×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 № 199 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"

Санаи амалкуни: 10.05.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 19.03.2013 № 961 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

(Қонуни ҶТ аз 14.03.1992 № 599, аз 22.04.1992 № 632, аз 1.02.1996 № 223, аз 11.12.1999 № 895, аз 10.05.2002 № 38)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Воситаҳои ахбори омма

Воситаҳои ахбори омма аз идораҳои матбуоти даври, радиою телевизион, агентиҳои иттилоотӣ, дигар муассисаҳое, ки ахбори омма нашр мекунанд, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Мувофиқи ҳамин Қонун воситаҳои ахбори омма рӯзномаю маҷаллаҳо бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даври, ки барои дар байни мардум интишор кардан пешбини шудаанд ва дар се моҳ на камтар аз як маротиба нашр мешаванд, ҳамчунин барномаҳои телевизиону радио кинохроника, хабарҳои агентиҳои информациони, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуали мебошанд.

Моддаи 2. Озодии матбуот

Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (Қонуни ҶТ аз 14.12.1992 № 599,аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 3. Забони воситаҳои ахбори омма

Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Давлат ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода аз забони модари ва забонҳои дигари халқҳои ҷумҳури ҳангоми дастрасу интишори ахбори омма таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1992 № 599,аз 10.05.2002 № 38).

Қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 4. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма

Идораи воситаи ахбори омма дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ и буда, дар асоси оинномаи худ амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Идора ҳақ дорад фаъолияти истеҳсолию хоҷагиашро аз рӯи шартҳои мустақилияти иқтисоди ва ҳисоби хоҷаги ба роҳ монад.

Тартиби аз тарафи давлат ба воситаҳои ахбори омма расонидани кӯмаки молиявиро (дотацияро) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.12.1992 № 599).

Моддаи 5. Воҷибии ахбор додан

Ташкилотҳои давлатию сиёси ва ҷамъияти, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд.

Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан

Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 895, аз 10.05.2002 № 38).

Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва паст задани шаъну шарафи онҳо мувофиқи қонун манъ аст ва боиси таъқиб мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.04.1992 № 632).

Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

БОБИ II. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 8. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

Ҳокимияти маҳалли ва дигар мақомоти давлати, ҳизбҳои сиёси, ташкилотҳои ҷамъияти, ҳаракатҳои оммави, иттифоқҳои эҷоди иттиҳодияҳои кооперативи, дини ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандҳо, ки мувофиқи қонун барпо шудаанд, коллективҳои меҳнати, ҳамчунин шахсони алоҳидае, ки синнашон ба 18 расидааст, ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инҳисори матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Муассиси воситаҳои ахбори омма буда наметавонанд:

- шаҳрвандоне, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд, ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз қобилияти амал маҳрум шудаанд, ё қобилияти амалашон маҳдуд карда шудааст;

- ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияташон мувофиқи қонун манъ карда шудааст;

- шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 9. Бақайдгирии воситаҳои ахбори омма

Идораи воситаи ахбори омма баъди ба қайд гирифта шудани воситаи ахбори оммаи дахлдор ба фаъолияти худ шурӯъ мекунад. Воситаҳои ахбори омма дар муддати як моҳ аз рӯзи расидани ариза ба идораи давлатии нотариалии маҳалли воқеияти онҳо, ба қайд гирифта мешаванд (Қонун аз12.12.97с. № 498).

Воситаҳои ахбори омма, ки дар ҳудудн Тоҷикистон нашр мешаванду муассисонаш ҳизбҳои сиёси, созмонҳои ҷамъияти, ҳаракатҳои оммави, иттифоқҳои эҷоди, кооперативҳо, созмонҳои дини ва дигар иттиҳодияҳои граждани, коллективҳои меҳнати ё шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, танҳо баъди аз тарафи идораи давлатии нотариалии дахлдор ба қайд гирифта шуданашон ба фаъолияти худ шурӯъ менамоянд (Қонун аз 12.12.97с. № 498).

Ҳуқуқи нашри воситаҳои ахбори омма аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома дар давоми як сол эътибор дорад. Дар сурати гузаштани ин мӯҳлат эътибори шаҳодатномаи бақайдгири аз байн меравад.

