Замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481
Замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 481
Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҳамчун ҳуҷҷати банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ буда, натиҷаи чорабиниҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба Ватан баргардондан ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии кӯдакон ва занони аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда ва фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ ба ҳисоб меравад.
2. Барнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм", "Дар бораи муқовимат ба терроризм", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм дар паёмҳои солонаи худ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" баён доштаанд, асос ёфтааст.
3. Барнома ҳадаф, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба баргардондан, барқарорсозии тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳамгироии иҷтимоии занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ба Ватан баргардондашуда муайян намуда, ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба ҳисоб меравад ва ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои мақсадҳои болозикр равона шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ
4. Тибқи маълумоти мавҷуда эҳтимолан дар ҳудуди минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ зиёда аз 340 оила дар ҳайати зиёда аз 1200 нафар, ки тахминан 300 нафари онҳо ноболиғон мебошанд, қарор доранд. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки қисмати зиёди занону кӯдакон бевосита иштирокдори муҳорибаҳои ҷангӣ набуда, сабабу омилҳои дар чунин шароит қарор доштанашон дар якҷоягӣ бо шавҳарони худ ба давлатҳои ҷангзада сафар кардан ба ҳисоб меравад.
5. Сабабу омилҳои ба экстремизм ва терроризм ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 тасдиқ шудааст, мушаххасан дарҷ гардида, аз ҷумла нишон дода шудааст, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ ба инҳо асос ёфтаанд:
- тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафҳои ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;
- аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор нагирифтани онҳо ҳамчун баҳона барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳидшавӣ дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо;
- таҳти таъсири созмонҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ таълимгиранда, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо;
- наздикии ҷуғрофӣ бо кишварҳое, ки дар онҳо низоъҳои ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳҳои тундрави динӣ идома доранд, дар ҳудуди онҳо ҷойгир шудани пойгоҳҳои тайёркунии ҷангиёни ташкилотҳои террористие, ки қасди ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн намудани фаъолияти худро доранд.
6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рафти гузарондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 инҷониб то ҳол аз Ҷумҳурии Арабии Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия ва дигар давлатҳо зиёда аз 40 оила дар ҳайати 180 нафар, ки дар содир намудани ҷиноятҳои дорои тамоюли экстремистию хусусияти террористиӣ гумонбар буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Илова бар ин, моҳи майи соли 2019 дар натиҷаи ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ 84 нафар ноболиғони тоҷик, ки дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Арабии Ироқ якҷо бо модарони худ нигоҳ дошта мешуданд, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонда шуда, айни замон зери сарпарастии мақомоти ваколатдор қарор доранд.
...