Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012 аз 10 октябри соли 2014

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 майи соли 2026, № 1174
тасдиқ шудааст

ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012

Давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо таъкиди муҳим будани рушди ҳамкориҳо ва кӯшиши ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобил дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм,

дар асоси зарурати ташаккул ва рушди фаъолияти Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Ба фасли 5 Низомнома дар бораи Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012 мебошад, тағйироти зерин ворид карда шавад:

1.Банди 5.1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Таъминоти ташкилӣ-техникӣ ва иттилоотии фаъолияти Шуро аз ҷониби Котибот амалӣ мегардад.

Бо қарори Шуро вазифаҳои Котиботро, аз ҷумла ба таври доимӣ, яке аз воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Созишномаи мазкур иҷро менамояд. Вазифаҳои мазкур аз ҷониби воҳиди иктишофи молиявӣ якҷо бо воҳиди сохтории дахлдори Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иҷро карда мешаванд.

Роҳбари Котибот намояндаи воҳиди иктишофи молиявие мебошад, ки ба зиммаи ӯ иҷрои вазифаҳои Котибот вогузор шудааст ва муовини роҳбари Котибот намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад.»

...
Утвержден
Указом Президента
Республики Таджикистан
от 7 мая 2026 года №1174

ПРОТОКОЛ о внесении изменений в Соглашение об образовании Совета руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств от 5 декабря 2012 года

Государства - участники Содружества Независимых Государств, именуемые в дальнейшем Сторонами,

придавая важное значение развитию сотрудничества и стремясь к координации взаимодействия в противодействии легализации (отмыванию) преступных доходов и финансированию терроризма,

исходя из необходимости становления и развития Совета руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Внести в раздел 5 Положения о Совете руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств, являющегося неотъемлемой частью Соглашения об образовании Совета руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств от 5 декабря 2012 года, следующие изменения:

1.Пункт 5.1 изложить в следующей редакции:

«Организационно-техническое и информационное обеспечение деятельности Совета осуществляется Секретариатом.

По решению Совета функции Секретариата, в том числе на постоянной основе, выполняет одно из подразделений финансовой разведки государства - участника настоящего Соглашения. Данные функции выполняются подразделением финансовой разведки совместно с соответствующим структурным подразделением Исполнительного комитета Содружества Независимых Государств.

Руководителем Секретариата является представитель подразделения финансовой разведки, на которое возложено выполнение функций Секретариата, а заместителем руководителя Секретариата - представитель Исполнительного комитета СНГ».

...