ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXIII; с. 1998, №10, мод. 119, фасли XII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 93; №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713)
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебощанд ва хуччате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад.
Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд .
Мутобиқи Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар истифода мебаранд.
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз аслу насаб, вазъи иҷтимоию шароити молияви, мансубияти нажодиву милли, ҷинсият, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъу хусусияти машғулияташон ва ҳолатҳои дигар дар назди Қонун баробаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар он ҷо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан маҳдуд карда мешаванд, маҳдудиятҳои мутобиқ муқаррар мекунад.
Аз тарафи шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани ҳуқуқу озодиҳо набояд ба манфиатҳои давлат, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарар расонад .
Моддаи 4. ӯҳдадории эҳтироми Конституция (Сарқонун) ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон
Амали кардани ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи дода шудааст, аз иҷрои ӯҳдадориашон, ки қонунгузори мукаррар кардааст, ҷудонашаванда аст.
Шаҳрвандони хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунанд, расму оини халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гироми доранд.
Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд
Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.
Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд, истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мӯҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад .
Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Моддаи 6. Паноҳгоҳ додан
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба он шахрвандони хориҷие, ки мавриди ваирон кардани ҳуқуқи инсон қарор гирифтаанд, паноҳгоҳи сиёси дихад.
Паноҳгоҳи сиёсиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
II. ҲУҚУҚ, ОЗОДИҲО ВА ӯҲДАДОРИХОИ АСОСИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 7. Фаъолияти меҳнати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузорӣ ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд .
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнати ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он ба мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоиҷкистон омаданашон мувофиқ мебошад.
Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи алоҳида таъин ё ба фаъолияти муайяне машғул шудан ба мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, шаҳрвандони хориҷи ба ин вазифаҳо таъин ва ба ҳамин гуна фаъолият машғул шуда наметавонанд.
Шаҳрвандони хориҷи бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират дода мешавад, амалӣ мегардад .
Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .
Моддаи 8. Истироҳат
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.
Моддаи 9. Ҳифзи саломати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳифзи саломати ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доими доранд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёрии тибби истифода мебаранд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, ерии тибби мувофиқи тартибе расонида мешавад, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимои
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доими доранд, барои гирифтани кӯмакпулиҳо, нафақа ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимои дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд .
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, барои гирифтани кӯмакпулиҳо, ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимои дар асос ва ба тартибе ҳуқуқ доранд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд .
Агар барои таъин кардани, нафақа собиқаи муайяни кор талаб карда шавад ба шаҳрвандони хориҷи дар асос ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба ин собиқа метавонад кори дар хориҷа кардаи онҳо ҳисоб карда шавад .
Моддаи 11. Додани манзили истиқомати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими истиқомат мекунанд, дар асос ва ба тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда дар хонаҳои фонди манзилии давлвти ва ҷамъияти кооперативҳои манэилию сохтмони барои ба истифода гирифтани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд .
Шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар биноҳоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд, надоранд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз ҷониби ворисони қонунӣ), агар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд .
Қоидаҳои пешниҳод намудани молу мулки ғайриманқул бо мақсади ҷойгир кардани намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 12. Ҳуқуқи амволи ва шахсии ғайриамволи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд амволи хусуси дошта бошанд, молу мулкро ба мерос монанд ё гиранд, ҳуқуқи муаллифии кори илми, эҷодиёти бадеи ва фарҳанги, кашфиёт, ихтироот, намунаҳои саноати, ҳамчунин ҳуқуқи дигари амволию ғайриамволиро дошта бошанд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
Моддаи 13. Гирифтани маълумот
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумот ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба мактабҳо қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои талабагон ва донишҷӯёнро доранд, агар дар қонунҳои ҷории ҷумҳури тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 14. Истифода аз дастовардҳои фарҳанги
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз дастовардаҳои фарҳанги баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки нисбати ёдгориҳои таърихи ва фарҳанги, дигар арзишҳои фарҳанги эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Моддаи 15. Иштирок дар ташкилотҳои ҷамъияти
Шаҳрвандони хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндаги мекунанд, ҳуқуқ доранд дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои кооперативи, ҷамъиятиҳои илми, фарханги, варзиш ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти, ғайр аз ҳизбҳои сиёси дохил шаванд, агар ин хилофи оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
Моддаи 16. Озодии виҷдон
Ба шаҳравандони хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон кафолат дода мешавад.
Таҳрики ҳукумат ва бадбини ба иртиботи дину мазҳаб манъ аст.
