×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 200 "Дар бораи тарифи гумрукӣ"

Санаи амалкуни: 02.12.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 9.12.2004 № 66 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАРИФИ ГУМРУКӢ

(Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 744, аз 2.12.2002 № 67)

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсад ва доираи татбиқи Қонун

Қонуни мазкур тартиби ташаккул ва истифодаи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - воситаи сиёсати тиҷорати ва танзими давлатии бозори дохилии моли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робитаи муқобилаи он бо бозори ҷаҳони, инчунин қоидаҳои ситонидани боҷро аз молҳое, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, муқаррар мекунад.

Мақсади асосии тарифи гумруки иборат аст аз:

- такмили сохтори молии воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нигоҳ доштани таносуби оқилонаи содирот ва воридоти мол, даромаду хароҷоти асъор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муҳайё кардани шароит барои тағйироти пешқадам дар сохтори истеҳсол ва истеъмоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муҳофизат намудани иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири номусоид рақобати хориҷи;

- муҳайё кардани шароит барои интегратсияи самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳони.

Доираи амали Қонуни мазкур қаламрави ягонаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 2. Тарифи гумруки

Тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи мизони боҷи гумруки (тарифи гумруки) буда, нисбати молҳои аз тариқи сарҳадоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда ва мувофиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи (минбаъд - Номгӯи молҳо) ба низом даровардашуда татбиқ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси низоми дар амали байналхалқи қабулгардидаи таснифоти мол муайян мекунад.

Тарифи гумруки нисбати моли ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва аз ин қаламрав содиршаванда татбиқ карда мешавад.

Моддаи 3. Мизони боҷи гумруки ва тартиби муқаррар намудани он

Мизони боҷи гумруки ягона буда, новобаста ба шахсоне, ки аз тариқи сархади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон молро интиқол медиҳанд, навъи муомилот ва дигар омилҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи Қонуни мазкур набояд тағйир дода шавад.

Мизони боҷи гумрукии воридотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муқаррар кардаи Қонуни мазкур муайян менамояд.

Мизони ниҳоии боҷи гумруки воридоти моли кишварҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибати тиҷоратию сиёси ба онҳо низоми барои миллат бештар мусоидро истифода менамоянд, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Мизони боҷи гумрукии воридотии бо Қонуни мазкур муқаррар гардидаи моли кишварҳое, ки дар муносибати тиҷоратию сиёси бо онҳо низоми барои миллат бештар мусоид пешбини нашудааст ё кишвари истеҳсолкардаи онҳо маълум нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур имтиёзҳои тарифи додааст, ду баробар зиёд мешавад.

Қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 744).

Моддаи 4. Навъҳои мизони боҷи гумруки

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зерини мизони боҷи гумруки истифода бурда мешаванд:

- боҷи адвалори, ки ба арзиши гумрукии моли мавриди боҷбанди қарор гирифта ба фоиз ҳисоб карда мешавад;

- боҷи махсус, ки аз рӯи меъёри муқарраршуда воҳиди моли мавриди боҷбанди қарор гирифта ҳисоб карда мешаванд;

- боҷи омехтаи гумруки, ки ҳар ду навъи зикршударо дар бар мегирад.

Моддаи 5. Истилоҳот ва мафҳумҳо

Барои иҷрои хадафҳои Қонуни мазкур истилоҳот ва мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:

қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудудҳое мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи фаъолияти гумруки дар онҳо ҳуқуқи фавқулода дорад;

сарҳади гумруки - сарҳади қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Точикистон;

мол - ҳар гуна амволи манқула (аз ҷумла энергияи гарми, барқи ва дигар намудҳои энергия), ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад;

шахсон - корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон, инчунин шахсони бетабаае, ки молро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд;

боҷ - боҷи гумруки, инчунин дигар намудҳои боҷи пешбининамудаи Қонуни мазкур. Дар айни замон боҷи гумруки пардохти ҳатмие мебошад, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин қаламрави ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридот ва содирот мебошанд;

Арзиши гумрукии мол арзиши моле мебошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур муайян карда, барои мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:

- боҷ бастани мол;

- омори фаъолияти иқтисодии хориҷи ва гумруки;

- татбиқи тарбирҳои дигари танзими давлатии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии марбут ба арзиши мол, аз ҷумла назорати асъори муомилоти савдои хориҷи ва ҳисоби бонкии онҳо мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

декларант - шахсе, ки молро аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад ва (ё) молро ба мақсади барасмиятдарории гумруки эълон (декларатсия) ва пешниҳод мекунад.

ФАСЛИ II. БОҶИ МАВСИМИ ВА МАХСУС

Моддаи 6. Боҷи мавсими

Барои танзими воридот ва содироти мол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад боҷи мавсими муқаррар намояд. Дар ин сурат мизони боҷи гумрукие, ки тарифи гумруки пешбини менамояд истифода намешавад. Мӯҳлати амали боҷи мавсими набояд дар як сол аз шаш моҳ зиёд бошад.

Моддаи 7. Намудҳои хоси боҷи гумруки

Бо мақсади ҳимояи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моли воридоти метавонад муваққатан намудҳои хоси боҷи зерин ситонида шаванд:

- боҷи махсус;

- боҷи зиддидемпинги;

- боҷи ҷуброни.

Моддаи 8. Боҷҳои гумрукии махсус

Боҷҳои гумрукии махсус дар мавридҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- ба сифати тадбири муҳофизат, агар мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки он тавонад ба истеҳсолкунандагони дохилии моли монанд ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё расонидани бошад;

- ҳамчунин тадбири ҷавоби ба амалҳои табъизи (дискриминатсиони) ва ҳаракатҳои дигари баъзе кишварҳо ва ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор менамоянд.

