Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2026, № 1196 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2009, №673"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2009, №673


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

1. Дар банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2009, № 673 «Дар бораи масъалаҳои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақамҳои «39» ва «33» мувофиқан ба рақамҳои «43» ва «37» иваз карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хароҷоти нигоҳдории 4 воҳиди кории иловагии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2026 ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 24 июли соли 2026, № 1196


...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН 

О внесении изменения в указ Президента Республики Таджикистан от 29 июня 2009 года, №673

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»:

1.В пункте 1 указа Президента Республики Таджикистан от 29 июня 2009 года, №673 «О вопросах обеспечения деятельности Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан» цифры «39» и «33» соответственно заменить цифрами «43» и «37».

2.Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть расходы на содержание 4 дополнительных штатных единиц органа Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан в 2026 году и в последующие годы за счет средств республиканского бюджета.

Президент Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон
г.Душанбе 24 июля 2026 года №1196


...