×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992, № 561 "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон"

Санаи амалкуни: 01.02.1996

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 15.07.2004 № 52 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223)

Ҳамин Қонун тартиби ба амал баровардани сиёсати давлатии ҷавононро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои давлат, ташкилотҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро танзим мекунад, барои инкишофи Қонунҳо ва амалиёти Маҷлисҳои вакилонии халқ, ки бояд механизми татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таъмин намоянд, асоси ҳуқуқи мебошад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Сиёсати давлатии ҷавонон

Сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисоди, сиёси, ташкили ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлати бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчи бештар амали гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият тадбиқ менамоянд.

Моддаи 2. Принсипҳои сиёсати давлатии ҷавонон

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зайл сурат мегирад:

- мутобиқати манфиатҳои давлатию ҷамъияти ва шахси, ҳуқуқ, озоди, вазифаҳои шаҳрвандон дар ташаккул ва ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати даватии ҷавонон;

- ҷалб намудани ҷавонон ба иштироки бевосита дар ташкилу татбиқи сиёсат ва барномаҳое, ки ба тараққиёти ҷумҳури, махсусан ҷавонон, тааллуқ доранд;

- таъмини ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии шаҳрвандони ҷавоне, ки аз сабаби хурдии синну сол қобилияти фаъолияти маҳдуд доранд;

- мунтазамии сиёсати давлатии ҷавонон, хусусияти комлпексии илман асосноки он барои таъмини пуррагии раванди ташаккули иҷтимои ва инкишофи ҷавонон;

- расонидани хизмат ба шаҳрванди ҷавон оиди таълим, тарбия, инкишофи маънавию ҷисмони, тайёрии касби, ки ҳаҷм, намуд ва сифати онҳо инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва тайёри ба ҳаёти мустақилонаро таъмин менамояд;

- мусоидат ба фаъолияти ҷамъиятии ташаббускори дар соҳаи инкишофи иҷтимои, маънави ва ҷисмонии ҷавонон.

Моддаи 3. Қонунҳо дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон

Сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Констнтутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва дигар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд.

Моддаи 4. Қонунҳо дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон ва шартномаҳои байналхалқи

Агар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳое, ки дар ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон мавҷуданд, қоидаҳои дигар муқаррар карда бошад, пас қоидаҳои шартномаи байналхалқи истифода мегарданд.

Моддаи 5. Субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон

Субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон инҳо мебошанд:

шаҳрвандони то 30 сола;

мақомоти давлати ва ташкилотҳое, ки барои таъмини ташаккул ва ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон вазифадоранд;

иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон;

дигар ташкилотҳое, ки ба гузаронидани сиёсати давлатии ҷавонон кӯмак мерасонанд.

Моддаи 6. Мақомоти давлати оиди татбиқи сиёсати ҷавонон

Ташкил ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз тарафи Шӯроҳои маҳалии депутатҳои халқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти иҷроияю амрдиҳандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, умури давлатии оид ба корҳои ҷавонон ва мақомоти он дар маҳалҳо, инчунин сохторҳое, ки Шӯроҳои маҳалии депутатҳои халқ ташкил намудаанд, ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 7. Ҷавонон ҳамчун субъекти ташкил ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон

Шаҳрвандони ҷавон, инчунин иттиҳодияҳои ҷавононе, ки манфиатҳои онҳоро ифода мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки:

- дар бораи вазъи кор дар соҳаи сиёсати ҷавонон, дар бораи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба ҳуқуқ ва манфиаҳои ҷавонон дахл доранд, маълумоти пурра ба даст оранд;

- дар таҳияи барномаҳои комплекси ва мароми, лоиҳаҳое, ки ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, тайёр кардани навъҳои алтернативи иртибот доранд, иштирок кунанд;

- экспертизаи мустақили лоиҳаю барномаҳоро гузаронанд;

- дар фаъолияти меҳнати, молияви ва дигар хел фаъолияти амали гардонидани лоиҳаю барномаҳо иштирок намоянд;

- ба иҷрои чорабиниҳо дар соҳаи сиёсати ҷавонон назорат баранд.

ФАСЛИ II. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ ҶАВОНОН

Моддаи 8. Хусусияти статуси ҳуқуқии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқ ва озодиҳои пурраи иҷтимоию иқтисоди, сиёси ва шахси буда, вазифаҳоеро ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, иҷро мекунанд.

