талаботи дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда 69 фоиз ба буҷети ҷумҳури гузаронида мешавад.

Гузаронидани маблағҳо аз фоида ба буҷети ҷумҳури баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат ва гирифтани розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 1 ноябри соли нави молияви амали карда мешавад.

Баъди ба тартиби дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда муқарраршуда тақсим намудани фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон қисми боқимондаи он тибқи қарори Раёсат тақсим карда мешавад.

Дар ҳолати дар соли гузашта зиён дидан ва барои пӯшонидани ин зиён кофи набудани фонди захирави ҳамаи фоидаи соли ҷори барои пӯшонидани зиён равона карда мешавад. Баъди пӯшонидани зиён қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар боло зикршуда тақсим карда мешавад.

Маблағҷудокуни ба фонди захирави то вақте ба амал бароварда мешавад, ки андозаи фонди захирави ба андозаи дукаратаи сармояи оинномави расад. Ҳангоми аз ҳисоби фонди захирави пӯшонидани зиёни Бонки миллии Тоҷикистон фонди захирави аз нав ба тартиби дар боло муқарраргардида пур карда мешавад.

Дар ҳолатҳои истиснои, вақте ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои фонди захирави бо зиёни ҷуброннагардида анҷом медиҳад, фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда барои ҷуброн кардани зиёни ҷойдошта равона карда мешавад. Баъд аз пурра ҷуброн намудани зиёни номбаршуда қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда тақсим карда мешавад.

Аз ҳисоби Бонки милии Тоҷикистон ба шахсони воқеию ҳуқуқи, ки ба фаъолияти асосии он алоқаманд нестанд, расонидани ёрии молияви ва модди манъ аст (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 11. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон

Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад (Қонун аз 12.05.01с. № 14).

БОБИ III. СИЁСАТИ ПУЛИЮ КРЕДИТИ ВА АСЪОРИ

Моддаи 12. Сиёсати пулию кредити ва асъори

Бонки миллии Тоҷикистон мақоме мебошад, ки сиёсати давлатии пулию кредити ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва амали менамояд. Мақсади сиёсати пулию кредити ва асъории Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори харидори ва қурби он нисбати асъорҳои серталаби хориҷи мебошад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Моддаи 13. Воситаҳои сиёсати пулию кредити ва асъори

Бонки миллии Тоҷикистон, барои амали намудани вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию кредити ва асъори воситаҳо ва усулҳои асосии зеринро истифода мебарад:

1) меъёрҳои фоизи аз рӯи амалиётҳои Бонки миллии Тоҷикистон;

2) меъёрҳои захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон ба депозит гузошташаванда (талаботи захирави);

3) амалиётҳо дар бозори озод;

4) ба бонкҳо додани қарз;

5) танзими асъори;

6) муқарраркунии аломатҳои афзоиши пули дар муомилот буда;

7) маҳдудкуниҳои бевоситаи миқдори.

Моддаи 14. Танзими ҳаҷми кредитҳои додашаванда

Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми умумии кредитҳоеро, ки мувофиқи аломатҳои қабулшудаи сиёсати ягонаи пулию кредитии давлати медиҳад, танзим менамояд.

Моддаи 15. Муқаррар намудани меъёрҳои фоизи

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад як ё якчанд меъёрҳои фоизиро аз рӯи амалиётҳои гуногуни худ муқаррар намояд ва сиёсати фоизиро бидуни муайнкунии меъёрҳои фоизи амали созад.

Меъёрҳои фоизии Бонки миллии Тоҷикистон аз меъёрҳои камтарин иборат мебошанд, ки аз рӯи онҳо Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти худро иҷро менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасони ба меъёрҳои фоизи бозори ба мақсади мустаҳкам намудани асъори милли истифода мебарад.

Моддаи 16. Захираҳои ҳатмие, ки барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқаррар карда мешаванд

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки аз рӯи депозитҳо ва ҳамин гуна ӯҳдадориҳои дигар захираҳои ҳатми муқаррар кунад.

Андозаи захираҳои ҳатми аз ҷиҳати фоиз нисбати ӯҳдадориҳои бонк ва дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки, инчунин тартиби ба депозит гузоштан дар Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои захираҳои ҳатми аз 20 фоизи ӯҳдадориҳои бонк ва дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки зиёд буда наметавонанд ва барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои молиявии ғайрибонки тафриқа дошта метавонанд.

Қисми чорум хориҷ карда шуд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Меъёрҳои ҷудо кардани захираҳои ҳатми дар давоми ҳар даврае, ки 10 рӯзи амалиётро дарбар мегирад, зиёда аз панҷ дараҷаи фоиз тағйир дода шуда наметавонанд. Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ҷудо кардани захираҳои ҳатми Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бечуну чаро аз бонк ва дигар ташкилоти вайронкунанда маблағи намерасидагиро талаб кунад ва ин гуна ташкилоти кредитиро ба маблағи муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима намояд; вале чунин маблағи ҷарима аз андозаи дукаратаи меъёри маблағдиҳии (рефинансирование) дар ин лаҳза амалкунанда зиёд буда наметавонад.

Дар сурати бозхондани иҷозатнома барои амалиёти бонки маблағҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон депозит карда шуда барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки дар назди амонатгузорон ва кредиторҳо истифода бурда мешаванд.

Моддаи 17. Амалиётҳо дар бозори озод

Амалиёт дар бозори озод чунин маъни дорад, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар бозорҳои молияви бо коғазҳои қиматноки қарзи ба воситаи хариду фурӯши коғазҳои қиматноки қарзи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст, коғазҳои қиматноки қарзии худаш, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзи муомилот анҷом диҳад.

Меъёри амалиёт дар бозори озод аз тарафи Раёсат тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 18. Мафҳуми маблағдиҳи (рефинансирование)

Таҳти мафҳуми маблағдиҳи (рефинансирование) додани қарз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, аз ҷумла баҳисобгири ва аз нав ба ҳисобгирии векселҳо фаҳмида мешавад.

Тарз ва шароити маблағдиҳиро Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қоидаҳои моддаи 21 ҳамин Қонун муқаррар мекунад (Қонун аз 2.12.02с. №

63).

Моддаи 19. Мафҳуми маҳдудкуниҳои миқдории бевосита

Маҳдудкуниҳои миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои маблағдиҳи (рефинансирование) ба бонкҳо, кредит додан ба иқтисодиёт, иҷро намудани баъзе амалиётҳои бонкиро аз тарафи ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ифода мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истиснои ба мақсади гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии пулию кредити маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.

Моддаи 20. Муқаррар намудани аломатҳои афзоиши миқдори пул

Бонки миллии Тоҷикистон аломатҳои афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи самтҳои асосии сиёсати ягонаи пулию кредитии давлати муқаррар мекунад.

Моддаи 21. Додани кредит ба бонкҳо

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонкҳо бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва ба ивази кафолатҳои зерин кредит диҳад:

1) бо коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст ва онҳо як қисми эмиссияи давлати мебошанду мӯҳлати пардохташон аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон аз як сол зиёд нест (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) бо коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;

3) бо векселҳои одди ё интиқоли, ки ба мақсадҳои неки тиҷорати, саноати, кишоварзи нашр ва пешниҳод карда шуда, ду ва зиёда индосамент дошта, яке аз онҳо ақаллан ба яке аз бонкҳо тааллуқдор буда, мӯҳлати пардохташон на зиёда аз даҳ моҳ аз рӯзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон мебошад;

4) бо депозитҳо ва дигар ҳисобҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ё дигар муассисаи молияви, ки онро бонк эътироф намудааст ва он иборат аз ҳар гуна актив мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онро харад, фурӯшад ва савдо кунад.

Кредитҳои дар қисми якум зикрёфта дар шакли аванс, қарз, харид, фурӯш, баҳисобгири ва аз нав баҳисобгирии воситаҳо дар асоси конкурси ва ғайриконкурси дода шуда метавонад.

Бонки миллии Тоҷикистон кредитҳои таъминнашударо фақат дар ҳолатҳои истиснои ба мақсади таъмини меъёри пардохтпазирии бонк ва вақте ки ин барои нигоҳдории ягонагии системаи бонки зарур аст, дода метавонад.