Табдили муассис, тағйири ҳаммуассис, шакли интишори ахбори умум, ном ё забон (забонҳои) воситаҳои ахбори омма дар асоси аризаи (ҳаммумассис) ба тартиби дар ҳамин модда баёнкардашуда сабт карда мешавад аз сари нав ба қайд гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.12.1992 № 599) Қонун аз 12.12.97с. № 498).

Сабти давлатии васоити ахбори умум дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо оварда мешавад:

- ариза дар бораи сабти давлати;

- шартномаи таъсис (дар сурати мавҷуд будани якчанд муассис);

- оиннома;

- хулосаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсиси, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;

- рамзи таснифгари (классификатори) мақомоти омор;

- тасдиқномае, ки маҳалли ва воқеияти корхонаро шаҳодат медиҳад;

- ҳуҷҷати пардохти боҷи давлати;

- хулосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз12.12.97с. № 498).

Моддаи 10. Ариза дар бораи бақайдгирии воситаи ахбори омма

Дар аризаи бақайдгирии воситаи ахбори омма бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

1) муассис (ношир);

2) ном, забон (забонҳо), ҷои воқеъшавии воситаи ахбори омма;

3) доираи тахминии хонандагон;

4) мақсаду вазифаҳои воситаи ахбори омма;

5) рӯзҳои нашр, ҳаҷм ва манбаи таъминоти молияви.

Дар вақти бақайдгирии воситаи ахбори омма талаб кардани маълумоти дигар манъ аст.

Моддаи 11. Мавридҳои бе қайд паҳн кардани ахбор

Мақомоти ҳокимияту идораи давлати, дигар мақомоти давлатие, ки ҳуҷҷатҳои меъёрии расми ва дигар ҳуҷҷатҳо, бюллетенҳои суд ва ҳуҷҷатҳои арбитражро чоп мекунанд, ҳуқуқ доранд, маълумоти худро бе қайд дар байни омма паҳн намоянд.

Корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳои таълими ва илми ҳуқуқ доранд маводиҳои ахбори ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе қайд нашр ва паҳн намоянд. Ба қайд гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио ва аудиовизуали тайёр кардани маводҳо, ки барои дар байнн омма паҳн намудан таъин нашудаанд, ҳамчун дастнавис нусхабардор карда мешаванд, талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха нашр гардидани маҳсулоти чопи бақайдгирии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 12. Рад кардани бақайдгирии воситаи ахбори омма

Бақайдгирии воситаи ахбори омма танҳо бо сабаби вайрон кардани қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби таъсиси корхонаҳо, 6а талабҳои муқарраркардашуде, ки барои сабти ҳуҷҷатҳо заруранд, мувофиқ набудан ва дар асосҳои зерин рад карда мешавад (Қонун аз 12.12.97с. № 498).

1) агар номи ахбори омма, мақсад ва вазифаҳои барномавии он ба мазмуну мундариҷаи қисми аввали моддаи шашуми ҳамин Қонун мухолиф бошад;

2) агар мақоми бақайдгиранда пештар бо ҳамин ном ба воситаи дигари ахбори омма шаҳодатнома дода бошад;

3) агар ариза як сол пеш аз анҷоми рӯзи қонунан эътибор пайдо кардани қарори қатъи фаъолияти воситаи ахбори омма пешниҳод шуда бошад.

Раддияи қайд дар асоси далелҳое, ки ҳамин Қонун пешбини менамояд, ба таври хатти пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 13. Андоз барои қайди воситаи ахбори омма

Барои додани шаҳодатномаи қайди воситаи ахбори омма ба ҳаҷме, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, андози давлати гирифта мешавад.

Моддаи 14. Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма

Фаъолияти табъу нашри ахбори омма дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад:

1. бо қарори муассис;

2. бо сабаби барҳам хӯрдан ё аз нав ташкил кардани воситаҳои ахбори омма;

3. бо ҳалномаи суд, дар ҳолати вайрон кардани талаботи моддаҳои 6 ва 22 ҳамин Қонун.

Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун прокурор ё Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани ҳамин Қонун барои қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат мекунад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 895).

Моддаи 15. Тартиби шикоят дар ҳолати рад намудани бақайдгирии воситаи ахбори омма ва қарор дар бораи қатъи фаъолияти он

Муассис ё идораи воситаи ахбори омма дар ҳолати рад намудани қайди воситаи ахбори омма ё аз тарафи мақомоти давлати риоя накардани мӯҳлати дар муддати ба қайд гирифтани он, ҳамчунин қарор дар бораи қатъи фаъолияти воситаи ахбори омма ба суд шикоят карда метавонад. Суд шикояти онҳоро, аз ҷумла баҳсу мунозираро дар бораи моликият мувофиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси процессуалии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мебарояд (Қонун аз 12.12.97с. № 498).