Моддаи 9. Боҷи зиддидемпинги

Боҷи зиддидемпинги дар ҳолатҳои зайл ба кор бурда мешавад:

- дар сурати ворид намудани мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи нисбат ба нархи муқаррарии он дар кишвари содиркунанда дар лаҳзаи воридот хело ҳам пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии моли монанд зарар расонад ё расонидани бошад ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чунин мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад.

Моддаи 10. Боҷи ҷуброни

Боҷи ҷуброни дар мавридҳои зерин истифода бурда мешавад:

- дар ҳолати ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст ва агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони моли монанд зарари модди расонад ё расонидани бошад ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли монанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад.

Моддаи 11. Тартиби истифодаи намудҳои хоси боҷ

Намудҳои хоси боҷ (махсус, зиддидемпинги ва ҷуброни) баъд аз таҳқиқоти Вазорати даромадаҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси худ ё бо ташаббуси мақомоти дигари идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад, истифода карда мешаванд (Қонун аз 2.12.02с. № 69).

Қарорҳо дар ҷараёни таҳқиқот бояд ба миқдори маълумоти муайянгарданда асос ёбанд.

Мизони боҷи дахлдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи таҳқиқот дар ҳар мавриди алоҳида муқаррар мекунад ва хаҷми он бояд ба андозаи муқаррарнамудаи таҳқиқи камкунии демпингии нарх, субсидия ва зарари ошкоршуда мутобиқ бошад.

ФАСЛИ III. АРИЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ

Моддаи 12. Низоми муайян намудани арзиши гумруки

Низоми муайян намудани арзиши гумрукии (баҳои гумруки) мол ба принсипҳои умумии баҳодиҳии гумрикие асос меёбад, ки дар таҷрибаи байналхалқи қабул шудаанд ва он ба молҳое дахл дорад, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд.

Тартиби истифодаи низоми баҳодиҳии гумрукии молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур муайян менамояд.

Тартиби муайян намудани арзиши гумрукии молро, ки аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 13. Эълон кардани арзиши гумрукии мол

Арзиши гумрукиро декларант ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон (декларатсия) мекунад.

Тартиб ва шартҳои эълон намудани арзиши гумрукии моли воридшаванда, инчунин шакли декларатсияро Вазорати даромадаҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 2.12.02с. № 69).

Арзиши гумрукии молро декларант мувофиқи усулҳои муайян намудани гумруки, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, муайян мекунад.

Ба дуруст муайян кардани арзиши гумруки мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молро ба расмияти гумруки медарорад, назорат мекунад.

Моддаи 14. Махфи нигоҳ доштани маълумот

Маълумотеро, ки декларант дар вақти эълон намудани арзиши гумрукии мол пешниҳод намуда, он ҳамчун сирри тиҷорати ва ё маълумоти махфи муайян гардидааст, мақоми гумруки танҳо ба мақсадҳои гумруки истифода бурда метавонад ва он набояд бе иҷозати декларант, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони сеюм, аз ҷумла мақомоти дигари расонида шавад.

Барои фош намудани маълумоте, ки сирри тиҷорати ё махфи мебошад, мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 15. Ҳуқуқ ва вазифаҳои декларант

Арзиши гумрукии эълонкардаи декларант ва маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, ки арзиши онро муайян мекунад, бояд ба маълумоти аниқ миқдори муайян ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида асоснок шуда бошад.

Агар тасдиқ намудани арзиши гумрукии эълонкардаи декларант зарур бошад, декларант вазифадор аст, ки бо талаби мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти заруриро дар ихтиёри ӯ гузорад. Агар мақоми гумруки ба дурустии маълумоти барои муайян намудани арзиши гумруки пешниҳодкардаи декларант шубҳа кунад, декларант ҳуқуқ дорад, ки дурустии онро исбот кунад.

Дар сурати пешниҳод накардани далелҳое, ки дурустии маълумоти истифодакардаи декларантро тасдиқ менамоянд, мақоми гумруки ҳуқуқ дорад, ки дар хусуси ғайриқобили истифода будани усули баҳодиҳии гумрукии интихобкардаи декларант қарор қабул намояд.

Агар арзиши гумрукии моли эълоннамудаи декларантро аниқ кардан зарур шавад, декларант ҳуқуқ дорад аз мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кунад, ки моли декларатсияшаванда бо замонати амвол ё кафолати бонки ваколатдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри ӯ гузошта шавад ва ё пардохтҳои гумрукиро мувофиқи баҳодиҳии гумрукии мол аз тарафи мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардозад.

Хароҷоти иловагии декларант вобаста бо аниқ намудани арзиши гумрукии эълоннамудаи ӯ ё ба мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани маълумоти иловаги аз ҷониби декларант пардохта мешавад. Дар айни замон дароз шудани мӯҳлати барасмиятдарории мол бо сабаби муайян намудани арзиши гумруки наметавонад аз тарафи декларант барои амалан дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷи гумруки истифода шавад.

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои мақоми гумруки

Мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дурустии арзиши гумрукии молро назорат мекунад, ҳуқуқ дорад бо дарназардошти муқаррароти моддаи 15-уми Қонуни мазкур дар бораи дуруст будани арзиши гумрукии аз тарафи декларант эълоншуда қарор кабул кунад.

Дар сурати набудани маълумоти тасдиқкунандаи дурустии арзиши гумрукии аз тарафи декларант эълоншуда, ё ки дар сурати мавҷуд будани асос барои он ки маълумоти аз тарафи декларант пешниҳодшуда дақиқ ва (ё) кофи намебошанд, мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро бо истифодаи пай дар паи усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар асоси маълумоти дар дастдоштааш (аз ҷумлаи маълумот оиди нархҳои моли яксон ва ё ҳамҷинс) бо ислоҳоте, ки мутобиқи Қонуни мазкур амали мегарданд, мустақилона муайян намояд.

Мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар асоси дархостномаи декларант дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ба декларант тавзеҳнома пешниҳод карда, сабабҳои аз тарафи мақоми гумруки қабул накардани арзиши гумрукии эълоншударо ҳамчун асоси муайян кардани боҷи гумруки фаҳмонида диҳад.

Агар декларант оиди муайян намудани арзиши гумрукии мол бо қарор мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон рози набошад, метавонад аз ин қарор мувофиқи тартиби муайяннамудаи Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунад.

Моддаи 17. Ҳисоб, пардохт ва ситонидани боҷи гумруки

Боҷи мол дар асоси арзиши гумрукии он мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, пардохта ва ситонида мешавад.

Боҷ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад.

ФАСЛИ IV. УСУЛҲОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ ВА ТАРТИБИ ИСТИФОДА БУРДАНИ ОНҲО

Моддаи 18. Усулҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол

Арзиши гумрукии моле, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад:

аз рӯи нархи муомилоти моли воридоти;

аз рӯи нархи муомилоти моли яксон;

аз рӯи нархи муомилоти моли ҳамчинс;

тарҳ намудани арзиш;

ҷамъ намудани арзиш;

усули эҳтиёти.

Усули асосии муайян намудани арзиши гумруки усули аз рӯи нархи муомилоти моли воридоти мебошад.

Агар истифодаи усули асоси номумкин бошад, усулҳои дар банди 1-ум номбаршуда пай дар пай ҳар кадом истифода бурда мешаванд. Дар айни замон ҳар як усули баъдина истифода бурда мешавад, ки арзиши гумруки бо истифодаи усули пештара муайян карда нашавад.

Усулҳои тарҳ кардан ва ҷамъ намудани арзиш метавонанд бо пайдарпаии ҳархела истифода бурда шаванд.

Моддаи 19. Усули аз рӯи нархи муомилоти моли воридоти

Арзиши гумрукии моле, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, нархи муомилоте мебошад, ки воқеан пардохта шудааст ё ки дар лаҳзаи гузаштан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то бандар ё маҳалли дигари воридот) бояд барои моли воридоти пардохта шавад.

Ҳангоми муайян намудани арзиши гумруки ба нархи муомилот хароҷоти воқеии зерин, агар онҳо қаблан ба он дохил нашуда бошанд, дохил карда мешаванд:

а) хароҷоти интиқоли мол то фурудгоҳ бандар ва ё маҳалли дигари воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- арзиши ҳамлу нақл;

- хароҷоти боркуни, борфарори, азнавборкуни ва ҷамъкунии мол;

- маблағи суғурта;

б) хароҷоти харидории мол;

- ҳаққи комиссиони ва даллоли, ба истиснои хароҷоти комиссионии хариди мол;

- арзиши контейнерҳо ва (ё) зарфи дигари серистифода, агар мувофиқи Номгӯи молҳо онҳо бо моли арзишаш муайяншаванда ҳамчун воҳиди ягона ҳисоб карда шаванд;

- арзиши борбанди, аз ҷумла лавозимоти борбанди ва кори борбанди;

в) қисми дахлдори арзиши молу хизматрасониҳои зерин, ки бевосита ё бавосита аз тарафи харидор бепул ё бо нархи арзон барои истифодабари бо сабаби истеҳсол ё фурӯши молҳои қиматашон муайяншавандаи содироти пешниҳод гашта буданд;

- ашёи хом, масолеҳ, қисмҳо, маҳсулоти нимтайёр ва дигар маснуоте, ки қисми таркибии моли арзишаш муайяншаванда мебошанд;

- асбобҳо, қолабҳо, шаклҳо ва дигар ашёҳои ба ин монанд, ки барои истеҳсоли моли арзишаш муайяншаванда истифода бурда шуда буданд;

- масолеҳе, ки барои истеҳсоли моли арзишаш муайяншаванда масраф шуда буд (равғанҳои молидани, сӯзишвори ва ғайра);

- коркарди инженери, корҳои таҷрибавию конструктори, дизайн, ороиши бадеи, эскизҳо, нақшаҳо ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, бевосита барои истеҳсоли моли арзишаш муайяншаванда заруранд;

г) пардохтҳои литсензиони ва пардохтҳои дигар барои истифода бурдани объектҳои моликияти зеҳни, ки харидор бояд бевосита ё бавосита ҳамчунин шарти фурӯши моли арзишаш муайяншаванда пардозад;

д) андозаи қисми даромади бевосита ё бавоситаи фурӯшанда аз ҳар фурӯши минбаъда, супурдан ва ё истифода бурдани моли арзишаш муайяншаванда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Усули мазкур наметавонад барои муайян намудани арзиши гумрукии мол истифода бурда шавад, агар:

а) дар мавриди ҳуқуқи харидор ба моли арзишаш муайяншаванда ба истиснои ҳолатҳои зерин, маҳдудиятҳо мавҷуд бошанд;

- маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маҳдудиятҳои ҷуғрофии минтақа, ки дар он мол метавонад тақрибан ба фурӯш равад;

- маҳдудиятҳое, ки ба нархи мол таъсири ҷидди намерасонанд;

б) фурӯш ва нархи муомилот ба риояи шартҳое вобаста мебошанд, ки таъсири онҳо мадди назар гирифта шуда наметавонанд;

в) маълумоте, ки декларант ҳангоми эълон намудани арзиши гумруки истифода бурдааст, бо ҳуҷҷатҳои лозими тасдиқ нашудааст ё ки миқдори муайяншуда ва ё дақиқ нестанд;

