ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №22, мод.336; с.1997, №23-24, мод.333; с.2000, №11, мод.527; с.2008, №3, мод.189; с.2009, №12, мод.822; с.2010, №1, мод.4; с.2015, №11, мод.974)
Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он танзим намуда, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти субъектҳо - иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидори (минбаъд вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо) муайян мекунад .
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз ҳифз намудани ҳаёт, саломати ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини онҳо иборатанд (.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст .
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд :
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ - шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд .
Роҳи автомобилгард - маҷмӯи иншооти муҳандисӣ мебошад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо пешбини шудааст .
Воситаи нақлиёт - механизме, ки барои бо роҳҳо интиқол намудани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда, таъин шудааст .
Ҳаракати роҳ - маҷмӯи муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд , ;
Бехатарии ҳаракати роҳ - ҳолати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст , ;
Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ - фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст .
Моддаи 4. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нақлиёт ҳаракат ва аз тарафи дасти рост муқаррар карда шудааст.
Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгирии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштани чорраҳаҳо, гузаргоҳҳои пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умуми, истифодаи асбобҳои нурафшони беруни, қоидаҳои ҳаракати пиёдагардҳо, ҳаракати велосипедсаворон, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд .
БОБИ 2. СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН
Моддаи 5. Идоракунии давлати дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор сурат мегирад .
Моддаи 6. Иштироки вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳияти худ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлати ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузори намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд .
Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе вазифаҳои идоракунии байнисоҳавиро вобаста ба ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он иҷро карда метавонанд .
Дар вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, дар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки воситаҳои нақлиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ё хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад .
Низомнома оид ба хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад .
Моддаи 7. Иштироки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, барои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро амали месозанд. Дар коллективҳои меҳнати оид ба риояи талаботи қонун дар бораи ҳаракати роҳ тадбирҳои пешгириву фаҳмондадиҳиро ба амал мебароранд .
Моддаи 8. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар амали гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон бояд ба мақомоти давлати дар амали гардонидани чорабиниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат намоянд. Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо вазифадор ҳастанд, ки таклифҳои иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандонро оиди масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ба назар гиранд .
Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсади асосиашон амали гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад, татбиқ менамояд.
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборатанд :
муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон , ;
муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техники ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ , ;
таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, инчунин ҷавобгари барои риоя накардани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
муайян кардани ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳаракат дар роҳ ;
ташкил додани мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҳаракат дар роҳ, роҳбари ба фаъолияти онҳо ;
таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои давлатии тараққии ҳаракати роҳ ва бехатари дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
бо маблағ таъмин, роҳбари ва назорат кардан ба иҷрои барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
ташкил додани фондҳои ҷумҳуриявии таъминоти модди ва молиявии тараққии ҳаракат дар роҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ;
назорати давлати ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техники ва дигар санадҳои меъёри дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии он ,;
муайян намудани тартиботи ягонаи ташкили ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
муқаррар намудани талаботи ягона оид ба лоиҳакаши, сохтмон, тармим, таъмир, нигоҳубин ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, тасдиқ кардани барномаҳои сохтмони онҳо ;
муқаррар намудани талаботи ягонаи таҳия ва ҷори намудани нақшаҳои умуми, лоиҳаҳои банақшагирии тафсили ва хонасози дар маҳала аҳолинишин, нақшаҳои комплексии нақлиёт ва планҳои хонасозии алоҳида ;
муқаррар намудани талаботи ягона оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд ;
муайян намудани тартиби додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва сертификатҳо барои фаъолияти вобаста бо сохтмон, таъмир ва истифода кардани воситаҳои нақлиёт, боркашони ва мусофиркашони, тайёр намудани ронандаҳо, сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар навъҳои фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад ;
муайяи намудани принсипҳои умумии суғуртакунии ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон ;
барпо намудани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
ташкили корҳои тадқиқоти илми ва конструктории технологи дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
таъсиси системаи ягонаи иттилоотию кофтукови ва бонки маълумоти баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури, ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва оқибатҳои онҳо, инчунин нишондиҳандаҳои дигар ;
иштирок дар фаъолияти байниҳукумати ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он .
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои дорои аҳамияти давлати оид ба соҳаи ҳаракат дар роҳ, ки дар қонун пешбини шудааст, низ дохил мешаванд .
Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешавад:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, танзим ва назорати иҷрои онҳо;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди минтақаи дахлдор;
- ташкили иҷрои корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд .
Моддаи 11. Салоҳияти соҳибони роҳҳои автамобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Салоҳияти соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ё мақомоти ваколатдори онҳо дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборат аст :
таҳияи барномаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба тараққи, такмил, таъмир ва барои ҳаракат дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва қитъаҳои барои онҳо ҷудокардашуда;
муайян кардани сохтори идора, лоиҳакаши, сохтан ва нигоҳубин кардани роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
иштирок дар таҳияи низомномаҳо дар бораи сохторҳои махсуси идоракунии ҳаракат дар роҳ ;
ҷуброни ҳароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти кӯмакпулии якдафъагй ба осебдидагон, агар ҳодисаҳои наклиёти роҳ аз сабаби нигоҳубини ғайриқаноатбахши роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад;
таъмини шароити бехатар, босарфа ва ҳаловатбахши ҳаракат дар роҳ ;
ташкили чорабнниҳо ва амали намудани онҳо барои ҳифзи муҳити табиат;
таъмини иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бо ахбор дар бораи масъалаҳои ҳолати садамаовар ва пӯшиши роҳ ва шароити дигар ;
ҳалли масъалаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар вазъиятҳои фавқулодда;
муайян кардани меъёрҳо ва ҷудо намудани маблағи лозима барои сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ;
вогузор кардани ҳуқуқ барои сохгмони иншооти коммунали ва иншооти дигар, кашидани хатти алоқа, барои корҳои муҳофизати ва иншоот, иншооти хизматрасони ва таҷҳизонидани онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
ташкили корҳо оид ба аҳолшинони ва нигоҳубини ниҳолҳои назди роҳҳо ва ғайра;
фавран бартараф намудани харобиҳои роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
таъмини кори хадамоти махсус оид ба амали намудани чорабиниҳои ташкили ҳаракат дар роҳ ;
сари вақт ошкор намудани монеаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартарафкунии онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани ин кор фавран бо аломатҳои роҳ воситаҳои манъкунанда ва роҳнишондиҳанда нишонагузори намудани он ҷойҳо ;
ташкили иҷрои талаботи муқарраршуда оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ;
ҳалли дигар масъалахои ҳаракат дар роҳ мувофики санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 12. Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт
Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт (ба истиснои шахсони воқеи) аз инҳо иборат аст:
дидани чораҳо оид ба ривоҷу равнақи истифодабари ва нигоҳубини воситаҳои нақлиёт;
васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълими оид ба тайёр намудани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;
ташкил ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ ;
ташкил ва татбиқи чораҳои муҳит аз таъсири бади нақлиёт;
баҳисобгирии ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо ;
ташкил ва бо маблағтаъминкунии чораҳои пешгири намудани маъюбшавии вобаста бо нақлиёти роҳ;
ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳодисаи ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ бо айби онҳо расонидашуда, инчунин пардохти ёрдампулии яквақта ба шахсони дар ин гуна ҳодисаҳо зарардида бо қарори мақомоти суди ;
ҳалли масъалаҳои истифодаи нақлиёт дар вазъияти фавқулодда.
