ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо:
- дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷиҳати амалисозии Стратегияи мазкур чораҷӯӣ намуда, нақшаҳои дохилиидоравии худро таҳия ва тасдиқ намоянд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;
- оид ба рафти амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 январ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи мазкур ҳамасола то 15 феврал ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
1 июни соли 2021, № 187
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан постановляю:
1. Утвердить Стратегию противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы и План действий по реализации Стратегии противодействия экстремизму и терроризму в Республике Таджикистан на 2021-2025 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов:
- в рамках предусмотренных бюджетных средств, специальных средств и других средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, принять меры по реализации настоящей Стратегии, разработать и утвердить внутриведомственные планы и провести разъяснительные работы среди общественности;
- ежегодно до 15 января предоставлять информацию о ходе реализации настоящей Стратегии в Генеральную прокуратуру Республики Таджикистан.
3. Генеральной прокуратуре Республики Таджикистан ежегодно до 15 февраля предоставлять информацию о реализации настоящей Стратегии Президенту Республики Таджикистан.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 июня 2021 года, №187