Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000, № 421 "Дар бораи таъсиси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Дар бораи таъсиси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Бо мақсади амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт, таъмини меъёрҳои бехатарӣ ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонии нақлиётӣ, сохтмон ва баҳрабардории роҳҳо мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Дар сохтори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқшуда буд, калимаҳои "Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва теъдоди кормандони он, инчунин нақшаи идораи Вазоратро тасдиқ намояд;

масъалаи маблағгузорӣ ва ҷойгиркунонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд;

қарорҳои худро бо ҳамин Фармон мутобиқ гардонад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 25 октябри соли 2000 № 421 ш. Душанбе

ПРЕЗИДЕНТ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

УКАЗ

"ОБ ОБРАЗОВАНИИ МИНИСТЕРСТВА ТРАНСПОРТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

В целях осуществления единой государственной политики в области транспорта, обеспечения норм безопасности и стандартов передовых методов управления, повышения эффективности и качества транспортного обслуживания, строительства и эксплуатации дорог в соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:

1. Образовать Министерство транспорта Республики Таджикистан.

2. В структуре Правительства Республики Таджикистан, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 3 декабря 1994 года №7, слова "Министр транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан" заменить словами "Министр транспорта Республики Таджикистан".

3. Правительству Республики Таджикистан:

в месячный срок утвердить Положение о Министерстве транспорта Республики Таджикистан, структуру центрального аппарата, численность его работников, а также схему управления Министерства;

решить вопросы размещения и финансирования Министерства транспорта Республики Таджикистан;

привести свои решения в соответствие с настоящим Указом.

Президент

Республики Таджикистан Э.Рахмонов

г.Душанбе,

25 октября 2000 года №421