Тағйироту иловаҳое ки аз (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1293) ворид карда шудаанд аз 1.07.2016 мавриди амал қарор дода мешаванд.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7 мод.537, №12, мод.901)
Ин Қонун муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлати, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳоро қатъи назар аз шакли моликияташон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва танзим мекунад .
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Вазифахои Қонуни мазкур
Вазифаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли" аз инҳо иборат аст:
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломати, мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- муайян кардани салоҳият ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлати ва сохторҳои онҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли;
- танзими ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, шахсони воқеи ва ҳуқуқи сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин системаҳои нигаҳдории тандурустии давлати ва ғайридавлати дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
- муайян намудани ҳуқуқи касби, вазифаҳо ва масъулияти кормандони тибби ва дорусози, муқаррар кардани кафолати ҳимояи иҷтимоии онҳо;
- муайян ва муқаррар кардани кафолати риояи ҳуқуқи, инчунин вазифаҳои шаҳрвандон, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳоли дар соҳаи ҳифзи саломати;
- танзими ҳуқуқии ҳамкории байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли.
Моддаи 3. Асосҳои ҳифзи саломатии аҳоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳифзи саломатии аҳоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин амали гардонда мешавад:
- риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳифзи саломати мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- баланд бардоштани масъулияти мақомоти ҳокимияти давлати ва сохторҳои онҳо, корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон ашхоси мансабдор борои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломати ;
- мунтазам тараққи додани бунёди иҷтимоию иқтисоди ва истеҳсолии ҳифзи саломатии аҳоли, беҳтар бо маблағ таъмин намудани системаи давлатии нигаҳдории тандурусти;
- инкишоф додан ва ҳавасманд гардондани асоси афзалиятноки чораҳои пешгири аз бемориҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти, мубориза бо бемориҳо;
- тарғиботи васеи роҳҳои пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани дониши тиббию санитарии аҳоли;
- тарбияи ҷисмони ва гигиении шаҳрвандон ;
- амали гардондани чорабиниҳои соҳавию байнисоҳави дар соҳаи пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳоли аз ҷониби ҳамаи сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлати, инчунин корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон ;
- таъмини аҳоли бо кӯмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- инкишоф додани самтҳо ва хадамоти афзалиятноки системаи давлатии нигаҳдории тандурусти, таҳия кардан ва амали гардондани барномаҳои мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳифзи саломатии аҳоли;
- гузариш ба системаи бисёршакли (давлати ва ғайридавлати) нигаҳдории тандурусти ;
- инкишоф додани илм, тайёр кардани кадрҳои илми ва баландихтисоси тибби;
- истифодаи дастовардҳои илму техника ва амалияи тибби дар фаъолияти муассисаҳои нигаҳдории тандурусти;
- инкишоф додани шабакаи муассисаҳои санитарию курорти, профилакторияҳо, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, базаҳои туристи ва дигар муассисаҳо барои табобату истироҳати шаҳрвандон ;
- андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмони ва туризм ;
- солим гардондани муҳит, таъмини ҳифзи тозагии, обанборҳо, хок ва ҳаво;
- иштироки ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъияти, коллективҳои меҳнати дар ҳифзи саломатии аҳоли;
- иштироки аҳоли дар муҳофизат, нигаҳдори ва мустаҳкам кардани саломатии худ ва саломатии атрофиён.
Моддаи 4. Салоҳияти мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли
Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- қабул кардан, тағйир додан ва бекор намудани санадҳои қонунгузори дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
- тасдиқ намудани ҳиссаи хароҷот барои нигаҳдории тандурусти дар сохтори буҷети давлати;
- сархати сеюми қисми якум хориҷ карда шуд ;
- тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмиллали дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муқаррар ва таъмин намудан, гузаронидани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти, инчунин дастгирии давлатии рушди соҳа ;
- муқаррар кардани сохтори мақомоти идораи системаи давлати нигаҳдории тандурусти, тартиби ташкил ва фаъолияти онхо;
- муайян кардани хиссаи хароҷот барои нигаҳдории тандурусти ҳангоми ташаккул додани буҷети давлатии ҷумҳури ва фондҳои мақсадноке, ки барои ҳифзи саломатии аҳоли таъин шудаанд;
- идораи амволи давлати, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли истифода мешавад;
- андешидани тадбирҳо барои солимгардонии муҳити зист, аз ҷумла барои таъмин намудани бехатарии экологи ва радиатсиони, муҳофизати табиат мувофиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- ташкили системаи муҳофизати санитарии ҳудуди ҷумҳури, таъмини назорати давлатии санитарию эпидемиологи, таҳия ва тасдиқ намудани қоидаю меъёрҳои ҷумҳуриявии санитари ва меъёрҳои гигиени;
- амали гардонидани чорабиниҳое, ки барои муҳофизати ҳаёти одамон ва ҳимояи саломатии онҳо ҳангоми вазъи фавқулодда равона карда шудаанд;
- таъмини сиёсати ягонаи техникии соҳаи саноати дорусози ва тибби, тасдиқи намунаҳои (стандартҳои) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои техникии маҳсулоти таъиноти тибби, ташкили назорат ба риояи онҳо;
- хориҷ карда шуд ;
- муқаррар намудани системаи ягонаи давлатии ҳисоби омори ва ҳисобот дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
- таҳияи системаи ягонаи давлати, меъёрҳои ягона ва барномаҳои тайёр кардани кадрҳои тибби ва дорусози, муайян намудани феҳристи ихтисосҳо дар нигаҳдории тандурусти, муқаррар кардани имтиёзҳои асосии кормандони системаи нигаҳдории тандурусти;
- муайян кардани феҳрист ва тартиби асосии кори муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти, таҳия ва тасдиқи низомномаю меъёрҳои ягонаи хизматрасонии тибби ба аҳоли;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи Барномаи кафолатҳои давлати оид ба таъмини аҳоли кӯмаки тиббию санитарии ройгон, инчунин барномаи асосии суғуртаи ҳатмии тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар намудани намунаҳои(стандартҳои) сифати ёрии тибби ва назорат ба риояи онҳо ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти хокимияти иҷроия инчунин системаҳои давлати ва (айридавлатии нигаҳдории тандурусти дар масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли;
- муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаҳои тибби;
- муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ;
- муқаррар кардани тартиби додани иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ ва дорусозӣ;
- ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илми, бо маблағ таъмин кардани барномаҳои ҷумҳуриявии тадқиқоти илми дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
- ҳамкории байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бастани шартномаҳои байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли.
Моддаи 5. Идоракунии мақомоти ҳифзи саломатии аҳоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи саломатии аҳолиро мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунанд ;
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломати дар мамлакат, фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявии тибби, таълими ва тадқиқоти илмии тибби ва донишкадаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти роҳбари мекунад, вазъи ҳифзи саломатии аҳоли нигаҳдории тандурустиро таҳлил карда, сиёсат ва стратегияи онро таҳия менамояд; якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо фаъолияти мақомот ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустиро назорат ва мутобиқ менамояд, сифати расондани кӯмаки тиббию санитари ва дорувориро аз тарафи муассисаҳои тобеи идорави, муассисаҳои системаи хусусии нигаҳдории тандурусти назорат мекунад ва барои ҳолат ва инкишофи нигаҳдории тандурусти масъулият дорад .
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли
Вазифаҳои зерин оиди масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳоли дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати мебошанд:
- назорат ба риояи қонунҳои соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи саломати;
-ташаккул додани буҷети худи барои нигаҳдории тандурусти, фондҳои мақсадноке, ки барои ҳифзи саломатии аҳоли дар ҳудуди худи, аз ҷумла тайёр кардани кадрҳои тибби ва ташкили тадқиқоти илми оиди масъалаҳои муҳими саломатии аҳолии сокини ҳудуди тобеи идора, таъин шудаанд;
- ташаккул додани мақомоти идоракуни, инкишоф додани шабака ва мустаҳкам кардани бунёди моддию техники, бо дорувори, техникаи-тибби ва маснуоти таъиноти тибби таъмин кардани муассисаҳои ҳудуди системаи нигаҳдории тандурустии давлати, муайян намудани хусусият ва ҳаҷми фаъолияти онҳо мутобиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти ;
- ташкили ёрии аввалияи тиббию санитари, дигар намудҳои ёрии тиббию санитари, таъмини дастрасии он ба аҳоли, назорат ба риояи намунаҳои сифати ёрии тибби, таъмини шаҳрвандон бо дорувори ва маснуоти тибби дар ҳудуди тобеи идора ;
- муҳайё сохтани шароит барои инкишофи фаъолияти хусусии тибби ;
- таъмини амнияти санитарию эпидемиологи аҳоли ва шароит барои амали гардондани назорати давлатии санитарию эпидемиологи дар ҳудуди тобеи идора ;
- ошкор намудани омилҳое, ки ба саломатиии аҳоли таъсири бад мерасонанд ва гузаронидани чорабиниҳо барои бартараф сохтани онҳо, амали гардонидани чорабиниҳои пешгири аз бемориҳо, санитарию гигиени, зиддиэпидеми ва ҳифзи табиат;
- ҳамоҳангсози ва назорати фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти дар доираи ваколатҳояшон, назорати сифати ёрии тиббию иҷтимои дар системаи нигаҳдории тандурустии (айридавлати дар ҳудуди тобеи идора ;
- ҳифзи муҳити атроф ва таъмини бехатарии экологи ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии инкишофи нигаҳдории, тандурусти ва барномаҳои оиди масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳоли, аз ҷумла барномаҳое, ки ба мақсадҳо ва вазифаҳои барномаҳои милли, ҷумҳурияви, соҳави ва байнисоҳавии мубориза бо бемориҳо асос ёфтаанд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои баланд бардоштани дониши тиббию санитари ва тарбияи санитарию гигиении аҳоли, истифода кардани ҳамаи шаклу усулҳо, инчунин воситаҳои ахборот;
- таъмини шароитҳои зарурии моддию техники ва дигар шароитҳо, барои кори муассисаҳои ниагаҳдории тандурустии давлатии тобеи идора;
- боз доштани фаъолияти шахсони воқеи ва ҳуқуқи қатъи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди тобеи идора мавҷуд буда, талаботи ҳифзи саломатии аҳолиро риоя намекунанд;
- иҷрои дигар вазифаҳои идоракунии системаи нигаҳдории тандурусти ва ҳифзи саломатии аҳоли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Моддаи 7. Масъулияти мақомоти давлати оиди ҳифзи саломатии аҳоли
Мақомоти ҳокимияти давлати барои таъмини шароитҳои иҷтимои, иқтисоди ва дигар шароитҳои фаъолияти ҳаёти аҳоли, ки ба ташаккул ёфтан ва ҳифзу мустаҳкам шудани саломатии аҳоли, беҳбудии экологи ва санитарию эпидемиологи, пешгирии бемориҳо ва инкишофи нигаҳдории тандурусти мусоидат менамоянд, масъул мебошад.