г) иштирокчиёни муомилот шахсони ба ҳам вобаста мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки вобастагии онҳо ба арзиши муомилот таъсир нарасонида бошад ва ин аз ҷониби декларант бояд исбот карда шавад. Дар ин ҳол таҳти ибораи шахсони ба ҳам вобаста шахсоне дар назар дошта мешаванд, ки лоақал яке аз хусусиятҳои зайлро дошта бошанд:

- яке аз иштироккунандагони муомилот (шахси воқеи) ё шахси мансабдори яке аз иштироккунандагони муомилот дар айни замон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомилот бошад;

- иштирокчиёни муомилот шариксоҳибони корхона бошанд;

- иштирокчиёни муомилот бо муносибатҳои истеҳсоли ба ҳам иртибот дошта бошанд;

- яке аз иштирокчиёни муомилот дорандаи ҳисса ё саҳм бо ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии иштирокчии дигари муомилот бошад, ки на камтар аз 5 фоизи сармояи асосиро ташкил медиҳад;

- харду иштирокчии муомилот таҳти назорати бевосита ё бавосита шахси сеюм бошанд;

- иштирокчиёни муомилот якҷоя бавосита ё бевосита шахси сеюмро назорат кунанд;

- яке аз иштирокчиёни муомилот таҳти назорати бавосита ё бевоситаи иштирокчии дигари муомилот бошад;

- иштирокчиёни муомилот ё шахсони мансабдори онҳо хешовандон бошанд;

Моддаи 20. Усули аз рӯи нархи муомилоти моли яксон

Зимни истифода бурдани усули аз рӯи нархи муомилоти моли яксон нархи муомилоти моли яксон бо риояи шартҳои дар моддаи мазкур нишондодашуда ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол қабул карда мешавад. Дар айни замон таҳти моли яксон моле дар назар дошта мешавад, ки бо моли арзишаш муайяншаванда аз ҳар ҷиҳат монанд аст, аз ҷумла аз рӯи аломатҳои зайл:

- хусусиятҳои физики;

- сифат ва бозоргири;

- мамлакати истеҳсол;

- истеҳсолкунанда.

Агар ин мол бо дигар хусусиятҳо ба талаботи банди мазкур мувофиқат кунад, фарқияти ночизи зоҳири барои чун моли яксон донистани ин асос шуда наметавонад.

Нархи муомилоти моли яксон чун асоси муайян кардани арзиши гумруки қабул карда мешавад, агар ин мол:

а) барои ворид намудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад;

б) бо моли арзишаш муайяншаванда дар як вақт ворид ё на камтар аз 90 рӯз пеш аз ин мол ворид шуда бошад;

в) тақрибан ба ҳамон миқдор ва (ё) бо шартҳои дигари тиҷорати ворид карда шуда бошад. Агар моли яксон ба миқдори дигар ва (ё) аз рӯи шартҳои тиҷорати ворид шуда бошад, декларант бояд бо дарназардошти ин фарқиятҳо нархи молро мувофиқан ислоҳ намояд ва барои мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро бо ҳуҷҷатҳо асоснок кунад.

Арзиши гумруки, ки мувофиқи нархи муомилоти моли яксон муайян шудааст, бояд бо дарназардошти хароҷоте ислоҳ шавад, ки дар моддаи 19-уми Қонуни мазкур нишон дода шудааст.

Ислоҳот аз тарафи декларант бояд дар асоси маълумоти дақиқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда дохил карда шавад.

Агар ҳангоми истифодаи ин усул зиёда аз як арзиши моли яксон ошкор гардад, барои муайян намудани арзиши гумрукии моли воридоти нархи пастарини он мавриди истифода қарор мегирад.

Моддаи 21. Усули аз рӯи нархи муомилоти моли ҳамчинс

Зимни истифодаи усули муайян намудани арзиши аз рӯи нархи муомилоти моли ҳамчинс барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо риоя намудани шартҳои моддаи мазкур нархи муомилоти моле ҳамчун асос қабул карда мешавад, ки бо моли воридшаванда ҳамчинсанд. Дар айни замон таҳти мафҳуми моли ҳамчинс моле дар назар дошта мешавад, ки гарчанде аз тамоми ҷиҳатҳо якхела набошад ҳам, хусусиятҳои якранг дорад ва аз қисмҳои ба ҳам монанд иборат мебошад ва ин барояш иҷро кардани вазифаҳоеро имконпазир мегардонад, ки моли нархаш муайяншаванда ба иҷро мерасонад ва дар тиҷорат якдигарро иваз карда метавонад.

Ҳангоми муайян намудани ҳамҷинсии мол хусусиятҳои зерини он ба ҳисоб гирифта мешавад:

- сифат доштани тамғаи моли ва бозоргони;

- мамлакати истеҳсолшудаи он;

- истеҳсолкунанда.

Ҳангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши гумруки аз рӯи нархи муомилоти моли ҳамчинс муқаррароти бандҳои 2-4-уми моддаи 20-уми Қонуни мазкур истифода бурда мешавад.

Ҳангоми истифодаи усулҳои муайян намудани арзиши гумруки дар асоси муқаррароти моддаи 20 ва моддаи мазкур:

а) агар мол дар мамлакате, ки моли арзишаш муайяншаванда истеҳсол гардидааст, истеҳсол нашуда бошад, он бо моли арзишаш муайяншаванда яксон ва ҳамчинс ҳисоб карда намешавад;

б) моле, ки онро на шахси истеҳсолшавандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол карда бошад, фақат дар сурате ба назар гирифта мешавад, ки моли ҳамҷинс ва яксони истеҳсолии шахси истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда мавҷуд набошад;

в) агар тарҳрези корҳои таҷрибавию конструктории мол, ороиши бадеи, дизайн, нақшаҳо ва дигар корҳои яксон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда бошанд, мол яксон ва ҳамҷинс ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 22. Усули тарҳ кардани арзиши мол

Агар моли арзишаш муайяншаванда, яксон ё ҳамҷинс дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе тағйир додани ҳолати аввалааш ба фурӯш расонида шавад, арзиши гумруки бо усули баҳодиҳи дар асоси тарҳ намудани арзиши мол муайян карда мешавад.

