ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 25)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии стандартониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳамаи мақомоти идораи давлати, инчунин корхонаю соҳибкорон (минбаъд субъектҳои фаъолияти хоҷагидори), ташкилотҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳо ҳатмианд, муқаррар ва тадбирҳои давлатии ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва давлатро бо истифодаи усулу воситаҳои стандартони муайян менамояд.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми стандартони
Стандартони фаъолиятест барои муайян намудани меъёр, қоида ва хусусиятҳо (минбаъд - талабот) ҷиҳати таъмини корҳои зайл:
бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасони барои ҳаёт ва саломати, амвол ва ҳифзи муҳити зист;
талабот нисбати мутобиқат ва қобили иваз будани маҳсулот;
мутобиқати сифати маҳсулот, кору хизматрасони ба иҷрои вазифаҳои марбута мувофиқи сатҳи пешрафти илму техника ва технология, қобили рақобат будани он дар бозори ҷаҳони;
ҳифзи манфиат ва ҳуқуқи истеъмолгарон;
қобилияти мудофиави ва ба сафарбари омода будани давлат.
Моддаи 2. Объектҳои стандартони
Объектҳои стандартони маҳсулот, кору хизматрасони мебошанд, ки имконоти бозистеҳсолу истифодаи чандинкарата доранд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартони
Муносибатҳо дар соҳаи стандартони бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо санадҳои ҳуқуқии байналхалқи оид ба масъалаи мазкур, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад.
Моддаи 4. Ҳамкории байналхалқи, минтақави ва дуҷонибаи илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартони
Ҳамкории байналхалқи, минтақави ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартони мутобиқи қарори комиссияҳои байнидавлати оиди ҳамкории илмию техники ва иқтисоди, созишномаю қарордод ва протоколҳои дар асоси онҳо оиди ҳамкори имзошуда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди санадҳои зикргардидаи байналхалқи қабул гардидаанд, таъмин карда мешавад.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатие (миллие) мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналхалқи ва минтақави оиди стандартони, инчунин дар муносибати дуҷониба бо кишварҳои хориҷи оиди масъалаҳои стандартони намояндаги мекунад .
Моддаи 5. Қарордод ва созишномаҳои байналхалқи
Агар мутобиқи қарордод ва созишномаҳои байналхалқи нисбат ба қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди стандартони қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, пас қоидаҳои қарордодҳои байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, истифода мешаванд.
Моддаи 6. Ташкили кори стандартони
Системаи давлатии стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди сиёсати ягонаи техникиро дар соҳаи стандартони таъмин менамояд.
Идораи давлатии стандартони, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идораи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури ташкилотҳои ҷамъияти ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад .
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи стандартони муайян мекунад ва амали мегардонад, ба риояи талаботи ҳатмии санадҳои меъёри назорати давлати мекунад, дар кори стандартонии байналхалқи иштирок менамояд, омодагии касбии кадрҳоро дар соҳаи стандартони ташкил мекунад, агар мутобиқи қарордодҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қоидаҳо пешбини нашуда бошанд, қоидаҳои истифодаи стандартҳои байналхалқи (минтақави), қоидаю меъёр ва тавсияҳоро оиди стандартони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд .
Дигар мақомоти идораи давлати, ки ба системаи давлатии стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, дар корҳои стандартони дар доираи салоҳияташон иштирок мекунанд:
дар соҳаи бинокори, индустрияи сохтмон, аз ҷумла лоиҳакаши ва тарҳрези - Кумитаи меъмори ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои табии ва ҳифзи муҳити зист аз олудашави ва дигар таъсири зараровар - Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар соҳаи маҳсулоти тибби, маснуоти техникаи тибби, дорувор, доир ба масъалаҳои муайян кардани маводи барои инсон хатарноки маҳсулот ва муҳити кор - Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мутобиқи Қонуни мазкур мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии ташкилию техникии пешбурди корҳоро оиди стандартони, шаклу усули ҳамкории субъектҳои фаъолияти хоҷагидори ва ҳамкориро бо мақомоти идораи давлати муайян менамояд .
Корхонаҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъияти фаъолияти худро оиди стандартони мутобиқи Қонуни мазкур ташкил ва амали менамоянд.
ФАСЛИ II. САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ СТАНДАРТОНИ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО
Моддаи 7. Санадҳои меъёрии стандартони ва талабот нисбати онҳо
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии стандартонии категорияҳои зерин амал мекунанд:
стандартҳои байналхалқи (минтақави);
стандартҳои байнидавлати - ГОСТ;
стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - СТ ҶТ;
стандарти соҳаҳо - СТС;
стандарти корхонаҳо - СТК;
шароити техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ШТ ҶТ.