Моддаи 8. Масъулияти корфармоён ва ашхоси мансабдор барои ҳифзи саломатии аҳоли
Корфармоён сарфи назар аз шаклҳои моликият ва ашхоси мансабдор барои чорабиниҳои зерин масъул мебошанд :
- амнияти санитарию эпидемиологи ва ҳифзи муҳит, пешгирии бемориҳо;
- фароҳам овардани шароити меҳнат, маишат ва истироҳати кормандон;
- риояи меъёрҳои санитарию гигиени ва қоидаҳои нигаҳдории биноҳои истеҳсоли ва ҳудуд;
- ба маълумоти коргарон ва аҳоли расондани ахборот дар бораи омилхои зарарноки истехсолот;
- муҳайё кардани шароит, таҳия ва истифодаи системаи ҳавасмандкунонии маънави ва моддии кормандоне, ки тарзи солими ҳаёт ба сар мебаранд;
- зараре, ки ба саломатии шахсони алоҳида расонда шудааст;
- вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамаи хароҷоти муассисаҳои нигаҳдории тандурусти вобаста ба табобат ва барҳам додани бемориҳо ва латхури, ки бо гуноҳи ашхоси ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликияташон ва воқеи расонда шудааст, аз ҷониби онҳо дар ҳаҷми пурра ба фоидаи мақомот ва муассисаҳои дахлдори нигаҳдории тандурусти бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 9. Корҳои пешгири оиди ҳифзи саломатии аҳоли
Кори пешгири оиди ҳифзи саломатии аҳоли аз ҷониби давлат ва ҳамаи ашхоси ҳуқуқй, сарфи назар аз шакли моликияташон ва воқеи, бо роҳи амали намудани чорабиниҳои иҷтимоию иқтисоди ва дигар чорабиниҳо, ки барои рафъи омилу шароитҳои барои пайдоиши бемориҳои ба саломатии шаҳрвандон зараррасон мусоидаткунанда равона гардидаанд, ба ҷо оварда мешаванд. Барои пешгирии бемориҳо шахрвандон фаъолона ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 10. Иштироки идтиҳодияҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳои (айритиҷорати дар ҳифзи саломатии аҳоли
Идтиҳодияҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳои (айритиҷорати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо дар таъмини ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии аҳоли иштирок менамоянд, донишҳои тибби ва гигиениро тарғиб мекунанд .
Моддаи 11. Системаи давлатиии нигаҳдории тандурусти. Инкишофи шабакаи муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурусти
Ба системаи давлатии нигаҳдории тандурусти инҳо дохил мешаванд:
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои дахлдори сохтори мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ;
- муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи бемори, солимии репродуктиви ва табобатию барқарорсози, назорати давлатии санитарию эпидемиологи, оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, илмию тадқиқоти ва таълимии тибби, корхонаҳо ва муассисаҳои фармасевти экспертизаи судию тибби, техникаи тибби ва маснуоти таъиноти тибби, дигар корхона ва муассисаҳои таъминоти моддию техники, корхонаҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизотҳо барои нигаҳдории тандурусти, ки моликияти давлати буда, ба мақомоти идораи системаи давлатии нигаҳдории тандурусти тобеъ мебошанд ;
- муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо ва дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии сохтори дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри худ чунин муассисаҳои нигаҳдории тандурусти дошта метавонанд ва вазифадор ҳастанд, ки онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва санадҳои меъёрии ба назаргирифтаи хусусияти хоси фаъолияташон идора намоянд, мансуб мебошанд.
Инкишофи хадамоту шабакаҳои муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти дар асоси сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти сурат мегирад ;
Ҳангоми ба лоиҳа гирифтан ва сохтани маҳалои аҳолинишин, корхонаҳо ва дигар иншоотҳо бояд сохтмони муассисаҳо зарурии нигаҳдории тандурусти, биною иншоотҳои варзиши пешбини карда шавад.
Моддаи 12. Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои нигаҳдории тандурусти
Тартиби ташкили фаъолияти муассисаҳои ҷумҳуриявии давлатии табобатию пешгирии бемориҳо, дигар муассисаю корхонаҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеи идоравиро вазорату идораҳои дахлдор ва дар маҳалҳо мақомоти ҳокимияти маҳалли тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
ФАСЛИ II. БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББИ ВА ДОРУСОЗИ МАШҒУЛ ШУДАН
Моддаи 13. Ба фаъолияти тибби ва дорусози машғул шудан
Барои ба фаъолияти тибби ва дорусози машғул шудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне ҳуқуқ доранд, ки маълумоти олии тибби ё миёнаи тибби ва дорусози гирифта, диплом ва унвони махсус доранд ва барои машғул шудан бо намуди муайяни фаъолияте, ки феҳристи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, инчунин сертификати мутахассис ва иҷозатнома доранд.
Сертификати мутахассис дар асоси маълумоти тибби, фармасевти ва санҷиш, ки комиссияи марказии аттестатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад, дода мешавад .
Тартиб ва талаботи додани сертификат, тартиби гирифтани таҳсилоти касбии баъдаздипломи барои мутахассисони тиббию фармасевти, инчунин тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои тибби ва фармасевтиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Шахсоне, ки таҳсилоти тибби ё фармасевти дошта, дар давлатҳои хориҷи диплом гирифтаанд, инчунин шахсони хориҷии ҳуқуқи ва воқеи ба фаъолияти тибби ё дорусози дар системаҳои давлати ё хусусии нигаҳдории тандурусти бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, агар дар шартномаҳои байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад .
Кормандони тибби ва фарматсевти, ки аз рӯи ихтисоси худ зиёда аз се сол кор накардаанд, ба фаъолияти тибби ва дорусози танҳо баъди таҷрибаомузи ва тасдиқ намудани ихтисоси худ бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд .
Дахолат ба фаъолияти касбии кормандони тибби ва дорусози аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати, идоракуни ва дигар мақомот (ба истиснои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии идоракунии он), муассисаю ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон манъ аст, ба истиснои мавридҳои риоя накардани вазифаҳои касбиашон аз ҷониби кормандони тибби ва дорусози .
Шахсоне, ки ба фаъолияти тибби ва дорусози гайриконуни машғул мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тибби ва дорусози бо тартиби суди сурат мегирад.
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи давлатии тандурустӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти сертификатсионии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия карда мешаванд. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 14. Системаи хусусии нигахдории тандурусти. Фаъолияти хусусии тибби. Ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хусусии тибби
Ба системаи хусусии нагаҳдории тандурусти ташкилотҳои табобатию пешгирии бемориҳо, дорухонаҳо, илми тадқиқоти ва таълимие дохил мешаванд, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузори аз ҷониби шахсони ҳуқуқи ва воқеи таъсис дода мешаванд .
Фаъолияти хусусии тибби тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти хусусии тибби, амали мегардад .
Сифати расонидани ёрии тибби аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шуъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар маҳалҳо назорат карда мешавад .
Моддаи 15. Ҳуқуқи машғул шудан ба тибби халқи
Ҳуқуқи машғул шудан ба тибби халқи тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тибби халқи" амали карда мешавад .