Моддаи 17. Муносибатҳои оилавӣ
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилали ақди никоҳ никоҳ банданд ва онро бекор кунанд), .
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои оилави аз ҳукуқҳо истифода мебаранд дорои ӯҳдадориҳо мебошанд .
Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷи дар ҷумҳури дахлнопазирии шахс ва манзил ва дигар ҳуқуқҳои шахси кафолат дода мешавад.
Моддаи 19. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва ҷои зист интихоб намудани шаҳрвандони хориҷи
Шаҳрвандони хориҷи метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.
Маҳдудият дар бобати аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои зист вақте роҳ дода мешавад, ки агар он барои таъмини амнияти милли, ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва маънавии аҳоли, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсон зарур бошад.
Моддаи 20. Андоз ва боҷ
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон андозу боҷҳо месупоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад .
Моддаи 21. Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи молу мулки шахси, оилави ва ғайра ҳуқуқ доранд, ки ба суд ва дигар мақомоти давлати муроҷиат намоянд.
Шаҳрвандони хориҷи дар суд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи мурофиави истифода мебаранд.
Моддаи 22. Муносибат ба ҳуқуқи интихоботи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти қонунгузори ва иҷроияи ҳокимият интихоб карда, интихоб шуда ва таьин шуда, инчунин дар раъйпурсии умумихалқи иштирок карда наметавонанд.
Моддаи 23. Муносибат ба хизмати ҳарби
Шаҳрвандони хориҷи ба хизмати ҳарби дар сафҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор намебошанд.
III. БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМАДАН ВА АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ
Моддаи 24. Омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад .
Тартиби аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон яктарафа ҷорӣ намудани низоми бераводидро бо кишварҳои хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ().
Ба шаҳрвандони хориҷи барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан мумкин аст.
Дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:
1) ба манфиати таъмини амнияти милли ё ҳифзи тартиботи ҷамьияти;
2) агар ин барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;
3) агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур, қонунгузор оиди гумрук, асъор ё дигар қонунгузории ҷумхури муқаррар карда шуда бошад ;
4) агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадан вай дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
5) бо асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан, манъ аст .
Моддаи 25. Рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад .
Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Шаҳрвандони хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷй ё ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда, дар сурати ба итмом расидани мӯҳлати раводидҳои омадурафт ва ё дароз кардани муддати гувоҳномаи иқомат, дар ҳолати мавҷудияти раводидҳои рафтан, ки онҳоро мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати корҳои хориҷи додаанд, тарк менамоянд .
Ба шаҳрвандони хориҷи дар чунин ҳолатҳо барои рвфтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад:
1) агар барои ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани вай асос бошад, то анҷоми пешбурди парванда ;
2) агар вай барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад, - то адои ҷазо ё озодшави аз ҷазо;
3) агар рафтани вай хилофи манфиатҳои таъмини анияти милли бошад,то ҳалли амали ҳолатҳое, ки ба рафтан монеъ мешаванд;
4) агар асосҳои дигари муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад, ки ба рафтан монеъ мешаванд .
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷи, ки баъзе манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ташкилотҳои дигари ҷамъияти, кооперативи ё дигар ташкилотҳои ҷамъияти бо вай алоқаманд мебошанд, то аз тарафи вай адо намудани ӯҳдадориҳои амволиаш мавқуф гузошта шуда метавонад .
Моддаи 26. Гузашта рафтани транзити
Шаҳрвандони хориҷи, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики транзити гузашта мераванд, қоидаҳои гузашта рафтани транзитиро дар нуқтаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хатти ҳаракати муқарраршуда риоя мекунанд ва метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани раводиди транзити, ки аз тарафи Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таваққуф намоянд ,.
Моддаи 27. Муқаррар намудани қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромада рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашта рафтани транзити аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қоидаҳои дохил шудан, баромада рафтани шаҳрвандони хориҷи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзитии онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ин Қонун ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
IV. МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ, КАМ КАРДАНИ МӯҲЛАТИ БУДУ БОШ, РОНДА ШУДАН
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани қоидахои буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзити аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нисбати шаҳрвандони хориҷи, ки қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон менамояд, яъне бе ҳуҷҷати ҳуқуқи истиқомат ё бо ҳуҷҷатҳои қалбаки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, тартиби муқарраршудаи бақайдгири ё сабти маҳалли истиқомати, ё аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои истиқоматро риоя намекунанд, баъди хатми мӯҳлати таъиншудаи буду боши худ аз баромада рафтан саркаши менамоянд, инчунин қоидаҳои гузашта рафтанро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя наменамоянд, чораҳои дорои хусусияти маъмури ва ҷинояти татбиқ шуда метавонад.