Маҳдудкунии бевосита ё бавоситаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷавон вобаста аз синну солашон, ғайр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд, ғайриқонуни буда, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгари аст.

Ба зиммаи шаҳрвандони ҷавон бор кардани ягон вазифаи иловаги, аз ҷумла дар соҳаи риояи тартиботи давлати ва ҷамъияти нисбат ба вазифаҳое, ки барои дигар шаҳрвандон муқаррар шудаанд, ба истиснои мавридҳое, ки чунин вазифаҳо махсусан тавассути санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, манъ аст.

Шахсони ноболиғе, ки синнашон ба 18 нарасидааст, аз тарафи давлат махсусан ҳимоя мешаванд. Давлат бо назардошти он, ки ноболиғон аз сабаби хурд будани синну солашон ба мафҳуми аъмоли худ пурра сарфаҳм намераванд, қобилияти онҳоро дар хусуси бо амалашон ба даст овардани ҳуқуқ, барои худ эҷод намудани вазифа ва иҷрои масъулияти ҳуқуқиро маҳдуд менамояд, инчунин тартиби махсуси ба амал баровардани ҳуқуқи онҳоро муқаррар мекунад. Ҳаҷми нопурраи қобилияти фаъолияти ноболиғон, ҳамчунин тартиби махсуси амали гардидани ҳуқуқи онҳоро фақат қонун ва махсусан ба манфиати ин шаҳрвандон муқаррар карда метавонад.

Моддаи 9. ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба амал баровардани сиёсати ҷавонон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои мақомоти ваколатдор барои ҷавонон новобаста аз нажод, ҷинс, мазҳаб, миллат ва мавқеи иҷтимои, дараҷаи даромад, омодагии касби ва меҳнат, маълумот, хизматрасонии тибби, гирифтани манзил, истироҳат, истифодаи дастовардҳои мадани, машғулияти тарбияи ҷисмони ва варзиш, иштирок дар идораи давлат ва ҳаёти ҷамъияти, ҳуқуқ таъмин намуда, дар барпо кардани оилаҳои ҷавон кӯмак мекунад. Хизматрасонии иҷтимоии таълиму тарбия, инкишофи маънавию ҷисмони, ҳифзи саломати, тайёрии касби ба шаҳрванди ҷавон, ки ҳаҷм, навъ ва сифаташон инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ва ба ҳаёти мустақилона омода сохтани ҷавононро таъмин менамояд, тавассути санадҳои махсуси қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Моддаи 10. Ҳуқуқи меҳнатро ба амал баровардани ҷавонон

Давлат касбинтихобкуни ва тайёрии касбии ҷавононро ташкил мекунад ва ба воситаи муассисаҳои таълимии гуногун шогирдии инфиродии истеҳсоли, дигар омӯзиши истеҳсолии ҷавонон ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси онҳоро дар корхонаҳо бо роҳи ташкили системаҳои имтиёзҳо ташвиқ мекунад.

Шаҳрвандони ҷавони муваққатан бекор, ки мактаби маълумоти умумиро ҳатм карда, баъд адои хизмати ҳақиқии ҳарби ба запас баромадаанд, ҳамчунин дигар шаҳрвандони ҷавони муваққатан бекор, ки пештар муносибатҳои меҳнати надоштанд, мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳоли" ба мусоидат дар таъмини кор ба воситаи умури шуғл ҳуқуқ доранд. Ба корхонаҳо, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияташон, бо қарори Маҷлисҳои вакилони халқ барои кор ва омӯзиши истеҳсолии ҷавонон, инчунин барои шахсони аз 18 сола поён брони қабул муқаррар карда мешавад.

Моддаи 11. Таъмини мустақилияти иқтисоди ва дастгирии шаҳрвандони ҷавон

1. Давлат системаи тадбирҳои дастгирии иқтисоди, ташкили ва ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони ҷавон, инчунин коллективҳхои шаҳрвандони ҷавонро, ки барои амали гардонидани фаъолияти мазкур ташкил карда мешаванд, муқаррар мекунад. Ин тадбирҳо ба корхонаҳои инфироди, оилави ва коллективии шаҳрвандони ҷавон додани имтиёзҳои оиди андозгирию қарзгири, таъмини онҳо бо воситаҳои зарурии истеҳсолот ва биноҳои истеҳсоли, суғуртаи таваккаллан тиҷорат кардани онҳо, мутаносибан додани супоришу кафолатҳои таҳиягардида, инчунин бо пул таъминкунии омӯзиш ва таҳияи ҳуҷҷатҳои таъсиси, таъмини маълумот дар бораи қонунхои ҷори ва тавсияҳои методии истифодаи онро дар бар мегиранд.