Моддаи 16. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шахсоне, ки муассисаи таълимии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дипломи табибиро гирифтаанд, савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёд мекунанд :
"Ман хатмкунандаи муассисаи таълимии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли масъулият дипломи табибиро гирифта, ба фаъолияти табиби шурӯъ менамоям ва тамоми аҳамияти вазифаҳоеро, ки ин унвон ба зиммаи ман мегузорад, дарк намуда, савганд ёд мекунам, ки :
вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯали ибни Сино бошам;
тамоми донишу қувваамро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгири ва табобати бемориҳо бахшам, дар ҳар ҷое, ки манфиатҳои одамон тақозо дорад, софдилона меҳнат кунам;
барои кӯмак ба одамони мӯҳточи табобат ҳамеша тайёр бошам, ба бемор бодиққат ва ғамхорона муносибат намоям, сирри табибиро муқаддас нигоҳ дорам ва маҳорати табибиро ба мақсади бад истифода накунам;
дониши тиббии худро мунтазам такмил диҳам, бо меҳнати худ ба инкишофи илму амалия мусоидат намоям;
агар манфиати бемор такозо кунад, барои маслиҳат ба ҳамкорон муроҷиат намоям ва худ низ маслиҳату кӯмакамро ба онҳо дареғ надорам;
анъанаҳои тибби халқиро ҳифз кунам ва инкишоф диҳам, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои ахлоқи умумибашари амал кунам, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам;
қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам!,
Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантананок ёд карда мешавад. Дар диплом дар бораи ёд кардани савганд қайди махсус гузошта мешавад.
Табибон барои шикастани савганд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 17. Ҳимояи иҷтимоии кормандони нигаҳдории тандурусти
Кормандони соҳаи тиб ва фарматсевтии системаи давлатии нигаҳдории тандурусти тибқи тартиби муайяннамудаи Қонун барои дар навбати аввал гирифтан ва беподош хусуси кардани манзил ҳуқуқ доранд.
Кормандони соҳаи тиб ва фарматсевтии системаи давлатии нигаҳдории тандурусти ва аъзои оилаи онҳо бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизмати коммунали бепул таъмин карда мешаванд .
Ҳангоми ба нафақа баромадани кормандони мазкур имтиёзҳои дар ҳамин модда зикрёфта нигоҳ дошта мешаванд.
Ба кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурусти, ки фаъолияташон бо сафар кардан алоқаманд аст, аз ҳисоби маблағи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳуқуқи рафту омади бепул дар нақлиёти ҷамъияти (ғайр аз такси) дода мешавад, Феҳристи чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ба кормандони тиб ва фарматсевтии системаи давлатии нигаҳдории тандурусти, ки барои кор ба деҳот фиристода мешаванд ё ба хоҳиши худ аз рӯи шартнома ба он ҷо ба кор мераванд, ҳуқуқи истифодаи манзил дар ҷои зисти доими дар давоми иҷрои кор дар муассисаи нигаҳдории тандурустии деҳот боқи мемонад .
Барои кормандони тиббии системаи давлатии нигаҳдории тандуристи, ки ҳангоми иҷрои вазифаи бевоситаи хизматиашон ҳалок шудаанд, ва хешу табор ё наздикони марҳум, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, ба андозаи музди меҳнати панҷсола кӯмакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби пардохти кӯмакпулиро Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳодисаҳои беморшави ва гум кардани қобилияти кори дар натиҷаи иҷрои вазифаҳои касби, ки боиси маъюби гашта бошад, ки онро комиссияи экспертии тиббии меҳнат муқаррар намудааст, ба бемориҳои касби баробар дониста мешаванд.
Ҳангоми ба кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурусти додани рухсатии ҳарсолаи меҳнати барои онҳо ба андозаи як моҳонаи миёна ёрдампулии табобати дода мешавад.
Uайр аз имтиёзҳои барои кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурусти пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукуматҳо) имтиёзоти дигар низ муқаррар шуда метавонанд.
Корхонаю муассиса, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон инчунин соҳибкорон ҳам метавонанд барои кормандони системаи давлатии нигаҳдории тандурусти имтиёзҳои иловаги муқаррар намоянд .
Кормандони нигаҳдории тандурусти, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиашон хизмати шоиста кардаанд, вазифаашонро софдилона ва аниқ ба ҷо меоваранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои сарфароз гардондан ба мукофотҳои давлати пешбари карда мешаванд.
Шаъну шарафи кормандони тибби ва дорусози, ҳуқуқҳои касби ва иҷтимоии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Моддаи 18. Вазифаҳои касбии кормандони тиб ва дорусози
Кормандони тиб ва дорусози дар асоси меъёрҳои башардӯстонаи одобу ахлоқи тиббие, ки муносибати кормандони тиббиро бо беморон, хешу табори онҳо ва байни худҳошон танзим мегардонанд, фаъолият мекунанд.
Кормандони тиб ва дорусози вазифадоранд, ки донишу малакаҳои касбии худро мунтазам такмил диҳанд.
Кормандони тиб ва дорусози ҳангоми зарурат ба шаҳрвандон бояд ёрии таъҷилии тибби расонанд ва барои нарасонидани чунин ёри мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгари қарор мегиранд.
Кормандони тибби ва дорусози вазифадоранд, ки:
- дар фаъолияти худ комёбиҳои имрӯзаи илму техникаи тибби ва фарматсевтиро ба манфиати беморон истифода намоянд;
- ба амале, ки бар зарари саломатии шаҳрванд бошад, роҳ надиҳанд;
- меъёрҳои одобу ахлоқи тиббиро риоя намоянд, нисбати беморон бораҳму шафқат бошанд, аз амале, ки ба иҷрои вазифаҳои меҳнатии кормандони дигар халал мерасонад худдори кунанд;
- ба шаҳрвандон дар кӯча ва ҷойҳои дигари ҷамъияти ва дар хона, дар ҳама ҳолатҳое, ки имкони расондани ёрии саривақти муқаррари (ёрии таъҷили, ёри ба бемори хона ва ғайра) вуҷуд надорад, ёрии аввалияи тибби расонанд;
- сирри тибби, маълумоти аобаста ба аҳволи саломати, бемори, ҳаёти оилави ё худ дигар маълумоти хусусиро ошкор накунанд. Масъалаи аз худи бемор пинҳон доштани сирри тиббиро дар ҳар ҳолати мушаххас табиб ба манфиати бемор ҳал мекунад.
Масъулиятро барои нигоҳ доштани сирри тибби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- ба мақомоти нигаҳдории тандурусти, агар ҳифзи саломатии аҳоли аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда инро талаб кунад, инчунин бо қарори мақомоти тафтишот ва таъиноти суд барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон маълумот диҳанд;
- дар амалияи тиб усулҳои пешгири, ташхис ва табобат, дорувори ва воситаҳои дигарро, ки бо тартиби муқарраргардида ба истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода намоянд;
- ба аҳоли дар сатҳи тараққиёти ҳамон соҳаи тиб, ки дар он таълими махсус гирифтаанд, бо истифодаи воситаву имкониятҳояшон ёрии тибби расонанд;
- таъсири суханони табибро ба рӯҳияи бемор то ҳадди имкон бештар истифода намоянд, ба рафторе (ба тариқи имову ишорае бо сухан ва ғайра), ки ба бемор ва наздикони ӯ таъсири манфи мерасонад, роҳ надиҳанд, ҳангоми ҳамсӯҳбат шудан бо бемор ва хешу ақрабои ӯ меъёрҳои деонтологияи тибби (вазифаҳои касби, ахлоқи ва ҳуқуқи)-ро қатъиян риоя намоянд.
Моддаи 19. Такмил додани дониши касбии кормандони тиб ва фармасевти
Кормандони тиб ва фармасевти вазифадоранд, ки дониши касбии худро мунтазам такмил диҳанд.
Ба зиммаи мақомоти идораи нигаҳдории тандурусти таҳия ва гузаронидани тадбирҳо оид ба тайёрии баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевти гузошта мешавад.
Тартиби таълими муттасили баъдаздипломии кормандони тиб ва фармасевтиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Моддаи 20. Масъулияти кормандони тиб ва дорусози
Кормандони тиб ва дорусози барои зараре, ки ба саломатии шаҳрванд расонидаанд, вазифаҳои касбиашонро вайрон кардаанд, ба ҷавобгарии интизоми, модди ва маънавии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд, ба шарте, ки барои ин вайронкуниҳо аз рӯи қонун ҷавобгарии ҷинои муқаррар нашуда бошад.
Моддаи 21. Ҷамъиятҳои касбии тибби
Кормандони тиб ва дорусози мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани ҷамъиятҳои касбии тибби ҳуқуқ доранд.
ФАСЛИ III. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИ
Моддаи 22. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломати, таъмини иҷтимои ҳангоми бемори, маъюби ва гум кардани қобилияти кори
Шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳифзи саломати доранд. Ба шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти кӯмаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо ба шаҳрвандон кӯмаки тиббию санитари дар корхонаҳо ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мабла(и шахсони воқеи ва ё ҳуқуқи расонида мешавад .
Шаҳрвандон ба интихоби озоди муассисаи тибби ва табиб ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандон бо ёрии таъҷилии тиббии ҳар муассисаи наздиктарини табобатию пешгирии бемори, сарфи назар аз тобеияти идорави, ҳудуди ва ҳамчунин шакли моликият, мутобиқи ҳамин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд .
Тартиби расондани ёрии табобатию пешгирии бемориро дар муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурусти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо салоҳдиду майли худ аз хизмати муздноки муассисаҳои хусусии тибби ва табибони таҷрибакори хусуси, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, истифода мебаранд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бемори, маъюби, гум кардани қобилияти кори мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъминоти иҷтимои ҳуқуқ доранд .
Моддаи 23. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологи, амнияти санитарию эпидемиологи ва радиатсиони.
Шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии экологи, амнияти санитарию эпидемиологи ва радиатсиони ҳуқуқ доранд .
Ин ҳуқуқро давлат бо роҳи беҳдошти муҳити мусоиди зист, ки ба аҳволи саломатии наслҳои имрӯзаю оянда таъсири манфи намерасонад, таъмин менамояд.
Моддаи 24. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини дорувори, кӯмаки ортопеди ва протези
Шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон ба гирифтани дорувори, кӯмаки ортопеди ва протези ҳуқуқ доранд .
Гурӯҳи шахсонеро, ки ба таъминоти имтиёзноки дорувори, кӯмаки ортопеди ва протези, маснуоти имдоди, асбобҳои шунавои, воситаҳои арзиши табобати ва воситаҳои махсуси ҳаракаткуни ҳуқуқ доранд, инчунин шарту шароит ва тартиби таъминоти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 25. хориҷ карда шуд
Моддаи 26. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобати санаторию курорти, ба истифодаи муассисаҳои солимгардони
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода кардани муассисаҳои санитарию курорти, хонаҳои истироҳат, муассисаҳои табобатави ва пешгирии бемори, пансионатҳо, базаҳои туристи, иншоотҳои варзиш ва муассисаҳои дигари солимгардони бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Барои табобат мувофиқ будан ё набуданро дар ҳамаи курорту санаторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Тартиби интихоби тиббии беморон ва равон кардани онҳоро ба табобати курортию санатори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон муқаррар менамояд , .
Моддаи 27. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот оиди аҳволи саломати ва омилҳое, ки ба саломати таъсир мерасонанд
Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти зарури оиди аҳволи саломатии худ ва фарзандонашон ҳуқуқ доранд. Агар ин маълумот ба бемор сахт зарар мерасонида бошад, он аз бемор махфи нигоҳ, дошта мешавад.
Маълумот дар бораи аҳволи саломатии бемор аз тарафи табиби муоина ва табобаткунанда, ҳамчунин мудири шуъба ва сартабиби муассисаи табобати ва пешгирии бемори, ки дардмандро муоина ва табобат мекунанд, пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрвандон оиди пешгири, ташхису табобати бемори, дараҷаи бемории аҳоли, оиди омилҳое, ки ба саломатии онҳо таъсир мерасонанд, аз ҷумла оиди ҳолати муҳити зист, шароити кору маишат ва истироҳат ба гирифтани маълумот аз мақомот, муассисаҳои нигаҳдории тандурусти ва шахсони ҳуқуқи сарфи назар аз шакли моликият ҳақ доранд .
Моддаи 28. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расидааст
Шаҳрвандон ба гирифтани товони зарар, аз ҷумла зарари маънавие, ки давлат, шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият ё шахсони дигар ба саломатии онҳо расондаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд .
Ҷуброни товони зарар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гуннаҳкоронро аз ҷавобгарии интизоми, маъмури ё ҷинои озод намекунад.
Моддаи 29. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани ёрии тибби, ортопедию протези дар мамлакатҳои дигар
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ёрии тибби ортопедию протези дар мамлакатҳои дигар ҳуқуқ доранд .
Мақомоти давлати вазифадоранд аз рӯи хулосаи муассисаҳои махсусуси тибби оиди зарурати чунин ёри барои гирифтани он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёҷмандон мусоидат кунанд.
Моддаи 30. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои даст кашидан аз муоина ва табобат
Шаҳрвадон ва намояндагони қонунии онҳо ҳақ доранд, дар ҳар марҳила аз муоина ва табобат, ба истиснои занони ҳомила ва ноболиғон, ҳамчунин беморҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, даст кашидан кунанд .
Барои саркаши кардан аз муоинаву табобат забонхат гирифта мешавад.
Моддаи 31. Ҳуқуқҳои бемор
Бемор ҳангоми муроҷиат кардан ба ёрии тибби ва гирифтани он ба инҳо ҳуқуқ дорад;
- ба муносибати эҳтиромона ва башардустонаи кормандони тиб ва хизматгузорон;
- ба интихоби табиб, аз ҷумла табиби оилави ва табобаткунанда, бо ризояти ӯ;
- барои ҳимояи ҳуқуқаш даъват кардани адвокат ё намояндаи қонунии ӯ;
- ба меъёрҳои дигари нисбати шаҳрвандон (беморон) пешбиникардаи ҳамин Қонун.
Моддаи 32. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷи, шахсони бетабаа ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷи, шахсони бетабаа ва гурезагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломати тибқи қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу ӯҳдадориҳо доранд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломати
Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхори ва ҳимояи махсуси давлат мебошад. Барои занон шароит муҳайё карда мешавад, ки дар баробари кор кардан модар ҳам бошанд, ҳифзи ҳуқуқи, дастгирии модди ва маънавии модар таъмин карда мешавад .
Ҳифзи сиҳатии модар бо:
- ташкили шабакаи васеи муассисаҳои тибби ;
- манъи татбиқи меҳнати зан дар корҳои зеризамини ва ҳамчунин дар корхонаҳои корашон вазнин ва барои саломати зараровар;
- кор ёфта додан ба занони ҳомила дар шароите, ки ба хусусиятҳои физиологи ва аҳволи саломатии онҳо мувофиқ аст ;
- беҳтару гуворо кардани шароити меҳнату маишат;
- андешидани тадбирҳои дигари иҷтимоию иқтисоди ва додани имтиёзоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст;
- амали гардонидани чораҳои беҳдошти муҳити зист, барҳам додани омилҳои манфии экологи, ки ба (ҳуҷайраҳои ҷинсии) аҳоли таъсир расонда, боиси таваллуди кӯдакони дардманд ва сусту заиф, бемории рӯзафзуни замон мегарданд;
- кӯмаки давлати ва ҷамъияти ба оила ва тадбирҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад .
Ба ҳар зан дар давраи ҳомиладори, ҳангоми таваллуд ва баъди он дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти кӯмаки тибби расонида мешавад .
Занон дар давраи ҳомиладори ва баъди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмакпули ва рухсатии бамузд ҳуқуқ доранд.
Тавсияномаҳо барои бо кори муносиб таъмин кардани занони ҳомила, ки вазорату идораҳо ҳамроҳи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи дахлдор ва бо мувофиқаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хулосаҳои бо тартиби муқарраргардида додаи муассисаҳои нигаҳдории тандурусти барои маъмурияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, қатъи назар аз шакли моликият, ҳатми мебошанд .
Ба зан ҳуқуқ дода мешавад, ки масъалаи модар шуданашро худаш ҳал кунад.
Бо хоҳиши зан ҷиҳати ҳифзи саломатиаш усулу воситаҳои ҳозиразамони зидди ҳомиладори истифода бурдан мумкин аст, ки онҳо ҳомилашавии номатлуби ӯро пешгири менамоянд. Тартиби татбиқи усулу воситаҳои зидди ҳомилашавиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Барои зан бо роҳи тибби (ҷарроҳи) безурриёткуни мувофиқи ризояти хаттии ҳамсарон ҳамчун усули пешгирии доимии ҳомилашави ва барои зани бешавҳар, ихтиёри дар асоси забонхаташ сурат гирифта метавонад.
Рӯйхати нишондиҳандаҳо ва тартиби бо роҳи тибби (ҷарроҳи) безурриётгардониро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Ғайриқонуни бо роҳи тибби (ҷарроҳи) безурриёткуни мавриди ҷавобгарии ҷиноии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода мешавад.
Қатъи сунъии ҳомиладори, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои иҷтимои ва тибби, бо хоҳиши зан дар давраи ҳомиладорие, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амали гардонида мешавад .
Рӯйхати нишондиҳандаҳои тибби барои қатъи сунъии ҳомиладори аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйхати нишондиҳандаҳои иҷтимои бо низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Тартиби гузаронидани ҷарроҳии қатъи сунъии ҳомиладори аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Гузаронидани қатъи ғайриқонунии ҳомиладори мавриди ҷавобгарии ҷинои, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, қарор мегирад.
Масъалаҳои вобаста ба солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви бо қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви" танзим карда мешавад .
Моддаи 34. Ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломати
Давлат ҳуқуқи манфиатҳои кӯдаконро ҳифз менамояд ҳуқуқи онҳоро ба шароити зиндаги, ки барои такомули ҷисмони, зеҳни, маънави, ахлоқию иҷтимои заруранд, таъмин мекунад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроия, шахсони ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тибби ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои офияту саломатии кӯдакони ин муассисаҳо масъуланд .
Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман муоинаи тибби шаванд ва таҳти мушоҳидаи доимии диспансери бошанд. Бар зидди бемориҳое, ки бо доруҳои (ваксинаҳои) бо тартиби муқарраргардида иҷозат дода шуда пешгири карда мешаванд, эм карда шаванд. Тартиби гузаронидани муоинаи тибби, мушоҳидаи доимии диспансери ва вақти эмкуниро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, мақомоту муассисаҳои нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонанд .
