Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15-уми декабри соли 2025-ум, №1253 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру ва иловаҳо ба қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2023, №40
020.090.000.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ба Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо ва нигаҳдории парвандаҳои заминсозӣ, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2023, №40 тасдиқ гардида дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2023, № 1253 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру ва иловаҳо ворид карда шаванд (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шавад.
3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» гузошта шавад.
Раиси Кумитаи давлатииидораи замин ва геодезии
...