БОБИ 4. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 13. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дорои ҳуқуқи зайл мебошанд :
ба шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан расонида шудааст ;
ба ҷуброни зиён ва додани ёрдампулии яквақта аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳодисаи нақлиёти роҳ айбдоранд;
ба суд шикоят кардан нисбати амалҳои шахсони мансабдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлати дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани қонуни мавҷуда;
омӯхтани меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ;
гирифтани ахбор аз ташкилотҳои роҳ, коммунали ва ғайра дар бораи шароити ҳаракат дар роҳ .
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ вазифадоранд :
талаботи Қонуни мазкур, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ то ҷое, ки барояшон дахл дорад, донанд ;
барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалии худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд ;
товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талаботи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд ;
амри мақомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи қонунгузори дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд .
Ҳуқуқу вазифаҳои ронандаи воситаи нақлиёт, пиёдагард, мусофир (пассажир), велосипедрон ва чорворон бо Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.
Моддаи 14. Қоидаҳои асоси барои додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт
Агар синну соли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синну соли муқарраркардаи ҳамин Қонун мувофиқ буда, камбудии ҷисмони ё беморие надошта бошад, ки монеи идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт ва ҳосил кардани малакаи кофии идоракунии воситаҳои нақлиёт гардад ӯ ҳуқуқ дорад барои идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат гирад .
Тартиби ба идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат доданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Номгӯи ноқисиҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо ба шахс бобати гирифтани шаҳодатнома барои идораи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёти категори ё хелҳои дахлдор бо шаҳодатномае, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили дода мешавад тасдиқ карда мешавад, ки онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии милли ва байналмилалие амал мекунанд, ки ба Конвенсияи ҳаракат дар роҳ мувофиқанд .
Моддаи 15. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт
Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт (маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт) ба сабаби бад шудани саломатии ронанда, ки барои идоракунии бехатарии воситаҳои нақлиёт монеь мешавад, ҳамчунин барои иҷро накардани вазифаҳои тавассути Қонуни мазкур муқарраргардида дар мавридҳое, ки қонун пешбини намудааст, сурат мегирад .
Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар бад шудани саломати дар асоси хулосаи муассисаи тибби, ки ба идоракунии воситаҳои нақлиёт қобил буданро муайян мекунад, сурат мегирад.
Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар ӯҳдадориҳои бо қонунгузори муқарраргардидаро ба ҷо наовардани ронанда дар асоси материалҳои парвандаи қонунвайронкунии маъмурии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар мавридҳое, ки Қонуни мазкур пешбини намуааст, қатъ мегардад .
Аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум намудани ронанда то замони пурра аз байн рафтани сабабҳое, ки барои бехавфу хатар идора кардани воситаи нақлиёт монеъ мегарданд, идома меёбад ва дар мавриди ӯҳдадориҳои муқарраргардидаро ба ҷо наоварданаш ба мӯҳлате, ки дар Қонуни мазкур муайян шудааст, давом мекунад .
Агар ронанда Қоидаҳои ҳаракати роҳро, ки рӯйхати онҳо дар қонунгузори муқаррар карда мешавад, риоя накунад, ӯро шахсони мансабдори боваколати Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши донишаш ба комиссия мефиристанд.
Моддаи 16. Омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида, амали мегардонанд .
Мақомоти маориф таълими Қоидаҳои ҳаракати роҳро дар ҳамаи кӯдакистонҳо, мактабҳои миёнаи маълумоти умуми ва оли, дар омӯзишгоҳҳои касбию техники, ҳамчунин таълими мутахассисони даркориро ба роҳ мемонанд.
Ба бачагон омӯхтани малакаҳои дар роҳ бехавфу хатар рафтор кардан дар кӯдакистонҳо аз якунимсолаги оғоз мешавад. Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба талабагон аз рӯи барномае таълим дода мешавад, ки онҳо дар давраи хонданашон дар мактабу омӯзишгоҳ барои идора кардани мотосикл ҳуқуқдор гашта, шаҳодатнома мегиранд.
Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳоли тадбирҳое меандешанд, ки мақсад аз онҳо ба мӯйсафедон ва маъюбон таълим додани ҳаракати бехавфу хатар дар роҳ, инчунин муҳофизати онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст.
Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба аҳоли мувофиқи барномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ намудаанд, бо пешниҳоди мақомоти маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли таълим дода мешаванд .
Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлати, ва ғайридавлатӣ таълим дода мешаванд. ҳамчунин шаҳрвандон ин Қоидаҳоро мустақилона меомӯзанд. Шаҳрвандон имтиҳоноти давлатиро барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт танҳо дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд .
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобили, воситаҳои ахбори омма ба мақомоти дахлдор барои амали намудани чораҳои профилактики ва ба гурӯҳҳои иҷтимоии аз ҷиҳати синну сол гуногуни аҳоли таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ёри мерасонанд .
БОБИ 5. РОҲҲОИ (КӯЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 17. Роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгард, тақсиму тафриқа ва истифодаи онҳо
Тартиби тақсиму тафриқа ва истифодаи роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 18. Талаботи асоси оиди кашидани лоиҳаи роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки лоиҳаҳои типи ё инфиродии сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро мекашанд, бояд маҷмӯи тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, талабҳои экологиро бо назардошти эҳтиёҷоти хос маъюбон пешбини намоянд .
Аз ҳисоби ихтисори тадбирҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд, кам кардани ҳарҷи маблағ манъ аст. Лоиҳаҳои сохтмони, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мавриди экспертиза қарор дода шаванд. Мувофиқаи назорати давлати оид ба риояи қонунгузори, қоидаҳо, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳро роҷеъ ба мутобиқати ин лоиҳаҳо ба талабҳои қоида, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳ ва экспертизаи экологи гирифта, бояд ба ҳеҷ гуна каҷрави аз талаботи онҳо роҳ дода нашавад .
Моддаи 19. Талаботи асоси оид ба сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Тамоми корҳои сохтан, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мувофиқи лоиҳа ва талабҳои қоидаю меъёрҳо ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ҷо оварда шаванд .
Агар барои амали сохтани баъзе лоиҳаҳо шароит имкон надиҳад иҷрокунандаи кор бояд аз ин ба лоиҳакаш ва фармоишгар бо мақсади андешидани чораи бехатарии ҳаракат дар роҳ хабар диҳад .
Сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иштироки мақомоти назорати давлати оид бо риояи қонунгузори, қоидаю меъёр ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ баъд аз иҷрои чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ қабул карда мешаванд .
Қоидаҳои ягонаи таъмир ва нигоҳубини роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, Қоидаҳои истифодаи онҳо ва муҳофизати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 20. Бо иншоотҳои хизматрасони таҷҳизонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳамроҳи мақомоти роҳсозию роҳдори барои ҷиҳозонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонии автомобили мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардаи лоиҳакаши, нақшаҳои сохтмон ва схемаҳое генералии ҷойгиронии чунин иншоотҳо тадбирҳо андешанд. ҳамчунин кори онҳоро бо мақсади пурратар қонеъ гардонидани талаботи иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ ташкил кунанд. Роҳҳою кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки серҳаракатанд, барои даъвати мошини ёрии таъҷилии тибби, кормандони мақомоти корҳои дохили ва ташкилотҳои роҳсози ва истифодаи он бо воситаҳои кӯмакрасонии алоқа таҷҳизонида мешаванд .