2. Ба шаҳрвандони ҷавон ва оилаҳои ҷавон дар бобати ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтани хонаҳои шахси, қарзи дарозмуддат барои харидани ҳавлию хона, пардохти ҳаққи узвияти саҳми дар кооперативҳои манзилу сохтмони, ташкили амволи рӯзғор, харидани асбобҳои истифодаи дарозмуддати рӯзғор, пардохти маблағи таълим дар муассисаҳои таълимие, ки дар асоси тиҷорати амал мекунанд ва ба дигар мақсадҳо имтиёз дода мешавад.

Қарзҳои мазкурро бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷалб намудани захираҳои иловагии қарзи бо фоизи паст дода, онҳо аз рӯи тартиби имтиёзнок бо додани фарқ аз буҷети маҳалли пардохта мешаванд.

Як қисми қарзи оилаҳои ҷавонеро, ки фарзанд доранд, аз ҳисоби маблағҳои фонди ҷавонон мувофиқи оинномаҳои онҳо пардохтан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи пардохтҳои иҷтимои ва имтиёзҳо ба ҷавонон ва оилаҳои ҷавон муқаррар мешавад, ки вазъи иқтисодии ҷумҳуриро ба назар мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими, хизматчиёни ҳарби барои истифодаи муассисаҳои маданию маърифати ва варзишию тандурусти бо роҳи муқаррар кардани нархҳои имтиёзнок режими афзалиятнок таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти иҷроияю амрдиҳандаи онҳо дар доираи ваколатҳояшон ба категорияи мазкури шаҳрвандони ҷавон барои рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои, автомобили ва шаҳри имтиёзҳо муқаррар намуда, барои соҳаю корхонаҳои нақлиёти аз буҷетҳои дахлдор ҷубронпули пешбини менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Режими имтиёзнокро инчунин ба истифодаи воситаҳои нақлиёт барои мусофиркашонии сайёҳони ҷавон, аз ҷумла туризми байналхалқи ва мубодилаи байналхалқи ҷори кардан мумкин аст.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам нав кардани қонунҳоеро таъмин менамояд, ки онҳо ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисоди, сиёси, юридикии ҷавононро ба мақсади васеъ гардонидани ҳуқуқҳои мазкур ва дар баробари афзоиши нерӯи иқтисодии ҷумҳури мустаҳкам намудани кафолатҳои ба амал баровардани онҳо танзим мекунанд.

ФАСЛИ III. МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 12. Мақомоте, ки роҳбарии давлатии сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии ҳокимият ва идораи давлати, Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти иҷроияю амрдиҳандаи онҳо дар соҳаи сиёсати ҷавонон роҳбарии давлатиро ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Маҷлисҳои вакилони халқи ҳамаи зинаҳо, ҳамчун мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқаи асосии амали гардонидани сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Барои таҳия ва баррасии пешакии масъалаҳои соҳаи сиёсати давлати ва ҷавонон, таъмини иҷрои қарори Маҷлисҳои вакилони халқ ва назорат барои дар ҳаёт татбиқ намудани онҳо оид ба кори байни ҷавонон дар Маҷлисҳои ҳамаи зинаҳо кумитаҳо ва комиссияҳои доими ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Мақомоти доимии депутатии оиди кори байни ҷавонон ба кори худ намояндагони иттиҳодияҳои ба қайд гирифташудаи ҷавононро ҷалб менамоянд, то ки баҳисобгирии пурратари манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷавононро, ки аз тарафи ҳамин иттиҳодияҳои ҷавонон ифода меёбанд, таъмин намоянд.