Моддаи 30. Кам кардани мӯҳлати буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои шаҳрвандони хориҷи, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мӯҳлати муайяни буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуда метавонад .
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳолатҳое, ки асос барои буду боши минбаъдаи вай аз байн рафта бошад, кам карда мешавад.
Қарор дар бораи кам кардани мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷи аз тарафи мақомоти корҳои дохили қабул карда мешавад.
Моддаи 31. Ронда шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрванди хориҷи дар чунин мавридҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда метавонад:
1) агар амалу рафтори вай хилофи манфиатҳои таъмини амнияти милли ё ҳифзи тартиботи ҷамъияти бошад;
2) агар ин барои ҳифзи саломати ва ахлоқи аҳоли, ҳимояи ҳуқуқ ва манфитҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;
3) агар вай талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории гумрук, асъор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошад
Қарор дар бораи ронда шудани шаҳрвандони хориҷи аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии ҷумҳури қабул карда мешавад ва агар рондашаванда дар мӯҳлати як ҳафтаи баъди қабули он дар бораи ронда шуданаш ба суд оиди қонуни будани қарори мазкур муроҷиат накунад, қарор иҷро карда мешавад. Ҳалномаи суд аз руи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда қабул карда мешавад , .
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ҷазои шаҳрванди хориҷии маҳкумшуда, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад, ба мақомоти минтақави оид ба муҳоҷират, корҳои дохили ва амнияти ҷои ҷойгиршавии муассиса ё мақоме, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро амали менамояд, дар бораи озодшавии он хабар медиҳад .
V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ
Моддаи 32. Амали қонун нисбати шахсони бешаҳрванди
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, агар аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар барнаояд .
Моддаи 33. Имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва шахсони дигар
Муқаррароти Қонуни мазкур ба имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломати, консули ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дахл намекунад .
Моддаи 34. Танзими буду боши кормандони намояндагиҳои хориҷи
Буду боши намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷи, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо тавассути шартномаҳои (байналмилали ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилали танзим карда мешавад .
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
аз 1 февраля соли 1996 № 230
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебощанд ва хуччате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад.
Мутобиқи Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад, шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар истифода мебаранд.
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз аслу насаб, вазъи иҷтимоию шароити молияви, мансубияти нажодиву милли, ҷинсият, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъу хусусияти машғулияташон ва ҳолатҳои дигар дар назди Қонун баробаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар он ҷо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан маҳдуд карда мешаванд, маҳдудиятҳои мутобиқ муқаррар мекунад.
Аз тарафи шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани ҳуқуқу озодиҳо набояд ба манфиатҳои ҷумҳури, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарар расонад.
Моддаи 4. ӯҳдадории эҳтироми Конституция (Сарқонун) ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон
Амали кардани ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи дода шудааст, аз иҷрои ӯҳдадориашон, ки қонунгузори мукаррар кардааст, ҷудонашаванда аст.
Шаҳрвандони хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунанд, расму оини халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гироми доранд.
Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд
Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.
Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд, истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мӯҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад .
Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Моддаи 6. Паноҳгоҳ додан
Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба он шахрвандони хориҷие, ки мавриди ваирон кардани ҳуқуқи инсон қарор гирифтаанд, паноҳгоҳи сиёси дихад.
Паноҳгоҳи сиёсиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
II. ҲУҚУҚ, ОЗОДИҲО ВА ӯҲДАДОРИХОИ АСОСИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 7. Фаъолияти меҳнати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, тибқи қонунгузорӣ ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд .
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнати ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он ба мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоиҷкистон омаданашон мувофиқ мебошад.
Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи алоҳида таъин ё ба фаъолияти муайяне машғул шудан ба мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, шаҳрвандони хориҷи ба ин вазифаҳо таъин ва ба ҳамин гуна фаъолият машғул шуда наметавонанд.
Шаҳрвандони хориҷи бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнати ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират дода мешавад, амалӣ мегардад .
Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .
Моддаи 8. Истироҳат
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.
Моддаи 9. Ҳифзи саломати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳифзи саломати ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доими доранд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёрии тибби истифода мебаранд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, ерии тибби мувофиқи тартибе расонида мешавад, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимои
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доими доранд, барои гирифтани ёрдампулиҳо, нафақа ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимои дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд, барои гирифтани ёрдампулиҳо, ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимои дар асос ва ба тартибе ҳуқуқ доранд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
Агар барои таъин кардани, нафақа собиқаи муайяни кор талаб карда шавад ба шаҳрвандони хориҷи дар асос ва ба тартибе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба ин собиқа метавонад кори дар хориҷа кардаи онҳо ҳисоб карда шавад .
