×

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2026, № 246
тасдиқ шудааст

ПРОТОКОЛ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992

Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992, минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

1. Ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992 (бо дарназардошти тағйиру иловаҳое, ки бо Протокол аз 22 ноябри соли 2007 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992 ворид гардидаанд) (минбаъд – Созишнома) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.1. Ба моддаи 1 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.1.1. Дар сархати якум калимаҳои «мақоми байниҳукуматии ИДМ» бо калимаҳои «мақоми ҳамкории соҳавии ИДМ» иваз карда шаванд.

1.1.2. Сархати дуюм дар таҳрири зерин баён карда шавад:

«Ба ҳайати Шӯрои электроэнергетикӣ роҳбарони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва ширкатҳои миллии электроэнергетикии давлатҳои иштирокдори ҳамин Созишнома шомил мешаванд, ки аз ҷониби давлатҳо бо ваколатҳои дахлдор таъмин мегарданд».

1.1.3. Модда бо сархати чоруми мазмуни зерин пурра карда шавад:

«Шӯрои электроэнергетикӣ фаъолияти худро дар асоси ҳамин Созишнома ва Низомнома дар бораи Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутобиқи замимаи 1 ба ҳамин Созишнома амалӣ менамояд».

1.2. Ба моддаи 2 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 2 мая 2026 года №246

ПРОТОКОЛ о внесении изменений в Соглашение о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года

Правительства государств - участников Соглашения о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года, далее именуемые Сторонами,

согласились о нижеследующем:

1.Внести в Соглашение о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года (с соответствующими изменениями, внесенными Протоколом от 22 ноября 2007 года о внесении изменений и дополнений в Соглашение о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года) (далее - Соглашение) следующие изменения:

1.1.Внести в статью 1 следующие изменения:

1.1.1.В абзаце первом слова «межправительственным органом СНГ» заменить словами «органом отраслевого сотрудничества СНГ».

1.1.2.Абзац второй изложить в следующей редакции:

«В состав Электроэнергетического Совета входят руководители соответствующих органов государственной власти и национальных электроэнергетических компаний государств - участников настоящего Соглашения, которые наделяются государствами соответствующими полномочиями».

1.1.3.Дополнить статью абзацем четвертым следующего содержания:

«Электроэнергетический Совет осуществляет свою деятельность на основании настоящего Соглашения и Положения об Электроэнергетическом Совете Содружества Независимых Государств в соответствии с приложением 1 к настоящему Соглашению».

1.2.Внести в статью 2 следующие изменения:

...