ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамин Қонун муқаррароти асосии таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро барои муҳофизати саломати дар ҷараёни фаъолияти меҳнаташон муайян мекунад ва танзими муносибатҳои соҳаи муҳофизати меҳнатро дар байни ҳамаи субъектҳои онҳо бо назардошти нормаҳои ҳуқуқҳои байналмилали, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи худ мешуморад .
Қонун замонати ҳуқуқии муҳофизати меҳнатро муқаррар намуда, принсипҳои умумии ташкили корро дар боби муҳофизати меҳнат хоҷагии халқи ҷумҳури муайян мекунад, механизми иқтисодии таъмини бехатарии меҳнатро ба назар мегирад. Қонун новобаста аз шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷаги дар ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, консернҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, колхозу совхозҳо ва кооперативҳо, ташкилотҳои иҷорави ва дигар ташкилотҳо татбиқ, мегардад.
ФАСЛИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни меҳнати корхонаҳо новобаста аз шакли моликият дар асоси шартнома иштирок мекунанд, ҳуқуқи муҳофизати меҳнатро доранд .
Ин ҳуқуқ, инчунин ба ашхоси зайл паҳн мегардад:
ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сафари хидматии хориҷи ҷумҳури таҳти роҳбарии персонали ҷумҳури, инчунин дар корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд;
ба донишҷуён ва хонандагон дар давраи таҷрибаомузии истеҳсоли ва омузиши истеҳсоли ё ҷалби онҳо ба кори корхонаю ташкилотҳо, инчунин иштирокашон дар корҳои кишоварзи;
ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба корҳои хоҷагии халқи ҷумҳури ҷалб мегарданд;
ба кормандоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфироди машғул буда, инчунин бо корхонаҳои оилави ва иҷорагирони алоҳида муносибатҳои меҳнати доранд;
ба шахсоне, ки дар муолиҷаи маҷбури аз майзадаги буда, дар объектҳои хоҷагии халқ ё устохонаҳои табобатию меҳнати ба муолиҷаи меҳнати ҷалб карда мешаванд;
ба шахсоне ки аз рӯи ҳукми суд мӯҳлати ҷазояшонро адо мекунанд, дар давраи кори онҳо дар корхонаҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷрои ҳукм муайян мегардад.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муҳофизати меҳнат доранд, агар дар шартномаҳои (созишномаҳои) дахлдори байнидавлати тартиби дигаре пешбини нашуда бошад .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- муҳофизати меҳнат - системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунӣ ва барқароркунии дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишуда, ки бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин мекунанд;
- шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсолӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ;
- корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад;
- корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва филиалҳои он ва шахси воқеӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) мехнатӣ мебошанд;
- ҷойҳои корӣ - ҳамаи ҷойҳое, ки дар он кормандон бояд ба иҷрои кор машғул шуда, бевосита ё бавосита дар зери назорати корфармо бошанд;
- кафолати ҳуқуқи кормандон оид ба муҳофизати меҳнат - шароит ва воситаҳои имконияти истифодаи пурра аз ҳуқуқҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муҳофизати меҳнат муқаррар кардаанд;
- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандонвоситаҳо, барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон;
- омили хатарноки истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки ба корманд ҷароҳат расонида метавонад;
- омили зарарокари истеҳсолӣ - омили истеҳсолие, ки таъсири он кормандонро метавонад ба беморӣ оварда расонад;
- бемориҳои касбӣ - бемориҳое, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои зараровар ва хатарноки истеҳсолӣ кормандон гирифтори он мешаванд;
- ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот - ҷароҳат, бемории шадиди касбӣ, заҳролудшавӣ, гармозанӣ, сӯхтан, сармозанӣ, ғарқшавӣ, задани қувваи барқ ё раъду барқ, осеб дидан дар натиҷаи садама, сӯхтор, офатҳои табиӣ (заминларза, ярч, обхезӣ, тӯфон ва ғ.), муомила бо ҳайвонот, ҳашарот, растаниҳои заҳрнок ва дигар намояндагони ҳайвоноту наботот .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳофизати меҳнат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 4. Принсипҳои асоси ва самтҳои сиёсати давлати дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Принсипҳои асоси ва самтҳои сиёсати давлати дар соҳаи ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд:
-эътироф намудан ва таъмини афзалияти ҳаёт ва саломатии коргарон нисбати натиҷаҳои фаъолияти ташкилот;
-муқаррар намудан ва таъмини кафолати ҳуқуқҳои коргарон ба ҳифзи меҳнат;
-идораи давлатии ҳифзи меҳнат;
-иштироки давлат дар маблағгузории ҳифзи меҳнат;
-назорати давлати ба назорати риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи меҳнат;
-аз тарафи давлат таъмин намудани ҳамкории байни корфармоён ва кормандон ва (ё) намояндагони онҳо дар ташкилотҳо доир ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
-таҳия ва муқаррар намудани меъёрҳои ягонаи талабот оиди ҳифзи меҳнат;
-гузаронидани сиёсати самараноки андоз, ки ташкили шароити солим ва бехатарии меҳнатро ҳавасманд мекунад, тайёр ва ҷори намудани техника ва технологияи бехавф, ҳавасмандкунии истеҳсолоти воситаҳои ҳифзи фарди ва коллективии кормандон;
-ба ҷавобгари кашидани корфармоён ва шахсони мансабдор барои вайрон кардани талабот оиди ҳифзи меҳнат;
-муқаррар намудани тартиб ва назорати ҳатмии тафтиши ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
-муқаррар намудани имтиёз ва ҷуброн барои кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат;
-таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарон, додани товони пурраи зарар ба шахсони зарардида аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
-муқаррар намудани системаҳои нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳисоботи омори давлати оиди ин масъалаҳо, инчунин дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби;
-ҳамкории байналхалқи дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таъмини созишномаҳои байналхалқи ва байнидавлати оиди муҳофизати меҳнат .