Моддаи 21. Маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат ҳангоми иҷрои кор дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба мақсади пешгирии фалокати нақлиёт ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад.
Моддаи 22. Ташкили ҳаракат дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ташкили ҳаракат дар роҳ аз тарафи хадамоти махсус сурат мегирад, ки низомномаҳои онҳоро мақомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ менамояд .
Дар мавриди ба амал омадани таҳдид ба бехатарии ҳаракати роҳ шахсони мансабдори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти роҳсозию роҳдори ва коммунали ҳуқуқ доранд ба ташкили ҳаракат дар роҳ фаври тағйирот дохил намоянд .
Моддаи 23. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки ба сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан масъуланд
Шахсони мансабдоре, ки барои сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан кӯпрукҳо ва иншоотҳои дигар масъул мебошанд, вазифадоранд, ки :
Иншоотҳои мазкурро тавре нигоҳубин намоянд, ки ба талабҳои муқарраркардаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқ ва ҷавобгӯ бошанд;
агар ҳолате пеш ояд, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ хавф таҳдид набояд, барои сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат, ҳамчунин барои муҳайё намудани шароити бехатарии ҳаракат тадбирҳо андешида, амали гардонанд ;
ҳангоми сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан оиди бехатарии ҳаракат ҳаматарафа чора бинанд;
ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки он ҷо дар роҳ, кӯча, гузаргоҳи роҳи оҳан мошину механизмҳо масолеҳи бинокори ва ғайра монда шудаанд, бо аломатҳои махсуси роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда ва дар торики ва туман - бо чароғҳои огоҳкунанда, ки меъёрҳои мавҷуда пешбини менамоянд, аломатгузари кунанд;
ҳангоми ба анҷом расонидани кор дар роҳ, кӯча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд ҷойҳоро фавран ба ҳолате биёранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо таъмин гардад ва минтақаҳои ба ин мақсад ҷудокардашударо бехатар созанд;
дар сурати ифлос шудани қисми мошингарди роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан барои тоза кардани онҳо ва сари вақт хабардор кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз пайдо шудани хатари ҳаракат дар роҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд ;
онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ таҷҳизонанд ;
қитъаҳои харобу хатарнок ва ҷойҳои зиёд шудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳро ошкор намоянд ва дар чунин ҷойҳо ҷиҳати бехатар сохтани шароит ва ташкили ҳаракат дар роҳ барои таъмини бехатарии он тадбирҳои дахлдор андешанд ;
монеаҳои ҳаракати роҳоро сари вақт ошкор намуда, бартарафшавии онро таъмин намоянд, дар сурате ки ин кор ғайриимкон бошад, бо аломатҳои роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда фавран нишонагузори кунанд;
ҳар моҳ фалокатҳои роҳро таҳлил намоянд;
ба имкони ҳодисаҳои тавассути воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рехтани хок, санг ва ё дигар мавод роҳ надиҳанд;
хароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиётро ҷуброн кунанд, агар мувофиқи қарори мақомоти суди ҳодисаҳо бо айби ғайриқаноатбахш будани истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошанд.
Соҳибони роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, мансабдорони ташкилотҳои истифодабарии роҳ, дар сурати бо айби онҳо рӯй додани ҳодисахои нақлиёти, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
БОБИ 6. ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 24. Иҷозат додани воситаҳои нақлиёт барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ
Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба ҳамон воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, ки конструксия (сохт) ва ҳолати техникиашон ба Қоидаҳои муқарраршудаи байнидавлатии соҳави, меъёрҳо ва стандартҳо ҷавоб диҳад ва аз санҷиш, қайд ва муоинаи техникии давлати гузашта, мувофиқи тартиби муқарраршуда суғурта шуда бошанд .
Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад .
Моддаи 25. Талаботи асоси оид ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёт
Конструксияи (сохти) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёру стандартҳои муосир, ки барои дараҷаи партови маводи ифлоскунандаи ҳаво муқаррар гардидааст, ҷавоб дода тавонад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии онҳо бояд бо мақомоти ваколатдори давлати мувофиқа шуда бошанд.
Моддаи 26. Талабҳои асоси оид ба дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт
Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, яъне тағйир додани навъ ё марка (тамға), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, тавассути насби кабина, кузов ва ё қисмҳои онҳо, таҷҳизоти махсус ва рақамҳои агрегатҳо, ки тибқи ҳуҷҷатҳо барои ҳамин воситаи нақлиёт пешбини нашудаанд, бояд ба қоидаҳо ва меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.
Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ки ба тағйири маълумотҳои тавсифии воситаҳои нақлиёт боис гаштааст, бояд дар ҳуҷҷатҳои қайди он сабт гардад.
Моддаи 27. Талабҳои асоси оид ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд
Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд, дар бобате, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳое мувофиқ бошанд, ки аз рӯй тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд .
Барои таъмини ҳолати лозимаи техникии воситаҳои нақлиёт соҳибони онҳо ё дигар шахсони мувофиқи қонуни мавҷуда аз онҳо истифодакунанда вазифадор мебошанд.
Моддаи 28. Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт
Ҳамаи воситаҳои нақлиёти механики, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок мекунанд, ҳамчунин ядакҳояшон бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд .
Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба худашон тааллуқдоштаро дар давоми даҳ шабонарӯз, аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё сар задани ҳолатҳое, ки дар натиҷаашон бояд воситаҳои нақлиёт дубора аз қайд гузаранд (дохил кардани тағйирот дар маълумотҳои баҳисобгири), аз қайд гузаронанд.
Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои бақайдгири ва рақамҳои бақайдгирии давлати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 29. Муоинаи техникии давлатии воситаҳои нақлиёт
Воситаҳои нақлиёти механикие, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок доранд, ҳамчунин ядакҳои (нимядакҳои) онҳо аз рӯи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ҳатман аз муоинаи техники гузаранд .
Ба воситаҳои механикии нақлиёте, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техники нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешад.
Моддаи 30. Талабҳои асоси оид ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт
Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё шахсоне, ки аз онҳо истифода мебаранд, барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра, мутобиқи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори нақлиёт муқарраршуда гузаронидани корҳои хизматрасонии техники ва таъмир вазифадор мебонанд.
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидори, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷиҳати хизматрасони ва таъмири воситаҳои нақлиёт кӯмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корҳо иҷозатнома дошта бошанд .
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бояд корро ба роҳ монда, баҳри ташкили шабакаи хадомоти ёрии фаврии техники ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мустақиман дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҳар ҷиҳат кӯмак намоянд .
Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт
Истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад:
а) бо кушода гирифтани рақамҳои бақайдгирии давлати дар чунин ҳолатҳо :
дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст ;
аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;
нагузаштани муоинаи техникии давлати;
надоштани санади суғуртаи масъулияти граждании соҳиби нақлиёт;
б) бо боздошт намудани воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:
идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати масти, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракуни ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани мӯҳлати амали онҳо ;
идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ;
идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё рақамҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакори ё бо ягон усул тағйир дода шудаанд, ҳамчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷати бақайдгири зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт ;
идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё рақамҳои бақайдгири надоранд
халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути вайрон кардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт .
