Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2026, № 214 "Дар хусуси тасдиқи Ёддошт дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи омор байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Омори Ҷумҳурии Озарбойҷон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Ёддошт дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи омор байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Омори Ҷумҳурии Озарбойҷон


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Ёддошт дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи омор байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Давлатии Омори Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 26 сентябри соли 2025 дар шаҳри Боку ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Ёддошти мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Озарбойҷонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 214



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Меморандума о взаимопонимании по сотрудничеству в области статистики между Агентством по статистике при Президенте Республики Таджикистан и Государственным Комитетом по Статистике Азербайджанской Республики

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Меморандум о взаимопонимании по сотрудничеству в области статистики между Агентством по статистике при Президенте Республики Таджикистан и Государственным Комитетом по Статистике Азербайджанской Республики, подписанный 26 сентября 2025 года в городе Баку.

2.Агентству по статистике при Президенте Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить азербайджанскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 апреля 2026 года №214


...