Эътирофи раддия дар бораи қайди воситаҳои ахбори омма ё қарор дар бораи қатъи фаъолияти он, ки мухолифи Қонун бошад, маънои бекор шудани қарорҳои ба суд пешниҳодшударо дорад. Бекор намудани қарор дар бораи қатъи фаъолияти воситаи ахбори омма пардохти зарарҳоеро ба миён меорад, ки ба муассис, идора ва ношир, аз ҷумла аз даромадҳои нагирифтааш ворид шудааст.

Моддаи 16. Муассис, муҳаррир, идора ва ношири воситаи ахбори омма

Муассис барномаи (принципҳои асосии) фаъолияти воситаи ахбори оммаро тасдиқ менамояд. Идора ё дигар муассисае, ки воситаи ахбори оммаро нашр мекунад, барномаро мувофиқи маҳорати касбиаш мустақилона дар амал татбиқ менамояд.

Муҳаррир (сармуҳаррир) аз тарафи таъсискунандаи воситаи ахбори омма таъин ва аз кор озод карда мешавад ва ё мувофиқи тартиби пешбиникардаи оинномаи идора интихоб ва аз кор озод мегардад.

Муҳаррир (сармуҳаррир) ба фаъолияти ҳайати таҳририя ва идораи воситаи ахбори омма роҳбари карда, манфиатҳои онро дар назди муассис, ношир, муаллифон, мақомоти давлати, ташкилотҳои ҷамъияти, дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандҳо ва худи шаҳрвандҳо, ҳамчунин дар суд ҳимоя менамояд.

Муҳаррир (сармуҳаррир) дар асоси ҳамин Қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои қонуни барои иҷрои талаботе, ки ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма пешниҳод шудаанд, масъул мебошад.

Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбиникардаи оинномаи идораи воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Муҳаррир (сармуҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.

Муассис, ҳамчунин нашриёт ё дигар шахси ҳуқуқӣие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техники таъмин менамояд, ношири он буда метавонад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 17. Оинномаи идораи воситаи ахбори омма

Оинномаи идораи воситаи ахбори омма дар маҷлиси умумии коллективи журналистон бо аксарияти овозҳо дар ҳозирии аз се ду қисми ҳайати кормандон қабул карда мешавад ва муассис онро тасдиқ менамояд.

Оинномаи идора муносибатҳои таъсискунанда, муҳаррир (сармуҳаррир), идораи воситаи ахбори омма ва салоҳияти коллективи журналистонро муайян менамояд, Ба он қоидаҳои тартиби тақсим ва хароҷоти даромаде, ки аз фаъолияти ахбори омма ба даст меояд ва дигар қоидаҳо дохил карда мешаванд.

Оинномаи идораи воситаи ахбори омма набояд ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

Моддаи 18. Муносибатҳои истеҳсолию моли ва пулии идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма

Муносибатҳои истеҳсолию моли ва пулии идора, муассис ва ношири воситаи ахбори омма мувофиқи қонунҳои мавҷуда ва шартном муқарар карда мешаванд.

Шартнома нуқтаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) маблағҳои барои фаъолияти идора пешбинишуда;

2) қисми даромад (фоида), ки аз фаъолияти воситаи ахбори омма ба даст омада, ба ихтиёри идора, муассис ва ношири он гузошта мешавад;

3) ӯҳдадориҳои муассис ва ношир дар бораи муҳайё кардани шароити истеҳсоли, иҷтимои ва маишии кормандони идора.

Моддаи 19. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи муаллиф

Воситаи ахбори омма ҳангоми истифодаи маводҳо бояд қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ оиди ҳуқуқи муаллиф риоя кунад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Дар ҳолате, ки як муаллиф асари муаллифи дигарро аз худ менамояд (яъне медуздад), вай дар асоси қонун ба ҷавобгари кашида мешавад.