Моддаи 32. Суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт
Ҳамаи воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанду дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобили ба қайд гирифта мешаванд, бояд аз бобати масъулияти шаҳрванди барои расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расонидани зиёни модди дар рафти истифодаи ин воситаҳои нақлиёт, суғурта карда шаванд .
Тартиби суғуртаи ҳатми ва андозаи пардохтҳои суғуртавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Суғуртапулй аз рӯи суғуртаи ҳатмии давлати новобаста из маблағи суғуртаи иҷтимоии давлати, таъминоти иҷтимои ва аз рӯи тартиби ҷуброни зарар, пардохта мешавад.
Моддаи 33. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъуланд
Шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъул мебошанд, вазифадоранд:
хостагири, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатии онҳо ва риоя шудани низоми кор ва истироҳатро таҳти назорат қарор диҳанд;
ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро роҳ надиҳанд, ки шаҳодатномаи идора кардани ин ё он навъи нақлиётро надоранд, дар мӯҳлати муқарраршуда аз муоинаи тибби нагузаштаанд, дар ҳолати масти, заҳролуд ё нашъаманди, ҳолати бемори ё таҳти таъсири доруҳое қарор доранд, ки хушёри ё диққати онҳоро суст менамояд ;
бе роҳҳати ҳаракат ба роҳ баромадани воситаҳои нақлиётеро иҷозат надиҳанд, ки ҳолати техники ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидҳои ҳаракати роҳ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин аз рӯи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, ё аз муоинаи техникии давлати нагузаштаанд;
ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд ;
ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рӯй додани онҳоро таҳлил кунанд, барои аз байн бурдани онҳо чораҳо андешанд;
бо Бозрасии давлатии автомобили хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок мекашонанд, кашондани борҳои вазнин ва калонҳаҷм, тартиби кашида бурдани ду ва беш аз воситаҳои нақлиёти механикӣ ва тағйир додани таҷҳизоти воситаи нақлиётро мувофиқа намоянд .
БОБИ 7. БАНАҚШАГИРӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 34. Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои давлати, вилояти, шаҳри ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷро менамоянд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати дурусти онҳо бо Банақшагирии минтақави ва соҳави, ташкили нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисоди ва экологии минтақаи мушаххас, дараҷаи тараққии шабаки роҳҳо, ҳодисаҳои роҳ ва дигар нишондиҳандаҳои системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад .
Моддаи 35. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ
Маблағгузорӣ барои тадбирҳои дар барномахо пешбинишуда, хачунин дигар тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ аз хисоби буҷети ҷумҳурияви ва маҳалли маблағҷудокунии вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, сурат мегирад .
Ба мақсади маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳасози, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фондҳои ҷумҳурияви ва вилоятии роҳ ташкил карда мешаванд .
Принсипҳои ташкилдиҳи ва истифодаи фондҳои роҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 36. Принсипҳои умумии ташкили системаи давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста ба нақлиёти рох, ҳуқуқвайронкунии маъмури дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва ғайра муқаррар карда мешавад .
Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирй ва ҳисоботдиҳи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
БОБИ 8. ТАЪМИНИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 37. Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ
Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ инҳоро дарбар мегирад :
ҳатман аз муоинаи тибби ва муоинаи такрории тибби гузаштани ронандашавандаҳо ва ронандагони воситаҳои нақлиёт, пеш аз сафар гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, расонидани ёрии тиббии аввали ва осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили ва дигар воҳидҳои махсус, инчунин ба аҳоли ёд додани тарзу усулҳои расонидани ёрии пешакии тибби ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ то расидани духтурон .
Давраҳои муоинаи тибби ва тартиби ташкили ёрии тибби ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто муайян карда мешавад.
БОБИ 9. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН
Моддаи 38. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ барои аз тарафи вазоратҳо, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлати ва иттиҳодияҳо, ҳамчунин шаҳрвандон риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад .
Моддаи 39. Мақомоте, ки дар соҳаи ҳаракат дар роҳ назорат мекунанд
Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда (Назорати давлати), ҳамчунин аз тарафи вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо (назорати идорави) сурат мегирад .
Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси контроли, назорати ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд , .
Ба системаи Бозрасии давлатии автомобили мақоми ҷумҳуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобили, мақомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд .
Ба Бозрасии давлатии автомобили Сарбозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, сарбозрасҳои давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбари мекунанд .
Моддаи 40. Ҳифзи муҳити зист
Вазорату кумитаҳои давлати, идораю иттиҳодияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки машғули лоиҳасози, истеҳсол ва истифодаи воситаи нақлиёт мебошанд, вазифадор ҳастанд, ки маҷмӯи тадбирҳоро оид ба пешгири ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳит таҳия намуда, риояи қонунҳои ҳифзи табиатро таъмин кунанд .
БОБИ 10. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАЗКУР
Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Моддаи 42. Масъулияти сохибони воситаҳои нақлиёт барои зарар расонидашуда
Соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд зарареро, ки воситаҳои нақлиёти онҳо расонидаанд, мувофиқи қарори мақомоти суд ҷуброн намоянд.
Дар сурати ҳалокати иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки бо айби онҳо ҳодисаи нақлиёти роҳ рӯй додааст, ба оилаи шахси ҳалокшуда ё нонхӯрони ӯ ба андозаи маоши сесолаи шахси ҳалокшуда ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад .
Дар ҳолати маҷрӯҳ шудани иштирокчии ҳаракати роҳ соҳибони воситаҳои нақлиёт ба вай аз маоши яксола то дусола ёрдампулии яквақта мепардозанд, ки ин маблағ аз шахсони гунаҳкор ситонда мешавад.
БОБИ 11. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 43. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар дар шартномаҳои байналмилали Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз қоидаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракати роҳ фарқ кунанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд .
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 196
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
(Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498, 29.11.2000 № 28, аз 20.03.2008 № 370, аз 3.12.2009 № 570, аз 9.01.2010 № 579)
Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад .
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он танзим намуда, ҳуқуқу вазифаҳо ва масъулияти субъектҳо - иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, вазоратҳо, идораҳо, иттиҳодияҳо корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидори (минбаъд вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо) муайян мекунад .
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз ҳифз намудани ҳаёт, саломати ва амволи шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин ҳифзи манфиатҳои ҷамъият ва давлат ба воситаи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини онҳо иборатанд (.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст .
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд :
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ - шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд .
Роҳи автомобилгард - маҷмӯи иншооти муҳандисӣ мебошад, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо пешбини шудааст .
Воситаҳои нақлиёт - ҳамаи навъҳои автомобилҳо, тракторҳо ва воситаҳои механики мебошад, ки ҳаҷми кори муҳаррикашон - двигателашон беш аз 50 см. мукааб (ва ҳадди аксари суръати конструктивиашон беш аз 50 см. мукааб (ва ҳадди аксари суръати конструктивиашон беш аз 40 км дар як соат) аст.
Ҳаракати роҳ - маҷмӯи муносибатҳое мебошанд, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд , ;
Бехатарии ҳаракати роҳ - ҳолати раванди мазкур буда, инъикоскунандаи дараҷаи муҳофизати иштирокчиёни он аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои онҳо аст , ;
Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ - фаъолияте мебошад, ки барои пешгирии сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, сабук гардонидани оқибатҳои вазнини он нигаронида шудааст .
