Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мутақобилан ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ аз 21 майи соли 2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 августи соли 2026, № 582
тасдиқ шудааст 

СОЗИШНОМА байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мутақобилан ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф») номида мешаванд,

бо кушиши рушд ва тақвият додани робитаҳо дар соҳаи маориф,

муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, ки 13 августи соли 2007 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст, ба роҳбарӣ гирифта,

бо мақсади муқаррар намудани бурсияҳои муштарак ҷиҳати қабули шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии якдигар,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҳамасола дар асоси мутақобила, мубодилаи 10 (даҳ) донишҷӯро барои таҳсил дар сатҳи таҳсилоти олии дараҷаи бакалавр, магистратура ва докторантура (барномаи доктори фалсафа /номзади илм) дар доираи барномаи таълимӣ барои муҳлати муқарраргардида ба роҳ мемонанд.

Барои донишҷӯёни зарурат ба курсҳои тайёридошта, ба муҳлати на кам аз 6 (шаш) моҳ ва то 1 (як) сол омӯзиш дар курсҳои тайёрӣ ташкил карда мешавад.

Моддаи 2
...


Утверждено 
Постановление Правительства
Республики Таджикистан 
от 27 августа 2026 года,№582

Соглашение между Министерством образования и науки Республики Таджикистан и Министерством науки и образования Азербайджанской Республики о взаимном выделении ежегодных образовательных квот,

подписанное 21 мая 2026 года в городе Баку

Приводится на тадж.яз.

...