Моддаи 5. Идоракунии давлатии муҳофизати меҳнат
Идоракунии давлатии муҳофизати меҳнат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизати меҳнат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ анҷом дода мешавад .
Моддаи 6. Суғуртаи ҳатмии иҷтимоии давлатии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби
Ҳамаи кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касби аз тарафи корфармоён бо тартиб ва шароити муқаррарнамудаи қонун ва шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи воҷиби суғуртаи ҳатмии иҷтимоии давлати мебошанд .
Моддаи 7. Вазифаҳои мақомоти хоҷагии идора дар масъалаҳои муҳофизати меҳнат
Мақомоти хоҷагии идора гузаронидани сиёсати ягонаи илмию техникиро дар соҳаи муҳофизати меҳнат ва таҳияи меъёру қоидаҳои муҳофизати меҳнати соҳавиро дар асоси талаботи ягона таъмин карда, ба онҳо мувофиқат кардани лоиҳаю воситаҳои истеҳсолоти ба вуҷуд овардашавандаро месанҷанд, таҷрибаи пешкадами корро ҷамъбаст ва паҳн мекунанд, системаи баланд бардоштани тахассуси мутахассисони муҳофизати меҳнатро ташкил менамоянд. Онҳо ҳақ доранд дар асоси ҳиссаҷудокуниҳои ихтиёри, ки корхонаҳо муқаррар мекунанд, барои гузаронидани чорабиниҳо оид ба муҳофизати меҳнат фондҳо ташкил намоянд.
Моддаи 8. Принсипҳои умумии кор оид ба муҳофизати меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо
Муҳофизати меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо қисми ҷудонашавандаи протсесси истеҳсолот буда, татбиқи онро бо риояи ҳатмии ҳамаи талаботи меъёри пешбини мекунад.
Масъулияти ташкили кор оид ба таъмини шароити бехатар ва солими меҳнат, пешгирии садамаи истеҳсолоти, маризи бо муваққатан аз даст додани қобилияти меҳнати ва маризии касби дар корхона, ташкилот ба ӯҳдаи роҳбари он гузошта мешавад.
Маъмурияти корхона, ташкилот вазифадор, аст, ки шароити солиму бехатарии меҳнатро эҷод намояд, кори муҳофизати меҳнат, пешгирии садамаи истеҳсолоти ва маризии касбиро доимо такмил диҳад, мунтазам (на камтар аз як маротиба дар 5 сол) гузаронидани аттестатсияи (паспортизатсияи) шароити меҳнат ва такмили (ратсионализатсияи) ҷойҳои кор ва истеҳсолот, истифодаи воситаҳои пешқадами истеҳсолот ва протсессҳои технологии мутобиқ ба нормаҳо ва талаботи муҳофизати меҳнат ва бехатарии техникиро таъмин намояд; дар коллективҳои меҳнати барои таъмини бехатарии корҳо, муносибати оштинопазир нисбати вайрон кардани қоидаҳои бехатари ва муҳофизати меҳнат, истифодаи васеъ ва такмили доимии усулҳои масъулияти иқтисодии корхона, ташкилот ва ҳавасмандии моддии меҳнаткашон дар кори бидуни садама ва тасодум ҳисси баланди масъулиятро ба роҳ монад.
Маъмурияти корхона, ташкилот вазифадор аст, ки ҳар сол вобаста ба вазъияти шароити меҳнат, сатҳи садама ва маризиҳои касби барои таъмини шароити бехатар ва солими меҳнат маблағҳои зарури ва захираҳои модди ҷудо намояд. Истифодаи ин маблағу мавод ба мақсадҳои дигар манъ аст.
Дар истеҳсолот бо шароити меҳнати зарарнок, махсусан зарарнок ва хатарнок, инчунин дар корҳое, ки дар шароити махсуси ҳарорати гузаронида мешаванд ё ба ифлоскуни вобастаанд, ба кормандон бепул аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ё бо қарори коллективҳои меҳнати мутобиқан либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфироди, собуне, ки модаҳои зарарнокро шуста бехатар месозад, шир ва дигар маҳсулоти муодили он, ғизои табобатию профилактики дода мешавад.
Дар ҳар як қитъаҳои истеҳсоли бояд гушаҳои санитарии бо воситаҳои зарурии расонидани ёрии аввалини тибби ҷиҳозонидашуда ташкил карда шаванд .
Корфармо аз ҳисоби маблағҳои худ хизматрасонии тибби ва табобати-профилактикии кормандонро ташкил менамояд .
Коргарон ва хизматчиён вазифадоранд, ки қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраршудаи техникаи бехатари ва санитарияи истеҳсоли, дастуруламали муҳофизати меҳнатро риоя намоянд, инчунин воситаҳои муҳофизати коллективи ва инфиродиро дуруст истифода баранд.
Моддаи 9. Тартиби ташкил ва барҳам додани умури муҳофизати меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо
Дар ҳамаи корхонаҳо барои ташкили кори муҳофизати меҳнат вобаста аз шумораи кормандон, дараҷаи зарарноки ва хатарнокии истеҳсолот вазифаи мутахассис ҷори карда мешавад ё гурӯҳҳо, шуъбаҳо, раёсатҳои муҳофизати меҳнат, ки бевосита тобеи роҳбари корхона ё саринженер мебошанд, ташкил карда мешаванд.
