Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 300 "Дар бораи Тартиби муқаррар намудани реҷаи махсуси вақти корӣ ва вақти истироҳати кормандон дар объектҳои дорои аҳамияти стратегӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби муқаррар намудани реҷаи махсуси вақти корӣ ва вақти истироҳати кормандон дар объектҳои дорои аҳамияти стратегӣ

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби муқаррар намудани реҷаи махсуси вақти корӣ ва вақти истироҳати кормандон дар объектҳои дорои аҳамияти стратегӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо корхона, муассиса ва ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 300


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке установления особого режима рабочего времени и времени отдыха работников на объектах стратегического значения

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Порядок установления особого режима рабочего времени и времени отдыха работников на объектах стратегического значения (прилагается).

2.Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан совместно с предприятиями, учреждениями и соответствующими организациями принять необходимые меры для реализации настоящего Порядка.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №300


...