Бонки миллии Тоҷикистон вақт-вақт инҳоро ба маълумоти аҳли ҷамъият расонида меистад:

1) меъёри минималии фоиз, ки мувофиқи он ба бонкҳо кредит медиҳад;

2) меъёрҳои объективи, ки мувофиқи онҳо бонкҳо барои гирифтани кредитҳо ба конкурсҳо роҳ дода мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад меъёрҳои ҷудогонаи фоизи, лимитҳоеро оид ба категорияҳои ин муомилот ва мӯҳлатҳои адои онҳоро муқаррар кунад.

Моддаи 22. Таъминоти кредитҳо

Таъминот барои кредитҳои Бонки миллии Тоҷикистон инҳо буда метавонанд:

- тилло ва дигар фулузоти қиматбаҳо дар шаклҳои гуногун;

- асъори хориҷи;

- векселҳо дар асъори тоҷики ва хориҷии мӯҳлати адояшон то шаш моҳ;

- коғазҳои қиматноки давлати.

Рӯйхати векселҳо ва коғазҳои қиматноки давлати, ки барои таъмини кредитҳои Бонки миллии Тоҷикистон қобили қабуланд, аз тарафи Раёсат муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Раёсат ба сифати таъминоти кредитҳо дигар воситаҳои қиматнок, ҳамчунин кафолат ва замонат истифода шуда метавонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 23. Пешбиниҳои ҳарсола дар бораи сиёсати пулию кредити ва асъори

Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол, на дертар аз 1 декабр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинии сиёсати пулию кредити ва асъориро барои соли оянда пешниҳод мекунад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

БОБИ IV. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 24. Принсипҳои асосии ҳамкори

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, дар фаъолияти худ мустақил мебошад. Мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амали намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд.

Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди барраси қарор медиҳанд.

Барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда Бонки миллии Тоҷикистон дар кор карда баромадани сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якдигар аз амалҳои тахминшаванда, ки дорои аҳамияти умумидавлати мебошанд, ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, вақт-вақт машваратҳо мегузаронанд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани кредитҳо аз тарафи сектори давлати, адои қарзи давлати бо назардошти таъсири он ба вазъияти системаи бонки ва ҳадафҳои асосии сиёсати ягонаи пулию кредитии давлати машварат медиҳад.

Моддаи 25. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани кредит

Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбини шудааст, кредит бевосита намедиҳад.

Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки давлати дар давраи ҷобаҷокунии ибтидоии онҳо манъ аст (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Моддаи 26. Хизматрасонии қарзи давлати

Дар асоси қоидаҳои қисми панҷуми моддаи 1 ин Қонун Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузаронидани амалиёт оид ба ҷойгиркунии заёмҳои давлати, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рӯи онҳо хизмат расонад.

Моддаи 27. Депозитҳо (амонатҳо) ва амалиёти кассави

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз Хазинахонаи давлати ва мақомоти дигари давлати депозит гирад. Ба сифати депозитарий (амонатнигоҳдоранда) Бонки миллии Тоҷикистон депозитҳо қабул мекунад ва пул медиҳад, оид ба ҳисобҳо ҳисобу китоб мебарад ва дигар хизматҳои молияви мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро дар доираи воситаҳои ҳисобҳои дахлдор амали менамояд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бонкҳои дигарро барои қабул намудани депозитҳои мазкур бо шарту шароите, ки мувофиқи қарордоди дуҷониба муқаррар карда шудаанд, ваколатдор намояд.

Моддаи 28. Вазифаҳои агенти молияви

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси мӯҳлат ва шароите, ки бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дар ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлати дар шакли бақайдгири дар ҳисобҳо аз рӯи чунин самтҳо ҳамчун агенти молиявии давлат амал мекунад:

а) маркетинги коғазҳои қиматноки аз тарафи давлат ва мақомоти он баровардашуда;

б) пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссиони;

в) аз рӯи дигар самтҳое, ки мувофиқи мақcадҳо ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 29. Ташкили хизматрасонии кассавии буҷетҳо

Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби иҷрои буҷетҳои ҷумҳури ва маҳаллиро муқаррар мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷрои кассавии буҷетҳои ҷумҳури ва маҳаллиро ба воситаи бонкҳо амали менамояд ва метавонад амалиёти барои иҷрои буҷетҳо заруриро ба воситаи муассисаҳои худ ба ҷо оварад.

Моддаи 30. Бонки миллии Тоҷикистон - бонкдор, мушовири молияви ва агент

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молияви ва агенти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлати оид ба масъалаҳои системаи захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонки вобастаанд.

БОБИ V. МУНОСИБАТҲОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО БОНКҲО ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОИ МОЛИЯВИИ UАЙРИБОНКИ

Моддаи 31. Танзими фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии иҷозатдиҳи, назорат ва танзими фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мебошад. Ба ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон чунин ваколатҳо дода мешавад:

- дидани чораҳои дахлдор барои амали намудани ваколатҳо ва вазифаҳои муқарраркардаи ин Қонун бо роҳи иҷозатномадиҳи ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, инчунин таҳияи стандартҳо дар соҳаи назорат ба фаъолияти онҳо, муқаррар кардани тартиби истифодабарии санадҳои меъёри ва чорабиниҳои худ;

- гузаронидани тафтиши ҳамаи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони бомаҳорати ба ин мақсад ҷалб гардида, инчунин тафтиши регистрҳо, ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои онҳо ва риоя намудани қонунгузори аз тарафи онҳо;

- аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки талаб намудани пешниҳоди ахбороти барои назорат ва танзими фаъолияти онҳо зарури, инчунин дидани чораҳо оид ба ислоҳи вазъияти дар онҳо ба амаломада ё татбиқ намудани чораи ҷазои муқарраркардаи қонунгузори.

Моддаи 32. Ташкили ҳисоббаробаркуни дар байни бонкҳо

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оиди амали намудани пардохтҳои байнибонки хизмат расонад, барои ташкили системаи клиринги байнибонки ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркуни мувофиқи санадҳои меъёрии қабулкардааш мусоидат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои мӯҳлатҳои коркарди пардохтҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад. Дар сурати бо айби он зиёда аз мӯҳлати пешбинишуда таъхир ёфтани пардохт Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст барои ҳар рӯзи таъхирёфта назар ба меъёри фоизи ҷори ду баробар зиёд фоиз диҳад.

Моддаи 33. Пешниҳод намудани ахборот

Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар гуна ахборот ва маълумоти талабкардаашро, ки барои амали намудани вазифаҳояш заруранд, пешниҳод кунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ин ахборот ва маълумоти пешниҳодшударо пурра ё қисман мувофиқи категорияҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ки аз рӯи навъи фаъолияташон дараҷабанди шудаанд, нашр намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи ахборотиро барои зарурати системаи бонки таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.

Моддаи 34. Хизматрасонии депозитари

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ҳисобҳо кушояд ва ба ин ҳисобҳо бо пардохти фоизҳо ва гирифтани ҳаққи хизмат маблағ ворид намояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

БОБИ VI. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИ ВА АМАЛИЁТҲОИ АСЪОРИ

Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷи

Бонки миллии Тоҷикистон дар мавридҳое, ки бо қонунгузори ва созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, дар муносибатҳо бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷи, Фонди байналхалқии асъор, Бонки умумиҷаҳони ва дигар ташкилотҳои молиявию кредитии байналхалқи намояндаи манфиатҳои ҷумҳури буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.

Қисми дуюми хориҷ карда шуд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми - танзими асъор ва назорати асъор

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва дигар қонунҳо амали менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор инҳо дохил мешаванд:

- баровардани санадҳои меъёри оид ба танзими амалиёти асъор, ки аз тарафи шахсони воқеи ва юридики, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва мақомоти давлати сурат мегирад;

- додан ва бозхондани иҷозатномаҳо, назорат ва танзими фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои асъори машғуланд, аз ҷумла бонкҳо (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

- муайян кардани тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиётҳои асъори барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

- муайянкунии тарзи муқаррар намудани қурби асъори милли нисбати асъори дигар (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи назорати асъор ҳамчун яке аз агентҳои давлат амал мекунад. Ҳисобот ва маълумотдиҳи оид ба ҳисобҳо ва маълумоти дигар, ки тавассути қонунгузори пешбини шудаанд, аз Бонки миллии Тоҷикистон мегузаронад.

