Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2026, № 577 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи тартиби бознигарии дараҷаи махфияти маълумоти дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ маҳфуздошташуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи тартиби бознигарии дараҷаи махфияти маълумоти дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ маҳфуздошташуда


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома дар бораи тартиби бознигарии дараҷаи махфияти маълумоти дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ маҳфуздошташуда, ки 18 октябри соли 2011 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расонида шудааст, тасдиқ карда шавад.

2. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2026, № 577


...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 

Об утверждении Соглашения о порядке пересмотра степени секретности сведений, засекреченных в период существования Союза Советских Социалистических Республик

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Соглашение о порядке пересмотра степени секретности сведений, засекреченных в период существования Союза Советских Социалистических Республик, подписанное 18 октября 2011 года, в городе Санкт-Петербург.

2. Главному управлению по защите государственных секретов при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                 Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 августа 2026 года, №577 

Приводится на тадж.яз.

...