Агар шумораи кормандон камтар аз 50 нафар бошад, ин вазифаҳо ба ӯҳдаи роҳбари корхона, ташкилот гузошта мешаванд.
Дар ҳайати умури муҳофизати меҳнати корхона, ташкилот вобаста аз хусусияти истеҳсолот, ё дар сурати бештар аз 1000 нафар будани шумораи коргарон вазифаи духтур оид ба гигиенаи меҳнат ҷори намуда лабораторияи саноатию санитари ташкил карда мешавад. Дар сурати кам будани шумораи кормандон, вале вуҷуд доштани омилҳои зараровари истеҳсолоти чунин лабораторияҳоро метавонанд якчанд корхона аз рӯи принсипи соҳави ташкил намоянд.
Умури муҳофизати меҳнати корхонаҳо, ташкилотҳоро фақат дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо барҳам додан мумкин аст.
Масъалаҳои вобаста ба таъсис ё азнавташкилкунии умури муҳофизати меҳнатро маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхона ҳал мекунанд.
Моддаи 10. Манбаъҳои бо пул таъминкунии муҳофизати меҳнат
Бо пул таъминкунии муҳофизати меҳнат ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз ҳисоби корхонаҳо сурат мегирад.
Маблағҳои буҷети барои муҳофизати меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сатри алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳ доштани мақомоти идораи муҳофизати меҳнат, бо пул таъминкунии корҳои тадқиқоти илми, ба амал баровардани барномаҳои мақсадноки давлати оид ба муҳофизати меҳнат истифода бурда мешавад.
Ҳар як корхона ҳар сол барои муҳофизати меҳнат дар ҳаҷме, ки шартномаҳои коллективи муайян мекунанд, маблағҳои зарури ҷудо менамояд. Кормандони корхонаҳо ба ин мақсадҳо ҳеҷ гуна хароҷоти иловаги намекунанд.
Корхонаҳо ташкилотҳо ҳак доранд, ки аз ҳисоби фоидаи (даромади) фаъолияти хоҷаги, тиҷорати, иқтисодии беруни ва дигар фаъолияташон, инчунин дигар манбаъҳо фондҳои муҳофизати меҳнат ташкил намоянд .
Фондҳои муҳофизати меҳнатро дар сатҳи ҷумҳурияви ва маҳалли ташкил кардан мумкин аст. Тартиби ташкил ва хароҷоти ин фондҳоро ҳукумати ҷумҳури бо розигии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон муайян мекунад.
ФАСЛИ II. КАФОЛАТҲОИ ШАҲРВАНДОН БА МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 11. Вазифаҳои мақомоти давлатию хоҷаги дар бобати таъмини муҳофизати меҳнати шаҳрвандон
Мақомоти олии ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро таҳия мекунанд, барномаҳои ҷумҳуриявиро бо ҳатман ба назар гирифтани таъмини муҳофизати меҳнати коркунон, ба онҳо фароҳам овардани шароити зарури барои меҳнати бехатари сермаҳсул тартиб дода амали менамояд.
Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки ташкили шароити солим ва бехатари меҳнатро дар ҳар як ҷои кор кафолат диҳанд.
Фаъолияти корхонаю ташкилотҳо ва ҷузъҳои онҳо, инчунин қарорҳои мансабдорон, ки ба талаботи муҳофизати меҳнат ҷавоб надода, ба саломати ё ҳаёти корманд таҳдид дар иқбол доранд, бояд мувофиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақомоти салоҳиятдор ё мансабдорон боздошта (то аз байн бурдани вайронкори) ё манъ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба бекор кардани муносибатҳои меҳнати нисбати аз тарафи корхона, ташкилот иҷро нашудани кафолатҳо оид ба таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат
Дар сурати аз тарафи маъмурияти корхона, ташкилот мунтазам вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнати ё қарордод дар қисмати муҳофизати меҳнат, ҳангоми тасдиқи ин факт аз ҷониби кумитаи иттифоқи касабаи корхона, ташкилот ва намояндаи мақомоти назорати давлати ё инспексияи соҳавии меҳнат, корманд ҳуқуқ, дорад, а шартномаи меҳнати ё қарордодро пеш аз мӯҳлат бекор кунад. Дар ин маврид то вақти пайдо кардани ҷои кори нав музди миёнаи меҳнаташ нигоҳ дошта мешавад, вале дар муддати на бештар аз се моҳ .
Моддаи 13. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба маълумот дар бораи шароити меҳнат ва даст кашидан аз иҷрои корҳо бинобар таҳдиди ошкоргардида ба саломати ва ё ҳаёти онҳо
Маъмурият вазифадор аст, ки кормандро дар бораи шароити меҳнаташ, омилҳои зарароваре, ки ба организми корманд ҳангоми иҷрои кор таъсир мерасонанд ва оқибатҳои имконпазири ин таъсирҳо; дар бораи тарзҳо ва воситаҳои мавҷудаи муҳофизат аз таъсири омилҳои зарарноки амалан дар ҷои кор истифодашаванда ва дар бораи вақти иҷозатдодашуда ва дараҷаи таъсири омилҳои зараровар ба организми корманд; дар бораи ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти ҳам маъмурият ва ҳам корманд, ки аз ҳамин Қонун бармеоянд, инчунин дар бораи имтиёз ва ҷубронпулиҳои муқарраргардидаи корманд хабардор намояд.