Моддаи 37. Пешниҳоди ҳисобот оид ба амалиётҳои асъори

Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки ба анҷомдиҳии амалиёти асъори иҷозат доранд, вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амалиётҳои асъории худ, инчунин оид ба риояи ҳудудҳои мавқеи озоди асъориашон бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат (Қонун аз

2.12.02с. № 63)

Бонки миллии Тоҷикистон дар баланси худ захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии давлатро ба дараҷае, ки аз нуқтаи назари амали намудани сиёсати пулию кредити ва асъори зарур аст, нигоҳ медорад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилали ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати асъори ё сари вақт иҷро намудани амалиёти байналмиллали зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти захираҳои байналмилали ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, оиди ислоҳи ҳолати баамаломада гузориш пешниҳод мекунад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон то вақте, ки ин ҳолатро ислоҳшуда нашуморад, пешниҳод намудани ҳисобот ва тавсияҳоро давом медиҳад.

Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон

Ба мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои худ ба асъори хориҷи ва таъмини сармояи оинномави аз тағйирёбии қурби асъор Бонки миллии Тоҷикистон як қисми маблағҳои худро бо асъори хориҷи ва дигар активҳои байналхалқи, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналхалқи устувор аст нигоҳ медорад. Зимнан Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи шарту шароите, ки Раёсат муайян мекунад, захираи байналхалқи таъсис медиҳад, ки аз инҳо иборат аст (Қонун аз 2.12.02с. № 63):

1) тилло;

2) асъори хориҷи дар шакли пули коғази (банкнот) ва тангаҳо, ба шумули оне, ки дар хориҷа ҷой дода мешавад;

3) ҳар гуна активи захиравии дар ҷаҳон эътирофшуда, ба шумули ҳуқуқи харидани саҳми захира аз Фонди байналхалқии асъор ва ҳуқуқи қарз гирифтани маблағ аз он;

4) векселҳои интиқолшаванда ва ӯҳдадориҳои қарзи, инчунин векселҳои хазинави ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳо, ташкилотҳои молиявии байналхалқи ба асъори хориҷи бароварда ва кафолатдодашуда ва бо асъори давлати хориҷи пардохташаванда, ки онҳоро Раёсат муайян мекунад;

5) дигар активҳои хориҷи, ки онҳо аз тарафи Раёсат муайян карда мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон идоракунии захираҳои асъории байналмилалии худро бо мақcади ҳимояи онҳо аз беқурбшави ва таъмини пардохтпазириашон ба роҳ мемонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷи

Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

1) ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, ки онҳо мувофиқи қонунҳои дар ҷумҳури амалкунанда ва дар таҷрибаи бонкии байналхалқи қабулшуда мебошанд, иҷро намояд;

2) векселҳои хазинави ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷи ё ташкилотҳои молиявии байналхалқи баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурӯшад, инчунин дигар шартномаҳоеро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналхалқи қабул карда шудаанд, имзо намояд;

3) дар бонкҳои маркази ва муассисаҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;

4) ҳисобҳо кушода, инчунин аз манфиатҳои бонкҳои маркази ва дигар муассисаҳои молиявии давлатҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаги кунад;

5) Бонки миллии Тоҷикистон метавонад созишномаҳои пардохти ва клиринги ё ҳар гуна қарордодҳои ба ин монандро бо муассисаҳои клирингии маркази, оммави ё хусусии мамлакатҳои дигар ҳам аз номи худ ва ҳам аз ном ва бо супориши мақомоти давлати имзо кунад.

Моддаи 41. Фоида ва зарари асъори (истифоданашаванда)

Фоида ва зарари асъор (истифоданашаванда) - и дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои активҳо ва пассивҳои дар шакли тилло, ҳуқуқи махсуси қарзгири ва асъори хориҷи алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нархҳо ё қурби мубодилавии ин активҳо ва пассивҳо нисбат ба асъори милли ба вуҷуд омадаанд, ба тариқи зайл ба ҳисоб гирифта ва ҷуброн карда мешаванд (Қонун аз 2.12.02с. № 63):

1) фоидаи холиси асъори ва зарар (истифоданашаванда) бо маблағи дахлдор ба ҳисоби махсус (аз нав нархгузории воситаҳои асъори) дар баланси Бонки миллии Тоҷикистон баробар карда мешаванд;

2) маблағи дар ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори қайд кардашуда, ки бо зарари холиси асъори мутобиқ аст, бо ӯҳдадориҳои қарзи фоизноки ба савияи бозор баробар, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Бонки миллии Тоҷикистон бароварда ва он дар ҳисоби ҷудогона (қоғазҳои қиматноки ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори) маҳфуз аст, кафолат дода мешавад; баъди чор моҳи хатми соли молияви маблағи умумии базавии ин ӯҳдадориҳои қарзи, ки дорандаи он Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, вобаста ба зарурати барқароркунии мувозинати байни ин маблағ ва маблағи дар ҳисоби аз нав нархгузории воситаҳои асъори ба ҳисоб гирифташуда, ҳамчун зарари холиси асъор дар охири соли дахлдори молияви зиёд ё кам мешавад;

3) фоидаи холис ва зарари дар ин модда зикргардида ҳангоми ҳисоббаробаркунии даромади солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ба тарзи муқарраркардашуда ба назар гирифта мешаванд.

БОБИ VII. ТАНЗИМИ БОНКИ ВА НАЗОРАТ

Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзими бонки ва назорат

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзими бонки ва назорат буда, ба риояи қонунгузори, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла меъёрҳои иқтисодии муқарраркардаи он аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мунтазам назорат мекунад.

Мақсади асосии танзими бонки ва назорат нигоҳдории суботи системаи бонки, ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти оперативии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории ҷумҳури пешбини кардааст.

Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳои барои ҳамаи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ҳатмии гузаронидани амалиёти бонки, бурдани ҳисоби бухгалтери, тартибдиҳи ва пешниҳоди ҳисоботи бухгалтери ва омориро муқаррар мекунад.

Барои амали намудани вазифаҳои худ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ахбороти заруриро дар бораи фаъолияташон дархост намуда ва оид ба ахбори гирифташуда тавзеҳот талаб намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонки ва молияви, таҳлили вазъияти иқтисоди метавонад аз мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурияви ахбороти даркориро дархост намуда гирад.

Бонки миллии Тоҷикистон ахбори умумии омори ва таҳлилиро дар бораи системаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамояд.

Моддаи 43. Бақайдгирии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва ба онҳо додани иҷозатнома

Бонки миллии Тоҷикистон бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкиро дар Китоби сабти давлати ба қайд мегирад, ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои ба ҷо овардани амалиёти бонки иҷозатномаҳо медиҳад ва онҳоро бозхонда мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон нисбати роҳбарон сарбухгалтерони бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва бахшҳои онҳо талаботи тахассуси пешниҳод мекунад, ҳар ду сол дар хусуси ба вазифаи ишғолкарда муносиб будани онҳо аттестатсия мегузаронад.

Моддаи 44. Дар бораи тартиби хариду фурӯши ҳиссаҳои (аксияҳои) бонк ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки

Харидани зиёда 5 фоизи ҳиссаҳои (аксияҳои) бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки аз тарафи як шахси юридики ё шахси воқеи ё аз тарафи гурӯҳи шахсони юридики ва (ё) шахсони воқеи, ки байни худ бо шартнома алоқаманд ҳастанд ё гуруҳи шахсони юридикии фаръи ё ба якдигар вобаста, огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон ва дар сурати аз 20 фоиз зиёд будан мувофиқаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро талаб мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз 30 рӯз аз лаҳзаи гирифтани дархост ба муроҷиаткунанда ба таври хатти дар бораи қарори худрозиги ё радкуни хабар медиҳад. Радкуни бояд асоснок кардашуда бошад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар давоми мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, муомилаи хариду фурӯши ҳиссаи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки ҳалшуда шуморида мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи амали намудани вазифаҳои назоратии худ метавонад дар бораи вазъи молияви ва обрӯю эътибори кори иштирокчиёни (саҳомони) ташкилоти молиявии ғайрибонки, ки зиёда аз 20 фоизи ҳиссаи (акцияи) бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкиро хариданд, маълумот дархост намуда гирад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар сурати маълум намудани вазъи молиявии ғайриқаноатбахши харандагони ҳиссаҳо (аксия) ба додани мувофиқа барои муомилоти хариду фурӯши зиёда аз 20 фоизи ҳиссаҳои (аксияҳои) бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки рози нашавад.

