Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2026, № 582 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мутақобилан ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мутақобилан ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мутақобилан ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ, ки 21 майи соли 2026 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Озарбойҷонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2026, № 582


...

 Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

Соглашение между Министерством образования и науки Республики Таджикистан и Министерством науки и образования Азербайджанской Республики о взаимном выделении ежегодных образовательных квот

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Соглашение между Министерством образования и науки Республики Таджикистан и Министерством науки и образования Азербайджанской Республики о взаимном выделении ежегодных образовательных квот, подписанное 21 мая 2026 года в городе Баку.

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить азербайджанскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2026 года,№582 

Приводится на тадж.яз.


...