Дар мавриди ба талаботи меъёри мувофиқат накардани шароити меҳнат, таъмин накардани корманд бо воситаҳои зарурии муҳофизати инфироди, ки ба саломати ё ҳаёти он хавф дорад, корманд ҳақ дорад то аз байн бурдани вайрони аз иҷрои корҳо даст кашад. Бо ин сабабҳо аз иҷрои кор даст кашидани корманд ҳеҷ як ҷавобгари дар қибол надорад.
Дар вақти боздоштани корҳо дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва ҷузъҳои онҳо (ҷойҳои кори) мутобиқи қисми сеюми моддаи 11 ё дар натиҷаи ошкор кардани таҳдид ба саломати ё ҳаёти корманд ҷои кори (вазифаи) корманд ва музди миёнаи меҳнати вай нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 14. Омодагии ҳатмии ихтисоси ва касбии корманд
Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии мутахассисонро барои кор дар умури муҳофизати меҳнати корхонаҳо дар муассисаҳои таълимии ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби таъмин мекунад .
Муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии ҷумхури бояд омузиши хатмии курси "Муҳофизати меҳнат"-ро аз тарафи донишҷуён бо назардошти хусусиятҳои истеҳсолоти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ташкил намоянд .
Ба кор иҷозат додани шахсоне манъ аст, ки омодагии зарурии касби надошта, мувофиқи тартиби муқарраршуда аз омузиш ва аттестатсияи оиди муҳофизати меҳнат нагузаштаанд.
Барои ҳамаи шахсони нав ба кор даромада, инчунин кормандоне, ки ба кори дигар гузаронида мешаванд, маъмурияти корхона, ташкилот вазифадор аст, ки оид ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат инструктаж гузаронад, инчунин омузиши онҳоро дар ҷойҳои корашон ташкил намояд.
Маъмурияти корхона, ташкилот вазифадор аст, ки оид ба муҳофизати меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси коркунон системаи омузиши мунтазамро ташкил намояд.
Моддаи 15. Муоинаи тиббии баъзе гурӯҳи кормандони
Муоинаи тибби баъзе гурӯҳи кормандон мутобиқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад .
Моддаи 16. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба талофии зарари вобаста ба вайрон шудани саломати ва ҷубронпули аз рӯи шароити меҳнат
Меҳнаткашоне, ки бо гуноҳи пурра ё ҷузъии корхона, ташкилот маъюб шудаанд ё ба саломатиашон зиён расидааст (инчунин аъзоёни оилаи ҷабрдида дар сурати ҳалок шудани у), бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои ҷумҳури ба гирифтани товони зарари расонидашуда ҳақ доранд.
Ҳамаи категорияи меҳнаткашон барои кор дар шароити зараровару вазнини меҳнат ба гирифтани имтиёз ва ҷубронпули ҳақ доранд. Хусусият ва андозаи ин имтиёзу ҷубронпулиҳоро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Ҳангоми ошкор намудани нишонаҳои маризии касбии корманд маъмурият бояд ӯро дар асоси хулосаи тибби ба кори дигар гузаронад ва музди миёнаи меҳнаташро дар давраи аз нав аз аттестатсия гузаштан нигоҳ дорад, вале на бештар аз 12 моҳ.
Моддаи 17. Муҳофизати меҳнати занон ва шахсони то ҳаждаҳсола
Истифодаи меҳнати занон ва шахсони то ҳаждаҳсола дар корҳои зеризамини ва вазнин, корҳо дар шароити зараровари меҳнат, инчунин дар корҳои вобаста ба дасти бардоштан ва интиқоли борҳои вазнин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун манъ аст.
Занҳои ҳомила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз рӯи хулосаи тибби ба кори сабуктар, ки таъсири омилҳои хатарнок аз зараровари истеҳсолиро истисно мекунад, гузаронида мешаванд.
Корхонаҳое (сехҳои махсусгардонидашуда, участкаҳо, истеҳсолоте), ки меҳнати занони ҳомила ва шахсони то ҳаждаҳсоларо таъмин мекунанд, ҳуқуқи андоздиҳии имтиёзи доранд.
Ҳамаи занон, инчунин шахсони то ҳаждаҳсола фақат баъди муоинаи тиббии пешаки ба кор қабул карда мешаванд ва минбаъд бояд ҳар сол аз муоинаи тибби гузаранд.
Истифодаи меҳнати шахсони то 15-сола, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои ҷумҳури, манъ аст.
Шахсони то ҳаждаҳсола ба кор дар мошинҳо, механизмҳо ва таҷҳизоте, ки сертификати бехатари надоранд, роҳ дода намешаванд.
ФАСЛИ III. ТАЪМИНИ МЕЪЁРИ ВА ТАШКИЛИЮ ТЕХНИКИИ МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ
Моддаи 18. Ҳуҷҷатҳои нормативи оид ба муҳофизати меҳнат
Асоси ташкили кор оид ба муҳофизати меҳнат аз инҳо иборат аст:
Нормаҳо, стандартҳо, талаботи муқарраршавандае, ки нисбат ба воситаҳои истеҳсолот, воситаҳои нақлиёт, протсессҳои истеҳсоли (технологи), ашёи хом ва материалҳо, муҳити истеҳсоли, ҷои кор, инчунин воситаҳои муҳофизати инфироди ва дастаҷамъии кормандон пешниҳод мегарданд;
Қоидаҳое, ки талаботи таъмин намудани бехатарии техникию технологии истеҳсолотро дар бар мегиранд, инчунин талабот нисбат ба маъмурияти корхонаю ташкилотҳо оид ба ташкили меҳнат, таъмини ҳолати зарурии таҷҳизоти ҳамаи ҷойҳои кор ва дар онҳо ташкил кардани шароити кори мутобиқ ба нормаҳо ва стандартҳои муқарраршуда;
Дастуруламалҳое, ки қоидаҳои иҷрои кор ва рафтори кормандонро дар протсесси меҳнат муқаррар мекунанд.
