Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ аз 5 феврали соли 2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 апрели соли 2026, № 211
тасдиқ шудааст 

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб (минбаъд «Тарафҳо»),

бо такя ба муносибатҳои наздики дуҷониба ва ҳамкории кунунии Тарафҳо,

бо дарки аҳаммияти рушди хизматрасониҳои давлатӣ, пешбурди иқтидори давлатӣ ва низоми арзёбии фаъолият дар вазорату идораҳои давлатӣ,

бо таъкид ба аҳаммияти муҳими пешниҳоди хизматрасонии давлатии шаффоф, самаранок ва ба шаҳрвандон нигаронидашуда барои фароҳамсозии муҳити мусоид ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра,

бо дар назар доштани тамоюли ду кишвар ҷиҳати пешбурди ҳамкории муштарак ва таъсиси чаҳорчубаи ҳамкорӣ бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯст дар соҳаҳои дахдлор,

бо таваҷҷуҳ ба нақши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқ ва амалисозии копсепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ; ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизмаграсониҳои давлатӣ; рақамикунонии идоракунии давлатӣ; таъмини рушди иқтидори кадрии хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи он дар фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ; баррасии сиёсати пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои давлатӣ дар низоми самаранокии идоракунии давлатӣ; ва ҳамоҳангсозӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

бо эътирофи нақши Вазорати корҳои Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб ва тамаркузи он ба дастгирии сохторҳои федералии Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар чунин ҷодаҳои зерин: ҳамоҳангсозӣ, омодасозӣ ва пайгирии раванди амалисозии стратегияи Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб; баррасии нақшаҳои стратегӣ ва амалиётӣ; баррасии сиёсатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби вазоратҳо ва ниҳодҳои федералӣ; идоракунӣ ва беҳсозии низоми арзёбии фаъолияти ниҳодӣ дар вазоратҳо ва сохторҳои федералӣ; пешниҳоди сиёсатҳои марбут ба рушди самаранокӣ, таъсирбахшӣ ва амалкарди сохтори давлатӣ; пешбурди талошҳо барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба муштариён; рушди қобилиятҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ва федералии АМА; инчунин ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри баланд бардоштани дараҷаи рақобатпазирии Ҳукумати АМА;

ба мувофикаи зерин расиданд:

Моддаи 1 Ҳадафи ҳамкорӣ
...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 апреля 2026 года  №211



Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Объединённых Арабских Эмиратов о сотрудничестве в сфере обмена опытом государственного управления

Прилагается на тадж.яз


...