Кӯдакони мубталои иллатҳои ҷисмони ва ё рӯҳи ба ёрии тиббию иҷтимои ҳуқуқ доранд ва онҳо бо хоҳиши падару модарон, васиёну сарпарастон дар кӯдакистонҳои махсус, мактаб-интернат, хонаи бачагон ва хонаи-итернатҳои кӯдакон аз ҳисоби давлат тарбия ёфта метавонанд. Рӯйхати нишондиҳандаҳо ва зиддинишондиҳандаҳои тиббию иҷтимоиро барои ҷойгир кардани ин кӯдакон ба муассисаҳои мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя муқаррар менамоянд .
Агар кӯдакони бемор дар беморхона табобат ёбанд, ба модар (падар) ё шахси дигари бевосита ба кӯдак нигоҳубинкунанда имконият дода мешввад, ки ҳамроҳи кӯдак дар ин муассисаи табобати буда, ба ӯ нигоҳубин намояд ва ба ин шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии дахлдор дода мешавад .
Тартиби дар муассисаҳои табобати барои нигоҳубини кӯдакони бемор мондани ин шахсонро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Дар сурати набудани нишондиҳандаҳое, ки кӯдаки бемор бояд дар беморхона табобат ёбад ё набудани имконияти ба беморхона хобондани ин кӯдак модар (дигар аъзои оила) ё шахси дигаре, ки ба кӯдак бевосита нигоҳубин мекунад, дар давраи табобат ёфтани кӯдак дар амбулатория бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод карда, барои нигоҳубини кӯдаки бемор ба кӯмакпули дода мешавад .
Гурӯҳи кӯдакони вобаста ба синну сол ва дараҷаи касали, ки дар шароити амбулаторияви табобат мегиранд, аз руи нусхаи (ретсепти) табиб бо тартиби мукарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дорую дармони бепул ё бо имтиёз таъмин карда мешаванд.
Кӯдакон ба табобат санаторию курорти ҳуқуқ доранд. Ҷоиз ва ноҷоизии нишондиҳандаҳо, тартиби интихоб ва ба табобати санаторию курорти фиристодани кӯдаконро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Кӯдакон бо роҳхати табобати санаторию курорти бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Барои саркаши кардан аз иҷрои вазифаҳои нигоҳубин, тарбия ва ҳифзи саломатии кӯдакон дар оила муомилаи сангдилона бо онҳо, ки ба саломатиашон зарар мерасонад, кас ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешавад.
Моддаи 35. Додани хун ва ҷузъҳои он
Асоси ҳуқуқии хундиҳи ва ҷузъҳои он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он" муайян карда шудааст.
Моддаи 36. Шарту шароит ва тартиби бурида гирифтану пайвастани узву бофтаҳои бадани одам
Узву бофтаҳои бадани одами зинда ё ҷасадро танҳо аз рӯи хулосаи комиссияи мутахассисон ва бо розигии бемор (васиён, падару модари ноболиғон) ва донор барои пайвастан бурида гирифтан (трансплантатсия) мумкин аст.
Узву бофтаҳои бадани донори зиндаро танҳо дар ҳолате бурида гирифтан мумкин аст, ки аз ин ба ӯ мувофиқи хулосаи машварати табибони мутахассис зарари калон нарасад.
Узву бофтаҳои баданро фақат бо розигии донори зинда ё хешу табори марҳум (ҷасад) ва бо забонхати бемор, аз они ноболиғонро бошад, бо розигии падару модар ё васиёну сарпарасторони онҳо кор фармудан мумкин аст.
Ҳар шаҳрванди синнааш ба 18 расида, донори узву бофтаҳои бадеи шуда метавонад.
Зуран бурида гирифтани узву бофтаҳои бадан ва кор фармудани онҳо манъ аст. Тартиби бурида гирифтани узви бофтаҳои бадани кас ва ба бадани каси дигар пайвастани онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Мояи хариду фурӯш ва муомилоти тиҷорати будани узву бофтаҳои бадани одам манъ аст. Шахсоне, ки дар ин муомилоти тиҷорати, хариду фурӯши узву бофтаҳои бадани одам ширкат меварзанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои кашида мешаванд.
Моддаи 37. Ҳуқуқи донор ба ҷуброни товон ва кӯмаки иҷтимои
Агар ба донор аз иҷрои вазифааш зарар расад ӯ ба ҷуброни товони зара ва кӯмаки иҷтимои ва агар ҳалок шавад ҳамсару фарзандон, падару модар ё шахсе, ки дар таъминоти ӯст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуброни товон ва кӯмаки иҷтимои ҳуқуқ доранд.
Моддаи 38. Ҳомиладоркунии сунъи (экстракорпорали) ва кӯчонидани ҷанин
Занро бо розигии ҳамсарони баникоҳ сунъи ҳомиладор кардан, ҷанинро ба бачадонаш кӯчонидан мумкин аст .
Муассисаҳои нигаҳдории тандурусти риояи махфияти донори ва ошкор накардани махфияти ҷарроҳии ҳомиладоркунии сунъи ё кӯчонидани ҷанинро таъмин мекунанд ва барои он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд .
Тартибу шарти донори, ҳомиладоркунии сунъи кӯчонидани ҷанинро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд .
Ҳуқуқи вазифаҳои падару модар нисбати фарзандоне, ки баъди ҷарроҳии ҳомиладоркунии сунъи ё кӯчонидани ҷанин таваллуд ёфтаанд, Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида мешаванд , .
Моддаи 39. Вазифаи шаҳрвандон оиди риояи қонуни ҳифзи саломатии аҳоли
Шаҳрвандон вазифадоранд, ки қонуни ҳифзи саломатии аҳолиро риоя кунанд, саломатии худ, саломатии аҳоли оила ва одамони гирду атрофро эҳтиёт намоянд.
Моддаи 39(1). ӯҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд .
Моддаи 40. Вазифаи шаҳрвандон оиди риояи дастурҳои тибби
Шаҳрвандон вазифадоранд барои пешгирии бемориҳо сирояткунанда дастури тиббиро оиди муоинаи флюрографи, эмкуни ва муоинаи тибби дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоту муассисаҳои нигаҳдории тандурусти ба ҷо оваранд .
Шахсоне, ки дар беморхона табобат мешаванд, бояд тартиботи ҷории муассисаҳои тиббиро риоя намоянд.
Шахсоне, ки дар шароити амбулаторияви табобат мешаванд, бояд дастури табиби табобаткунандаро ба ҷо оваранд .
Иҷро накардани дастуру таъиноти табиби табобаткунанда маънои аз табобат саркаши намуданро дорад ва барои ин беморон (парасторон, васиён ва падару модари ноболиғон) мувофиқи қонунтузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 41. Вазифаи шаҳрвандон барои ғамхори кардан дар бораи саломатии кӯдакон
Шаҳрвандон вазифадоранд дар бораи саломатии кӯдакон, такомули ҷисмонию рӯҳи ва ахлоқии онҳо ғамхори намоянд, кӯдаконро дар рӯҳи хулку одати тарзи ҳаёти солим тарбия кунанд.
Занони ҳомила вазифадоранд, ки сари вақт дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва ё маслиҳатхонаҳои занона дар қайди тибби истода, тавсияҳои мутахассисони тибро оид ба ташхису табобат ва таваллуди бехатар риоя намоянд .
Падару модарон вазифадоранд қоидаҳоеро, ки ба таваллуди кӯдаки солим мусоидат менамоянд, риоя кунанд, баъди таваллуди кӯдак дастури табибро ба ҷо оваранд.
Моддаи 42. Вазифаҳои шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом (лепра), Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), таносули ва дигар бемориҳои хавфнок
Шаҳрвандони мубталои бемориҳо сил, ҷузом (лепра), Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), таносули ва дигар бемориҳо хавфнок вазифадоранд, бо талаби муассисаҳои тибби муоина шаванд ва худро табобат кунанд .
Агар шаҳрвандон аз муоина ва табобат саркаши намоянд, онҳо ба касалхона маҷбуран оваронда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобат карда мешаванд.
Асос ва тартиби ба табобати маҷбури равона намудани шаҳрвандон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардонида мешавад.
Моддаи 43. Вазифаи шахсони мансабдор, шаҳрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани ёрии табобати пешгирии бемориҳо
Барои таъсис додани муассисаҳои тибби дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо маъмурият вазифадор аст бинову нақлиёти зарури ҷудо намояд, ва ҳамчунин ба кормандони тиб дар иҷрои вазифаҳои касбиашон ёри расонад.
Роҳбарон, шахсони дигари мансабдор ва шахсони ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд, ки ба кормандони тиб нақлиёту воситаҳои алоқа ва дигар чизҳои зарури дода барои ба шаҳрвандон ёрии таъҷилии тибби расонидани онҳо мусоидат намоянд.
Шаҳрвандон вазифадоранд дар ҳолатҳо ба ҳаёти бемор таҳдид кардани хатар барои бо нақлиёт ба касалхона бурдан ва мадади тибби расондан кӯмак намоянд.