Моддаи 19. Талабот нисбат ба лоиҳаҳои воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили корҳо
Таъминоти лоиҳавию конструктори ва технологии муҳофизати меҳнат мақсад дорад, ки дар асоси талаботи меъёри ва дастовардҳои илмию техникии ватани ва хориҷи дар ин соҳа барои ташкили воситаҳои истеҳсолот ва технологияҳои таъминкунандаи шароити бехатар ва солими меҳнат ба роҳ монад.
Ягон лоиҳаи воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили корро барои татбиқ қабул кардан мумкин нест, агар дар он маҷмуи чорабиниҳои таъминкунандаи шароити бехатар ва солими меҳнати кормандон ва шароити зарурии санитарию маиши пешбини нашуда бошанд.
Барои ба талаботи муҳофизати меҳнат мутобиқат карданашон лоиҳаҳои таҳияшуда бояд аз экспертизаи давлати ва намунаҳои таҷрибави аз озмоиши давлати гузаранд.
Ташкилотҳои ҷамъияти ҳақ доранд, ки барои муқаррар намудани мутобиқати лоиҳа (намуна) ба талаботи муҳофизати меҳнат мутахассисони оид ба муҳофизати меҳнат ва гигиенаи меҳнатро ҷалб намуда, мустақилона экспертиза гузаронанд ва хулосаи худро ба экспертизаи давлати, ки вазифадор аст онро барраси намояд, пешниҳод кунанд.
Воситаҳои истеҳсолот ва муҳофизати инфиродии кормандонро, ки аз экспертиза (озмоиш) нагузаштаанд, ё аз рӯи натиҷаҳои экспертиза (озмоиш) ба талаботи муҳофизати меҳнат мувофиқат намекунанд, ташвиқ кардан манъ аст.
Пешбинии истифодаи модаҳо, ашёи хом ва маводе, ки барои муайян кардани дараҷаи таъсирашон ба организм ва саломтии инсон аз арзёбии токсикологи, санитарию гигиени, радиатсиони ва тиббию биологи нагузаштаанд, манъ аст.
Моддаи 20. Риояи талаботи муҳофизати меҳнат ҳангоми тайёр намудан (сохтан) ва ба истифода додани воситаҳои итеҳсолот
Иморатҳо, иншооту таҷҳизот ва протсессҳои технологии истеҳсоли бояд ба талаботе, ки шароити бехатар ва солими меҳнатро таъмин мекунанд, ҷавобгӯи бошанд. Тайёр кардан, сохтан ва истифода бурдани воситаҳои истеҳсолот, ки ба талаботи ҷории муҳофизати меҳнат ҷавоб намедиҳанд, манъ аст. Аз ҳайати комплексҳои бакорандохташаванда хориҷ кардани объектҳои муҳофизати меҳнат, муҳити зист, хизматрасонии санитарию маиши ва тибби иҷозат дода намешавад.
Аз хориҷа харидани мошинҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, ашёю маводе, ки ба талаботи ҷории муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи нестанд, манъ аст.
Ба истифода додани объектҳои нав ва таъмиршавандаи таъиноти истеҳсоли бе иҷозати мақомоти санитарии давлати ва назорати техники, инспексияи меҳнати иттифоқҳои касаба ва ташкилоти иттифоқи касабаи фармоишдеҳ ва ё ташкилоти истифодабари манъ аст .
Дар мавриди вайрон кардани қоидаҳои ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонашон тамомшуда раисон ва аъзоёни комиссияҳо, инчунин шахсоне, ки онҳоро барои имзои санадҳо дар хусуси ба истифода додани объектҳо бо вайрон кардани қоидаҳои қабул маҷбур мекунанд, мутобиқи қонуни ҷори ба ҷавобгарии маъмури, интизоми ва дигар ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 21. Ҳавасмандии модии кормандони корхонаҳо, ташкилотҳо барои риояи талаботи муҳофизати меҳнат
Маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонаю ташкилотҳо тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавии ҷузъҳои истеҳсолоти ва кормандони алоҳидаро барои корашон бидуни вайрон кардани талаботи муҳофизати меҳнат муқаррар мекунанд, инчунин метавонанд аз рӯи пешниҳоди умури муҳофизати меҳнат, мақоми иттифоқи касабаи соҳави ё мақоми назорати давлати як дафъа муқофотонанд.
ФАСЛИ IV. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИЮ ҶАМЪИЯТИ БА РИОЯИ ҚОНУН ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ
Моддаи 22. Вазифаҳои асосии назорат ба риояи Қонун дар бораи муҳофизати меҳнат
Вазифаҳои асосии назорати риояи қонунҳо дар бораи муҳофизати меҳнат аз тарафи ҳамаи мақомоти давлатию хоҷаги, корхонаҳо, ташкилотҳо ва мансабдорон таъмин намудани риояи талаботи муҳофизати меҳнат дар протсесси истеҳсолот мебошад.
