Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026, № 231 "Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Амалигардонии Стратегияи мазкур дар доираи маблағҳои ҳарсола барои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, шарикони рушд, грантҳо ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети ҷумҳуриявӣ ҳангоми банақшагирии хароҷоти молиявии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳоро барои амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он пешбинӣ намояд.

4. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳар сол то 1 феврал ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

5. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 30 апрели соли 2026, № 231


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Стратегии развития отрасли связи Республики Таджикистан на период до 2040 года

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Стратегию развития отрасли связи Республики Таджикистана на период до 2040 года и План мероприятий по реализации Стратегии развития отрасли связи Республики Таджикистан на период до 2040 года на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Реализацию настоящей Стратегии осуществить в рамках средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете для министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти, а также за счёт внебюджетных средств, партнёров по развитию, грантов и других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан при планировании финансовых расходов Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан предусмотреть в республиканском бюджете средства на реализацию настоящей Стратегии и её Плана мероприятий.

4. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти принять конкретные меры по реализации настоящей Стратегии и её Плана мероприятий и ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Службу связи при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Стратегии и её Плана мероприятий ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 30 апреля 2026 года №231


...