ФАСЛИ IV. БА МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ СИСТЕМАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТИ ҶУДО КАРДАНИ МАБЛАҒ
Моддаи 44. Манбаъҳои ба муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти ҷудо кардани маблағ
Манбаъҳои ҷудо кардани маблағ барои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти ниҳоанд:
- маблағи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳое, ки аз рӯи меъёру ҳисобҳои иқтисоди ҷудо карда мешавад ;
- маблағи фондҳои мақсаднок, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон пешбини шудааст;
- маблағгузории асъори аз фондҳои асъори ҷумҳурияви, маҳалли ва дигар фондҳои асъор;
- маблағҳое, ки дар натиҷаи қонеъгардонии даъвои мақомоти тандурусти нисбати шахсони воқеи ва ҳуқуқи, сарфи назар аз шакли моликияти воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷуброни хароҷот барои тадбирҳои табобатию солимгардони дар ҳолатҳои садама ё вайронкунии равишҳои технологи, олудашавии муҳити атроф, вайронкунии меъёрҳо ва қоидаҳои санитари, ки боиси бадшави ё аз байн рафтани саломатии шаҳрвандон гардидаанд, ба даст оварда шудаанд;
- маблағҳое, ки муассисаҳои нигаҳдории тандурусти дар натиҷаи фаъолияти соҳибкори ё фаъолияти дигари ғайрибуҷети, ки мухолифи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ба даст овардаанд;
- кредитҳои бонки;
- маблағҷудокуни аз фоидаи корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ихтиёри онҳо боқи мемонад. Пардохтҳои эҳсонкори ва хайрияҳои ташкилотҳо, корхонаҳо сарфи назар аз моликият, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои дигар ;
- дигар манбаъҳое, ки истифодаи онҳо хилофи қонун Тоҷикистон намебошад.
Моддаи 45. Истифодаи захираҳои молиявии системаи нигаҳдории давлатии тандурусти
Захираҳои молиявии системаи нигаҳдории давлатии тандурусти ба ин мақсадҳо равона карда мешаванд:
- таъминот ва тараққии муассисаҳои нигаҳдории давлатии тандурусти;
- амали намудани чораҳои пешгири аз бемориҳо, зидди эпидемики, ташхису табобат;
- барномаҳои мақсадноки тандурусти;
- сохтмон ва тараққии бунёди моддию техникии тандурустии давлати;
- тайёр намудани кадрҳои амали ва илмию педагоги системаи нигаҳдории давлатии тандурусти ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо;
- илми тибби;
- пешгири ва аз байн бурдани эпидемияҳо, бемориҳои сирояткунанда ва дигар бемориҳои оммави;
- дигар мақсадхое, ки бо хароҷоти ба тандурусти пешбинишуда вобастаги доранд.
Моддаи 46. Андозаи пулҷудокуни аз буҷет барои нигаҳдории давлатии тандурусти
Андозаи пулҷудокуни барои муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустии ҷумҳури, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар савияҳои вилоят, шаҳр ва ноҳия мувофиқан аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳангоми тасдиқ намудани буҷетҳои ҷумҳури ва маҳалли муайян карда мешавад .
Моддаи 47. Суғуртаи тиббии шаҳрвандон
Суғуртаи тибби як шакли ҳимояи иҷтимоии манфиатҳои аҳоли дар ҳифзи саломати мебошад. Тартиби суғуртаи тиббии шаҳрвандон тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 48. Uайридавлатигардони ва хусусикунонии объектҳои нигаҳдории тандурусти
Uайридавлатигардони ва хусусикунонии объектҳои нигаҳдории тандурусти бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
ФАСЛИ V. ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲО ВА МАҚОМОТИ СИСТЕМАИ ДАВЛАТИИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТИ
Моддаи 49. Таъмини беҳдошти экологи, амнияти санитарию эпидемиологи ва радиатсиони аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Беҳдошти экологи, санитарию эпидемиологи ва бехатарии радиатсионии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амали намудани маҷмӯи тадбирҳои санитарию гигиени, санитарию зиддиэпидемиологи, зиддирадиатсиони ва системаи назорати давлати, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, таъмин карда мешавад .
Моддаи 50. Кӯмаки тиббию санитари. Системаи муассисаҳое, кӯмаки тиббию санитари мерасонанд.
Кӯмаки тиббию санитари - маҷмӯи чорабиниҳои тиббию санитари мебошад, ки барои ҳифз, мустаҳкам ва барқарор намудани саломатии шаҳрвандон равона карда, шудаанд.
Кӯмаки тиббию санитари ба аҳоли ба воситаи корхона ва муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти, инчунин ба воситаи ташкилотҳои хусусии тибби ва шахсони воқеии маш(ули амалияи хусусии тибби мутобиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, расонида мешавад .
Иқтидор ва навъи муассисаҳои ҷумҳуриявии табобатию пешгирии бемориҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурустиро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқтидору навъи муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳои маҳаллиро мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли бо пешниҳоди мақомоти (муассисаҳои) дахлдори нигаҳдории тандурусти, ки бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, муқаррар менамоянд .
Моддаи 51. Ҳуқуқи муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо
Муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо ҳуқуқ доранд:
- сохтори ташкили ва штати худро мутобиқи сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти такя ва тасдиқ кунанд, шакли хоҷагидори ва ташкили пардохти музди меҳнатро дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат мустақилона интихоб намоянд ;
- аз ҳамаи ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқи мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
- шаҳрвандонро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарии ройгон таъмин намоянд ;
- метавонанд ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббию санитарии пулакиро ташкил намоянд, инчунин бо дигар фаъолияти соҳибкори, ки ба қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, маш(ул шаванд ;
Моддаи 52. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо
Муассисаҳои давлатии табобатию пешгирии бемориҳо вазифадоранд инҳоро таъмин намоянд;
- дастрасии кӯмаки тиббию санитари ба аҳоли мутобиқи меъёрҳои ҳамин қонун ва дигар қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳоли ва нигаҳдории тандурусти ;
- омодаги барои кор дар шароити ғайриодди;
- расонидани ёрии таъҷилии тибби;
- амали намудани тадбирҳои махсуси тибби оид ба пешгири, ташхис ва табобати бемориҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст;
- риоя намудани тартиботи санитарию гитиени, зиддиэпидеми;
- ҳамкори ва идомат бо дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурусти;
- таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи санитарию гигиении аҳоли;
- ҳамкори бо мақомоти корҳои дохили, комиссариатҳои ҳарби, мақомоти таъминоти иҷтимои, комиссияҳои экспертии табобатию меҳнати, муассисаҳои саноати, таълими, савдо, кишоварзи ва дигар муассисаҳою корхонаҳо ва ташкилотҳо.
Ин вазифаҳо ба муассисаҳои ғайридавлатии табобатию пешгирии бемориҳо, ки фаъолияти худро дар асоси шаклҳои пардохти мустақим, шартномави, қарордоди ва дигар шаклҳои пардохти хизматрасони амали менамоянд, низ дахл доранд.
Моддаи 53. Тадбирҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарнок аст
Мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурусти, инчунин кормандони тибби тадбирҳои махсуси пешгири, ки ошкорсозии (аз ҷумла сирри) бемориҳоеро, ки барои атрофиён хатарнок аст (бемориҳои сил рӯҳи ва венерики, махав, Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ), карантини ва дигар бемориҳои сирояткунанда), амали менамоянд.
Тартиби амали намудани тадбирҳои махсуси пешгирии ин бемориҳо, ки барои атрофиён хатарноканд, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 54. Тартиби дахолати ҷарроҳи, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он ва истифодаи усулҳои мураккаби ташхис
Амалиёти ҷарроҳи, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, усулҳои мураккаби ташхис бо розигии хаттии беморон, дар мавриди беморони дар ҳолати беҳушбуда, ба синни ҳаждаҳсолаги норасида, беморони рӯҳи бошанд, бо розигии, волидайн, васи, парасторон ва хешовандони наздики онҳо истифода бурда мешавад. Розиги метавонад бозхонда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки табибон аллакай ба дахолати тибби оғоз карда бошанд ва қатъи он бинобар хатар ба ҳаёт ва саломатии шахси мазкур ғайри имкон бошад .
Дар ҳолатҳое, ки таъхири дахолати ҷарроҳи, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он, истифодаи усули мураккаби ташхис ба ҳаёти бемор хатар дошта ва аз шахсони номбурда гирифтани розиги имкон надошта бошад, қарор аз тарафи табиб ё комиссияи тибби қабул карда мешавад. Феҳристи усулҳои мураккаби ташхисро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 55. Гузаронидани таҷрибаҳои клиники ва тиббию биологи, истифодаи усулҳои нави ташхис ва табобат
Таҷрибаҳои клиники ва тиббию биологи, чун қоида, ба ҳайвонот татбиқ мегарданд, нисбати инсон бошад - бо розигии хаттии вай ва иҷозати махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Таҷриба дар ҳар марҳила бо талаби шахсе, ки мавриди таҷриба аст ва дар ҳолатҳои ба амал омадани хатар ба саломатии вай қатъ шуда метавонад .