Моддаи 13. Идоракунии сиёсати давлатии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Идораи давлати дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳою идораҳо, мақомоти иҷроияю амрдиҳандаи Маҷлисҳои вакилони халқ, инчунин мақомоти давлатии ба он махсус ваколатдори оид ба корҳои байни ҷавонон ва дигар мақомоти давлати аз рӯи тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

2. Барои таъмини идораи комплексии сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар системаи мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умури давлатии оид ба кори байни ҷавонон таъсис меёбад, ки мувофиқи салоҳияти худ корҳои зеринро анҷом медиҳад:

лоиҳаи барномаҳои комплексию мароми, меъёру нормативҳои иҷтимоиро дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таҳия мекунад, дар ин соҳа дигар қарорҳоро тайёр намуда, иҷрои онҳоро ҳамоҳанг месозад;

дар таҳияи лоиҳаи нақшаю барномаҳои тараққиёти иқтисоди ва иҷтимои, лоиҳаҳои буҷетҳои дахлдор иштирок мекунад;

фаъолияти мақомот ва муассисаҳои давлатию ғайридавлати, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шаҳрвандони алоҳидаро, ки ба ҷавонон ёрии иҷтимои мерасонанд, ҳамоҳанг сохта, ташвиқ мекунад;

муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва дигар шаҳрвандони ҷавонро таъмин мекунад, ба ташкили васоят ва парастори назорат мебарад;

бо пул таъминкунии барномаҳои (лоиҳаҳои) ташкилотҳои ҷавонон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бобати ба шаҳрвандони ҷавон расонидани кӯмакҳои иҷтимои ва татбиқи ташаббусҳои муфиди ҷамъиятии ҷавонон ба амал мебарорад;

ба иттиҳодияҳои ҷавонон ва ташкилотҳои кӯдакон дотатсия ва субсидия медиҳад, дигар вазифаҳои ба ӯҳдааш гузошташударо иҷро мекунад.

Ба ҳайати мақомоти коллегиалии умури давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кори байни ҷавонон намояндагони ташкилотҳои ҷавон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо ҷавонон кор мебаранд, дохил мешаванд.

Умури давлатии оид ба кори байни ҷавонон ба умури давлатию иҷтимоии ҷумҳуриявии оид ба кори байни ҷавонон, ки дар ихтиёраш мебошад, роҳбари мекунад, омодаги ва таҷдиди омодагии кадрҳо ва гузаронидани тадқиқоти илмиро оид ба мавзӯъҳои ҷавонон таъмин мекунад.

Умури давлатии оид ба кори байни ҷавонон метавонад ҳамчун муассиси фонди ҷамъиятию давлатии ҷавонон, навъҳои гуногуни ассосиатсияҳо ва ҷамъиятҳои мусоидати ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёси ва соҳибкории ҷавонон бошад.

Мақоми давлатии оид ба кори байни ҷавонон барои расонидани кӯмаки иҷтимои ба шаҳрвандони ҷавон дар асоси шартнома ташкилотҳои ғайридавлати ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷалб карда метавонад.

Моддаи 14. Умури иҷтимои оид ба кори байни ҷавонон

Дар ҳайати мақомоти давлатии оид ба кори байни ҷавонон умури иҷтимои оид ба кори байни ҷавонон амал мекунад, ки он ба ноболиғон ва дигар шаҳрвандони ҷавони муҳтоҷи дастгирии иҷтимои ёрии бевосита мерасонад.

Умури иҷтимои оид ба кори байни ҷавонон корҳои зайлро анҷом медиҳад:

- ба ноболиғону дигар шаҳрвандони ҷавон машварат дода, ёрии психологию педагоги ва ҳуқуқи мерасонад;

- таблиғоти ҳуқуқи мебарад, ба ҷавонон дар бораи мавҷудияти имкониятҳои ба амал баровардани манфиатҳояшон дар соҳаи бокор таъминкуни, маълумот, касбинтихобкуни ва омодагии касби, маданият, истироҳат ва туризм хабар медиҳад;

- ба оилаҳои ҷавон кӯмаки иҷтимои мерасонад;

- ба шаҳрвандони ҷавоне, ки аз сабаби бемори дар шароити ниҳоят ногувор қарор доранд, ба маъюбон, инчунин ба шахсоне, ки дар муассисаҳои давлатии кӯдакон мебошанд ва мӯҳлати дар он ҷо буданашон ба охир расидааст ва ба шаҳрвандони ноболиғи бепарастор кӯмак мерасонад;

- дар муассисаҳои махсуси тарбиявии ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғ бо шаҳрвандони ҷавон кор мебарад;

- ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони ҷавонеро, ки аз маҳалаҳои маҳруми аз озоди ва муассисаҳои махсуси таълимию тарбияви озод шуданд, барқарор мекунанд;

- дигар вазифаҳои расонидани ёри ба ҷавононро, ки қонунҳои ҷори пешбини кардаанд, иҷро мекунад.