Харидани ҳиссаҳои бонк ва дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки аз ҳисоби воситаҳои ғайрирезидентҳо тавассути қонунгузории ҷумҳури танзим мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дархости хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда ошкор намудани қаллобии молияви ва амалиёти "шустани" пул ба салоҳияти онҳо тааллуқ дорад, ба мӯҳлати ҳафт рӯз амалиёти бонкиро, ки тибқи санади меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон дорои нишонаҳои амалиёти шубҳаноки "шустани" пули бо роҳи ғайриқонуни бадастомада мебошанд, боз дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақомоти хориҷии назорати бонки оиди масъалаҳои назорат ба бонкҳо, ки фаъолияти худро дар доираи назорати дахлдори қонунии онҳо амали менамояд ҳамкори кунад.

Моддаи 45. Меъёрҳои иқтисодие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад

Бо мақсади татбиқи вазифаҳои танзими фаъолияти бонкҳо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои байналмилали чунин меъёрҳои иқтисодиро муқаррар ва амали менамояд:

1) андозаи камтарини (ҳадди ақали) сармояи оинномави барои бонкҳои навтаъсис, андозаи камтарини (ҳадди ақали) воситаҳои (сармояи) худи барои бонкҳои амалкунанда. Андозаи камтарини (ҳадди ақали) воситаҳои (cармояи) худи ҳамчун маҷмӯи сармояи оинномави, фондҳои бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки ва фоидаи тақсимнашуда муқаррар карда мешавад;

2) андозаи ниҳоии (максималии) қисми ғайрипулии сармояи оинномави;

3) андозаи ниҳоии (максималии) таваккал (риск) барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста, ки нисбати якдигар тобеъ ё асоси ва фаръи мебошанд, бо фоиз аз воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқаррар карда мешавад. Ҳангоми муқаррар кардани таваккал ҳамаи маблағи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, ки ба қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста дода шудааст, инчунин кафолат ва замонате, ки аз тарафи бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ба қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам вобаста дода шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад;

4) меъёри пардохтпазири. Ин меъёри бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки чунин муайян карда мешавад:

- таносуби байни активҳо ва пассивҳои он бо дарназардошти мӯҳлат, маблағ, навъи активҳо, пассивҳо ва омилҳои дигар;

- таносуби активҳои пардохтпазир (захираҳои пули нақд, талаботи дархости, коғазҳои қиматноки кӯтоҳмуддат, дигар активҳои зуд ба фурӯшраванда) ва активҳои умуми;

5) меъёри кифоятии сармоя. Меъёри кифояти сармоя ҳамчун таносуби ниҳоии маблағи умумии воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва маҷмӯи активҳои бо дарназардошти таваккал баҳододашуда муайян карда мешавад;

6) андозаи таваккали асъори, фоизи ва таваккалҳои дигар. Бонки миллии Тоҷикистон андозаҳо ва тартиби баҳисобгирии мавқеи кушодаи бонкҳоро аз рӯи таваккалҳои асъори, фоизи ва таваккалҳои дигар танзим мекунад;

7) меъёри истифодаи воситаҳои (сармояи) худии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои харидани cаҳмҳои (ҳиссаи) дигар шахсони ҳуқуқи. Меъёри истифодаи воситаҳои (сармояи) худии бонкҳо ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дигар шахсони ҳуқуқи ҳамчун таносуби маблағҳои сармоягузоришаванда (инвеститсияшаванда) ва воситаҳои (сармояи) худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқарар карда мешавад. Андозаи меъёри истифодаи воситаҳои (сармояи) худи барои харидани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) аз 20 фоизи воситаҳои худии бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки зиёд буда наметавонад;

8) андозаи ниҳоии (максималии) кредитҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонк ба саҳомони (иштирокчиёни) худ додааст, ҳамчун фоизи муайян аз воситаҳои худии бонк муайян карда мешавад. Меъёри мазкур аз 20 фоизи воситаҳои бонк ё дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки зиёд буда наметавонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 46. Методикаи муайянкунии воситаҳои худи, активҳо, пассивҳо ва андозаи таваккал барои ҳар меъёр

Бонки миллии Тоҷикистон методикаи муайянкунии воситаҳои худи, активҳо, пассивҳо ва андозаҳои таваккалро аз рӯи активҳо барои ҳар кадом аз меъёрҳо бо назардошти стандартҳои байналхалқи ва машварати бонкҳо муқаррар мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашуда ва методикаи ҳисобу китоби онҳоро аз рӯи намудҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки муқаррар намояд.

Дар бораи тағйироти ояндаи меъёрҳо ва методикаҳои ҳисобу китоби онҳо Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз як моҳи мавриди амал қарор дода шудани онҳо расман эълон мекунад.

Моддаи 47. Тафтиши фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонки

Бонки миллии Тоҷикистон барои амали намудани вазифаҳои худ дар соҳаи танзим ва назорати бонки тафтиши бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва бахшҳои онҳоро мегузаронад, ба онҳо оиди бартарафсозии вайронкуниҳои дар фаъолияташон ошкоркардашуда дастурҳои иҷрояшон ҳатми мефиристад ва нисбати вайронкунандагон чораҳоеро, ки қонунгузори пешбини намудааст, татбиқ мекунад.

Тафтишҳо аз тарафи намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши он аз тарафи ширкати аудитори гузаронида шуда метавонад, ки он ҳуқуқ дорад ҳисобот ва дигар ҳуҷҷатҳои бонкро гирифта, тафтиш намояд, дар сурати зарурат аз ҳуҷҷатҳои дахлдор нусха гирад.

Тартиби гузаронидани тафтиши бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки, аз ҷумла муайянкунии вазифаҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки барои мусоидат ба гузаронидани тафтиш аз тарафи Раёсат мувофиқи қонунгузори оиди бонк муайян карда мешавад.

Моддаи 48. Тадбриҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф намудани вайронкунии қонунгузори оиди бонк меандешад

Дар сурати аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки вайрон кардани қонунҳои ҷумҳури, санадҳои меъёри ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пешниҳод накардани ахборот, пешниҳод кардани ахбороти нопурра ва носаҳеҳ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки бартараф намудани вайронкуниҳои ошкор кардашударо талаб кунад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Агар амрномаҳои муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон оиди бартараф намудани вайронкуниҳо иҷро карда нашаванд, инчунин дар сурате, ки ин вайронкуниҳо ё амалиёти аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки иҷрошаванда ба манфиатҳои кредиторон (амонатгузорон) таҳдиди воқеи ба вуҷуд оварад, Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории бонки ҳуқуқ дорад:

1) аз ҳисоби муросилотии бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки бе супориши онҳо то 1 фоиз аз андозаи камтарини сармоя ё воситаҳои худии онҳо ҷарима ситонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) ба бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки инҳоро тавсия намояд:

а) андешидани тадбирҳо оиди солимгардонии молияви, аз ҷумла тағйир додани сохтори активҳо;

б) иваз намудани роҳбарияти бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки;

3) иваз намудани сохтори бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонкиро талаб намояд;

4) барои бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки меъёрҳои ҳатмиро ба мӯҳлати то шаш моҳ тағйир диҳад:

5) аз тарафи бонк ё дигар ташкилоти молиявии ғайрибонки ба ҷо овардани баъзе амалиёти бонкиро, ки дар иҷозатномаи додашуда пешбини гардидаанд, ба мӯҳлати то як сол, инчунин кушодани бахшҳоро ба мӯҳлати то як сол манъ кунад;

6) барои идоракунии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки, ба мӯҳлати то шаш моҳ маъмурияти муваққати таъин намояд (Қонун аз

2.12.02с. № 63);

7) иҷозатномаи барои амали намудани амалиёти бонки додашударо бо тартибе, ки дар қонунҳои ҷумҳури пешбини гардидааст, бозхоста гирад.

