Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2026, № 211 "Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ, ки 5 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубай ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 28 апрели соли 2026, № 211



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Меморандума о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Объединённых Арабских Эмиратов о сотрудничестве в сфере обмена опытом государственного управления

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Объединённых Арабских Эмиратов о сотрудничестве в сфере обмена опытом государственного управления, подписанный 5 февраля 2026 года в городе Дубай.

2.Агентству государственной службы при Президенте Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Объединённые Арабские Эмираты о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 апреля 2026 года №211

Прилагается на тадж.яз


...