Умури иҷтимои оид ба кори байни ҷавонон дар алоқаманди бо иттиҳодияҳои ҷавонон фаъолият мекунад.

Барои фаъолият дар системаи умури иҷтимоии ҷумҳуриявия оид ба кори байни ҷавонон ба сифати кормандони иҷтимои шахсоне роҳ дода мешаванд, ки маълумоти дахлдор ва тайёрии касби дошта бошанд.

Моддаи 15. Мақомоти худидораи шаҳраку деҳа (ҷамоатҳо)

Мақомоти худидораи шаҳраку деҳа (ҷамоатҳо) мувофиқи тартиби муайян намудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар қаламравашон иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 16. Мақомоти ҷамъиятию давлати дар соҳаи сиёсати ҷавонон

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои татбиқи сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятию давлати (фондҳо, шӯроҳо, комиссияҳо ва дигарҳо)-ро таъсис додан мумкин аст. Тартиби таъсис ва фаъолияти ин мақомоту ташкилотҳоро оинномаҳои онҳо ё дигар ҳуҷҷатҳои таъсискунандаи онҳо муайян мекунанд.

ФАСЛИ IV. БО ПУЛ ТАЪМИН КАРДАНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 17. Бопултаъминкунии давлатии сиёсати ҷавонон

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷетҳои маҳалли барои бопултаъминкунии чорабиниҳои соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон маблағ пешбини карда мешавад.

Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷетҳои маҳалли ба ин мақсадҳо пул ҷудо карда мешавад:

барои барномаҳои комплексию маромии ҷумҳурияви ва маҳалли дар соҳаи амали гардонидани сиёсати давлатии ҷавонон;

хароҷот аз рӯи субсидия ва дотатсияҳои таъиноти мароми, ки барои ҳалли зудтари вазифаҳои таъхирнопазири сиёсати ҷавонон ба вилоятҳо ва ноҳияҳои алоҳида фиристода мешаванд;

таъмини минимуми умумидавлатии таъминоти шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тараф Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар мавридҳои бо қонун муқарраршуда минимуми таъминоти шаҳрвандони ҷавон метавонад аз ҳисоби маблағҳои корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо сурат гирад;

хароҷоти татбиқи алоқаҳои байналхалқии ҷавонон, ки мутобиқи шартномаҳои байналхалқи аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо карда шудаанд;

хароҷоти барои сохтмон ва нигаҳдории объектҳои тобеи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кори байни ҷавонон, инчунин барои субсидияҳои мароми, ки ба ташкилотҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳои барои гузаронидани чорабиниҳои соҳаи кори иҷтимоии ҷавонон дода мешаванд.

Моддаи 18. Манбаъҳои бопултаъминкунии барномаҳои ҷавонон

Барои бо пул таъмин кардани барномаҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон чунин фондҳо ташкил карда мешаванд:

- фонди ҷумҳуриявии ҷавонон, ки низомномаи он дар маҷлиси муассисони фонд тасдиқ карда мешавад;

- фондҳои вилоятии (шаҳри Душанбе) ҷавонон.

Бо қарори коллективҳои меҳнати фондҳои ҷавонони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро таъсис кардан мумкин аст.

Манбаъҳои ташкили фондҳои ҷавонон инҳоянд:

даромадҳои шахси аз фаъолияти тиҷоратии фондҳо;

хайрияҳо аз муассисон, шахсони юридики ва шахсони алоҳида;

ҳиссаҷудокуни аз фоидаи (даромади) корхонаҳои иттиҳодияҳои ҷавонон.

Ба фонди ҷавонон инчунин Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ аз буҷети маҳалли пул ҷудо карда метавонад.