Моддаи 23. Мақомоти назорати давлатии риояи қонун ва дигар санадҳои меъёрии оид ба муҳофизати меҳнат
Ба риояи санадҳои қонунии оид ба муҳофизати меҳнат мақомоти давлати (инспексия), ки фаъолияташ аз маъмурияти корхонаҳо ва мақомоти болоии онҳо вобаста нест, назорати давлати мебарад.
Қарори мақомоти назорати давлати оид ба риояи қонунҳои муҳофизати меҳнат, ки дар доираи салоҳияташон қабул шудааст, қатъи ва иҷрои он ҳатми мебошад. Шахсоне, ки барои иҷро накардани қарори мазкур гуннаҳгоранд, ба ҷавобгарии интизоми, маъмури ва ҷинояти кашида мешаванд.
Моддаи 24. Назорати ҷамъияти ба риояи санадҳои қонуни ва дигар санадҳои меъёрии оид ба муҳофизати меҳнат дар корхона
Ба риоя шудани санадҳои қонуни ва дигар санадҳои нормативи оид ба муҳофизати меҳнат коллективҳои меҳнати ва ташкилотҳои иттифоқи касаба дар шахси вакилони интихобкардаашон оид ба муҳофизати меҳнат назорати ҷамъияти ҷори мекунанд.
Коллективҳои меҳнати плани чорабиниҳо ва созишномаи оиди муҳофизати меҳнатро, ки ба шартномаи коллективи дохил мегарданд, барраси намуда, маъқул медоданд, ба иҷрои онҳо ва ҳарчи маблағҳо ба ин мақсадҳо назорат ташкил мекунанд Тавассути вакилонашон оиди муҳофизати меҳнат ба талаботи муҳофизати мехнатро дар протсесси истеҳсолот риоя кардани ҳамаи коркунон ва мансабдорон назорат мебаранд.
Ваколатдори муҳофизати меҳнат дар доираи салоҳиятҳояш ҳақ, дорад бемамониат ба объектҳои назоратшаванда равад, вазъи муҳофизати меҳнатро дар ҷойҳои кор тафтиш кунад, ба роҳбарон дар хусуси рафъи вайронкориҳои ошкоршуда, ки иҷрои он ҳатмист, дастур диҳад. Гуннаҳгорони иҷро нашудани дастуруламалҳо ба ҷавобгарии интизоми кашида мешаванд. Барои иҷрои вазифаҳояш дар вақти кор ба ваколатдори муҳофизати меҳнат бо салоҳдиди маъмурият хафтае на камтар аз ду соат вақт ҷудо карда, музди миёнаи меҳнаташ (маоши хизматиаш) дода мешавад.
Моддаи 25. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба оиди назорат ба риояи санадҳои қонуни ва дигар санадҳои меъёрии муҳофизати меҳнат
Иттифоқҳои касаба мувофиқи қонунҳои ҷумҳури ва оинномаҳояшон ба риояи санадҳои қонуни ва дигар санадҳои меъёрии муҳофизати меҳнат назорат мебаранд. Ба ин мақсад инспексияи меҳнат ташкил мешавад, ки мувофиқи низомномаи аз тарафи маркази иттифоқҳои касабаи ҷумҳури тасдиқшуда ва бо мақомоти назорати давлати ҳуқуқҳои баробардошта амал мекунад.
ФАСЛИ V. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ САНАДҲОИ ҚОНУНИ ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЕРИИ МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ
Моддаи 26. Навъҳои масъулият
Мансабдорон ва дигар кормандоне, ки қонуни муҳофизати меҳнатро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарии маъмури, интизоми, модди ва Ҷинояти кашида мешаванд.
Моддаи 27. Масъулияти интизоми ва модди
Барои вайрон кардани меъёрҳо, қоидаҳо ва дастуруламалҳои муҳофизати меҳнат ва бехатарии техники маъмурияти корхона, ташкилот ҳақ дорад, ки нисбати гуннаҳгор ҷазои интизомиро раво бинад.
Агар дар натиҷаи вайрон кардани қонуни муҳофизати меҳнат ба корхона, ташкилот зарар расонида шавад, гунахкор ба ҷавобгарии модди кашида мешавад.
Тартиб ва шартҳои ба ҷавобгарии интизоми ва модди кашидан мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 28. Масъулияти маъмури ва ҷинояти
Шахсони мансабдор ва кормандоне, қи барои вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳгоранд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарии маъмури ва ҷинояти кашида мешаванд .
Моддаи 29. Масъулияти иқтисодии ташкилотҳои лоиҳакашию конструктори, технологи ва дигар ташкилотҳо барои таҳияи лоиҳаҳои вайронкунандаи талаботи муҳофизати меҳнат
Лоиҳаҳои воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили корҳо, ки бо вайронкунии талаботи муҳофизати меҳнат такия шудаанду аз тарафи экспертизаи давлати ё озмоиши намунаҳои таҷрибави муқаррар (ошкор) гардидаанд, воҷиби такмил мебошанд.
Экспертизаи такрории лоиҳаҳои мазкур ва озмоишҳои давлати, инчунин такмили лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои лоиҳакашию конструктори ва технологи сурат мегирад.
Дар мавриде, ки дар давраи мӯҳлати замонатии истифодаи воситаҳои истеҳсолот ва технология вайрон кардани талаботи муҳофизати меҳнат, ки дар марҳалаи таҳияи онҳо роҳ, дода шудааст, ошкор мешаду ба саломатй ё ҳаёти одамон таҳдид мекунанд, зарари иқтисодии вобаста ба аз байн бурдани онҳоро таҳиякунандагон, ташкилотҳои экспертизаи давлати ва озмоиши давлати мувофиқи дараҷаи гуноҳе, ки бо тартиби суди муқаррар мегардад, ба корхона талофи мекунанд.
