Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 602 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004с. № 519, аз 03.06.2006с. № 256)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000 № 421 "Дар бораи ташкили Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказии он, Нақшаи идораи Вазорат ва Номгӯи корхонаҳои давлатии нақлиётӣ, ки фаъолияти худро бо роҳи бастани созишнома бо Вазорат анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима шудаанд).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 115 нафар (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобилҳои хидматӣ ба миқдори 7 воҳид тасдиқ карда шавад.

3. Маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.

4. Муқаррар гардад, ки дар соли 2001 маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мустасно аз ҳисоби пулҷудокуниҳои корхонаҳои давлатии нақлиётӣ дар ҳаҷми зарурӣ анҷом дода мешавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои давлатии нақлиётӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз сметаи хароҷотро мувофиқа карда, андозаи пулҷудокуниҳо ва тартиби маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2001 муайян намоянд.

6. Муқаррар гардад, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мешавад.

7. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корпоратизатсия ва тиҷоратикунонии корхонаҳои давлатии нақлиёти манзур намояд;

то 1 апрели соли 2001 ,Барномаи рушд ва ислоҳоти комплекси нақлиётӣ то соли 2005,-ро вобаста ба соҳаҳо бо дарназардошти эҳтиёҷот ба сармоягузорӣ таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомнома, пешниҳодҳо оид ба шумораи штатӣ, сохтор, нақшаи идора ва маблағгузории Инспексияи нақлиётии назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро манзур намояд;

дар мӯҳлати ду моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани литсензия барои анҷом додани фаъолияти нақлиётӣ пешниҳодҳо манзур намояд;

дар мӯҳлати як моҳ доир ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт пешниҳодҳо манзур карда, лоиҳаи Низомномаи онро пешниҳод намояд;

то 1 апрели соли 2001 бинобар ташкил ёфтани Вазорати нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии пештар қабулгардида пешниҳодҳо манзур намояд.

8. Корхонаҳои давлатии нақлиётӣ, ки фаъолияти худро бо роҳи бастани созишнома бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд:

дар мӯҳлати ду моҳ оинномаҳои худро бо Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонанд;

бо тартиби муқарраргардида иҷрои банди 4 ҳамин Қарорро дар қисми маблағгузории хароҷоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001 таъмин намояд;

ҳар сол бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо имзо намоянд.

9. Санадҳои зерин беэътибор дониста шаванд:

фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1992 № 250 ф;

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 1992 № 385 "Дар бораи бевосита ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ кардани Ширкати давлатии ҳавоии ,Тоҷикистон,-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи душанбегии Роҳи оҳани Осиёи Миёна,;

банди 3 Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 № 403 "Дар бораи ташкили Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва дар банди 2 ҳамин Қарор калимаҳои ,ва дар фаъолияти худ мустақиман ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, хориҷ карда шаванд;

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 1995 № 178 "Дар бораи масъалаҳои Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 марти соли 1995 № 224 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Роҳи оҳани Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 1995 № 459 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2000 № 485

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №602

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве транспорта Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2004г.N519, от 3.06.2006г.№256)

В соответствии с Законом Республики Таджикистан <О транспорте> и Указом Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2000 года № 421 <Об образовании Министерства транспорта Республики Таджикистан> Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Положение о Министерстве транспорта Республики Таджикистан, и Схему управления Министерства, Перечень государственных транспортных предприятий, осуществляющих свою деятельность путем заключения соглашения с Министерством (Прилагаются)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№256).

Структуру центрального аппарата Министерства транспорта Республики Таджикистан утвердить в новой редакции (прилагаются)(в редакции Постановления Правительства РТ от 306.2006г.№256)

2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства транспорта Республики Таджикистан в количестве 94 единиц (без обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№256)

3. Финансирование Министерства транспорта Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

4.Установить, что в 2001 году, в порядке исключения, финансирование Министерства транспорта Республики Таджикистан осуществляется в необходимых объемах за счет отчислений государственных транспортных предприятий.

5.Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерствам транспорта Республики Таджикистан и государственными транспортными предприятиями в десятидневный срок согласовать смету расходов, определить размеры отчислений и порядок финансирования Министерства транспорта Республики Таджикистан в 2001 году.

6.Установить, что Министерство транспорта Республики Таджикистан располагается в здании бывшего Министерства транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан.

7.Министерству транспорта Республики Таджикистан:

в 3-х месячный срок представить в Правительство Республики Таджикистан предложения о корпоратизации и коммерциализации государственных транспортных предприятий;

в срок до 1 апреля 2001 года разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан Программу развития и реформирования транспортного комплекса до 2005 г. в разрезе отраслей с учетом потребности в инвестировании;

в двухмесячный срок представить в Правительство Республики Таджикистан проект положения, предложения о штатной численности, структуре, схеме управления и финансировании транспортной инспекции при Министерстве транспорта Республики Таджикистан;

в двухмесячный срок представить в Правительство Республики Таджикистан предложения о порядке выдачи лицензий на осуществление транспортной деятельности;

в месячный срок представить предложения по составу Межведомственной консультативной комиссии по транспорту и проект его положения;

до 1 апреля 2001 года представить предложения по внесению изменений в ранее принятые нормативно-правовые акты в связи с образованием Министерства транспорта Республики Таджикистан.

8.Государственным транспортным предприятиям, осуществляющим свою деятельность путем заключения соглашения с Министерством транспорта Республики Таджикистан:

в двухмесячный срок привести свои уставы в соответствие с Положением о Министерстве транспорта Республики Таджикистан;

обеспечить в установленном порядке исполнение пункта 4 настоящего постановления в части финансирования расходов Министерства транспорта Республики Таджикистан в 2001 году;

ежегодно заключать соглашения с Министерством транспорта Республики Таджикистан.

9. Признать утратившим силу:

распоряжения Кабинета Министров Республики Таджикистан от 21 октября 1992 года № 250 р.

постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 20 октября 1992 года № 385 <О переподчинении Государственной авиакомпании Республики Таджикистан <Точикистон> и Душанбинского отделения Среднеазиатской железной дороги непосредственно Кабинету Министров Республики Таджикистан>;

пункт 3 постановления Совета Министров Республики Таджикистан от 17 августа 1994 года № 403 <Об образовании Таджикской железной дороги>, а в пункте 2 этого постановления исключить слова <и в своей деятельности непосредственно подчиняется Совету Министров Республики Таджикистан;

постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 1995 года №178 <О вопросах Министерства транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан>;

постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 марта 1995 года № 224 < Об утверждении Положения о Таджикской железной дороге>;

постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 июля 1995 года № 459 <Об утверждении положения о министерстве транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан>;

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов

от 29 декабря 2000 года № 485

г. Душанбе