Низомномаи Парки табиии миллии «Зарафшон»

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 майи соли 2026, №302
тасдиқ шудааст

Низомномаи Парки табиии миллии «Зарафшон»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Парки табиии миллии «Зарафшон» (минбаъд – Парк) бо мақсади ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқарорсозии комплексҳои табиӣ, ҳифзи ландшафтҳои табиӣ, афзунгардонии шумораи олами наботот ва ҳайвоноти нодир, ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла объектҳои этнографӣ ва бостоншиносӣ, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, инчунин ба роҳ мондани истифодабарии устувори захираҳои табиӣ ташкил карда шудааст.

2. Парк дар қисмати ғарбу шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

3. Ҳудуди Парк бо тамоми объектҳои табиии дар он воқеъбуда мансуб ба фонди заминҳои таъиноти ҳифзи табиат буда, истифодабарии захираҳои табиии он тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Парк моликияти давлатӣ буда, тобеи Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Ҳудуд ва сарҳадоти Парк тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

6. Кормандони Парк тибқи моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» нозирони давлатӣ буда, аз ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда истифода мебаранд.

7. Парк дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ВАЗИФАҲОИ ПАРК

8. Ба зиммаи Парк иҷрои вазифаҳои зерин гузошта мешавад:

...
Утверждено
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 28 мая 2026 года, №302

Положение о Национальном природном парке «Зарафшон»

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Национальный природный парк «Зарафшон» (далее – Парк) создан в целях охраны и сохранения биологического разнообразия, восстановления природных комплексов, охраны природных ландшафтов, увеличения численности редких видов флоры и фауны, сохранения культурного наследия, включая этнографические и археологические объекты, памятники природы, культуры и истории, проведения научно-исследовательских работ и создания благоприятных условий для развития туризма, а также организации устойчивого использования природных ресурсов.

2. Парк расположен в западной и северной частях Республики Таджикистан на территории Айнинского района и города Пенджикент Согдийской области.

3. Территория Парка со всеми расположенными на ней природными объектами относится к фонду земель природоохранного назначения, а использование его природных ресурсов осуществляется в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан «Об особо охраняемых природных территориях», Земельного кодекса Республики Таджикистан, а также настоящего Положения.

4. Парк является государственной собственностью и подведомствен Государственному учреждению «Особо охраняемые природные территории» Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Территория и границы Парка определяются в соответствии с требованиями Земельного кодекса Республики Таджикистан.

6. Сотрудники Парка в соответствии со статьёй 49 Закона Республики Таджикистан «Об особо охраняемых природных территориях» являются государственными инспекторами и пользуются правами и льготами, предусмотренными законодательством Республики Таджикистан в сфере особо охраняемых природных территорий.

7. В своей деятельности Парк руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан и иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также настоящим Положением.

2. ЗАДАЧИ ПАРКА

8. На Парк возлагается выполнение следующих задач:

...