Моддаи 49. Тартиб ва асос барои таъин намудани маъмурияти муваққати (мудири муваққати)

Бонки миллии Тоҷикистон маъмурияти муваққатиро (мудири муваққатиро) барои идоракунии бонк ва сариштакунии амволи он дар сурати мавҷуд будани як ё якчанд ҳолатҳои зерин таъин менамояд:

1) вақте, ки бонк ғайриқобили пардохт бошад - ин чунин маъни дорад:

а) бонк аз ӯҳдаи иҷрои талаботи амонатгузорон ё пардохтани ӯҳдадориҳои худ баромада наметавонад;

б) арзиши пассивҳои бонк аз арзиши активҳои он, ки мувофиқи стандартҳои таъинкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудаанд, зиёд аст;

в) ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳдид ё ногузирии ба амал омадани ҳолатҳои дар зербандҳои "а" ва "б" - и модда зикршуда вуҷуд дорад;

2) вақте, ки бонк ба таври дигар дар ҳолати хатарнок ё нохуб қарор дорад.

Моддаи 50. Дараҷаи тахассус ва статуси мудири муваққати

Инҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мудири муваққати таъин шуда метавонанд:

1. намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2. шахс ё шахсони дигар зимнан дар ин маврид мудири муваққати:

а) бояд касе бошад (ё, дар сурати шахси юридики будан, шахси мансабдори асоси дошта бошад, ки маъмурияти муваққатиро роҳбари кунад), ки ба ақидаи Бонки миллии Тоҷикистон, дорои тахассуси олии касби ва виҷдони пок бошад;

б) агар вай шахси юридикии дорои масъулияти маҳдуд бошад, бояд замонати даркори ё дигар кафолати молиявии иҷрои ӯҳдадориҳои худро пешниҳод кунад;

в) вай бояд аз ҳама ҷиҳат ба Бонки миллии Тоҷикистон тобеъ бошад ва барои иҷро накардани вазифаҳои мудири муваққати, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз тарафи он аз вазифа барканор карда шуда метавонад;

г) подоши муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ва аз тарафи бонки дар он маъмурияти муваққати ҷоришуда пардохташавандаро гирад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

д) ҳар меъёр ва талаботи дигарро, ки Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи санади меъёри муқаррар мекунад, риоя намояд.

Моддаи 51. Натиҷаи таъин намудани маъмурияти муваққати

Баъди мувофиқи моддаи 49 ин Қонун таъин шудани маъмурияти муваққати:

1) ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои бонк, аз ҷумла нисбати активҳои он, ки моликон, амонатгузорон ё мудирон доранд, худ аз худ боздошта шуда, ба тартиби муқарраркардаи Қонун ба мудири муваққати дода мешаванд. Роҳбарияти бонк ҳуқуқ надорад ба дода шудани ҳамаи ҳуқуқҳо ба мудири муваққати в ҳуқуқҳои худро иҷро намудани вай мамониат расонад:

2) мӯҳлате, ки (мувофиқи Қонун, шартнома ё ба таври дигар муайян карда шудааст), бо сипари гардидани он ҳар гуна талаб ё ҳуқуқи бонк қатъ меёбад ё адо карда мешавад, худ ба худ аз рӯзи сипаришави шаш моҳ дароз карда мешавад;

3) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдори нисбати ҳар актив ё амволи бонк бекор карда мешавад ва ба мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққати барои ба амал омадани ҳабси нав ё ҳуқуқи нигоҳдори нисбати ягон хел активҳо ё амволи бонк роҳ дода намешавад, бо назардошти он ки ин қоида нисбати инҳо татбиқ намегардад:

а) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдори, ки шаш моҳ (ё дувоздаҳ моҳ дар сурати ҳабс ё ҳуқуқи нигаҳдори ба фоидаи ҳар cаҳом, мудир ё кормандони бонк) пеш аз дар бонк таъин шудани маъмурияти муваққати, эътибор пайдо кардааст;

б) ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдори, ки аз тарафи мудири муваққати барои иҷрои моддаи 55 ин Қонун татбиқ шудааст;

в) варақаи иҷро, ки то лаҳзаи таъиншавии маъмурияти муваққати мувофиқи қарори қабулгардида бароварда шудааст, агар маблағи он аз меъёре, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад, зиёд набошад;

г) ҳар гуна пардохтҳо ё додани активҳо ё амволи бонк, ки дар давоми се моҳи то лаҳзаи бонкро соҳиби намудани мудири муваққати (ё дар давоми дувоздаҳ моҳи то лаҳзаи бонкро соҳиби намудани мудири муваққати, агар пардохт ё таҳвил ба фоидаи молик, мудир, корманд ё бахши бонк сурат гирифта бошад), беэътибор дониста мешаванд, агар онҳо дидаю дониста иҷро карда шуда бошанд, ё натиҷаи ба таҳвилгиранда додани ҳуқуқи афзалиятнок нисбати дигар кредиторон бошад.

Ин қоида татбиқ намешавад:

- нисбати пардохти амонатҳо бо назардошти ҳар амонатгузор ба он маблағе, ки аз меъёри муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар санади меъёрии дахлдор зиёд нест;

- нисбати додани актив ё амвол дар рафти муомила дар бадали ҷуброни арзиши, ки ба арзиши одилонаи бозории актив ё амволи додашуда баробар аст;

- нисбати пардохти подоши одди ва ёрдампулиҳо (ба истиснои инъомҳо ва пардохтҳои махсус) ба мудир ё кормандони бонк.

Моддаи 52. Тадбирҳое, ки аз тарафи мудири муваққати андешида мешаванд

Мудири муваққати баъди таъиншави фавран чунин тадбирҳо меандешад:

1) тадбирҳои зарури барои эълон кардани маъмурияти муваққати , ки ин корҳоро низ дарбар мегиранд:

а) дар ҳамаи утоқҳои кории бонк овехтани эълон оиди дар бонк муқаррар шудани маъмурияти муваққати мувофиқи ин Қонун бо зикри сана ва вақти мавриди эътибор қарор гирифтани маъмурияти муваққати (вале на пештар аз овехта шудани эълон):

б) чоп намудани чунин эълон дар рӯзномаҳое, ки умуман дар Тоҷикистон ва маҳалҳо, ки шӯъбаҳои бонк мавҷуданд, паҳн мешаванд;

в) ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристодани нусхаҳои чунин эълонҳо дар давоми се рӯзи баъд аз овехтани эълонҳо ва чоп карданашон;

2) андешидани ҳамаи тадбирҳо барои барқарор кардани назорат ба бонк ва ба идораи худ даровардани он. Ин гуна тадбирҳо боз инҳоро дар бар мегиранд:

а) гирифтани тамоми амвол, ҳуҷҷатҳо ва дигар активҳои бонк, аз ҷумла он чи ба муассисаҳои фаръии он, ки бонкҳо мебошанд, тааллуқ доранд.Дар сурати ба мудири муваққати барои амали намудани ваколатҳояш мамониат кардани роҳбари бонк вай метавонад барои ёри ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад, ки онҳо бояд бо роҳи истифодаи қувва ба мудир барои ба утоқҳои бонк даромадан ё барқарор намудани назорат ба активҳои он ёри расонанд (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

б) аз кор барканор намудани он аъзоёни роҳбарияти бонк ва кормандонаш, ки инро мудири муваққати барои амали гардидани мақсади маъмурияти муваққати зарур мешуморад;

в) иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани кодҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи бонк амал мекунанд, инчунин дигар маҳдудиятҳои ба объектҳо ва активҳои бонк иҷозат доштан барои ҳама, ғайр аз шумораи маҳдуди кормандони боваринок;

г) огоҳ намудани бонкҳои ҳамкоридошта, бақайдгирандагон ва агентҳое, ки бо коғазҳои қиматнок кор мекунанд, инчунин идоракунандагони активҳои берунии бонк дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи бонк дастурҳо медоданд;

д) умуман боздоштани пардохтҳо аз рӯи тақcимоти сармоя ва ҳар гуна пардохт ба шахсони мансабдор, мудирон ва моликони асосии бонк, ба он шарте, ки подошҳои асоси ба шахсони мансабдор ва мудирон барои хизматҳои ба сифати шахсони мансабдор ва мудирони бонк анҷом додаашон пардохта шуда тавонад.