Моддаи 4. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нақлиёт ҳаракат ва аз тарафи дасти рост муқаррар карда шудааст.
Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгирии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштани чорраҳаҳо, гузаргоҳҳои пиёдагардҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умуми, истифодаи асбобҳои нурафшони беруни, қоидаҳои ҳаракати пиёдагардҳо, ҳаракати велосипедсаворон, инчунин масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд .
БОБИ 2. СИСТЕМАИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН
Моддаи 5. Идоракунии давлати дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор сурат мегирад .
Моддаи 6. Иштироки вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳияти худ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлати ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузори намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд .
Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе вазифаҳои идоракунии байнисоҳавиро вобаста ба ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он иҷро карда метавонанд .
Дар вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, дар корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки воситаҳои нақлиёт доранд, вазифаи мутахассис оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ё хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад .
Низомнома оид ба хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад .
Моддаи 7. Иштироки корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидориашон, барои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро амали месозанд. Дар коллективҳои меҳнати оид ба риояи талаботи қонун дар бораи ҳаракати роҳ тадбирҳои пешгириву фаҳмондадиҳиро ба амал мебароранд .
Моддаи 8. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон дар амали гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандон бояд ба мақомоти давлати дар амали гардонидани чорабиниҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ мусоидат намоянд. Вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо вазифадор ҳастанд, ки таклифҳои иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандонро оиди масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ба назар гиранд .
Давлат сиёсати андози имтиёзнокро нисбати иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсади асосиашон амали гардонидани чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад, татбиқ менамояд.
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборатанд :
муайян кардан ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон , ;
муқаррар намудани низоми ягонаи қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техники ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ , ;
таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он, инчунин ҷавобгари барои риоя накардани онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
муайян кардани ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳаракат дар роҳ ;
ташкил додани мақомоти давлатии ваколатдор дар соҳаи ҳаракат дар роҳ, роҳбари ба фаъолияти онҳо ;
таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои давлатии тараққии ҳаракати роҳ ва бехатари дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
бо маблағ таъмин, роҳбари ва назорат кардан ба иҷрои барномаҳои давлатии тараққии ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
ташкил додани фондҳои ҷумҳуриявии таъминоти модди ва молиявии тараққии ҳаракат дар роҳ ва мустаҳкам намудани бехатарии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ;
назорати давлати ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техники ва дигар санадҳои меъёри дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии он ,;
муайян намудани тартиботи ягонаи ташкили ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
муқаррар намудани талаботи ягона оид ба лоиҳакаши, сохтмон, тармим, таъмир, нигоҳубин ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, тасдиқ кардани барномаҳои сохтмони онҳо ;
муқаррар намудани талаботи ягонаи таҳия ва ҷори намудани нақшаҳои умуми, лоиҳаҳои банақшагирии тафсили ва хонасози дар маҳала аҳолинишин, нақшаҳои комплексии нақлиёт ва планҳои хонасозии алоҳида ;
муқаррар намудани талаботи ягона оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд ;
муайян намудани тартиби додани иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва сертификатҳо барои фаъолияти вобаста бо сохтмон, таъмир ва истифода кардани воситаҳои нақлиёт, боркашони ва мусофиркашони, тайёр намудани ронандаҳо, сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва дигар навъҳои фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат таъсир мерасонад ;
муайяи намудани принсипҳои умумии суғуртакунии ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон ;
барпо намудани системаи ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои асосии омории ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
ташкили корҳои тадқиқоти илми ва конструктории технологи дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он ;
таъсиси системаи ягонаи иттилоотию кофтукови ва бонки маълумоти баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмури, ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва оқибатҳои онҳо, инчунин нишондиҳандаҳои дигар ;
иштирок дар фаъолияти байниҳукумати ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он .
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои дорои аҳамияти давлати оид ба соҳаи ҳаракат дар роҳ, ки дар қонун пешбини шудааст, низ дохил мешаванд .
Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешавад:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, танзим ва назорати иҷрои онҳо;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди минтақаи дахлдор;
- ташкили иҷрои корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд .
Моддаи 11. Салоҳияти соҳибони роҳҳои автамобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Салоҳияти соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ё мақомоти ваколатдори онҳо дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз инҳо иборат аст :
таҳияи барномаҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба тараққи, такмил, таъмир ва барои ҳаракат дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан ва қитъаҳои барои онҳо ҷудокардашуда;
муайян кардани сохтори идора, лоиҳакаши, сохтан ва нигоҳубин кардани роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
иштирок дар таҳияи низомномаҳо дар бораи сохторҳои махсуси идоракунии ҳаракат дар роҳ ;
ҷуброни ҳароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин пардохти кӯмакпулии якдафъагй ба осебдидагон, агар ҳодисаҳои наклиёти роҳ аз сабаби нигоҳубини ғайриқаноатбахши роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошад;
таъмини шароити бехатар, босарфа ва ҳаловатбахши ҳаракат дар роҳ ;
ташкили чорабнниҳо ва амали намудани онҳо барои ҳифзи муҳити табиат;
таъмини иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бо ахбор дар бораи масъалаҳои ҳолати садамаовар ва пӯшиши роҳ ва шароити дигар ;
ҳалли масъалаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан дар вазъиятҳои фавқулодда;
муайян кардани меъёрҳо ва ҷудо намудани маблағи лозима барои сохтмон, тармим, таъмир ва нигоҳубини роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ;
вогузор кардани ҳуқуқ барои сохгмони иншооти коммунали ва иншооти дигар, кашидани хатти алоқа, барои корҳои муҳофизати ва иншоот, иншооти хизматрасони ва таҷҳизонидани онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
ташкили корҳо оид ба аҳолшинони ва нигоҳубини ниҳолҳои назди роҳҳо ва ғайра;
фавран бартараф намудани харобиҳои роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан;
таъмини кори хадамоти махсус оид ба амали намудани чорабиниҳои ташкили ҳаракат дар роҳ ;
сари вақт ошкор намудани монеаҳои ҳаракат дар роҳ ва бартарафкунии онҳо ва дар сурати ғайриимкон будани ин кор фавран бо аломатҳои роҳ воситаҳои манъкунанда ва роҳнишондиҳанда нишонагузори намудани он ҷойҳо ;
ташкили иҷрои талаботи муқарраршуда оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ;
ҳалли дигар масъалахои ҳаракат дар роҳ мувофики санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 12. Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт
Салоҳияти соҳибони воситаҳои нақлиёт (ба истиснои шахсони воқеи) аз инҳо иборат аст:
дидани чораҳо оид ба ривоҷу равнақи истифодабари ва нигоҳубини воситаҳои нақлиёт;
васеъ намудани шабакаи муассисаҳои таълими оид ба тайёр намудани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;
ташкил ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ ;
ташкил ва татбиқи чораҳои муҳит аз таъсири бади нақлиёт;
баҳисобгирии ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо ;
ташкил ва бо маблағтаъминкунии чораҳои пешгири намудани маъюбшавии вобаста бо нақлиёти роҳ;
ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳодисаи ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ бо айби онҳо расонидашуда, инчунин пардохти ёрдампулии яквақта ба шахсони дар ин гуна ҳодисаҳо зарардида бо қарори мақомоти суди ;
ҳалли масъалаҳои истифодаи нақлиёт дар вазъияти фавқулодда.
