Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2026, № 438 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳо андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 июни соли 2026, № 438



...

Правительство Республики Таджикистан 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Плане мероприятий по реализации Стратегии реформирования системы исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан на период до 2030 года на 2026-2030 годы

В соответствии со статьей 19 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить План мероприятий по реализации Стратегии реформирования системы исполнения уголовных наказаний Республики Таджикистан на период до 2030 года на 2026-2030 годы (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской, Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов принять меры по реализации настоящего Плана мероприятий в рамках предусмотренных средств государственного бюджета и за счёт иных источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, и ежегодно до 1 февраля представлять информацию о результатах проделанной работы в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе реализации настоящего Плана мероприятий.

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                                Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 26 июня 2026 №438
...