Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 аз 26 августи соли 2026, №556

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «26» августи соли 2026, №556

Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 (минбаъд - Барнома) ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилиро муайян менамояд.

2. Барнома гуногунрангии бозорҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи шинохти кишвар дар арсаи байналмилалӣ, мусоидат ба бахши хусусӣ дар ташкили фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи маҳсулоти сайёҳии дохилӣ танзим мекунад.

3. Барнома ба рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо барои баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, барои ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифӣ ва таблиғоти манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани худшиносии аҳолӣ асос мешавад.

4. Дар Стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бахши сайёҳӣ ҳамчун омили асосии рушди устувор эътироф шудааст, ки пайваста барои истифодаи оқилона ва идоракунии захираҳои табиӣ, рушди минтақавӣ, самаранокии экологӣ ва барқарорсозии муҳити зист фаъолият мекунад.

5. Сайёҳии дохилӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна нақши марказиро бозида, барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад.

2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТ

6. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳии дохилиро ҳамчун самти афзалиятнок дар дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ эътироф намудааст.

7. Дар кишвар барои рушди сайёҳии дохилӣ хизматрасониҳои гуногуни сайёҳӣ ба роҳ монда шуда, барои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми саёҳат, истифодаи мақсаднок ва ҳифзу нигоҳдории муҳити зист, захираҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

8. Соҳаи сайёҳии дохилӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна мусоид буда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба даст овардани фоида равона карда шудааст.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «26» августа 2026 года, №556

 Программа развития внутреннего туризма Республики Таджикистан на 2027-2031 годы

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития внутреннего туризма Республики Таджикистан на 2027-2031 годы (далее – Программа) определяет цели, задачи, приоритеты и направления устойчивого развития внутреннего туризма.

2. Программа регулирует диверсификацию туристических рынков, повышение уровня узнаваемости страны на международной арене, содействие частному сектору в создании качественной туристической среды и стимулирование дальнейшего развития внутреннего туристического продукта.

3. Программа содействует стремительному развитию туристической отрасли в регионах для повышения благосостояния и качества жизни населения, способствует сохранению древней истории, презентации и рекламы привлекательности ландшафтов страны, продвижения и популяризации национальной культуры и повышению самосознания населения.

4. В Стратегии развития туризма в Республике Таджикистан на период до 2030 года сфера туризма признана как ключевой фактор устойчивого развития, непрерывно действующая для рационального использования и управления природными ресурсами, регионального развития, экологической эффективности и восстановления окружающей среды.

5. Внутренний туризм играет ключевую роль в развитии малого и среднего бизнеса и способствует созданию рабочих мест и повышению национальной экономики.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕЙ СИТУАЦИИ И ПРОБЛЕМ

6. Республика Таджикистан признала внутренний туризм приоритетным направлением в перспективе развития национальной экономики.

7. Для развития внутреннего туризма в стране налажены различные туристические услуги и созданы условия для обеспечения безопасности граждан во время путешествий, целевого использования и охраны и сохранения окружающей среды, туристических ресурсов и культурно-исторических памятников.

8. Сфера внутреннего туризма способствует развитию малого и среднего бизнеса и направлена на обеспечение занятости населения и получение прибыли.

...