Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2026, № 246 "Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 14 феврали соли 1992, ки 20 ноябри соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расонида шудааст, тасдиқ карда шавад.

2.Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Протоколи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 2 майи соли 2026, № 246


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Протокола о внесении изменений в Соглашение о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Протокол о внесении изменений в Соглашение о координации межгосударственных отношений в области электроэнергетики Содружества Независимых Государств от 14 февраля 1992 года, подписанное 20 ноября 2013 года в городе Санкт-Петербург.

2. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с другими соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Протокола.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Исполнительный комитет Содружества Независимых Государств о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Протокола.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 2 мая 2026 года №246



...