Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2026, № 675 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №73"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №73

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, № 73 «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) аз банди 4 калимаҳои «қоғазӣ ва» хориҷ карда шаванд;

2) зербандҳои 2) ва 6) банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд;

«2) насаб, ном ва номи падари (дар ҳолати будан) қарздор - шахси воқеӣ, маҳалли истиқомат, санаи таваллуд ва рақами мушахасси андозсупоранда;

6) насаб, ном ва номи падари (дар ҳолати будан) ситонанда - шахси воқеӣ, маҳалли истиқомат, санаи таваллуд ва рақами мушахасси андозсупоранда;»;

3)бандҳои 7 ва 8 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«7. Ҳомили электронии Феҳрист дар барномаи электронӣ бо пурра нишон додани маълумоти дар банди 5 Тартиби мазкур зикршуда пеш бурда мешавад.

8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти истеҳсолоти иҷро тартиби аз ҷониби кормандони Хадамоти иҷро сари вақт ва дуруст пешниҳод кардани маълумотро ҷиҳати ворид кардан ба Феҳрист муайян менамояд. Маълумот ба Феҳрист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохторҳои он дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ ворид карда мешавад.»;

4)банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«10. Бо ворид гардидан ба Феҳрист шахси қарздор аз истифодаи ҳуқуқҳои зерин маҳдуд мегардад:

1)ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулки манқул ва ғайриманқул, ки бояд дар феҳристи дахлдор ба қайд гирифта шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2023 года, №73

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Порядок ведения Единого государственного реестра должников, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2023 года, №73, следующие изменения и дополнения:

1)из пункта 4 слова «бумажном и» исключить;

2)подпункты 2) и 6) пункта 5 изложить в следующей редакции:

«2) фамилия, имя и отчество (при наличии) должника - физического лица, место жительства, дата рождения и идентификационный номер налогоплательщика;

6) фамилия, имя и отчество (при наличии) взыскателя - физического лица, место жительства, дата рождения и идентификационный номер налогоплательщика;»;

3)пункты 7 и 8 изложить в следующей редакции:

«7. Электронный носитель Реестра ведется в электронной программе с полным указанием сведений, указанных в пункте 5 настоящего Порядка.

8. Уполномоченный государственный орган в сфере исполнительного производства определяет порядок своевременного и правильного представления сведений сотрудниками Службы исполнения для внесения в Реестр. Сведения в Реестр вносятся уполномоченным государственным органом и его структурами в срок не позднее пяти рабочих дней.»;

4)пункт 10 изложить в следующей редакции:

«10. С момента внесения в Реестр должник ограничивается в пользовании следующими правами:

1)права распоряжения движимым и недвижимым имуществом, которое подлежит регистрации в соответствующем реестре;

...