Ҳангоми истифодаи усули тарҳ намудани арзиш нархи воҳиди мол ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумруки қабул кардани арзиши гумруки қабул карда мешавад, ки мувофиқи он моли арзишаш муайяншаванда, яксон ва ҳамҷинс дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷми калон на дертар аз 90-рӯзи ворид намудани моли арзишаш муайяншаванда ба иштирокчии муомилот, ки тобеи фурӯшанда нест, ба фурӯш расонида мешавад.

Аз нархи воҳиди мол ҷузъҳои зерини он тарҳ карда мешаванд:

а) хароҷоти пардохти ҳаққи комиссиони, изофапулиҳои маъмули фоида ва хароҷоти умумии вобаста бо фурӯши моли дорои ҳамон навъи гурӯҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) маблағи боҷи воридоти, андозҳо ва ҳаққу хироҷҳои дигаре, ки бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ва ё ба фурӯш расонидани мол пардохта шаванд;

в) хароҷоти маъмулие, ки барои ҳамлу нақл, суғуртакуни, корҳои боркуни ва борфурори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудаанд.

Дар сурате ки моли арзишаш муайяншаванда, яксон ва ҳамҷинс дар ҳолати ибтидоии ҳангоми воридкуни доштааш ба фурӯш расонида нашуда бошад, бо хоҳиши декларант нархи воҳиди моли коркардашуда бо ислоҳи арзиши изофа ва риоя намудани муқаррароти бандҳои 2 ва 3-юми моддаи мазкур истифода бурда мешавад.

Моддаи 23. Усули ҷамъ кардани арзиши мол

Ҳангоми истифодаи усули баҳодиҳи дар асоси ҷамъ намудани арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи мол, ки бо роҳи ҷамъкунии маблағҳои зерин муайян шудааст, ҳамчун асос қабул карда мешавад:

а) арзиши масолеҳ ва хароҷоти истеҳсоли моли арзишашон муайяншаванда аз тарафи таҳиякунанда;

б) хароҷоти умумие, ки барои фурӯши ҳамин навъи мол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати содиркунанда хос аст, аз ҷумла хароҷоти ҳамлу нақл, корҳои боркуни ва борфурори, суғуртакуни то маҳалли гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти дигар;

в) фоидае, ки содиркунанда маъмулан аз содироти чунин мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад.

Моддаи 24. Усули эҳтиёти

Агар декларант арзиши гумрукии молро дар натиҷаи истифодаи пай дар паи усулҳои дар моддаҳои 19-23 зикршуда муайян карда натавонад мақоми гумруки бо далелҳо исбот намояд, ки ин усулҳои муайян кардани арзиши гумруки наметавонанд истифода шаванд, арзиши гумрукии мол мутобиқи таҷрибаи ҷаҳони муайян карда мешавад.

Мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни истифодаи усули эҳтиёти маълумоти оид ба нархҳо дар даст доштаашро дар ихтиёри декларант мегузорад.

Омилҳои зайл ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол бо усули эҳтиёти истифода бурда намешаванд:

а) нархи мол дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) нархи моле, ки аз мамлакати содироти он ба кишварҳои сеюм бароварда мешавад;

в) нархи моли истеҳсоли Тоҷикистон дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) нархи озодона муайяншуда ё ба таври эътимоднок тасдиқнашудани мол.

ФАСЛИ V. МУАЙЯН НАМУДАНИ МАМЛАКАТИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ МОЛ

Моддаи 25. Мақсади муайян намудани мамлакати истеҳсолкунандаи мол

Мамлакати истеҳсолкунандаи мол бо мақсади татбиқ намудани тадбирҳои танзими тарифи ва ғайритарифии воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содир намудани мол аз ин қаламрав муайян карда мешавад.

Принсипҳои муайян намудани мамлакати истеҳсолкунандаи мол, ки дар Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, ба таҷрибаи мавҷудаи байналхалқи асоснок гардидаанд. Тартиби муайян намудани мамлакати истеҳсолкунандаи молро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур муайян менамояд.

Моддаи 26. Мамлакати истеҳсолкунандаи мол

Мамлакати истеҳсолкунандаи мол мамлакате ба ҳисоб меравад, ки дар он мол пурра истеҳсол ё мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба таври кофи коркард шудааст.

Дар айни замон гурӯҳи мамлакатҳо, иттиҳодияҳои гумрукии кишварҳо, минтақа ё қисми мамлакат, агар зарурати тақсим намудани онҳо барои муайян кардани мамлакати истеҳсолкунандаи мол лозим бошад, метавонанд мамлакати истеҳсолкунандаи мол диниста шаванд.