Моддаи 20. Маълумотномаи воситаи ахбори омма

Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд маълумотҳои зерин гузошта бошад:

1) номи нашрия;

2) таъсискунанда;

3) ному насаби муҳаррир (сармуҳаррир);

4) рақами тартибии шумора ва санаи ба табъ расидани нашрияи давли, барои рӯзнома бошад, ҳамчунин рӯзи ба чоп имзо шуданаш;

5) индекс барои нашрияҳои даврие, ки тавассути дӯконҳои алоқа фурӯхта мешаванд;

5) адади нашр;

7) нарх (дар мавриди бо нархи тиҷорати фурӯхтани нашрия);

8) нишонии идораи нашрия, ношир, матбаа.

Идораи телевизион ва радиошунавони ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди мутассил намоиш додан ва шунавонидани барнома ҳар шабонарӯз камаш чаҳор бор номи идораи телевизион ва радиоро бояд эълон намояд.

Моддаи 21. Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмӣ

Нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, баъди ба табъ расидан аз ҷониби муассисон, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи чоп шудан фавран ба идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристода мешаванд.

Нусхаҳои назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуда, дар хориҷи кишвар чоп мешаванд, ҳамчунин ба дигар идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор фиристонида мешаванд.

Феҳристи муассисаҳои ҷумҳуриявиро, ки бояд нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти давриро гиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 22. Интишори воситаҳои ахбори омма

Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита ношир ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонуни муассисаҳои алоқа, ҳамчунин шаҳрвандон паҳн мекунанд.

Паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 895, аз 10.05.2002 № 38).

Бе нишон додани маълумотнома паҳн кардани маҳсули воситаи ахбори омма манъ аст.

Мамониати интишори қонунии маҳсули воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудаии он, агар оид ба он қарори cуд мавҷуд набошад, манъ аст.

Ташкилотҳои интишоркунандаи нашрия ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёси аз паҳн намудани он даст кашанд.

Моддаи 23. Нигоҳ доштани нусхаи ахбори паҳншуда

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38)

Ношир дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор шуданашон на камтар аз як сол маҳфуз дорад.

Идораҳои телевизион ва радио бояд маводҳои барномаҳоро таи як моҳи баъди нашр шуданашон нигоҳ доранд, дафтари қайди барномаҳоеро, ки бидуни сабти пешаки нашр мегарданд, дошта бошанд, ки дар он мавзӯи барнома, сана, вақти оғозу анҷоми нашр, ному насаби баранда қайд карда мешавад. Дафтари қайди чунин барномаҳо таи як сол аз рӯзи сабти охирин ҳифз мегардад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 24. Ҳуқуқи раддия ва ҷавоб

Шаҳрванд ё ташкилот ҳақ дорад аз идораи воситаи ахбори омма барои нашр кардани маълумоти аз ҳақиқат дур ва шаъну шарафи онҳоро пастзананда раддия талаб намояд.

Шаҳрванд ё ташкилоте, ки воситаи ахбори омма дар бораи онҳо маълумоти ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашонро пастзананда нашр намудааст, ҳақ доранд дар худи ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунанд.

Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ё ки дар ҳамон саҳтфа бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд: дар рӯзномаҳо - на дертар, аз як моҳи баъди рӯзи талаб намудан ва дар дигар нашрияҳои даври дар шумораи навбати (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Раддия ё ҷавоб аз тарафи наттоқи радио ё телевизион дар ҳамон барнома ё силсилаи намоишҳо, дар айни замон на дертар аз як моҳи баъди рӯзи талаб намудан, хонда мешавад. Худи шаҳрванд ё намояндаи ташкилоте, ки ҷавобро талаб намудааст, ҳамчунин ҳақ дорад бо ҷавоб баромад кунад.

Идора вазифадор аст, ки ҷавобро ба табъ расонад. Таҳрири матни ҷавоб манъ аст.

Моддаи 25. Ахбори расми

Воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти ҳукумати ва идораи давлати таъсис додаанд, вазифадоранд, ки ахбори расмии ин мақомотро чоп кунанд.

Идораи нашрия вазифадор аст қарори суд ё худ мақомоти арбитражи давлатиро, ки эътибори қонуни пайдо кардааст ва дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма чоп кардани қарор дастур дорад, бепул ва дар мӯҳлати муқаррашуда чоп намояд.