Маъмурияти (мудири) муваққати чунин тартиби амалиётро интихоб мекунад, ки он ба ақидаи вай, барои таъмини ҷамъкунии андозаи максималии активҳои бонк имконияти бештар медиҳад ё манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторони дигарро беҳтар ҳимоя мекунад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққати

Мудири муваққати дар давоми чилу панҷ рӯзи баъд аз таъин шуданаш дар бораи вазъи молияви ва пешомади бонк барои баррасии Раёсат ҳисоботи хатти пешниҳод мекунад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Дар рафти таҳлили чунин пешомад мудири муваққати, балансҳои намунави тайёр намуда, камбудиҳоро ҳуҷҷат мекунад, ки дар асоси онҳо таҳлил гузаронида мешавад, ба шумули таҳлили меъёрҳои фоизи, суръати баргардонидани кредитҳо, арзиши нигаҳдории активҳо ва ӯҳдадориҳои шарти.

Мудири муваққати дар ҳисоботи худ яке аз инҳоро дохил менамояд:

1) нақшаи муфассали барқароркунии бонк мувофиқи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва барқароркунии ҳуқуқи саҳомон, ки барои иҷрои банди 1 моддаи 51 ин Қонун боздошта шудааст;

2) нақшаи дигаргунсозии сохтори бонк бо роҳи супурдани як қисм ё тамоми пассивҳои он ба як ё якчанд бонкҳои дигар, инчунин агар имкон бошад харидани як қисм ё тамоми активҳои бонк аз тарафи як ё якчанд бонкҳои дигар; ё

3) тавсияҳо дар бораи бозхонди иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонки (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Мудири муваққати инҳоро низ ба ҳисобот дохил мекунад:

1) ҳисоби маҷмӯи активҳое, ки онро ҳангоми барҳамдиҳии бонк дар давоми шаш моҳи баъди таъиншавии мудири муваққати фурӯхтан зарур аст (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) агар ҳисобот нақшаи мувофиқи зербандҳои 1 ва 2 қисми ин модда сохташударо дар бар гирад, ҳисоби эҳтимоли дар давоми шаш моҳи баъди таъиншавии мудири муваққати бомувафаққият амали гардидани нақша (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 54. Қарорҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми баррасии ҳисоботи маъмурияти (мудири) муваққати қабул мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи маъмурияти (мудири) муваққати дар муддати понздаҳ рӯз яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

а) дар бораи тасдиқ намудани нақшаи барқароркунии дигаргунсозии сохтори бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки;

б) дар бораи бозхонди иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонки ва пешниҳоди талабот ба суд оид ба барҳамдиҳии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 55. Амали намудани нақша оиди барқароркуни ё дигаргунсозии сохтори бонк

Агар Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи бандҳои 1 ё 2 қисми сеюми моддаи 53 ин Қонун нақшаи барқароркуни ё дигаргунсозии сохтори бонкро тасдиқ кунад, мӯҳлати маъмурияти муваққати аз рӯи зарурат дароз карда мешавад ва мудири муваққати нақшаро мувофиқи супориши барояш додашуда иҷро мекунад.

Зимнан мудири муваққати (Қонун аз 2.12.02с. № 63):

1) аз рӯи зарурат ҳама ва ҳар кадом аз ваколатҳои зеринро амали менамояд:

а) амалиётро давом диҳад ё қатъ кунад;

б) бо таъминоти амволи муассиса ё бидуни таъминот ба шарти риоя намудани ҳар гуна меъёрҳое, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои ин мақсадҳо муқаррар карда мешаванд, қарзҳо ҷалб кунад;

в) пардохти ҳар гуна ӯҳдадории бонкро боздорад ё маҳдуд кунад;

г) меъёри фоизҳоеро, ки аз рӯи ӯҳдадориҳо пардохта мешаванд, тағйир диҳад, ба шарти он ки баъди тағйир додани онҳо ин гуна меъёрҳо аз меъёрҳои дар бозори дахлдор амалкунанда пасттар буда наметавонанд;

д) шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони заруриро ба кор гирад;

е) ҳар гуна шартномаи кироягири, қарордод барои хизматрасони ё шартномаи иҷораро , ки иштирокчии он бонк мебошад, қатъ кунад;

ж) ахборотро дар бораи бонкҳо ва амалиёти онҳо, ки дар баъзе ҳолатҳо сирри махфи мебошанд, ифшо намояд, вале фақат дар он ҳолат ва ба чунин андозае, ки ин гуна ахборот барои риояи яке аз тартиби амалиёти дар моддаи 54 ин Қонун зикршуда зарур аст (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

з) ҳар гуна мол ё хизматрасони ё амволи дигарро аз номи бонк харад ва фурӯшад;

и) ҳар гуна пардохтро амали намояд ва ҳар гуна воситаро аз номи бонк тартиб диҳад, инчунин аз рӯи ҳар гуна даъво ё амали процессуали даъвогар ё ҷавобгар бошад ва чунин амалиётро анҷом диҳад;

2) ҳангоми амали намудани ваколатҳое, ки дар банди 1 ин модда зикр шудаанд, амалиётҳо ва доду гирифти барои солимгардонии вазъи молиявии бонк, беҳбудии пардохтпазирии активҳои зарури, ба шумули ҳар кадом аз муомилоту доду гирифти зеринро, ки мувофиқи мақсад дониста мешаванд, анҷом диҳад (Қонун аз 2.12.02с. № 63):

а) феҳристи муфассали ҳамаи кредитҳои баргардониданашударо бо зикри маблағ, мӯҳлат, шарту шароити дигар, таъминот, ҳолати пардохт ва усули бо қарзгирон робита карданро таҳия намояд (Қонун аз 2.12.02с. №

63);

б) бо ҳамаи қарзгирони дар феҳристи зербанди "а" ин банд зикршуда робита кунад ва ҳамаи маблағҳои мӯҳлати пардохташон гузаштаро талаб кунад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

в) оиди баргардонидани тамоми чунин маблағҳои мӯҳлати пардохташ гузашта минбаъд тадбирҳо андешида, барои ин чораҳои пешбиникардаи қонунгузориро истифода намояд;

г) барои пурра ё қисман ҷуброн намудани чунин маблағҳои мӯҳлати пардохташон гузашта воситаи таъминотро гирад ва фурӯшад (Қонун аз

2.12.02с. № 63);

д) додани воситаи таъминот (ё воситаи таъминоти иловаги) ё кафолатро нисбати ҳар гуна қарзе, ки ба феҳристи дар зербанди "а" банди зикршуда дохил карда шудааст ва мӯҳлати он қарз нагузаштааст, талаб кунад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

е) бо қарзгирон дар бораи аз нав дида баромадани шароити чунин қарзҳо, ба шумули кам кардани мӯҳлати адои онҳо ва тезонидани адои онҳо ба як қарор ояд;

ж) дар бораи ба бонкҳои дигар ё шахсони дигар фурӯхтани қарзҳои пардохтнашуда ё аз тарафи бонкҳо ё шахсони дигар кафолат додани онҳо ба як қарор ояд;

з) ҳамин тавр тадбирҳоро оиди баргардонидани воситаҳо аз тарафи дигар дебиторони бонк андешад:

и) нисбати ҳар гуна тадбирҳое, ки дар зербандҳои "а, б, в, г, д, е, ж" ин банд зикр гардидаанд, ахборот нашр намояд, то ки ба қарзгирони беинсоф ё ӯҳдадориҳои худро иҷро намекардаги таъсир расонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

3) дар сурати мавҷуд будани дастурҳои дахлдор Раёсат вақт-вақт ба нақша тағйирот медарорад ё иҷрои нақшаро қатъ карда, ба амалиёти алтернативи иқдом мекунад;

4) агар нақша дигаргунсозии сохтори бонкро пешбини кунад, ҳуқуқ дорад:

а) то қадри имкон ба пастшавии арзиши пассивҳо роҳ надиҳад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

б) нисбати ҳар амонатгузор баҳисобгирии, ӯҳдадориҳоро аз рӯи пасандозҳо ба ҳисоби ҳар гуна адокунии қарзи аз тарафи чунин амонатгузор додашаванда амали намояд.