Ба санадҳои меъёрии стандартони инчунин таснифкунандаи ахбори техникию иқтисоди, қоида, меъёр ва тавсияҳо оиди стандартони дохил мешаванд. Тартиби таҳия ва истифодаи қоида меъёр ва тавсияҳо оиди стандартониро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таснифкунандаи ахбори техникию иқтисодиро Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. Стандартҳои байналхалқи (минтақави) ва стандартҳои миллии кишварҳои хориҷи, инчунин қоида, меъёр ва тавсияҳои байналхалқи мутобиқи қарордод ё созишномаҳо бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Тартиби истифодаи ин стандартҳо, қоида, меъёр ва тавсияҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти идораи давлати дар доираи салоҳияташон муқаррар карда мешавад.
Истеҳсол ва фурӯши (расонидани) маҳсулот бидуни санадҳои меъёри манъ аст.
Талаботе, ки санадҳои меъёри муқаррар менамоянд, бояд дар асоси дастовардҳои имрӯзаи илму техника ва технология қарор гиранд, шароити истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасони, шароит ва режими корро, ки ҳифзи онро таъмин менамояд, ба инобат гиранд ва набояд қоидаҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кунад.
Санадҳои меъёрии стандартонии маҳсулоту хизматрасонии ҳатман тасдиқшаванда (сертификатсияшаванда) талабҳоеро, ки маҳсулот ва хизматрасони мутобиқи онҳо бояд ҳатман сертификатсия шаванд, усулҳои назорат оиди мутобиқат ба ин талабот, қоидаҳои нишонгузории маҳсулот ва хизматрасони, талабот оиди маълумот дар мавриди сертификатсияро дар бар гиранд, ки ба ҳуҷҷатҳои замимави ҳамроҳ карда мешаванд.
Стандартҳо объекти ҳуқуқи муаллифи намебошанд.
Моддаи 8. Стандартҳои байналхалқи, байнидавлати ва давлати, стандартҳои соҳави, стандарти корхонаҳо, шароити техники, таснифкунандаи ахбори техникию иқтисоди
Стандартҳои байнидавлати бидуни расман ба стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардондани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита татбиқ карда мешаванд.
Стандартҳои давлати, стандартҳои соҳави ва шароити техники барои маҳсулот, кору хизматрасони таҳия карда мешаванд ва набояд хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд. Ин ҳуҷҷатҳо бояд талабҳои зайлро дар бар гиранд:
талабот нисбати маҳсулот, кору хизматрасони оиди бехатарии онҳо барои муҳити зист, ҳаёт, саломати ва амвол, талаботи бехатарии техники ва санитарияи истеҳсоли;
мутобиқати техники ва ахбороти ва баҳамивазшави;
хосияти асосии истеъмолии (истифодаи) маҳсулот, усулҳои назорат, талабот нисбати банду баст, тамғагузори, интиқол, саришта, татбиқ ва истифодаи дигарбораи маҳсулот;
муқаррароте, ки ҳангоми офаридан, истеҳсолу истифода кардани (кор фармудани) маҳсулот ва адои хизматрасони ягонагии техникиро таъмин менамояд;
қоидаҳое, ки ҳангоми коркард, истеҳсол, бакорбарии (истифодаи) маҳсулот ва расонидани хизмат ягонагии техникиро таъмин менамоянд;
қоидаҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои техники, фарқияти эҳтимолии андоза ва ҳаҷм, қоидаҳои умумии таъмини сифати маҳсулот, ҳифз ва истифодаи дурусти тамоми навъи захираҳо, истилоҳ, муқаррарот, аломат, қоида ва меъёрҳои дигари метрологи ва умумитехники.
Барои ҳифзи манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қобили рақобат кардани маҳсулоти (хизматрасонии) ватани дар ҳолатҳои махсус дар стандартҳои давлати ва соҳави талаботи пешаки барои оянда, ки аз имконоти технологияи анъанави афзалият дорад, муқаррар карда мешавад;
мӯҳтавои талаботи стандартҳои давлати ва соҳави, шароити техники, соҳаҳои татбиқи онҳо, доираи фаъолият ва таърихи ҷоришавии онҳо аз тарафи мақомоти идораи давлати ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидори, ки онро қабул менамоянд, муайян карда мешавад.
Риояи талаботе, ки дар стандартҳои давлати, соҳави ва шартҳои техники барои таъмини бехатарии маҳсулот, кору хизматрасони, барои ҳаёту саломати, амвол, ҳифзи муҳити зист, мутобиқати техникию ахбороти ва баҳамивазшавии маҳсулот, ягонагии усулҳои назорат ба онҳо ва банду баст муқаррар гардидааст, барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидори ҳатми мебошад.
