Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, № 590 "Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» фаъолиятро дар доираи талаботи Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

3. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, иҷрои муқаррароти Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 331 «Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2026, № 590


...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

О Методологии расчета тарифов на электрическую энергию в Республике Таджикистан

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Методологию расчета тарифов на электрическую энергию в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Открытому акционерному обществу «Барки Точик», Открытому акционерному обществу «Шабакахои интиколи барк» и Открытому акционерному обществу «Шабакахои таксимоти барк» осуществлять деятельность в рамках требований Методологии расчета тарифов на электрическую энергию в Республике Таджикистан.

3. Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, хозяйствующими субъектами, независимо от формы собственности, обеспечить выполнение положений Методологии расчета тарифов на электрическую энергию в Республике Таджикистан.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 22 июня 2019 года, №331 «О Методологии расчета тарифа на электрическую энергию в Республике Таджикистан».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 августа 2026 года, №590 
 
...