Маъмурияти (мудири) муваққати оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқаррар намудаи Раёсат ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 56. Анҷом ёфтани фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати

Фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати ҳангоми бартараф карда шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардидаанд, ба анҷом мерасад.

Бо ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти ( мудири) муваққати бинобар солимгардии ҳолати молиявии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбати онҳо, мақомоти идоракуни, шахсони мансабдори онҳо муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд.

Ҳамаи он тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсиси, мақомоти идоракуни ва ҳайати кормандони бонк ё ташкилоти моливии ғайрибонки, ки тибқи қонунҳои меҳнат ҳангоми фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати дароварда шудаанд, амал мекунанд.

Агар фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати оид ба барқароркуни ё дигаргунсозии бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки боиси солимгардии ҳолати молиявии онҳо нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи гузаронидани амалиёти бонкиро бозхонда, ба суд талаби барҳам додани бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкиро пешниҳод менамояд.

Дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти (мудири) муваққати Бонки миллии Тоҷикистон қарор мебарорад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 57. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).
Моддаи 58. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).
Моддаи 59. Хориҷ карда шуд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

БОБИ VIII. НИЗОМИ ПУЛИ ВА ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ ПУЛИ (Қонун аз 2.12.02с. № 63)

Моддаи 60. Низоми пули

Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 61. Ҳуқуқи эмиссияи пули коғази (банкнот) ва тангаҳо

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истиснои эмиссияи (баровардани) пули коғази (банкнот) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Пулҳои коғази ва тангаҳое, ки ҳамчун воситаи пардохт бароварда шуда ва аз гардиш гирифта нашудаанд, аз рӯи арзиши номиналиашон барои пардохти ҳар гуна ӯҳдадориҳои қарзи, инчунин барои гузоштан ба ҳисобҳо, амонатҳо ва барои интиқол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Моддаи 62. Тавсифи асъори милли

Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номинали, андоза, вазн, ороиш ва дигар тавсифҳои пули коғази ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.

Моддаи 63. Чоп кардани нишонаҳои пули ва чораҳои амнияти

Бонки миллии Тоҷикистон чоп кардани пулҳои коғази ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини нигоҳдории бехатарии нишонаҳои пули, ки ба муомилот дароварда нашудаанд, мусодира ва нест кардани пулҳои коғази ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон тартиби барои истифода коршоямии нишонаҳои пули ва иваз намудани банкнотҳо ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайян намудани короии нишонаҳои пули ва иваз намудани онҳо чоп карда мешавад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Иваз намудани асъори милли, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошад, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғази ва тангаҳоеро, ки фарсуда ва корношоям шудаанд, аз муомилот гирифта нест мекунад ва ба дигар пулҳои коғази ва танга иваз менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Моддаи 64. Бо нишонаҳои пули таъмин намудан

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарури барои бо нишонаҳои пули таъмин намудани иқтисодиёти мамлакат асъори милли мебарорад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Моддаи 65. Аз муомилот гирифтани нишонаҳои пули

Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғази ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, бар ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғази ва тангаҳо барорад (Қонун аз

2.12.02с. № 63).

Баъди ба охир расидани давраи ивазкуни, ки ба гирифтани пулҳои коғази ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғази ва тангаҳо ивазнамудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғази ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот гирифташуда дигар ҳамчун воситаҳои ҳисоббаробаркуниҳо буда наметавонанд.

Моддаи 66. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори милли сурат мегирад, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузори пешбини кардааст.

Тартиб ва шарту шароити ҳисоббаробаркуни бо асъори хориҷи аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян мекунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақди дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ менамояд.

БОБИ IХ. ҲИСОБОТДИҲИ ВА НАЗОРАТИ БУХГАЛТЕРИ

Моддаи 67. Соли молияви

Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 май сар шуда, 30 апрел ба охир мерасад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳисобдори ва таҳияи ҳисоботи молиявии худро мувофиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молияви ба роҳ монад (Қонун аз 9.12.04с. № 63).

Моддаи 68. Ҳисоботи солона

Баъди ба охир расидани соли молияви Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки дар он баланс ҳисоби фоида ва зарар, баланси умумии системаи бонкии ҷумҳури ва дигар ҳуҷҷатҳои зарури зикр мегардад.

Дар ҳисоботи солона методологияи баҳисобгирии бухгалтери нишондода мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молияви аз он истифода намудааст.

Моддаи 69. (Қонун аз 9.12.04с. № 63)
Моддаи 70. Пешниҳод ва чоп кардани ҳисобот

Бонки миллии Тоҷикистон бо хатми соли молияви на дертар аз 25 август ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро пешниҳод менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63):

1) ҳисоботи молияви бо хулосаи ширкати аудитори;

2) гузориш дар бораи фаъолият ва амалиёти худ дар соли ҷори ва самтҳои асосии сиёсати пулию кредити ва асъори.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳисобот ва гузориши дар қисмҳои 1 ва 2 ин модда зикршуда, инчунин ҳар гуна ахбороти дигар ва тадқиқотро оид ба масъалаҳои молияви ва иқтисоди чоп кунад.

БОБИ Х. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 71. Сохтор ва мақомоти идоракуни (Қонун аз 2.12.02с. № 63)

Бонки миллии Тоҷикистон аз дастгоҳи маркази ва муассисаҳои минтақави иборат аст (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиали буда, самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, роҳбари ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро амали менамояд.

Раёсат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва се нафар аъзои он, ки бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, иборат мебошад (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи баъдии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони вай - аъзоёни Раёсат дар сурати истеъфо додан, инчунин дар сурати сӯистифода аз вазифа ё иҷро карда натавонистани вазифаҳои худ то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳояшон озод карда шуда метавонанд.

Дар сурати аз вазифа барканоршавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони вай, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.

Моддаи 72. Ваколати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:

1) аз номи Бонки миллии Тоҷикистон амал мекунад ва бе ваколатнома намояндаи манфиатҳои он дар муносибат бо мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлати, ташкилоти кредити, ташкилотҳои давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналхалқи мебошад, шартномаҳо мебандад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад;

2) дар ҷаласаҳои Раёсат раиси мекунад;

3) ба санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мекунад;

4) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

5) маоши вазифавии муовинони Раис ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;

6) фармонҳоро имзо мекунад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои ҳамаи хизматчиёни бонк ва муассисаҳои он ҳатми мебошад.

7) барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул мебошад, амали намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.

Дар вақти набудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои онро муовини аввал, дар набудани муовини аввал, яке аз муовинон иҷро менамояд.

Моддаи 73. Вазифаҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

Раёсат ҳангоми амали намудани вазифаҳои худ маърӯзаҳоро дар бораи вазъияти иқтисоди ва пулии давлат муҳокима мекунад. Бо ин мақсад муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - муовини Раиси Раёсат вақт - вақт аз тарафи департаментҳо, мудириятҳо ва шӯъбаҳо пешниҳод намудани гузоришҳоро дар бораи:

1) идоракунии амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон ва амали намудани онҳо;

2) амали ва танзим кардани сиёсати пули;

3) вазъияти системаи бонки;

4) вазъияти бозори молияви ва асъори;

5) гузоришҳои дигарро бо қарори Раёсат таъмин мекунад.