Моддаи 27. Моли дар ин ё он мамлакат пурра истеҳсолшуда

Моли зерин дар ин ё он мамлакат пурра истеҳсолшуда ҳисобида мешавад:

а) маъданҳое, ки дар қаламрави он ё дар обҳои қаламрави он ва ё тунукобаҳои минтақави ва чуқурии баҳрҳо истихроҷ гардидаанд, ба шарте ки мамлакат ҳуқуқи фавқулоддаи коркарди ин чуқурии баҳрҳоро дошта бошад;

б) маҳсулоте рустание, ки дар қаламрави парвариш ва ё ҷамъовари шудааст;

в) ҳайвоноти зиндае, ки дар он ҷо таваллуд шуда парвариш ёфтаанд;

г) маҳсули ҳайвоноте, ки дар ин мамлакат парвариш ёфтааст;

д) маҳсулоти шикор, моҳидори ва саноати баҳрии ин ё он мамлакат;

е) маҳсулоти саноати баҳрие, ки дар Уқёнуси ҷаҳони бо киштиҳо ин ё он мамлакат ё киштиҳои ба иҷора гирифтаи он шикор ё истеҳсол карда шудаанд;

ж) ашёи хоми такрори ва партовхое, ки махсули амалиёти истехсоли ё амалиётхои дигари дар ин ё он мамлакат анчомдода ба хисоб мераванд;

з) махсулоти технологияи комил, ки дар фазои кушод дар кишварҳои кайҳонии мамлакати мазкур ё кишварҳои ба иҷора гирифтаи онҳо истеҳсол шудааст;

и) молҳое, ки дар ин ё он мамлакат танҳо аз маҳсулоти дар бандаҳои "а" - "з" -и ҳамин модда номбаршуда истеҳсол гардидаанд.

Моддаи 28. Меъёри коркарди кофии мол

Агар дар истеҳсоли мол ду ва ё зиёда кишвар иштирок кунад мамлакати истеҳсолкунандаи мол мутобиқи меъёрҳои коркарди кофии мол муайян карда мешавад.

Меъёрҳои коркарди кофии моли ин ё он кишвар инҳо мебошанд.

а) мувофиқи Номгӯи молҳо ба ҳадди ҳар кадоме аз 4 нишони дар натиҷаи коркард тағйир ёфтани мавқеи мол (коди таснифотии мол);

б) иҷрои амалиёти истеҳсоли ё технологи, ки барои муайян кардани мамлакати истеҳсоли мол кофи ё нокифоя мебошанд;

в) қоидаи саҳми адвалори - тағйир додани арзиши мол дар ҳолате, ки саҳми фоизии арзиши масолеҳи истифодашуда ё арзиши изофа ба саҳми собити нархи моли содироти баробар бошад.

Дар айни замон амалиёти зайл ба меъёри коркарди кофи мувофиқ буда наметавонанд:

- амалиёти эҳтиёт кардани мол ҳангоми ҳифз ва ҳамлу нақл;

- амалиёти ба фурӯш ва ҳамлу нақл омода сохтани мол (ба қисмҳо ҷудо кардан, омода сохтан барои фиристонидан, ба навъҳо ҷудо карда ва аз нав бастан);

- амалиёти оддии васлкуни;

- омехта кардани мол (ҷузъҳо) бидуни ба маҳсулоти ҳосилшуда додани хусусиятҳое, ки онро аз маҳсулоти аввала ба кулли фарқ мекунонанд.

Агар дар мавриди мол ва ё кишвари мушаххаси истеҳсолкунандаи мол махсус чизе гуфта нашавад ва мавқеи мол дар асоси Номгӯи молҳо ба ҳадди ҳар кадоме аз 4 нишони аввал дигар шуда бошад, қоидаи умуми истифода бурда мешавад, ки мувофиқи он мол ба таври кофи коркардашуда ҳисоб меёбад.

Меъёрҳои коркарди кофи барои мол ва кишварҳои мушаххас тибқи Қонуни мазкур бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва истифода бурда мешаванд.

Моддаи 29. Муайян намудани мамлакати истеҳсолкунандаи мол ҳангоми даста даста ирсол кардани он

Моли ба ҷузъҳо тақсимшуда ё васлнагардида, ки ба сабаби шароит истеҳсоли ё нақлиёти яклухт равон кардани он имконпазир буда, даста-даста ирсол карда мешавад, инчунин агар мол иштибоҳан ба якчанд дастаи дигар тақсим шуда бошад, бояд бо хоҳиши декларант ҳангоми муайян намудани мамлакати истеҳсолкунанда чун моли ягона ҳисоб карда шавад. Шартҳои ҷори намудани ин қоида инҳо мебошанд:

- дар хусуси ба якчанд даста тақсим намудани моли ба қисмҳо ҷудокарда ё васлнагардида бо зикри сабабҳои чунин тақсимкуни, хусусиятҳои муфассали ҳар даста бо нишон додани коди мол аз рӯи Номгӯи молҳо, арзиш ва мамлакати истеҳсолкунандаи моле, ки ба ҳар даста дохил мешавад, пешаки огоҳ сохтани мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи далелноки иштибоҳан ба дастаҳо ҷудо кардани мол;

- интиқоли ҳамаи дастаҳо аз як мамлакат тавассути як интиқолдиҳанда;

- воридоти тамоми дастаҳо тавассути як пости гумруки;

- интиқоли тамоми дастаи мол дар мӯҳлате, ки аз рӯзи қабули декларастияи гумруки ё гузаштани мӯҳлати додани дархост доир ба дастаи якум 6 моҳ нагузашта бошад.

Моддаи 30. Тасдиқ кардани асли баромади мол

Барои ҳосил намудани бовари ба асли баромади мол аз ин ё он мамлакат мақоми гумруки ҳуқуқ дорад, ки сертификати асли баромади молро талаб кунад.

Ҳангоми содироти мол аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати асли баромади мол дар ҳолатҳои зарури, ки он дар қарорҳои дахлдор, қоидаҳои милли мамлакати воридкунанда сабт шудааст ва ё ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пешбини намудаанд, аз тарафи мақомоти ваколатдор дода мешавад.