Дар мавриди аз ҳисоби хориҷ кардани объектҳои муҳофизати меҳнат арзон шудани қимати лоиҳа маъмурияти ташкилоти лоиҳакашию инструктори аз ҷиҳати модди ва худи ташкилот аз ҷиҳати иқтисоди масъул мебошанд.
Моддаи 30. Масъулияти иқтисодии корхонаҳо-таҳиякунандагон барои истеҳсоли воситаҳои истеҳсолоте, ки ба лоиҳа дар қисмати талаботи муҳофизати меҳнат мутобиқат намекунанд
Ҳангоми ошкор намудани вайронкунии талаботи муҳофизати меҳнат дар давраи ба истифода додани воситаҳои истеҳсолот ё дар муддати мӯҳлатҳои замонати онҳо истеъмолкунанда (гиранда) ҳақ, дорад онҳоро ба таъминкунанда (истеҳсолкунанда) бо пардохти маорифи нақлиёти талофи намояд, ё аз вай ба андозаи маблағи барои бартараф намудани вайронкуниҳо сарф кардааш ҷубронпули гирад.
Дар мавриди ба лоиҳа (ҳуҷҷатҳои техники) риоя накардани истеҳсолкунандаи воситаҳои истеҳсолот, ки он боиси мувофиқат накардани маълумотҳои воситаҳо ба талаботи муҳофизати меҳнат мегардад, вай вазифадор аст ба истеъмолкунанда ва буҷети дахлдор зиёни расонидаашро баргардонад.
Моддаи 31. Масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо барои расонидани зарар ба кормандоне, ки дар истеҳсолот ҷабр дидаанд.
Корхона, ташкилот ё вориси ҳуқуқии он вазифадор аст зарари дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ба истеҳсолот расонидаашро талофи кунад.
Корхона, ташкилоте, ки бо гуноҳи пурра ё ҷузъияш дар истеҳсолот ба ҳодисаи нохуш ё маризии касби роҳ додааст, барои талофии зарари расонидааш вазифадор аст, ки:
1. Маоши ҷабрдидаро, ки дар натиҷаи гум кардани қобилияти кори ё кам шудани он аз даст додааст (ҳам дар вақти муваққатан қобили меҳнат набудан ва ҳам дар вақти маъюбиаш) дар ҳаҷми пурра диҳад.
Пардохти талофии зиёни вобаста ба муваққатан аз даст додани қобилияти меҳнат, маъюби, фавти ҷабрдида дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё маризии касби ҳар моҳ, сурат мегирад.
Мувофиқи шартнома бо корхона, ташкилот пардохти нафақа ва мададпулиро ба ҷабрдида мумкин аст мақомоти таъминоти иҷтимои диҳанд. Дар ин маврид корхона, ташкилот ҳар моҳ, ба ин мақомот пул мегузаронанд. Ҳангоми таъхири ин пулгузарони мақомоти таъминоти иҷтимои ҳақ, доранд ба корхона, ташкилот дар бораи баргардонидани мададпули ё нафақаи барои ҷабрдида таъиншуда талаботи иддаои изҳор намояд.
2. Ба кормандоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудаанд, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда на камтар аз даромади солонаи ҷабрдида мададпулии яквақта дода мешавад.
Дар мавриди ҳалок шудани корманд ба оилаи ӯ илова ба маблағе ки барои шахсони дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз даҳ, маоши миёнаи солонаи ҷабрдида мададпулии як вақта дода мешавад.
Хаҷми мушаххаси ин мададпулиро маъмурияти корхона, ташкилот ва кумитаҳои иттифоқи касаба вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнати ҷабрдида ва шумораи шахсони дар таъминоти ӯ буда муайян мекунад.
Мададпулии яквақтаро мақомоти маҳаллии таъминоти иҷтимои пардохт намуда, он баъд аз корхонаю ташкилотҳо ҳатман талофи мегардад.
Маблағгузаронии яквақта бояд ба буҷети маҳалли ё фонди махсуси Маҷлисҳои вакилони халқ, ки барои ҷуброни хароҷоти вобаста ба оқибатҳои маъюби истифода мешавад (тайёр кардани мутахассисони нав, таъминоти хонаҳои бачагон, хонаҳои маъюбон, мақомоти нигаҳдории тандурусти, таъминоти иҷтимои ва дигарҳо дар бобати хизматрасони ба ҷабрдидагони истеҳсолот), сурат гирад. Ҳаҷм ва тартиби ҳиссаҷудокуниҳои яквақтаро барои садамаи истеҳсолоти ҳукумати ҷумҳури муқаррар мекунад .
4. Таҷдиди омодагии касби ва бо кор таъмин кардани ҷабрдида мувофиқи нишондоди тибби ё созиши тарафайн ройгон таъмин карда шавад, маблағи ба ин мақсад харҷшуда ба ӯ пардохта шавад. Ҷуброни хароҷоти ҷабрдида ба табобат, офият, дигар намудҳои ёрии тибби ва иҷтимои дода мешавад, агар ӯ мӯҳтоҷи ҳамин ёри дониста шавад.
Дар мавриде, ки ба садамаи истеҳсолоти дигар ташкилот (лоиҳакаши, заводи истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва дигарҳо) кам гуннаҳкор дониста шавад, корхона, ташкилоте, ки маблағи муқарраршударо ба буҷети маҳалли гузаронидааст, ҳуқуқ, дорад аз он ташкилот бо тартиби суди вобаста аз дараҷаи гуноҳаш ҷуброни зарарро талаб намояд.