Моддаи 74. Ваколатҳои Раёсат

Раёсат ваколатҳои зерин дорад:

1) сиёсати пулии давлат, аз ҷумла, маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизи аз рӯи депозитҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шароити додани кредитҳо, намудҳо ва андозаи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, таҳия менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) сиёсати асъории давлат, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби асъори миллиро анҷом медиҳад;

3) санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро барои татбиқи умуми қабул ва тасдиқ менамояд;

4) гузориш ва тавсияҳоеро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барраси ва маъқул медонад (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

5) дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқи қарорҳо қабул менамояд;

6) арзиши номинали, ороиши пулҳои коғази ва тангаҳо, тартиби ба муомилот даровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;

7) додани ҳар кредитро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки моддаи 25 ин Қонун муқаррар кардааст, тасдиқ менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

8) камаш бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзоёни Раёсат, ки дар маҷлис ҳозиранд, додани ҳар як кредит ё истифодаи дигар воситаҳои молиявиро ба манфиати бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонки мувофиқи қисми сеюми моддаи 21 ин Қонун тасдиқ мекунад;

9) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

10) гузоришҳо ва ҳисоботи ҳарсолаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

11) дар бораи баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, андоза ва шарту шароити баровардани он қарор қабул мекунад;

12) ӯҳдадориҳои қарзиро ки барори инвестицияи Бонки миллии Тоҷикистон короям аст, муайян мекунад;

13) сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад ва маоши вазифавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

14) мувофиқи қонунҳои ҷори тартиб ва шароити ба кор қабул намудани кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;

15) шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;

16) сметаи даромад ва хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

17) ҳар гуна айбдоркуниро оиди сӯиистифодаи мансаби расми ва вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани аъзоёни Раёсат барраси намуда, дар сурати асоснок донистани ин гуна айбдоркуниҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристонад.

18) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ доштаро барраси мекунад.

Моддаи 75. Маҷлиси Раёсат

Маҷлиси Раёсат аз тарафи Раиси Раёсат ё муовини вай камаш моҳе як маротиба даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.

Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахси, тиҷорати, молияви ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, ба шумули Раис ё муовинони вай, дахл дошта бошад, пас аъзои мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд изҳор намояд ва ӯ ҳақ надорад дар овоздиҳи аз рӯи ин масъала иштирок намояд.

Дар бораи даъвати маҷлис камаш се рӯзи кори пеш хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқуллодда, ки маҷлисҳои Раёсат фаври даъват шуда метавонанд. Ба аъзоёни Раёсат рӯз, ҷои гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.

Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, ки дар он аз нисф зиёди аъзоёни Раёсат, ба шумули Раиси Раёсат, ҳузур дошта бошанд.

Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад пӯшида гузаронида шаванд.

Ҳар як аъзои Раёсат, ки дар маҷлис ҳузурдошта, дорои ҳуқуқи овоздиҳи мебошад, ба шумули Раиси Раёсат ва муовини вай, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои ҳуқуқи овози ҳалкунанда мебошад.

Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба тариқи ҳозиршави, бидуни даъват намудани маҷлис қабул карда шуда метавонад.

Қарори Раёсат дар ҳар ҳолат бо аксарияти оддии овозҳои аъзоёни Раёсат, ки ҳуқуқи аз рӯи масъала овоздиҳи доранд, қабул карда мешавад.

Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.

Қарори Раёсат ба сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.

Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мекунанд.

БОБИ ХI. ХИЗМАТЧИЁНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 76. Хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон

Шарту шароити ба кор гирифтан, аз кор холи кардан, пардохти музди меҳнат, вазифаҳои хизмати ва ҳуқуқҳо, муҷозоти интизомии хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ки Раёсат мувофиқи қонунгузории ҷумҳури тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешаванд (Қонун аз 2.12.02с. № 63).

Хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон:

1) наметавонанд дар як вақт дар ду ҷой, инчунин дар асоси шартномаи меҳнати ё қарордоди пудрати (ба истиснои фаъолияти муаллими ва тадқиқоти -илми), кор кунанд; аз шахсони воқеи ва юридики ягон хел пул гиранд (ба истиснои ҳаққи қалам барои нашр ё музди муаллими дар муассисаҳои таълими);

2) ҳуқуқ надоранд дар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки ва ташкилотҳои дигар вазифаеро ишғол намоянд;

3) вазифадоранд дар сурати гирифтани ҳиссаи (саҳмияи) ташкилотҳои кредити дар мӯҳлати даҳ рӯз Раёсатро огоҳ кунанд.

Хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои, руйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд фақат дар Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахси кредит гиранд.

Хизматчиёни Бонки миллииТоҷикистон вазифадоранд, ки оиди ҳар кредити аз дигар бонкҳо гирифтаашон ба мақоми назорати дохилии Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд, ки онҳоро ба ҳисоб мегирад.

Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии кредитеро, ки кормандон аз бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонки мегиранд, муқаррар намояд.

Моддаи 77. Бархурди манфиатҳо

Аъзоёни Раёсат ва дигар хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд аз ягон хел манфиатҳои кори, ки дорои хусусияти тиҷорати, кредити ё хусусияти дигаранд, агар онҳо бо вазифаҳои хизматиашон зиддият дошта бошанд, намояндаги кунанд.

Моддаи 78. Нигоҳдории сирру асрор

Ҳар касе, ки вазифаи аъзои Раёсатро иҷро мекунад ё пештар иҷро кардааст, ё ҳар корманди дигари Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:

1) маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифааш дар Бонки миллии Тоҷикистон ба вай маълум шудааст, фош намояд (Қонун аз 2.12.02с. № 63);

2) ин маълумотро ба мақсадҳои шахси истифода барад ё ба истифодаи шахсии он роҳ диҳад.

Шахсоне, ки дар қисми якум зикр шудаанд, метавонанд маълумотеро, ки сирри тиҷоратии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош кунанд:

1) дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;

2) ҳангоми иҷрои вазифа дар бобати маълумотдиҳи ба аҳли ҷамъият, аз ҷумла бо талаби судҳо, мақомоти таҳқиқ, андоз ва дигар мақомоти босалиҳият аз рӯи парвандаҳое, ки дар истеҳсолот мебошанд ва агар ин бо қонунҳои ҷумҳури пешбини шуда бошад;

3) ҳангоми тафтиши аудитории беруни;

4) бо талаби мақомоти хориҷии назорат ба фаъолияти муассисаҳои молияви;

5) агар манфиатҳои Бонки миллииТоҷикистон фош намудани ин маълумотро дар мурофиаи суди талаб кунад.

БОБИ ХII. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 79. Аудити Бонки миллии Тоҷикистон

Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудитори дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад (Қонун аз 9.12.04с. № 63).

Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати аудитори қарордод мебандад ва ҳисоботу ахбороти барои гузаронидани тафтиши аудитори зарурбударо пешниҳод мекунад.

Қарордод дар бораи аудит бояд ҳаҷми ахбороти ба ширкати аудитори додашаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани ахбороти гирифташуда пешбини кунад.

Пардохти пули хизмати ширкати аудитори аз ҳисоби воситаҳои худии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 80. Назорати дохили

Бонки миллии Тоҷикистон дорои Мудирияти назорати дохили мебошад, ки ба ҳайати он мутахассисони хеле бомаҳорат дохил мешаванд, ки дар соҳаи баҳисобгирии бухгалтери ва молия таҷриба доранд.

Мудирияти назорати дохили:

а) иҷрои қоидаҳои назорати дохилиро таъмин мекунад, ба кормандони дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон дар сурати риоя накардани ин қоидаҳо дастур медиҳад, дар ин бора Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ месозад, ки аз тарафи он барои ислоҳи вазъият чораҳои зарури дида мешавад;

б) ба амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон ба мақсади таъмини риояи ҷиддии қонунгузори назорат мекунад;

в) ҳисобҳои бухгалтери ва регистрҳо, қоидаҳои баҳисобгирии бухгалтери ва иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро тафтиш мекунад, ба Раёсат аз рӯи натиҷаҳои тафтиш гузориш ва тавсияҳо пешниҳод мекунад;

г) тафтиши бухгалтерии ҳисоби молияви ва ҳуҷҷатҳои ба он вобастаро амали намуда, онро бо хулосаҳои дахлдор тасдиқ мекунад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмонов

ш. Душанбе

аз 14 декабри соли 1996 № 383