Моддаи 26. Аз тарафи суд дида баромадани ариза оиди нашри раддия ё ҷавоб

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани чопи раддия ё ҷавоб ва ё риоя накардани мӯҳлати якмоҳаи барои нашри чунин маводҳо муқарраршуда, шаҳрванд ё ташкилоти манфиатдор ҳак дорад дар муддати як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Суд аризаро дар бораи аз тарафи идораи воситаи ахбори омма чоп кардани раддия ё ҷавоб мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонуни процессуалии граждани барраси менамояд.

БОБИ III. МУНОСИБАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БО ШАҲРВАНДОН, МАҚОМОТИ ДАВЛАТИ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИ

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38)

Моддаи 27. Ҳуқуқи гирифтани маълумот аз тариқи воситаҳои ахбори омма

Шаҳрвандон ҳақ доранд, ки тариқи воситаҳои ахбори омма фавран дар бораи фаъолияти мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шахсони мансабдор маълумоти аниқ ба даст оранд.

Воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқи аз мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шахсони мансабдор гирифтани ахборро доранд.

Мақомоти давлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти, шахсони мансабдор ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарури дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият муҳайё мекунанд.

Ташкилотҳои давлати, сиёси ва ҷамъияти, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор фақат дар мавриде аз додани маълумот метавонанд худдори намоянд, ки мувофиқи моддаи 6 ҳамин Қонун маълумоти онҳо барои интишор нораво бошад.

Агар онҳо аз додани маълумот саркаши намоянд, намояндаи воситаҳои ахбори омма ба мақомоти боло ё худ ба шахси мансабдор ва баъд мувофиқи нуқтаҳои пешбининамудаи қонун дар бораи шикоят кардан аз фаъолияти ғайриқонунии органҳои идораи давлати ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандҳоро поймол мекунанд, ба суд шикоят карда метавонад.

Моддаи 28. Истифодаи эҷодиёт ва мактубҳои муаллифон

Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти журналистон, адибон, санъаткорон ва олимонро бо риояи ҳуқуқи муаллифон истифода карда метавонанд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба чопи маводҳои радкардаи идора вазифадор намояд, ба шарте ки қонун чизи дигарро пешбини накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Дар вақти чопи мактубҳои хонандагон ихтисор ва таҳрири матн ҷоиз ва равост, ба шарте ки мазмуни мактуб таҳриф нашавад.

Дар ҳолати аз дигар воситаҳои ахбори омма гирифта чоп кардани маводҳо, мазмун ва мундариҷаи он набояд таҳриф гардад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Нашри такрории маводҳо аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии манбаи он мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 29. Мавридҳои махсуси фош накардани ахбор

Идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳуқуқ надорад:

1) номи шахсеро зикр намояд, ки бо шарти ифшо нашудани номи вай ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки инро суд талаб кунад;

2) маълумоти тафтиши пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки тафтиш мебарад, ошкор намояд; бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай ҳар хабареро интишор кунад, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонуншикан мешуда бошад;

3) дар ахбораш натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешаки баён кунад ё пеш аз эътибор пайдо кардани ҳалнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир расонад.

БОБИ IV. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ЖУРНАЛИСТ

Моддаи 30. Журналист

Дар ҳамин Қонун таҳти номи журналист шахсе дониста мешавад, ки барои воситаи ахбори омма мавод ҷамъ мекунад, менависад, таҳрир менамояд ё тайёр мекунад ва бо воситаи ахбор шартномаи меҳнати дорад ё ин ки бо ваколати ҳамин воситаи ахбор ба ин кор машғул аст (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 31. Ҳуқуқи журналист

Журналист ҳуқуқ дорад, ки:

1) ахбор дарёфт намояд, гирад ва интишор кунад;

2) вобаста ба иҷрои вазифаи журналисти бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад;

3) ҳамагуна фактро, аз ҷумла бо роҳи истифодаи воситаҳои техникаи аудиовизуали, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун пешбини кардааст;

4) баъди нишон додани шаҳодатномаи журналисти дар маҳалли офати табий ҳузур дошта бошад;

5) зимни санҷиши факту ҳолатҳои вобаста ба маводиҳои расида ба мутахассисон муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

6) аз навиштани мақолаи хилофи эътиқодаш даст кашад;

7) аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри вай дар рафти таҳрири идора таҳриф шудааст, имзояшро гирад;

8) нигоҳ доштани сирри муаллифиро пешаки гуфтугӯ кунад.

Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки мувофиқи ҳамин Қонун муҳайё шудаанд.

Моддаи 32. Вазифаҳои журналист

Журналист вазифадор аст, ки:

1) барномаи фаъолияти воситаи ахбори оммаро, ки бо вай муносибатҳои меҳнати дорад, иҷро намояд, аз рӯи оинномаи идора амал кунад;

2) саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

3) хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки агар ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

4) иҷрои супоришеро, ки муҳаррир (сармуҳаррир) ё идора додааст, рад намояд, ба шарте ки он бо халалдор шудани Қонун алоқаманд бошад;

5) ҳуқуқ, манфиати қонуни, қадру қимати миллии шаҳрвандҳо, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Журналист вазифаҳои дигар ҳам дорад, ки аз ҳамин Қонун бармеоянд.

Моддаи 33. Ваколат

Воситаҳои ахбори омма бо маслиҳати ташкилотҳои давлати, сиёси, ҷамъияти ва ҳаракатҳо метавонанд журналистони худро дар он муассисот вакил намоянд.

Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ҳамин ташкилотҳо ширкат варзад; вай мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамон ташкилот бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар таъмин мегардад.

Қисми сеюми модда хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Воситаҳои ахбори омма бо иҷозати органҳои расми метавонанд дар мамлакатҳои хориҷи мухбирони худро дошта бошанд.

БОБИ V. ҶАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ МАТБУОТ ВА ВОСИТАҲОИ ДИГАРИ АХБОРИ ОММА

Моддаи 34. Омилҳои ҷавобгари

Интишор ва паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, истифодаи ғаразноки ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон манъ буда, мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 895 аз 10.05.2002 № 38).

Шахсони мансабдори давлати ва созмонҳои ҷамъияти, ҳамчунин нашрияҳо, муҳаррири (сармуҳаррири) воситаҳои ахбори омма, муаллифони хабару мақолаҳо, ки қонуни матбуот ва воситаҳои дигари ахбори оммаро вайрон мекунанд, ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 35. Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгари барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ

Муҳаррир (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаи ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар чунин мавридҳо ҷавобгар нестанд:

1) агар ин маълумот дар ахбори расми бошад;

2) агар ин маълумот аз агентиҳои иттилоотӣ ё умури матбуоти мақомоти давлати ва ҷамъияти гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

3) агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар анҷуманҳо ва иҷлосияи маҷлисҳо, вакилони анҷуманҳо, конференцияҳо, пленумҳо ва раёсатҳо иттиҳодияҳои ҷамъияти, инчунин нутқҳои расмии шахсони мансабдори мақомоти давлати ва ҷамъияти бошад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38);

4) агар он дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд, ё дар матнҳое бошад, ки мувофиқи ҳамин Қонун набояд таҳрир шаванд.

Моддаи 36. Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист

Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки ба таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онҳоро нигоҳ дорад алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои ғайриқонунӣ тайёр ва интишор намудани воситаҳои ахбори омма

Тайёр ва интишор намудани маҳсулоти воситаҳои ахбори омма бо вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун ё баъди қабули қарор дар бораи қатъи нашри он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 38. Товони зарари маънавӣ

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38)

Товони зарари маънави (ғайримодди), ки шаҳрванд аз нашри маълумоти бардурӯғ дар воситаи ахбори омма дидаасту он шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва ё ба вай дигар зарари ғайримодди мерасонад, бо ҳукми суд аз тарафи воситаҳои ахбори омма, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони гунаҳкор баргардонида мешавад. Андозаи товони маънавиро (ғайримоддиро) ба ҳисоби пул суд муайян мекунад.

Моддаи 39. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38)

БОБИ VI. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОҲАИ АХБОРИ ОММА

(Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38)

Моддаи 39. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани намояндагиҳо ва ё аккредитатсияи хабарнигорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

Аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиботи муқарраргардида амалӣ мегардонад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқаи худро барои кушодани намояндагиҳои воситаҳои ахбори хориҷӣ ва аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро дар сурати хилофи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будани фаъолияти онҳо, бекор намояд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Моддаи 40. Шартномаҳои байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалии воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин дар асоси шартномаҳои бевосита ба амал бароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 10.05.2002 № 38).

Президенти

ҶШС Тоҷикистон Қ. МАҲКАМОВ

ш.Душанбе 

 14 декабри соли 1990 № 199