Моддаи 32. Талофии зарар аз тасодуми истеҳсолоти ва маризи касби дар мавриди аз байн бурдани корхона, ташкилот
Ҳангоми барҳам додани корхона, ташкилот талофия зиёни ҷабрдидагон ва оилаи онҳо ба ӯҳдаи вориси қонунии корхона, ташкилот аз байн бурдашаванда ва дар мавриди набудани он ба мақомоти таъминоти иҷтимои гузошта мешавад. Дар ин маврид корхона, ташкилоти аз байн бурдашаванда вазифадор аст, ки ба мақомоти таъминоти иҷтимои ҳуҷҷатҳои заруриро супорад ва дар ҳаҷми пардохти шашмоҳаи ҳисоби ҷубронпулии зиёни ҷабрдидагон маблағ гузаронад.
Моддаи 33. Масъулияти иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо барои таъмин накардани санадҳои меъёрии муҳофизати меҳнат
Барои вайрон кардани қонуни муҳофизати меҳнат, мунтазам риоя накардани шартҳои меъёрии меҳнат, дараҷаи баланди тасодуми истеҳсолоти, иҷро накардани нишондодҳои мақомоти назорати ин мақомoт метавонад аз корхонаву ташкилот ҷарима гирад, ки он ба буҷети маҳалли гузаронида мешавад. Тартиби ҷаримаситони ва ҳаҷми онро ҳукумати ҷумҳури муайян мекунад.
Моддаи 34. Масъулияти иқтисодии ҷузъҳои сохтории корхонаҳо ва ташкилотҳо
Тартиби масъулияти иқтисодии ҷузъҳои сохтории корхонаҳо, ташкилотҳо ва дараҷаи гуноҳи онҳоро дар рӯи додани зиёни вобаста ба вайрон кардани қонуни муҳофизати меҳнат ва ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхона, ташкилот муайян мекунанд.
Моддаи 35. Манфиатдории иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо дар таъмин намудани шароити бехатар ва солими кор
Маҷлисҳои вакилони халқ барои корхонаю ташкилотҳое, ки дар ҳамаи ҷойҳои кори ба мутобиқати пурраи шароити меҳнат бо талаботи меҳнат ноил гардидаанд ва онро дар сатҳи бадастомада нигоҳ медоранд, имтиёзҳои андози муқаррар карда метавонанд.
Имтиёзҳои андози барои корхонаҳо, ташкилотҳое, ки барои хоҷагии халқ воситаҳои муҳофизати инфироди ва коллективии коркунон, асбобҳои назорати ва сигнализатсияи шароити кор, таҷҳизот ва дастгоҳҳои сабуккунандаи меҳнати кормандонро мебароранд, инчунин барои корхонаҳои хурди машғули таҳияи воситаҳои муҳофизати меҳнат мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи андоз аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳо" муқаррар карда мешавад.
Барои расонидани ёрии молияви ба корхонаҳо, ташкилотҳо ба хотири беҳбуди шароити кор, инчунин барои меҳнаткашони маъюбшуда ё оилаи шахсоне, ки дар истеҳсолот ҳалок шудаанд, дар назди Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии ҳатмии корхонаҳо, ташкилотҳо, ки аз тарафи Шӯроҳои коллективҳои меҳнати муқаррар мегардад ва дигар маблағҳо фондҳои муҳофизати меҳнат ташкил кардан мумкин аст.
Фондҳои муҳофизати меҳнат аз андоз озод буда, истифодаи онҳо ба мақсадҳои дигар манъ мебошад.
ФАСЛИ VI. ТАШКИЛОТҲОИ ИХТИЁРИИ ҶАМЪИЯТИИ МУҲОФИЗАТИ МЕҲНАТ
Моддаи 36. Ташкилотҳои ихтиёрии ҷамъиятии муҳофизати меҳнат
Барои муттаҳид намудани неруи мутахассисон, беҳбуди татбиқи усулҳои илмию тадқикотии хозиразамон, таблиғи таҷрибаи ватани ва хориҷии муҳофизати меҳнат, гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии воситаҳои истеҳсолот, муҳофизати инфироди ва коллективии кормандон дар боби ба талаботи меҳнат мувофиқ будани онҳо корхонаҳо, мутахассисон, шаҳрвандон дар ташкилотҳои ихтиёрии ҷамъиятии муҳофизати меҳнат: ассотсиатсияҳо, фондҳо ва ғайраҳо муттаҳид шуда метавонанд, ки онҳо дар асоси оинномаҳояшон (низомномаҳояшон) ва қонунҳои ташикилотҳои ҷамъияти амал мекунанд.
Мақомоти идораи давлатию хоҷаги, мақомоти назорат, инчунин корхонаҳо ба ин ташкилотҳо ҳаматарафа кӯмак расонида, онҳоро дастгири мекунанд ва ҳангоми таҳия ва қабули карорҳо оиди масъалаҳои таъмини муҳофизати меҳнат пешниҳоду таклифҳои тайёр намудаи онҳоро ба назар мегиранд.
Моддаи 37. Шартномаҳои банналхалқи оиди муҳофизати меҳнат
Агар дар созишномаи байналхалқие, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, назар ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбини шуда бошад, дар он сурат қоидаҳои шартномаи байналхалқи ё созишномаи байналхалқи истифода мегарданд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе
24 декабри соли 1991 № 460