Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2026, № 1174 "Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъсис додани Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 5 декабри соли 2012, ки 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Протоколи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 7 майи соли 2026, № 1174


...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Протокола о внесении изменений в Соглашение об образовании Совета руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств от 5 декабря 2012 года

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1.Утвердить Протокол о внесении изменений в Соглашение об образовании Совета руководителей подразделений финансовой разведки государств - участников Содружества Независимых Государств от 5 декабря 2012 года, подписанный 10 октября 2014 года в городе Минске.

2.Национальному банку Таджикистана совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Протокола.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Президент
Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон


г. Душанбе 7 мая 2026 года №1174


...