Дигар талаботи санадҳои меъёри нисбати маҳсулот, кору хизматрасони тибқи қарордод, ё дар ҳолатҳое, ки дар ин бора дар ҳуҷҷатҳои техникии истеҳсолкунандаи (расонандаи) маҳсулот, иҷрокунандаи кор ва хизматрасон муайян шудааст, бояд ҳатман риоя карда шавад.
Мутобиқати маҳсулот ва хизматрасони ба талаботи санадҳои меъёри бо роҳи тамғагузории маҳсулоту хизматрасони бо аломати мутобиқат тасдиқ карда мешавад. Тартиби тамғагузори ва додани ҳуқуқи тамғагузориро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар мақомоти идораи давлати, ки ба системаи давлатии стандартони дохил мешаванд, дар доираи салоҳияташон тасдиқ мекунанд .
Таснифкунандаи ахбори техникию иқтисодиро Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва иҷро мекунад.
Стандарти корхонаҳоро субъектҳои фаъолияти хоҷагидори мустақилона, вобаста ба зарурати истифодаи онҳо ба мақсади таъмини талаботе, ки дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, таҳия ва тасдиқ карда метавонанд.
Стандартҳои давлати, соҳави ва шароити техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд .
Стандартҳои корхонаҳо ва шароити техники бо мақсади такмил ва идораи истеҳсолот таҳия мегардад. Стандарти корхонаҳоро роҳбари корхонаҳо тасдиқ мекунад.
Тартиби таҳия, тасдиқ, баҳисобгири, тағйир ва бекор кардани стандартҳоро корхонаҳо мустақилона муқаррар менамоянд.
Моддаи 9. Истифодаи санадҳои меъёри оиди стандартони
Санадҳои меъёрии стандартони бояд аз тарафи мақомоти идораи давлати, субъектҳои фаъолияти хоҷагидори ҳангоми таҳия, омода кардани истеҳсолот, сохтан, фурӯхтан, истифода (татбиқ), интиқол, саришта намудан ва дигарбора кор фармудан, ҳангоми иҷрои кор, хизматрасони, таҳияи ҳуҷҷатҳои техники (конструктори, технологи, лоиҳакаши, санади бо маҳсулот равонакардашуда), истифода бурда шаванд.
Фармоишгар ва иҷрокунанда бояд дар қарордод шарти ба талаботи ҳатмии санадҳои меъёри мутобиқ будани маҳсулот, корҳои иҷрошаванда ва хизматрасониро дохил намоянд.
Зарурати истифодаи санадҳои меъёри оиди стандартони нисбати маҳсулоте (хизмате), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади содирот истеҳсол (расонида) мешавад, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузори мутобиқи қарордод (шартнома) муайян карда мешавад.
Воридоти маҳсулот ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматрасони, инчунин тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи ҳатмии санадҳои меъёри мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 10. Маълумот дар бораи санадҳои меъёрии стандартони ва нашри онҳо, фонди санадҳои меъёри
Маълумоти расми дар бораи стандартҳои таҳияшаванда ва тасдиқгардида, таснифкунандаи ахбори техникию иқтисоди, инчунин худи ин ҳуҷҷатҳое, ки дорои сирри давлати нестанд, барои истифодабарандагон, аз ҷумла барои хориҷиён бояд дастрас бошанд.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди санадҳои меъёриро таъсис дода, корҳои зайлро анҷом медиҳад :
ҳифзи давлатии стандартҳо ва стандарҳои соҳавии ба қайди давлат гирифташударо таъмин менамояд;
стандартҳои байнидавлати, байналхалқи (минтақави), қоидаю меъёрҳо ва тавсияҳоро оиди стандартони ва метрология, стандартҳои миллии кишварҳои хориҷиро ба даст меоварад ва саришта мекунад;
бо ахбор таъмин менамояд.
Мақомоти идораи давлати, ки дар доираи салоҳияти худ оиди стандартони санадҳои меъёри қабул кардаанд, субъектҳои фаъолияти хоҷагидори, ки оиди стандартони санадҳои меъёриро тасдиқ намудаанд, фондҳои ахборотии ин ҳуҷҷатҳоро таъсис медиҳанд ва кори ин фондҳоро иҷро мекунанд, ҳамчунин истифодабарандагонро бо ахбори оиди ин ҳуҷҷатҳо ва бо худи ҳуҷҷатҳо таъмин месозанд.
Мақомоти идораи давлати, ки ин санадҳоро қабул кардаанд, дар нашри расмии санадҳои меъёри ҳуқуқи фавқулодда доранд.
Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри расмии маълумоти дар Реестри ҷумҳуриявии маҳсулот ва хизматрасони мавҷуда, ки ба санадҳои меъёри ҷавобгӯ буданашон бо аломати мутобиқат тамғагузори шудааст, ҳуқуқи фавқулодда дорад .
Моддаи 11. Назорати давлатии стандартони ва сифати маҳсулот
Назорати давлати аз тарафи субъектҳои фаъолияти хоҷагидори ба риоя гардидани талаботи ҳатмии санадҳои меъёри оиди стандартони баҳри сертификатсияи истеҳсолот, маҳсулот ва хизматрасони, инчунин беҳтар кардани сифати онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти идораи салоҳиятдори давлати дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад .
ФАСЛИ III. МАСЪУЛИЯТИ РИОЯ НАКАРДАНИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 12. Масъулияти ҷинои, маъмури ва ё шаҳрвандию ҳуқуқи
Шахсиятҳои ҳуқуқи ё воқеи, инчунин мақомоти идораи давлати, ки барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории ҷори ба ҷавобгарии ҷинои, маъмури ва ё шаҳрвандию ҳуқуқи кашида мешаванд.
ФАСЛИ IV. ҶУДО КАРДАНИ МАБЛАҒ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СТАНДАРТҲОИ ДАВЛАТИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ИСТИФОДАИ СТАНДАРТҲОИ ДАВЛАТИ
Моддаи 13. Ҷудо кардани маблағ барои фаъолияти стандартонии давлати, назорати давлати
Маблағгузории ҳатмии давлати барои иҷрои корҳои зайл зарур аст:
таҳияи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд, таснифкунандаи ахбори техникию иқтисоди, таҳия ва нашри ахбори расми оиди онҳо, инчунин нашри маълумот дар мавриди ба табъ расидани ин ҳуҷҷатҳо барои фиристодан ба ҳамаи истифодабарандагони манфиатдор;
таҳия ва (ё) иштирок дар таҳияи стандартҳои байналхалқи (минтақави), қоида, меъёр ва тавсияҳо оиди стандартони;
таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иншоотҳои мушаххаси стандартони, инчунин таҳия ва таъмини амали маҷмӯи стандартҳои асосии ташкилию техники ва умумитехники;
пешбурди фаъолияти тадқиқоти илми ва дигар корҳои стандартонии дорои аҳамияти умумидавлати;
назорати давлати ба риоя шудани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрии стандартони;
таъсис ва пешбурди фонди стандартҳои давлати ва соҳави, стандартҳои байнидавлати ва байналхалқи (минтақави), қоида, меъёр ва тавсияҳо дар мавриди стандартонии стандартҳои миллии дигар кишварҳо, инчунин Реестри давлатии маҳсулот ва хизматрасони, ки ба санадҳои меъёри ҷавобгӯ буданашон бо аломати мутобиқат тамғагузори гардидааст;
дигар фаъолияти оиди стандартони, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Манбаи ҷудо кардани маблағ барои фаъолияти стандартонии давлати, барои назорати давлати оиди риояи талаботи санадҳои меъёри метавонад маблағҳои тибқи тартиби муқарраргардида аз фурӯши стандартҳои нашргардида (чопи такрори), таснифкунандаи ахбори техникию иқтисоди ба дастомада, каталоги нашршудаи (чопи такрории) маҳсулот ва хизматрасони ба санадҳои меъёрии бо аломати мутобиқат тамғагузоришуда гардад.
Ҳангоми таҳияи барномаҳои давлати, ки пурра ё қисман аз буҷети давлати маблағгузори мегарданд, бояд фаслҳои таъмини меъёрии сифати маҳсулот (кору хизматрасони) пешбини карда шавад.
Моддаи 14. Ҳавасмандгардонии истифодаи стандарти давлати
Давлат дастгирии иқтисоди ва ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти хоҷагидориро, ки маҳсулоташон (кору хизматашон) барои ба санадҳои меъёри ҷавобгӯ буданашон ба аломати мутобиқат тамғагузори шудаанд, аз ҷумла ба стандартҳои давлатии талаботи пешаки барои оянда ва аз имконоти технологияи анъанави афзалият доранд, кафолат медиҳад.
Тадбирҳои дастгирии иқтисоди ва ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидори, ки мутобиқи банди 1-уми ҳамин модда маҳсулот мебароранд (хизмат мерасонанд) ва барои ба талаботи санадҳои меъёри ҷабовгӯ будани маҳсулот (хизматрасони) барои тамғагузори бо аломати мутобиқат литсензия гирифтаанд, бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Рахмонов
ш. Душанбе
14 декабри соли 1996 № 333