Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, № 597 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб» таъсис дода шавад.

2. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб»-ро ҳал намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб»-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи 22 воҳиди корӣ бе дарназардошти ҳайати техникӣ таъмин намояд.

4. Ба Номгӯйи ташкилотҳои низоми Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 471 «Дар бораи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, банди 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«12. Муассисаи давлатии «Маркази илмии Қалъаи Кӯлоб».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2026, № 597


...


Правительства Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

О создании Государственного учреждения «Научный центр Кулябской крепости»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение «Научный центр Кулябской крепости».

2. Агентству по охране исторического и культурного наследия при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы Государственного учреждения «Научный центр Кулябской крепости».

3. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование деятельности Государственного учреждения «Научный центр Кулябской крепости» за счет средств республиканского бюджета в пределах 22 штатных единиц, без учета технического персонала.

4. Перечень организаций системы Агентства по охране исторического и культурного наследия при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 августа 2024 года №471 «Об Агентстве по охране исторического и культурного наследия при Правительстве Республики Таджикистан», дополнить пунктом 12 следующего содержания:

«12. Государственное учреждение «Научный центр Кулябской крепости». 

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г.Душанбе от 28 августа 2026 года, №597 
...