Дар амалияи нигаҳдории тандурусти усулҳои пешгири, ташхис, табобат, воситаҳои дору, давоҳои масунияти биологи ва воситаҳои дезинфексия, технолотияи тибби, ки истифодаи онҳо ба тартиби муқарраршуда иҷозат дода шудааст, ба кор бурда мешаванд. Тартиби гузаронидани таҷрибаҳои клиники ва тиббию биологи, истифодаи усулҳои нави ташхис ва табобатро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад .
Моддаи 56. Баҳодиҳии сифати ёрии тибби ба аҳоли
Баҳодиҳии сифати ёрии тибби ба аҳоли дар муассисаҳои нигаҳдории тандурусти дар асоси меъёрҳои сифат, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар марҳалаи ташкили ёрии тибби ба аҳоли ба таври мушаххас муқаррар карда метавонанд, сурат мегирад .
Моддаи 57. Муайянкунии лаҳзаи фавт. Манъи эвтаназия
Муайянкунии фавт аз тарафи табиб, дар набудани табиб аз тарафи кормандони миёнаи тибби гузаронида мешавад.
Меъёр ва тартиби муайянкунии лаҳзаи фавти инсон, қатъи чораҳои реаниматсиони тавассути муқаррароте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муқаррар карда мешавад .
Ба кормандони тибби амали намудани эвтаназия - қонеъукунонии хоҳиши бемор дар бобати тезонидани марги вай бо ягон амал ё восита, аз ҷумла, бо қатъ намудани чораҳои сунъии нигоҳдории ҳаёташ манъ аст.
Шахсе, ки касдан беморро ба эвтаназия водор месозад ва (ё) эвтаназияро амали менамояд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгарии иҷтимои қарор мегирад.
Моддаи 58. Тартиби кушодани ҷасад
Тартиби кушодани ҷасад аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 59. Инъоми анатоми
Инъоми анатоми ба воситаи васияти инъомкунанда сурат гирифта метавонад ва баъди марги вай амали мегардад. Васият дар бораи инъоми анатоми аз тарафи инъомкунанда бекор карда шуда метавонад. Хешовандон метавонанд нисбати васиятнома ба воситаи суд даъво кунанд.
Маълумотро дар бораи инъоми анатоми фош кардан мумким нест.
Моддаи 60. Расонидани кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд
Расонидани кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонию варзиш машғуланд, ба воситаи муассисаҳои махсус гардонидашуда ва дигар муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо ба тартибе, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад .
Мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи ба ҳолати биноҳо ва ҷойҳое, ки барои машғулият бо тарбияи ҷисмонию варзиш истифода бурда мешаванд, назорат мекунанд .
Моддаи 61. Таъмини занони ҳомиладор ва навзодон бо ёрии тибби
Ёрии тибби ба занони ҳомиладор ва навзодон тавассути муассисаҳо ёрии аввалияи тиббию санитари, беморхонаҳо ва муассисаҳои махсуси тибби ва дигар муассисаҳои нигаҳдории тандурусти таъмин карда мешавад.
Муассисаҳои тандурусти занонро дар давраи ҳомиладори тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти мушоҳидаи тибби қарор медиҳанд ба шумули додани машварати тиббию генетики ва додани машварат дар соҳаи танзими оила, ёрии тибби ҳангоми таваллуд ва кӯмаки тиббию санитари пешгирии бемори ба модар ва кӯдаки навзод. Занони ҳомиладор, волидайни навзод ё шахсони онҳоро ивазкунанда бояд сари вақт барои кӯмаки тиббию санитари муроҷиат кунанд .
Моддаи 62. Таълими кӯдакон ва наврасон бо кӯмаки тиббию санитари
Кӯмаки тиббию санитари ба кӯдакон ва наврасон тавассути муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва хадамоти бистарикунони, дигар муассисаҳои дахлдори нигаҳдории тандурусти мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Тартиби назорати диспансерии кӯдакон ва наврасонро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Кормандони тибби вазифадоранд ба волидайн (шахсони онҳоро ивазкунанда) доир ба масъалаҳои пешгирии бемориҳо, бемориҳои кӯдакон, тарзу усулҳои табобат ахборот диҳанд.
Ба кӯдаконе, ки дар тарбияи муассисаҳои бачагон қарор доранд ва дар мактабҳо мехонанд, барои нигоҳдори ва мустаҳкам намудани саломатиашон ва тарбияи гигиени шароити зарури муҳайё карда мешавад. Машғулиятҳои таълиму меҳнати, инчунин тартиботи намунавии машғулиятҳои кӯдакон ва наврасон бо маслиҳати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Назорат ба ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон, гузаронидани чорабиниҳои солимгардони дар муассисаҳои бачагон ва мактабҳо аз тарафи мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурусти ҳамроҳи мақомот ва муассисаҳои маориф ба роҳ монда мешавад. Тартиби ташкили кӯмаки тиббию санитари пешгирии бемориҳо дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии бачагон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 63. Назорат ба таълими меҳнатию истеҳсоли ва шароити меҳнатию истеҳсоли ва шароити меҳнати наврасон
Таъмини меҳнатии наврасон аз рӯи он ихтисосҳое иҷозат дода мешавад, ки ба синну сол, инкишофи ҷисмони, ақли ва аҳволи саломатии онҳо мувофиқат мекунанд. Таълими меҳнати ва истеҳсолии наврасон таҳти назорати тиббии доими сурат мегирад, Назорат ба шароити меҳнатии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи наврасон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои пешгирии садама ва бемории наврасон равона карда шудаанд, аз тарафи мақомоти (муассисаҳои) назорати санитари ва муассисаҳои табобатию пвшгирии бемориҳо якҷоя бо мақомоти маориф, ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъияти анҷом дода мешавад.
Моддаи 64. Муоинаи тиббии ҳатмии наврасон
Ба мақсади амали намудани назорати мунтазами вазъи саломати ва инкишофи ҷисмонии наврасон ба кор қабул намудани онҳо баъди муоинаи пешакии тибби сурат мегирад.
Баъдан то ба синни 18 солаги расидан наврасон бояд ҳар сол камаш як бор аз муоинаи ҳатмии тибби гузаранд. Наврасон бояд аз бемориҳои ба воситаи эмкуни пешгиришаванда бо тартибе, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҳифз карда шаванд .
Моддаи 65. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатии рӯҳию ҷисмонии шаҳрвандон
Ба мақсади ҳифзи саломатии рӯҳию ҷисмонии шаҳрвандон, пешгирии авҷи бемориҳои рӯҳи ва ҷисмони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани машғулиятҳои оммавии рӯҳию терапевти дар толорҳо (лексияҳо, сӯҳбатҳо) инчунин ба ин мақсадҳо истифода бурдани воситаҳои ахбори омма мумкин нест .
Моддаи 66. Расонидани ёрии тибби ба шахсоне, ки дастгир шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар маҳалҳои маҳруми аз озоди ё ҳабси маъмури адои ҷазо менамоянд
Шахсоне, ки боздошт шудаанд, дар ҳабсхона мебошанд, дар маҳалҳои маҳрумият аз озоди ё дар ҳабси маъмури адои ҷазо менамоянд аз ҷумла дар мавридҳои зарури, дар муассисаҳои системаи давлатии нигаҳдории тандурусти барои гирифтани ёрии тибби ҳуқуқ доранд.
Занони ҳомиладор, занон ҳангоми таваллуд ва дар давраи баъди таваллуд ба ёрии махсус, аз ҷумла дар таваллудхонаҳо, ҳуқуқ доранд.
Тартиби расонидани ёрии тибби ба шахсоне, ки дар ҳабс мебошанд, дар маҳалҳои маҳрумият аз озоди ҷазоро адо мекунанд ё ҳабси маъмури қарор доранд, тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 67. Расонидани кӯмаки тиббию санитари ба шахсони гирифтори бемориҳои венерики ва Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ)
Бо пешниҳоди мақомот ва муассисаҳои нигаҳдории тандурусти барои сари вақт ошкор ва табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои венерики ва Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) лабораторияҳои махсус, кабинетҳо, аз ҷумла барои табобати маҳрамона, беморхона ва диспансерҳо ташкил карда мешаванд. Дар сурати саркашии шахс аз табобати ихтиёри чораҳои маҷбури татбиқ карда мешавад. Шахсоне, ки аз омадан барои муоина ва табобат саркаши менамоянд, инчунин бемориҳои венерики ва Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ)-ро паҳн мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҷавобгари қарор мегиранд.
Ҳуқуқҳои шаҳрвандони бемори Аломати норасоии масунияти бадан (АНМБ) тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.
Моддаи 68. Расонидани кӯмаки тиббию санитари ба беморони сил
Беморони сил мавриди мушоҳидаи диспансери ва табобати ҳатми қарор дода мешаванд, бо дорую давои бепули зидди сил, табобати санаторию курорти ва рафту омади бепул ба маҳалли табобат таъмин мегарданд, аз имтиёзоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, истифода мебаранд.
Табобат дар шароити муассисаҳои махсуси бемориҳо барои шахсоне, ки пеш ба бемории сил гирифтор шуда, барангезандаи бемориро ба атроф паҳн мекунанд, ҳатми мебошанд.
Беморони сил, ки барангезандаи бемориро ба атроф паҳн мекунанд, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манзил таъмин карда мешаванд.