БОБИ 4. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 13. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дорои ҳуқуқи зайл мебошанд :
ба шароити бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҷуброни зиёне, ки бинобар ба талаботи бехатарии ҳаракат мутобиқат накардани ҳолати роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан расонида шудааст ;
ба ҷуброни зиён ва додани ёрдампулии яквақта аз ҳисоби онҳое, ки ба ҳодисаи нақлиёти роҳ айбдоранд;
ба суд шикоят кардан нисбати амалҳои шахсони мансабдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлати дар сурати аз тарафи онҳо вайрон намудани қонуни мавҷуда;
омӯхтани меъёрҳо ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ;
гирифтани ахбор аз ташкилотҳои роҳ, коммунали ва ғайра дар бораи шароити ҳаракат дар роҳ .
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ вазифадоранд :
талаботи Қонуни мазкур, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ то ҷое, ки барояшон дахл дорад, донанд ;
барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалии худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд ;
товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талаботи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд ;
амри мақомоти назорат ва бозрасии давлатиро оид ба риояи қонунгузори дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд .
Ҳуқуқу вазифаҳои ронандаи воситаи нақлиёт, пиёдагард, мусофир (пассажир), велосипедрон ва чорворон бо Қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.
Моддаи 14. Қоидаҳои асоси барои додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт
Агар синну соли шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синну соли муқарраркардаи ҳамин Қонуни мазкур мувофиқ буда, камбудии ҷисмони ё беморие надошта бошад, ки монеи идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт ва ҳосил кардани малакаи кофии идоракунии воситаҳои нақлиёт гардад ӯ ҳақ дорад барои идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат гирад .
Тартиби ба идоракунии воситаҳои нақлиёт иҷозат доданро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Номгӯи ноқисиҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо ба шахс бобати гирифтани шаҳодатнома барои идораи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёти категори ё хелҳои дахлдор бо шаҳодатномае, ки аз тарафи Бозрасии давлатии автомобили дода мешавад тасдиқ карда мешавад, ки онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии милли ва байналмилалие амал мекунанд, ки ба Конвенсияи ҳаракат дар роҳ мувофиқанд .
Моддаи 15. Асосҳо барои қатъи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт
Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт (маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт) ба сабаби бад шудани саломатии ронанда, ки барои идоракунии бехатарии воситаҳои нақлиёт монеь мешавад, ҳамчунин барои иҷро накардани вазифаҳои тавассути Қонуни мазкур муқарраргардида дар мавридҳое, ки қонун пешбини намудааст, сурат мегирад .
Қатъи истифодаи ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар бад шудани саломати дар асоси хулосаи муассисаи тибби, ки ба идоракунии воситаҳои нақлиёт қобил буданро муайян мекунад, сурат мегирад.
Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт бинобар ӯҳдадориҳои бо қонунгузори муқарраргардидаро ба ҷо наовардани ронанда дар асоси материалҳои парвандаи қонунвайронкунии маъмурии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар мавридҳое, ки Қонуни мазкур пешбини намуааст, қатъ мегардад .
Аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум намудани ронанда то замони пурра аз байн рафтани сабабҳое, ки барои бехавфу хатар идора кардани воситаи нақлиёт монеъ мегарданд, идома меёбад ва дар мавриди ӯҳдадориҳои муқарраргардидаро ба ҷо наоварданаш ба мӯҳлате, ки дар Қонуни мазкур муайян шудааст, давом мекунад .
Агар ронанда Қоидаҳои ҳаракати роҳро, ки рӯйхати онҳо дар қонунгузори муқаррар карда мешавад, риоя накунад, ӯро шахсони мансабдори боваколати Бозрасии давлатии автомобилии (БДА) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиши донишаш ба комиссия мефиристанд.
Моддаи 16. Омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликият барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида, амали мегардонанд .
Мақомоти маориф таълими Қоидаҳои ҳаракати роҳро дар ҳамаи кӯдакистонҳо, мактабҳои миёнаи маълумоти умуми ва оли, дар омӯзишгоҳҳои касбию техники, ҳамчунин таълими мутахассисони даркориро ба роҳ мемонанд.
Ба бачагон омӯхтани малакаҳои дар роҳ бехавфу хатар рафтор кардан дар кӯдакистонҳо аз якунимсолаги оғоз мешавад. Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба талабагон аз рӯи барномае таълим дода мешавад, ки онҳо дар давраи хонданашон дар мактабу омӯзишгоҳ барои идора кардани мотосикл ҳуқуқдор гашта, шаҳодатнома мегиранд.
Мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳоли тадбирҳое меандешанд, ки мақсад аз онҳо ба мӯйсафедон ва маъюбон таълим додани ҳаракати бехавфу хатар дар роҳ, инчунин муҳофизати онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ аст.
Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба аҳоли мувофиқи барномаҳое, ки мақомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ намудаанд, бо пешниҳоди мақомоти маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли таълим дода мешаванд .
Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои давлати, ва ғайридавлатӣ таълим дода мешаванд. ҳамчунин шаҳрвандон ин Қоидаҳоро мустақилона меомӯзанд. Шаҳрвандон имтиҳоноти давлатиро барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт танҳо дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд .
Мақомоти Бозрасии давлатии автомобили, воситаҳои ахбори омма ба мақомоти дахлдор барои амали намудани чораҳои профилактики ва ба гурӯҳҳои иҷтимоии аз ҷиҳати синну сол гуногуни аҳоли таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ёри мерасонанд .
БОБИ 5. РОҲҲОИ (КӯЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 17. Роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгард, тақсиму тафриқа ва истифодаи онҳо
Тартиби тақсиму тафриқа ва истифодаи роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 18. Талаботи асоси оиди кашидани лоиҳаи роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳое, ки лоиҳаҳои типи ё инфиродии сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳанро мекашанд, бояд маҷмӯи тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, талабҳои экологиро бо назардошти эҳтиёҷоти хос маъюбон пешбини намоянд .
Аз ҳисоби ихтисори тадбирҳое, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд, кам кардани ҳарҷи маблағ манъ аст. Лоиҳаҳои сохтмони, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мавриди экспертиза қарор дода шаванд. Мувофиқаи назорати давлати оид ба риояи қонунгузори, қоидаҳо, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳро роҷеъ ба мутобиқати ин лоиҳаҳо ба талабҳои қоида, меъёру стандартҳои бехатарии ҳаракати роҳ ва экспертизаи экологи гирифта, бояд ба ҳеҷ гуна каҷрави аз талаботи онҳо роҳ дода нашавад .
Моддаи 19. Талаботи асоси оид ба сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Тамоми корҳои сохтан, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд мувофиқи лоиҳа ва талабҳои қоидаю меъёрҳо ва стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ҷо оварда шаванд .
Агар барои амали сохтани баъзе лоиҳаҳо шароит имкон надиҳад иҷрокунандаи кор бояд аз ин ба лоиҳакаш ва фармоишгар бо мақсади андешидани чораи бехатарии ҳаракат дар роҳ хабар диҳад .
Сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иштироки мақомоти назорати давлати оид бо риояи қонунгузори, қоидаю меъёр ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ баъд аз иҷрои чорабиниҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ қабул карда мешаванд .
