ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, № 1059
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, №1059 «Дар бораи сохтор ва шумораи умумии кормандони дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1)дар банди 2 рақами «19» ба рақами «25» иваз карда шавад;
2)ба замима сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Бахши инноватсия ва рақамикунонии фаъолияти судӣ;
Бахши табъу нашр ва иттилоотонии фаъолияти судӣ».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 4 июли соли 2026, № 1190
...