Моддаи 69. Расондани кӯмаки тиббию санитари ба шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳи
Асос ва тартиби расонидани кӯмаки тиббию санитари ба шахсони гирифтори бемории рӯҳи ва барқароркунии офияти онҳо тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 70. Расонидани кӯмаки тиббию санитари иҷтимои ба аҳоли
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлати оид ба расонидани кӯмаки тиббию санитари иҷтимои ба аҳоли амали карда мешавад.
Кӯмаки тиббию санитари иҷтимои ва системаи тадбирҳо оид ба таъсис ва тараққи додани шабакаи муассисаҳои навъи тиббию иҷтимои, додани имтиёзоти манзилию маиши, аз тарафи ҳамаи шахсони ҳуқуқи сарфи назар аз шакли моликият иҷро кардани тавсияҳо оид ба солимгардонии аҳоли кор, ташкили тартиби оқилонаи меҳнат ва ғизохӯри иборат аст.
Кӯмаки тиббию санитари иҷтимои ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимои дошта ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, расонида мешавад.
Намудҳо ва андозаи кӯмаки тиббию санитари иҷтимои, ки ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимои дошта расонида мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳо ва идораҳои манфиатдор муқаррар карда мешаванд
Феҳрист ва намудҳои имтиёзот оид ба расонидани кӯмаки тиббию санитари иҷтимои ба шаҳрвандони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 71. Расонидани кӯмаки тиббию санитари ба нашъамандон, заҳрманди ва майзадагон
Шахсони гирифтори бемории нашъаманди, заҳрманди ва майзадаги вазифадоранд, дар муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳои нигаҳдории тандурусти табобат шаванд. Бемороне, ки аз табобат саркаши мекунанд, бо қарори суд ба муассисаҳои махсусгардонидашуда барои табобати маҷбури фиристода мешаванд .
Тартиби ба профилакторияхои табобатии мехнати фиристодан, инчунин низоми нигахдорй дар онхо тавассути Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар карда мешавад.
Ҳуқуқи шаҳрвандони гирифтори бемории нашъаманди, заҳрманди ва майзадаги бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад .
Моддаи 72. Бурдану овардани коргарон ва хизматчиёне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд
Ба муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо бурдану овардани коргарон ва хизматчиёне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд, дар мавридҳои зарури бо воситаҳои нақлиёт ва аз ҳисоби корхона, хоҷаги, муассиса ё ташкилоҳое сурат мегирад, ки коргар ё хизматчи дар онҷо кор мекунад.
Моддаи 73. Ҳуқуқи корманди тибби барои истифодаи ҳар гуна нақлиёт
Дар ҳолатҳои барои ҳаёти бемор хатарнок табиб ва дигар кормандони тибби бо тартиби муқарраршуда метавонанд аз намудҳои нақлиёте, ки дар ҳамон вақт мавҷуданд, барои рафтан ба маҳалле, ки бемор дар онҷост ё барои ба наздиктарин муассисаи тиббию пешгирии бемориҳо бурдани вай бепул истифода кунад. Ҷавобгари барои бо ин мақсад надодани нақлиёт тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 74. Экспертизаи корношоямии муваққати, тӯлони ё доими
Экспертизаи корношоямии муваккатии шахрвандон дар муассисахои табобатию пешгирии бемориҳо тавассути табиб ё комиссияи тиббию машварати (КТМ) ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад .
Факти корношоямии муваққати бо ҳуҷҷат дар бораи корношоямии муваққати тасдиқ, карда мешавад. Ҳуҷҷат дар бораи корношоямии муваққати барои аз кор озод кардан ва додани ёрдампули бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Шӯрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ҳуқуқ медиҳад .
Эксперткзаи корношоямии тӯлони ё доимии шаҳрвандон аз тарафи Комиссияи экспертии тиббию меҳнатии (КТЭМ) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 75. Экспертизаи судии рӯҳи вз судии тибби
Экспертизаи судии рӯҳии шаҳрвандон тавассути комиссяи табибони бемориҳои рӯҳи гузаронида мешавад.
Шахсоне, ки гирифтори бемориҳои рӯҳи мебошанд, ба беморхонаҳои махсуси рӯҳи (диспансер, шуъбаҳои беморхонаҳо) барои табобати маҷбури фақат бо таъиноти суд ҷой дода шуда метавонанд.
Экспертизаи судии тиббии шаҳрвандон, ҷасадҳо, далелҳои шайъи аз рӯи маводи парвандаҳои ҷинои ва шаҳрванди аз тарафи эксперти идораи экспертизаи тибби гузаронида мешавад.
Тартиби таъминкуни ва гузаронидани экспертизаи судии тибби бо Кодекси мурофиаи ҷинои, Кодекси мурофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
ФАСЛИ VI. БА АҲОЛИ РАСОНИДАНИ ЁРИ БО ДОРУВОРИ
Моддаи 76. Таъмини аҳоли бо воситаҳои дорувори ва назорат ба истеҳсол ва истеъмоли он
Ба аҳоли расонидани ёри бо воситаҳои дорувори ба зиммаи муассисаҳои давлатии дорухонаҳо ва табобатию пешгирии бемориҳо, инчунин ба зиммаи муассисаҳои хусусии дорухонаҳо ва табобатию пешгирии бемориҳо, ки барои машғул шудан ба фаъолияти дорусози ҳуқуқ доранд, гузошта мешавад.
Дорухонаҳо, муассисаҳои санитарию эпидемиологи, табобатию пешгирии бемориҳо, сарфи назар аз шакли моликият, фақат ба фурӯхтани (истифода бурдани) воситаҳои дорувори ва пешгирии бемориҳое ҳуқуқ доранд, ки барои истифодаи онҳо аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст .
Назорат ба сифати воситаҳои доруворие, ки муассисаҳои дорухонаҳои системаи давлати ва хусуси мефурушанд, аз муомилот баровардани воситаҳои дорувори ва воситаҳои куҳнашудаи пешгирии бемориҳо ва камфоида ба тартибе сурат мегирад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар кардааст.
Иҷозатнома (литсензия) ба шахсони ҳуқуқи барои машғул шудан ба фаъолияти фармасевти аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад .
Моддаи 77. Назорати муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот, содирот, истеҳсол, коркард, нигоҳдори ва истифодаи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо фақат бо мақсадҳои тибби, байтори ва илми иҷозат дода мешаванд .
Барои истеҳсол, коркард, воридот, содирот, нигоҳдори, ҳамлу нақл ва фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое ҳуқуқ доранд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд .
Тартиби нигохдори, хисобу китоб, додан тақсимот ва фурӯш ва воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропи аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофикаи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар карда мешавад .
Истехсол ва истифодаи воситаҳои нашъаовар моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо мувофики конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалли сурат мегирад .
ФАСЛИ VII. ҚОИДАҲОИ НИҲОИ
Моддаи 78. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли"
Барои вайрон кардани қонунгузори дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари фаро мерасад.
Моддаи 79. Асоси ҳуқуқии ҳамкории байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон
Ҳамкории байналмиллали ва робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар асоси баробари ва ба манфиатҳои тарафҳои иштироккунанда сурат мегирад.
Асоси ҳуқуқии ҳамкории байналмиллали Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон мувофиқатнома ва шартномаҳои байналмиллали, ки бо назардошти санадҳои қонунгузории тарафҳо ва меъёрҳои байналмиллали баста мешаванд, ташкил медиҳад.
Моддаи 80. Иштирокчиёни ҳамкории байналмиллали
Шартномаҳои байналмиллали мақсадҳои ҳамкории байналмиллали дар соҳаи ҳифзи саломати, феҳристи масъалаҳои мавриди ҳаллу фасл вз тарафҳои иштироккунанда, манбаъҳои бо маблағтаъминкуни, мӯҳлат ва шартҳои иҷрои шартномаҳоро муайян карда, таъмини ҳифзи ҳуқуқи моликияти ақли ва ҳимояи патентиро пешбини менамоянд.
Мақомоти ҷумҳурияви ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва идора, инчунин ташкилотҳо ва муассисаҳои ҷудогонаи нигаҳдории тандурусти иштирокчиёни ҳамкории байналмиллали буда метавонанд ва метавонанд бо ташкилотҳои дахлдор ва муассисаҳои тиббии мамлакатҳои хориҷи дар асоси мувофиқатномаҳои байналмиллали ва шартномаҳои байналмиллали, ки Тоҷикистон имзо намудааст, мустақиман шартномаҳо банданд.
Ташкилотҳои (иттиҳодҳо ва ҷамъиятҳои) тиббии касбии ҷамъияти дар фаъолияти ташкилотҳо ва ҷамъиятҳои байналмиллали иштирок карда метавонанд. Ҳамаи масъалаҳои вобаста бо аъзогии онҳо дар ташкилотҳои байналмиллали, иштирок дар форумҳои байналмиллали, бо маблағҷудокуни ва ҳамкори аз тарафи худашон мувофиқи санадҳои қонунгузори дар бораи ташкилотҳои ҷамъияти мустақилона ҳал карда мешаванд.
Тартиби бастани шартномаҳои байналмиллали дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, амал, назорат ба иҷрои онҳо тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
15 майи соли 1997 № 419