Қоидаҳои ягонаи таъмир ва нигоҳубини роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, Қоидаҳои истифодаи онҳо ва муҳофизати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 20. Бо иншоотҳои хизматрасони таҷҳизонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳамроҳи мақомоти роҳсозию роҳдори барои ҷиҳозонидани роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонии автомобили мувофиқи меъёрҳои тасдиқкардаи лоиҳакаши, нақшаҳои сохтмон ва схемаҳое генералии ҷойгиронии чунин иншоотҳо тадбирҳо андешанд. ҳамчунин кори онҳоро бо мақсади пурратар қонеъ гардонидани талаботи иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ ташкил кунанд. Роҳҳою кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, ки серҳаракатанд, барои даъвати мошини ёрии таъҷилии тибби, кормандони мақомоти корҳои дохили ва ташкилотҳои роҳсози ва истифодаи он бо воситаҳои кӯмакрасонии алоқа таҷҳизонида мешаванд .
Моддаи 21. Маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат ҳангоми иҷрои кор дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан ба мақсади пешгирии фалокати нақлиёт ба тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад.
Моддаи 22. Ташкили ҳаракат дар роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ташкили ҳаракат дар роҳ аз тарафи хадамоти махсус сурат мегирад, ки низомномаҳои онҳоро мақомоти дахлдори давлати оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ тасдиқ менамояд .
Дар мавриди ба амал омадани таҳдид ба бехатарии ҳаракати роҳ шахсони мансабдори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти роҳсозию роҳдори ва коммунали ҳуқуқ доранд ба ташкили ҳаракат дар роҳ фаври тағйирот дохил намоянд .
Моддаи 23. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки ба сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан масъуланд
Шахсони мансабдоре, ки барои сохтмон, тармим, таъмиру истифода ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан кӯпрукҳо ва иншоотҳои дигар масъул мебошанд, вазифадоранд, ки :
Иншоотҳои мазкурро тавре нигоҳубин намоянд, ки ба талабҳои муқарраркардаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мувофиқ ва ҷавобгӯ бошанд;
агар ҳолате пеш ояд, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ хавф таҳдид набояд, барои сари вақт манъ ё маҳдуд кардани ҳаракат, ҳамчунин барои муҳайё намудани шароити бехатарии ҳаракат тадбирҳо андешида, амали гардонанд ;
ҳангоми сохтмон, тармим ва таъмири роҳҳо, кӯчаҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан оиди бехатарии ҳаракат ҳаматарафа чора бинанд;
ҷойҳои иҷрои кор, ҷойҳоеро, ки он ҷо дар роҳ, кӯча, гузаргоҳи роҳи оҳан мошину механизмҳо масолеҳи бинокори ва ғайра монда шудаанд, бо аломатҳои махсуси роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда ва дар торики ва туман - бо чароғҳои огоҳкунанда, ки меъёрҳои мавҷуда пешбини менамоянд, аломатгузари кунанд;
ҳангоми ба анҷом расонидани кор дар роҳ, кӯча ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бояд ҷойҳоро фавран ба ҳолате биёранд, ки ҳаракати бемонеа ва бехатари воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо таъмин гардад ва минтақаҳои ба ин мақсад ҷудокардашударо бехатар созанд;
дар сурати ифлос шудани қисми мошингарди роҳҳо, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан барои тоза кардани онҳо ва сари вақт хабардор кардани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ аз пайдо шудани хатари ҳаракат дар роҳ чораҳои таъхирнопазир андешанд ;
онҳоро бо воситаҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ таҷҳизонанд ;
қитъаҳои харобу хатарнок ва ҷойҳои зиёд шудани ҳодисаҳои нақлиёти роҳро ошкор намоянд ва дар чунин ҷойҳо ҷиҳати бехатар сохтани шароит ва ташкили ҳаракат дар роҳ барои таъмини бехатарии он тадбирҳои дахлдор андешанд ;
монеаҳои ҳаракати роҳоро сари вақт ошкор намуда, бартарафшавии онро таъмин намоянд, дар сурате ки ин кор ғайриимкон бошад, бо аломатҳои роҳ, панҷараҳо ва воситаҳои роҳнишондиҳанда фавран нишонагузори кунанд;
ҳар моҳ фалокатҳои роҳро таҳлил намоянд;
ба имкони ҳодисаҳои тавассути воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, гузаргоҳҳои роҳи оҳан рехтани хок, санг ва ё дигар мавод роҳ надиҳанд;
хароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиётро ҷуброн кунанд, агар мувофиқи қарори мақомоти суди ҳодисаҳо бо айби ғайриқаноатбахш будани истифодабарии роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан рӯй дода бошанд.
Соҳибони роҳҳо, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, мансабдорони ташкилотҳои истифодабарии роҳ, дар сурати бо айби онҳо рӯй додани ҳодисахои нақлиёти, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
БОБИ 6. ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 24. Иҷозат додани воситаҳои нақлиёт барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ
Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба ҳамон воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, ки конструксия (сохт) ва ҳолати механикиашон ба Қоидаҳои муқарраршудаи байнидавлатии соҳави, меъёрҳо ва стандартҳо ҷавоб диҳад ва аз санҷиш, қайд ва муоинаи техникии давлати гузашта, мувофиқи тартиби муқарраршуда суғурта шуда бошанд .
Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад .
Моддаи 25. Талаботи асоси оид ба истеҳсоли воситаҳои нақлиёт
Конструксияи (сохти) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёру стандартҳои муосир, ки барои дараҷаи партови маводи ифлоскунандаи ҳаво муқаррар гардидааст, ҷавоб дода тавонад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии онҳо бояд бо мақомоти ваколатдори давлати мувофиқа шуда бошанд.
Моддаи 26. Талабҳои асоси оид ба дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт
Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, яъне тағйир додани навъ ё марка (тамға), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, тавассути насби кабина, кузов ва ё қисмҳои онҳо, таҷҳизоти махсус ва рақамҳои агрегатҳо, ки тибқи ҳуҷҷатҳо барои ҳамин воситаи нақлиёт пешбини нашудаанд, бояд ба қоидаҳо ва меъёрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.
Дигар кардани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ки ба тағйири маълумотҳои тавсифии воситаҳои нақлиёт боис гаштааст, бояд дар ҳуҷҷатҳои қайди он сабт гардад.
Моддаи 27. Талабҳои асоси оид ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд
Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ки мавриди истифода қарор доранд, дар бобате, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳое мувофиқ бошанд, ки аз рӯй тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд .
Барои таъмини ҳолати лозимаи техникии воситаҳои нақлиёт соҳибони онҳо ё дигар шахсони мувофиқи қонуни мавҷуда аз онҳо истифодакунанда вазифадор мебошанд.
Моддаи 28. Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт
Ҳамаи воситаҳои нақлиёти механики, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок мекунанд, ҳамчунин присепҳояшон бояд ба қайд ва ба ҳисоб гирифта шаванд .
Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба худашон тааллуқдоштаро дар давоми даҳ шабонарӯз, аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё сар задани ҳолатҳое, ки дар натиҷаашон бояд воситаҳои нақлиёт дубора аз қайд гузаранд (дохил кардани тағйирот дар маълумотҳои баҳисобгири), аз қайд гузаронанд.
Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои бақайдгири ва аломатҳои бақайдгирии давлати аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Муоинаи техникии давлатии воситаҳои нақлиёт
Воситаҳои механикии нақлиёте, ки дар ҳаракат дар роҳ иштирок доранд, ҳамчунин присепҳои (нимприсепҳои) онҳо аз рӯи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, бояд ҳатман аз муоинаи техники гузаранд .
Ба воситаҳои механикии нақлиёте, ки аз муоинаи ҳатмии навбатии техники нагузаштаанд, минбаъд барои истифода иҷозат дода намешад.
Моддаи 30. Талабҳои асоси оид ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт
Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё шахсоне, ки аз онҳо истифода мебаранд, барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра, мутобиқи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори нақлиёт муқарраршуда гузаронидани корҳои хизматрасонии техники ва таъмир вазифадор мебонанд.
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидори, ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷиҳати хизматрасони ва таъмири воситаҳои нақлиёт кӯмак мерасонанд, бояд барои гузаронидани чунин корҳо иҷозатнома дошта бошанд .
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бояд корро ба роҳ монда, баҳри ташкили шабакаи хадомоти ёрии фаврии техники ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мустақиман дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва дар гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз ҳар ҷиҳат кӯмак намоянд .
Моддаи 31. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт
Истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад:
а) бо кушода гирифтани аломатҳои бақайдгирии давлати дар чунин ҳолатҳо:
дар сурати ҷой доштани носозиҳо ва шартҳое, ки феҳристи онҳо дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст ;
аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бе иҷозати дахлдор;
нагузаштани муоинаи техникии давлати;
надоштани санади суғуртаи масъулияти граждании соҳиби нақлиёт;
б) бо боздошт намудани воситаи нақлиёт бо нигоҳдории он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:
идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати масти, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оиди ҳуқуқи идоракуни ё истифодабарии воситаи нақлиёт;
идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлӯӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохтори воситаҳои нақлиёт аз тарафи заводи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, инчунин мавҷуд будани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ;
идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё аломатҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакори ё бо ягон усул тағйир дода шудаанд, ҳамчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷати бақайдгири зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;
идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё аломатҳои бақайдгири надоранд .
Моддаи 32. Суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт
Ҳамаи воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанду дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобили ба қайд гирифта мешаванд, бояд аз бобати масъулияти шаҳрванди барои расонидани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расонидани зиёни модди дар рафти истифодаи ин воситаҳои нақлиёт, суғурта карда шаванд.
Тартиби суғуртаи ҳатми ва андозаи пардохтҳои суғуртавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Суғуртапулй аз рӯи суғуртаи ҳатмии давлати новобаста из маблағи суғуртаи иҷтимоии давлати, таъминоти иҷтимои ва аз рӯи тартиби ҷуброни зарар, пардохта мешавад.
Моддаи 33. Вазифаҳои шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъуланд
Шахсони мансабдоре, ки барои истифода ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт масъул мебошанд, вазифадоранд:
хостагири, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатии онҳо ва риоя шудани низоми кор ва истироҳатро таҳти назорат қарор диҳанд;
ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро роҳ надиҳанд, ки шаҳодатномаи идора кардани ин ё он навъи нақлиётро надоранд, дар мӯҳлати муқарраршуда аз муоинаи тибби нагузаштаанд, дар ҳолати масти, заҳролуд ё нашъаманди, ҳолати бемори ё таҳти таъсири доруҳое қарор доранд, ки хушёри ё диққати онҳоро суст менамояд ;
бе роҳҳати ҳаракат ба роҳ баромадани воситаҳои нақлиётеро иҷозат надиҳанд, ки ҳолати техники ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидҳои ҳаракати роҳ ҷавобгӯ нест, ҳамчунин аз рӯи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, ё аз муоинаи техникии давлати нагузаштаанд;
ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд ;
ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ва вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракати роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рӯй додани онҳоро таҳлил кунанд, барои аз байн бурдани онҳо чораҳо андешанд;
бо Бозрасии давлатии автомобили хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, хатҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок мекашонанд, кашондани борҳои вазнин ва калонҳаҷм, тартиби кашида бурдани ду ва беш аз васоити механикии нақлиёт ва тағйир додани таҷҳизоти васоили нақлиётро мувофиқа намоянд.
БОБИ 7. БАНАҚШАГИРӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 34. Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаҳои давлати, вилояти, шаҳри ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷро менамоянд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати дурусти онҳо бо Банақшагирии минтақави ва соҳави, ташкили нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисоди ва экологии минтақаи мушаххас, дараҷаи тараққии шабаки роҳҳо, ҳодисаҳои роҳ ва дигар нишондиҳандаҳои системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад .
Моддаи 35. Маблағгузорӣ барои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ
Маблағгузорӣ барои тадбирҳои дар барномахо пешбинишуда, хачунин дигар тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ аз хисоби буҷети ҷумҳурияви ва маҳалли маблағҷудокунии вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо, сурат мегирад .
Ба мақсади маблағгузорӣ барои корҳои лоиҳасози, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фондҳои ҷумҳурияви ва вилоятии роҳ ташкил карда мешаванд .
Принсипҳои ташкилдиҳи ва истифодаи фондҳои роҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 36. Принсипҳои умумии ташкили системаи давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста ба нақлиёти рох, ҳуқуқвайронкунии маъмури дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва ғайра муқаррар карда мешавад .
Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирй ва ҳисоботдиҳи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
БОБИ 8. ТАЪМИНИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 37. Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ
Таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ инҳоро дарбар мегирад :
ҳатман аз муоинаи тибби ва муоинаи такрории тибби гузаштани ронандашавандаҳо ва ронандагони воситаҳои нақлиёт, пеш аз сафар гузаронидани муоинаи тиббии ронандагон, расонидани ёрии тиббии аввали ва осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили ва дигар воҳидҳои махсус, инчунин ба аҳоли ёд додани тарзу усулҳои расонидани ёрии пешакии тибби ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ то расидани духтурон .
Давраҳои муоинаи тибби ва тартиби ташкили ёрии тибби ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиёти роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто муайян карда мешавад.
БОБИ 9. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲАРАКАТ ДАр РОҲ ВА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ОН
Моддаи 38. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ
Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ барои аз тарафи вазоратҳо, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлати ва иттиҳодияҳо, ҳамчунин шаҳрвандон риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад .
Моддаи 39. Мақомоте, ки дар соҳаи ҳаракат дар роҳ назорат мекунанд
Назорат дар соҳаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии ба ин кор махсус ваколатдоршуда (Назорати давлати), ҳамчунин аз тарафи вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо (назорати идорави) сурат мегирад .
Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои махсуси контроли, назорати ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд , .
Ба системаи Бозрасии давлатии автомобили мақоми ҷумҳуриявии идоракунии Бозрасии давлатии автомобили, мақомоти идоракунии Бозрасии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд .
Ба Бозрасии давлатии автомобили Сарбозраси давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошад, сарбозрасҳои давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбари мекунанд .
Моддаи 40. Ҳифзи муҳити зист
Вазорату кумитаҳои давлати, идораю иттиҳодияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки машғули лоиҳасози, истеҳсол ва истифодаи васоили нақлиёт мебошанд, вазифадор ҳастанд, ки маҷмӯи тадбирҳоро оид ба пешгири ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳит таҳия намуда, риояи қонунҳои ҳифзи табиатро таъмин кунанд.