Моддаи 11. Додани манзили истиқомати
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими истиқомат мекунанд, дар асос ва ба тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда дар хонаҳои фонди манзилии давлвти ва ҷамъияти кооперативҳои манэилию сохтмони барои ба истифода гирифтани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд .
Шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар биноҳоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд, надоранд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз ҷониби ворисони қонунӣ), агар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд .
Қоидаҳои пешниҳод намудани молу мулки ғайриманқул бо мақсади ҷойгир кардани намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзили истиқоматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 12. Ҳуқуқи амволи ва шахсии ғайриамволи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд амволи хусуси дошта бошанд, молу мулкро ба мерос монанд ё гиранд, ҳуқуқи муаллифии кори илми, эҷодиёти бадеи ва фарҳанги, кашфиёт, ихтироот, намунаҳои саноати, ҳамчунин ҳуқуқи дигари амволию ғайриамволиро дошта бошанд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
Моддаи 13. Гирифтани маълумот
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумот ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки ба мактабҳо қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои талабагон ва донишҷӯёнро доранд, агар дар қонунҳои ҷории ҷумҳури тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 14. Истифода аз дастовардҳои фарҳанги
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз дастовардаҳои фарҳанги баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки нисбати ёдгориҳои таърихи ва фарҳанги, дигар арзишҳои фарҳанги эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Моддаи 15. Иштирок дар ташкилотҳои ҷамъияти
Шаҳрвандони хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доими зиндаги мекунанд, ҳуқуқ доранд дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои кооперативи, ҷамъиятиҳои илми, фарханги, варзиш ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти, ғайр аз ҳизбҳои сиёси дохил шаванд, агар ин хилофи оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
Моддаи 16. Озодии виҷдон
Ба шаҳравандони хориҷи, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон кафолат дода мешавад.
Таҳрики ҳукумат ва бадбини ба иртиботи дину мазҳаб манъ аст.
Моддаи 17. Муносибатҳои занушуи ва оила
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилали ақди никоҳ никоҳ банданд ва онро бекор кунанд), .
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои занушуи ва оилави аз ҳукуқҳо истифода мебаранд ва ба зимма вазифаҳо доранд.
Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷи дар ҷумҳури дахлнопазирии шахс ва манзил ва дигар ҳуқуқҳои шахси кафолат дода мешавад.
Моддаи 19. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва ҷои зист интихоб намудани шаҳрвандони хориҷи
Шаҳрвандони хориҷи метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.
Маҳдудият дар бобати аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои зист вақте роҳ дода мешавад, ки агар он барои таъмини амнияти милли, ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва маънавии аҳоли, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсон зарур бошад.
Моддаи 20. Андоз ва боҷ
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон андозу боҷҳо месупоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад .
Моддаи 21. Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи молу мулки шахси, оилави ва ғайра ҳуқуқ доранд, ки ба суд ва дигар мақомоти давлати муроҷиат намоянд.
Шаҳрвандони хориҷи дар суд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи мурофиави истифода мебаранд.
Моддаи 22. Муносибат ба ҳуқуқи интихоботи
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти қонунгузори ва иҷроияи ҳокимият интихоб карда, интихоб шуда ва таьин шуда, инчунин дар раъйпурсии умумихалқи иштирок карда наметавонанд.
Моддаи 23. Муносибат ба хизмати ҳарби
Шаҳрвандони хориҷи ба хизмати ҳарби дар сафҳои қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор намебошанд.
III. БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМАДАН ВА АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ
Моддаи 24. Омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад .
Тартиби аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон яктарафа ҷорӣ намудани низоми бераводидро бо кишварҳои хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ().
Ба шаҳрвандони хориҷи барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан мумкин аст.
Дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:
1) ба манфиати таъмини амнияти милли ё ҳифзи тартиботи ҷамьияти;
2) агар ин барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;
3) агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани қонунтузории оиди мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузор оиди гумрук, асъор ё дигар қонунгузории ҷумхури муқаррар карда шуда бошад;
4) агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадан вай дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
5) бо асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 25. Рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад .
Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Шаҳрвандони хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷй ё ҳуҷҷатҳои онҳоро ивазкунанда, дар сурати ба итмом расидани мӯҳлати раводидҳои омадурафт ва ё дароз кардани муддати гувоҳномаи иқомат, дар ҳолати мавҷудияти раводидҳои рафтан, ки онҳоро мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Вазорати корҳои хориҷи додаанд, тарк менамоянд .
