Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016 № 1293 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 январи соли 2016, № 300

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 190

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7 мод.537, №12, мод.901) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми дуюми моддаи 4 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- муқаррар намудани Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;".

2. Дар қисми дуюми моддаи 5, сархати якуми қисми якуми моддаи 11, моддаи 12, қисмҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум ва шашуми моддаи 13, қисми сеюми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 22, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 26, қисми якуми моддаи 30, қисмҳои панҷум, ҳафтум, нуҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моддаи 33, қисмҳои сеюм, чорум, шашум ва нуҳуми моддаи 34, қисми панҷуми моддаи 36, қисми сеюми моддаи 38, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 50, қисми дуюми моддаи 53, қисми дуюми моддаи 54, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 55, моддаи 56, қисми дуюми моддаи 57, моддаи 58, қисми якуми моддаи 60, қисми дуюми моддаи 61, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 62, қисми дуюми моддаи 64, қисми сеюми моддаи 66, қисми чоруми моддаи 70, қисми сеюми моддаи 74, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 76, қисми сеюми моддаи 77 калимаҳои "Вазорати нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Моддаи 25 хориҷ карда шавад.

4. Моддаи 39(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 39(1). ӯҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ақди никоҳ мебанданд, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ ба таври ройгон мегузаранд. Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

15 марти соли 2016 № 1293

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОХРАНЕ ЗДОРОВЬЯ НАСЕЛЕНИЯ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 13 января 2016 года, № 300

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 3 марта 2016 года, № 190

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года "Об охране здоровья населения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №9, ст. 115; 2003 г., №4, ст. 149; 2004 г., №2, ст.45; 2005 г., №12, ст.651; 2009 г., №5, ст.339; 2013 г., №7, ст. 537, №12, ст.901) следующие изменения и дополнения:

1. Часть вторую статьи 4 дополнить абзацем пятнадцатым следующего содержания:

"- установление Правил проведения обязательного медицинского обследования лиц, вступающих в брак;".

2. В части второй статьи 5, абзаце первом части первой статьи 11, статье 12, частях первой, второй, третьей, пятой и шестой статьи 13, части третьей статьи 14, части третьей статьи 19, части четвертой статьи 22, частях второй и третьей статьи 26, части первой статьи 30, частях пятой, седьмой, девятой, одиннадцатой, двенадцатой и тринадцатой статьи 33, частях третьей, четвертой, шестой и девятой статьи 34, части пятой статьи 36, части третьей статьи 38, частях второй и третьей статьи 50, части второй статьи 53, части второй статьи 54, частях первой и второй статьи 55, статье 56, части второй статьи 57, статье 58, части первой статьи 60, части второй статьи 61, частях первой, третьей и четвертой статьи 62, части второй статьи 64, части третьей статьи 66, части четвертой статьи 70, части третьей статьи 74, частях второй и четвертой статьи 76, части третьей статьи 77 слова "Министерство здравоохранения Республики. Таджикистан", "Министерством здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерстве здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерство здравоохранения", "Министерства здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" и "Министерством образования Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Министерством здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан", "Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан" и "Министерством образования и науки Республики Таджикистан".

3. Статью 25 исключить.

4. Дополнить статьёй 39(1) следующего содержания:

"Статья 39(1). Обязанности лиц, вступающих в брак, по прохождению обязательного медицинского обследования

Граждане Республики Таджикистан, иностранные граждане и лица без гражданства, вступающие в брак, бесплатно проходят обязательное медицинское обследование в государственных учреждениях системы здравоохранения по месту жительства или постоянного проживания. Правила проведения обязательного медицинского обследования лиц, вступающих в брак, утверждаются Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 июля 2016 года.

Президент

Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 15 марта 2016 года, № 1293