Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта аз 28 октябри соли 2022

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 майи соли 2026, № 286
тасдиқ шудааст

СОЗИШНОМА дар бораи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта


Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти муқаррароти Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода аз 16 октябри соли 2015,

дар доираи дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил татбиқ гаштани Стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба ҷорӣ намудани Қоидаҳои байналмилалии тиббӣ-санитарӣ (ҚБТС- 2005) ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ зимни амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта, ки бо зуҳуроти бемориҳои хатарноки сироятӣ ё бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ (заҳролудшавӣ), ё татбиқи таҳдиди содир намудани амалҳои биотеррористӣ, инчунин рӯйдодҳои дигар соҳаи тандурустии ҷамъиятии аҳаммияти байналмилалидошта, алоқамандӣ доранд, амал карда,

бо роҳбарӣ аз хоҳиши идома ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ,

бо эътирофи муҳим будани ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки гузаронидани чораҳои ҳифзи санитарии ҳудуди давлат, аз ҷумла бо истифода аз гуруҳҳои махсуси зиддиэпидемикӣ талаб мекунанд, эътироф намуда,

дар асоси манфиатҳои мутақобила ҷиҳати ҳифзи ҳудуди давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рух задану пайомадҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта, ки бо паҳншавии онҳо дар ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ва хавфи маҳдудиятҳо барои ҳамлу нақли байнидавлатӣ ва савдо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқамандӣ доранд, ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Барои мақсадҳои Созишномаи мазкур истилоҳҳои зерин истифода мешаванд:

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 мая 2026 года №286

СОГЛАШЕНИЕ о сотрудничестве государств – участников Содружества Независимых Государств по предупреждению и реагированию на чрезвычайные ситуации в области общественного здравоохранения санитарно-эпидемиологического характера

Правительства государств – участников Содружества Независимых Государств, именуемые в дальнейшем Сторонами,

учитывая положения Соглашения о сотрудничестве государств – участников Содружества Независимых Государств в области предупреждения и ликвидации чрезвычайных ситуаций от 16 октября 2015 года,

действуя в рамках реализации на территориях государств – участников Содружества Независимых Государств Стратегии Всемирной организации здравоохранения по внедрению Международных медико-санитарных правил (2005 г.) и борьбе с инфекционными болезнями при осуществлении мероприятий по предупреждению и ликвидации чрезвычайных ситуаций в области общественного здравоохранения санитарно-эпидемиологического характера, обусловленных проявлениями опасных инфекционных болезней или массовых неинфекционных заболеваний (отравлений) или реализацией угроз совершения биотеррористических актов, а также иных событий в области общественного здравоохранения, имеющих международное значение,

руководствуясь желанием продолжить и расширить сотрудничество в области общественного здравоохранения,

признавая важность сотрудничества в предупреждении и ликвидации чрезвычайных ситуаций санитарно-эпидемиологического характера на территориях государств – участников Содружества Независимых Государств, требующих проведения мероприятий по санитарной охране территории государства – участника Содружества Независимых Государств, в том числе с помощью специализированных противоэпидемических бригад,

исходя из взаимных интересов предохранения территорий государств – участников Содружества Независимых Государств от возникновения и возможных последствий чрезвычайных ситуаций санитарно-эпидемиологического характера, связанных с распространением чрезвычайной ситуации на территориях сопредельных государств и риском ограничений для межгосударственных перевозок и торговли в рамках Содружества Независимых Государств,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Для целей настоящего Соглашения используются следующие термины:

государства Сторон – государства – участники настоящего Соглашения;

...