Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 286 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии хусусияти санитарӣ ва эпидемиологидошта, ки 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 286


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Соглашения о сотрудничестве государств–участников Содружества Независимых Государств по предупреждению и реагированию на чрезвычайные ситуации в области общественного здравоохранения санитарно-эпидемиологического характера

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Соглашение о сотрудничестве государств–участников Содружества Независимых Государств по предупреждению и реагированию на чрезвычайные ситуации в области общественного здравоохранения санитарно–эпидемиологического характера, подписанное 28 октября 2022 года в городе Астане.

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутренних процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №286


...