Ба шаҳрвандони хориҷи дар чунин ҳолатҳо барои рвфтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад:
1) агар барои ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани вай асос бошад, то хатми кор аз рӯи парванда;
2) агар вай барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад, - то адои ҷазо ё озодшави аз ҷазо;
3) агар рафтани вай хилофи манфиатҳои таъмини анияти милли бошад,то ҳалли амали ҳолатҳое, ки ба рафтан монеъ мешаванд;
4) агар асосҳои дигари муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад, ки ба рафтан монеъ мешаванд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷи, ки баъзе манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ташкилотҳои дигари ҷамъияти, кооперативи ё дигар ташкилотҳои ҷамъияти бо вай алоқаманд мебошанд, то аз тарафи вай адо намудани ӯҳдадориҳои амволиаш мавқуф шуда метавонад.
Моддаи 26. Гузашта рафтани транзити
Шаҳрвандони хориҷи, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарики транзити гузашта мераванд, қоидаҳои гузашта рафтани транзитиро дар нуқтаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хатти ҳаракати муқарраршуда риоя мекунанд ва метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани визаи транзити, ки аз тарафи Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, таваққуф намоянд ,.
Моддаи 27. Муқаррар намудани қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромада рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашта рафтани транзити аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қоидаҳои дохил шудан, баромада рафтани шаҳрвандони хориҷи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзитии онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ин Қонун ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
IV. МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ, КАМ КАРДАНИ МӯҲЛАТИ БУДУ БОШ, РОНДА ШУДАН
Моддаи 28. Асосҳои масъулият барои қонуншикани
Шаҳрвандони хориҷи, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят, қонуншикании маъмури, ё қонуншикании дигар содир кардаанд, дар асосҳои умумй баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди масъулият қарор мегиранд.
Моддаи 29. Масъулият барои вайрон кардани қоидахои буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзити аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нисбати шаҳрвандони хориҷи, ки қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон менамояд, яъне бе ҳуҷҷати ҳуқуқи истиқомат ё бо ҳуҷҷатҳои қалбаки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, тартиби муқарраршудаи бақайдгири ё сабти маҳалли истиқомати, ё аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои истиқоматро риоя намекунанд, баъди хатми мӯҳлати таъиншудаи буду боши худ аз баромада рафтан саркаши менамоянд, инчунин қоидаҳои гузашта рафтанро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя наменамоянд, чораҳои дорои хусусияти маъмури ва ҷинояти татбиқ шуда метавонад.
Моддаи 30. Кам кардани мӯҳлати буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои шаҳрвандони хориҷи, ки қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мӯҳлати муайяни буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуда метавонад.
Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳолатҳое, ки асос барои буду боши минбаъдаи вай аз байн рафта бошад, кам карда мешавад.
Қарор дар бораи кам кардани мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷи аз тарафи мақомоти корҳои дохили қабул карда мешавад.
Моддаи 31. Ронда шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрванди хориҷи дар чунин мавридҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда метавонад:
1) агар амалу рафтори вай хилофи манфиатҳои таъмини амнияти милли ё ҳифзи тартиботи ҷамъияти бошад;
2) агар ин барои ҳифзи саломати ва ахлоқи аҳоли, ҳимояи ҳуқуқ ва манфитҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;
3) агар вай қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои гумрук, асъор ё дигар қонуни ҷумҳуриро вайрон карда бошад.
Қарор дар бораи ронда шудани шаҳрвандони хориҷи аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии ҷумҳури қабул карда мешавад ва агар рондашаванда дар мӯҳлати як ҳафтаи баъди қабули он дар бораи ронда шуданаш ба суд оиди қонуни будани қарори мазкур муроҷиат накунад, қарор иҷро карда мешавад. Ҳалномаи суд аз руи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда қабул карда мешавад , .
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ҷазои шаҳрванди хориҷии маҳкумшуда, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад, ба мақомоти минтақави оид ба муҳоҷират, корҳои дохили ва амнияти ҷои ҷойгиршавии муассиса ё мақоме, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро амали менамояд, дар бораи озодшавии он хабар медиҳад .
V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВИ
Моддаи 32. Амали қонун нисбати шахсони бешаҳрванди
Нуқтаҳои ин Қонун нисбати шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, агар аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар барнаояд.
Моддаи 33. Имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷи ва шахсони дигар
Нуқтаи ин Қонун ба имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломати, консули ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дахл намекунад.