бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 августи соли 2026,
№ 577 тасдиқ шудааст
СОЗИШНОМА дар бораи тартиби бознигарии дараҷаи махфияти маълумоти дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ маҳфуздошташуда
Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Созишномаи мазкур, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
зарурати бознигарии дараҷаи махфияти маълумоти дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ маҳфуздошташударо ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳар яке аз давлатҳои Тарафҳо эътироф намуда,
Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи сирри байнидавлатӣ аз 22 январи соли 1993 ва созишномаҳои дуҷониба оид ба ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ (сирри давлатӣ)-ро ба инобат гирифта,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
тамғаи махфият — реквизите, ки дараҷаи махфияти маълумоти дар ҳомили маълумоти махфӣ ҷойгирифтаро тасдиқ намуда, дар худи ҳомил ё дар ҳуҷҷати ҳамроҳшавандаи он гузошта мешавад;
ҳомилҳои маълумоти махфӣ — объектҳои моддӣ, аз ҷумла майдонҳои физикӣ, ки дар онҳо маълумоти махфӣ дар шакли рамзҳо, образҳо, сигналҳо, қарорҳои техникӣ ва равандҳо инъикос меёбанд;
...