ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ташкил намудани Парки табиии миллии «Зарафшон»
Мутобиқи моддаҳои 6 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Парки табиии миллии «Зарафшон» аз ҳисоби заминҳои захираи давлатӣ ва заминистифодабарандагони дигари ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташкил карда шавад.
2. Низомномаи Парки табиии миллии «Зарафшон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Маблағгузории Парки табиии миллии «Зарафшон» аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ амалӣ карда шавад.
4. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои Парки табиии миллии «Зарафшон» санадҳои дахлдорро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 302
...