Моддаи 19. Дастгирии фаъолияти ҷамъияти барои тараққиёти иҷтимоии ҷавонон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъияти ва дигар ташкилотҳоро, ки барои тараққиёти иҷтимоии ҷавонон фаъолияти ҷамъияти мебаранд, аз ҷиҳати молиявию модди дастгири намуда, ба фаъолияти онҳо режими имтиёзнок муқаррар мекунад, инчунин бо истифода аз усулҳои танзими иқтисодии давлати инвеститсияи корхонаю ташкилотҳоро дар фароҳам овардани шароит барои такомули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва истифодаи нерӯи эҷодии онҳо ҳавасманд мегардонад.

Аз як қисми фоидае (даромаде), ки корхонаҳою ташкилотҳо ба фондҳои ҷавонон, барои сохтмон ва нигоҳдории корхонаҳои иҷтимоию мадани барои кӯдакон ва ҷавонон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи андоз аз корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо" ҷудо мекунанд, андоз гирифта намешавад.

ФАСЛИ V. АСОСҲОИ СТАТУСИ ҲУҚУҚИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАВОНОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 20. Ташкилотҳои ҷавонон

Шаҳрвандони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои ба онҳо кафолат додашуда истифода бурда, метавонанд дар ташкилотҳои ҷавонон муттаҳид шаванд ва ба ташкилотҳои мавҷуда, ё ташкилоти навташкиле, ки фаъолияташон хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дохил шаванд. Статуси ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷавонон дар қаламрави ҷумҳури бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти, ҳамин Қонун ва санадҳои қонунии мувофиқи он нашршавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ташкилотҳои ҷавонон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии шаҳрвандони ҷавони ҷумҳури мебошанд, ки манфиату эҳтиёҷоти хоси онҳоро ифода мекунанд. Талаботи ҳатмии оинномавии иттиҳодияи ҷавонон бояд маҳдудияти синну сол бошад, яъне барои дар фаъолияти он бечуну чаро ва пурра иштирок кардан шахсони то 30-сола ҳуқуқ доранд. Хусусияти кори илмии иттиҳодияҳои ҷавононро ба назар гирифта, синну соли интиҳоии коркунони илми 5 сол зиёд карда мешавад.

Ташкилотҳои ҷавонон ҳақ доранд барои аъзоёнашон, ки ба ҳайати мақомоти интихобии ҳамин ташкилотҳо интихоб шудаанд ва ё дар ин мақомот кор мекунанд, аз талаботи мазкур истисно муқаррар намоянд. Шумораи чунин аъзоён набояд аз панҷяки миқдори умумии аъзоёни ин иттиҳодияҳо зиёд бошад.

Иттифоқу ассосиатсияҳои ҷавонон низ аз ҳуқуқҳои ташкилотҳои ҷавонон ба таври пурра истифода мекунанд.

Иттиҳодияҳои шаҳрвандони ҷавон, ки ташкилотҳои ҷамъияти таъсис намудаанду фаъолияташонро дар доираи вазифаҳои оинномаи ҳамон ташкилотҳои ҷамъияти ва дар асоси қарорҳои мақомоти роҳбарикунандаи онҳо пеш мебаранд, сексияҳои ҷавонони ин ташкилотхои ҷамъияти буда, ташкилотҳои ҷавонон шуморида намешаванд.

Бевосита ё бавосита маҷбур кардани шаҳрвандони ҷавон барои дохил шудан ба иттиҳодияи ҷавонон, инчунин монеъ шудан ба иштироки ҷавонон дар фаъолияти онҳо манъ аст.

Моддаи 21. Аъзоги дар ташкилотҳои ҷавонон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи синну соли муқаррарнамудаи моддаи 20 ҳамин Қонун, чун қоида, аъзои (иштирокчии) ташкилоти ҷавонон буда метавонанд. Оинномаи иттиҳодияи ҷавонон метавонад дар он аъзо будани шаҳрвандони хориҷи, шаҳрвандони ҷумҳуриҳои дигар ва шахсони бетабаа, инчунин аъзогии коллективиро пешбини намояд.

Моддаи 22. Ҳуқуқи намояндагии манфиатҳои ҷавонон дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлати

Ташкилотҳои ҷавонон дар назди мақомоти ҳокимият ва идораи давлати танҳо манфиатҳои аъзоёни худро ифода мекунанд.

Ягон ташкилоти ҷавонон ҳуқуқи даъвои инҳисории манфиат ва талаботи ҳамаи ҷавонони ҷумҳуриро надорад.

Дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо, дар доираи ташкилотҳои муайяни маъмурию ҳудуди бо мақсади мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кормандон, хонандагон ё ҷавононе, ки дар он чо зиндаги мекунанд, барқарор намудани ҳамкории тарафайни байни наслҳо, пешниҳоди таклифҳо барои беҳтар намудани шароити зиндаги, тайёрии касби, бартараф кардани вайронкунии қонун ва дигар мақсадҳо барои ҳимояи манфиатҳои онҳо аз ҷумлаи ҷавонон шахсони боэътимод интихоб кардан мумкин аст. Шахсони боэътимод вазифадоранд манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро, ки дар ҳамин корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо амал мекунанд, ҳимоя намоянд. Тартиби интихоб ва фаъолияти шахсони боэътимодро созишномаи тарафҳои манфиатдор ва коллективҳои ҷавонон муайян мекунад.

Моддаи 23. Давлат ва ташкилотҳои ҷавонон

Бо мақсади муҳайё намудани шароити зарури барои амали иттиҳодияҳои ба қайд гирифташудаи ҷавонон, таъсир расонидан ба хусусият ва самти фаъолияти онҳо Маҷлисҳои вакилони халқ метавонанд онҳоро аз ҷиҳати моддию молияви ва ташкили дастгири намоянд. Он ташкилотҳои ҷавононе дастгири мешаванд, ки масъалаи ёри расонданро ба шаҳрвандони ҷавон барои иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиони ба сифати вазифаҳои оинномавии фаъолияти худ ба миён мегузоранд ё дар фаъолияти худ мақсадҳои ғайрисиёсии дорои аҳамияти ҷамъияти, афзалиятнокро дар сиёсати давлатии ҷавонони ҷумҳури ба амал мебароранд.

Мақомоти давлати, корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд ба иттиҳодияҳои ҷавонон ба таври ройгон бино, иншоот, воситаҳои алоқаю ҳаракат, дигар амвол ва таҷҳизоти барои амали кардани вазифаҳои оинномавиашон зарурро диҳанд. Дар сурати набудани имконияти ба таври ройгон додани амвол интиқол бо пул сурат мегирад.

Ба иттиҳодияҳои ҷавонон барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мақомоти ҳокимият ва идораи давлати, фондҳои ҷавонон субсидия ва дотатсия дода метавонанд. Ба иттиҳодияҳои ҷавонони нав ташкилёфта дар соли якуми фаъолияташон аз ҳисоби маблағҳои фонди дахлдори ҷавонон субсидияи якдафъагин ройгон додан мумкин аст, агар ба ташкилоти мазкури ҷавонон ҳангоми таъсиси он аз ҷониби дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо маблағҳои ройгон дода нашуда бошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Маҷлисҳои вакилони халқ ва раёсатҳои фондҳо метавонанд асосҳо ва ҳаҷмҳои иловагии додани дотатсияро ба иттиҳодияи ҷавонон муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Иттиҳодияҳои ҷавонон дар назди дигар ташкилотҳо барои аз ном ва бо супориши давлат бурдани кори иҷтимоии байни ҷавонон бартари доранд. Бопултаъминкунии чунин иттиҳодияҳои ҷавонон дар асоси конкурс бо назардошти имкониятҳои тахассуси ва ташкилии онҳо ба роҳ монда мешавад, ба шарте ки фаъолияти онҳо мухолифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон набошаду мувофиқи қонунҳо ва оиннома амали шавад.

Моддаи 24. Иттиҳодияҳои ҷавонон ва Маҷлисҳои вакилони халқ

Қисми якум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Мақомоти роҳбарикунандаи ташкилотҳои ҷавонон ба баррасии Маҷлисҳои вакилони халқ оид ба масъалаҳои таъиноти маҳалли лоиҳаи қарорҳоро пешниҳод карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 25. Иттиҳодияҳои ҷавонон ва мақомоти идораи давлати

Мақомоти идораи давлати оид ба масъалаҳои амалигардонии ҳуқуқи ҷавонон, ки ин масъалаҳоро оинномаҳои ташкилотҳои дахлдори ҷавонон дар бар мегиранд, фақат баъд аз гузаронидани машваратҳои пешаки бо мақомоти роҳбарикунандаи ташкилотҳои ҷавонон қарорҳо қабул мекунанд. Тартиби гузаронидани чунин машваратҳо бо қарорҳои муштараки мақомоти идораи давлати ва мақомоти роҳбарикунандаи ташкилотҳои ҷавонон муқаррар карда мешавад.