Ҳангоми ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол сертификати асли баромади он ба молҳои зайл бояд ҳатман пешниҳод карда шавад:

- ба моли истеҳсоли мамлакатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои тарифи гумруки имтиёз (преферентсия) медиҳад;

- ба моле, ки содироти он аз ин ё он кишвар бо маҳдудиятҳои микдори (квотаҳо) ё ки бо тадбирҳои дигари танзими фаъолияти иқтисодии хориҷи ба тартиб дароварда мешавад;

- агар он дар созишномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, инчунин қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити табии зист, саломатии аҳоли, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони Тоҷикистон, тартиботи ҷамъияти, амнияти давлат ва манфиатҳои дигари ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошад;

- дар ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумруки пешниҳодшуда дар бораи мамлакати истеҳсолкунандаи мол маълумоти зарури надошта бошанд ё мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нодуруст донистани маълумот дар бораи моли декларатсияшаванда асос дошта бошад.

Моддаи 31. Сертификати асли баромади мол

Сертификати асли баромади мол бояд ҳатман шаҳодат диҳад, ки он моли ин ё он мамлакат аст ва бояд асноди зайлро дошта бошад:

а) аризаи хаттии интиқолдиҳанда дар мавриди он, ки мол ба меъёрҳои маҳалли истеҳсолаш мувофиқат мекунад;

б) шаҳодатномаи мақоми салоҳиятдори мамлакати содиркунандае, ки сертификат додааст ва он ба ҳаққонияти маълумоти сертификат шаҳодат медиҳад.

Сертификати асли баромади мол якҷоя бо декларатсияи гумруки ва асноди дигаре, ки ҷиҳати барасмиятдарории гумруки заруранд, пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати гум шудани сертификат нусхаи расмии тасдиқшудаи он қабул карда мешавад.

Дар сурати шубҳа кардан ба дурустии сертификат ё маълумоти он аз ҷумла маълумот дар бораи мамлакати истеҳсолкунанда, мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз мақомоте, ки сертификат додаанд ё аз созмонҳои салоҳиятдори мамлакате, ки чун истеҳсолкунандаи мол нишон дода шудаанд, хоҳиш кунад, ки онҳо маълумоти изофа ва аниқкунанда диҳанд.

То вақте, ки сертификати дуруст тартиб додашудаи асли баромади мол ва маълумоти талабкардашуда мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур пешниҳод карда нашаванд, мол чун моли истеҳсоли ин ё он кишвар дониста намешавад.

Моддаи 32. Асоси надодани иҷозати гузарондани мол

Агар ба гумони ғолиби мақоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон моли дар кишваре истеҳсол шудааст, ки мутобиқи созишномаҳои байналхалқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо аст ва (ё) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон моли он қобили барориш нест, вай метавонад барои гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат надиҳад.

Пешниҳод накардани сертификати дуруст таҳияшуда ё маълумот дар бораи асли баромади мол асоси надодани иҷозати гузаронидани мол аз сарҳади гумруки шуда наметавонад.

Ба гузаронидани моле, ки мамлакати истеҳсолаш дуруст муайян нашудааст, бо пардохти боҷи гумруки аз рӯи мизони ҳадди аксари тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Моддаи 33. Муқаррароти иловагии муайян кардани мамлакати истеҳсолкунандаи мол

Дар сурати гирифтани шаҳодатномаи лозими доир ба мамлакати истеҳсолкунандаи мол баъди на дертар аз як соли барасмиятдарории гумруки нисбати ин мол низоми барои миллат бештар мусоид ва ё низоми имтиёзнок (преферентсиали) татбиқ (барқарор) мешавад.

Ҳангоми муайян кардани мамлакати истеҳсолкунандаи мол мамлакати истеҳсоли қувваи барқ, мошинаҳо, таҷҳизот ва василаҳое, ки барои истеҳсоли он истифода шудаанд, ба ҳисоб гирифта намешавад.

Хусусиятҳои муайян намудани мамлакати истеҳсолкунандаи моле, ки аз кишварҳои сеюм ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, аз ҷумла истифодаи қоидаҳои "фиристонаду харидани бевосита", инчунин моле, ки аз минтақаҳои озоди гумруки ва анборҳои озоди воқеи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

ФАСЛИ VI. ИМТИЁЗҲОИ ТАРИФИ

Моддаи 34. Имтиёзҳои тарифи

Имтиёзҳои (преферентсияҳои) тарифи нисбати мол тавассути Қонуни мазкур муқаррар карда мешаванд ва, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 35, 36 ва 37-уми Қонуни мазкур пешбинишуда, наметавонанд хусусияти инфироди дошта бошанд. Имтиёзҳои тарифи танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Дар айни замон таҳти мафҳуми имтиёзи (преференсияи) тарифи чунин имтиёзе фаҳмида мешавад, ки ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои дутурафа ё яктарафа нисбати моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда баргардонидани боҷи қаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти боҷ, кам кардани мизони боҷ, муқаррар намудани квотаҳои тарифи барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол дода мешавад.

Тартиби додани имтиёзҳои дар Қонуни мазкур муқарраршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 35. Озод кардан аз боҷ

Инҳо аз пардохти боҷ озод карда мешаванд:

а) воситаҳои нақлиётие, ки дар роҳҳои байналхалқи бор, бағоҷ ва мусофир инчунин ашёҳои таъминотии моддию техники, таҷҳизот, сӯзишвори маводи озуқа ва амволи дигаре мекашонанд, ки барои истифодаи муътадили онҳо дар роҳҳои ҳаракат, истгоҳҳои мобайни заруранд ва ё барои рафъи оқибати фалокати нақлиёти дар хориҷа харидори гардиданд.

