Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2026, № 1171 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:

Дар зербанди 2) банди 11(1) §10 боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шудааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- калимаҳои «Раёсатҳои Хадамоти иҷро дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иҷрочиёни Хадамот дар шаҳру ноҳияҳо» ба калимаҳои «Раёсатҳои Хадамоти иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ» иваз карда шаванд;

- дар мансабҳои категорияи чорум аломати нимтире «-» ба калимаҳои «Мудири бахш» иваз карда шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 27 апрели соли 2026, № 1171



...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:

Внести в подпункт 2) пункта 111 §10 главы 2 раздела II Реестра государственных должностей Республики Таджикистан, утвержденного указом Президента Республики Таджикистан от 15 августа 2016 года, №737 «О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан», следующие изменения:

- слова «Управления Службы исполнения в Согдийской и Хатлонской областях, отдел исполнения в Горно-Бадахшанской автономной области и исполнители Службы в городах и районах» заменить словами «Управления Службы исполнения в Горно- Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, отделы и сектора Службы в городах и районах республики, экономическом и военном судах»;

- в должностях четвертой категории знак дефис «-» заменить словами «Заведующий сектором».

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г. Душанбе 27 апреля 2026 года №1171


...