Қарорҳо оид ба масъалаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон аз тарафи мақомоти идораи давлати бо иштироки ҳатмии намояндагони мақоми дахлдори ҳамон ташкилоти ҷавонон қабул карда мешаванд.

ФАСЛИ VI. ЗАМОНАТҲОИ АМАЛИ ГАРДОНДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 26. Замонатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони ҷавон ва иттиҳодияҳои ҷавонон, ки бо ҳамин Қонун таҳким ёфтаанд

Ҳуқуқи шаҳрвандони ҷавон ва иттиҳодияҳои ҷавонон, ки бо ҳамин Қонун таҳким ёфтаанд, ба истиснои мавридҳои маҳдуд намудани фаъолияти кории онҳо, аз рӯи далелҳо ва бо тартиби пешбининамудаи санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи онҳо бевосита ва ба ҳаҷми пурра ба амал бароварда мешаванд.

Мақомоти давлати, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, мансабдорони онҳо дар доираи ваколату вазифаҳояшон татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷавонон таъмин мекунанд. Мансабдороне, ки барои иҷро нагардидан ва ё ба таври бояду шояд иҷро нашудани ӯҳдадориҳо дар хусуси ба амал баровардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон гунаҳгоранд, мутобиқи қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Дар мавриде, ки татбиқ ва муҳофизати ҳуқуқи ҷавонон ба амали мақомоти давлати ва мансабдорони онҳо вобаста аст, дар сурати мавҷуд набудани тартиби (қоидаи) бо қонун таҳкимшудаи содир гардидани чунин амалиёт (идорави будани баррасии баҳсҳо) тартиби мазкур аз тарафи ин мақомот дар доираи салоҳияташон мустақилона ва ҳангоми муҳофизати ҳуқуқ бошад - дар асоси қиёс бо қонуни ҷори муайян мегардад. Вуҷуд надоштани тартиби (қоидаи) пешаки муқарраршуда барои рад намудани татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқ асос шуда наметавонад.

Моддаи 27. Мутобиқати ҳамин Қонун бо санадҳое, ки барои инкишофи он қабул карда мешаванд

Мақомоти давлати барои риояи нуқтаҳои ҳамин Қонун ҳангоми қабули санадҳои меъёри ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба иҷрои амалии Қонун дахл доранд, масъул мебошанд.

Дар ин маврид санадҳои таҳтиқонуни, ки ҳуқуқи ба шаҳрвандони ҷавон ва иттиҳодияҳои ҷавонон додаи ҳамин Қонунро маҳдуд менамоянд, ё чунин тарзу тартиби татбиқи ҳуқуқро муқаррар мекунанд, ки истифодаи онҳоро мушкил месозад, беэътибор дониста мешавад ва бояд онҳо пурра ё қисми дахлдори онҳо аз лаҳзаи қабул шуданашон бекор карда шаванд.

Агар додгоҳҳо ва мақомоте, ки баҳсҳои хоҷагиро ҳал менамоянд, дар ҷараёни тақиқу баррасии парвандаҳо ва ҳалли баҳсҳо ба нуқтаҳои ҳамин Қонун мувофиқат накардани санадҳои таҳтиқонуниро ошкор намоянд, онҳо дар асоси ҳамин Қонун амал мекунанд.

Зараре, ки дар натиҷаи амали гардонидани санади таҳтиқонунии ба ҳамин Қонун мухолифбуда ба шаҳрвандони ҷавон ва ташкилотҳои ҷавонон расонида шудааст, бояд пурра аз ҳисоби маблағҳое талофи карда шавад, ки дар ихтиёри мақоми давлатии ҳамон санади таҳтиқонуниро қабулкарда қарор доранд.

Моддаи 28. Назорати иҷрои ҳамин Қонун

Ба иҷрои ҳамин Қонун Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти умури давлатии оид ба кори байни ҷавонон назорат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Р. НАБИЕВ

ш.Душанбе 

 13 марти соли 1992 № 561