б) ашёҳои таъминоти моддию техники, таҷҳизот, сӯзишвори, маводи озуқа ва амволи дигаре, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти киштиҳои ватани ва хориҷии аз тарафи шахсони дохили барои саноати баҳри ба иҷорагирифта, инчунин маҳсулоти коркарди онҳо, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;

в) молҳое, ки барои истифодаи расми ва ё шахсии намояндагони давлатҳои хориҷи, шахсони воқеи, ки мутобиқи созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бе боҷ ворид кардан доранд, ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ё аз ин қаламрав содир карда мешаванд;

г) асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷи (ғайр аз асъоре, ба мақсади нумизматика истифода мешавад), инчунин коғазҳои арзишнок мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) молҳое, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба моликияти давлат баргардонида шаванд;

е) молҳое, ки ҳамчун ёрии башардустона, бо мақсади рафъи оқибати садамаю офатҳои табии ва воситаҳои таълим барои муассисаҳои таълими, томактаби ва табобатии бепул ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир карда мешаванд;

ж) молҳое, ки ба сифати кӯмаки бепул ва ё ба мақсадҳои кӯмаки хайрия аз тарафи давлатҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналхалқи, аз ҷумла барои мусоидати техники ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва (ё) аз он содир карда мешаванд;

з) молҳое, ки таҳти назорати гумруки бо низоми транзит аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои кишварҳои сеюм пешбини гардидаанд;

и) молҳое, ки тавассути шахсони воқеи аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд ва мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти истеҳсоли ё фаъолияти дигари тиҷорати пешбини нашудаанд;

к) таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии он (ташкилдиҳандаи комплекти ягона, ки бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бевосита ташаккул додани фонди оинномавии корхона ё ин ки аз нав таҷҳизонидани истеҳсолоти амалкунанда ворид карда мешавад, ба шарте, ки ин амвол бевосита барои истеҳсоли молҳо, иҷрои кор ва хизматрасони мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба навъи молхои аксиздор дохил нашавад, инчунин амволи шахсие, ки ба ҷумҳури аз ҷониби кормандони хориҷии корхонаҳои дорои сармоягузориҳои хориҷи бевосита барои эҳтиёҷоти худ ворид карда мешавад. Дар сурати барҳам хурдани чунин корхона ё дар муддати чор сол истифода набурдани таҷҳизоти дар боло номбаршудаи истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии он, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст (оварда шудааст), аз вақти ба ҷумҳури овардан ё аз вақти бақайдгирии давлатии (аз нав бақайдгири бинобар зиёд намудани фонда оинномавии) ин корхона ё ба шахси дигар фурӯхтани ин корхона дар асоси банди мазкур маблағи пардохтанашудаи боҷи гумруки ҳангоми ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии он ба Буҷети давлати ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 67);

л) Воридоти мол барои татбики лоиҳаҳои мақсадноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донистааст ва амали гардонидани онҳо аз ҳисоби карзу кредатҳо, кӯмаки ройгони молияви ва техникии (грантҳо) ташкилотҳои байналмилали ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷи, давлатҳои хориҷи, шахсони ҳуқуқи ва воқеии хориҷи (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 67).

Моддаи 36. Додани имтиёзҳои тарифи

Дар вақти амали сохтани муносибатҳои тиҷоратию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷи ба ҷори кардани имтиёзҳои озод намудан аз пардохти боҷи гумруки, кам кардани мизони боҷ ё муқаррар кардани квотаҳои воридоти (содироти) имтиёзнок аз рӯи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли зерин иҷозат дода мешавад:

- моли истеҳсоли давлатҳое, ки якҷоя бо Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои савдои озод ё иттиҳоди гумруки таъсис кардаанд, ё созишномаҳоро ба имзо расонидаанд, ки хадафи онҳо таъсиси чунин минтақаҳо ё иттиҳодҳо мебошад;

- моли истеҳсоли кишварҳои тараққиёбанда, ки аз низоми миллии имтиёзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд ва ин имтиёзҳо дар давраи мёуайян, аммо на камтар аз як маротиба дар 5 сол аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар мешаванд.

Моддаи 37. Додани имтиёзҳои тарифи

Ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қаламрави гумрукии он ба чунин имтиёзҳои гумруки монанди баргардонидани боҷи гумрукии қаблан пардохташуда, кам кардани мизони боҷ ва дар ҳолатҳои мустасно озод кардан аз пардохти боҷ барои молҳои зерин иҷозат дода мешавад:

- моле, ки таҳти назорати гумруки дар доираи низомҳои дахлдори гумрукии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид ва (ё) аз ин қаламрав содир карда мешаванд;

- моле, ки дар таркиби молрасонии комплекти барои сохтани объектҳои ҳамкории инвеститсиони мутобиқи созишномаҳои байниҳукумати, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, ба хориҷа содир карда мешавад;

- моле, ки дар ҳаҷми молрасонии содироти барои эҳтиёҷоти давлати, ки инро санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад;

- моле, ки ба сифати саҳм ба фондҳои оинномавии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷи ва корхонаҳои хориҷи ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, инчунин баъзе намуди моли истеҳсоли худи, ки ин корхонаҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи созишномаҳои тақсими маҳсулот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақоми мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдори он ба имзо расонидааст ва ё дар давраи баровардани хароҷоти инвеститсияи хориҷи мувофиқи тартиби муайяннамудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мекунад.

ФАСЛИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 38. Шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар дар шартномаи байналхалқи, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он аст, қоидаҳои дигаре муқаррар шуда бошанд, ки аз муқаррароти Қонуни мазкур фарқ доранд, дар он сурат қоидаҳои шартномаи байналхалқи мавриди истифода мегиранд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 

 4 ноябри соли 1995 № 200